Такфири аҳли қибла

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Такфири муъминон)

Барои дигар корбурдҳо Такфир (ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.

Такфири аҳли қибла (форсӣ: تکفیر اهل قبله) ё такфири мусулмонон ба маънои нисбати куфр додан ба фард ё гурӯҳе аз мусулмонон, тавассути бархе дигар аз онон аст, ки пайомадҳое ҳамчун ҷавози қатл ва мусодираи амволи такфиршудагонро дар пай дорад. Ваҳобиён бо бардошти хоссе аз омӯзаҳое ҳамчун тавҳид, зиёрат ва тавассул, мусулмонони мухолифи андешаҳои худ ба хусус шиъаёнро такфир мекунанд.

Бештари олимони исломӣ, марзи Ислом ва куфрро ҷорӣ кардани шаҳодатайн бар забон медонанд ва такфири пайравони мазоҳиби исломиро ҷоиз намедонанд. Бо ин ҳол дар тӯли таърихи Ислом ҳамвора бархе аз мусулмонон, пайравони мазоҳиби мухолифи худро такфир намудаанд. Такфири Имом Алӣ (а) дар моҷарои ҳакамият, тавассути хавориҷ ва такфири аҳли ридда дар замони хилофати халифаи аввал аз нахустин намунаҳои такфири аҳли қибла аст. Пас аз он низ камубеш ин тафаккур байни пайравони мазоҳиби исломӣ вуҷуд дошт ва афроди бисёре ба ҳамин далел кушта шуданд. Албатта такфир мунҳасир дар доираи мазоҳиб набуд, балки гоҳе бархе аз фуқаҳо, фалосифа ва урафо ҳаммазҳаби худро низ такфир мекарданд. Ҳамчунин дар фитнаи халқи Қуръон, тарафдорони ҳар кадом аз назариёти халқ ва қидами Қуръон, ки ҳар ду аз аҳли суннат буданд, тарафдорони назарияи дигарро такфир карданд.

Пас аз шаклгирии ваҳҳобият, такфири аҳли қибла ривоҷи бештаре ёфтааст. Ҳамчунин таҳти таъсири афкори ваҳобиҳо ва бо ҳимояти онҳо гуруҳҳое ҳамчун ДИИШ шакл гирифтааст, ки мусулмонон, ва ба хусус шиъаёнро такфир мекунанд.

Дар бораи такфир, осори мутаъаддиде вуҷуд дорад, ки бештари онҳо бо меҳварияти нақди ин андеша таълиф шудааст. Ҳамчунин ҳамоишҳое дар нақди такфир ва ҷараёнҳои такфирӣ баргузор шудааст.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Такфир, мавзӯи фиқҳӣ ва каломӣ аст, ки дар таърихи Ислом ҳамвора ба хотири интисоби он ба фард ё гуруҳе аз мусулмонон, хун ва моли онон мубоҳ шумурда шудааст ва дар натиҷаи он ҷангҳое шакл гирифта ва афроди бисёре кушта ва бехонумон шудаанд.[1] Ҳамчунин дар натиҷаи нисбат додани такфир ба бархе аз пайравони мазоҳиби исломӣ, бархе аз амокин ва биноҳои мавриди эҳтироми онҳо низ тахриб шудааст.[2] Дар қарнҳои ахир бо ривоҷи андешаҳои такфирӣ ва такфири мусулмонон тавассути пайравони ин андешаҳо, баҳс аз такфир равнақи бештаре гирифтааст ва осоре дар ин бора навишта[3] ва ҳамоишҳое баргузор шудааст.

Мафҳумшиносӣ ва ақсом

Такфир ба маънои кофир хондани мусулмоне[4] ё нисбати куфр додан ба аҳли қибла[5] аст. Албатта куфр ба фиқҳӣ ва эътиқодӣ тақсим мешавад, ки нисбат додани ҳар кадом аз онҳо ба як мусулмоне пайомадҳои хоссеро барои ӯ ба дунбол дорад:

  • Куфри фиқҳӣ ё зоҳирӣ ба маънои хуруҷ аз дини Ислом аст. Аз ин рӯ, бо мусулмоне, ки кофири фиқҳӣ шуда ҳамчун кофир бархӯрд мешавад.
  • Куфри эътиқодӣ ё ботинӣ ба маънои хуруҷ аз имон аст, на Ислом, аз ин рӯ, бо мусулмоне, ки кофири эътиқодӣ шуда, муомилаи мусулмон мешавад, на кофир, монанди мунофиқ, ки дар зоҳир мусулмон аст, аммо имон надорад.[6] Ба гуфтаи имом Хумайнӣ, ривоёте, ки дар бархе аз манобеи шиъа бар куфри мухолифони ин мазҳаб далолат дорад, бар фарзи қабул, марбут ба куфри эътиқодӣ аст.[7]

Мамнуъияти такфири аҳли қибла

Ба фатвои фақиҳони мазоҳиби исломӣ, такфири аҳли қибла ҷоиз нест, балки нисбат додани бедалели куфр ба мусулмон, таъзир низ дорад.[8] Ба эътиқоди фақиҳон, марзи кофиру мусулмон, ҷорӣ кардани шаҳодатайн бар забон ва эътиқод ба маъод аст.[9] Аз ин рӯ, фуқаҳо дар мавориде бо вуҷуди нодурустии бархе ақоиди фирқаҳо, аз такфири пайравони онҳо худдорӣ кардаанд.[10]

Пешинаи такфир

Пешинаи такфири аҳли қибла байни мусулмонон, қарни нахусти қамарӣ ва пас аз даргузашти Пайғамбари Худо (с) бозмегардад. Дар хилофати Абубакр, гуруҳе аз мусулмонони мухолифи хилофатро кофир ва муртад хонданд ва ба ҷанги онҳо рафтанд, ки ин ҷангҳо ба ҷангҳои ридда машҳур аст.[11] Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, пажӯҳишгари таърихи Ислом (зодаи 1343 ҳ.ш.), дар миёни аҳли радда, афроде ҳамчун Молик ибни Нувайра мусулмон буданд ва намоз мехонданд, аммо хилофати Абубакрро қабул надоштанд ва хостори ҳукумати Аҳли Байти Пайғамбар (с) буданд.[12] Аз ин рӯ, аз пардохти закот ба халифаи вақт худдорӣ мекарданд ва ба ҳамин далел муртад ва кофир хонда шуданд ва ба қатл расиданд.[13]

Дар даврони ҳукумати Имом Алӣ (а), хавориҷ, ҳазрати Алӣ (а)-ро ба далели пазириши ҳакамият такфир карданд.[14] Ва ба ҳамин далел, аз ҳамроҳӣ бо ӯ дар идомаи ҷанг бо Муъовия ибни Абусуфён худдорӣ карданд.[15] Ва ҷанги Наҳравонро алайҳи ӯ ба роҳ андохтанд.[16]

Ҳамчунин чунонки Ҷаъфари Субҳонӣ (зодаи 1308 ҳ.ш.) дар китоби Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал гузориш кардааст дар фитнаи халқи Қуръон, ҳар кадом аз қоилони назарияи халқ ва қидами Қуръон, ки ҳар ду аз аҳли суннат буданд, қоилони назарияи дигарро такфир карданд.[17] Пас аз он ҳамвора гуруҳҳое аз мусулмонон тавассути афрод ё бахше аз онон такфир шудаанд. Дар қарнҳои ахир низ бо ривоҷи андешаҳои салафӣ ва ваҳобӣ, мусулмонон ба вижа шиъаён тавассути пайравони ин андешаҳо такфир шудаанд.

Ангезаҳо

Шайх Муҳаммад ибни Сулаймон Курдӣ устоди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб:

«Эй фарзанди Абдулваҳҳоб! Ман ба хотири Худо туро насиҳат мекунам, ки забонатро аз мусулмонон боз дорӣ... Ва ту наметавонӣ ва ҳаққ надорӣ умуми муслиминро такфир кунӣ; зеро ту як фард аз ин умматӣ. Ва нисбати куфр ба касе, ки аз умуми мусулмонон хориҷ шуда, ба воқеъ наздиктар аст; зеро ки ӯ аз ғайри роҳи муъминин пайравӣ кардааст..»

Зайнӣ Деҳлон, فتنة الوهابیة, саҳ.5 ва 6.

Такфири мусулмонон бо ангезаҳои мухталифе анҷом шудааст, аз ҷумла:

  • Каҷфаҳмӣ ва бардоштҳои ғайриусулӣ аз таълимоти динӣ: хавориҷ бо бардошти хоссе аз ояи لَا حُكْمَ إِلَّا لِله (ҳеҷ ҳукме ҷуз ҳукми Худованд нест) [ёддошти 1] ба моҷарои ҳакамийят дар ҷанги Сиффайн эътироз карданд ва Имом Алӣ (а)-ро кофир донистанд.[18] Ҳамчунин ваҳҳобиён бо бардошти хоссе аз омӯзаҳои тавҳид, ширк, зиёрат, табаррук, тавассул, бисёре аз мусулмонон ба вижа шиъаёнро такфир мекунанд.[19] Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бунёнгузори ваҳҳобият (вафот 1206 ҳ.қ.), ба ҷиҳати инки ҳадафи онон, василаи тақарруб ба Худованд ва шафиъ қарор додани пайғамбарон, ва солеҳон аст хунашонро ҳалол ва қатлашонро ҷоиз медонад.[20]
  • Боварҳои эътиқодӣ: хавориҷ, мусулмоне, ки муртакиби гуноҳи кабира мешудро такфир мекарданд.[21] Онон барои такфири муртакиби гуноҳи кабира, ба ояти «وَمَن لَّمْ يَحْكُم بِمَا أَنزَلَ اللَّـهُ فَأُولَـٰئِكَ هُمُ الْكَافِرُونَ»[22] истинод мекарданд.[23] Аммо аз назари мусулмонон, иртикоби гуноҳи кабира, мӯҷиби хуруҷ аз имон аст, на аз Ислом ва дар натиҷа муртакиби он фосиқ аст, на кофир.[24] Ҳамчунин дар фитнаи халқи Қуръон, Абулҳасани Ашъарӣ[25] ва Аҳмад ибни Ҳанбал[26] қоилони ба халқи Қуръон ва муътазила, қоилони ба ғайримахлуқ будан (қидам)-и онро такфир мекарданд.[27] Дар аҳодиси шиъа низ ғулот (афроде ки дар бораи шахсияти имомони маъсум (а) ғулув ва зиёдаравӣ мекарданд) ва қоилони ба тафвиз (муфаввиза) кофир хонда шудаанд.[28]
  • Таассуботи мазҳабӣ: бино ба гузоришҳои торихӣ дар давраҳое бархе аз пайравони мазоҳиби исломӣ якдигарро такфир намудаанд. Барои намуна дар қарни ҳаштуми қамарӣ пайравони мазоҳиби аҳли суннат ба далели рафторҳои Ибни Таймия, ҳанбалиҳоро такфир мекарданд ва дар муқобили он Ибни Ҳотами Ҳанбалӣ ҳамаи мусулмонон (ғайриҳанобала)-ро такфир менамуд.[29] Ҳамчунин ин такфир аз ҷониби пайравони аҳли суннат нисбат ба шиъаён ва билъакс ҳам рух медод. Ибни Ҷибрин муфтии ваҳҳобӣ, бо нисбат додани эътиқодоте ҳамчун таҳрифи Қуръон, кофир донистани аксарияти саҳоба, наҷас ва кофир донистани аҳли суннат ва ғулув нисбат ба Алӣ (а) ва фарзандонаш ба шиъаён, ононро кофир медонад.[30] Албатта шиъаён чунин боварҳое надоранд. [ниёзманди манба ] ва қариб ба иттифоқ, фуқаҳои шиъа ва аҳли суннат муътақиданд, ки пайравони мазоҳиби дигар кофир нестанд[31] ва агар дар манобеъ ҳам ин нисбат ба кор рафта ба куфри эътиқодӣ таъвил мешавад.[32]
  • Мабоҳиси ирфонӣ ва фалсафӣ: бархе аз олимони мусулмон, файласуфон ва орифонро такфир намудаанд. Барои намуна Ғаззолӣ дар китоби Таҳофут-ул-фалосифа, файласуфонро такфир кардааст.[33] Ҳамчунин ба гуфтаи Сайид Муҳаммадбоқири Хонсорӣ (даргузашт 1313 ҳ.қ.) гуруҳе аз фуқаҳо ба хотири суханоне аз Муллосадро, ки бо зоҳири шариъат созгор нест [ёддошти 2] ӯро такфир кардаанд.[34]

Ҳамчунин фитнаангезии ҳукуматҳо барои бақои хеш ва тавтеъаҳои душманони Ислом аз дигар заминаҳо ва илали ривоҷи андешаи такфир дониста шудааст.[35]

Пайомадҳо

Барои такфири аҳли қибла пайомадҳое зикр шудааст бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Қатли мусулмонон: дар таърихи Ислом ҳамвора мусулмонони зиёде ба ҷурми такфир ба қатл расидаанд.
  • Тахриби осори торихӣ ва биноҳои мазҳабӣ: ваҳҳобиёни амокини торихӣ ва мавриди эҳтироми мусулмонон ҳамчун ҳарами аиммаро ба баҳонаи мубориза бо ширк тахриб кардаанд.
  • Нишон додани чеҳраи хашине аз Ислом дар ҷаҳон: амалкарди гурӯҳҳои такфирӣ ба номи Ислом, сабаб шудааст, ки мухолифони Ислом, ин динро дини хашине бихонанд.[36]

Ҳамчунин, қиёми мусаллаҳона алайҳи ҳукуматҳои исломӣ ва тазъифи онҳо, тафриқа байни кишварҳои исломӣ ва ҳалол донистани номуси мусулмононе, ки асири такфириҳо мешаванд, аз дигар пайомадҳои такфир аст.[37]

Шаклгирии гурӯҳҳои такфирӣ

Дар қарни ахир ваҳҳобият ва гурӯҳҳое ҳамчун ДИИШ, ки таҳти таъсир ва ҳимояти онон шакл гирифта, мусулмононро такфир намуда ва ба қатл ва мусодираи амволи онон мепардозанд.[38] Инон оёте, ки дар бораи мушрикон ва кофирон нозилшударо бар мусулмонон татбиқ медиҳанд,[39] дар ҳоле ки олимони мусулмон бо ин кор мухолифат кардаанд ва ба гуфтаи онон фақат инкори зарурии дин ё ҳамон инкори тавҳид ва набувват аст, ки сабаби куфри мусулмонон мегардад.[40] Он ҳам дар сурате, ки инкор огоҳона бошад ва қобили таъвил набошад.[41]

Ҳамоиши байналмилалӣ

Мақолаи аслӣ: Конгресси ҷаҳонии муқобила бо ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ

Дар соли 1393 ҳ.ш., ҳамоише таҳти унвони «Конгресси ҷаҳонии ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои Ислом» таҳти ишрофи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлид дар Қум баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш олимони шиъа ва суннӣ аз 80 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд.[42] 830 мақолаи ирсолӣ ба ин ҳамоиш дар 10 ҷилд таҳти унвони «Маҷмӯъаи мақолоти конгресси ҷаҳонии ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ» мунташир шудааст.

Ҳамчунин дабирхонаи доимии ин конгресс 40 китоб ба забонҳои мухталифро мунташир ва маҷаллаи "Уммати воҳидаи исломӣ"-ро ба забонҳои форсӣ ва арабӣ роҳандозӣ намудааст.[43]

Китобшиносӣ

Дар бораи такфир ва нақди он осори бисёре навишта шудааст. Дар китоби «Китобшносии такфир» ҳудуди 528 асар ба забони арабӣ ва форсӣ муаррифӣ шудааст, ки аз ин теъдод 235 асар китоб, 240 асар мақола, 49 поённома ва чаҳор асар вижанома ҳастанд.[44]

  • Китоби «Ороъe уламо-ил-муслимин ва фатовоҳум фи таҳрими такфири атбоъ-ил-мазоҳб-ил-исломийя» асари шайх Фуод Козим Миқдодӣ муассиси Дор-ут-тақриби Ироқ аст. Дар ин китоб фатово ва назароти уламои шиъа ва аҳли суннат дар бораи наҳй аз такфири пайравони мазоҳиби исломӣ баррасӣ шудааст. Маҷмаъ-ус-сақалайн-ил-илмии Теҳрон ин китобро дар соли 1428 ҳ.қ., чоп кардааст.[45]
  • «Ал-Ислом ва-л-ъунф қироатун фи зоҳират-ит-такфир» асари Ҳусайн Аҳмад Алхашин ба воковии масъалаи хушунат ва такфир дар Ислом пардохта, усул ва меъёрҳои такфир, хостгоҳ ва гунаҳои он ва низ вижагиҳои такфириҳоро баён кардааст. Ин китоб бо унвон «Ислом ва хушунат: нигоҳе нав ба падидаи такфир» дар соли 1390 ҳ.ш. дар 344 сафҳа ба забони форсӣ тарҷума шудааст.[46]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Оқосолеҳӣ ва дигарон, «Такфир ва баррасии пайомадҳои он дар ҷавомеъи исломӣ», саҳ.95.
  2. Оқосолеҳӣ ва дигарон, «Такфир ва баррасии пайомадҳои он дар ҷавомеъи исломӣ», саҳ.105.
  3. Наср Ансорӣ, «Китобшиносии такфир», саҳ.258.
  4. Фиюмӣ, зайли «такфир».
  5. Абдулмунъим, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳийя, Дор-ул-фазилат, ҷ.1, саҳ.487.
  6. Нигоҳ кунед ба имом Хумайнӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1427 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.437 - 438.
  7. Барои намуна нигоҳ кунед ба имом Хумайнӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1427 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.432.
  8. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1403 ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.175/ Ҷазирӣ, китоби ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳб-ил-арбаъа, 1410 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.194 - 195.
  9. Нигоҳ кунед ба имом Хумайнӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1427 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.437 - 438.
  10. Нигоҳ кунед ба Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.54, саҳ.246-247.
  11. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-торих, Мактабат-ус-сақофат-уд-динийя, ҷ.5, саҳ.152.
  12. Ҷаъфариён, Таърихи хулафо, 1380 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.32.
  13. Воқидӣ, ар-Ридда, 1410 ҳ.қ., саҳ.106 - 107.
  14. Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, 1427 - 1428 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.97.
  15. Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368 ҳ.ш., саҳ.206.
  16. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.192 - 193.
  17. Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, 1427 - 1428 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336.
  18. Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1368 ҳ.ш., саҳ.206.
  19. Нигоҳ кунед ба Муғния, Ҳазиҳи ҳия-л-ваҳҳобийя, 1408 ҳ.қ., саҳ.74 - 76.
  20. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, Кашф-уш-шубаҳот, 1418 ҳ.қ., саҳ.7.
  21. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1387 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.122 ва 128 ва 135.
  22. Сураи Моида, ояти 44.
  23. Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325 ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.334 - 338.
  24. Субҳонӣ, Муҳозиротун фи-л-илоҳиёт, 1428 ҳ.қ., саҳ.462.
  25. Абулҳасан Ашъарӣ, ал-Ибона, 1397 ҳ.қ., саҳ.89.
  26. Ибни Ҳанбал, ас-Сунна, 1349 ҳ.қ., саҳ.15.
  27. Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, 1427 - 1428 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336.
  28. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409 ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.348.
  29. Ҳайдар, ал-Имом-ус-Содиқ ва-л-мазоҳиб-ул-арбаъа, Дор-ут-таъоруф, ҷ.1, саҳ.200 - 202.
  30. Ибни Ҷибрин, ал-Луълуъ-ул-макин мин фатови-ш-Шайх Ибни Ҷибрин, саҳ.25.
  31. Ҷазирӣ, китоби ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳб-ил-арбаъа, 1410 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.194 - 195.
  32. Барои намуна нигоҳ кунед ба имом Хумайнӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1427 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.432.
  33. Нигоҳ кунед ба Ғаззолӣ, Таҳофут-ул-фалосифа, 1382, саҳ.94 - 295.
  34. Хонсорӣ, Равзот-ул-ҷаннот, 1390 ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.121.
  35. Ҳасанлув, «Заминаҳо ва авомили пайдоиши такфир дар миёни мусулмонон ва пайомадҳои он дар ҷаҳони Ислом», саҳ.54.
  36. «کنگره جهانی جریان‌های افراطی و تکفیری از دیدگاه علمای اسلام»
  37. Оқосолеҳӣ ва дигарон, «Такфир ва баррасии пайомадҳои он дар ҷавомеъи исломӣ», саҳ.100 - 110.
  38. Нигоҳ кунед ба: Бахшӣ Шайх Аҳмад ва Баҳорӣ, «Баррасии идеологияи гуруҳи такфирӣ - ваҳҳобии давлати Исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ)», саҳ.141 - 144.
  39. Оқосолеҳӣ ва дигарон, « Такфир ва баррасии пайомадҳои он дар ҷавомеъи исломӣ», саҳ.97.
  40. Барои намуна нигоҳ кунед ба Рашид Ризо, маҷаллаи ал-Минор, бе то, ҷ.35, саҳ.573.
  41. Нигоҳ кунед ба Рашид Ризо, маҷаллаи ал-Минор, бе то, ҷ.35, саҳ.573.
  42. «کنگره جهانی جریان‌های افراطی و تکفیری از دیدگاه علمای اسلام».
  43. «۴۰عنوان کتاب کنگره ضد تکفیر به پنج زبان زنده دنیا چاپ شده است.» хабаргузории расмии Ҳавза.
  44. Наср Ансорӣ, Китобшиносии такфир, 1393 ҳ.ш., саҳ.21.
  45. Наср Ансорӣ, Китобшиносии такфир, 1393 ҳ.ш., саҳ.25.
  46. Наср Ансорӣ, Китобшиносии такфир, 1393 ҳ.ш., саҳ.29.

Сарчашма

  • «کنگره جهانی جریان‌های افراطی و تکفیری از دیدگاه علمای اسلام», интишор 13 хурдоди 1395 ҳ.ш., мушоҳида 10 урдибиҳишти 1401 ҳ.ш.
  • «۴۰ عنوان کتاب کنگره ضد تکفیر به پنج زبان زنده دنیا چاپ شده است.», хабаргузории расмии ҳавза, интишор 8 баҳмани 1394 ҳ.ш., мушоҳида 10 урдибиҳишти 1401 ҳ.ш.
  • Оқосолеҳӣ, Алӣ, Хисрав Муъминӣ ва Муҷтабо Ҷаъфарӣ ва Алиризо Собириён, «تکفیر و بررسی پیامدهای آن در جوامع اسلامی», Мутолиъоти фиқҳу усул, давраи дувум, №2, пойиз ва зимистони 1398 ҳ.ш.
  • Абулҳасани Ашъарӣ, Алӣ ибни Исмоил, ал-Ибона ан усул-ид-диёнат, таҳқиқи Фавқия Ҳусайн Маҳмуд, Қоҳира, Дор-ул-ансор, 1397 ҳ.қ.
  • Ибни Ҷибрин, ал-Луълуъ-ул-макин мин фатови-ш-Шайх Ибни Ҷибрин, эъдод: Абдуллоҳ ибни Юсуф Алъаҷлон, тансиқ: Салмон ибни Абдуқодир Абузайд, бе ҷо, бе то.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, ас-Сунна, тасҳеҳи Абдуллоҳ ибни Ҳасан Олишшайх, Макка, ал-Матбаъат-ул-салафийя ва мактабатуҳо, 1349 ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳллоҳ, Китоб-ут-таҳорат, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1427 ҳ.қ./1358 ҳ.ш.
  • Бахшӣ Шайх Аҳмад, Маҳдӣ ва Беҳноми Баҳорӣ ва Паймони Ваҳҳобпӯр, «بررسی ایدئولوژی گروه تکفیری - وهابی دولت اسلامی عراق و شام (داعش)», фаслномаи илмӣ ва пажӯҳишии улуми сиёсии донишгоҳи Боқир-ул-ъулум, давраи 16, №46, зимистони 1392 ҳ.ш.
  • Ҷурҷонӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-мавоқиф, таҳқиқи Муҳаммад Бадриддин Наъсонии Ҳалабӣ, Миср, 1325 ҳ.қ./1907 м. (оваст Қум, 1370 ҳ.ш.).
  • Ҷазирӣ, Абдурраҳмон, китоби ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳб-ил-арбаъа, Бейрут 1410/ 1990.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи хулафо, Қум, далел, 1380 ҳ.ш.
  • Хонсорӣ, Сайид Муҳаммадбоқир, Равзот-ул-ҷаннот фи аҳвол-ил-уламои ва-с-содот, Қум, Исмоилиён, чопи аввал, 1390 ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шариъат, Муассисаи Ол-ил-байт, Қум, 1409 ҳ.қ.
  • Ҳасанлу, Амиралӣ, «زمینه‌ها و عوامل پیدایش تكفیر در میان مسلمانان و پیامدهای آن در جهان اسلام», ҷараёншиносии динии маърифатӣ дар арсаи байналмилал, №16 , 1396 ҳ.ш.
  • Динаварӣ, Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд, ал-Ахбор-ут-тивол, таҳқиқи Абдулмунъим Омир, Қум, Маншурот-ур-Разӣ, 1368 ҳ.ш.
  • Зайнӣ Деҳлон, Сайид Аҳмад, Фитнат-ул-ваҳҳобийя, бе то.
  • Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, Муассисат-ул-нашр-ил-исломӣ, 1427 - 1428 ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Муҳозиротун фи-л-илоҳийёт, интишороти муассисаи Имом Содиқ (а), 1428 ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, чопи Муҳаммад Саййидкилонӣ, Қоҳира 1387/ 1967.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ил-Димишқийя, чопи Муҳаммади Калонтар, Бейрут 1403/ 1983.
  • Абдулбоқӣ, Муҳаммад Фуод, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфоз-ил-Қуръон-ил-карим, Қоҳира 1364, чопи овасти Теҳрон, 1397.
  • Абдулмунъим, Маҳмуд Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳийя, ҷ.1, Қоҳира, Дор-ул-фазилат, [1999 м].
  • Ғаззолӣ, Файсал-ут-тафриқа байн-ал-Ислом-из-зиндиқа, чопи Риёз Мустафо Абдуллоҳ, Димишқи 1417.
  • Фиюмӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Мисбоҳ-ул-мунир фи ғариб-иш-шарҳ-ил-кабири ли-р-Рофеъӣ, Бейрут: Дор-ул-фикр, бе то.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут 1403/1983.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод. Ҳазиҳи ҳия-л-ваҳҳобийя, Теҳрон, Муназзамат-ул-эълом-ил-исломӣ, 1408 ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухторати мин-ал-уюни ва-л-маҳосин, Қум 1413.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-торих, Бур Саид, Мактабат-ус-сақофат-уд-динийя, бе то.
  • Наср Исфаҳонӣ, Абозар, Китобшиносии такфир, Қум, Дор-ул-эълом лимадрасати Аҳл-ил-Байт (а), 1393 ҳ.ш.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ар-Ридда, таҳқиқи Яҳё ал-Ҷабурӣ, Бейрут, Дор-ул-ғарб-ил-исломӣ, чопи аввал, 1990 м/ 1410 ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Ғаззолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таҳофут-ул-фалосифа, Шамси Табрезӣ, Теҳрон, 1382 ҳ.ш.
  • Рашид Ризо ва дигарон, مجلة المنار, бе ҷо, бе то.
  • Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, Кашф-уш-шубаҳот, ал-Мамлкат-ул-арабият-ус-Саъудийя, вазорат-уш-шуъуни ва-л-авқофи ва-д-даъвати ва-л-иршод, 1418 ҳ.қ.

Пайванд ба берун