Муфассалот
Муфассалот (форсӣ: مفصلات) сураҳои кӯтоҳи охири Қуръон аст, ки бо сураи Нос ба поён мерасад; аммо дар мавриди нахустини онҳо, дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад. Муфассалот аз ҷиҳати теъдоди оёт ба се гуруҳи тивол (дароз), авсот (миёна) ва қисор (кӯтоҳ) тақсим мешавад. Дар сураҳои муфассалот, оёти мансух камтар дида мешавад; аз ин рӯ муҳкамот низ хонда мешаванд. Ба ин сураҳо риёз-ул-Қуръон низ гуфта шудааст.
Номгузорӣ
Муфассалот дар истилоҳ ба сураҳое гуфта мешавад, ки дар охири Қуръон қарор гирифта, кӯтоҳ ҳастанд ва ба сурати мукаррар бо Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим аз якдигар ҷудо мешаванд.[1] Аз он ҷо ки оёти мансух дар ин сураҳо кам аст, ба онҳо муҳкам низ гуфта шудааст; Ибни Аббос дар ривояте дар посух ба саволе дар бораи муҳкам, онро муфассал маъно кардааст.[2] Дар бархе ривоёт аз сураҳои муфассалот бо унвони риёз-ул-Қуръон ёд шудааст.[3]
Бештари сураҳои муфассалот маккӣ ҳастанд.[4]
Ҷойгоҳи муфассалот дар миёни сураҳои Қуръон
Истилоҳи муфассал дар ривояте мансуб ба Пайғамбар (с) низ вуҷуд дорад; дар ин ривоят омадааст, ки ба ман сураҳои тӯлонӣ дода шуда ба ҷои таврот, сураҳои (миин) сад оятӣ [Ёддошт 1] дода шуда ба ҷои Инҷил, сураҳои масонӣ ба ҷои Забур ва сураҳои муфассалро ки 68 сура аст афзун ба ман доданд.[5] Бар асоси ривоёти дигаре, Худованд Пайғамбар (с)-ро ба сабаби сураҳои муфассал бар дигар анбиё бартарӣ додааст.[6]
Анвоъи муфассалот
Сураҳои муфассалот бар асоси теъдоди оёт ба се даста тақсим мешаванд:
Муфассалоти тивол | Ҳуҷурот, Қоф, Зориёт, Тур, Наҷм, Қамар, Арраҳмон, Воқеа, Ҳадид, Муҷодала, Ҳашр, Мумтаҳана, Саф, Ҷумъа, Мунофиқун, Тағобун, Талоқ, Таҳрим, Мулк, Қалам, Ҳоққа, Маъориҷ, Нӯҳ, Ҷин, Муззаммил, Муддассир, Қиёмат, Инсон, Мурсалот, Набаъ, Нозиъот, Абаса, Таквир, Инфитор, Мутаффифин, Иншиқоқ ва Буруҷ |
Муфассалоти миёна | Ториқ, Аъло, Ғошия, Фаҷр, Балад, Шамс, Лайл, Зуҳо, Шарҳ, Тин, Алақ, Қадр ва Баййина |
Муфассалоти кӯтоҳ | Зилзила, Одиёт, Қориъа, Такосур, Аср, Ҳумаза, Фил, Қурайш, Моъун, Кавсар, Кофирун, Наср, Масад, Ихлос, Фалақ ва Нос[7] |
Ихтилофи назар дар нахустин сура аз муфассалот
Охирин сура аз гурӯҳи муфассалот бидуни ихтилоф сураи Нос аст аммо дар бораи нахустин сура аз гурӯҳи муфассалот, дувоздаҳ дидгоҳ вуҷуд дорад: Софот, Ҷосия, Муҳаммад, Фатҳ, Ҳуҷурот, Қоф, Арраҳмон, Саф, Фурқон, Инсон, Аъло ва Зуҳо.[8]
Эзоҳ
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.26; Ромёр, Таърихи Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.595
- ↑ Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Ибни Ҳанбал, 1368 - 1375ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.343
- ↑ Саховӣ, Ҷамол-ул-қурроъ, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.89
- ↑ Маърифат, Улуми қуръонӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.83
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.601
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.25
- ↑ Фарҳангномаи улуми Қуръон, 1394ҳ.ш., саҳ.2412
- ↑ Саховӣ, Ҷамол-ул-қурроъ, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.89; Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.2131
Ёддошт
- ↑ Дар баъзе аз нусхаҳо ба ҷои вожаи «миин» аз калимаи «сунан» истифода шудааст. Дар ин бора гуфта шуда саҳеҳ ҳамон вожа миин (مئین) аст ва эҳтимолан ба далели иштибоҳи котибон сунан навишта шудааст. (Ҳусайнии Теҳронӣ, Меҳри тобон, 1426ҳ.қ., саҳ.152)
Сарчашма
- Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад, таҳқиқи Муҳаммад Шокир, Қоҳира, 1368 - 1375ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Улуми қуръонӣ, Қум, Муассисаи фарҳангии Тамҳид, 1380ҳ.ш.
- Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, муассисаи интишороти Амири Кабир, 1387ҳ.ш.
- Саховӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Ҷамол-ул-қурроъи ва камол-ил-ақирро, таҳқиқи Марвони ал-Атия ва Муҳсин Хароба, Димишқ/Бейрут, Дор-ул-маъмуну ли-т-турос, чопи аввал, 1418ҳ.қ./ 1997м.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, тарҷумаи Муҳаммади Бесутунӣ, Машҳад, Остони қудси разавӣ, 1390ҳ.ш.
- Фарҳангномаи улуми Қуръон, Қум, Маркази иттилоот ва мадорики исломӣ/Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1394ҳ.ш.
- Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон, Ноҳид, 1377ҳ.ш.
- Ҳусайнии Теҳронӣ, Муҳаммадҳусайн, Меҳри тобон, Машҳад, Нури малакути Қуръон, 1426ҳ.қ.