Соли 2024 мелодӣ
(Тағйири масир аз Соли 2024-уми мелодӣ)
Соли 2024 мелодӣ бо солҳои 1445 ва 1446 қамарӣ ва солҳои 1402 ва 1403 шамсӣ баробар аст. Нахустин рӯзи ин сол душанбе 1 январ бо 18 ҷамодиюссонӣ 1445ҳ.қ. ва 11 даймоҳи 1402ҳ.ш. мутобиқат дорад.
Ҳамлаи ДИИШ ба гулзори шуҳадои Кирмон ва идомаи ҳамалоти Исроил ба Ғазза дар вокуниш ба Тӯфон-ул-ақсо (амалиёти нерӯҳои ҲАМОС дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин) аз муҳимтарин воқеаҳои ин сол аст.
Рӯйдодҳо
Январ
- 2 январ: Террори Солеҳ ал-Орурӣ муовини дафтари сиёсии ҲАМОС ва яке аз тарроҳони ҳамлаи 7 октябр ба Исроил дар маҳаллаи Зоҳияи Бейрут тавассути Исроил (19 ҷамодиюссонии 1445ҳ.қ./12 дайи 1402ҳ.ш.)[1]
- 3 январ: Ҳамлаи террористии ДИИШ ба гулзори шуҳадои Кирмон ва кушта шудани теъдоде аз ширкаткунандагони маросими солгарди Қосими Сулаймонӣ (20 ҷамодиюссонии 1445ҳ.қ./13 дайи 1402ҳ.ш.)[2]
- 8 январ: Террори Висом Ҳасан ат-Тавил аз фармондеҳони Ҳизбуллоҳи Лубнон ба дасти Исроил (18 дайи 1402ҳ.ш./25 ҷамодиюссонии 1445ҳ.қ.)[3]
- 9 январ: Даргузашти Муҳсиналии Наҷафӣ олими шиа, мутарҷим ва муфассири Қуръон ба забони урду, муассиси мадрасаҳои Аҳли Байт (а) дар Покистон (26 ҷамодиюссонии 1445ҳ.қ. /19 дайи 1402ҳ.ш.)[4]
- 12 январ: Ҳамлаи Америка ва Англия ба пойгоҳҳои ҷумбиши Ансоруллоҳ дар Яман (29 ҷамодиюссонии 1445ҳ.қ./22 дайи 1402ҳ.ш.)[5]
- 16 январ: Ҳадаф қарор додани нерӯҳои ДИИШ дар Сурия тавассути Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар вокуниш ба ҳодисаи террористии гулзори шуҳадои Кирмон (4 раҷаби 1445ҳ.қ./26 дайи1402ҳ.ш.)[6]
- 16 январ: Ҳадаф қарор додани қарогоҳи Моссад дар Ирбил тавассути Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар вокуниш ба террори нерӯҳои ҷабҳаи муқовимат тавассути Исроил (4 раҷаби 1445ҳ.қ./26 дайи1402ҳ.ш.)[7]
- 16 январ: Ҳадаф қарор додани қароргоҳи Ҷайш-ул-адл дар Покистон тавассути Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар вокуниш ба ҳамалоти террористии ин ҷунбиш дар Эрон (4 раҷаби 1445ҳ.қ./26 дайи1402ҳ.ш.)[8]
- 24 январ: Даргузашти Алии Урумиён рӯҳонии шиа, намояндаи ду давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва намояндаи ду давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар Эрон ва имомҷумъаи шаҳри Миёна (4 баҳмани 1402ҳ.ш./12 раҷаби 1445ҳ.қ. )[9]
- 28 январ: Даргузашти Абдунабии Намозӣ, рӯҳонии шиа, додситони кули кишвар дар Эрон, намояндаи се давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва имомҷумъаи Кошон (16 раҷаби 1445ҳ.қ./8 баҳмани 1402ҳ.ш.)[10]
Феврал
- 7 феврал: Террори Абубоқири ас-Соъидӣ аз фармондеҳони Катоиби ҳизбуллоҳи Ироқ тавассути нерӯҳои Амрикоӣ дар Бағдод (26 раҷаби 1445ҳ.қ./ 18 баҳмани 1402ҳ.ш.) [ 11 ]
Март
- 1 март: Баргузарии интихоботи шашумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ (11 Исфанди 1402ҳ.ш.)[11]
- 2 март: Даргузашти Муҳаммад Имомии Кошонӣ имомҷумъаи муваққати Теҳрон ва аз рӯҳониёни фаъол дар Инқилоби исломии Эрон (12 исфанди 1402ҳ.ш./ 21 шаъбони 1445ҳ.қ.)[12]
Апрел
- 1 апрел: Ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ ва шаҳодати 7 мусташори эронӣ (13 фарвардини 1403 ш/ 21 рамазони 1445ҳ.қ.)[13]
- 14 апрел: Ҳамлаи Эрон ба Исроил дар посух ба ҳамлаи Исроил ба консулгарӣ Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ (26 фарвардини 1403ҳ.ш./5 шавволи 1445ҳ.қ.)[14]
Май
- 19 май: Даргузашти Алӣ Куронӣ, рӯҳонии шиа аҳли Лубнон ва нависандаи китоби Аср-уз-зуҳур (30 урдибиҳишти 1403ҳ.ш./10 зулқаъдаи 1445ҳ.қ.)[15]
- 19 май: Даргузашти Сайид Иброҳим Раисӣ ҳаштумин Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон (30 урдибиҳишти 1403/10 зулқаъдаи 1445ҳ.қ.)
- 19 май: Даргузашти Сайид Муҳаммадалӣ Олиҳошим имомҷумъаи шаҳри Табрез (30 урдибиҳишти 1403/10 зулқаъдаи 1445ҳ.қ.)
- 20 май: Оятуллоҳ Хоманаӣ - Раҳбари инқилоби исломии Эрон, дар паёме ба сабаби ҳодисаи сониҳа ҳавоии панҷ рӯз азои умумӣ эълон кард.
Эзоҳ
- ↑ Ҷузъиёте тоза аз террори фармондеҳи ҲАМОС дар Лубнон; ал-Орурӣ чӣ гуна кушта шуд? Сайти Еврониюз
- ↑ «Ахбори лаҳза ба лаҳза аз ҳодисаи террористии Кирмон/ Боздошти бархе авомили муртабит бо инфиҷорҳо + суратҳо» , Хабаргузории ИРНА
- ↑ Висом Ҳасан ат-Тавил (Ҳоҷӣ Ҷавод) аз фармондеҳони аршади Ҳизбуллоҳ террор шуд, пойгоҳи хабарии Инсофниюз
- ↑ پاکستانی بزرگ عالم دین "علامہ شیخ محسن علی نجفی" انتقال کر گئے, Хабаргузории Меҳр
- ↑ «ضربات أميركية وبريطانية على أهداف في صنعاء والحديدة والحوثي يتوعد بالرد», ал-Ҷазира
- ↑ «انهدام مقر موساد و پایگاه داعش این گام اول انتقام است», рӯзномаи Кайҳон
- ↑ «انهدام مقر موساد و پایگاه داعش این گام اول انتقام است», рӯзномаи Кайҳон
- ↑ «فوری/ حمله موشکی سپاه پاسداران به مقرهای گروهک جیش الظلم در پاکستان», Хабаронлайн
- ↑ درگذشت آیتالله شیخ علی ارومیان, хабаргузории Форс
- ↑ آیتالله عبدالنبی نماز دار فانی را وداع گفت, хабаргузории АБНО
- ↑ Мардуми Эрони исломӣ- пирӯзи интихобот, сомонаи Pars Today
- ↑ Оятуллоҳ Имоми Кошонӣ даргузашт, сомонаи Pars Today
- ↑ سپاه پاسداران شهادت ۷ تن از مستشاران نظامی ایران در سوریه را اعلام کرد, сайти Барно-Ниюс
- ↑ «حمله گسترده موشکی و پهپادی ایران به اسرائیل آغاز شد», хабаргузории Тасним
- ↑ «حجت الاسلام والمسلمین شیخ علی کورانی دارفانی را وداع گفت», Хабаргузории Меҳр.
Сарчашма
- «Ахбори лаҳза ба лаҳза аз ҳодисаи террористии Кирмон/ Боздошти бархе авомили муртабит бо инфиҷорҳо + суратҳо», Хабаргузории ИРНА, дарҷи матлаб: 3 январи 2024, дидашуда: 10 январи 2024
- «ضربات أميركية وبريطانية على أهداف في صنعاء والحديدة والحوثي يتوعد بالرد», ал-Ҷазира, дарҷи матлаб: 12 январи 2024, дидашуда: 17 январи 2024
- Висом Ҳасан ат-Тавил (Ҳоҷӣ Ҷавод) аз фармондеҳони аршади Ҳизбуллоҳ террор шуд, пойгоҳи хабарии Инсофниюз, 8 январи 2024, дидашуда: 10 январи 2024
- Ҷузъиёте тоза аз террори фармондеҳи ҲАМОС дар Лубнон; ал-Орурӣ чӣ гуна кушта шуд? Сайти Еврониюз, дарҷи матлаб: 4 январи 2024, дидашуда: 10 январи 2024
- پاکستانی بزرگ عالم دین "علامہ شیخ محسن علی نجفی" انتقال کر گئے, Хабаргузории Меҳр, дарҷи матлаб: 9 январи 2024, дидашуда: 10 январи 2024