Ҳамла ба гулзори шуҳадои Кирмон

Аз wikishia
Ҳамла ба гулзори шуҳадои Кирмон
Шарҳи моҷароҲамлаи террористӣ ба ширкаткунандагони маросими чорумин солгарди Қосими Сулаймонӣ
Замон3 январи 2024
МаконГулзори шуҳадои Кирмон
ОмилҳоДИИШ
Паёмадҳо368 куштаву захмӣ
Талафот94
ВокунишҳоМаҳкумияти ин ҳамла аз тарафи СММ, бархе давлатҳо, шахсиятҳо ва мароҷеи тақлиди шиа


Ҳамлаи террористӣ ба гулзори шуҳадои Кирмон, ҳамла ба ширкаткунандагони маросими чорумин солгарди Қосими Сулаймонӣ дар гулзори шуҳадои Кирмон дар 3 январи соли 2024. Ин ҳамлаи 368 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.[1] Дар ин ҳамла, 94 тан кушта шуданд; 56 тан аз онҳо зан буданд.[2]

Дар пайи ин ҳамла Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон[3] ва Оятуллоҳ Систонӣ - аз мароҷеъи тақлиди шиаи сокини Ироқ,[4] Носир Макорими Шерозӣ, Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ, Ҷаъфари Субҳонӣ, Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва Сайид Мӯсо Шубайрии Занҷонӣ аз мароҷеъи тақлиди сокини Қум[5] паёми таслият содир намуда ва ин ҳодисаро маҳкум карданд.

Ташйиъи ҷанозаи кушташудагони ҳамлаи террористӣ ба гулзори шуҳадои Кирмон, 5 январи 2024 - Мусаллои Кирмон

Ҳамчунин Сайид Ҳасан Насруллоҳ - дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҷумбиши Ансоуллоҳи Яман, ҷумбиши Муқовимати исломӣ (ҲАМОС) ва ҷумбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин аз ҷабҳаи муқовимат ва низ раисҷумҳурони кишварҳои мухталиф ҳамчун Туркия, Руссия, Чин, Ироқ ва Тоҷикистон низ ин ҳодисаро маҳкум карданд.[6] Раҳбари масеҳёни католики ҷаҳон[7] ва усқуфи аъзами килисои артдкси Рӯсия[8] низ паёми таслият содир карданд.

Аз сӯии давлати Эрон, се рӯз дар устони Кирмон ва рӯзи 4 январи соли 2024 дар саросари Эрон азои умумӣ эълом шуд.[9] Дар шаҳрҳои мухталифи Эрон низ таҷаммуоте дар маҳкумияти ин ҳамла баргузор шуд.[10] Ҳамчунин парчами сабзи ҳарами Имом Ризо бо парчами сиёҳ (нишонаи азо) иваз шуд.[11] Бештари кушташудагони ин ҳодиса дар гулзори шуҳадои Кирмон дафн шуданд.Ниёзманди манбаъ Бархе низ ба зодгоҳҳои худ дар шаҳрҳои дигари Эрон бурда шуданд.

ДИИШ дар 4 январ бо интишори баёнияе, масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Бар асоси баёнияи ДИИШ, ду омили интиҳорӣ бо номҳои Умар ал-Муваҳҳид ва Сайфуллоҳ ал-Муҷоҳид камарбандҳои инфиҷории худро миёни ҷамъияти шиаён тарконданд.[12] Албата хабаргузории Тасним муддаӣ шуд ин баёнияи тавассути саҳюнистҳо танзим ва аз расонаҳои ДИИШ мунташир шудааст. Ин хабаргузорӣ барои исботи иддаои худ ба далелҳое ҳамчун дигаргуна будани лаҳну адабиёт ва низ санаи судури ин баёния бо дигари баёнияҳои ДИИШ истинод кардааст.[13] Пеш аз интишори баёнияи ДИИШ низ, гумоназаниҳо дар хусуси даст доштани Исроил дар ин ҳамалот матраҳ буд.[14] Вазорати иттилооти Эрон низ дар баёнияе, ки дар 5 январ мунташир кард, аз боздошти теъдоде аз авомили дахил дар ин ҳамла хабар дод ва ду омили интиҳориро ДИИШ-ӣ ва табааи Тоҷикистон хонд.[15]

Эзоҳ

  1. «اخبار لحظه به لحظه از حادثه تروریستی کرمان/ بازداشت برخی عوامل مرتبط با انفجارها + تصاویر»«Ахбори лаҳза ба лаҳза аз ҳодисаи террористии Кирмон/ Боздошти бархе авомили муртабит бо инфиҷорҳо + сурат», Хабаргузории ИРНА
  2. Ниг.: «Номҳои шуҳадои ҳамлаи террористии Кирмон то имрӯз», Хабаргузории ИСНА
  3. «Паёми таслият дар пайи шаҳодати зоирони мазори шаҳид Сулаймонӣ дар ҳодисаи террористӣ дар масири гулзори шуҳадои Кирмон», вебгоҳи Дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  4. «Вокуниши Оятуллоҳ Систотӣ ба ҳодисаи террористии Кирмон», Хабаронлайн
  5. «Вокуниши мароҷеъ ва уламо ба инфиҷори террористии Кирмон/ Ҷинояткорон мунтазири посухи қотеъ ва кӯбанда бошанд», Хабаргузории тасним
  6. «Вокунишҳо ба ҳамлаи террористии Кирмон/ дарҳол барӯзрсонӣ...», хабаргузории ИРНА
  7. «Поп нисбат ба иқдоми террористии Кирмон ибрози таъассуфи амиқ кард», хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  8. «Паёми таслияти усқуфи аъзами Руссия дар пайи ҳодисаи террористии Кирмон», хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  9. «Эъломи се рӯз азои умумӣ дар устони Кирмон», хабаргузории ИСНА
  10. «Таҷаммуи мардуми Эрон дар маҳкумияти ҳамлаи террористии Кирмон», ИРНА
  11. «Парчами ҳарами мутаҳҳари разавӣ дар маҳкумияти ҳодисаи террористии Кирмон ба ранг азо даромад + филм», хабаргузории ИРНА
  12. «Алъарабия: ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористии Кирмонро бар ӯҳда гирифт», хабаргузории Форс
  13. «Баёнияи ДИИШ таҳти ҳидояти саҳюнистҳо содир шуд/ Думи хурӯси саҳюнистҳо аз баёнияи ДИИШ берун зад!», хабаргузории Тасним
  14. Барои намуна ниг.: «Интиқом бо қайди фаврият! (Ёддошти рӯз)», рӯзномаи Кайҳон
  15. «Иттилоияи аввали вазорати иттилоот перомуни ҳодисаи террористии Кирмон», вебгоҳи Вазорати иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон

Cарчашма