Сангсор

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Санг сор)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бора як мафҳум фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Сангсор (форсӣ: سنگسار) ё раҷм (арабӣ: الرجم) муҷозоте аст, ки дар он, маҳкумро то камар ё сина дар замин қарор медиҳанд ва сипас ба ӯ санг мезананд то бимирад. Сангсор аз ҳудуд ба шумор меравад ва муҷозоти зинои муҳсина, яъне зинои мард ё зани ҳамсардор, ва ҳамчунин дар сурати ташхиси ҳокими шаръ муҷозоти ливот аст. Исбот ва иҷрои сангсор шароите дорад; аз ҷумла доштани ҳамсари доим ва имкони омезиши зинокор бо ҳамсари худ дар замони зино.

Бархе аз мароҷеъи тақлид, ба сабаби он ки имрӯза иҷрои сангсор ба маслиҳати Ислом нест, ба иҷрои муҷозоти ҷойгузини он фатво додаанд.

Ҳамчунин дар Таврот муҷозоти ҷурмҳое ҳамчун қурбонӣ кардани фарзанд барои бутҳо, ҷодугарӣ, куфргӯӣ, ҳурматшикании рӯзи шанбе ва зино сангсор зикр шудааст.

Мафҳумшиносӣ ва шеваи иҷро

Сангсор ё раҷм дар фиқҳи исломӣ аз муҷозотҳо ва ҷузви ҳудуд аст ва ба ҷурмҳое монанди зино бо шароити хос таъаллуқ мегирад.[1] Дар сангсор муҷримро то камар ё то сина дар гудоле қарор медиҳанд ва ба ӯ санг мезананд то кушта шавад.[2]

Ба гуфтаи Муҳаққиқи Ҳиллӣ, дар сангсор, мард то камар ва зан то сина дар замин дафн мешаванд. Агар ҷурм бо шаҳодати шуҳуд исбот шудааст, воҷиб аст шоҳидон санг заданро шурӯъ кунанд ва агар бо иқрори муҷрими исбот шудааст, бояд ҳокими шаръ санг заданро оғоз кунад.[3]

Чунончи муҷрим ҳини сангсор фирор кунад, агар ҷурми ӯ бо иқрори худаш исбот шудааст, бахшида мешаваду дубора сангсор намешавад; аммо агар бо шаҳодати шуҳуд исбот шуда бошад, дубора сангсор мешавад.[4]

Ҷурмҳое ки муҷозоти сангсор доранд

Бар пояи фатвоҳои фақиҳон, сангсор муҷозоти зинои муҳсина аст;[5] яъне муҷозоти марди зинокоре аст ки ҳамсар ё каниз дорад; ҳамчунин зани зинокоре ки ҳамсар дорад. Сангсор дар ливот ҳам матраҳ мешавад, аммо муҷозоти қатъии он нест ва ҳокими шаръ метавонад байни он ва равишҳои дигари куштан якеро интихоб кунад.[6]

Тибқи Аҳди Қадим, муҷозоти бархе аз ҷурмҳо сангсор аст; аз ҷумла қурбонӣ кардани фарзанд барои бутҳо,[7] ҷодӯгарӣ,[8] куфргӯӣ,[9] ҳурматшикании рӯзи шанбе,[10] даъват ба бутпарастӣ[11] ва зино.[12]

Далелҳои шаръии сангсор

Фатвои машҳур аз аҳли суннат ва шиъа бар машруъияти раҷм ва ҳатто анҷом гирифтан он дар чанд маврид тавассути Паёмбар (с) ва Имом Алӣ (а) аст. Вале шумори дигарӣ аз фуқаҳо онро рад карда ва хоси яҳуд донистаанд, ки дар шариъати Ислом ва ба вижа дар Қуръони маҷид тасреҳ ё ишорае ба он нашудааст.[13]

Бархе аз ривоёту аҳодиси шиъа мегӯянд ки ҳадди раҷм дар Ислом ҳаст, вале иҷрои он фақат дар ҳузури маъсум ҷоиз аст. Назари бархе дигар аз фуқаҳо ин аст, ки ҳадди зино дар Қуръон мушаххас аст ва он тозиёна аст ва чанд хабари марбут ба раҷм шудани афроде монанди Моиз ва зани Ғомидия аз манзари фанни ҳадисшиносӣ ба сабаби ибҳомоту таноқузоти фаровон мардуд мебошад.[14]

Ривоёти бисёре дар заминаи сангсор вуҷуд дорад.[15] Аз ҷумла онҳо ривояти Абубасир аз Имом Содиқ (а) аст ки бар пояи он сангсор ҳадди бузурги Худост ва агар касе зинои муҳсина анҷом диҳад, сангсор мешавад.[16] Ҳамчунин ривояте, ки дар он Имом Боқир (а) баён мекунад ки Имом Алӣ (а) дар қазоват, дар хусуси зинои муҳсина ба сангсор ҳукм медод.[17]

Далели дигари фақиҳон дар заминаи сангсор, иҷмоъ аст.[18] Шайхи Тӯсӣ дар китоби ал-Хилоф навиштааст: ҳамаи фақиҳони мусулмон, сангсорро қабул доранд ва танҳо хавориҷ онро ба ин далел ки дар Қуръону ривоёти мутавотир наёмадааст, рад кардаанд.[19]

Сангсор дар Қуръон

Олимон шиъа муътақиданд дар Қуръон ояте дар бораи сангсор вуҷуд надорад[20] ва ҳукми он аз аҳодис ва иҷмоъи мусулмонон ба даст меояд;[21] аммо бисёре аз фақиҳон ва усулиёни аҳли суннат бар ин боваранд ки ояте дар Қуръон дар бораи сангсор вуҷуд доштааст.[22] Далели ин гурӯҳ ривоятҳоест, ки дар чанд манбаи ривоии аҳли суннат омадааст.[23]

Аз ҷумла дар Саҳиҳи Бухорӣ аз Умар ибни Хаттоб нақл шудааст, ки метарсам замон бар мардум бугзарад ва гуфта шавад ки сангсор дар Қуръон наёмадааст ва мардум бо тарки воҷибе ки Худо нозил карда гумроҳ шаванд.[24] Ҳамчунин Молик ибни Анас ба нақл аз Умар овардааст: мабодо аз ояти сангсор ба ин далел ки дар Қуръон нест, ғафлат кунед; чун Паёмбар сангсор мекард ва мо низ сангсор мекардем. Ин оят дар Қуръон буда ва ман аз бими он ки мардум нагӯянд ки чизе ба китоби Худо афзудаам, онро нанавиштам.[25] Ояти сангсор ба гуфтаи Умар ибни Хаттоб ин гуна буд «إذا زَنىٰ الشَيخ ُو الشَيخَة فَارْجُمُوهما اَلبَتَّة»[26] (Пирамарду пиразан агар зино карданд, ҳатман сангсорашон кунед).[27]

Бархе аз уламои аҳли суннат аз ҷумла Абубакри Боқилонӣ ва бештари муътазила аз ҷумла Абумуслими Исфаҳонӣ, ин дидгоҳро қабул надоранд.[28] Инон мегӯянд агар ин иборат ҷузъи Қуръон буд, ҳатман Умар ибни Хаттоб онро дар Қуръон меоварад ва ба хотири ҳарфи мардум аз он сарф назар намекард. Ҳамчунин адабиёти ин иборат ба лиҳози балоғӣ бо адабиёти Қуръон шабоҳат надорад.[29]

Оятуллоҳи Хӯӣ - аз фақиҳони муосири шиъа, дар ал-Баён навиштааст: агар ин ривоят дуруст бошад, бояд гуфт: ояте аз Қуръон ҳазф шудааст[30] ва лозимаи ин сухан он аст ки бипазирем дар Қуръон таҳриф рӯй додааст.[31]

Шароити таҳаққуқ

Аз манзари фақиҳон шарти таҳаққуқи сангсор доштани эҳсон аст; яъне касе ки сангсор мешавад, бояд вижагиҳои зерро дошта бошад:

  • Доштани ҳамсари доимӣ ва мақдур будани омезиш бо ӯ;
  • Ғулом ё каниз набудани муҷрим;
  • Булӯғ;
  • Оқил будан.[32]

Сангсор ва ҳуқуқи башар

Интиқодоте ба ҳукми сангсор шудааст; аз ҷумла гуфтаанд сангсор ҳукми ғайриақлонӣ ва мухолифи ҳуқуқи башар аст.[33] Ҳамчунин дар он, миёни ҷурм ва муҷозот, таносуб вуҷуд надорад; зеро ин муҷозот барои касе ки лаҳзае бар асари фишори неруи ҷинсӣ, лағзиш мекунад, бисёр сахтгирона аст; чироки амали ӯ мафсадае надорад ва ба дигарон ҳам осебе намерасонад.[34]

Дар посух ба ишколи нахуст, гуфтаанд Ислом ҳам дар марҳалаи исботи ҷурм ва ҳам дар марҳалаи иҷрои сангсор бисёр сахтгирӣ кардааст; то ҷое ки ин ҳукм бештар як таҳдид аст ва ба нудрат анҷом мешавад.[35] Ба ишколи дуввум низ чунин посух додаанд ки вуҷуди чунин муҷозот ба сабаби осори зиёновари дунёӣ ва охиратии фаровони зино ҳамчун бединӣ, беиффатӣ, бемориҳои муқорибатӣ, буҳрони кӯдакони беҳувият ва ноамнии равонии хонавода аст. Бинобар ин дар он, ҷурм ва муҷозот таносуб доранд.[36]

Тағйири ҳукми сангсор

Дар соли 1391ҳ.ш., истифтое аз бархе мароҷеъи тақлид дар бораи тағйири ҳукми шаръии сангсор анҷом шуд, ки посухҳои мутафовитеро аз ҷониби онон дар пай дошт. Дар ин истифто омада буд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки имрӯза иҷрои сангсор мӯҷиби хурдагирии мухолифони Ислом мешавад, оё метавон ҷойгузине барои он таъин кард?[37]

Дар посух ба ин истифто, Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ ва Оятуллоҳ Алавии Гургонӣ, ҳукми сангсорро тағирнопазир эълом карданд, аммо таъйини шеваи иҷрои онро бар уҳдаи валии фақиҳ донистанд; Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ва Оятуллоҳ Субҳонӣ онро дар шароити феълии қобили ҷойгузинӣ муаррифӣ карданд. Оятуллоҳ Мӯсавии Ардабилӣ низ навишт: сангсор тағйирпазир нест, аммо агар бар хилофи маслиҳати Ислом ва мусулмонон бошад, фақиҳи ҷомеушшароит метавонад ба адами иҷрои он ҳукм диҳад.[38]

Тасвире аз таблои сангсор кардани Стефани қиддис, асари Ромбронт.

Сангсор пеш аз Ислом

Сангсор аз муҷозотҳои роиҷ дар замони шаклгирии Китоби Муқаддас будааст.[39] Ҳамчунин мегӯянд дар алвоҳи мутаъаллиқ ба Шумериён (қавме сокини Байнаннаҳрайн) ки қадимитарин навиштаҳои ҳуқуқӣ ҳастанд, аз муҷозоти сангсори сухан омадааст.[40] Тибқи ин алвоҳ ки ба 2400 соли пеш аз мелоди Масеҳ бармегарданд, ҷурмҳое чун дуздӣ ва заношӯии зан бо ду мард муҷозоти сангсор доштааст.[41]

Эзоҳ

  1. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.141 ва 142
  2. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.71
  3. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.143 ва 144
  4. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.144
  5. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.141ў142; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.381
  6. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.147; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.381
  7. Китоби муқаддас, Ловиён, 20: 2
  8. Китоби муқаддас, Ловиён, 20: 27
  9. Китоби муқаддас, Ловиён, 24: 16
  10. Китоби муқаддас, Аъдод, 15: 35 - 36
  11. Китоби муқаддас, Тасния, 13: 11
  12. Китоби муқаддас, Тасния, 22: 21 ва 24
  13. Шакӯрӣ, «Тааммуле дар бораи ҳадди раҷм ва манобеъу мабонии он», саҳ.190
  14. Шакӯрӣ, «Тааммуле дар бораи ҳадди раҷм ва манобеъу мабонии он», саҳ.191
  15. Ереванӣ, Дурусун тамҳидийя, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.272; Табрезӣ, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1417ҳ.қ., саҳ.107
  16. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.28, 1409ҳ.қ., саҳ.61
  17. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.28, 1409ҳ.қ., саҳ.61
  18. Ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.365; Табрезӣ, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1417ҳ.қ., саҳ.107; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.318
  19. Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.365
  20. Барои намуна ниг.: Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.439; Хуӣ, ал-Баён, 1401ҳ.қ., саҳ.202
  21. Барои намуна ниг.: Табрезӣ, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, саҳ.107; Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.439
  22. Курдӣ, Канкоше фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ дар муҷозоти эъдом, саҳ.242
  23. Курдӣ, Канкоше фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ дар муҷозоти эъдом, саҳ.242
  24. Бухорӣ, Саҳиҳи Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.168
  25. Молики бен инс, мўтأи ибни молик, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.824
  26. Молик ибни Анас, Мваттаи Ибни Молик, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.824; Хуӣ, ал-Баён, 1401ҳ.қ., саҳ.202
  27. Курдӣ, Канкоше фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ дар муҷозоти эъдом, саҳ.243
  28. Курдӣ, Канкоше фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ дар муҷозоти эъдом, саҳ.243 ва 244
  29. Курдӣ, Канкоше фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ дар муҷозоти эъдом, саҳ.244
  30. Хуӣ, ал-Баён, 1401ҳ.қ., саҳ.219
  31. Хуӣ, ал-Баён, 1401ҳ.қ., саҳ.202
  32. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.352 ва 353; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.137 ва 138
  33. Кадхудоӣ ва Боқирзода, «Баррасии ҳукми сангсор аз манзари фиқҳ ва ҳуқуқи башар», 1390ҳ.ш., саҳ.41
  34. Кадхудоӣ ва Боқирзода, «Баррасии ҳукми сангсор аз манзари фиқҳ ва ҳуқуқи башар», 1390ҳ.ш., саҳ.60
  35. Кадхудоӣ ва Боқирзода, «Баррасии ҳукми сангсор аз манзари фиқҳ ва ҳуқуқи башар», 1390ҳ.ш., саҳ.62
  36. Кадхудоӣ ва Боқирзода, «Баррасии ҳукми сангсор аз манзари фиқҳ ва ҳуқуқи башар», 1390ҳ.ш., саҳ.62 ва 63
  37. «Оё метавон ба ҷои сангсори ҳукми дигарӣ ба иҷро гузошт?», хабаргузории ИСНА
  38. «Оё метавон ба ҷои сангсори ҳукми дигарӣ ба иҷро гузошт?», хабаргузории ИСНА
  39. Кадхудоӣ, «Баррасии ҳукми сангсор дар Ислом», саҳ.16
  40. Кадхудоӣ, «Баррасии ҳукми сангсор дар Ислом», саҳ.15
  41. Кадхудоӣ, «Баррасии ҳукми сангсор дар Ислом», саҳ.15

Сарчашма

  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, ал-Ҷомеъ-ул-муснад-ис-саҳиҳ (Саҳиҳ ал-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммадзаҳир ибни Носир ан-Носир), Дору тавқ-ин-наҷот, 1422ҳ.қ.
  • Вебгоҳи ИСНА, «Оё метавон ба ҷои сангсори ҳукми дигарӣ ба иҷро гузошт?», 22 фарвардини 1391ҳ.ш., дидашуда дар 20 фарвардини 1397ҳ.ш.
  • Ереванӣ, Боқир, Дурусун тамҳидийятун фи-л-фиқҳ-ил-истидлолийи ала-л-мазҳаб-ил-ҷаъфарӣ, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Кадхудоӣ, Муҳаммадризо ва Муҳаммади Боқирзода, «Баррасии ҳукми сангсор аз манзари фиқҳ ва ҳуқуқи башар», дар маҷаллаи Андешаҳои ҳуқуқи умумӣ (Муассисаи Имом Хумайнӣ), зимистони 1390ҳ.ш.
  • Кадхудоӣ, Муҳаммадризо, «Баррасии ҳукми сангсор дар Ислом (пешина, шароит, адилла)», фиқҳ, №1 (67), 1390ҳ.ш.
  • Китоби муқаддас.
  • Курдӣ, Умеди Усмон, Канкоше фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ дар муҷозоти эъдом, тарҷумаи Ҳошими Мӯсавии Обгарм, Теҳрон, Эҳсон, 1394ҳ.ш.
  • Молик ибни Анас, Муваттаи Ибни Молик, таҳқиқи Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, 1406ҳ.қ.
  • Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Қум, Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Мӯсавии Ардабилӣ, Сайид Абдулкарим, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, Қум, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Исломи фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайни Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Байрут, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, Қум, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ал-Баёну фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, 1401ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, тафсили Васоил-уш-шиати ило таҳсили масоил-иш-шариъа, Қум, Муассисату Ол-ил-байт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Шакурӣ, Абулфазл, «Тааммуле дар бораи ҳадди раҷм ва манобеъу мабонии он», Ёд, №75, 1384ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддини Омилӣ, ар-Равзат-ул-баҳийяи фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, Қум, чопи аввал, 1412ҳ.қ.