Истиқболи қибла

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рӯ овардан ба Каъба)

Мақолаи Истиқболи қибла бо мақолоти: Қибла, Инҳироф аз қибла, Тағири қибла ва Қиблаи мусулмонон иртибот дорад.

Ин мақолаи як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рисолаи амалия

Истиқболи қибла (форсӣ: استقبال قبله) рӯ кардан сӯи Каъба ҳангоми анҷоми бархе аз аҳкоми таклифӣ аст. Анҷом додани бисёре аз аъмоли ибодӣ ё ғайриибодии мусулмонон монанди барпоии намоз, аъмоли ҳаҷ, одоби дафн ва забҳи шаръӣ дар иртибот бо қибла аст.

Сиҳҳати ибодоте монанди хондани намоз ба ин шарт аст, ки рӯ ба қибла анҷом шаванд. Ҳамчунин ҳангоми забҳи ҳайвон, воҷиб аст ҳайвон рӯ ба қибла бошад; вагарна хӯрдани гӯшти он ҳаром аст.

Дар муқобил, анҷоми корҳое монанди тахаллӣ (қазои ҳоҷат) рӯ ба қибла, ҳаром аст. Ҳамчунин рӯ ба қибла будан ҳангоми тиловати Қуръон, вузӯ гирифтан ва ғизо хӯрдан, мустаҳаб ва анҷоми баъзе аз корҳо монанди омезиши ҷинсӣ, дар ҳолати рӯ ба қибла, макруҳ дониста шудааст.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Фақиҳон дар бисёре аз таклифҳои шаръии дини Ислом, монанди намоз, ҳаҷ, сайду зибоҳа, аҳкоми тахаллӣ (қазои ҳоҷат) ва аҳкоми амвот ба масаълаи истиқболи қибла пардохтаанд. Рӯ ба қибла будан зайли аҳкоми чоргонаи вуҷуб, ҳурмат, кароҳат ва истиҳбоб қарор мегирад.[1] Дар бисёре аз омӯзаҳои динӣ, рӯ ба қибла будан боиси савоб барои анҷоми бархе аъмол дониста шуда. Дар сираи Пайғамбари Ислом (с) омада ки ҳамеша рӯ ба қибла менишаст[2] ва подоши соате рӯ ба қибла нишастанро монанди подоши ҳаҷгузорону умрагузорон медонист.[3]

Манзур аз истиқболи қибла

Ба назари фақиҳони шиа манзур аз истиқболи қибла барои касоне ки дохили Масҷид-ул-ҳаром ҳастанд, рӯ ба Каъба истодан аст.[4] Дар хусуси касоне ки дохил Масҷид-ул-ҳаром нестанду Каъбаро намебинанд, ба маънои ин аст, ки урфан[5] ба самти Каъба бошанд;[6] на ба диққати ақлӣ ва ҳақиқӣ; чун ин кор мумкин нест.[7]

Роҳҳои ташхиси қибла

Ба назари фақиҳони шиа ташхиси қибла аз рӯи илм ва гумони итминоновар ҳосил мешавад ва агар ин роҳҳо имкон надошт, бояд агар вақт дорад ба чор тараф ва агар вақт кам аст ба ҷиҳатҳое ки метавонад намоз бихонад.[8]

Барои иттилооти бештар, инҳоро ҳам бибинед: Қибла

Ҳикмати истиқбол

Олимони мусулмон муътақиданд истиқболи қибла ҳангоми анҷоми аъмоли ибодӣ, илова бар ин ки амал бар тибқ дастури Худост, фоидаҳое чун эҷоди ваҳдат байни мусулмонон дорад.[9] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ тамаркузи мусулмон ба самти Каъба, бо вуҷуди ихтилофоте ки дар ақоидашон доранд, латифтарин рӯҳе аст ки метавон дар колбуди башар дамид ва ба онон инсиҷом бахшид.[10] Ба бовари ӯ тавваҷуҳи қалбӣ ба як макон боиси ваҳдати фикрӣ ва маънавии мусулмонон шудааст.[11]

Дар ривояте фалсафаи рӯ ба қибла кардани муҳтазар тавваҷуҳи малоика ба он шахс ва нишонае аз тавваҷуҳи муҳтазар ба Худо то ҳангоми марг баён шудааст.[12]

Вуҷуби истиқбол ба қибла

Рӯ ба қибла будан дар бархе таклифҳои шаръӣ, монанди намоз, аҳкоми муҳтазар ва забҳ воҷиби дониста шудааст:

Намоз

  • Намозҳои воҷиб: ба фатвои фақиҳони шиа, сиҳҳати намозҳои воҷиб (намозҳои рӯзона, оёт, намоз майит) ва бархе тавобеъи намоз монанди намози эҳтиёт ва қазои ҷузъҳои фаромӯшшудаи намоз, машрут ба риоят истиқбол аст.[13] Мустанади ин ҳукмро оёти Қуръон,[14] ривоёт[15] ва иҷмоъ[16] донистаанд. Агар рӯ кардан ба қибла барои намозгузор мумкин набошад, масалан шахс бемор бошад, бояд то ҳадди имкон ин шарт риоят шавад.[17]
  • Намозҳои мустаҳаб: дар намозҳои мустаҳаб, агар намоз дар ҳолати истиқрор ва собит хонда шавад, бояд рӯ ба қибла хонда шавад.[18] Иддае аз фақиҳон бо истинод ба ояти 115 сураи Бақара ва чанд ривоят[19] рӯ ба қибла будан дар намози мустаҳабберо ки дар ҳоли ҳаракат хонда мешавад, лозим намедонанд.[20]
  • Чигунагии риояти истиқбол дар намоз: тибқи фатвои фақиҳон, шахси истода бояд пеши бадани худро рӯ ба қибла қарор диҳад,[21] Шахс нишаста бояд сурат, сина ва сари ду зонуяш рӯ ба қибла бошаду шахси хобида низ бояд ба паҳлави рост ё чап, тавре бихобад ки пеши баданаши рӯ ба қибла бошад ва агар натавонист, бояд ба пушт бихобад ва кафи поҳои ӯ ба самти қибла бошад.[22]

Забҳ

Ба фатвои фақиҳони шиа[23] ҳангоми забҳи ҳайвон, бояд ҷои забҳ ва пеши бадани ҳайвон рӯ ба қибла бошад. Мустанади ин ҳукм ривоёт[24] ва иҷмоъ[25] аст. Албата чунончи аз рӯй фаромӯшӣ ё ҷаҳл ё надонистани қибла, ҳайвон ба тарафи қибла забҳ нашавад, забҳ саҳеҳ аст.[26]

Муҳтазар

Бештари фуқаҳои шиа рӯ ба қибла кардани мусулмоне ки дар ҳоли ҷон додан астро воҷиб медонанд[27] Дар муқобил, иддае аз фуқаҳо ин корро мустаҳаб донистаанд.[28]

  • Чигунагии рӯ ба қибла кардани муҳтазар: дар кутуби фиқҳӣ омадааст ки муҳтазарро дар ҳоле ки кафи пояш ба тарафи қибла аст, ба пушти бихобонанд; ба сурате ки агар биншинад рӯ ба қибла бошад.[29]
  • Истиқбол ҳангоми ғусл ва дафни майит: ду дидгоҳ барои рӯ ба қибла кардани майит ҳангоми ғусл вуҷуд дорад: бештари фақиҳон ҳукм ба истиҳбоб,[30] ва гурӯҳе ҳукм ба вуҷуб додаанд.[31] Ба фатвои фақиҳон рӯ ба қибла кардани майит барои дафн воҷиб аст; ба ин сурат ки ӯро бар паҳлу ва дасти рост бихобонанд, ба гӯнае ки пеши бадани вай ба самти қибла бошад.[32]

Ҳурмат ва кароҳати истиқболи қибла

Тибқи фатвои фақиҳони шиа рӯ ба қибла ва пушт ба қибла будан дар замони тахаллӣ (қазои ҳоҷат) ҳаром аст.[33] Ба назари аксари мароҷеъи тақлид барои тахаллӣ, набояд кӯдакро рӯ ба қибла ё пушт ба қиблаи нишонд; вале агар худи бача нишаст, лозим нест пеши ӯро бигиранд.[34]

Фақиҳони шиа риояти истиқболи қибла дар анҷоми ҳар кореро ки бо таъзими қибла мунофот дошта бошад макрӯҳ медонанд;[35] монанди омезиши ҷинсӣ ба ҳолати рӯ ба қибла.[36]

Истиҳбоби истиқболи қибла

Бар асоси он чи дар китобҳои фиқҳӣ омада, рӯ ба қибла будан дар ҳар коре ва дар ҳар ҳоле мустаҳаб аст; ба ҷуз маворидӣ ки ҳурмат ё кароҳати истиқбол шарт шудааст.[37] Бо ин ҳол, дар навиштаҳои фиқҳӣ, ба мустаҳаб будани анҷоми бархе аъмол ба сӯи қибла тасреҳ шуда, ки бархеяшон инҳоянд:

Эзоҳ

  1. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310 - 313; Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.414
  2. Кулайнӣ, Усули кофӣ, 1375ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.661
  3. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.406
  4. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.77; Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1406ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.190; Ҳаким, Мустамсак-ул-ъурва, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.176-179
  5. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиа, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.152; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.329; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90; Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.244; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57; Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.65
  6. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.295; нароқӣ, Мустанад-уш-шиа, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.151; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.328; Ҳаким, Мустамсак-ул-ъурва, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.176-179
  7. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиа, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.152; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.329; Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.90; Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.244; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57; Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1363ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.65
  8. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.78; самарқандӣ, тӯҳфаи алФқҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.119 - 120. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.148; Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.7, саҳ.386 ва 409; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.296 ва 298; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.433, масаълаи 782
  9. Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷи 1, саҳ.337; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷи 1, саҳ.415
  10. Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.337
  11. Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.507
  12. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.453
  13. Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.62 - 63; Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.60 - 61. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.295; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.148; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.675, масъалаи 1251; Шаҳиди Аввал, ад-Дурус, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57
  14. Сураи Бақара, ояти 144 ва 150
  15. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.214
  16. Исфаҳонӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.3и саҳ.150. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2
  17. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.80; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.425у ҷ.8, саҳ.19
  18. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.77; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.62; Исфаҳонӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.150; Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.52; Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252
  19. Кулайнӣ, Усули кофӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.440 - 441; Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.229
  20. Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.244; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.62; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.159; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.60; Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.60
  21. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ (ал-Муҳашшӣ ли-л-Имом ал-Хумайнӣ), 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.431, масъалаи 777
  22. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ (ал-Муҳашшӣ ли-л-Имом ал-Хумайнӣ), 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.432, масъалаи 779
  23. Муфид, ал-Муқниа, 1410ҳ.қ., саҳ.419; Сайид Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.405; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.573, масаълаи 2594; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.110
  24. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1412ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.152 - 153
  25. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.50; Исфаҳонӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.154, Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.110
  26. Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.583; Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.108; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.100; Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.319; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.573, масаълаи 2594; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.111 ва 112
  27. Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.62; Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53; Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.6
  28. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.691; Ҳаким, Мустамсак-ул-ъурва, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.16 - 17; Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158
  29. Садуқ, ал-Ҳидоя, 1418ҳ.қ., саҳ.105; Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.18; Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.259
  30. Ҳалабӣ, Ғунят-ун-нузуъ, 1417ҳ.қ., саҳ.101; Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.114
  31. Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.345
  32. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.77; Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.230
  33. Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9 ва 10. Ҳиллӣ, ал-Муҳаззаб, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41, Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28; Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.16
  34. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ (ал-Муҳашшӣ ли-л-Имом ал-Хумайнӣ), 1376ҳ.ш., саҳ.58, масъалаи 63
  35. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.29, Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.219. саҳ.59, Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.482; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.548
  36. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313
  37. Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.85, Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.286
  38. Бобавайҳ, Фиқҳ-ур-Ризо, 1406ҳ.қ., саҳ.225; Муфид, ал-Муқниа, 1410ҳ.қ., саҳ.419; Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.369; Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.591
  39. Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.258 - 259
  40. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.312 - 313
  41. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.90; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.236
  42. Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252
  43. Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.85, Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.286
  44. Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.85, Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.286
  45. Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.85, Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.286
  46. Садуқ, ал-Хисол, 1416ҳ.қ., саҳ.263; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.86; Баҳоӣ, Мифтоҳ-ул-фалоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.281

Сарчашма

  • Қуръон.
  • Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳкоми фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидау албрҳон, Қум, интишороти исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъи мутобиқ бо фатоваи шонздаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, интишороти Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1376ҳ.ш.
  • Ибни Ҳамза, ал-Васила, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1408ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Фозили Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф-ул-лисому алобҳоми ани Қавоид-ул-аҳком, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1416ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Ҷаъфар, Кашф-ул-ғито, Қум, Бӯстони китоб, 1387ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усули кофӣ, ба кӯшиши Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1375ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1374ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
  • Муфид, ал-Муқниа, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид, Қум, Ол-ул-байт, 1411ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо, 1363ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Аҳмад, Мустанад-уш-шиа, Қум, Ол-ул-байт (а), 1415ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, ба кӯшиши Қучонӣ ва дигарон, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, Ол-ул-байт, 1408ҳ.қ.
  • Рӯҳонӣ, Муҳаммадсодиқ, Фиқҳ-ус-Содиқ (а), Қум, Дор-ул-китоб, 1413ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, Қум, Муассисаи ал-Имом- ал-Ҳодӣ (а), 1415ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, ба кӯшиши Ғаффорӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Ҳидоя, Қум, Муассисаи ал-Имом- ал-Ҳодӣ (а), 1418ҳ.қ.
  • Самарқандӣ, Алоуддин, Тӯҳфат-ул-фуқаҳо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1414ҳ.қ.
  • Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Абусаҳл, ал-Мабсут, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1406ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозм, ал-Урват-ул-вусқо (ал-Муҳашшӣ), гирдоваранда: Муҳсинии Сабзаворӣ, Аҳмад, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Алӣ, Риёз-ул-масоил, Қум, Ол-ул-байт (а), 1418ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фии Тафсир-ул-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, Фиқҳ-уш-шиъа, 1411ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, ба кӯшиши Мӯсавӣ ва Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1365ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия, ба кӯшиши Беҳбудӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавийя, 1387ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, ба кӯшиши Хуросонӣ ва дигарон, Қум, Нашри исломӣ, 1418ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя, ба кӯшиши оқои бузурги теҳронӣ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-ъарабӣ, 1400ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1434ҳ.қ.
  • Шайхи Баҳоӣ, Мифтоҳ-ул-фалоҳ, Дор-ул-азво, Бейрут, 1405 ш.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръийя, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1412ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳоми ило танқиҳи шароеъ-ил-Ислом, Қум, Маорифи исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-ъурват-ул-вусқо, Қум, 1404ҳ.қ.
  • Ҳалабӣ, ибни Зуҳра, Ғунят-ун-нузуъ, ба кӯшиши Баҳодурӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1417ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ибни Идрис, ас-Сароир, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳар, Иршод-ул-азҳон, Қум, нашри исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳар, Мухталаф-уш-шиъа, Қум, ан-Нашр-ул-исломӣ, 1412ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳар, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Ол-ул-байт, 1414ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Мутаҳҳар, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, Қум, Муассисату ал-Имом ас-Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Ол-ул-байт, 1412ҳ.қ.