Хутбаи шиқшиқия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хутбаи Шиқшиқия)
Хутбаи шиқшиқия
Номҳои дигарМуқаммиса
МавзуъНақди амалкарди хулафо, Ишора ба се гурӯҳи нокисин, қоситин ва мориқин
Содиршуда азИмом Алӣ (а)
Ровии аслӣИбни Аббос
Эътибори санадМуътабар
Сарчашмаи шиаНаҳҷулбалоға, Илал-уш-шароеъ, Маони-л-ахбор


Хутбаи шиқшиқия (форсӣ: خطبه شِقشِقیّه) ё муқаммиса (форсӣ: مُقَمِّصه) аз машҳуртарин хутбаҳои Наҳҷулбалоға аст. Имом Алӣ (а) дар ин хутба амалкарди хулафои сегонаи пеш аз худро нақд ва асли хилофати ононро зери савол мебарад.

Меҳварҳои аслии хутба ба ин шарҳ аст: авзоъи сиёсии асри се халифаи аввал, иллати сукути 25-солаи Имом, ангезаҳои пазириши хилофат, гурӯҳҳои сиёсии асри Имом Алӣ ва далелҳои инҳирофи онҳо аз дин.

Мавзегирии сареҳу ошкори Имом Алӣ (а) дар бораи масаълаи хилофати Пайғамбар (с) сабаб шуда бархе аз аҳли суннат, на танҳо ин хутба, балки дурустии кулли Наҳҷулбалоғаро инкор кунанд. Дар муқобил, олимони шиа посух додаанд, ки хутбаи шиқшиқия дар китобҳои мухталифи ҳадисӣ нақл шуда ва муҳтавои он тавотури маънавӣ дорад.

Илова бар шарҳи ин хутба дар тарҷумаҳо ва шарҳҳои комили Наҳҷулбалоға, шарҳҳои вижае низ бар хутбаи шиқшиқия ба забони форсӣ ва арабӣ навишта шуда, ки аз ҷумлаи онҳо китоби Шарҳ-ул-хутбат-уш-шиқшиқия таълифи Муҳаммадризо Ҳакимӣ ва китоби Оҳе сӯзон асари Алиасғар Резвонӣ аст.

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Хутбаи шиқшиқия аз машҳуртарин хутбаҳои Наҳҷулбалоға аст,[1] ки шиа ва суннӣ онро нақл кардаанд.[2] Ин хутбаро аз муҳимтарин хутбаҳои Наҳҷулбалоға донистаанд; чун дар он, масоили марбут ба хилофати Пайғамбар (с), ба сурати сариҳ баён шудааст.[3] Аз он ҷо ки Имом Алӣ (а) дар ин хутба аз Халифа шудани хулафои пеш аз худ шикоят мекунад, ин хутба аз хутбаҳои баҳсбарангези Наҳҷулбалоға шудааст;[4] чароки мавзегирии сареҳу ошкори Имом Алӣ (а) дар бораи масаълаи хилофати Пайғамбар (с), бархе шубаҳоти аҳли суннат дар бораи ин хутбаро падид оварда[5] ва сабаб шуда бархе суннимазҳабон, на танҳо ин хутба, балки дурустии кулли Наҳҷулбалоғаро инкор кунанд.[6]

Дар ин хутба, давраи комили таърихи се халифаи нахуст аз нигоҳи Имом (а) баён мешавад. Меҳвари аслии ин хутба масаълаи хилофат, авзоъи сиёсии асри се халифаи аввал, иллати сукути 25-солаи Имом, ангезаҳои пазириши хилофат, гурӯҳҳои сиёсии асри Имом Алӣ ва далоили инҳирофи онҳо аз дин аст.[7] Ин хутбаро ба эътибори бахше аз каломи Имом (تِلْکَ شِقْشِقَةٌ هَدَرَتْ ثُمَّ قَرَّتْ) шиқшиқия (шиқшиқа, яъне шуълаи оташе, ки аз дил забона кашад)[8] ва ба эътибори ҷумлаи нахустин он (واللّهِ لَقَدْ تَقَمَّصَها فلان) «муқаммиса» (тақаммус, яъне либос пӯшидан) номидаанд.[9]

Бар асоси нақли Ибни Аббос, Имом (а) ин хутбаро бо омадани номае қатъ кард ва дигар онро идома надод. Мутобиқи ин нақл, Ибни Аббос дар тӯли умри худ бар қатъи ҳеҷ каломе монанди ин хутба таассуф нахӯрдааст.[10] Сайид Абдуззаҳро ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, муаллифи Масодиру Наҳҷулбалоғати ва асонидиҳ муътақид аст фарде, ки суханони Имом Алӣ (а)-ро қатъ кард, шаъсе ҷоҳил ё мунофиқ буд, ки монеъ шуд Имом (а) мақсуди худро баён кунад.[11]

Рақами хутба дар нусхаҳои Наҳҷулбалоға
Номи нусха Рақами хутба[12]
Нусхаҳои Субҳӣ Солеҳ, Файзулислом, ибни Майсам, фи зилол, Хуӣ, Ибни Абилҳадид, Абдуҳ, Мулосолеҳ ва ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас 3
Нусхаи Муллофатҳуллоҳи Кошонӣ 4

Эътибори хутба

Хутбаи шиқшиқия дар китобҳои мухталифи ҳадисии зикр шудааст[13] ва бархе муҳаққиқон бо такя бар асноди мутаъаддиди он, ин хутбаро қобили эътимод[14] ва бархе дигари мутавотир донистаанд.[15] Бо ин ҳол, ба назари Ибни Майсами Баҳронӣ (аз шореҳони Наҳҷулбалоға) агарчи шикояти Имом Алӣ (а) аз се халифаи пешин, ба тавотури маънавӣ собит шудааст, аммо наметавон иддао кард алфози ин хутба, тавотур лафзӣ дорад.[16]

Дар муқобил, бархе суннимазҳабон нисбати ин хутба ба Имом Алиро инкор карда[17] ва онро сохтаи Сайид Разӣ ё Сайид Муртазо донистаанд.[18] Ба гуфтаи Ибни Майсам, иллати инкори ин хутба аз сӯи суннимазҳабон ин буда, ки ба бовари онҳо, саҳоба ҳеҷ ихтилофе дар амри хилофати Пайғамбар надоштанд ва аз он ҷо ки дар ин хутба, ихтилофи Имом Алӣ бо се халифаи қаблӣ баён шуда, бояд онро инкор кард, то аз пайдоиши фитна дар байни мусулмонҳо ҷилавгирӣ шавад.[19]

Дар посух ба ин идда аз аҳл суннат гуфта шудаи мавзуи ғасби хилофат аз сӯи Абубакру Умари борҳо аз тарафи Имом Алӣ (а) баён шуда ва дар ривоятҳои мустафизе бозтоб ёфтааст.[20] Илова бар ин, ин хутба дар осори қабл аз танзими Наҳҷулбалоға (танзимшуда дар соли 400ҳ.қ.[21]) низ вуҷуд дорад;[22] чунонки Шайхи Садуқ (ваф.381ҳ.қ.) дар Илал-уш-шароеъ[23] ва дар Маони-л-ахбор ин хутбаро нақл кардааст.[24]

Ҳамчунин бубинед: Ғасби хилофат

Замон ва макони эроди хутба

Ба гуфтаи муҳаққиқон, Имом Алӣ (а) ин хутбаро дар охирҳои умри худ (охирҳои соли 38 ё аввалҳои соли 39ҳ.қ.) баён кардааст;[25] чун дар ин хутба, хилофати се халифаи пешин нақд шуда ва ба ҷанг бо нокисин (воқеъшуда дар соли 36ҳ.қ.[26]), қоситин (воқеъшуда дар соли 37ҳ.қ.[27]) ва мориқин (воқеъшуда дар соли 38ҳ.қ.[28]) ишора шудааст.[29]

Мутобиқи бархе нақлҳо, Имом (а) ин хутбаро дар «Руҳба»[30] (яке аз маҳаллаҳои Кӯфа, ё як ободӣ дар фосилаи ҳашт фарсахии Кӯфа[31]) ё бар минбари масҷиди Кӯфа хондааст.[32] Дар бархе ривоятҳо низ танҳо ба зикри хутба басанда шуда ва матлабе дар бораи макони баёни он наёмадааст.[33]

Китоби Шарҳ-ул-хутбат-уш-шиқшиқия таълифи Муҳаммадризо Ҳакимӣ

Шарҳҳо

Илова бар шарҳу тарҷумаи хутбаи шиқшиқия дар тарҷумаҳо ва шарҳҳое, ки ба сурати комил бар Наҳҷулбалоға навишта шуда, шарҳҳои махсусе низ бар ин хутба ба забони форсӣ ва арабӣ навишта шудааст,[34] ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • «Шарҳ-ул-хутбат-иш-шиқшиқия» таълифи Муҳаммадризо Ҳакимӣ: ин китобро муассисаи ал-Вафои Бейрут дар соли 1402ҳ.қ., дар 428 сафҳа мунташир кардааст.[35]
  • «аш-Шиқшиқия» ба қалами Абдурасули Ғаффорӣ: дар ин асар, хутбаи шиқшиқия дар 9 фасл шарҳ дода шудааст.[36] Ин китоб дар соли 1432ҳ.қ. ба кӯшиши интишороти Дор-ул-вилои Бейрут дар 237 сафҳаи мунташир шудааст.[37]
  • «ан-Нақд-ус-садиди ала шарҳ-иш-шиқшиқият-ил-алавияти би Ибни Абилҳадид» таълифи Муҳсин аш-Шайх Ҳасан Оли Карим ал-Базунӣ: ин китоб ки Оқобузурги Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадсодиқ Оли Баҳрулъулум ва Сайид Муҳаммадмаҳдӣ Мӯсавии Исфаҳонӣ бар он тақриз навиштаанд, ба кӯшиши Матбаат-ун-Наҷаф дар соли 1383ҳ.қ. дар 324 сафҳа чоп шудааст.[38]
  • «Исбот-ул-васияти фи шарҳ-ул-хутбат-иш-шиқшиқия» навиштаи Исмоил Иброҳим ал-Ҳарирӣ: ин китобро интишороти Дор-ул-вилои Бейрут дар соли 1424ҳ.қ. дар 632 сафҳа чоп кардааст.[39]
  • «Оҳе сӯзон; шарҳе бар хутбаи шиқшиқия» асари Алиасғар Резвонӣ: ин китоб тавассути интишороти Далели мо, дар соли 1389ҳ.ш. дар 286 сафҳа мунташир шудааст.[40]
Ҳамчунин бубинед: Феҳристи шарҳҳои Наҳҷулбалоға ва феҳристи тарҷумаҳои Наҳҷулбалоға

Матн ва тарҷумаи хутбаи шиқшиқия

матни арабии хутба

اَما وَاللّهِ لَقَدْ تَقَمَّصَهَا ابْنُ اَبى قُحافَةَ وَ اِنَّهُ لَيَعْلَمُ اَنَّ مَحَلّى مِنْها مَحَلُّ الْقُطْبِ مِنَ الرَّحى، يَنْحَدِرُ عَنِّى السَّيْلُ، وَلايَرْقى اِلَىَّ الطَّيْرُ. فَسَدَلْتُ دُونَها ثَوْباً، وَطَوَيْتُ عَنْها كَشْحاً، وَ طَفِقْتُ اَرْتَأى بَيْنَ اَنْ اَصُولَ بِيَد جَذّاءَ، اَوْ اَصْبِرَ عَلى طِخْيَة عَمْياءَ، يَهْرَمُ فيهَا الْكَبيرُ، وَ يَشيبُ فيهَا الصَّغيرُ، وَ يَكْدَحُ فيها مُؤْمِنٌ حَتّى يَلْقى رَبَّهُ! فَرَاَيْتُ اَنَّ الصَّبْرَ عَلى هاتا اَحْجى، فَصَبَرْتُ وَ فِى الْعَيْنِ قَذًى، وَ فِى الْحَلْقِ شَجاً! اَرى تُراثى نَهْباً. حَتّى مَضَى الاْوَّلُ لِسَبيلِهِ، فَاَدْلى بِها اِلَى ابْنِ الْخَطّابِ بَعْدَهُ. - ثُمِّ تَمَثَّلَ بِقَوْلِ الاْعْشى: - شَتّانَ ما يَوْمى عَلى كُورِها *** وَ يَوْمُ حَيّانَ اَخى جابِرِ فَيا عَجَباً بَيْنا هُوَ يَسْتَقيلُها فى حَياتِهِ، اِذْ عَقَدَها لاِخَرَ بَعْدَ وَفاتِهِ. لَشَدَّ ما تَشَطَّرا ضَرْعَيْها! فَصَيَّرَها فى حَوْزَة خَشْناءَ، يَغْلُظُ كَلْمُها، وَ يَخْشُنُ مَسُّها، وَ يَكْثُرُ الْعِثارُ فيها، وَ الاِْعْتِذارُ مِنْها. فَصاحِبُها كَراكِبِ الصَّعْبَةِ، اِنْ اَشْنَقَ لَها خَرَمَ، وَ اِنْ اَسْلَسَ لَها تَقَحَّمَ! فَمُنِىَ النَّاسُ لَعَمْرُ اللّهِ بِخَبْط وَ شِماس ، وَ تَلَوُّن وَ اعْتِراض . فَصَبَرْتُ عَلى طُولِ الْمُدَّةِ، وَ شِدَّةِ الْمِحْنَةِ. حَتّى اِذا مَضى لِسَبيلِهِ، جَعَلَها فى جَماعَة زَعَمَ اَنِّى اَحَدُهُمْ. فَيالَلّهِ وَ لِلشُّورى! مَتَى اعْتَرَضَ الرَّيْبُ فِىَّ مَعَ الاَْوَّلِ مِنْهُمْ حَتّى صِرْتُ اُقْرَنُ اِلى هذِهِ النَّظائِرِ؟! لكِنّى اَسْفَفْتُ اِذْ اَسَفُّوا، وَ طِرْتُ اِذْ طارُوا. فَصَغى رَجُلٌ مِنْهُمْ لِضِغْنِهِ، وَ مالَ الاْخَرُ لِصِهْرِهِ، مَعَ هَن وَ هَن. اِلى اَنْ قامَ ثالِثُ الْقَوْمِ نافِجاً حِضْنَيْهِ بَيْنَ نَثيلِهِ وَ مُعْتَلَفِهِ، وَ قامَ مَعَهُ بَنُو اَبيهِ يَخْضِمُونَ مالَ اللّهِ خِضْمَ الاِْبِلِ نِبْتَةَ الرَّبيع ِ، اِلى اَنِ انْتَكَثَ فَتْلُهُ، وَ اَجْهَزَ عَلَيْهِ عَمَلُهُ، وَ كَبَتْ بِهِ بِطْنَتُهُ. فَما راعَنى اِلاّ وَالنَّاسُ كَعُرْفِ الضَّبُع اِلَىَّ، يَنْثالُونَ عَلَىَّ مِنْ كُلِّ جانِب، حَتّى لَقَدْ وُطِئَ الْحَسَنانِ، وَ شُقَّ عِطْفاىَ، مُجْتَمِعينَ حَوْلى كَرَبيضَةِ الْغَنَمِ. فَلَمّا نَهَضْتُ بِالاْمْرِنَكَثَتْ طائِفَةٌ، وَ مَرَقَتْ اُخْرى، وَ قَسَطَ آخَرُونَ، كَاَنَّهُمْ لَمْ يَسْمَعُوا كَلامَ اللّهِ حَيْثُ و عده اى از مدار دین بیرون رفتند، و جمعى دیگر سر به راه طغیان نهادند، گویى هر سه طایفه این سخن خدا را يَقُولُ: «تِلْكَ الدّارُ الاْخِرَةُ نَجْعَلُها لِلَّذينَ لايُريدُونَ عُلُوًّا فِى الاَْرْضِ وَلافَساداً وَالْعاقِبَةُ لِلْمُتَّقينَ.» بَلى وَ اللّهِ لَقَدْ سَمِعُوها وَ وَعَوْها، وَلكِنَّهُمْ حَلِيَتِ الدُّنْيا فى اَعْيُنِهِمْ، وَ راقَهُمْ زِبْرِجُها. اَما وَ الَّذى فَلَقَ الْحَبَّةَ، وَبَرَاَ النَّسَمَةَ، لَوْلا حُضُورُ الْحاضِرِ، وَ قيامُ الْحُجَّةِ بِوُجُودِ النّاصِرِ، وَ ما اَخَذَ اللّهُ عَلَى الْعُلَماءِ اَنْ لايُقارُّوا عَلى كِظَّةِ ظالِم وَ لاسَغَبِ مَظْلُوم، لاَلْقَيْتُ حَبْلَها عَلى غارِبِها، وَ لَسَقَيْتُ آخِرَها بِكَاْسِ اَوَّلِها، وَ لاَلْفَيْتُمْ دُنْياكُمْ هذِهِ اَزْهَدَ عِنْدى مِنْ عَفْطَةِ عَنْز! - قَالُوا: وَ قامَ اِلَيْهِ رَجُلٌ مِنْ اَهْلِ السَّوادِ عِنْدَ بُلُوغِهِ اِلى هذَا الْمَوْضِع مِنْ خُطْبَتِهِ، فَناوَلَهُ كِتاباً، فَاَقْبَلَ يَنْظُرُ فيهِ. فَلَمّا فَرَغَ مِنْ قِراءَتِهِ قَالَ لَهُ ابْنُ عَبّاس رَضِىَ اللّهُ عَنْهُما: يا اَميرَالْمُؤْمِنينَ، لَوِ اطَّرَدْتَ خُطْبَتَكَ مِنْ حَيْثُ اَفْضَيْتَ! فَقـالَ: - هَيْهاتَ يا ابْنَ عَبّاس، تِلْكَ شِقْشِقَةٌ هَدَرَتْ ثُمَّ قَرَّتْ. - قالَ ابْنُ عَبّاس : فَوَاللّهِ ما اَسِفْتُ عَلى كَلام قَطُّ كَاَسَفى عَلى هذَا الْكَلامِ اَنْ لايَكُونَ اَميرُ الْمُؤْمِنينَ عَلَيْهِ السَّلامُ بَلَغَ مِنْهُ حَيْثُ اَرادَ.- - قَوْلُهُ عليه السّلام فى هذِهِ الخطبةِ: «كَراكِبِ الصَّعْبَةِ اِنْ اَشْنَقَ لَها خَرَمَ وَ اِنْ اَسْلَسَ لَها تَقَحَّمَ» يُريدُ اَنَّهُ اِذَا شَدَّدَ عَلَيْها فى جَذْبِ الزِّمامِ وَ هِىَ تُنازِعُهُ رَأْسَها خَرَمَ اَنْفَها. وَ اِنْ اَرْخى لَها شَيْئاً مَعَ صُعُوبَتِها تَقَحَّمَتْ بِهِ فَلَمْ يَمْلِكْها. يُقالُ: اَشْنَقَ النّاقَةَ اِذا جَذَبَ رَأْسَها بِالزِّمامِ فَرَفَعَهُ، وَ شَنَقَها اَيْضاً، ذَكَرَ ذلِكَ ابْنُ السِّكِّيتِ فى اِصْلاحِ الْمَنْطِقِ. وَ اِنَّما قالَ عليه السّلام: «اَشْنَقَ لَها» وَ لَمْ يَقُلْ «اَشْنَقَها» لاَِنَّهُ جَعَلَهُ فى مُقَابَلَةِ قَوْلِهِ «اَسْلَسَ لَها»، فَكَاَنَّهُ عَلَيْهِ السَّلامُ قالَ: اِنْ رَفَعَ لَها رَأْسَها، بِمَعْنى اَمْسَكَهُ عَلَيْها بِالزِّمامِ. و فِى الحديثِ: «اَنَّ رَسُولَ اللّهِ صَلّى اللّه عليه وآله خَطبَ عَلى ناقَتِهِ وَ قَدَ شَنَقَ لَها فَهِىَ تَقْصَعُ بِجَرَّتِها». وَ مِنَ الشّاهِدِ عَلى اَنَّ اَشْنَقَ بِمَعْنى شَنَقَ قَوْلُ عَدِىِّ بْنِ زَيْد الْعِبادىِّ: ساءَها ما تَبَيَّنَ فِى الاَْيْدى وَ اِشْناقُها اِلَى الاَْعْناقِ

тарҷумаи тоҷикии хутба

Огоҳ бошед! Ба Худо савганд Ибни Абиқуҳофа (Абубакр) ҷомаи хилофатро бар тан кард, дар ҳоле, ки медонист ҷойгоҳи ман нисбат ба ҳукумати исломӣ ҳамонанди меҳвари осиёб аст нисбат ба осиёб, ки дар гирди он ҳаракат мекунад. Ӯ медонист, ки сели илмҳо аз домани кӯҳсори ман ҷорист ва мурғҳои баландпарвози андешаҳо ба баландои арзиши ман натавонанд парвоз кард. Пас ман ҷомаи хилофатро раҳо карда ва доман ҷамъ намуда аз он канорагирӣ кардам ва дар ин андеша будам, ки оё бо дасти танҳо барои гирифтани ҳаққи худ ба по хезам? Ё дар ин муҳити хафақонзо ва торикие, ки ба вуҷуд оварданд, сабр пеша созам(?) ки ин муҳит пиронро фарсуда, ҷавононро пир ва мардони бо имонро то қиёмату мулоқоти Парвардигор андӯҳгин нигаҳ медорад! Пас аз арзёбии дуруст, сабру бурдбориро оқилонатар дидам. Пас, сабр кардам дар ҳоле, ки гӯё хор дар чашму устухон дар гулӯи ман дармонда буд. Ва бо дидагони худ менигаристам, ки мероси маро ба ғорат мебаранд! То ин ки халифаи аввал, ба роҳи худ рафт ва хилофатро ба писари Хаттоб супурд. Сипас имом масалеро бо шеъре аз Аъшо унвон кард: Маро бо бародари Ҷобир, “Ҳаён” чӣ шабоҳате аст? (Ман ҳамаи рӯзро дар гармои сӯзон кор кардам ва ӯ роҳату осуда дар хона буд!) Шигифто! Абӯбакр, ки дар ҳаёти худ аз мардум мехост узрашро бипазиранд, чӣ гуна дар ҳангоми марг, хилофатро ба ақди дигарӣ даровард? Ҳар ду аз шутури хилофат сахт ҷӯшиданд ва аз ҳосили он баҳраманд гардиданд. Саранҷом аввалӣ ҳукуматро ба роҳе дароварад ва ба дасти касе (Умар) супурд, ки маҷмӯае аз хушунат, сахтгирӣ, иштибоҳ ва бахшишталабӣ буд. Ӯ (Умар) зимомдоре буд монанди касе, ки бар шутури саркаш савор аст, агар лиҷомро муҳкам кашад, пардаҳои бинии ҳайвон пора мешавад ва агар озодаш гузорад, дар партгоҳ суқут мекунад.

Савганд ба Худо! Мардум дар ҳукумати дуввумӣ ба нороҳатӣ ва ранҷи бузурге гирифтор шуда буданд ва дучори дурӯиҳо ва эътирозҳо шуданд ва ман дар ин муддати тӯлонии меҳнатзо ва азобовар чорае ҷуз шакебоӣ надоштам, то он ки рӯзгори Умар ҳам сипарӣ шуд. Сипас Умар хилофатро дар гурӯҳе қарор дод, ки пиндошт ман монанди онон мебошам! Паноҳ бар Худо аз ин шӯро! Кай дар баробари шахси аввалашон (Абӯбакр) дар хилофат мавриди тардид будам, то имрӯз бо аъзои шӯро баробар шавам, ки ҳамакнун маро монанди онҳо пиндоранд ва дар радифи онҳо қарорам диҳанд? Ночор боз ҳам кӯтоҳ омадам ва бо онон ҳамоҳанг гардидам. Яке аз онҳо бо кинае, ки ба ман дошт, рӯй бартофт ва дигарӣ домодашро бар ҳақиқат бартарӣ дод ва масоиле дигар, ки зикраш муносиб нест.

То он ки севвумӣ (Усмон) ба хилофат расид. Ду паҳлӯяш аз пурхӯрӣ бод карда ва ҳамвора байни ошхона ва ҳоҷатхона саргардон буд ва хешовандони падарии ӯ аз Банӣ Умайя ба по хестанд ва ҳамроҳи ӯ байтулмолро хӯрданд ва бар бод доданд, монанди шутури гуруснае, ки ба ҷони гиёҳ бияфтад. Усмон он қадр исроф кард, ки ресмони бофтаи ӯ боз шуд ва аъмоли ӯ мардумро барангехт ва шикампарастӣ, ӯро нобудаш сохт.

Рӯзи байъат фаровонии мардум монанди ёлҳои пушти кафтор буд, аз ҳар тараф маро иҳота карданд, то он ки наздик буд Ҳасан ва Ҳусайн лагадмол гарданд ва ридои ман аз ду тараф пора шуд. Мардум монанди галаҳои анбӯҳи гӯсфанд маро дар миён гирифтанд.

Аммо онгоҳ, ки ба по хестам ва ҳукуматро ба даст гирифтам, ҷамъе паймон шикастанд ва гурӯҳе аз итоати ман саркашӣ карда аз дин хориҷ шуданд ва бархе аз итоати ҳақ сар бартофтанд, гӯё нашунида буданд сухани Худои субҳонро, ки мефармояд: "Сарои охиратро барои касоне баргузидам, ки хоҳони саркашӣ ва фасод дар замин набошанд ва оянда аз они парҳезкорон аст". Оре! Ба Худо онро хуб шунида ва ҳифз карда буданд, аммо дунё дар чашмони онҳо зебо намуд ва зевари он чашмҳояшонро хира кард.

Савганд ба Худое, ки донаро шикофт ва ҷонро офарид, агар ҳузури фаровони байъаткунандагон набуд ва ёрон ҳуҷҷатро бар ман тамом намекарданд ва агар Худованд аз олимон аҳду паймон нагирифта буд, ки дар баробари шикампарастии ситамгарон ва гуруснагии мазлумон сукут накунанд, маҳори шутури хилофатро бар кӯҳони он андохта раҳояш мекардам ва поёни хилофатро ба косаи аввали он сероб мекардам он гоҳ медидед, ки дунёи шумо назди ман аз оби бинии бузғолае беарзиштар аст.

Гуфтанд: Дар ин ҷо марде аз аҳолии Ироқ бархест ва номае ба дасти Имом дод ва Имом онро мутолиа мефармуд, гуфта шуд масоиле дар он буд, ки мебоист ҷавоб медод. Вақте хондани нома ба поён расид, Ибни Аббос гуфт: Ё Амиралмуъминин! Чӣ хуб буд суханро аз ҳамон ҷо, ки қатъ шуд идома медодед?

Имом алайҳиссалом фармуд: Ҳаргиз! Эй писари Аббос, шӯълае аз оташи дил буд, ки забона кашид ва фурӯ нишаст.

Ибни Аббос мегӯяд: Ба Худо савганд ба ҳеҷ гуфторе монанди қатъ шудани сухани Имом алайҳиссалом ин гуна андӯҳнок нашудам, ки Имом натавонист то он ҷо ки дӯст дорад ба суханаш идома диҳад.

Эзоҳ

  1. Шайхи Муфид, ал-Ҷамал, 1371ҳ.ш., саҳ.126
  2. Ҳакимӣ, Шарҳ-ул-хутбат-иш-шиқшиқийя, 1402ҳ.қ., саҳ.126
  3. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом (а), 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.318
  4. Ибни Майсами Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251
  5. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом (а), 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.318
  6. Ҳакимӣ, Шарҳ-ул-хутбат-иш-шиқшиқийя, 1402ҳ.қ., саҳ.126
  7. Ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 3, саҳ.48 - 50
  8. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом (а), 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.318
  9. Байҳақӣ, Маъориҷи Наҳҷулбалоға, 1409ҳ.қ., бахши 2, саҳ.80
  10. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 3, саҳ.50
  11. ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Масодиру Наҳҷулбалоғати ва асонидиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.335
  12. Ба нақл: Даштӣ ва Козими Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфози Наҳҷулбалоға, 1375ҳ.ш., ҷадвали ихтилофи нусах, саҳ.507
  13. Барои дидани манобеи ин ҳадис ниг.: Даштӣ, Аснод ва мадорики Наҳҷулбалоға, 1378ҳ.ш., саҳ.61 - 63
  14. Ибни Майсами Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252
  15. Ибни Майсами Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251
  16. Ибни Майсами Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252
  17. Ибни Майсами Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251
  18. Давонӣ, «Сайид Разӣ муаллифи Наҳҷулбалоға», 1373ҳ.ш., саҳ.126
  19. Ибни Майсами Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251
  20. Ғаффорӣ, аш-Шиқшиқия, 1432ҳ.қ., саҳ.22
  21. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.559
  22. Ниг.: Ҷаъфарӣ, Партаве аз Наҳҷулбалоға, 1380ҳ.ш., саҳ.124 - 125
  23. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.150 - 151
  24. Шайхи Садуқ, Маони-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.361 - 362
  25. Ҷаъфарӣ, Партаве аз Наҳҷулбалоға, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.128
  26. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.182
  27. Ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, 1382ҳ.қ., саҳ.202
  28. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1394ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.362
  29. Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароат, 1400ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.32
  30. Муфид, Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.287; Қутби Ровандӣ, Минҳоҷ-ул-бароати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133
  31. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом (а), 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.319
  32. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.54, саҳ.345
  33. Шайхи Садуқ, Маони-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.361 - 362
  34. Барои дидани осори дигар ниг.: Устодӣ, Китобномаи Наҳҷулбалоға, 1359ҳ.ш., саҳ.21 - 23 ва 32–33
  35. Ҳакимӣ, Шарҳ-ул-хутбат-иш-шиқшиқийя, 1402ҳ.қ., шиносномаи китоб
  36. Ғаффорӣ, аш-Шиқшиқия, 1432ҳ.қ., сафҳаи феҳристи китоб
  37. Ғаффорӣ, аш-Шиқшиқия, 1432ҳ.қ., сафҳаи шиносномаи китоб
  38. Оли Карими ал-Базунӣ, ан-Нақд-ус-садид, 1383ҳ.қ., сафҳаи шиносномаи китоб
  39. ал-Ҳарирӣ, Исбот-ул-васияти фи Шарҳ-ул-хутбат-иш-шиқшиқийя, 1424ҳ.қ., шиносномаи китоб
  40. Ризвонӣ, Оҳе сӯзон, 1389ҳ.ш., сафҳаи шиноснома

Сарчашма

  • Байҳақӣ, Алӣ ибни Зайд, Маъориҷи Наҳҷулбалоға, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳи Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Муассисат-ул-аълами ли-л-матбуот, 1394ҳ.қ.
  • Давонӣ, Алӣ, «Сайид Разӣ муаллифи Наҳҷулбалоға», дар китоби Мақолоте перомуни Наҳҷулбалоға ва гирдоварандаи он, Теҳрон, Бунёди Наҳҷулбалоға, 1373ҳ.ш.
  • Даштӣ, Муҳаммад ва Козими Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳраси ли алфози Наҳҷулбалоға, Қум, Муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Амиралмуъминин (а), 1375ҳ.ш.
  • Даштӣ, Муҳаммад, Аснод ва мадорики Наҳҷулбалоға, Қум, Муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Амиралмуъминин (а), 1378ҳ.ш.
  • Ибни Майсами Баҳронӣ, Майсам ибни Алӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Дафтари нашри китоб, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Музоҳим, Наср, Вақъату Сиффин, Қоҳира, 1382ҳ.қ., Чопи офсет, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъати ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Оли Карими ал-Базунӣ, Муҳсин аш-Шайх Ҳасан, ан-Нақд-ус-садиди ала шарҳ-иш-шиқшиқият-ил-алавияти би Ибни Абилҳадид, Наҷаф, Матбаат-ун-Наҷаф, 1383ҳ.қ.
  • Ризвонӣ, Алиасғар, Оҳе сӯзон; шарҳе бар хутбаи шиқшиқия, Қум, Далели мо, 1389ҳ.ш.
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Устодӣ, Ризо, Китобномаи Наҳҷулбалоға, Теҳрон: Бунёди Наҳҷулбалоға, 1359ҳ.ш.
  • Хуӣ, Мирзо Ҳабибуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Мактабат-ул-исломия, 1400ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Ҷамалу ва-н-нусрати лисайид-ил-итрати фи ҳарб-ил-Басра, Қум, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, 1371ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Наҷаф, 1385ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маони-л-ахбор, тасҳеҳу таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1338ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир, бе то.
  • ал-Ҳарирӣ, Исмоил Иброҳим, Исбот-ул-васияти фи Шарҳ-ул-хутбат-иш-шиқшиқийя, Бейрут, Дор-ул-вило, 1424ҳ.қ.
  • ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Сайид Абдуззаҳро, Масодиру Наҳҷулбалоғати ва асонидиҳ, Бейрут, Дор-уз-Заҳро, 1409ҳ.қ.
  • Ғаффорӣ, Абдурасул, аш-Шиқшиқия, Бейрут, Дор-ул-вило, 1432ҳ.қ.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, китобхонаи Оятуллоҳи Маръашии Наҷафӣ, 1406ҳ.қ.
  • Ҳакимӣ, Муҳаммадризо, Шарҳ-ул-хутбат-иш-шиқшиқийя, Бейрут, Муассисаи ал-Вафо, 1402ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Партаве аз Наҳҷулбалоға, Қум, Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ, 1380ҳ.ш.