Масси маййит

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Масси ҷаноза)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ин мақола дар бораи масси маййит аст. Барои ошноӣ бо ғусле ба ҳамин ном, Ғусли масси маййит бубинед.

Масси маййит (арабӣ: مَسّ المَیِّت) ба маънои ламс кардани маййит (инсони мурда) аст.[1] Аз масси маййит дар боби аҳкоми таҳорати китобҳои фиқҳӣ сухан гуфта мешавад.[2]

Аҳкоми муртабит бо масси маййит

  • Ба фатвои фақеҳони шиа, тамос бо бадани инсони мурда дар сурате мӯҷиби вуҷуби ғусл мешавад, ки бадани маййит сард шуда бошад ва тамос бо он, қабл аз ғусли маййит бошад.[3]
  • Ламси бадани маъсум, шаҳиди маърака ва касе ки пеш аз иҷрои ҳад ё қисос ғусли маййит кардааст, мӯҷиби ғусли масси маййит намешавад.[4] Албатта бархе аз фақеҳон эҳтимол додаанд, ки ламси бадани шаҳид мӯҷиби ғусли масси маййит мешавад.[5]
  • Тибқи дидгоҳи машҳури байни фақеҳон, масси маййит вузӯъро ботил намекунад.[6] Албатта бархе аз фақеҳон бар ин назаранд, ки масси маййит вузӯъро ботил мекунад.[7]
  • Ба фатвои бештари мароҷеъи тақлид, ламси узви ҷудошуда аз бадани инсон, дар сурате, ки устухон дошта бошад, мӯҷиби ғусл мегардад.[8] Дар муқобил, Оятуллоҳ Систонӣ муътақид аст, ки ламси узви ҷудошуда, агарчи устухону гӯшт ҳам дошта бошад, мӯҷиби ғусл намешавад.[9]
  • Аз назари бархе аз фақеҳон, ғусли масси маййит танҳо барои корҳое воҷиб аст, ки ниёз ба вузӯъ доранд; монанди намоз ва даст задан ба хатти Қуръон. Иддае масси маййитро ҳадаси акбар медонанд. Аз ин рӯ, анҷоми онро барои ҳамаи аъмоле, ки бо таҳорат анҷом мешавад, монанди намоз, тавоф, рӯза ва таваққуф дар масҷид лозим медонанд.[10]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Фозили Ланкаронӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.541.
  2. Барои намуна, ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12.
  3. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3; Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот, 1422ҳ.қ., саҳ.60.
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.307.
  5. Табрезии Ғаравӣ, ат-Танқиҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.294 - 298.
  6. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.9, понависи 5.
  7. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.9.
  8. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5.
  9. Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.116.
  10. Ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.11; Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.4, саҳ.314 - 317.

Сарчашма

  • Исфаҳонӣ, Сайид Абулҳасан, Василат-ун-наҷот, Қум, шарҳ, Сайидрӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ, муассисаи танзим ва нашри осори Имоми Хумайнӣ, 1422ҳ.қ.
  • Табрезии Ғаравӣ, Мирзоалӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо тақриран либаҳси Оятуллоҳилъузмо ас-Сайид Абулқосим ал-Хуӣ, аттабъатуссония, 1411ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Омилӣ, Сайид Муҳаммадҷавод, Мифтоҳ-ул-каромат фи шарҳи қавоид-ил-аломат, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Холисӣ, Қум, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, бе то.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Дафтари нашри ҳазрати Оятуллоҳ Систонӣ, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Қум, бе но, 1426ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.