Ило

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ал-Ило)
Рисолаи амалия

Ин мақола дар бораи маъно ва ҳукми «ило» аст. Барои ошноӣ бо ояте бо ҳамин ном, мадхали ояти Илоро бубинед.

Ило (форсӣ: ایلاء) яке аз суннатҳои давраи ҷоҳилӣ буда, ба маънои савганди мард барои тарк кардани равобити заношӯӣ бо ҳамсараш аст, ки дар Ислом ҳаром буда ва барои он каффора муқаррар шудааст. Агар ин тавр шавад, зан метавонад ба ҳокими шаръ ё додгоҳ шикоят кунад. Ҳоким ба мард чаҳор моҳ муҳлат медиҳад, ки бо зан наздикӣ кунад, вагарна ӯро маҷбур мекунад, ки занро талоқ диҳад. Далели фақеҳон дар аҳкоми ило, оятҳои 226 ва 227 сураи Бақара аст. Доимӣ будани издивоҷ ва қасам хӯрдан барои худдорӣ аз алоқаи ҷинсӣ ҳаддиақал барои чаҳор моҳ, яке аз шартҳои иҷрои ило аст.

Таъриф ва ҷойгоҳ

Ило қасам хӯрдани мард аст бар ин ки бо ҳамсараш алоқаи ҷинсӣ надошта бошад.[1] Ило дар Ислом ҳаром аст ва фақеҳони мусулмон, аҳком ва шароити хоссе барои таҳаққуқи он ва низ аҳкоми баъд аз он баён кардаанд.[2] Мустанади бахше аз ин аҳкомро оёти 226 ва 227 сураи Бақара донистаанд.[3] Ило дар манобеи фиқҳӣ дорои боби ҷудогонае аст.[4]

Пешина

Мақолаи аслӣ: Ояти Ило

Аз ило ба унвони навъе талоқ дар фарҳанги ҷоҳилият ёд мешавад.[5] Дар даврони ҷоҳилият, агар марде аз ҳамсари худ мутанаффир буд, қасам мехӯрд, ки бо ӯ ҳамбистар нагардад[6] ва то чанд сол[7] ё то охири умр, на бо зан ҳамбистар мешуд ва на ӯро талоқ медод.[8] Ҳадаф аз ин кор, озори зан,[9] саргардонии ӯ[10] ва пешгирӣ аз издивоҷи муҷаддади ӯ[11] баён шудааст. Чунонки дар Тафсири Намуна омадааст, Худо дар ояти 226 сураи Бақара, бо ин суннат мубориза карда ва роҳҳои кушодани ин савгандро баён[12] ва ба фоидаи занон ва эҳёи ҳуқуқашон ҳукм кардааст.[13]

Аҳкоми фиқҳӣ

Ило, амали ҳаром шуморида шуда ва иллати он, ҳаром будани тарки алоқаи ҷинсӣ бо ҳамсар беш аз чаҳор моҳ баён шудааст.[14] Бархе низ ин ҳукмро аз ояти 226 сураи Бақара «فَإِنَّ اللّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ» бардошт намудаанд.[15]

Рукнҳо ва шароити таҳаққуқи ило

Барои ило се рукн шуморидаанд: илокунанда (шавҳар), илошуда (зан) ва сиғаи ило ки бо ҳар лафз ва ҳар забоне, ки сароҳат дар мафҳуми он дошта бошад, саҳеҳ аст.[16] Шароите низ барои таҳаққуқи ило баён шудааст, ки чунончи яке аз онҳо вуҷуд надошта бошад, ило таҳаққуқ намеёбад. Ин шароит иборатанд аз:

  • Илокунанда оқил, болиғ ва дорои қасду ихтиёр бошад.
  • Қасам ба яке аз номҳои Худованд бошад.
  • Қасам бар тарки алоқаи ҷинсӣ ва духул дар вожан бошад.
  • Муддати тарки алоқаи ҷинсӣ камтар аз чаҳор моҳ набошад.
  • Пеш аз ило байни марду зани иртиботи заношӯӣ сурат гирифта бошад.
  • Ангезаи илокунанда аз ило, озори ҳамсараш бошад.
  • Ҳамсар доимӣ бошад.[17]

Аҳкоми баъд аз ило

Фақеҳон муътақиданд, агар марде ило кард, зан метавонад ба ҳокими шаръ шикоят кунад. Ҳоким чаҳор моҳ ба мард муҳлат медиҳад, то ба зан руҷӯъ кунад ва баъд аз алоқаи ҷинсӣ, каффораи шикастани қасам диҳад.[18] Агар мард дар ин муддат иқдоме накард, ҳоким вайро миёни бозгашт ва талоқи ҳамсараш мухайяр мекунад ва агар аз ҳар ду кор худдорӣ намуд, бо зиндонӣ кардан ва сахт гирифтан дар тағзия, вайро бар интихоби яке аз ин ду роҳ маҷбур месозад.[19] Бархе фуқаҳо муътақиданд, дар ин сурат, ҳоким метавонад занро талоқ диҳад.[20]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Саъдӣ, ал-Қомус-ул-фиқҳӣ, 1408ҳ.қ., саҳ.23.
  2. Ҷазирӣ ва дигарон, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.548 - 574.
  3. Алипур, “Ило”, саҳ.184.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед: Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.507; Қутбиддини Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.200; Ибни Зуҳра, Унят-ун-нузуъ, 1417ҳ.қ., саҳ.363.
  5. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.429; Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.1, 177; Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.168; Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.254.
  6. Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.255; Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.531; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.429; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140; Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.2, саҳ.232; Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339.
  7. Ибни Арабӣ, Аҳком-ул-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  8. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.269.
  9. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.269.
  10. Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, саҳ.108.
  11. Абуҳаён, ал-Баҳр-ул-муҳит, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.445; Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, саҳ.108; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.149.
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.149.
  13. Табаронӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 2008м., ҷ.1, саҳ.398; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.429; Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.532.
  14. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.138; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.115.
  15. Алипур, “Ило”, саҳ.184.
  16. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.748 - 749.
  17. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.98.
  18. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.292.
  19. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.292; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, муассисаи Дорулъилм, ҷ.2, саҳ.357.
  20. Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.515.

Сарчашма

  • Абулфутуҳ Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1408ҳ.қ.
  • Абуҳаён, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-муҳит фи-т-тафсир, Бейрут, Дорулфикр, 1420ҳ.қ.
  • Алипур, Ҳусайн, “Ило”, дар Доиратулмаорифи Қуръони Карим, маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Қум, Бустони китоб, чопи сеюм, 1383ҳ.ш.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ил-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Арабӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Аҳком-ул-Қуръон, Бейрут, Дорулҷил, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Зуҳраи Ҳалабӣ, Ҳамза ибни Алӣ, Унят-ун-нузуъ ила илм-ил-усули ва-л-фуруъ, муассисаи Имом Содиқ алайҳиссалом, Қум, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорулфикр лилтабоъати ваннашри ваттавзиъ, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Дорулъилм, чопи аввал, бе то.
  • Қутбиддини Ровандӣ, Саид ибни Абдуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон, тасҳеҳи Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, Қум, чопи дувум, 1405ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Мишкинии Ардабилӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дорул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дорулкитобил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Саъдӣ, Абуҷайб, ал-Қомус-ул-фиқҳ луғатан ва истилоҳан, Димишқ, Дорулфикр, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашфу ва-л-баён ил-маъруф тафсир-ус-Саълабӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир; Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, Арбади Урдун, Дорулкитобил-сақофӣ, 2008м.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, тасҳеҳи Алии Хуросонӣ ва Сайидҷаводи Шаҳристонӣ ва Маҳдӣ Тоҳо Наҷаф ва Муҷтабо Ироқӣ, Дафтари интишороти исломӣ, Қум, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-софӣ, Теҳрон, мактабатул-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
  • Ҷазирӣ, Абдурраҳмон ва дигарон, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа ва мазҳаби Аҳли-л-Байт (а), Бейрут, Дорулсақалайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., Қум, муассисаи интишороти Ҳиҷрат, 1376ҳ.ш.
  • Ҷурҷонӣ, Абдулқоҳир ибни Абдурраҳмон, Дарҷ-ул-дурар фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим, Аммони Урдун, Дорулфикр, 1430ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ила танқиҳи шароиъ-ил-Ислом, Қум, муассисаи алмаъорифул-исломия, чопи аввал, 1413ҳ.қ.