Үндана:Имони Абутолиб
Имони Абутолиб (форсӣ: ایمان ابوطالب) аз масоили ихтилофии шиа ва аҳли суннат аст. Шиаёни имомия, имони Абутолиб, амаки Пайғамбар (с) ва падари Имом Алӣ (а)-ро қатъӣ медонанд ва ба ривоёти Аҳли Байт (а) дар ин бора истинод мекунанд. Ҳамчунин бештари шиаёни зайдӣ ва шуморе аз уламои аҳли суннат низ ба имони Абутолиб бовар доранд; дар муқобили ин дидгоҳ, бештари аҳли суннат муътақиданд Абутолиб кофир аз дунё рафтааст.
Шиаён муътақиданд Абутолиб барои дифоъ аз Пайғамбар (с), имони худро аз рӯи тақия пинҳон мекард то ҷойгоҳаш назди сарварони Қурайш ҳифз шавад ва тавонад аз Пайғамбар (с) ҳимоят кунад. Онон барои исботи имони ӯ, ба ривоёти имомон (а), дифои ҳамаҷонибааш аз Пайғамбар (с), ашъори мансуб ба ӯ ва боқӣ мондани Фотима бинти Асад дар ҳамсарии ӯ истинод кардаанд. Аз дидгоҳи шиа, доварӣ дар бораи имон ё куфри ашхосро наметавон сирфан бар гуфтори ошкори онон устувор кард.
Баъзе уламои аҳли суннат барои исботи беимонии Абутолиб ба ривояти заҳзоҳ ва ривоёти тафсирӣ дар бораи оятҳои марбут ба мушрикон истинод кардаанд. Шуморе аз пажӯҳишгарони шиа ва суннӣ дар эътибори ин ривоёт муноқиша кардаанд. Бо ин ҳол, ин интиқодҳо барои олимоне, ки ҳамаи аҳодиси Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслимро муътабар медонанд, заруратан пазируфтанӣ нест.
Ихтилофи шиа ва аҳли суннат дар бораи имони Абутолиб
Имони Абутолиб аз масоили баҳсбарангези таърихӣ ва каломӣ миёни шиаён ва аҳли суннат аст.[1] Ба бовари шиаёни имомия, Абутолиб - амаки Пайғамбар (с) ва падари Имом Алӣ (а), мусалмон буд ва ин бовар дар байни онон иҷмоӣ аст.[2] Бештари шиаёни зайдӣ низ ба имони ӯ эътиқод доранд.[3]
Дар муқобил, бештари аҳли суннат муътақиданд Абутолиб бидуни имон аз дунё рафт.[4] Бо ин ҳол, баъзе уламои аҳли суннат низ ба имони ӯ бовар доштаанд.[5] Дар баъзе пажӯҳишҳо, номи 35 тан аз уламои мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат аз садаи дувум то понздаҳуми ҳиҷрӣ, ки ба имони Абутолиб эътиқод доштаанд, зикр шудааст.[6] Абулқосими Балхӣ ва Абуҷаъфари Искофӣ, аз уламои муътазилӣ,[7] ва Муҳаммад ибни Абдуррасули Барзанҷӣ ва Аҳмад Зайнӣ Даҳлон аз фақиҳони шофеъӣ аз ҷумлаи ин афроданд.[8]
Уламои шиа бо истинод ба далелҳои каломӣ ва ривоёт, на танҳо ба имони Абутолиб, балки ба мартабаи олии имони ӯ муътақиданд ва фидокориҳои ӯ дар ҳимоят аз Пайғамбар (с)-ро гувоҳе бар он медонанд.[9] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, дар китоби Биҳор-ул-анвор, Абутолиб ҳеҷ гоҳ бутпараст набуд, балки аз авсиёи ҳазрати Иброҳим (а) будааст.[10]
Баъзе пажӯҳишгарон, ихтилоф дар бораи имони Абутолибро дорои заминаҳои сиёсӣ донистаанд. Бар ин асос, Аббосиён, ба вижа Мансури Давониқӣ, барои тазъифи Оли Абутолиб, аҳодисеро дар бораи куфри Абутолиб ҷаъл кардаанд; зеро миёни Аббосиён ва хонадони Абутолиб рақобати сиёсӣ вуҷуд дошт.[11] Баъзе пажӯҳишгарони аҳли суннат низ маншаи аҳодиси марбут ба куфри Абутолибро ба Банӣ Умайя ва давраи Муовия ибни Абусуфён нисбат дода ва онро иқдоме барои бадном кардани Имом Алӣ (а) донистаанд.[12] Дар ҳамин чорчӯб, баъзе пажӯҳишгарон, наовардани номи Абутолибро дар шуморе аз осори саҳобанигории аҳли суннат баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи онон, дар ҳоле ки номи баъзе кофирони қатъӣ монанди Умайя дар шумори саҳоба омадааст,[13] аммо номи Абутолиб дар онҳо зикр нашудааст.[14]
Тақияи Абутолиб

Уламои шиа муътақиданд Абутолиб имони худро аз рӯи тақия ошкор намекард.[15] Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, таърихпажӯҳи шиа, васияти Абутолибро яке аз шавоҳиди тақияи ӯ донистааст.[16] Дар баъзе манобеи аҳли суннат, ин ибора аз васияти ӯ нақл шудааст: «Нубуввати Пайғамбар амрест, ки қалб онро пазируфта, аммо забон онро инкор мекунад».[17]
Дар ривоёти шиа ба тақияи Абутолиб ишора шудааст. Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) имони Абутолиб ба имони асҳоби Каҳф ташбеҳ шудааст, ки имони худро пинҳон ва ширкро ошкор карданд ва Худованд ба онон ду бор подош дод.[18] Ҳамчунин, дар ривояте дар бораи меъроҷи Пайғамбар (с), нури Абутолиб дар шумори чаҳор нуре омада, ки Пайғамбар мушоҳида кард ва тақияи ӯ далели расиданаш ба он мақом дониста шудааст.[19]
Ба эътиқоди шиаён, пинҳон кардани имон ба Абутолиб имкон медод ҷойгоҳ ва нуфузи худро назди сарварони Қурайш ҳифз кунад ва аз он барои ҳимоят аз Пайғамбар (с) баҳра барад.[20] Сайид Муҳаммадкозими Таботабоӣ, ҳадиспажӯҳи шиа, ин рафторро бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи қабила дар фарҳанги ҷоҳилӣ ва раёсати Абутолиб бар Қурайш тавзеҳ додааст; зеро ошкор кардани имон метавонист мавқеияти иҷтимоии ӯро тазъиф кунад ва тавоноиашро барои ҳимоят аз Пайғамбар (с) коҳиш диҳад.[21] Бар ин асос, ӯ пинҳон мондани баъзе нишонаҳои зоҳирии имони Абутолиб, монанди изҳори шаҳодатайн ва анҷоми намоз дар гузоришҳои таърихиро низ дар чорчӯби ин мулоҳизаҳо тавзеҳ медиҳад.[22]
Далелҳои мувофиқони имони Абутолиб

Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, таърихпажӯҳи шиа, муътақид аст имони ашхосро наметавон танҳо аз рӯи иқрори забонии онон шинохт; балки мавзеъгирии амалӣ, рафтори Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а) ва гузоришҳои огоҳон низ дар ин замина аҳамият дорад.[23] Сайид Козими Таботабоӣ низ муътақид аст далелҳои имони Абутолиб барои бахше аз ҷомеаи аҳли суннат қобили истифода аст, аммо касоне ки ҳамаи аҳодиси Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслимро муътабар медонанд, ин далелҳоро намепазиранд.[24]
Ривоёти шиа
Дар ривоёти шиа, имони Абутолиб амри мусаллам дониста шуда ва аҳодиси мутааддиде аз имомон (а) дар таъйиди он нақл шудааст. Барои намуна, дар ривояте аз Имом Алӣ (а), ба ҷойгоҳи Абутолиб дар биҳишт ва мақоми шафоати ӯ ишора шуда ва омадааст, ки нури ӯ дар қиёмат бар нурҳои дигар, ба ҷуз нури чордаҳ маъсум (а), ғолиб мешавад.[25] Дар ривояте аз Имом Боқир (а) имони Абутолиб дар тарозуи аъмол аз имони ҳамаи халоиқ сангинтар дониста шудааст.[26] Ҳамчунин дар ривоёте ки аз Имом Содиқ (а) нақл шуда, Худованд оташро бар Абутолиб ҳаром карда[27] ва ӯро дар биҳишт ҳамҷавори пайғамбарон, сиддиқон, шаҳидон ва солеҳон қарор додааст.[28] Дар ҳадисе аз Имом Ризо (а) низ омадааст, ки ҳар кас имони Абутолибро напазирад, роҳи оташи дӯзахро хоҳад паймуд.[29]
Аллома Аминӣ дар китоби ал-Ғадир[30] ва Муҳаммадризо Мураввиҷии Наҷафӣ, дар китоби Муният-ур-роғиб,[31] аҳодиси нақлшуда аз маъсумон дар бораи имони Абутолибро гирд овардаанд.
Мавзеъгирӣ ва рафторҳои Абутолиб

Ҷонибдорони имони Абутолиб, рафторҳои ӯро дар ҳимоят аз Пайғамбар (с) на танҳо нишонаи имон,[32] балки шоҳиде бар дараҷаи олии имони ӯ донистаанд.[33] Барои намуна, ҳангоме ки Қурайш дар садади қатли Пайғамбар баромаданд, Абутолиб монеи иҷрои тасмими онон шуд[34] ва дар баробари озори мушрикон аз Пайғамбар дифоъ мекард.[35] Ҳамчунин дар баъзе гузоришҳо омада, ки Абутолиб ҳамсараш, Фотима бинти Асадро ба пайравӣ аз Пайғамбар (с) даъват кард.[36] Ӯ пас аз мушоҳидаи намоз хондани Алӣ (а) дар канори Пайғамбар (с), ба фарзандаш тавсия кард, ки ҳамеша мулозими Пайғамбар (с) бошад;[37] зеро ӯ ҷуз ба корҳои хайр даъват намекунад.[38] Абутолиб ҳамчунин ба фарзанди дигараш, Ҷаъфар, дастур дод то дар канори Расулуллоҳ (с) намоз хонад.[39]
Ашъори Абутолиб
Шеърҳои Абутолиб дар таъйиди нубуввати Пайғамбар (с), аз дигар гувоҳон бар имони ӯ дониста шудааст.[40] Барои намуна, дар ривояте дар китоби ал-Кофӣ, Имом Боқир (а) барои исботи имони Абутолиб ба ин шеъри ӯ истинод кардааст:
Тарҷума: Оё намедонед, ки мо Муҳаммадро монанди Мусо пайғамбар медонем, ки дар китобҳои пешин муаррифӣ шудааст?
Маъруфтарин шеъри ӯ ки қасидаи ломия хонда мешавад, бо ин байт оғоз мешавад:
Тарҷума: Ҳеҷ гоҳ ба сухани маломатгарон гӯш наандохтаам ва заррае ба куфру исён моил нестам.
Аз шеърҳои дигари ӯ ки бар имонаш дилолат дорад, чунин аст:
Тарҷума: Ба ростӣ ки Худованд Пайғамбар - Муҳаммадро гиромӣ дошт, пас гиромитарин офаридагони Худованд дар миёни мардум, Аҳмад аст. Номашро аз номи худ гирифт, зеро ки Худованди соҳиби арш, Маҳмуд аст ва ин Муҳаммад.
Тарҷума: Эй гувоҳон! Шоҳид бошед, ки ман бар дини пайғамбари Худо Аҳмад устуворам.
Аллома Аминӣ бо истинод ба ашъори нақлшуда аз Абутолиб гуфта, ки агар чунин таъбирҳо дар таъйиди нубуввати Пайғамбар (с), иқрор ба нубувват шумурда нашаванд пас эътироф ва шаҳодат ба нубувват чӣ гуна аст?![45] Ӯ дар китоби ал-Ғадир, ашъореро аз Абутолиб ки дар манобеи аҳли суннат нақл шуда ва бар имони ӯ дилолат доранд, гирд овардааст.[46]
Мусалмоншавии Фотима бинти Асад
Дар ривояте аз Имом Саҷҷод (а), барои исботи имони Абутолиб ба идомаи ҳамсарии Фотима бинти Асад истинод шудааст.[47] Ибни Абилҳадид, олими муътазилии аҳли суннат, Фотима бинти Асадро ёздаҳумин фарде дониста, ки ба Пайғамбар (с) имон овард.[48] Бар ин асос, замони имон овардани ӯро соли нахуст ё дувуми беъсат донистаанд.[49]
Тибқи дидгоҳи фиқҳии роиҷ дар байни мусулмонон, агар зани кофир мусулмон шавад ва шавҳараш мусулмон нашавад, ақди издивоҷи он ду ботил мешавад ва бояд аз якдигар ҷудо шаванд.[50] Фуқаҳои аҳли суннат низ ин ҳукмро муттафақун алайҳ донистаанд.[51] Аз ин рӯ, баъзе пажӯҳишгарон идомаи зиндагии муштараки Фотима бинти Асад бо Абутолибро пас аз мусулмон шудани ӯ нишонаи имони Абутолиб донистаанд.[52] Бо ин ҳол, гузоришҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки мусулмон шудани Фотима бинти Асадро пас аз вафоти Абутолиб медонанд.[53]
Далоили баъзе аз аҳли суннат бар куфри Абутолиб
Баъзе аз далелҳои уламои аҳли суннат бар куфри Абутолиб иборатанд аз:
Ҳадиси заҳзоҳ
Ҳадиси заҳзоҳ аз муҳимтарин далоили баъзе уламои аҳли суннат бар куфри Абутолиб аст.[54] Ин ҳадис дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим нақл шудааст. Бар асоси ин ҳадис, Пайғамбар (с) барои Абутолиб шафоат мекунад ва азоби ӯ ба сабаби ин шафоат коҳиш меёбад; ба гунае ки аз даракоти ҷаҳаннам ба маконе ба номи заҳзоҳ интиқол меёбад.[55]
Баъзе пажӯҳишгарони шиа ин ҳадисро ҳатто бар асоси мабонии ҳадисии аҳли суннат, номуътабар донистаанд.[56] Онҳо ҳамчунин онро бо оятҳое аз Қуръон[57] ва ҳадисҳое дар сарчашмаҳои аҳли суннат[58] дар тазод донистаанд, ки ба бовари онҳо ҳар гуна шафоат ва тахфифи азобро барои кофирон нафй мекунанд.[59] Фаххор ибни Маъад Мусавӣ дар китоби Имони Абутолиб, ҳадисҳоеро аз Имом Боқир (а), Имом Содиқ (а) ва Имом Ризо (а) нақл карда, ки дар онҳо ривояти заҳзоҳ ҳосили дурӯғгӯии душманони Худо дониста шудааст.[60]
Ривоёти зайли оятҳои 113 сураи Тавба ва 56 сураи Қасас
Шавконӣ, олими аҳли суннат, бо истинод ба ривоёти нақлшуда зайли ояти 56 сураи Қасас ва ояти 113 сураи Тавба, Абутолибро мушрик донистааст.[61] Дар баъзе ривоёти аҳли суннат зайли ояти 56 сураи Қасас омадааст, ки Пайғамбар (с) дар лаҳзаҳои охири умри Абутолиб аз ӯ хост шаҳодатайнро бар забон оварад, аммо ӯ напазируфт ва мушрик аз дунё рафт.[62] Дар ривоёти зайли ояти 113 сураи Тавба низ омадааст, ки Пайғамбар (с) аз истиғфор барои Абутолиб наҳй шуд.[63]
Баъзе уламои аҳли суннат ин ривоётро нақд кардаанд.[64] Ба гуфтаи Аллома Аминӣ, баъзе аз ровиёни ин гузоришҳо бо Имом Алӣ (а) душманӣ доштанд; аз ин рӯ, ба нақлҳои онҳо эътимод кардан мумкин нест.[65] Ӯ ҳамчунин ин гузоришҳоро зидди ривоёти дигаре дар бораи сабаби нузули ояти 113 сураи Тавба донистааст;[66] зеро бар асоси ривояте, ки Ибни Ҳанбал ва Тирмизӣ нақл кардаанд, ояти 113 Тавба дар бораи марде нозил шудааст, ки барои падараш истиғфор мекард.[67]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Таботабоӣ, «سه نكته و بایسته پژوهشی در مورد حضرت ابوطالب(ع)», саҳ.101.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.8, саҳ.164; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.9, саҳ.405 - 406.
- ↑ Табасии Наҷафӣ, Муният-ур-роғиб, саҳ.161.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.14, саҳ.65 - 66.
- ↑ Мураввиҷии Табасӣ, «اثبات ایمان ابوطالب(ع) در سخنان عالمان اهلسنت از سده دوم تا پانزدهم», саҳ.119 - 120.
- ↑ Ниг.: Мураввиҷии Табасӣ, «اثبات ایمان ابوطالب(ع) در سخنان عالمان اهلسنت از سده دوم تا پانزدهم», саҳ.119 - 120.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.14, саҳ.66.
- ↑ Зайнӣ Даҳлон, Асна-л-матолиб, саҳ.31.
- ↑ Таботабоӣ, «سه نكته و بایسته پژوهشی در مورد حضرت ابوطالب(ع)», саҳ.101.
- ↑ Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, ҷ.5, саҳ.235.
- ↑ Қурашӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.3, саҳ.203; Муртазавӣ, «بررسی روایات ضحضاح», саҳ.166 - 171.
- ↑ Саққоф, «Муқаддима», дар Асна-л-матолиб фи исботи имони Абутолиб, саҳ.17.
- ↑ Ниг.: Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, ҷ.1, саҳ.384.
- ↑ Ҳидоятпаноҳ, «نقدی بر رویکرد صحابهنگاران به حضرت ابوطالب(ع) با تکیه بر ابنحجر و کتاب الاصابة», саҳ.90 - 91.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сира ан-Набӣ ал-аъзам (с), ҷ.4, саҳ.24.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сира ан-Набӣ ал-аъзам (с), ҷ.4, саҳ.24.
- ↑ Ибнулҳуҷҷа ал-Ҳамавӣ, Самарот-ул-авроқ, ҷ.2, саҳ.14; Диёрбакрӣ, Таърих-ул-Хамис, ҷ.1, саҳ.300; Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, ҷ.1, саҳ.497.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.448.
- ↑ Фаттоли Нишопурӣ, Равзат-ул-воизин, ҷ.1, саҳ.81.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.14, саҳ.81 - 82.
- ↑ Таботабоӣ, «سه نكته و بایسته پژوهشی در مورد حضرت ابوطالب(ع)», саҳ.102.
- ↑ Таботабоӣ, «سه نكته و بایسته پژوهشی در مورد حضرت ابوطالب(ع)», саҳ.103.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сира ан-Набӣ ал-аъзам (с), ҷ.4, саҳ.17.
- ↑ Таботабоӣ, «سه نكته و بایسته پژوهشی در مورد حضرت ابوطالب(ع)», саҳ.102 - 103.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, саҳ.305.
- ↑ Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.35, саҳ.156 - 157.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.446.
- ↑ Кароҷакӣ, Канз-ул-фавоид, ҷ.1, саҳ.183.
- ↑ Кароҷакӣ, Канз-ул-фавоид, ҷ.1, саҳ.182 - 183.
- ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.7, саҳ.518 - 538.
- ↑ Ниг.: Табасии Наҷафӣ, Муният-ур-роғиб, саҳ.29 - 38.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сира ан-Набӣ ал-аъзам (с), ҷ.4, саҳ.10.
- ↑ Таботабоӣ, «سه نكته و بایسته پژوهشی در مورد حضرت ابوطالب(ع)», саҳ.101.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, ҷ.1, саҳ.266 - 267.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.449.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.13, саҳ.272.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, ҷ.1, саҳ.247; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба фи тамийиз-ис-саҳоба, ҷ.7, саҳ.198.
- ↑ Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, ҷ.1, саҳ.247.
- ↑ Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ.1, саҳ.341; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, ҷ.7, саҳ.198.
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сира ан-Набӣ ал-аъзам (с), ҷ.4, саҳ.11.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.1, саҳ.448 - 449.
- ↑ Шайхи Муфид, Имони Абутолиб, саҳ.18.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.14, саҳ.78.
- ↑ Кароҷакӣ, Канз-ул-фавоид, ҷ.1, саҳ.182.
- ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.7, саҳ.460.
- ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.7, саҳ.446 - 460.
- ↑ Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.35, саҳ.157.
- ↑ Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.1, саҳ.14.
- ↑ Муртазавӣ, «بررسی روایات ضحضاح», саҳ.160.
- ↑ Собиқ, Фиқҳ-ус-сунна, ҷ.2, саҳ.239.
- ↑ Ибни Мунзир, ал-Ишроф ало мазоҳиб-ил-уламо, ҷ.5, саҳ.252.
- ↑ Муртазавӣ, «بررسی روایات ضحضاح», саҳ.160.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, ҷ.2, саҳ.35.
- ↑ Фокир Майбудӣ, «کنکاشی در حدیث ضحضاح از نگاه فریقین», саҳ.395.
- ↑ Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, ҷ.5, саҳ.52; ҷ.8, саҳ.46 ва 116; Муслим, Саҳеҳи Муслим, ҷ.1, саҳ.194 - 195.
- ↑ Ниг.: Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.8, саҳ.38; Хунайзӣ, Абутолиб муъмин Қурайш, ҷ.1, саҳ.378 - 387.
- ↑ Ниг.: Ояти 162 сураи Бақара; ояти 88 сураи Оли Имрон; ояти 85 сураи Наҳл.
- ↑ Ниг.: Ибни Ҳанбал, ал-Муснад, ҷ.6, саҳ.483; Ибни Ҳиббон, ас-Саҳеҳ, ҷ.1, саҳ.442.
- ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.8, саҳ.38-42.
- ↑ Мусавӣ, ал-Ҳуҷҷа ала-з-зоҳиб, саҳ.82 - 85.
- ↑ Шавконӣ, Фатҳ-ул-қадир, ҷ.4, саҳ.206.
- ↑ Ибни Ато, ал-Муҳаррар-ул-ваҷиз, ҷ.4, саҳ.292 - 293.
- ↑ Воҳидӣ, ал-Ваҷиз, ҷ.1, саҳ.483 - 484.
- ↑ Ниг.: Замахшарӣ, ал-Кашшоф, ҷ.2, саҳ.315; Ибни Ошур, ат-Таҳрир ва-т-танвир, ҷ.10, саҳ.214.
- ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.8, саҳ.19.
- ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.8, саҳ.23 - 24.
- ↑ Ибни Ҳанбал, ал-Муснад, ҷ.1, саҳ.499; Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ.281.
Сарчашма
- Қуръони карим.
- Аллома Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир, Қум, Марказ-ул-ғадир ли-д-диросот-ил-исломия, 1416ҳ.қ.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор-ул-ҷомеа ли дурар ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ ва таълиқи Шайх Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1394ҳ.қ/1974м.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Бейрут, Дор тавқ-ин-наҷо, 1422ҳ.қ.
- Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, ал-Ваҷиз фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азиз, Бейрут, Дор-ул-қалам, 1415ҳ.қ.
- Диёрбакрӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Таърих-ул-хамис фи аҳволи анфус-ин-нафис, Бейрут, Дор Содир, бетаърих.
- Зайнӣ Даҳлон, Аҳмад, Асна-л-маталиб фи исбот имон Абитолиб, Уммон, Дор-ул-имом-ин-нававӣ, 1428ҳ.қ.
- Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
- Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-Балоға ли-Ибни Абилҳадид, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳ Марашӣ Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарм, Усд-ул-ғоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
- Ибни Ато, Абдулҳақ ибни Ғолиб, ал-Муҳаррар-ул-ваҷиз фи тафсир-ил-китоб-ил-азиз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1422ҳ.қ.
- Ибни Мунзир, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ишроф ало мазоҳиб-ил-уламо, Аморот, Мактаба Маккат-ус-сақофия, 1425ҳ.қ.
- Ибни Ошур, Муҳаммад ибни Тоҳир, ат-Таҳрир ва-т-танвир, Бейрут, Муассисат-ут-таърих, бетаърих.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснад Аҳмад ибни Ҳанбал, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1416ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷар Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
- Ибни Ҳиббон, Муҳаммад, ас-Саҳеҳ, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1414ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бетаърих.
- Ибнулҳуҷҷа ал-Ҳамавӣ, Абубакр ибни Алӣ, Самарот-ул-авроқ фи-л-муҳозирот, Миср, Мактабат-ул-ҷумҳурия ал-арабия, бетаърих.
- Кароҷакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Канз-ул-фавоид, Қум, Дор-уз-захоир, 1410ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Қурашӣ, Сайид Алиакбар, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, Қум, Дафтари нашри Навиди Ислом, 1391ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори оли-р-расул, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
- Мураввиҷии Табасӣ, Муҳаммадалӣ, «اثبات ایمان ابوطالب(ع) در سخنان عالمان اهلسنت از سده دوم تا پانزدهم» («Исботи имони Абутолиб (а) дар суханони уламои аҳли суннат аз садаи дуюм то понздаҳум»), Маҷаллаи Донишҳо ва омӯзаҳои Қуръон ва ҳадис, №18, тирамоҳи 1401ҳ.ш.
- Муртазавӣ, Муҳаммад, «بررسی روایات ضحضاح» («Баррасии ривоёти заҳзоҳ»), Маҷаллаи Улуми Қуръон ва ҳадис, №83, тирамоҳ ва зимистони 1388ҳ.ш.
- Мусавӣ, Фаххор ибни Маъад, ал-Ҳуҷҷа ала-з-зоҳиб ила такфир Абутолиб, Қум, Сайидишшуҳадо, 1410ҳ.қ.
- Муслим, Ибнилҳаҷҷоҷ, Саҳеҳи Муслим, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Омилӣ, Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сира ан-Набӣ ал-аъзам(с), Қум, Дор-ул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
- Саққоф, Ҳасан ибни Алӣ, «Муқаддима», дар китоби Асна-л-матолиб фи исбот имон Абутолиб таълифи Аҳмад Зайнӣ Даҳлон, Уммон, Дор-ул-имом ан-Нававӣ, 1428ҳ.қ.
- Собиқ, Сайид, Фиқҳ-ус-сунна, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1397ҳ.қ.
- Табасии Наҷафӣ, Муҳаммадризо, Муният-ур-роғиб фи имон Абутолиб, Карбало, ал-Атабат-ул-ҳусайния ал-муқаддаса, 1442ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадкозим, «سه نكته و بایسته پژوهشی در مورد حضرت ابوطالب(ع)» («Се нукта ва боистаи пажӯҳишӣ дар мавриди ҳазрати Абутолиб (а)»), Маҷаллаи Мутолиоти Қуръон ва ҳадиси Сафина, №49, зимистони 1394ҳ.ш.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан ат-Тирмизӣ, Миср, Шарика мактаба ва матбаъа Мустафо ал-Бобӣ ал-Ҳалабӣ, 1395ҳ.қ.
- Фаттол Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воизин ва басират-ул-муттаизин, Қум, Интишороти Разӣ, 1375ҳ.ш.
- Фокир Майбудӣ, Муҳаммад, «کنکاشی در حدیث ضحضاح از نگاه فریقین» («Канкошӣ дар ҳадиси заҳзаҳ аз нигоҳи фариқайн»), Пажӯҳишномаи улуми ҳадиси татбиқӣ, №14, баҳор ва тобистони 1400ҳ.ш., санаи боздид: 1 ноябри 2026.
- Хунайзӣ, Абдуллоҳ ибни Алӣ, Абутолиб муъмин Қурайш, Қум, Дор-ул-ғадир, 1425ҳ.қ.
- Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабия, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1427ҳ.қ.
- Ҳидоятпаноҳ, Муҳаммадризо, «نقدی بر رویکرد صحابهنگاران به حضرت ابوطالب(ع) با تکیه بر ابنحجر و کتاب الاصابة» («Нақде бар равиши саҳобанигорон ба ҳазрати Абутолиб (а) бо такя бар Ибни Ҳаҷар ва китоби ал-Исоба»), Мутолиоти Қуръон ва ҳадиси Сафина, №49, зимистони 1394ҳ.ш.
- Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-қадир, Димишқ, Дор Ибни Касир, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, Имони Абутолиб, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ ли-алфия аш-Шайх ал-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.