Сураи Ихлос

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сураи Тавҳид)
Сураи Ихлос
Сураи Ихлос
Рақами сура112
Ҷузъ30
Номҳои дигарТавҳид
Нузул
Тартиби нузул22
Маккӣ/Маданӣмаккӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо4
Теъдоди калимаҳо15
Теъдоди ҳарфҳо47


Сураи Ихлос (арабӣ: سورة الإخلاص) ё Тавҳид саду дувоздаҳумин сура ва аз сураҳои маккии Қуръон аст, ки дар ҷузъи сиюм ҷой дорад. Ин сураро ба ин далел Тавҳид ё Ихлос номидаанд, ки дар бораи ягонагии Худо сухан мегӯяд ва инсонро аз ширк раҳо мекунад.

Мазмуни сураи Ихлос, тавҳид ва ягонагии Худованд ва бениёзии Ӯ аз ғайри худаш ва ниёзмандии махлуқот ба Ӯст. Барои сураи Ихлос фазоили зиёде нақл шудааст, аз ҷумла ин ки сураи Ихлос дар ҳукми сеяки Қуръон аст ва се бор хондани он муодили як хатми Қуръон аст. Дар ривоёт бар хондани ин сура дар намозҳои рӯзона таъкиди фаровон шудааст. Дар ривояте, Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а)-ро ба сураи Ихлос ташбеҳ мекунаду мегӯяд ҳамон тавр, ки се бор хондани сураи Ихлос, монанди хондани тамоми Қуръон аст, дӯст доштани Амирулмуъминин бо забон, қалб ва даст (дар амал) дӯст доштани тамоми Ислом аст. Ин сура яке аз сури Чаҳорқул аст.

Муаррифӣ

Кошии муаррақ ба хатти сулс аз сураи Ихлос дар ҳарами ҳазрати Маъсума (с)
  • Номгузорӣ

Ин сура ба сураи Ихлос ва Тавҳид машҳур аст.[1] Дар бора далели ин номгузорӣ гуфта шудааст аз он ҷо ки Худовандро ба ягонагӣ васф мекунад, Тавҳид ном гирифта[2] ва ба ин далел, ки тавваҷӯҳ ба муҳтавои он, инсонро аз ширк холис мекунад ва ба дунболи он инсон аз оташи дӯзах халосӣ меёбад, онро Ихлос номидаанд.[3] Ҳамчунин дар ривоёт ва манобеи қадимӣ онро ба муносибати ояти аввал, сураи «Қул ҳуваллоҳу аҳад» хондаанд.[4] Барои сураи Ихлос номҳои бисёри дигаре баён шудааст, аз ҷумла Самад, Наҷот, Маърифат, Асос, Таҷрид, Тафрид, Бароат ва Муқашқиша.[5][Ёддошт 1]

  • Маҳал ва тартиби нузул

Шайх Табарсӣ сураи Ихлосро аз сураҳои маккӣ медонад ва менависад: ҳамчунин гуфта шуда маданӣ аст.[6] Суютӣ аз уламои аҳли суннат низ бар ин бовар аст, ки сураи Ихлос ду бор нозил шудааст: як бор дар Макка ва бори дигар дар Мадина.[7] Вале Аллома Таботабоӣ менависад бино бар воқеаҳое, ки дар бораи сабаби нузули сураи Ихлос зикр шуда, ба назар мерасад маккӣ будани он саҳеҳтар бошад.[8] Сураи Ихлос дар тартиби нузул бисту дуюмин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф, саду дувоздаҳумин сура аст[9] ва дар ҷузъи сиюми Қуръон ҷой дорад.

  • Теъдоди оёт ва дигар вижагиҳо

Сураи Ихлос 4 оят, 15 калима ва 47 ҳарф дорад. Ин сура ҷузви сураҳои муфассалот (дорои оёти кӯтоҳ) аст. Сураи Ихлос ва се сураи Кофирун, Нос ва Фалақро, ки ҳама бо «Қул» шурӯъ мешаванд, чаҳорқул гӯянд.[10] Сураи Ихлосро ҷузви сураҳои ҷамъиюннузул донистаанд, яъне сураҳое, ки тамоми оёташон якбора нозил шудааст.[11]

Муҳтаво

Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон менависад сураи Ихлос Худовандро ба аҳадият ва ин ки ҳамаи мавҷудот дар тамомии ҳоҷатҳояшон ниёзманди Ӯянд ва ин ки аҳаде на дар зот ва на дар сифот ва на дар афъол, шарики Ӯ нест, меситояд. Ин тавҳид махсуси худи Қуръон аст ва тамомии маорифи Ислом (усулӣ, фаръӣ ва ахлоқӣ) бар ин асос пайрезӣ шудааст.[12] Бархе аз орифон аз ояти «لَمْ يَلِدْ وَ لَمْ يُولَدْ» истифода кардаанд, ки тамоми ҳастӣ вобаста ба Худост ва ҳеч гуна ҷудоӣ ва истиқлол барои ҳеҷ мавҷуде вуҷуд надорад ва он чи ҳаст мазоҳири худонамост, ки ба таъбири Қуръон оёти Илоҳӣ ҳастанд ва худонамоянду худнамоӣ надоранд.[Ниёзманди манбаъ] Имом Алӣ (а) дар тафсири сураи Тавҳид фармуда: Худованди Субҳон зода нашуд, то дар иззат[-у қудрат] шарике дошта бошад ва фарзанде надорад то пас аз марг, вориси Ӯ бошад.[13][Ёддошт 2] Имом Козим (а) низ дар ривояте дар тафсири сураи Тавҳид фармуда: назодааст, ки ворисе дошта бошад ва зода нашудааст, ки бо касе шарик бошад.[14][Ёддошт 3]

Муҳтаво ба шакли хулоса

Аркони тавҳид ва ягонагии Худо
1) Нуктаи аввал: Ягонагии Худо дар зоту сифот (ояти 1 - 2)
- Каломи аввал: Ягонагӣ ва аҳадияти Худо (ояти 1)
- Каломи дуввум: Бениёзӣ ва самадяти Худо (ояти 2)
2) Нуктаи дуввум: Шарик надоштани Худо дар зоту сифот (ояти 3 - 4)
- Каломи аввал: Фарзанд ва падар надоштани Худо (ояти 3)
- Каломи дуввум: Беҳамтоии Худо дар сифот (ояти 4)[15]

Шаъни нузул

Дар бораи шаъни нузули сураи Ихлос аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст гурӯҳе аз яҳудиён аз Пайғамбар (с) тақозо карданд Худовандро барои онон тавсиф кунад. Пайғамбар (с) се рӯз сукут кард ва посухе нагуфт, то ин ки сураи Ихлос нозил шуд ва сипас посухи ононро баён кард.[16] Гуфта шудааст, ин пурсиш, дархости ҷамъе аз мушрикони Макка[17] ё дархости аҳли китоби Мадина[18] ё афроди дигаре будааст.[19]

Маънои самад

Самад яъне бузурге, ки ҳама дар тамоми ниёзҳояшон ба ӯ рӯй меоваранд ва ниёзманди ӯ ҳастанд ва чун Худованд холиқи тамоми ҳастӣ аст дар натиҷа ҳарчи ғайри Худост ниёзманди Ӯст дар зоташ ва асли ҳастиаш ва дар сифоту корҳояш. Алифу лом дар калимаи ал-самад гӯёи инҳисори самадият дар Худост ва ин самадияти мутлақа ва бидуни ҳеҷ қайду шарте се натиҷаи бевосита дорад, ки иборатанд аз: 1- «Лам ялид» яъне ҳеҷ чизе аз ӯ ҷудо нашудааст, бар хилофи он чи насоро мегӯянд Масеҳ писари Худост ва аз ӯ ҷудо шудааст; 2 - «Лам юлад» яъне худи ӯ низ аз чизе таваллуд наёфта ва падару модар надорад ва ниёзе ба ҷудо шудан аз чизе надорад; 3 - «Ва лам якун лаҳу куфуван аҳад» яъне ҳеҷ чизе баробар ва ҳамтои Ӯ нест на дар зот ва на дар афъол. Зодану зода шудан, яъне ниёзу вобастагӣ ва идлу ҳамто (куфв) доштан яъне мавҷуди мустақили дигаре ғайр аз Худо бошад, ва тамоми ин умур бо самадият ва бениёзиаш ба наҳви итлоқ носозгор аст.[20]

Манзалати Имом Алӣ ва сураи Ихлос

Дар ривояте аз Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а) ба сураи Ихлос ташбеҳ шудааст. Дар ин ривоят омадааст масали Алӣ ибни Абитолиб дар байни мардум, масали «Қул ҳуваллоҳу аҳад» дар Қуръон аст. Чунонки ҳар кас се маротиба сураи Ихлосро бихонад, гуё тамоми Қуръонро хондааст, ҳар кас бо забон, қалб ва дастҳояш (дар амал), Имом Алӣ (а)-ро дӯст дошта бошад, ҳамаи Исломро дӯст доштааст. Пайғамбар (с) дар охир мефармояд савганд ба касе ки маро ба рисолат барангехтааст, агар аҳли замин, ҳамонанди аҳли осмон, Алиро дӯст дошта бошанд, Худованд ҳеҷ касе аз ононро ба оташ азоб намекунад.[21] Дар ҳамин замина ин рубоии машҳур мансуб ба Буалӣ Синост:

Ё Алӣ, зотат субути қул ҳуваллоҳу аҳад,
Номи ту нақши нигин аз амри Аллоҳу-с-Самад.
Лами ялид аз модари гетию лам юлад чу ту,
Лам якун баъд аз набӣ мислат лаҳу куфуван аҳад.[22]

Қундӯзӣ - олими аҳли суннат, ривояти болоро дар китобаш Янобиъ-ул-маваддат нақл кардааст.[23] Ҳамчунин дар дигар манобеи аҳли суннат ривоёте бо ҳамин мазмун вуҷуд дорад, ки манзалати Амирулмуъминин Алӣ (а)-ро ҳамчун манзалати сураи Ихлос муаррифӣ мекунанд.[24]

Фазилат ва хосият

Сураи Тавҳид ба хатти Қосим Коро хушнависи муосири туркияӣ
Мақолаи аслӣ: Фазилати сураҳо

Аз Пайғамбар (с) ва Имом Боқир (а) нақл шудааст, сураи Тавҳид баробар бо сеяки Қуръон аст.[25][Ёддошт 4] Аз Имом Ризо (а) низ ривоят шудааст, ҳар кас сураи Тавҳидро бихонад ва ба он имон дошта бошад, тавҳид(ваҳдонияти Худо)-ро шинохтааст.[26] Аз Пайғамбар ҳам омада ин сураро зиёд бихонед; зеро ин сура нури Қуръон аст.[27] Аз Имом Алӣ (а) ривоят шудааст, ҳар кас сураи Тавҳид ва Қадрро дар рӯз ё шабаш сад бор бихонад, Худованд баъд аз маргаш нуре дар қабри ӯ қарор медиҳад ва нуре дар пешу паси ӯ қарор гирифта ва ӯро то биҳишт ҳамроҳӣ мекунад.[28] Имом Содиқ (а) низ мефармояд: ба ҳар касе рӯзе бигузарад ва дар намозҳои 5-гонааш сураи Тавҳидро нахонад ба ӯ гуфта мешавад, ту аз намозгузорон нестӣ.[29]

Дар манобеи ривоӣ барои қироати ин сура хосиятҳое чун: ором гирифтани дарди чашм[30], эминии шахс ҳангоми сафар (агар 11 бор бихонад)[31] ва ҳамчунин нигаҳбонии 50 фиришта аз қории ин сура ҳангоми хоб,[32] рафъи фақру тангдастӣ,[33] бахшиши гуноҳон (агар 200 мартаба дар шаб ё рӯзи ҷумъа дар ду намози дуракъатӣ бихонад)[34] ва ҳамчунин истиҷобати дуо (агар дар ракъати аввал баъд аз Ҳамд Тавҳид бихонад)[35] зикр шудааст.

Хондани сураи Тавҳид

Ба қироати сураи Ихлос дар намозҳои фарз бисёр супориш шудааст. Гуфта шудааст, макруҳ аст дар ду ракаъат намоз сураи воҳид хонда шавад, магар сураи Тавҳид.[36] Бар хилофи дигар сураҳои Қуръон, ки намозгузор метавонад, пеш аз расидан ба нисф, аз он даст бикашад ва ба қироати сураи дигар бипардозад, дар мавриди сураи Ихлос ва сураи Кофирун ин иҷоза истисно шуда ва намозгузор бояд бо шурӯъ ба қироати ин ду сура, онро ба поён бирасонад.[37]

Қироати сураи Ихлос дар бисёре аз намозҳои мустаҳаб монанди намози Амирулмуъминин (а) ва хондани панҷоҳ бор дар ҳар ракъат аз чаҳор ракъат ва низ хондани панҷоҳ бор дар ракъати аввали намози ҳазрати Фотима (с).[38] Дар ракъати аввали ду ракъати аввали намози шаб,[39] як ракъати витр,[40] нофилаи субҳ, ракъати аввали нофилаи зуҳру мағриб, намози эҳром ва намози тавоф[41] ва низ ҳангоми зиёрати аҳли қубур[42] ва вуқуф дар Арафот, мустаҳаб аст.[43] Тавсия шудааст, ҳангоми убур аз қабристон ёздаҳ маротиба сураи Ихлос хонда шавад ва савоби он ба мурдагон ҳадя шавад.[44]

Сураи Ихлос дар шеър ва адаби форсӣ

Сураи Ихлос ва мазомини он дар адабиёти форсӣ бозтобҳое дошта, ки байтҳои зер намунаҳое аз он аст:

Мавлавӣ:

Ғарқаи нуре, ки ӯ лам юлад аст
Лам ялид, лам юлади он Эзад аст
Лам ялид лам юлад Ӯро лоиқ аст
Волиду мавлудро Ӯ холиқ аст[45]

Ишқномаи Ироқӣ:

Ҳамди беҳад кирдигори аҳад
Самади лам ялид ва лам юлад[46]

Саноӣ

Ватру Қуддусу воҳид асту Самад
Васфи ӯ лам ялид ва лам юлад[47]

Такнигориҳо

Ин сура илова бар инки дар тафсирҳои шомили кулли Қуръон, тафсир шудааст тафсирҳои мустақиле низ дорад аз ҷумла:

  1. Тафсири сураи Ихлос [нусхаи хаттӣ], асари Муҳаммад ибни Асъад Сиддиқии Давонӣ.[48]
  2. Тафсири сураи Ихлос, асари имом Мусо Садр, тарҷума: Маҳдии Фаррухиён, ношир: муассисаи фарҳангии таҳқиқотии имом Мусо Садр, 1388ҳ.ш.[49]

Матн ва тарҷума

Сураи Ихлос

Ба номи Худованди раҳматгари меҳрубон

Бигӯ: «Ӯст Худои ягона, (1) Худои самад [собит - мутаъолӣ], (2) [касеро] назода ва зода нашудааст, (3) ва ҳеҷ кас Ӯро ҳамто нест!». (4)

Эзоҳ

  1. Доират-ул-маорифи Қуръони Карим, ҷ.2, саҳ.355-356.
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.387.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.10, саҳ.479.
  4. Доират-ул-маорифи Қуръони Карим, ҷ.2, саҳ.355-356.
  5. Хуррамшоҳӣ, Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, саҳ.1270 ва 1271
  6. Табарсӣ, Тафсири Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.10, саҳ.479.
  7. Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.140.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1374ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.387.
  9. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.166.
  10. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, саҳ.1270 ва 1271.
  11. Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.145.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, тарҷума, 1374ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.669.
  13. Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 182, тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ, ҷ.1, саҳ.175.
  14. Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.76.
  15. Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи муассисаи фарҳангии Қуръон ва итрати Нуруссақалайн, Қум, нашри нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш.
  16. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, ҷ.27, саҳ.428.
  17. Абулфутуҳ Розӣ, Равз-ул-ҷанон, ҷ.20, саҳ.465.
  18. Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.140.
  19. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, ҷ.6, саҳ.411 - 410.
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.389.
  21. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-яқин, 1411ҳ.қ., саҳ.298.
  22. Оқобузурги Теҳронӣ, Кашкул, 1390ҳ.ш., таҳқиқи Ҳусайнии Ашкурӣ, Сайидҷаъфар.
  23. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.376.
  24. Ниг.: Ибни Шоҳини Бағдодӣ, Ҷузъун мин ҳадиси Ибни Шоҳин, саҳ.340 - 341; Ибни Мағозалӣ, Маноқибу Амирулмуъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.108.
  25. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, ҷ.8, саҳ.678 то 680; Қутби Ровандӣ, ад-Даъавот, мадрисаи Имом Маҳдӣ, саҳ.217.
  26. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.122.
  27. Қутби Ровандӣ, ад-Даъавот, мадрасаи Имом Маҳдӣ, саҳ.84.
  28. Қутби Ровандӣ, ад-Даъавот, мадрасаи Имом Маҳдӣ, саҳ.219.
  29. Кулайнӣ, Усули кофӣ, ҷ.2, саҳ.455.
  30. Баҳронӣ, Тафсир-ул-бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.798.
  31. Қутби Ровандӣ, ад-Даъавот, мадрасаи Имом Маҳдӣ, саҳ.295.
  32. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1377ҳ.ш., саҳ.289.
  33. Шайхи Садуқ, Хисол, 1403ҳ.қ., саҳ.626.
  34. Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.261.
  35. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.315.
  36. Ҳаким, Мустамсак-ул-урват, Дорултафсир, ҷ.6, саҳ.285.
  37. Кулайнӣ, Усули кофӣ, ҷ.3, саҳ.317.
  38. Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1390ҳ.ш., намози Амирулмуъминин.
  39. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.414.
  40. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.538.
  41. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.412.
  42. Кошифулғито, Кашф-ул-ғитоъ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.300.
  43. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.52.
  44. Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1383ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.702.
  45. Пойгоҳи интерентии ганҷур
  46. Пойгоҳи интерентии ганҷур
  47. Пойгоҳи интерентии ганҷинаи ашъори форсӣ
  48. Созмони аснод ва китобхонаи миллӣ
  49. Муассисаи фарҳангии таҳқиқотии имом Мусо Садр

Ёддошт


Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-яқин фи фазоили Амирулмуъминин, ба таҳқиқи Ҳусайн Даргоҳӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон, Теҳрон, бунёди беъсат, 1416ҳ.қ.
  • Доиратулмаорифи Қуръони Карим, таҳия ва тадвин: пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Қум, муассисаи Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон: дӯстон - ноҳид, 1377.
  • Ибни Мағозалӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Фазоил-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, Бейрут, Дорулазвоъ, 1424ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Ҷаъфар, Кашф-ул-ғито ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарроъ, Қум, интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1422ҳ.қ.
  • Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат ли завӣ-л-қурбо, ба таҳқиқи Алии Ҳусайнӣ, Қум, Дорул-усва, 1416ҳ.қ.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон: Дорулқуръонилкрим, 1418ҳ.қ./1376ҳ.ш.
  • Қутби Ровандӣ, Сайид ибни Ҳибатуллоҳ, ад-Даъавот, ба таҳқиқи мадрасаи Имом Маҳдӣ, Қум, нашри мадрасаи Имом Маҳдӣ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкитобил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръон, [беҷо], маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, ҷ.1, 1371ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Қум, 1417ҳ.қ.
  • Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷанон ва рӯҳ-ул-ҷинон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, бунёди пажӯҳишҳои исломии остони қудси Разавӣ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин Абдурраҳмон, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин Абдурраҳмон, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, тасҳеҳ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Теҳрон, нашри Амиркабир, 1376ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тарҷумаи Бесутунӣ, Машҳад, остони қудси Разавӣ, 1390ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, Шарифи Разӣ, 1377ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, тарҷумаи Сайидмуҳаммадбоқир Мӯсавии Ҳамадонӣ, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, ҷ.5, 1374ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф фи-л-аҳком, Қум, ҷомеъаи мударрисин, 1407ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, муассисаи фиқҳушшиъа, 1411ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, Қум, Дорултафсир.
  • Ҳувайзӣ, Абдуъалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, ба тасҳеҳи Ҳошими Расулӣ, Қум, нашри Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, дафтари интишороти исломӣ, Қум, ч: дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, ҷомеъаи мударрисин, 1403ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Бейрут, муассисатул- Аъламӣ лилматбуъот, 1404ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found