Воқеаи Сақифаи Банӣ Соида

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сақифа)

Ин мақола дар бораи воқеаи Сақифаи Банӣ Соида аст. Барои ошноӣ бо маконе ба номи сақифа, Сақифаи Банӣ Соидаро бубинед.

Воқеаи Сақифаи Банӣ Соида
Маҳали Сақифаи Банӣ Соида дар қарни 15ҳ.қ.
Маҳали Сақифаи Банӣ Соида дар қарни 15ҳ.қ.
Шарҳи моҷароТаъини ҷонишин барои Пайғамбар (с)
ЗамонСоли 11ҳ.қ.\Пас аз реҳлати Пайғамбар (с)
МаконМадина - Сақифаи Банӣ Соида
НатиҷаҒасби хилофат • Интихоби Абубакр ба ҷонишинии Пайғамбар (с)
ПаёмадҳоҲуҷум ба хонаи Фотима (с)Шаҳодати Ҳазрати Фотима (с)Мусодираи ФадакВоқеаи Карбало
ВокунишҳоЭътирози Имом Алӣ (а), Фотима (с) ва бархе аз саҳоба
ДахлдорВоқеаи Ғадири хум


Воқеаи Сақифаи Банӣ Соида (форсӣ: واقعه سقيفه بني ساعده) нахустин воқеаи баъд аз реҳлати Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар соли 11 қамарӣ буд, ки дар он Абубакр ибни Абиқаҳофа ба унвони халифаи мусулмонон интихоб шуд. Пас аз вафоти ҳазрати Муҳаммад (с) Имом Алӣ (а) ва бархе дигар аз саҳоба машғули тадоруки маросими тадфини ӯ буданд, дар ҳамон замон иддае аз Ансор ба раҳбарии Саъд ибни Убода бузурги қабилаи Хазраҷ, дар сақифаи Банӣ Соида ҷамъ шуданд, то барои интихоби раҳбари пас аз Пайғамбар (с) тасмим бигиранд.

Ба назари бархе таърихнигорон, ин иҷтимои ансор, фақат барои таъйини ҳокиме барои шаҳри Мадина будааст, аммо бо вуруди бархе аз муҳоҷирон ба ҷаласа, муҷодилот ба самти таъйини ҷонишини Пайғамбар барои раҳбарии тамоми мусулмонон тағйири масир дод ва дар ниҳоят, бо Абубакр ба унвони халифаи мусулмонон байъат шуд. Бинобар нақли манобеи таърихӣ, ба ҷуз Абубакр, ки аз тарафи муҳоҷирон сухан мегуфт, Умар ибни Хаттоб ва Абуубайдаи Ҷарроҳ низ дар Сақифа ҳозир будаанд.

Аҳли суннат барои машруиятбахшӣ ба ҳокимият ва хилофати Абубакр ба асли иҷмоъ истинод кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи таърихнигорон интихоби Абубакр мавриди қабули умумӣ набудааст. Пас аз ин воқеа, афроде монанди ҳазрати Алӣ (а), Фотимаи Заҳро (с), Фазл ва Абдуллоҳ писарони Аббос - амаки Пайғамбар, ва низ бархе асҳоби маъруфи Пайғамбар монанди Салмони Форсӣ, Абӯзари Ғифорӣ, Миқдод ибни Амр, Зубайр ибни Аввом ва Ҳузайфа ибни Ямон ба баргузории шӯрои сақифа ва натиҷаи он эътироз карданд. Шиаён, воқеаи Сақифа ва натиҷаи онро бар хилофи суханони Пайғамбар (с) дар бораи ҷонишинии Имом Алӣ (а) ба вижа дар Ғадири Хум, медонанд.

Дар манобеи таърихӣ, воқеаи Сақифа гузориш шудааст. Ҳамчунин осоре низ барои баррасӣ ва таҳлили он навишта шудааст ва низ мусташриқоне монанди Ҳенрӣ Ламменс, Коитонӣ ва Вилферд Маделунг дар таълифоте ба нақл ва баррасии воқеаи Сақифа пардохтаанд. Китоби The succession to Muhammad (ба форсӣ: «جانشینی حضرت محمد») асари Маделунг ва назарияи мусалласи қудрат аз Ҳенрӣ Ламменс аз маъруфтарини онҳо ҳастанд.

Маҳалли воқеа

Мақолаи аслӣ: Сақифаи Банӣ Соида

Сақифа, маконе ба шакли суфа ё соябон будааст, ки товифаҳои араб барои машварат дар тасмимоти умумӣ, он ҷо ҷамъ мешуданд.[1] Сақифае, ки баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) бархе аз муҳоҷирон ва ансор дар он гирд омаданд, мутааллиқ ба қабилаи Банӣ Соида аз қавми Хазраҷи сокин дар Мадина, ки пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар, ҷаласоти ин гурӯҳ дар он маҳал ташкил мешуд. Ин макон пас аз вуруди Пайғамбар ба Мадина, ба муддати даҳ сол (то замони реҳлати Пайғамбар), амалан корбарии худро аз даст дод ва дар ҳангоми гирдиҳамоии муҳоҷирону ансор барои таъйини ҷонишини ҳазрати Муҳаммад (с) дубора ҷамъомаде дар он падид омад.[2]

Шарҳи воқеа

Ба гуфтаи Вилфред Маделунг (ваф. 2023) исломшиноси олмонӣ, ривояти аслӣ дар бораи иҷтимоъ дар Сақифаи Банӣ Соида ба Абдуллоҳ ибни Аббос аз Умар ибни Хаттоб бармегардад. Тамоми ривоёти дигар аз ин иттилоот истифода карда, ё аз он моя гирифтаанд. Ин ривоётро, бо андак тағйире дар силсилаи ровиёни мухталиф, Ибни Ҳишом, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Абдурразоқ бен Ҳаммом, Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ ва Ибни Ҳанбал нақл кардаанд.[3]

Баъди хабардор шудани мусулмонони Мадина аз вафоти Пайғамбари Ислом (с) иддае аз ансор барои тасмимгирӣ дар бораи вазъияти худ ва ҳамчунин чораҷӯӣ дар бораи масъалаи ҷонишинии Расули Худо, дар Сақифаи Банӣ Соида гирд омаданд. Мутобиқи манобеи таърихӣ дар оғози ин ҷаласа Саъд ибни Убода, бузурги қабилаи Хазраҷ ба хотири шиддати беморӣ ба воситаи фарзандаш бо ҷамъият сухан гуфт.[Ёддошт 1] Ӯ бо зикри далоиле, ҷонишинии Пайғамбари Исломро ҳаққи ансор донист ва ононро ба гирифтани идораи умур даъват намуд. Ҳозирон, суханони ӯро таъйид карда ва эълом намуданд, ки Саъдро ба унвони ҳоким бар худ интихоб намуда ва таъкид карданд, ки бар хилофи назари ӯ коре анҷом надиҳанд.[4] Аммо бархе аз ҳозирон эҳтимоли мухолифати муҳоҷирон бо ин тасмимро матраҳ карданд ва имкони таслим нашудани онон дар баробари тасмими ин ҷамъро доданд. Ин эҳтимол пешниҳоди интихоби амире аз ансор ва амире аз муҳоҷиронро дар пай дошт.[5]

Гузориши ин иҷтимоъ ва иллати барпоии он ба Абубакр ибни Абиқаҳофа ва Умар ибни Хаттоб расид ва ин ду ба ҳамроҳи Абуубайдаи Ҷарроҳ ба Сақифа рафтанд. Бо вуруди онон ба ин ҷамъ, Абубакр бо ҷилавгирӣ аз суханронии Умар, ибтикори амалро дар даст гирифта, тайи суханоне ба бартарии муҳоҷирон ва авлавияти Қурайш барои ҷонишинии Пайғамбар пардохт.[6] Ин суханон бо мухолифат ва мувофиқати ҳозирон анҷомид ва бархе низ ба шоистагии Алӣ (а) ва байъат накардан бо ғайри ӯ ишора карданд,[7] вале дар ниҳоят Абубакр, Умар ва Абуубайдаро ба унвони афроди шоиста барои ин мақом муаррифӣ кард. Ин ду тан тайи суханоне бо пешниҳоди Абубакр мухолифат карданд.[8]

Ба гузориши Таърихи Табарӣ (навишташуда дар 303ҳ.қ.), Умар ибни Хаттоб дар бораи ин лаҳазот гуфтааст: дар ин лаҳза сарусадо ва ҳамҳамаи ҳозирон аз ҳар тараф бархост ва суханони номафҳум аз ҳар тараф шунида мешуд, то он ҷо ки тарсидам ихтилоф, муҷиби азҳамгусехтагии шерозаи кори мо бишавад. Ин буд, ки ба Абубакр гуфтам: дастатро дароз кун, то бо ту байъат кунам, аммо пеш аз он ки дасти Умар дар дасти Абубакр қарор бигирад, Башир ибни Саъди Хазраҷӣ аз руқабои Саъд ибни Убода, пешдастӣ карда, даст ба дасти Абубакр заду бо ӯ байъат кард.[9]

Пас аз ин иттифоқ, ҳуҷуми ҳозирон дар Сақифа барои байъат бо Абубакр оғоз шуд, то ҷое ки аз шитоби афрод, ин эҳтимол вуҷуд доштааст, ки Саъд ибни Убодаи бемор, зери даступои онҳо лагадмол шавад. Ин ҷараён муҷиби даргирии тунде байни Умар, Саъд ва Қайс ибни Саъд шуд, ки ин бархӯрдҳо бо дахолати Абубакр ба поён расид.[10] [Ёддошт 2]

Мунозироти Сақифа

Дар маҳали Сақифа гуфтугӯҳои бисёре байни ансори ҳозир буда ва муҳоҷироне, ки бо таъхир ба онон мулҳақ шуданд, раддубадал гардид, ки ҳар як ба навбаи худ таъсиргузор буд, вале бештарин таъсир дар суханони Абубакру ҳамроҳонаш буд. Бархе аз муколимоти барқароршуда дар он замон аз афроди зер аст:

  • Саъд ибни Убода: ӯ умдатан дар ибтидои ҷаласа ва пеш аз вуруди Абубакру ҳамроҳонаш сухан гуфт ва албатта ба хотири нотавониаш бар асари беморӣ, суханонашро фарзандаш ба ҷамъият иблоғ менамуд. Муҳмитарин суханонаш иборатанд аз: зикри маноқиб ва собиқаи ансор, бартарии онон бар дигар гурӯҳҳои мусулмон, хадамоти ин ҷамоат ба Ислому Пайғамбар (с) ва ризояти Пайғамбар аз ансор ҳангоми вафот. Вай бо ин истидлолҳо ансорро шоистатар барои ҷонишинӣ эълом карда, ононро ба иқдом барои ба дастгирии зимоми умур даъват намуд ва пешниҳоди интихоби амире аз ансор ва амире аз муҳоҷиронро шикаст ва ақибнишинӣ медонист.[11]
  • Абубакр: суханони ӯ таъйинкунандаи натиҷаи ин иҷтимоъ буд. Вай дар чанд навбат суханоне эрод кард, ки чакидаи онҳо чунин аст: имтиёзи муҳоҷирон бар ансор аз ҷумла пешгомии онон дар тасдиқи рисолати Пайғамбар (с), сабқати онон дар имон ва ибодати Худо, робитаи хешовандӣ ва ё дӯстии муҳоҷирон бо Пайғамбар; авлавияти муҳоҷирон барои ҷонишинии Пайғамбар ба ҳамин далоил, маноқиб ва собиқаи ансор ва шоистагӣ ва авлавияти онон барои тасаддии мақоми вазорат ва на, ҳукумат, наҳйи мухолифат бо ҷонишинии муҳоҷирон.[12]
  • Ҳабоб ибни Мунзир: ӯ ду ё се навбат дар Сақифа сухан гуфт, ки ҳар бор суханонаш таҳрик ва ё таҳдидомез алайҳи муҳоҷирон ба хусус Абубакру Умар буд.[13] Вай дар навбате боз ҳам пешниҳоди амире аз ҳар қавмро матраҳ кард.[14]
  • Умар ибни Хаттоб: Умар бештари суханони Абубакрро таъйид ва бо истидлолҳое бар он таъкид кардааст. Бархе аз ин далоил иборатанд аз: қатъияти ин ки аъроб бо ҷонишинии хонаводаи Пайғамбар мухолиф нестанд, интихоби ду амир аз ҳар як аз ду гурӯҳ мумкин нест, чароки ду шамшер дар як ғилоф нағунҷанд.[15]
  • Абуубайдаи Ҷарроҳ: ӯ дар сухане хитоб ба ансор ононро аз табдил ва тағйири дин ва асоси ваҳдати мусулмонон, наҳй кардааст.[16]
  • Башир ибни Саъд: ӯ аз қавми Хазраҷ ва ансорӣ аст. Вай дар чанд навбат истидлолҳои Абубакру ҳамроҳонашро таъйид карда ва бо алфозе монанди тарс аз Худо ва мухолифат накардан бо як ҳаққи мусаллам, ансорро аз мухолифат бо муҳоҷирон манъ кардааст.[17]
  • Абдурраҳмон ибни Авф: мақом ва фазилати афроде монанди ҳазрати Алӣ (а), Абубакр ва Умарро ёдоварӣ карда, ансорро маҳрум аз чунин бузургоне муаррифӣ кардааст.[18]
  • Зайд ибни Арқам: вай аз ансор аст. Дар Сақифа ва дар муқобили истидлолҳои Абубакр ва Абдурраҳмон ибни Авф, Алӣ (а)-ро он фарде муаррифӣ мекунад, ки тамоми ин вижагиҳоро дорад ва агар барои байъат гирифтан пешқадам мешуд касе бо ӯ мухолифат намекард.[19]

Гурӯҳҳои ҳозир

Бештари гузоришҳои манобеи аҳли суннат перомуни Сақифаи Банӣ Соида аз ҳузур ва мушорикати сиёсии умуми муҳоҷирону ансор дар ин воқеа дорад,[20] ҳол он ки бисёре аз манобеъ аз ду марҳалаи байъат бо Абубакр ёд кардаанд, ки иборатанд аз: 1- байъати рӯзи Сақифа. 2- байъати бақияи ҳозирон дар шаҳри Мадина, ки рӯзи пас аз воқеаи Сақифа иттифоқ афтода ва аз он бо унвони байъати ом ёд мешавад.[21]

Ба гуфтаи Велфред Маделунг, аз байни муҳоҷирин танҳо Абубакр, Умар ва Абуубайда дар ҷаласаи Сақифа ҳузур доштанд, ки имкони ҳамроҳии чанд мулозими шахсӣ, аъзои хонавода ва маволии ин се нафар низ дур аз зеҳн нест. Ҳамин гуна бархе муҳаққиқон ҳузури Солим бандаи озодшудаи Абуҳузайфаро зикр мекунанд, ки аз нахустин афроде буд, ки дар Сақифа бо Абубакр байъат кард; ҳарчанд ҳеҷ як аз манобеи муътабари нахустин, дар бораи ҳузури ӯ сухане ба миён наёвардаанд. Манобеъ дар бораи ҳузури дигар муҳоҷирон, ҳатто асҳоби мартабаи миёна ё поин ғайр аз ин афрод, сухане ба миён наоварда‎анд.[22] Бархе муҳаққиқон бо истинодоте тасреҳ кардаанд, ки теъдоди муҳоҷирони ҳозир дар Сақифа бисёр кам будааст.[23]

Маъруфтарин ансори ҳозир дар Сақифа ба гузориши манобеъ иборатанд аз: Саъд ибни Убода, писараши Қайс, Башир ибни Саъд писарамак ва рақиби Саъд, Усайд ибни Ҳузайр, Собит ибни Қайс, Бароъ ибни Озиб, Ҳабоб ибни Мунзир.[24]

Ибни Қутайба бо иборати «агар Саъд ёроне барои ҷанг бо онон меёфт, бешак бо онон мубориза мекард»[25], кинояе дар бораи иҷмоъ надоштани ансор ба хотири кам будани теъдодашон дар иҷтимои Сақифа дорад.[26]

Ангезаи ансор аз таҷаммуъ дар Сақифа

Бархе таҳлилгарон ҷамъ шудани ансор дар Сақифаро ба сабаби тарс аз оянда ва сарнавишташон пас аз реҳлати Расули Худо (с) медонанд; ба вижа ки пас аз фатҳи Макка аз шаклгирии ҷабҳаи муттаҳиди Қурайш ба гунае, ки мувозинатро дар оянда ба зарари онҳо рақам занад, нигарон буданд. Тарафдорони ин назария эҳтимоли итилоъ ёфтани ансор аз нақшаи тарроҳишуда тавассути гурӯҳе аз муҳоҷирон барои ҷонишинии Пайғамбарро низ бетаъсир намедонанд.[27]

Баъзеи дигар аз нависандагон иҷтимои Сақифаро натиҷаи ин масоил медонанд:

  • Ансор ба воситаи фидокориҳо ва эҳдои ҷон, мол ва фарзандони худ дар роҳи Ислом, ин динро монанди фарзанди худ дониста ва барои ҳифзи он касеро шоистатару дилсӯзтар аз худ намедонистанд.
  • Тарси ансор аз интиқоми Қурайш, ба ин иллат, ки умдаи сарони ин қавм дар ҷангҳои Пайғамбар бо шамшери ансор кушта шуда буданд. Илова бар ин Пайғамбар ба онон зулм, ҷавр ва истибдоди ҳокимонро пас аз худ ваъда дода буд ва ансорро дар ин мавқеъият ба сабру таҳаммул даъват карда буд.
  • Эҳсоси ансор аз ин ки Қурайш зери бори сухани Пайғамбар дар бораи Алӣ (а) нахоҳанд рафт.[28]

Ба назари бархеи дигар, Абубакр дар масҷид хабари марги Пайғамбар (с)-ро расман эълом кард ва иҷтимое аз оммаи мардуми Мадина атрофашро гирифта ва бо ӯ байъат карданд. Ин ҷараён муҷиби шубҳае дар зеҳни гурӯҳи ансори ҳозир дар Мадина мабнӣ бар ҷоиз будани таъйини халифае аз ансор, эҷод кард ва дар пайи ин тафаккур иҷтимои Сақифа воқеъ шуд.[29]

Мавзеъгирии саҳоба ва бузургони Қурайш

Ибни Қутайба:

«Банӣ Умайя дар гирди Усмон буданд, Банӣ Зуҳра бар гирди Саъд ва Абдурраҳмон ибни Авф. Онон ҳамагӣ дар масҷиди бузург гирд омада буданд, ҳангоме, ки Абубакру Абуубайда ба тарафи онон омаданд ва мардум бо Абубакр байъат карда буданд, Умар ба ононе ки дар масҷид гирд омада буданд гуфт: чӣ шудааст, ки шумо дар дастаҳои пароканда гирд омадаед? Бархезед ва бо Абубакр байъат кунед, ман бо ӯ байъат кардаам. Пас аз суханони Умар Усмон ибни Аффон ва касоне ки аз Банӣ Умайя буданд бо Абубакр байъат карданд. Ҳамчунин Саъду Абдурраҳмон ва ононе ки бо ин ду ҳамъақида буданд.»

Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1990, ҷ.1, саҳ.28

Алӣ (а), Аҳли Байти Пайғамбар ба ҳамроҳи бархе аз муҳоҷирон ва ансор бо байъат бо Абубакр мухолифат карданд, ки бинобар нақлҳои таърихӣ бархе аз онҳо иборатанд аз: Аббос ибни Абдулмутталиб, Фазл ибни Аббос, Зубайр ибни Аввом, Холид ибни Саид, Миқдод ибни Амр, Салмони Форсӣ, Абӯзари Ғифорӣ, Аммори Ёсир, Бароъ ибни Озиб, Убай ибни Каъб.[30]

Бархе аз ин асҳоб ва ё бузургони Қурайш, дар мавоқеъи мухталиф ба салоҳият надоштани Абубакр барои ҷонишинии Пайғамбар низ ишора кардаанд. Баъзе аз ин изҳорот иборатанд аз:

  • Фазл ибни Аббос дар суханоне, Қурайшро ба иғфолу пардапӯшӣ муттаҳам ва Аҳли Байти Пайғамбар ва ба вижа Алӣ (а)-ро барои ҷонишинӣ сазовортар эълом кард.[31]
  • Салмони Форсӣ дар гуфтугӯҳояш бо мусулмонон байъати Сақифаро хато ва онро ҳаққи Аҳли Байти Пайғамбар шуморидааст.[32]
  • Абӯзари Ғифорӣ рӯзи воқеа дар Мадина набуд ва пас аз вуруд ба шаҳр аз хилофати Абубакр бохабар шуд. Бинобар манобеъ, вай ҳамон лаҳзаи бохабар шудан аз воқеа[33] ва низ дар аҳди Усмон ибни Аффон, аз ҳаққонияти Аҳли Байт барои ҷонишинии Пайғамбар сухан гуфтааст.[34]
  • Миқдод ибни Амр рафтори мусулмонон дар пайравӣ аз тасмимоти Сақифаро шигифтовар хонда ва ба ҳаққонияти Имом Алӣ (а) таъкид кардааст.[35]
  • Умар ибни Хаттоб дар соли охири зиндагиаш, дар хутбаи умумӣ гуфт: «Байъат бо Абубакр лағзиш ва иштибоҳе буд, ки анҷом гирифту гузашт, оре, чунин буд, вале Худованд мардумро аз шарри он лағзиш ҳифз фармуд, ҳар кас ба ин шакл дар интихоби халифа амал намуд, ӯро бикушед!».[36]
  • Абусуфён, ки тавассути Пайғамбар барои коре берун аз Мадина фиристода шуда буд, пас аз вуруд ба Мадина ва огоҳӣ аз вафоти Пайғамбар ва байъати Сақифа дар бораи вокуниши Алӣ (а) ва Аббос ибни Абдулмуталлиб пурсид. Бо итилоъ аз хонанишинии ин ду нафар гуфт: «ба Худо савганд, агар барои эшон зинда бимонам, пояшонро бар фарози баландӣ расонам» вай изофа кард: «ман гарду ғуборе мебинам, ки ҷуз бориши хун, чизе онро фурӯ нанишонад».[37] Ба гузориши манобеъ, Абусуфён бо вуруд ба Мадина ашъоре дар ҳимоят аз ҷонишинии Алӣ (а) ва низ дар мазаммати Абубакру Умар хондааст.[38] [Ёддошт 3]
  • Муовия ибни Абисуфён дар номае ба Муҳаммад ибни Абубакр (дар солҳо пас аз воқеаи Сақифа), гуфтааст: «...падари ту ва форуқаш Умар, аввалин касоне буданд, ки ҳаққи Алӣ (а)-ро ғасб карданд ва бо вай мухолифат намуданд. Ин ду, дасти иттифоқ ба якдигар доданд; сипас Алӣ (а)-ро ба байъати худ хонданд. Чун Алӣ (а) худдорӣ карду истинкоф варзид, тасмимҳои нораво гирифтанд ва андешаҳои хатарноке дар бораи ӯ намуданд, то дар натиҷа Алӣ бо онон байъат кард.»[39]

Ҳамчунин ҳангоми байъат гирифтан барои Абубакр дар масҷид, Банӣ Умайя гирди Усмон ҷамъ шуда буданд ва Банӣ Зуҳра аз тоифаҳои Қурайш ҳам бар интихоби Абдурраҳмон ибни Авф ва ё Саъд ҳамназар буданд, ки бо талошҳои Умар ҳозир шуданд бо Абубакр байъат кунанд.[40]

Вокуниши Алӣ (а)

«Ҳон! Ба Худо қасам Абубакр писари Абуқуҳофа ҷомаи хилофатро пӯшид дар ҳоле ки медонист ҷойгоҳи ман дар хилофат чун меҳвари санги осиёб ба осиёб аст, сели дониш аз вуҷудам ҳамчун сел сарозер мешавад ва мурғи андеша ба қуллаи манзалатам намерасад. Аммо аз хилофат чашм пӯшидам, ва рӯй аз он бартофтам ва амиқан андеша кардам, ки бо дасти буридаву бе ёру ёвар биҷангам, ё он арсагоҳи зулмати курро таҳаммул намоям, фазое, ки пирон дар он фарсуда, ва камсолон пир ва муъмин то дидори Ҳақ дучори машаққат мешавад!»

Наҳҷулбалоға, Хутбаи сеюм, тарҷумаи Ҳусайни Ансориён

Дар рӯзи сақифа Алӣ (а) бо Абубакр байъат накард ва пас аз он дар хусуси қабули байъат ва низ замони байъати ӯ, байни таърихнигорон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ба гуфтаи Шайхи Муфид (ваф. 413ҳ.қ.) олими шиа, муҳаққиқоне аз шиа бар онанд, ки Алӣ ибни Абутолиб ҳаргиз бо Абубакр байъат накард.[41]

Алӣ (а) дар ҳамон рӯзҳои нахустин, ки омилони Сақифа саъй дар иҷбори ӯ ба байъати бо Абубакр доштанд, дар суханоне хитоб ба онон гуфт:

«Ман аз шумо ба хилофати сазовортарам, ман бо шумо байъат нахоҳам кард ва шумо сазовортаред, ки бо ман байъат кунед, шумо хилофатро аз ансор гирифтед, ва ба қаробату наздикӣ бо Расули Худо бар онҳо эҳтиҷоҷ кардед ва ба онҳо гуфтед: чун мо ба Пайғамбар наздиктарем ва аз ақрабои ӯ ҳастем, ба хилофат сазовортар аз шумо ҳастем, ва онҳо низ бар ҳамин асос, пешвоӣ ва имоматро ба шумо доданд. Ман низ бо ҳамон имтиёзу хусусият, ки шумо бар ансор эҳтиҷоҷ кардаед, бо шумо эҳтиҷоҷ мекунам (яъне ҳамон қаробату наздикӣ бо Расули Худо), пас агар аз Худо метарсед бо мо аз дари инсоф дароед ва ҳамонро, ки ансор барои шумо пазируфтанд, шумо низ барои мо бипазиред, вагарна дониста ба ситаму зулм даст задаед!»[42]

Ба гузориши бархе манобеъ, Алӣ (а) мунозираи мулоим, аммо сареҳу ошкор бо Абубакр дошт ва тайи он Абубакрро ба хатояш дар воқеаи Сақифа дар нодида гирифтани ҳаққи Аҳли Байти Пайғамбар (с) маҳкум кард, Абубакр бо пазириши истидлолҳои Амирулмуъминин мунқалиб шуд ва то марзи байъат бо Алӣ (а) ба унвони ҷонишини Пайғамбар низ пеш рафт, аммо пас аз машварати бархе ёронаш аз ин кор даст нигаҳ доштааст.[43]

Абдулҳусайни Зарринкуб:

«Хилофат, ки дар рӯзҳои охири ҳаёти Пайғамбар назди бисёре аз мардум ҳаққи Алӣ ибни Абутолиб дониста мешуд, аз дасти Алӣ хориҷ гашта, байни дигарон даст ба даст шуд ва Алӣ (а) ҳам чанде баъд, ки Фотима вафот ёфт, хоҳу нохоҳ байъат кард!»[44]

Алӣ (а) ба муносибатҳои мухталиф ва дар суханонаш ба моҷарои Сақифа эътироз карда, ҳаққи худро дар ҷонишинии Пайғамбари Ислом ёдоварӣ намудааст. Хутбаи Шиқшиқия аз хутбаҳое аст, ки ӯ дар он ба ин воқеа ишора кардааст. Вай дар ибтидои ин хитоба гуфтааст: «Ба Худо қасам, фарзанди Абуқаҳофа (Абубакр) хилофатро монанди пероҳан дар бар кард, ҳарчанд, ки илм дорад, ман барои хилофат монанди меҳвари осиёб ҳастам, ки илму фазилат аз сарчашмаи ман монанди сел сарозер мешавад ва парандагони ҳаво ба авҷи мақоми ман намерасанд!»[45] Ба гуфтаи Сайид Алии Хоманаӣ меъёри Имом Алӣ (а) дар тамоми зиндагӣ аз ҷумла Сақифа қасби ризояти Худо будааст; ӯ чизеро ки ба нафъи Ислом ва мусулмонон буд, интихоб мекард.[46]

Ба гузориши бархе манобеи дигар, Алӣ (а) пас аз воқеаи Сақифа ва дар замони ҳаёти ҳазрати Заҳро (с) шабҳо духтари Пайғамбарро бар маркабе савор намуда, ба хонаҳо ва маҳофили ансор мебурду ёрӣ мехост, аммо посух мешунид: «эй духтари Пайғамбар! Бо Абубакр байъат кардаем, агар Алӣ зудтар меомад, аз ӯ удул намекардем, Алӣ (а) низ ҷавоб медод: оё Пайғамбарро дафн накарда, дар бораи хилофат низоъ мекардам?!»[47]

Вокуниши Фотима (с)

Фотимаи Заҳро (с) пас аз воқеаи Сақифа бо он мухолифат кард ва онро хилофи супоришоти Пайғамбар (с) эълом кард. Аз ҷумлаи ин мухолифатҳо суханоне аст, ки ҳазрати Фотима (с) ҳангоми вақоеъи марбут ба гирифтани байъат аз Алӣ (а) ва муҳосираи хонаи ӯ, эрод кард.[48] Ва низ хутбае маъруф ба хутбаи Фадакия, ки духтари Пайғамбар дар масҷиди Мадина эрод кард.[49]

Бинобар гузоришҳои таърихӣ, ҳазрати Заҳро (с) ҳангоме, ки дар бистари беморӣ охирин рӯзҳои зиндагии худро мегузаронд низ дар суханоне бо занони муҳоҷирон ва ансор, ки ба хабаргирии ӯ омада буданд, Сақифаро хуруҷ аз дастуроти Пайғамбар (с) донист ва дар бораи зарарҳое, ки дар оянда барои Ислом ба бор хоҳад овард, ҳушдор дод.[50]

Сақифа аз манзари мусташриқон

  • Ҳенрӣ Ламменс ва назарияи мусалласи қудрат

Ҳенрӣ Ламменс (1862 - 1937) назарияпардози белжикӣ, дар мақолаи «Мусалласи қудрат; Абубакр, Умар ва Абуубайда» иддао карда, ки ҳадафи муштарак ва ҳамкории наздики ин се тан дар замони ҳаёти Пайғамбар (с) оғоз шуда буд ва ин қудратро ба онон дод, ки хилофати Абубакру Умарро поягузорӣ кунанд ва агар Абуубайда дар даврони ҳаёти Умар аз дунё нарафта буд, қатъан ӯ халифаи мансуби баъдӣ аз ҷониби Умар буд. Вай дар пайи иддаое муътақид аст Оиша ва Ҳафса духтарони Абубакру Умар, ки аз ҳамсарони Пайғамбар буданд, падарони худро аз ҳар ҳаракату андешаи маҳрамонаи шавҳарашон огоҳ намуда ва ин ду тан муваффақ шуданд, нуфузи зиёде дар корҳои Пайғамбари Ислом дошта ва аз ҳамин роҳ будааст, ки дар пайи касби қудрат баромаданд.[51]

  • Назарияи Коитонӣ

Шарқшиноси италиянӣ, Леон Коитонӣ дар мабоҳиси муқаддамотии китоби “Таърихи Ислом” аз умқи ихтилофи байни Абубакр ва Банӣ Ҳошим ёд карда ва аз иддаои хилофати Абубакр дар ҷамъи ансор дар Сақифаи Банӣ Соида, чанд соат баъд аз реҳлати Пайғамбар (с), изҳори тааҷҷуб мекунад. Коитонӣ, ҷиддӣ будани билқувваи иддаои Алӣ (а)-ро барои хилофат, бо радди ривоёти мутадовил, ки Абубакр дар ҷамъи ансор дар иддаои худ барои ҷонишинӣ ба авлавияти ҳуқуқи Қурайш ба унвони қабилаи Пайғамбар (с) чанг мезанад, талвеҳан таъйид мекунад; зеро ин баҳси доияи Алӣ (а)-ро ки наздиктарин хешованди Пайғамбар буд тақвият мекард. Ба назари вай агар Муҳаммад (с) метавонист барои худ ҷонишине интихоб кунад, эҳтимолан Абубакрро бар ҳар каси дигаре тарҷеҳ медод; бо ин вуҷуд Коитонӣ дар яке аз ҷилдҳои баъдии китоби Таърихи Ислом, назарияи «Мусалласи қудрат: Абубакр, Умар ва Абуубайда»-и Ламменсро муносибтарин назария дар бораи решаҳои хилофат унвон мекунад.[52]

  • Вилферд Маделунг

Ӯ дар китоби Ҷонишинии Пайғамбари Ислом (с) ин мавзуъро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст. Вай муътақид аст бар хилофи эътиқоди аксари таърихнигорон, шӯрои Сақифа дар ибтидо, ҷиҳати таъйини халифаи мусулмонон роҳандозӣ нашуда буд ва аз он ҷо ки назарияи хилофат, ба унвони ҷонишинии Пайғамбар дар ҷомеаи исломӣ собиқае надошта, тасаввури ин ки ансор, бо таҷаммуи худ ба дунболи он буда бошанд, дур аз зеҳн аст.[53] Маделунг муътақид аст: ансор бо ин тасаввур, ки дар пайи реҳлати Муҳаммад (с) байъат бо ӯ низ ба поён расида ва фурӯпошии ҷомеаи сиёсие, ки Пайғамбар онро бино карда буд, муҳтамал аст, дар садади интихоби раҳбаре аз ансор барои идораи умури шаҳри Мадина буд ва ба ҳамин хотир бе машварат бо муҳоҷирон гирди ҳам ҷамъ шуданд.[54] Тасаввури ансор бар ин буд, ки муҳоҷирон далели муваҷҷаҳе барои иқомат дар Мадина надоранд ва ба шаҳри худ - Макка, муроҷиат хоҳанд кард ва ононе ки тамоюл ба мондан доранд эҳтимолан ҳукумати ансорро хоҳанд пазируфт.[55]

Вай ин фарзияи ҷиддиро матраҳ мекунад, ки фақат Абубакру Умар муътақид буданд, ки ҷонишини Муҳаммад (с) ҳоким бар тамоми араб аст ва чунин хилофате фақат шоистаи Қурайш аст.[56]

Маделунг муътақид аст Абубакр қабл аз реҳлати Пайғамбар (с) барои дастёбӣ ба хилофат тасмим дошта ва барои расидан ба ин орзӯ, қасд доштааст мухолифони қудратманди худро аз роҳ бардорад.[57] Дар раъси ин мухолифон, Аҳли Байти Муҳаммад (с) қарор дошт, ки дар Қуръон мартабае болотар аз соири мусулмонон ба онон ато шуда буд.[58] Ибтикори амали ансор дар баргузории иҷтимои Сақифа, фурсати муносибе барои Абубакр дар ҷиҳати расидан ба ҳадафаш фароҳам овард. Вай ибтидо Умар ва Абуубайдаро, ки дар он ҷамъ ҳеҷ эҳтимоли пирӯзие надоранд ба сурати намоишӣ ба унвони номзадҳои ҷонишинӣ матраҳ мекунад ва равшан аст, ки ин пешниҳод ҷиддӣ набуда ва фақат барои эҷоди мушоҷира байн ҷамъият будааст, то дар ниҳоят қазия ба нафъи вай тамом шавад.[59]

Ба эътиқоди Маделунг, истидлоли аҳли суннат ва донишмандони ғарбӣ аз ин ки Алӣ (а) ба хотири ҷавону бетаҷриба будан нисбат ба соири саҳоба монанди Абубакру Умари довталаби ҷиддӣ набуда, комилан хилофи воқеъ аст ва далоили дигаре аз ҷониби Абубакр муҷиби матраҳ нашудани Алӣ (а) шудааст.[60]

Воқеаи Сақифа аз манзари каломи шиа

Ба эътиқоди шиаён ҷамъ шудан дар Сақифа ва натиҷаҳои он хилофи дастуроти сареҳи Пайғамбар дар бораи ҷонишинии Имом Алӣ (а) пас аз худ аст. Шиа барои радди машруияти Сақифа ва исботи ҳаққонияти Алӣ (а) дар ҷонишинии Пайғамбар ба тафсири бархе оёти Қуръон, вақоеъи таърихӣ ва ривоёте истинод кардаанд, ки дар манобеи аҳли суннат низ вуҷуд дорад ва муҳимтарини онҳо воқеаи Ғадир ва ривоёти марбут ба он аст. Ба эътиқоди шиаён дар воқеаи Ғадири Хум, Пайғамбар, ҷонишинии Алӣ (а)-ро ба унвони икмоли рисолати худ ба мусулмонон эълом кард.[61]

Муҳаммадризо Музаффар, 17 ривояти мутавотир ва ё машҳур, ки марбут ба вақоеъи мухталифи таърихист, нақл мекунад, ки Пайғамбар дар зимни онҳо ба ҷонишинии Алӣ (а) пас аз худ бо тасреҳ ва ё киноя ишора кардааст. Воқеаи инзори ашира, ҳадиси Ғадир, Паймони ухувват, ғазавоти Хандақ ва Хайбар, садд-ул-абвоб, ва аҳодисе монанди Хосиф-ун-наъл, ҳадиси боби Мадинат-ул-илм, висоят ва «Ҳамоно Алӣ аз ман ва ман аз Алиям ва ӯ сарпарасти ҳамаи муъминон баъд аз ман аст!» аз он ҷумлаанд.[62] Ояти Вилоят[Ёддошт 4], ояти Татҳир[Ёддошт 5], ояти Мубоҳала[Ёддошт 6] низ оёте аз Қуръон ҳастанд, ки мутакаллимони шиа барои исботи ҷонишинии Алӣ (а) баъд аз Пайғамбар ба онҳо истинод кардаанд.[63]

Пайомадҳо

Бархе аз муҳаққиқон, бисёре аз вақоеъи таърихии пас аз реҳлати Расулуллоҳро натиҷаи воқеаи Сақифа медонанд. Бархе аз ин вақоеъ иборатанд аз:

  • Ҳуҷум ба хонаи Фотима (с): бино ба гузоришҳо тарафдорони хилофати Абубакр, пас аз моҷарои Сақифа ва худдории бархе аз саҳоба аз ҷумла Имом Алӣ (а) аз байъат бо Абубакр барои байъат гирифтан аз Алӣ (а) ба хонаи Фотима ҳамла карданд.[64] Ба бовари шиаён, ҳазрати Фотима дар асари ҷароҳоте, ки бар ӯ дар ин моҷаро ворид шуда буд, ба шаҳодат расид.[65]
  • Мусодираи Фадак: баъзе таҳлилгарони таърих, муътақиданд гирифтани Фадак аз Фотима (с) пас аз Сақифа дар ҷиҳати муборизаи иқтисодӣ бо Аҳли Байт (а) будааст. Ин иқдом, ҳам пояҳои ҳукумати халифаи аввалро мустаҳкам мекард ва ҳам монеи хонадони Расули Аллоҳ (с) аз мубориза ва мухолифат мешуд.[66]
  • Ҳамкории мунофиқон бо сақифа: Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аз қавли Аллома Таботабоӣ дар таҳлили ин ки мунофиқон пас аз реҳлати Паёмбар (с) чандон матраҳ набуданд, нақл кардааст, ки ё бояд бигӯем ин ҷамъияти зиёд якрӯза аз байн рафтанд ки бешак нодуруст аст ва ё бояд бигӯем мисли Салмону Абузар муъмин шуданд, ки ин ҳам нест ва танҳо гузинаи боқимонда ин аст ки онон бо Сақифа сохтанд; ба ҳамин ҷиҳат баъд аз ташкили Сақифа гӯё мунофиқе дар Мадина надоштем.[67]
  • Воқеаи Карбало: ба эътиқоди бархе тағйири масири ҷонишинии Пайғамбар дар Сақифа муҷиб шуд, ки баъдан интихоби халифа аз ҳеҷ қонуне пайравӣ накунад. Аз ин рӯ, халифаи мусулмонон рӯзе дар мушоҷираи ансор ва чанд нафар аз Қурайш, рӯзе бо васияти халифаи аввал, рӯзе бо шӯрои шашнафара ва рӯзе ҳам Муъовия барои Язид байъат гирифт. Язид низ омили воқеаи Карбало гардид.[68] Сайид Муҳаммадҳусайни Теҳронӣ, олими шиа (1345 - 1416ҳ.қ.), баъд аз нақли ашъори Қозӣ Абубакр ибни Абиқурайъа дар бораи Алӣ (а) дар тавзеҳи байти «و اَریتکم ان الحسین اصیب فی یوم السقیفة» гуфтааст, ки агар хилофати Алӣ (а)-ро ғасб намекарданд, тири Ҳармала ба гулӯи Алиасғар намерасид.[69] Ҳамчунин Муҳаммадҳусайни Ғаравии Исфаҳонӣ (1296 - 1361ҳ.қ.), аз олимони шиа, низ дар шеъре ин мазмунро баён кардааст:
فما رَماه اِذْ رَماهُ حَرمَله
و انَما رَماهُ مَن مَهَّدَ له
سَهمٌ اَتی مِن جانب السقیفه
و قَوسُه عَلی یدِ الخلیفه
و ما أصاب سَهْمُهُ نَحرَ الصّبی
[70]بَل کَبدَ الدینِ و مُهجة النَبی

Тарҷума: Ҳармала набуд, ки тир андохт, балки касе тирро раҳо кард, ки заминасози он буд, тире аз сӯи Сақифа омад, ки камони он ба дасти халифа буд ва тири ӯ на бар гулӯи кӯдак, балки бар қалби дину ҷони Пайғамбар нишаст.

Найири Табрезӣ ҳам дар ашъори худ ба ин нукта ишора кардааст:

К-он ки тарҳи байъати шӯро фиканд,
Худ ҳамонҷо тарҳи Ошӯро фиканд.
Чарх дар Ясриб раҳо кард аз камон,
Тир к-андар Найнаво шуд бар нишон.[71]

Сақифа ва асли иҷмоъ

Мақолаи аслӣ: Иҷмоъ

Яке аз манобеи истинботи аҳком, назди аҳли суннат, иҷмоъ аст, ки дар моҷарои Сақифа низ ба унвони яке аз иллатҳои машруияти интихоби Абубакр ба он истинод мешавад.[72]

Ба эътиқоди бархе муҳаққиқони шиа, аҳли суннат барои машруият бахшидан ба ҳокимият ва хилофати Абубакр ба иҷмоъи уммат, тамассук ва истинод карданд.[73] Онон ҳам дар имомати омма ва ҳам имомати хосса, баҳси иҷмоъро, ки саҳеҳ будани тавофуқи мардумро исбот мекунад, бо ҳадафи тақобул бо ақидаи шиа ва нафйи ниёз ба вуҷуди имоми маъсум, ибдоъ кардаанд.[74] Ба назари ин муҳаққиқон тарҳи андешаи иҷмоъ аксулъамале дар баробари қиссаи Сақифа ва хилофати Абубакр ва тавҷеҳе барои он аст ва таъмим додани он ба дигар маориф монанди имомати омма, масоил ва фуруи фиқҳӣ, талош барои сиҳҳа гузоштан бар ин эътиқод аст.[75]

Такнигориҳо

Воқеаи Сақифа дар манобеи таърихии исломӣ зикр шудааст. Китобҳое чун Таърихи Табарӣ, Таърихи Яъқубӣ ва монанди он ба ин воқеа ишора карда, ҷузъиёти онро зикр кардаанд. Дар айни ҳол такнигориҳое низ махсус ба ин ҷараён ҳамроҳ бо баррасӣ ва таҳлили он пардохтаанд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

Дар оинаи шеър

Эътироз ба интихоби Абубакр ба ҷонишинии Пайғамбар ва нодида гирифтани ҳаққи Аҳли Байт (а) дар ин амр, мавзуи ашъори шуарои арабзабону форсзабон гардидааст.[77] Дар бархе аз ин ашъор ба таври мустақим ба воқеаи Сақифа ишора шудааст, монанди ин чанд байт аз шеър, сурудаи Қозӣ Абубакр ибни Абиқурайъа:

يا من يسائل دائبا عن كل معضلة سخيفة
لا تكشفنَّ مُغطأ فلربما كشفت جيفة
ولَرُبَّ مخبوء بدا كالطبل من تحت القطيفة
ان الجواب لحاضر لكنني اخفيه خيفة
لولا اعتداء رعية القى سياستها الخليفة
وسيوف اعداءٍ بها هاماتِنا اَبدا نقيّة


لَنشرتُ من اسرار آل
محمّدٍ جُمَلاً طریفة
تُغنیکم عمّا رواه
مالکٌ و ابوحنیفة
وأریتُکم أن الحسین
أُصیب فی یوم السقیفة
ولأیِّ حالٍ لُحِّدت
[78]باللیل فاطمة الشریفة.

Тарҷума:

Эй касе ки бо ҷиддияту таъаб пайваста аз ҳар масъалаи мушкилу печидаи суст пурсиш мекунӣ! Ва албатта сарпӯши ин чизи пӯшидаро бар надор, зеро чи басо сарпӯш аз рӯй мурдори гандидае бардорӣ!

Ва чи басо чизи пӯшида, ҳамонанди табли пурбонг аз зери қатифаю рӯпӯш ошкор мешавад. Ҳаққан ҷавоби ту он тавр ки мехоҳӣ бифаҳмӣ, дар назди ман ҳозир аст, валекин ман аз даҳшату тарс аз баён онро махфӣ медорам.

Агар таҷовуз ба раияте, ки сиёсати умури онҳоро халифа дар даст гирифтааст, намебуд; ва агар шамшерҳои душманон, ки мағзи сари моро берун мекашид ва зоҳир мекард, намебуд;

Ҳароина ман аз асрори Оли Муҳаммад матолиби нодир ва достонҳои ношуниданиеро баён мекардам, ки аз он чи Молику Абӯҳанифа гуфтаанду ривоят кардаанд шуморо бениёз менамуд!

Ва ман ба шумо нишон медодам (ва ҳамонанди офтоб равшан месохтам) ки Ҳусайн дар рӯзи Сақифа дар зери шамшерҳо қитъа қитъа шуд.[79]

Эзоҳ

  1. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Дору содир, ҷ.3, саҳ.229 - 228.
  2. Раҷабии Давонӣ, Таҳлили воқеаи Сақифаи Банӣ Соида бо рӯйкард ба Наҳҷулбалоға, 1393ҳ.ш., саҳ.80.
  3. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.47.
  4. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва ас-сиёсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  5. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва ас-сиёсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  6. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, Дору содир, ҷ.2, саҳ.327.
  7. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, Дору содир, ҷ.2, саҳ.325.
  8. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.206.
  9. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.206.
  10. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27.
  11. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  12. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.202.
  13. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25.
  14. Замахшарӣ, ал-Фоиқу фи ғариб-ил-ҳадис, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмия, ҷ.3, саҳ.73.
  15. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25.
  16. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.123.
  17. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.202.
  18. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.123.
  19. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.123.
  20. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.52 - 53.
  21. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифат, ҷ.2, саҳ.660; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, Аъламӣ, ҷ.1, саҳ.567.
  22. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.52 - 53.
  23. Абдулмақсуд, ас-Сақифату ва-л-хилофат, 1427ҳ.қ., саҳ.317.
  24. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21 - 26.
  25. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27.
  26. Муир ва дигарон, Баррасии таъсири эъзоми лашкари Усома бар чигунагии мушорикати сиёсии нухбагони муҳоҷиру ансор дар Сақифа, саҳ.155.
  27. Байзун, Рафторшносии Имом Алӣ (а), 1379ҳ.ш., саҳ.29 - 30.
  28. Музаффар, ас-Сақифа, 1415ҳ.қ., саҳ.95 - 97.
  29. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳояту, 1408ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.265.
  30. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.124.
  31. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.124.
  32. Ҷавҳарии Басрӣ, ас-Сақифату ва Фадак, Мактабату Найнаво ал-ҳадиса, саҳ.42.
  33. Ҷавҳарии Басрӣ, ас-Сақифату ва Фадак, Мактабату Найнаво ал-ҳадиса, саҳ.62.
  34. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.171.
  35. Аскарӣ, Сақифа: баррасии наҳваи шаклгирии ҳукумат пас аз реҳлати Пайғамбар, 1387ҳ.ш., саҳ.76.
  36. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.205; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, Муассисаи ал-Аъламӣ лилматбуъот, ҷ.1, саҳ.581; Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, мактабат ас-сақофат-уд-динӣ, ҷ.5, саҳ.190.
  37. Ҷавҳарии Басрӣ, ас-Сақифату ва Фадак, Мактабату Найнаво ал-ҳадиса, саҳ.37.
  38. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, мактабат оятуллоҳ ал-Маръашӣ, ҷ.6, саҳ.17.
  39. Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, мактабату Оятуллоҳ Маръашӣ ан-Наҷафӣ, саҳ.119 - 120.
  40. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1990, ҷ.1, саҳ.28
  41. Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.56.
  42. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ, ҷ.6, саҳ.11.
  43. Ниг.: Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, нашри ал-Муртазо, ҷ.1, саҳ.115 - 130.
  44. Зарринкуб, Бомдоди Ислом, 1369ҳ.ш., саҳ.71.
  45. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ, ҷ.1, саҳ.151.
  46. "Баёнот дар хутбаҳои намози ҷумъа", Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  47. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва ас-сиёсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.29 – 30; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ, ҷ.6, саҳ.13.
  48. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва ас-сиёсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31.
  49. Тиҷонӣ, Муътамар-ус-Сақифа, 1424қ, ҷ.1, саҳ.75.
  50. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ, ҷ.16, саҳ.233 – 234; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.492.
  51. Ломанс, Мусалласи қудрат: Абубакр, Умар ва Абуубайда, саҳ.126, ба нақл аз: Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.15.
  52. Ниг.: Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.17 - 18.
  53. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.51.
  54. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.51.
  55. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.51.
  56. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.51 - 52.
  57. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.62.
  58. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.62.
  59. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.62.
  60. Маделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.65.
  61. Музаффар, ас-Сақифа, 1415ҳ.қ., саҳ.60 - 65.
  62. Музаффар, ас-Сақифа, 1415ҳ.қ., саҳ.60 - 66.
  63. Музаффар, ас-Сақифа, 1415ҳ.қ., саҳ.66.
  64. Ниг.: Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмия, ҷ.5, саҳ.13.
  65. Табарии Имомӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.134.
  66. Аскарӣ, Сақифа: баррасии наҳваи шаклгирии ҳукумат пас аз реҳлати Пайғамбар, 1387, саҳ.115.
  67. «Тафсири сураи Мунофиқун, ҷаласаи 1 - 1397/01/29», сайти Исро
  68. Довудӣ ва Рустаминажод, Ошӯро, решаҳо, ангезаҳо, рӯйдодҳо, паёмадҳо, 1388ҳ.ш., саҳ.115 - 126.
  69. Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.67.
  70. Ба нақл аз: Довудӣ ва Рустаминажод, Ошӯро, решаҳо, ангезаҳо, рӯйдодҳо, паёмадҳо, 1388ҳ.ш., саҳ.126.
  71. Найирии Табрезӣ, Девони оташкада, 1319ҳ.ш., саҳ.59.
  72. Ҳусайнии Хуросонӣ, Бозковии далели иҷмоъ, 1385, саҳ.19 - 57.
  73. Ҳусайнии Хуросонӣ, Бозковии далели иҷмоъ, 1385, саҳ.19 - 57.
  74. Ҳусайнии Хуросонӣ, Бозковии далели иҷмоъ, 1385, саҳ.19 - 57.
  75. Ҳусайнии Хуросонӣ, Бозковии далели иҷмоъ, 1385, саҳ.19 - 57.
  76. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариа, Дор-ул-азвоъ, ҷ.12, саҳ.205 - 206.
  77. Барои намуна ниг.: Аскарӣ, Сақифа: баррасии наҳваи шаклгирии ҳукумат пас аз реҳлати Пайғамбар, 1387, саҳ.73 ва 76; Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.126.
  78. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.505.
  79. Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.67.

Ёддошт


Сарчашма

  • Абдулмақсуд, Абдулфаттоҳ, ас-Сақифату ва-л-хилофат, Бейрут, Дор-ул-маҳаҷҷат-ил-байзоъ, 1427ҳ.қ.
  • Аскарӣ, Муртазо, Сақифа: баррасии наҳваи шаклгирии ҳукумат пас аз риҳлати Пайғамбар, ба кӯшиши Маҳдии Даштӣ, Қум, Донишкадаи усули дин, 1387ҳ.ш.
  • Байзун, Иброҳим, Рафторшносии Имом Алӣ (а), тарҷумаи Алиасғари Муҳаммадии Сиҷонӣ, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1379ҳ.ш.
  • «Баёнот дар хутбаҳои намози ҷумъа», Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр 16 фарвардини 1370ҳ.ш., санаи боздид: 20 озари 1402ҳ.ш.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, муҳаққиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Эҳсон Аббос, Абдулазизи Даврӣ, Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Бейрут, муассисаи ал-Аъламӣ ли-л-матбуот.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Фоиқу фи ғариб-ил-ҳадис, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмия, Бейрут, маншуроти Муҳаммад Алӣ Байзун.
  • Зарринкуб, Абдулҳусайн, Бомдоди Ислом, Теҳрон, Амиркабир, 1369ҳ.ш.
  • Ибни Абдураббиҳ, Аҳмад, ал-Иқд-ул-фарид, бе ҷо, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмия, бе то.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, муҳаққиқ: Иброҳим, Муҳаммад Абулфазл, Қум, Мактабат оятуллоҳилъузмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ (раҳ).
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва ан-ниҳояту, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дору эҳёиттуросилъарабӣ, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имомату ва ас-сиёсату, муҳаққиқ: Алии Ширӣ, Бейрут, Дорулозвоъ, 1410ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, таҳқиқи Сайидҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, мактабат Банӣ Ҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Маделунг, Вилферд, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, мутарҷим: Аҳмади Намоӣ, Муҳаммадҷаводи Маҳдавӣ, Ҷаводи Қосимӣ, Ҳайдар Ризо Зобит, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии остони Қудси Разавӣ, 1377ҳ.ш.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, бе ҷо, мактабат ал-сақофатиддинӣ, бе то.
  • Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, Қум, мактабат оятуллоҳ Маръашӣ ан-Наҷафӣ (раҳ), 1404ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, ас-Сақифа, муқаддамаи Маҳмуд Музаффар, Қум, муассисаи Ансориён литтабоъати ва-н-нашр, 1415ҳ.қ.
  • Муир, Зебо ва Ҳусайни Муфтахарӣ/ Содиқи Оинаванд; Алии Раҷаблув, «Баррасии таъсири эъзоми лашкари Усома бар чигунагии мушорикати сиёсии нухбагони муҳоҷиру ансор дар Сақифа ва тасбити хилофат», мутолиъоти таърихи Ислом, шумораи 17, соли панҷум, тобистони 1392ҳ.ш.
  • Найири Табрезӣ, Девони оташкада, китобфурушии Ҳотиф, Табрез, 1319ҳ.ш.
  • Оқобeзeрги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, гирдоваранда: Аҳмад ибни Муҳаммади Ҳусайнӣ, Бейрут, Дорулозвоъ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, муҳаққиқ: Иброҳим, Муҳаммади Абулфазл, Бейрут, Дорултурос, 1387ҳ.қ.
  • Табарии Имомӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, Қум, муассисаи албеъсат, 1413ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, мусаҳҳеҳ: Мусавии Хирсон, Муҳаммадбоқир, Машҳад, нашри ал-Муртазо.
  • Теҳронӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, Машҳад, Аллома Таботабоӣ, чопи сеюм, 1426ҳ.қ.
  • Тиҷонӣ, Муҳаммад, Муътамар-ус-Сақифа, Лондон, муассисаи ал-Фаҷр, 1424ҳ.қ.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, 1995м.
  • Ҷавҳарии Басрӣ, Аҳмад ибни Абдулъазиз, ас-Сақифату ва Фадак, муҳаққиқ: Муҳаммадҳодии Аминӣ, Теҳрон, Мактабату Найнаво ал-ҳадиса.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, тасҳеҳи Алии Миршарифӣ, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.

Пайванд ба берун


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found