Убай ибни Каъби Ансорӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Убай ибни Каъб)

Убай ибни Каъб - саҳобаи Пайғамбар (с), котиб ва қории Қуръон.

Бархе Қуръонпажӯҳон ӯро барҷастатарин қории уммати исломӣ дониста, муътақиданд, теъдоде аз қироатҳои ҳафтгона аз қироати ӯ таъсир пазируфтаанд. Бар асоси ривояте, ки аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, Аҳли Байт (а) Қуръонро бар асоси қироати Убай тиловат мекарданд.

Бархе аз саҳоба ва тобеъин, монанди Ибни Аббос ва Абуабдурраҳмони Сулламӣ қироатро аз ӯ омухта буданд. Убай ибни Каъб дар замони Пайғамбар (с) Қуръонро ҷамъоварӣ карда буд ва мусҳафи ӯ бо Қуръони имрӯза ихтилофоте дошт.

Убай ибни Каъб шиа буд ва бо эътироз ба хилофати Абубакр, Имом Алӣ (а)-ро халифаи Пайғамбар (с) медонист. Вай аз гуруҳи ҳафтоднафараи Ансор буд, ки дар Ақабаи дувум бо Пайғамбар (с) байъат кард. Ӯ дар ғазваҳое монанди Бадр, Уҳуд ва Хандақ ширкат дошт.

Гуфта шудааст, ӯ китобҳоеро дар мавзӯи тафсир ва фазоили Қуръон навишта буд. Бо ин ҳол, ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз ривоёти мансуб ба Убай ибни Каъб дар мавзӯи фазоили сураҳо ҷаълӣ аст.

Таърихнигорон дар соли вафоти ӯ ихтилофи назар доранд, бо ин ҳол, мутобиқи дидгоҳи машҳуртар, вай дар даврони хилофати Умар ибни Хаттоб даргузашт.

Ҷойгоҳи Убай ибни Каъб дар таърихи Ислом

Убай инби Каъб ибни Қайс, аз қабилаи Хазраҷ ва аз Ансор буд.[1] Гуфта шудааст, Пайғамбар ӯро «Абулмунзир» ва Умар ибни Хаттоб ӯро «Аблтуфайл» куня дод.[2] «Сайидул-муслимин»,[3] «Сайидул-қурроъ» (яъне: пешвои қориён)[4] ва «Сайидул-ансор»-ро аз лауабҳои ӯ донистаанд.[5] Дар ҷоҳилият, ки камтар касе навиштан медонист, Убай навиштанро ёд гирифа буд.[6]

Мутобиқи бархе аҳодис, Убай ибни Каъб аз ҷумлаи касоне буд, ки баъд аз вафоти ҳазрати Муҳаммад (с), Имом Алӣ (а)-ро халифаи Пайғамбар медонист.[7] Абуссалоҳ Ҳалабӣ – фақеҳ ва мутакаллими шиаи қарни чаҳоруму панҷум низ Убайро шиаи Имом Алӣ (а) донистааст.[8] Мутобиқи бархе ривоятҳо, Ибни Каъб яке аз дувоздаҳ нафаре буд, ки ба Абубакр эътироз кард, ки чаро ба ҷои Имом Алӣ (а), бар маснади хилофат такя задааст.[9] Мутобиқи сухане ки дар китоби Эҳтиҷоҷ омадааст, Убай ибни Каъб ривоятеро аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, ки дар он ба имомати Имом Алӣ (а) баъд аз Пайғамбар тасреҳ шудааст.[10]

Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а) қироати имомони шиа бар асоси қироати Убай ибни Каъб будааст.[11] Сайидҳасани Садр - нависандаи китоби Таъсис-уш-шиъа, ин ривояти Имом Содиқро далеле бар мақоми волои ӯ медонад.[12] Ӯ ҳамаи Қуръонро аз Пайғамбар омухт ва бар ӯ арза кард.[13] Гуфта шудааст, Ибни Каъб дар раъси мактаби тафсирии Мадина қарор дошт.[14] Мутобиқи бархе нақлҳо, ӯ аз ҷумлаи касоне буд, ки дар замони Пайғамбар, Қуръонро аз ёд карда буд.[15] Тибқи ҳадиси нақлшуда дар манобеи аҳли суннат, ӯ яке аз чаҳор нафаре аст, ки Пайғамбар (с) ёд гирифтани Қуръон аз ононро тавсия кардааст.[16] Гуфта шудааст, қироати қориёни ҳафтгона ба ин далел муътабар будааст, ки онҳо Қуръонро аз Алӣ (а), Усмон, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Зайд ибни Собит ё Убай ибни Каъб нақл кардаанд.[17] Бархе аҳодиси аҳли суннат, ки дар он ба фазоили бархе аз саҳоба пардохтааст, Убайро огоҳтарин фарди уммат ба қироат муаррифӣ мекунад.[18]

Ҳузур дар ғазавот

Мутобиқи бархе гузоришҳо, Убай ибни Каъб дар ақабаи дувум бо Пайғамбар (с), байъат кард.[19] Албатта Ибни Ҳишом - таърихнигори қарни сеюм, номи ӯро дар зумраи касонеки дар ақабаи дувум паймон бастанд, наёвардааст.[20] Пайғамбар пас аз ҳиҷрат байни ӯ ва Саид ибни Зайд ибни Амр[21] ва ба қавле байни ӯ ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ, паймони бародарӣ барқарор кард.[22] Ибни Каъб дар ғазваҳое монанди Бадр, Уҳуд, Хандақ ҳамроҳи Пайғамбар (с) буд.[23] Ҳамчунин ӯ дар сарийяе ки дар оғози ҳафтумин моҳи ҳиҷрат ба фармондеҳии Ҳамза ибни Абдулмуталлиб рӯй дод, ширкат кард.[24] Тибқи бархе нақлҳо, ӯ пеш аз онки мусулмон шавад, аз аҳбори яҳудӣ будааст.[25]

Котиби Пайғамбар (с)

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, аввалин касе ки дар Мадина,[26] номаҳои Пайғамбарро навишт, Убай ибни Каъб буд ва дар ғийби ӯ, Зайд ибни Собит ин корро анҷом медод.[27] Албатта паймонномаҳо ва сулҳномаҳои Пайғамбарро Алӣ (а) менавишт.[28] Ҳамчунин гуфта шудааст, Убай ибни Каъб аввалин касе буд, ки дар поёни номаҳо, номи худ ва падарашро ба унвони котиб сабт мекард.[29] Ибни Каъб гоҳе аз тарафи Пайғамбар (с) ба навмусулмонон Қуръон ва аҳкоми шаръиро меомухт.[30] Ӯ котиби ваҳй буд.[31] Мутобиқи нақли таърихи Табарӣ (таълифи 303ҳ.қ.), Убай ибни Каъб ва Зайд ибни Собит танҳо дар ғиёби Алӣ (а) ва Усмон ваҳйро менавиштанд.[32]

Қироати Убай

Ибни Ҷазарӣ - олими илми қироат, Убай ибни Каъбро барҷастатарин қории уммат донистааст.[33] Ба гуфтаи бархе пажӯҳишгарон, қироати Убай пояи аслии қироатҳое аст, ки дар садаҳои баъд аз ӯ, ба унвони қироатҳои муътабар шинохта мешаванд; ба гунае, ки иддао шудааст, қироати Убай ибни Каъб, яке аз бунёнҳои аслии қироати ҳиҷозӣ аст; чароки дар мобайни қироъоти сабъ, қироатҳои Нофеъ ва Ибни Касир (аз қориёни ҳиҷозӣ) то ҳадди зиёде аз қироати Убай таъсир пазируфтаанд.[34] Дар қироатҳои кӯфӣ низ таъсири Ибни Каъбро бар қироатҳои Осиму Касоӣ, қобили мулоҳиза арзёбӣ кардаанд.[35] Убай ибни Каъб пас аз реҳлати Пайғамбар (с) ба таълими Қуръон пардохт ва ҷамъе аз саҳоба, монанди Ибни Аббос ва Абуҳурайра ва аз тобеъин афроде чун Абуабдурраҳмони Сулламӣ ва Абулъолия Риёҳӣ аз вай қироат омухтанд.[36]

Мусҳафи Убай ибни Каъб

Пажӯҳишгарони улуми қуръонӣ, барои Убай ибни Каъб мусҳафи бахусусӣ нақл кардаанд;[37] чунонки гузоришҳои мухталифе низ бар ин амр далолат дорад.[38] Бар асоси бархе нақлҳо, ӯ Қуръонро дар замони Пайғамбар (с) ҷамъоварӣ кард.[39] Вай мусҳафи худро ба шогирдонаш имло кард.[40] Бар ин асос, ки Убай ибни Каъб дар замони Усмон зинда бошад, ӯро аз ҷумлаи касоне донистаанд, ки ба дастури Усмон маъмури яксонсозии Қуръон шуд.[41]

Мусҳафи Убай ибни Каъб, ҳамонанди Қуръонҳои дар дастрас, бо сураи Ҳамд оғоз ва бо Муъаввазатайн поён меёфт, вале дар тартиби теъдоде аз сураҳо[42] ва нақли андаке аз калимот[43] бо дигар мусҳафҳо фарқ дошт. Ба гуфтаи Олусӣ - муфассири аҳли суннат ва Муҳаммадҳодии Маърифат - муфассири шиа, дар мусҳафи ӯ, сураи Қурайш ва сураи Фил як сура навишта шуда буд, аммо дар муқобил, ду сура бо номҳои «ал-Хулъ» ва «ал-Ҳафд» вуҷуд дошт, ки дар мусҳафҳои дигар набуд.[44] Ба ҳамин далел, Қуръони ӯ 115 сура дошт.[45] Албатта мутобиқи нақли Ибни Надим – китобшинос ва феҳристнигори Бағдодӣ, Қуръони ӯ 116 сура доштааст.[46]

Вуҷуд доштани ду сураи ёдшуда дар Қуръон, бар хилофи дидгоҳи соири саҳоба ва бар хилофи иҷмоъи мусулмонон дониста шудааст.[47] Бархе аз Қуръонпажӯҳон низ бар ин боваранд, далеле вуҷуд надорад, ки «ал-Хулъ» ва «ал-Ҳафд»-и зикршуда дар мусҳафи Убай, аз Қуръон бошад;[48] зеро мусҳафи саҳоба, танҳо дарбардорндаи Қуръони мутавотир набуд, балки дар канори оёту сураҳо, бархе ривоятҳо, тафсирҳо ва дуоҳо низ навишта мешуд, ва «ал-Хулъ» ва «ал-Ҳафд» аз ҷумлаи дуое буд, ки дар мусҳафи Убай ибни Каъб вуҷуд дошт.[49]

Аҳодис ва осори мансуб ба Убай

Мутобиқи нақли Ибни Надим дар ал-Феҳрист, Ибни Каъб дар мавзӯи фазоили Қуръон китобе навишта буд.[50] Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ - китобшиноси шиа, китоби ӯ аввалин китоби навишташуда дар мавзӯи фазоили Қуръон будааст.[51] Чунонки дар бархе китобҳои тафсирӣ, монанди Маҷмаъ-ул-баён ва ал-Кашфу ва-л-баён, ривоятҳое аз Убай ибни Каъб дар фазилати хондани сураҳои Қуръон нақл шудааст.[52] Бархе муҳаққиқон муътақиданд, ривоёти мансуб ба Убай ибни Каъб дар мавзӯи фазоили сураҳо ҷаълӣ аст[53] ва бархе аз суфиҳо барои онки ангезаи мусулмононро барои тиловати Қуръон бештар кунанд, ин ривоятҳоро ҷаъл кардаанд.[54] Ба гуфтаи Суютӣ, Убай ибни Каъб нусхае бузург дар тафсири Қуръон дошт, ки дар садаҳои нахустин мутадовил буд ва муфассироне чун Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ ва Абни Абиҳотам аз он истифода кардаанд.[55]

Бино бар шумориши Нававӣ - муҳаққиқи аҳли суннат, 164 ҳадис аз Пайғамбар (с) ба воситаи Ибни Каъб нақл шудааст, ки бархе аз онҳо дар Саҳеҳ Бухорӣ ва теъдоде ҳам дар Саҳеҳ Муслим вуҷуд дорад.[56] Аз саҳобагон, Абуйюби Ансорӣ, Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абумусо Ашъарӣ ва аз тобеъин Сувайд ибни Ғафла, Абдураҳмон ибни Асвад ва Абдурраҳмон ибни Абилайло аҳодисеро аз ӯ нақл кардаанд.[57] Аҳодиси манқул аз Убай ибни Каъб аз назари мавзӯъ, масоиле марбут ба фиқҳ, тафсир, сира ва зуҳду ахлоқро дарбар мегирад.[58]

Китоби «Тафсир-ус-саҳоби-ил-ҷалил Убай ибни Каъб Сайид-ул-қурроъ» таълифи Абдулҷавод Халаф

Вафот

Убай ибни Каъб дар Мадина вафот кард.[59] Барои таърихи вафоти ӯ, солҳои мухталиферо зикр кардаанд, вале ба гуфтаи Ибни Абдулбарр - шарҳи ҳолнависи қарни панҷуми қамарӣ, вафоти ӯ дар даврони хилофати Умар (яъне 13 - 23ҳ.қ.) аз дигар дидгоҳҳо машҳуртар аст.[60] Дар гузоришҳои таърихии солҳои 19, 20, 22, 30 ва 32 ба унвони соли вафоти ӯ зикр шудааст.[61] Бар асоси ин нақл, ки вафоти ӯ баъд аз даврони Умар бошад, гуфта шудааст, намози ҷанозаи ӯро Усмон хондааст.[62]

Такнигорӣ

Абдулҷавод Халаф, дар китобе бо унвони «Тафсир-ус-саҳоби-ил-ҷалил, Убай ибни Каъб, сайид-ул-қурроъ» маҷмӯи ривоёти нақлшуда аз Убай дар мавзӯи тафсири Қуръонро ҷамъоварӣ кардааст.[63] Нависанда дар бахши аввали ин китоб зиндагиномаи Убай ва дар бахши дувум ороъи тафсирии ӯро баён мекунад.[64] Ин китобро интишороти Дорул-баёни Қоҳира, дар соли 2001 дар 214 саҳифа чоп кардааст.[65]

Эзоҳ

  1. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.61.
  2. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.61.
  3. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.61.
  4. Маданӣ, ад-Дараҷот-ур-рафиъа, 1983, саҳ.324.
  5. Халаф, Тафсир-ус-саҳоби-ил-ҷалил, Убай ибни Каъб, 2001, саҳ.11.
  6. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.378.
  7. Ниг.: Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, 461; Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.90; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.75 ва 113.
  8. Ҳалабӣ, Тақриб-ул-маъориф, 1417ҳ.қ., саҳ.234, 383 ва 403.
  9. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, 461.
  10. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.114.
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.634.
  12. Садр, Таъсис-уш-шиъа, 1375ҳ.ш., саҳ.324.
  13. Ибни Меҳрон, ал-Мабсут фи-л-қироъот-ил-ашр, маҷмаъ-ул-луғат, ал-Арабия, саҳ.23.
  14. Муаддаб, Равишҳои тафсири Қуръон, 1380ҳ.ш., саҳ.45.
  15. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.8.
  16. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.36; Нишобурӣ, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.1914.
  17. Муқаддиматони фи улум-ил-Қуръон, 1392ҳ.қ., саҳ.42.
  18. Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.665; Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68.
  19. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.378.
  20. Халаф, Тафсир-ус-саҳоби-ил-ҷалил, Убай ибни Каъб, 2001, саҳ.13; ниг.: Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-Маърифат, ҷ.1, саҳ.442-445.
  21. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.423.
  22. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959, ҷ.1, 271.
  23. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.378.
  24. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9.
  25. Заҳабӣ, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.92.
  26. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68.
  27. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959, ҷ.1, саҳ.531.
  28. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69.
  29. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68.
  30. Ниг.: Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.475-476.
  31. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.378; Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1992ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.261.
  32. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.179.
  33. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.31.
  34. Покатчӣ, “Убай ибни Каъб ва улуми қуръонӣ”, саҳ.464.
  35. Покатчӣ, “Убай ибни Каъб ва улуми қуръонӣ”, саҳ.464.
  36. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.31.
  37. Алавимеҳр, Ошноӣ бо таърихи тафсир ва муфассирон, 1384ҳ.ш., саҳ.79.
  38. Ибни Абудовуд, ал-Масоҳиф, 1423ҳ.қ., саҳ.164-166.
  39. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.193.
  40. Ибни Абудовуд, ал-Масоҳиф, 1423ҳ.қ., саҳ.112.
  41. Ибни Абудовуд, ал-Масоҳиф, 1423ҳ.қ., саҳ.105; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.381.
  42. Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.44-45.
  43. Маърифат, ат-Тамҳид, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.324-325.
  44. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.26-27; Маърифат, ат-Тамҳид, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  45. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.26–27; Маърифат, ат-Тамҳид, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  46. Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.44-45.
  47. Алавимеҳр, Ошноӣ бо таърихи тафсир ва муфассирон, 1384ҳ.ш., саҳ.79.
  48. Заркашӣ, ал-Бурҳон, 1376ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.127-128.
  49. Ризвон, Ороъ-ул-мусташриқин ҳавла-л-Қуръон-ил-Карим ва тафсируҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413.
  50. Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.56.
  51. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.262.
  52. Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.419, 463, 501, 535 ва 607; Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.138, 220, 262, 301, 327 ва 358.
  53. Ибни Салоҳ, Маърифату анвоъи улум-ил-ҳадис, 1406ҳ.қ., саҳ.100.
  54. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзуъот, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241.
  55. Суютӣ, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.472.
  56. Нававӣ, Таҳзиб-ул-асмоъ, Дорул-кутубил-илмийя, ҷ.1, саҳ.109.
  57. Нававӣ, Таҳзиб-ул-асмоъ, Дорул-кутубил-илмийя, ҷ.1, саҳ.109.
  58. Салим, «Убай ибни Каъб», 464.
  59. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.195.
  60. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69.
  61. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63.
  62. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатид-динийя, ҷ.5, саҳ.116.
  63. Халаф, Тафсир-ус-саҳоби-ил-ҷалил, Убай ибни Каъб, 2001м.
  64. Халаф, Тафсир-ус-саҳоби-ил-ҷалил, Убай ибни Каъб, 2001м.
  65. Халаф, Тафсир-ус-саҳоби-ил-ҷалил, Убай ибни Каъб, 2001м.

Сарчашма

  • Алавимеҳр, Ҳасан, Ошноӣ бо таърихи тафсир ва муфассирон, Қум, маркази ҷаҳонии улуми исломӣ, 1384ҳ.ш.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Қоҳира, Дорул-Маъориф, 1959м.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Бейрут, Дору тавқил-наҷот, 1422ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1409ҳ.қ.
  • Заркашӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Бурҳон фи улум-ил-Қуръон, Қоҳира, Дору эҳёил-кутубил-арабия, Исо ал-Бобӣ ал-Ҳалабӣ ва шуракоуҳ, 1376ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1413ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммадҳусайн, ат-Тафсир ва-л-муфассирун, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дорул-ҷил, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Абудовуд, Абубакр, китоби ал-Масоҳиф, Қоҳира, ал-Форуқул-ҳадиса, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, Қоҳира, ал-Ҳайатул-мисрийятул-омма лил-китоб, 1992ҳ.қ.
  • Ибни Меҳрон, Аҳмад ибни Ҳусайн, ал-Мабсут фи-л-қироъот-ил-ашр, Димишқ, Маҷмаъул-луғатил-арабийя, бе то.
  • Ибни Надим, Муҳаммад ибни Исҳоқ, ал-Феҳрист, Бейрут, Дорул-Маърифат, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Салоҳ, Усмон ибни Абдурраҳмон, Маърифату анвоъи улум-ил-ҳадис, Бейрут, Дорул-фикрил-муъосир, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, Бейрут, Дорул-фикр, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дорул-Маърифат, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мавзуъот, таҳқиқи Абдураҳмон Муҳаммад ибни Усмон, Мадина, Муҳаммад Абдулмуҳсин, соҳибул-мактабатис-салафийя бил-Мадинатил-мунаввара, 1386ҳ.қ./1966м.
  • Ибни Ҷавзӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Ҷазарӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, беҷо, Мактабат Ибни Таймийя, 1351ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Маданӣ, Сайидалихони Кабир, ад-Дараҷот-ур-рафиъа фи табақот-иш-шиъа, Бейрут, муассисатул-Вафо, 1983м.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фии улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Муаддаб, Сайидризо, Равишҳои тафсири Қуръон, Қум, Ишроқ, 1380ҳ.ш.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, беҷо, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
  • Муқаддиматони фи улум-ил-Қуръон, мусаҳҳеҳ: Ҷефрӣ Артур, Қоҳира, мактабатул-Хонҷӣ, 1392ҳ.қ.
  • Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, Таҳзиб-ул-асмоъи ва-л-луғот, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, бе то.
  • Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Олусӣ, Сайид Муҳаммад, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-Азим, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Покатчӣ, Аҳмад, “Убай ибни Каъб ва улуми қуръонӣ”, дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷилди 6, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1393ҳ.ш.
  • Ризвон, Умар ибни Иброҳим, Ороъ-ул-мусташриқин ҳавла-л-Қуръон-ил-Карим ва тафсируҳ, Риёз, Дорул-тайба, 1413ҳ.қ.
  • Садр, Сайидҳасан, Таъсис-уш-шиъа, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1375ҳ.ш.
  • Салим, Абдуламир, «Убай ибни Каъб», дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷилди 6, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1393ҳ.ш.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Иброҳим, ал-Кашфу ва-л-баён ан тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1421ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳли-л-лаҷоҷ, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, Қоҳира, Мактаба ва матбаъа Мустафо ал-Бобил-Ҳалабӣ, 1395ҳ.қ.
  • Халаф, Абдулҷавод, Тафсир-ус-саҳоби-ил-ҷалил, Убай ибни Каъб, Қоҳира, Дорул-баён, 2001м.
  • Ҳалабӣ, Тақӣ ибни Наҷм, Тақриб-ул-маъориф, беҷо, ал-Муҳаққиқ, 1417ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1362ҳ.ш.