Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ
Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ (форсӣ: نیروی قدس سپاه پاسداران انقلاب اسلامی) ё сипоҳи Қудс, вобаста ба Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, масъулияти фаъолиятҳои бурунмарзии ин ниҳодро бар ӯҳда дорад. Нерӯи Қудс дар соли 1369ҳ.ш. ба дастури Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, таъсис шуд.
Аҳмади Ваҳидӣ нахустин фармондеҳи нерӯи Қудс, ҳафт сол ин масъулиятро бар ӯҳда дошт. Дар соли 1376ҳ.ш., Қосими Сулаймонӣ, аз тарафи раҳбари Эрон ба фармондеҳии нерӯи Қудс мансуб шуд ва соли 1398ҳ.ш. ба дастури Доналд Трамп, раисҷумҳури вақти Амрико, дар фурӯдгоҳи Бағдод мавриди ҳамла қарор гирифт ва ба шаҳодат расид ва Исмоили Қоонӣ ба фармондеҳии ин нерӯ мансуб шуд.
Ҳузури мусташорӣ ва низомӣ дар хориҷ аз кишвар, муҳофизат аз амокин ва намодҳои шиа назири ҳарами имомон (а) дар кишварҳои минтақа ва сомондеҳии гурӯҳҳои муқовимат монанди Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва Ҳашд-уш-шаъбӣ дар Ироқ, аз муҳимтарин фаъолиятҳои нерӯи Қудси сипоҳ будааст. Бахше аз фаъолиятҳои мусташорӣ ва низомии ин нерӯ, иборат аст аз ҳузур дар кишварҳои Ироқ ва Сурия барои набард бо ДИИШ ва гурӯҳҳои такфирӣ.
Нерӯи Қудс аз муқовимати Фаластин низ ҳимоят мекунад ва гурӯҳҳои муқовимати фаластиниро ба силоҳҳои пешрафта муҷаҳҳаз кард, то битавонанд дар баробари Исроил боистанд.
Таърихча ва чигунагии таъсис
Нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, маъруф ба сипоҳи Қудс, яке аз нерӯҳои зермаҷмуаи Сипоҳи посдорони инқилоб исломии Эрон аст.[1] Нерӯи сипоҳи Қудс дар соли 1369ҳ.ш. бо дастури Сайид Алии Хоманаӣ, дуюмин раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, ба нерӯҳои Сипоҳ афзуда шуд.[2]
Гуфта шуда пешинаи фаъолияти нерӯи Қудси сипоҳ ба қароргоҳи Рамазон ва типи Бадр бармегардад.[3] Қароргоҳи Рамазон аввалин нерӯи Сипоҳи посдорон буд, ки ба манзури анҷоми амалиёт дар берун аз марзҳо ва дар соли 1362ҳ.ш. бо фармондеҳии Муртазо Ризоӣ эҷод шуд.[4] Бо ин ҳол бархе хостгоҳи нерӯи Қудси сипоҳро воҳиди наҳзатҳои озодибахш донистаанд.[5]
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар хутбаҳои намози ҷумъа дар 27 дайи 1398ҳ.ш. нерӯи Қудси сипоҳро размандагони бидуни марзе муаррифӣ кард, ки ҳар ҷо ниёз бошад дар он ҷо ҳузур пайдо мекунанд ва бо ҷонашон ва ҳамаи тавонашон ба кумаки миллатҳои дигар ва муҳтоҷони минтақа шитофта ва сояи ҷанг, террор ва тахрибро аз кишвари Эрон дур карда ва дафъ мекунанд.[6]
Фармондеҳон
Ҳамчунин бубинед: Қосими Сулаймонӣ
Аҳмади Ваҳидӣ, аввалин фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳ, аз соли 1369ҳ.ш. то 1376ҳ.ш. ба муддати 7 сол фармондеҳии ин нерӯро ба ӯҳда доштааст.[7] Қосими Сулаймонӣ дуюмин фармондеҳи сипоҳи Қудс дар соли 1376ҳ.ш. аз тарафи Сайид Алии Хоманаӣ - раҳбари низоми Ҷумҳурии исломии Эрон ба фармондеҳии ин нерӯ мансуб шуд.[8] Сулаймонӣ дар 13 дайи 1398ҳ.ш. дар паи ҳамлаи террористии паҳбоди амрикоӣ ва ба дастури бевоситаи Доналд Трамп, ба ҳамроҳи чанд тан аз ҳамроҳонаш аз ҷумлаи Абумаҳдӣ ал-Муҳандис дар наздикии фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расид.[9] Пас аз ин воқеа, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳукме Исмоили Қоониро ба унвони фармондеҳи ҷадиди сипоҳи Қудс мансуб кард.[10]
Фаъолиятҳо
Бархе аз фаъолиятҳои сипоҳи Қудс ба қарори зер аст:
Сомондеҳии ҳастаҳои муқовимат дар минтақа
Яке аз муҳимтарин фаъолиятҳои нерӯи Қудси сипоҳи посдорон дар мудирияти буҳронҳои минтақа эҷод, сомондеҳӣ ва тақвияти ҳастаҳои муқовимат монанди Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳашд-уш-шаъбӣ дар Ироқ, лашкари фотимиюни Афғонистон ва нерӯҳои Ансоруллоҳи Яман будааст.[11] Ҳадафи муштараки ин гурӯҳҳо, мубориза бо Амрико ва Исроил ва нақшаҳои онон аст.[12] Оятуллоҳ Хоманаӣ ташкили ҳастаҳои мардумии Ҳизбуллоҳ дар саросари ҷаҳонро яке аз орзӯҳои Имом Хумайнӣ дониста ки акнун ба унвони яке аз маъмуриятҳои нерӯи Қудси сипоҳ таъриф ва амалиётӣ шудааст.[13]
Ҳузури мусташорӣ ва низомӣ дар кишварҳои мухталиф
Яке аз фаъолиятҳои умдаи нерӯи Қудси сипоҳ, ҳузури мусташорӣ ва низомӣ дар буҳронҳои минтақавӣ будааст.[14] Бархе аз мавридҳои ҳузур ва фаъолияти сипоҳи Қудс дар кишварҳои минтақа иборатанд аз:
Фаъолият дар Босния
Нахустин ҳузури расмии сипоҳи Қудс дар ҳимоят аз мусулмонони Аврупо, марбут ба ҷанги Босния аст.[15] Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ дар Босния ва Ҳерсеговина байни сербиҳо, бусниёиҳо ва хорватҳо,[16] нерӯи Қудс маъмурият ёфт то ба мусулмонони Босния, ки нерӯи низомии қудратманд надоштанд, кумак кунад.[17]
Фаъолият дар Афғонистон
Ҳузури нерӯҳои сипоҳи Қудс дар Афғонистон дар паи ҳуҷуми Шуравии собиқ дар аввалҳои даҳаи 1980 ба кишвари Афғонистон, аз дигар фаъолиятҳои нерӯи Қудси сипоҳ дар хориҷ аз марзҳо ба шумор меравад.[18] Яке аз нахустин корҳои нерӯи Қудси сипоҳ дар Афғонистон, эҷоди гурӯҳҳои муҷоҳиди шиа ба номи аҳзоби ҳаштгона буд, ки баъдҳо бо ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон эътилоф кард ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо Ҷамъияти исломии Афғонистон ба раҳбарии Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд будааст.[19]
Ҷанги 33-рӯза
Ҷанги 33-рӯза, дар соли 2006 ки миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон буд[20] ва гуфта шуда ки Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи вақти сипоҳи Қудс, дар тамоми ин 33 рӯз дар утоқи амалиёт ва дар канори фармондеҳони Ҳизбуллоҳ ҳузур доштааст.[21] Ӯ дар зимни мусоҳибае, ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ дар ҷанги 33-рӯза, новобаста аз ҳимоятҳои маънавӣ, моддӣ, таслеҳотӣ, таҷҳизотӣ ва расонаиро хостаи раҳбарӣ ва дигар масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон донистааст.[22]
Мубориза бо ДИИШ дар Ироқу Сурия
Мубориза бо ДИИШ ва гурӯҳҳои такфирӣ дар Ироқу Сурия аз фаъолиятҳои муҳими нерӯи Қудси сипоҳи посдорон баён шудааст.[23] Ин фаъолиятҳо дар қолаби кумакҳои мусташорӣ, тарроҳӣ ва фармондеҳии амалиёт ва амалиётҳои низомӣ будааст.[24]
Ҳузур дар Яман
Дар бораи ҳузури сипоҳи Қудс дар Яман ахбори мухталифе мавҷуд аст. Расонаҳои эътилофи саъудӣ муддаии ҳузури бархе фармондеҳони сипоҳи Қудс пас аз инқилоби Яман дар сол 2014 ҳастанд.[25] Бино ба гуфтаи ин расонаҳо бархе авомили нерӯи Қудси сипоҳ, масъули пуштибонӣ, сохт ва ё интиқоли мушак, паҳбод ва таслеҳоти низомӣ аз Эрон ба нерӯҳои Ансоруллоҳи Яман ҳастанд.[26] Аз тарафе Рустами Қосимӣ, муовини иқтисодии вақти нерӯи Қудси сипоҳ дар мусоҳибае дар сол 1399ҳ.ш. гуфтааст, ки нерӯи Қудси сипоҳ дар Яман ҳузур надорад.[27]
Тақвияту ҳимоят аз гурӯҳҳои муқовимати Фаластин
Нерӯи Қудс аз муқовимати Фаластин ҳимоят ва пуштибонӣ мекунад. Ба гуфтаи яке аз раҳбарони ҲАМОС, Қосими Сулаймонӣ дар давраи фармондеҳӣ дар нерӯи Қудс, ҲАМОС-ро дар баробари Исроил, ба силоҳҳои пешрафта муҷаҳҳаз кардааст.[28] Оятуллоҳи Хоманаӣ раҳбари Эрон низ гуфтааст: Қосими Сулаймонӣ дар баробари Амрикоиҳо ки мехостанд фаластиниҳоро дар ҳолати заъф нигаҳ доранд, то натавонанд мубориза кунанд, дасти ононро пур кард; коре кард битавонанд муқовимат кунанд ва як минтақаи кӯчаке мисли Навори Ғазза дар муқобили режими саҳюнистӣ бо он ҳама иддао боистад.[29] Дар хурдоди 1402, Зиёд ан-Нахола - дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар номае ба Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва нақши нерӯи Қудс ва фармондеҳи он Исмоили Қоонӣ дар ҷанги дувоздаҳрӯзаи фаластиниҳо бо Исроил ташаккур кард.[30] Ҳамчунин пас аз амалиёти Тӯфони ал-Ақсо, Исмоили Қоонӣ фармондеҳи нерӯи Қудс ҳимояти ин нерӯро аз онон эълом кард.[31]
Дифоъ ва ҳифозат аз ҳарамҳои имомон (а)
Гуфта шуда ки яке аз иқдомоти нерӯи Қудси сипоҳи посдорон, ба вижа дар Ироқу Сурия, муҳофизат аз остонаҳои муқаддас ва ҳарамҳои имомони шиа (а) дар муқобили таҳдидот ва ҳамлаҳои ДИИШ ва гурӯҳҳои такфирӣ будааст.[32] Дар ҳамин росто, хунсо кардани ҳамлаи ДИИШ ба Сомиро яке аз ин иқдомоти муаррифӣ шудааст ки дар 15 хурдоди 1393ҳ.ш. ДИИШ ҳамлаи густардае ба шаҳри Сомиро ба ҳадафи тасхиру тахриби ҳарами Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) оғоз кард ва ба мӯҷиби он бархе аз маҳаллаҳои ин шаҳрро ба тасарруф даровард,[33] ва нерӯи сипоҳи Қудс ба фармондеҳии Қосими Сулаймонӣ ва бо сомондеҳӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои муқовимату артиши Ироқ, тавонист, ки ин ҳамалотро дафъ кунад.[34]
№ | ном | таъсис | бунёнгузор | шахсиятҳои барҷаста | раҳбар | мазҳаб | хостгоҳ | нишонвора | расона |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
1 | Ҷунбиши Амал | 1353ҳ.ш. | Имом Мӯсо Садр | Мустафо Чамрон | Набиҳ Баррӣ | Шиа | Лубнон | Шабакаи телевизионии NBN | |
2 | Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин | 1360ҳ.ш. | Фатҳӣ Шақоқӣ | Рамазон Абдуллоҳ Ҳисом Абуҳарбид |
Зиёд Нахола | Аҳли суннат | Ғазза | Шабакаи Фаластин ал-Явм | |
3 | Ҳизбуллоҳи Лубнон | 1361ҳ.ш. | Сайид Аббос Мӯсавӣ Сайид Ҳасан Насруллоҳ |
Наим Қосим | Шиа | Лубнон | Шабакаи ал-Манор | ||
4 | Созмони Бадр | 1364ҳ.ш. | Аднон Иброҳим Абумаҳдӣ ал-Муҳандис |
Ҳодӣ ал-Омирӣ | Шиа | Ироқ | Шабакаи ал-Ғадир | ||
5 | ҲАМОС (Ҳаракат-ул-муқавамат-ул-исломия) |
1366ҳ.ш. | Шайх Аҳмад Ёсин | Абдулъазиз Ратисӣ Исмоил Ҳания Яҳё Синвор |
Кумитаи муваққати ҲАМОС | Аҳли суннат | Фаластин | ||
6 | Сипоҳи Қудс | 1369ҳ.ш. | Сайид Алӣ Хоманаӣ | Аҳмад Ваҳидӣ Қосим Сулаймонӣ |
Исмоил Қоонӣ | Шиа | Эрон | ||
7 | Ансоруллоҳи Яман | 1369ҳ.ш. | Ҳусайн ал-Ҳусӣ | Бадруддин Ҳусӣ | Абдулмалик Ҳусӣ | Зайдия | Яман | Шабакаи ал-Масира | |
8 | Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ | 1382ҳ.ш. | Абумаҳдӣ ал-Муҳандис | Абуҳусайн Ҳамидовӣ Абубоқир ас-Соидӣ Аркон ал-Аловӣ |
اАҳмад Муҳсин Фараҳ ал-Ҳамидовӣ | Шиа | Ироқ | Шабакаи ал-Иттиҷоҳ | |
9 | Катоиби Сайидушшуҳадои Ироқ | 1382ҳ.ш. | Абумустафо Хазъалӣ Ҳоҷ Абуюсуф |
Абуолоъ ал-Вилоӣ | Шиа | Ироқ | |||
10 | Асоибу аҳл-ил-ҳақ | 1383ҳ.ш. | Қайс ал-Хазъалӣ | Абдулҳодӣ ад-Дарроҷӣ Муҳаммад ал-Баҳодилӣ |
Қайс ал-Хазъалӣ | Шиа | Ироқ | Шабакаи ал-Аҳд | |
11 | Муқовимати исломии Нуҷабо | 1383ҳ.ш. | Акрам ал-Каъбӣ | Абуисо Иқлим Муштоқ Козим ал-Ҳаворӣ |
Акрам ал-Каъбӣ | Шиа | Ироқ | ||
12 | Лашкари Зайнабиюн | 1392ҳ.ш. | Гурӯҳе аз шиаёни покистонӣ | Зинаталӣ Ҷаъфарӣ Ақид Молик Мутаҳҳар Ҳусайн |
Шиа | Покистон | |||
13 | Лашкари Фотимиюн | 1392ҳ.ш. | Теъдоде аз размандагони афғонистонӣ | Алиризо Тавассулӣ Сайид Муҳаммадҳасани Ҳусайнӣ Сайид Аҳмади Содот |
Шиа | Афғонистон | |||
14 | Ҳашд-уш-шаъбӣ | 1393ҳ.ш. | Ҳодӣ Омирӣ Абумаҳдӣ ал-Муҳандис |
Фолеҳ Файёз | Шиа | Ироқ |
Эзоҳ
- ↑ «سه روایت از تشکیل سپاه پاسداران», Хабаргузории ИСНА
- ↑ «نیروی قدس سپاه چگونه شکل گرفت؟», Хабаргузории Форс
- ↑ «نیروی قدس سپاه چگونه شکل گرفت؟», Хабаргузории Форс
- ↑ Муҳаммадпур, "Таъсири амалиётҳои номуназзами қароргоҳи Рамазон дар ҷанги таҳмилӣ", саҳ.77
- ↑ «واحد "نهضتهای آزادیبخش"؛ گروهی مورد حمایت "منتظری" که در خدمت دشمن بود», Хабаргузории Тасним
- ↑ «اینک نیروی بدون مرز قدس!», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «سپاه قدس چگونه تشکیل شد؟», Хабаргузории донишҷӯёни Эрон
- ↑ «حکم انتصاب سرتیپ قاسم سلیمانی به فرماندهی سپاه قدس سپاه پاسداران انقلاب اسلامی», Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «اخبار لحظه به لحظه از شهادت حاج "قاسم سلیمانی" و "ابومهدی المهندس" و واکنشها به آن», Хабаргузории АБНО
- ↑ «با حکم رهبر معظم انقلاب، سردار اسماعیل قاآنی فرمانده نیروی قدس سپاه شد», Хабаргузории Тасним
- ↑ Баҳман, "Нақши нерӯи Қудс дар ҳалли буҳронҳои ғарби Осиё", саҳ.16 - 19
- ↑ Хусравшоҳӣ, "Боздорандагии меҳвари муқовимат"
- ↑ «اینک نیروی بدون مرز قدس!», Сайти Khamenei.ir
- ↑ Баҳман, "Нақши нерӯи Қудс дар ҳалли буҳронҳои ғарби Осиё", саҳ.20
- ↑ «نیروی قدس در کدام جنگها حضور یافت؟», Сайти хабаргузории Машриқ
- ↑ «بالکان غربی یا یوگسلاوی سابق از گذشتهای تلخ تا آیندهای روشن», Сайти Муассисаи Аброри муосир
- ↑ «مروری بر فعالیتهای نیروی قدس سپاه و سردار سلیمانی؛ از بوسنی تا سوریه», Сайти Хабаронлайн
- ↑ «ایران از کدام گروههای مجاهد شیعه و سنی افغانستانی حمایت کرد؟», Хабаргузории ОНО
- ↑ «مروری بر فعالیتهای نیروی قدس سپاه», Сайти Хабаронлайн
- ↑ Шафиъӣ, Муродӣ, "Таъсири ҷанги 33-рӯзаи Лубнон бар мавқеияти минтақаии Эрон", саҳ.24
- ↑ «ناگفتههای جنگ ۳۳روزه در گفتگو با سرلشکر حاج قاسم سلیمانی», Сайти Khamenei.ir.
- ↑ «ناگفتههای جنگ ۳۳روزه در گفتگو با سرلشکر حاج قاسم سلیمانی», Сайти Khamenei.ir.
- ↑ Наҷобат, "Гурӯҳаки террористии ДИИШ ва амнияти милл Ҷумҳурии исломии Эрон; чолишҳо ва фурсатҳо", саҳ.112
- ↑ «نیروی قدس سپاه چگونه تشکیل شد و در منطقه چه کرد؟», Хабаргузории Тасним
- ↑ «ترور مسئول سپاه قدس در یمن شکست خورد», Сайти Таҳаввулоти ҷаҳони Ислом
- ↑ «ترور مسئول سپاه قدس در یمن شکست خورد», Сайти Таҳаввулоти ҷаҳони Ислом
- ↑ «معاون سپاه قدس: در یمن حضور نداریم», Сайти Инсоф
- ↑ «حمدان للمیادین: الشهید سلیمانی لعب دوراً مهماً فی تعبئة صفوف المقاومین», Сайти ал-Маёдин
- ↑ «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار با مردم قم», Сайти Khamenei.ir
- ↑ «پیام تقدیر دبیرکل جهاد اسلامی از رهبر انقلاب: از شما و فرمانده نیروی قدس که در هدایت نبرد کنار ما بودند تشکر میکنم», Хабаргузории Тасним
- ↑ «پیام سردار قاآنی به فرمانده گردانهای القسام», ИСНА
- ↑ «روایت عراقیها از نقش شهید سلیمانی در نجات سامرا», Сайти хабарии Фошниюс
- ↑ «همه چیز درباره حمله داعش به سامراء», Сайти Хабаргузории АБНА
- ↑ «روایت عراقیها از نقش شهید سلیمانی در نجات سامرا», Сайти хабарии Фошниюс
Сарчашма
- «اخبار لحظه به لحظه از شهادت حاج "قاسم سلیمانی" و "ابومهدی المهندس" و واکنشها به آن», Хабаргузории АБНА, санаи дарҷи матлаб: 14 дайи 1398ҳ.ш., санаи боздид: 11 тири 1400ҳ.ш.
- «انتقاد صریح امام خامنهای از فایل صوتی ظریف/ برخی حرفها تکرار حرفهای خصمانه دشمن است», Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 12 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1400ҳ.ш.
- «ایران از کدام گروههای مجاهد شیعه و سنی افغانستانی حمایت کرد؟», Сайти Хабаргузории ОНО, санаи дарҷи матлаб: 21 урдибиҳишти 1398ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1400ҳ.ш.
- «اینک نیروی بدون مرز قدس!», Сайти Khamenei.ir, санаи дарҷи матлаб: 27 дайи 1398ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1400ҳ.ш.
- Наҷобат, "Гурӯҳаки террористии ДИИШ ва амнияти милл Ҷумҳурии исломии Эрон; чолишҳо ва фурсатҳо",
- «با حکم رهبر معظم انقلاب، سردار اسماعیل قاآنی فرمانده نیروی قدس سپاه شد», Сайти Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 13 дайи 1398ҳ.ш.، санаи боздид: 12 тири 1400ҳ.ш.
- «بالکان غربی یا یوگسلاوی سابق از گذشتهای تلخ تا آیندهای روشن», Сайти Муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Аброри муосир, санаи боздид: 20 тири 1400ҳ.ш.
- Баҳман, Шуайб, "Нақши нерӯи Қудс дар ҳалли буҳронҳои ғарби Осиё", маҷаллаи Мутолиоти роҳбурдии ҷаҳони Ислом, №69, баҳори 1396ҳ.ш.
- «ترور مسئول سپاه قدس در یمن شکست خورد», Сайти تحولات جهان اسلام، санаи дарҷи матлаб: 21 дайи 1398ҳ.ш., санаи боздид: 19 тири 1400ҳ.ш.
- «حکم انتصاب سرتیپ قاسم سلیمانی به فرماندهی سپاه قدس سپاه پاسداران انقلاب اسلامی», Пойгоҳи иттилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 15 баҳмани 1376ҳ.ш., санаи боздид: 11 тири 1400ҳ.ш.
- «جمعیت اسلامی افغانستان», Сайти پیام آفتاب، санаи дарҷи матлаб: 1386ҳ.ш., санаи боздид: 21 тири 1400ҳ.ш.
- Хусравшоҳӣ, Ҳодӣ, «بازدارندگی محور مقاومت», санаи дарҷи матлаб: 9 дайи 1397ҳ.ш., санаи боздид: 14 меҳри 1403ҳ.ш. ба нақл аз рӯзномаи Созандагӣ
- «روایت عراقیها از نقش شهید سلیمانی در نجات سامرا», Сайти хабарии Фошниюс, санаи боздид: 25 тири 1400ҳ.ш.
- «سپاه قدس چگونه تشکیل شد؟», Сайти Хабаргузории донишҷӯёни Эрон, санаи дарҷи матлаб: 15 дайи 1398ҳ.ш., санаи боздид: 10 тири 1400ҳ.ш.
- «سه روایت از تشکیل سپاه پاسداران», Сайти Хабаргузории ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 1 урдибиҳишти 1395ҳ.ш., санаи боздид: 15 тири 1400ҳ.ш.
- Шафиъӣ, Зузар; Муродӣ, Аҳмад, "Таъсири ҷанги 33-рӯзаи Лубнон бар мавқеияти минтақаии Эрон", маҷаллаи Таҳқиқоти сиёсӣ ва байналмилалӣ, №1, баҳори 1388ҳ.ш.
- «صوت کامل مصاحبه ظریف», Сайти Хабаргузории دانشجو، санаи дарҷи матлаб: 6 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1400ҳ.ш.
- «ماجرای دیدار ۱۴۰ دقیقهای پوتین با سردار سلیمانی», Сайти Хабаргузории Машриқ, санаи дарҷи матлаб: 24 тири 1398ҳ.ш., санаи боздид: ۱۹ тири 1400ҳ.ш.
- «ماموریت نیروی قدس سپاه کمک به نهضتهای انقلابی و مقاومت و مظلومین در سراسر دنیاست/ نقش ایران در شکستن محاصره آمرلی», Сайти Ҷаҳонниюс, санаи дарҷи матлаб: 25 шаҳривари 1393ҳ.ш., санаи боздид: 27 тири 1400ҳ.ш.
- Муҳаммадпур, Саид, "Таъсири амалиётҳои номуназзами қароргоҳи Рамазон дар ҷанги таҳмилӣ", Маҷаллаи Сиёсати дифоӣ, №47, 1383ҳ.ш.
- «مروری بر فعالیتهای نیروی قدس سپاه و سردار سلیمانی؛ از بوسنی تا سوریه», Сайти Хабаронлайн, санаи дарҷи матлаб: 1 баҳмани 1398ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1400ҳ.ш.
- «معاون سپاه قدس: در یمن حضور نداریم», Сайти Игсоф, санаи дарҷи матлаб: 30 баҳмани 1399ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1400ҳ.ш.
- «ناگفتههای جنگ ۳۳روزه در گفتگو با سرلشکر حاج قاسم سلیمانی», Сайти Khamenei.ir، санаи дарҷи матлаб: 9 меҳри 1398ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1400ҳ.ш.
- نجابت، سید علی، «گروهک تروریستی داعش و امنیت ملی جمهوری اسلامی ایران؛ چالشها و فرصتها»، فصلنامه سیاست، شماره ۶، ۱۳۹۴ش.
- «نقش سردار سلیمانی در جلوگیری از سقوط کربلا», Сайти Хабаргузории دفاع مقدس، санаи дарҷи матлаб: 30 фарвардин 1395ҳ.ш., санаи боздид: 21 тири 1400ҳ.ш.
- «نیروی قدس سپاه چگونه شکل گرفت؟», Сайти Хабаргузории Форс, санаи дарҷи матлаб: 5 баҳмани 1398ҳ.ш.، санаи боздид: 15 тири 1400ҳ.ш.
- «نیروی قدس در کدام جنگها حضور یافت؟», Сайти Хабаргузории Машриқ, санаи дарҷи матлаб: 6 баҳмани 1398ҳ.ш., санаи боздид: 12 тири 1400ҳ.ш.
- «نیروی قدس سپاه چگونه تشکیل شد و در منطقه چه کرد؟», Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 3 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., санаи боздид: 18 тири 1400ҳ.ш.
- «واحد "نهضتهای آزادیبخش"؛ گروهی مورد حمایت "منتظری" که در خدمت دشمن بود», Сайти Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 24 урдибиҳишти 1399ҳ.ш., санаи боздид: 10 тири 1400ҳ.ш.
- «همه چیز درباره حمله داعش به سامراء», Сайти Хабаргузории Аҳли Байт (а): АБНА, санаи дарҷи матлаб: 15 хурдоди 1393ҳ.ш.، санаи боздид: 20 тири 1400ҳ.ш.
- «حمدان للمیادین: الشهید سلیمانی لعب دوراً مهماً فی تعبئة صفوف المقاومین», Сайти المیادین، санаи дарҷи матлаб: 1 январи 2021, санаи боздид: 5 октябри 2024.
- «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار با مردم قم», Сайти Khamenei.ir, санаи дарҷи матлаб: 18 дайи 1398ҳ.ш.، санаи боздид: 14 меҳри 1403ҳ.ш..
- «پیام تقدیر دبیرکل جهاد اسلامی از رهبر انقلاب: از شما و فرمانده نیروی قدس که در هدایت نبرد کنار ما بودند تشکر میکنم», Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 1 хурдоди 1400ҳ.ш.، санаи боздид: 14 меҳри 1403ҳ.ш..
- «پیام سردار قاآنی به فرمانده گردانهای القسام», ИСНА، санаи дарҷи матлаб: 25 обони 1402ҳ.ш.، санаи боздид: 14 меҳри 1403ҳ.ш.