Мухолифати Имом Хумайнӣ бо копитулосиюн
Тасвире аз мусуввабаи копитулосиюн дар Маҷлиси Шӯрои Миллии Эрони шоҳаншоҳӣ | |
| Шарҳи моҷаро | Мухолифат ва эътирози Имом Хумайнӣ ба лоиҳаи копитулосиюн |
|---|---|
| Замон | 26 октябри 1964 (4 обони 1343ҳ.ш.) |
| Давра | Паҳлавӣ |
| Сабаб | Қарори Маҷлиси Шӯрои Миллии Эрони шоҳаншоҳӣ дар бораи масунияти қазоии низомиён ва шаҳрвандони амрикоӣ дар Эрон |
| Паёмадҳо | Боздошт ва табъиди Имом Хумайнӣ ба Туркия |
| Дахлдор | Табъиди Имом Хумайнӣ ба Туркия |
Мухолифати Имом Хумайнӣ бо копитулосиюн (форсӣ: مخالفت امام خمینی با کاپیتولاسیون) эътирози Имом Хумайнӣ ба қарори Маҷлиси Шӯрои Миллии Эрон, дар бораи масунияти қазоии низомиён ва шаҳрвандони амрикоӣ дар Эрон дар ҳукумати Ҳасаналии Мансур буд. Имом Хумайнӣ пас аз иттилоъ аз тасвиби ин лоиҳа, дар 26 октябри 1964, дар мухолифат бо он, паёме содир намуд ва дар иҷтимои мардум дар манзилаш, алайҳи он суханронӣ кард. Ӯ, лоиҳаи копитулосиюнро бар асоси ояти нафйи сабил мухолифи Ислом ва Қуръон донист ва онро санади истимор ва бардагии миллати Эрон муаррифӣ намуд.
Ҳукумати Паҳлавӣ ифшогариҳои Имом Хумайниро иқдоме алайҳи амният, истиқлол ва тамомияти арзии кишвари Эрон эълом кард ва дар шаби 4 ноябри 1964, вайро боздошт ва ба Туркия табъид кард.
Муаррифӣ ва ҷойгоҳ
Лоиҳаи копитулосиюн пешниҳоде барои масунияти қазоии низомиён ва шаҳрвандони амрикоӣ дар Эрон буд,[1] ки дар 25 июли соли 1964 (3 мурдоди 1343ҳ.ш.) аз сӯи ҳукумати Ҳасаналии Мансур (сарвазири вақти Эрони шоҳаншоҳӣ) ба Маҷлиси Шӯрои Миллӣ пешниҳод ва дар 13 октябри соли 1964 (21 меҳри 1343ҳ.ш.) ба тасвиб расид.[2]
Имом Хумайнӣ пас аз иттилоъ аз тасвиби ин лоиҳа, дар 26 октябри соли 1964 (4 обони 1343ҳ.ш.), мувофиқ бо солгарди таваллуди ҳазрати Фотима (с), дар мухолифат бо он паёме содир намуд[3] ва дар иҷтимои рӯҳониён ва дигар табақоти мардум суханронӣ кард ва эътирози худашро ба ин лоиҳа эълом дошт.[4]
Имом ин суханрониро, ки дар манзилаш дар Қум ироа кард, бо ояти истирҷоъ, ки нишон аз расидани мусибате бузург аст, оғоз кард.[5] Вай дар бахше аз суханонаш, ба табйини лоиҳаи копитулосиюн пардохт ва натоиҷи сиёсӣ ва иҷтимоии онро бо зикри мисолҳое чунин тавсиф намуд, ки ба муҷиби ин қонун, агар яке аз мароҷеъи тақлид ё шоҳи Эронро як амрикоӣ террор кунад, ҳукумат ва қувваи қазоияи Эрон ҳаққи муҳокимаи ӯро надорад; вале агар касе саги амрикоиро зер бигирад, бозхост хоҳад шуд.[6]
Бо эъломи мухолифати Имом Хумайнӣ, дигар уламо ва нерӯҳои мазҳабӣ ва миллӣ низ ба мухолифат бо ин лоиҳа пардохтанд ва лағви онро хостор шуданд.[7] Оятуллоҳ Маръашӣ аз ҳаракати Имом тамҷид кард ва дар хусуси вай, ибораи «Иззат-ул-ислом ва-л-муслимин»(мояи иззати Ислом ва мусалмонон)-ро ба кор бурд.[8]
Копитулосиюн (ба фаронсавӣ: capitulation) ҳаққест, ки дар кишваре ба шаҳрвандони хориҷӣ дода мешавад, дар ин маврид, ки дар сурати ҷиноят содир кардан, дар додгоҳи он кишвар муҳокима нашаванд; балки дар додгоҳи марбут ба ҳукумати худашон муҳокима гарданд.[9]
«Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун, ман таассуроти қалбии худамро наметавонам изҳор кунам... Ин чанд рӯзе, ки масоили охири Эронро шунидаам, хобам кам шудааст. Нороҳат ҳастам. Қалбам дар фишор аст. Бо таассуроти қалбӣ рӯзшуморӣ мекунам, ки чӣ вақт марг пеш биёяд. Эрон дигар ид надорад, иди Эронро азо кардаанд... Моро фурӯхтанд, истиқлоли моро фурӯхтанд... Иззати мо пойкӯб шуд. Азамати Эрон аз байн рафт.»[10]
Мабнои фиқҳии мухолифат бо копитулосиюн
Имом Хумайнӣ дар паёме, ки ба дунуби тасвиби лоиҳаи копитулосиюн содир кард, онро мухолифи Ислом ва Қуръон донист[11] ва бо истинод ба қоидаи нафйи сабил,[12] паёми худро бо ояти «Лан яҷъала-л-лоҳу ли-л-кофирин ъала-л-муъминин сабилo; Худованд ҳаргиз иҷоза надода, ки кофирон ҳатто каме тасаллуте бар муъминон дошта бошанд»[13] оғоз кард.[14]
Фақеҳон бар асоси ин оят ва қоидаи нафйи сабил муътақиданд, ки ҳар ҳукм ва қонуне, ки сабаби тасаллути кофирон бар мусалмонон шавад, эътибор ва ҷойгоҳе дар дин надорад.[15] Имом Хумайнӣ тасвиби лоиҳаи копитулосиюнро санади истеъмор ва бардагии миллати Эрон ва сабаби тасаллути бегонагон муаррифӣ намуд ва сукут дар баробари онро гуноҳи кабира шумурд[16] ва аз мардум ва артиши Эрон хост, ки онро напазиранд.[17]
Вокуниши ҳукумати Паҳлавӣ ба мавқеъгирии Имом Хумайнӣ

Дар вокуниш ба суханронӣ ва паёми Имом Хумайнӣ, Ҳасанали Мансур, сарвазири вақти Эрони шоҳаншоҳӣ, дар 31 октябри соли 1964 (9 обони 1343ҳ.ш.) замоне, ки тасвиби лоиҳаро тавзеҳ медод ва собиқадор будан ва пазируфтани чунин лоиҳаро дар кишварҳои ҳамсоя матраҳ кард, аз мухолифат бо он изҳори таассуф кард ва онро боиси пойин овардани шаъни мамлакат шумурд ва мухолифонро сутуни панҷуми душман хонд.[18] Ҳукумати Паҳлавӣ ба хотири бозтоби ифшогариҳои Имом Хумайнӣ, қарор ба боздошт ва табъиди вай гирифт.[19] Ба дунуби он, шаби 4 ноябри соли 1964 (13 обони 1343ҳ.ш.) шумораи зиёде нирӯҳои вижа ба хонаи Имом ворид шуданд ва вайро боздошт ва сипас ба Туркия табъид карданд.[20]
Совок (созмони иттилооти ҳукумати Паҳлавӣ) субҳи рӯзи 4 ноябр, дар зимни эълоне, амалкарди Имом Хумайниро алайҳи амният, истиқлол ва тамомияти арзии кишвар донист ва онро сабаби табъидаш шумурд.[21] Шуморе аз рӯҳониён ва суханварон, аз ҷумла Сайид Козими Қурашӣ низ ба ҷурми эътироз алайҳи копитулосиюн ва огоҳ кардани мардум аз паёмадҳои он, боздошт ва шиканҷа шуданд.[22]
Пас аз пирӯзии Инқилоби исломии Эрон тавассути лоиҳаи пешниҳодии ҳукумати муваққат ба Шӯрои инқилоб, дар 13 майи соли 1979 (23 урдибиҳишти 1358ҳ.ш.) копитулосиюн дар Эрон лағв шуд.[23]
Эзоҳ
- ↑ Маҳдавӣ, Сиёсати хориҷии Эрон, 1373ҳ.ш., саҳ.309-313.
- ↑ Маҳдавӣ, Сиёсати хориҷии Эрон, 1373ҳ.ш., саҳ.313.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.409.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.415.
- ↑ Оқоӣ, «Даврони табъиди Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Туркия», саҳ.46-47.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.416.
- ↑ Таботабоӣ, Фақеҳон ва инқилоби Эрон, 1396ҳ.ш., саҳ.15.
- ↑ Таботабоӣ, Фақеҳон ва инқилоби Эрон, 1396ҳ.ш., саҳ.15.
- ↑ Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, 1377ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.15762.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.415.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.411.
- ↑ Комрон ва Амирифард, «Қоидаи нафйи сабил ва татбиқоти он», саҳ.110-111.
- ↑ Сураи Нисо, ояти 141.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.409.
- ↑ Буҷнурдӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.187-188; Фозили Ланкаронӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, 1383ҳ.ш., саҳ.233.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.420.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.409-412.
- ↑ Асадуллоҳӣ, Эҳёи копитулосиюн ва паёмадҳои он, 1373ҳ.ш., саҳ.99-100.
- ↑ Асадуллоҳӣ, Эҳёи копитулосиюн ва паёмадҳои он, 1373ҳ.ш., саҳ.96-98.
- ↑ Тулуъӣ, Бозигарони асри Паҳлавӣ аз Фурӯғӣ то Фардӯст, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.495.
- ↑ Тулуъӣ, Бозигарони асри Паҳлавӣ аз Фурӯғӣ то Фардӯст, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.495.
- ↑ Рӯҳонӣ, Наҳзати Имом Хумайнӣ, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1047.
- ↑ Рӯзномаи Иттилоот, 24 урдибиҳишти 1358ҳ.ш. (14 майи 1979), саҳ.4.
Сарчашма
- Асадуллоҳӣ, Масъуд, Эҳёи копитулосиюн ва паёмадҳои он, Теҳрон, Созмони таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
- Буҷнурдӣ, Сайид Ҳасан, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, таҳқиқи Маҳдии Меҳризӣ ва Муҳаммадҳасани Дироятӣ, Қум, ал-Ҳодӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо, Теҳрон, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи панҷум, 1389ҳ.ш.
- Комрон, Ҳасан ва Амирифард, Заҳро, «قاعده نفی سبیل و تطبیقات آن» («Қоидаи нафйи сабил ва татбиқоти он»), дар дуфаслномаи Фиқҳ ва иҷтиҳод, №3, баҳор ва тобистони 2015.
- Маҳдавӣ, Абдурризо (Ҳӯшанг), Сиёсати хориҷии Эрон дар давраи Паҳлавӣ, 1300–1357ҳ.ш., Теҳрон, Албурз, чопи аввал, 1373ҳ.ш.
- Оқоӣ, Абдурризо, «Даврони табъиди Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Туркия», дар маҷаллаи Рушди омӯзиши таърих, №35, тобистони 2009.
- Рӯзномаи Иттилоот, 24 урдибиҳишти 1358ҳ.ш. (14 майи 1979м).
- Рӯҳонӣ, Сайид Ҳамид, Наҳзати Имом Хумайнӣ, Теҳрон, Уруҷ, чопи понздаҳум, 1381ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Ҳодӣ, Фақеҳон ва инқилоби Эрон, Теҳрон, Кавир, чопи сеюм, 1396ҳ.ш.
- Тулуъӣ, Маҳмуд, Бозигарони асри Паҳлавӣ аз Фурӯғӣ то Фардӯст, Теҳрон, Илм, чопи чорум, 1376ҳ.ш.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, Қум, Маркази фиқҳи аиммаи атҳор, 1383ҳ.ш.
Пайванд ба берун
- صوت سخنرانی امام خمینی علیه کاپیتولاسیون در ۱۳ آبان ۱۳۴۳ش (Савти суханронии Имом Хумайнӣ алайҳи копитулосиюн дар 13 обони 1343ҳ.ш. (4 ноябри 1964м))
- متن سخنرانی امام خمینی علیه کاپیتولاسیون در ۱۳ آبان ۱۳۴۳ش Матни суханронии Имом Хумайнӣ алайҳи копитулосиюн дар 13 обони 1343ҳ.ш. (4 ноябри 1964м)
- کاپیتولاسیون (Копитулосиюн)