Умми Айман

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Уммиайман)
Умми Айман
Номи комилБарака духтари Саълаба ибни Амр
КунияУмми Айман
ХешовандонУсома ибни Зайд (фарзанд), Зайд ибни Ҳориса (ҳамсар)
ДигарШаҳодат бар ҳадя додани Фадак тавассути Пайғамбар (с) ба Фотимаи Заҳро (с)
СиёсӣҲиҷрат ба Ҳабаша ва Мадина
ФаолиятҳоҲузур дар ҷангҳои Уҳуд ва Хайбар


Умми Айман (арабӣ: اُمِّ أیمَن) яке аз саҳоба ва модари Усома ибни Зайд буд, ки ҳазрати Муҳаммад (с), ӯро зани биҳиштӣ муаррифӣ кардааст. Ӯ пас аз даргузашти Паёмбар (с) якҷоя бо Имом Алӣ (а) барои пас гирифтани Фадак аз Абубакр, шаҳодат дод, ки Паёмбар (с) Фадакро ба Фотимаи Заҳро (с) бахшидааст.

Ӯ яке аз аввалин касоне буд, ки мусулмон шуд. Ҳамчунин дар ҷангҳои Уҳуд ва Хайбар ҳузур дошт ва дар ҷанги Уҳуд ба захмиҳо об мерасонд ва онҳоро табобат мекард. Ривоятҳое ба нақл аз Умми Айман дар манобеи ривоӣ вуҷуд дорад.

Зиндагинома

Барака духтари Саълаба ибни Амр, машҳур ба Умми Айман, канизи ҳабашӣ[1] ва мутааллиқ ба Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб - падари ҳазрати Муҳаммад (с), будааст[2] ва сипас ба Паёмбар (с) аз падар ба ирс расида[3] ва Паёмбар пас аз издивоҷ бо ҳазрати Хадиҷа,[4] ӯро озод кард.[5]

Умми Айман ҳамчунин пас аз вафоти Омина - модари ҳазрати Муҳаммад (с) дар Абвоъ, вазифаи нигоҳубинии Паёмбар (с)-ро то вуруд ба Макка[6] ва пас аз он, то синни балоғат ва рушд расидан, бар ӯҳда дошт.[7]

Умми Айман пеш аз Ислом дар Макка бо Убайд ибни Амр издивоҷ кард ва аз ӯ фарзанде ба номи Айман ба дунё овард, ки дар ғазваи Ҳунайн дар лашкари Ислом буд ва кушта шуд.[8] Пас аз вафоти Убайд ибни Амр, Умми Айман бо Зайд ибни Ҳориса издивоҷ кард.[9] Усома ибни Зайд, фарзанди ҳардуи онҳост.[10] Паёмбар (с) пеш аз издивоҷи Умми Айман бо Зайд ибни Ҳориса, хитоб ба ёронаш фармуд, ки ҳар кас мехоҳад бо зани биҳиштие издивоҷ кунад, Умми Айманро ба никоҳи худ дароварад.[11]

Таърихи вафоти Умми Айман, панҷ ё шаш моҳ баъд аз вафоти ҳазрати Муҳаммад (с) дониста шудааст.[12] Бо ин ҳол, бархе, аз зинда будани ӯ дар даврони хилофати Абубакр ва Умар сухан гуфтаанд.[13]

Ҳамроҳӣ бо Паёмбар

Умми Айман аз ҷумлаи касоне буд, ки мусулмон шуд ва баъдҳо ба Мадина ҳиҷрат кард.[14] Ҳамчунин бархе аз муаррихон, ӯро аз муҳоҷирони ба Ҳабаша донистаанд.[15] Номи Умми Айман дар зумраи саҳобагони Паёмбар зикр шудааст.[16]

Ӯ дар ҷанги Уҳуд ҳузур дошт ва ба маҷруҳон об мерасонд[17] ва онҳоро табобат мекард.[18] Умми Айман дар ҷанги Хайбар низ ба ҳамроҳи Умми Салама, яке аз бист зане буд, ки ҳамроҳ бо Паёмбар (с) аз Мадина хориҷ шуд.[19]

Паёмбар (с) ба Умми Айман алоқаи бисёре дошта, гоҳ ӯро модар хитоб мекардааст.[20] Бинобар гузоришҳои таърихӣ, Паёмбар (с) бо Умми Айман дар хонааш дидор мекарда ва пас аз Паёмбар низ Абубакр ва Умар ба пайравӣ аз ҳазрати Муҳаммад (с), ҳамин корро анҷом додаанд.[21] Дар бархе манобеи ҳадисӣ, фазоили Умми Айман дар бахши мустақиле зикр шудааст.[22]

Умми Айман якҷоя бо Имом Алӣ (а), пас аз вафоти Паёмбар (с), барои пас гирифтани Фадак аз Абубакр гувоҳӣ дод, ки Паёмбар (с) Фадакро ба Фотима бахшидааст.[23] Дар манобеи ҳадисии аҳли тасаннун чанд ҳадис аз Паёмбар (с) тавассути Умми Айман нақл шудааст.[24] Касоне чун Анас ибни Молик, Абуязиди Маданӣ ва Ҳанаш ибни Абдуллоҳи Санъонӣ низ аз ӯ ривоят кардаанд.[25]

Эзоҳ

  1. Зуҳрӣ, ал-Мағозӣ-н-набавийя, 1401ҳ.қ., саҳ.177; ат-Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.86.
  2. Ат-Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.86.
  3. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1405ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.223; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.96.
  4. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.77; ат-Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.86.
  5. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1405ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.223; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.96.
  6. Ибни Қутайба, ал-Маъориф, 1388ҳ.қ., саҳ.150.
  7. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.360.
  8. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.471.
  9. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.471; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.61, ҷ.8, саҳ.223.
  10. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.471; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.61, ҷ.8, саҳ.223.
  11. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.472; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.61, ҷ.8, саҳ.223.
  12. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.304.
  13. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.304.
  14. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.269; Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1380ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1793.
  15. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1380ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1793.
  16. Барои намуна ниг.: Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.303.
  17. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241 ва 250; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1405ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.225.
  18. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1405ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.225.
  19. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.684 - 685.
  20. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1405ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.223.
  21. Муслим ибни-л-Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1907; Ибни Моҷа, Сунан, 1401ҳ.қ., ҷ.2, 523 - 524; Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1380ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1794.
  22. Барои намуна ниг.: Муслим ибни-л-Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1907 - 1908.
  23. Ат-Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.121 - 122.
  24. Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад, 1421ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.357; ат-Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.87 - 91; Ибни Моҷа, Сунан, 1401ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1107.
  25. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Таҳзиб-ут-таҳзиб, 1327ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.459.

Сарчашма

  • Ал-Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабийя, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1427ҳ.қ.
  • Ат-Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, ба кӯшиши Ҳамдӣ Абдулмаҷид ал-Салафӣ, Қоҳира, 1404ҳ.қ./1983м.
  • Ат-Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.1, ҳамроҳ бо таълиқ ва мулоҳизоти Сайид Муҳаммадбоқири Хирсон, Наҷаф, Дорул-Нуъмон, 1386ҳ.қ./1966м.
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад-ул-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, таҳқиқи Шуайб ал-Арнаъут, ҷ.45, Бейрут, муассисатур-Рисола, 1421ҳ.қ./2001м.
  • Балозурӣ, Аҳмад, Ансоб-ул-ашроф, ба кӯшиши Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Қоҳира, 1959м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морсиден Ҷонс, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Зуҳрӣ, Абдуллоҳ, ал-Мағозӣ-н-набавийя, ба кӯшиши Суҳайл Заккор, Димишқ, 1401ҳ.қ./1981м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф, ал-Истиъоб, ба кӯшиши Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Қоҳира, 1380ҳ.қ. /1960м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ, ал-Маъориф, ба кӯшиши Сарват Аккоша, Қоҳира, 1388ҳ.қ./1969м.
  • Ибни Моҷа, Муҳаммад, Сунан, Истанбул, 1401ҳ.қ./1981м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дорусодир, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Шайх Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, ҷ.8, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Ҳайдарободи Дакан, 1327ҳ.қ.
  • Муслим ибни-л-Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, ба кӯшиши Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дорул-ҳадис, 1412ҳ.қ./1991м.