Наҳҷулбалоға

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби наҳҷулбалоға)
Наҳҷулбалоға
Санаи таълиф400ҳ.қ. (санаи гирдоварӣ тавассути Сайид Разӣ)
МавзуъБаргузидае аз гуфторҳои Имом Алӣ алайҳиссалом
СабкҲадисӣ
ЗабонАрабӣ
Ба тасҳеҳиШахсиятҳои гуногуне онро тасҳеҳ кардаанд.
Ба кӯшишиСайид Разӣ
Теъдоди ҷилд1
Тарҷума ба забонҳои дигарфорсӣ • англисӣ • фаронсавӣ • ҳиндӣ • италиянӣ • туркии истанбулӣ • урду • тоҷикӣ


Наҳҷулбалоға (арабӣ: نهج البلاغة) китобе аст, ки дар он теъдоде аз хутбаҳо, номаҳо ва ҷумалоти кӯтоҳи Имом Алӣ (а), ба кӯшиши Сайид Разӣ гирдоварӣ шудааст. Наҳҷулбалоғаро доиратулмаорифе аз фарҳанги исломӣ ва аз муҳимтарин манобеъ барои шинохти Ислом ва арзишҳои динӣ медонанд. Наҳҷулбалоға фасоҳату балоғати болое дорад ва ҳамин амрро иллати ҷозиба ва мондагории ин китоб медонанд.

Ҷомеъияту гуногунии муҳтавои Наҳҷулбалоға аз имтиёзоти он аст. Муҳтавои Наҳҷулбалоға ба тартиб дар се бахши хутбаҳо, номаҳо ва калимоти қисор танзим шудааст. Дар хутбаҳо ва калимоти қисор, мавзуоти мухталифе чун худошиносӣ, мабоҳиси ахлоқӣ, шинохти ҷаҳон, пайдоиши олам, табиати инсон, умматҳо ва ҳукуматҳои некӯкору ситамкор баён шуда ва дар номаҳо бештар ба масоили ҳукуматдорӣ ва чигунагии таомули масъулон бо мардум пардохта шудааст.

Наҳҷулбалоға ба забонҳои мухталиф аз ҷумлаи форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ, италиянӣ, туркии истанбулӣ, урду ва тоҷикӣ тарҷума шудааст. Бар Наҳҷулбалоға шарҳҳои фаровоне навишта шуда, ки Шарҳи Наҳҷулбалоға таълифи Ибни Абилҳадид ва Шарҳи Наҳҷулбалоға, асари Ибни Майсами Баҳронӣ аз муҳимтарин шарҳҳои арабӣ ва Паёми Имом Амиралмуъминин (а), таълифи Носир Макорими Шерозӣ аз шарҳҳои форсӣ бар он аст. Ҳамчунин бархе муҳаққиқон талош кардаанд, то суханони дигари Имом Алӣ (а)-ро аз китобҳои дигар, ки дар Наҳҷулбалоға наёмада, ҷамъоварӣ ва бо унвони мустадрак мунташир кунанд; аз ҷумлаи ин талошҳо метавон ба Наҳҷ-ус-саодати фи мустадраки Наҳҷулбалоға таълифи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ ишора кард.

Наҳҷулбалоға аз ҷумла китобҳоест, ки то қабл аз санъати чоп, садҳо нусха аз он дастнавис шуд. Қадимитарини онҳо нусхаи хаттии мутаъаллиқ ба сол 469ҳ.қ. аст, ки дар китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ нигаҳдорӣ мешавад. Баъд аз санъати чоп низ Наҳҷулбалоға дар кишварҳои Эрон, Миср, Лубнон, Сурия ва Қатар, ҳамроҳ бо шарҳҳову тарҷумаҳои мухталиф, садҳо бор чоп шуд.

Бо ташкили низоми Ҷумҳурии исломии Эрон, бо кумаки расона ва фарҳанг Наҳҷулбалоға дар фарҳанги умумӣ ҳузур пайдо кард. Донишкада ва муассисаҳое бо меҳварияти Наҳҷулбалоға шакл гирифт ва Бунёди Наҳҷулбалоға бо ҳадафи тарвиҷу пажӯҳиши тахассусии Наҳҷулбалоға таъсис гардид. Ҳамчунин нармафзорҳои тахассусии Наҳҷулбалоға бо унвони донишномаи алавӣ ва донишномаи ҷомеъи Наҳҷулбалоға таҳия шуд.

Манобеи Сайид Разӣ дар тадвини Наҳҷулбалоға, китобҳои мухталифе аз аҳли тасаннун, монанди китоби ал-Баёну ва-т-табйин навиштаи Ҷоҳиз, ал-Мағозӣ асари Саид ибни Яҳёи Умавӣ, ал-Ҷамал навиштаи Воқидӣ ва Таърихи Табарӣ, будааст. Ба бовари бархе муҳаққиқон, басанда кардани Сайид Разӣ ба манобеи аҳли тасаннун ва зикр накардани санади суханони Имом Алӣ (а) дар Наҳҷулбалоға, ин китобро бо эродҳое мувоҷеҳ кардааст. Ба ҳамин далел, пажӯҳишгарони зиёде барои исботи дурустии Наҳҷулбалоға, санади ривоёти ин китобро аз манобеи куҳан дар қолаби асноду мадорики Наҳҷулбалоға ҷамъоварӣ кардаанд.

Бархе суннимазҳабон дар бораи гирдоварандаи ин асар ва низ дар сиҳҳати интисоби ривоёти он ба Имом Алӣ (а) тардид кардаанд. Ба гуфта бархе муҳаққиқон, тардид дар ҷамъоварандаи ин асар, аз муроҷиа накардан ба асли китоб ҳикоят дорад, чароки дар матни китоб борҳо ба номи гирдоварандаи он яъне Сайид Разӣ ишора шудааст. Чунон ки Ибни Абилҳадид, аз олимони аҳли суннат, тардид дар интисоби муҳтавои Наҳҷулбалоға ба Имом Алӣ (а)-ро ҳавопарастонаву таассуби кӯркӯрона хондааст.

Аҳамияти Наҳҷулбалоға

Имом Алӣ (а)
بئس الزاد إلی المعاد العدوان علی العباد

(Бадтарин тӯша барои он ҷаҳон, ситам кардан бар бандагон аст.)

Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., ҳикмати 221, саҳ.507

Наҳҷулбалоға китобест, ки теъдоде аз хутбаҳо, номаҳо ва ҷумалоти кӯтоҳи Имом Алӣ (а) дар даврони хилофаташро дар бар дорад.[1] Онро доиратулмаорифе аз фарҳанги исломӣ, пас аз Қуръон ва аҳодиси набавӣ, муҳимтарин манбаъ барои шинохти Ислом ва арзишҳои динӣ медонанд.[2] Ҳамчунин баъд аз Қуръон, Наҳҷулбалоғаро яке аз китобҳои мавриди тавваҷуҳи шиаён барои азёд кардан муаррифӣ кардаанд.[3] Ризо Устодӣ дар китобномаи Наҳҷулбалоға номи 370 унвон китоб перомуни Наҳҷулбалоғаро овардааст, ки то соли 1359ҳ.ш. навишта шудаанд.[4]

Сайид Муҳсин Амин дар китоби Аъён-уш-шиа, Наҳҷулбалоғаро яке аз бузургтарин ифтихороти араб ва Ислом муаррифӣ кардааст.[5] Бар асоси гузоришҳо, баъд аз Қуръон, Наҳҷулбалоға бештарин нусхаҳои хаттӣ ва шарҳу тафсир дар фарҳанги исломӣ дорад ва бисёре аз мутуни адабии форсӣ ва арабӣ, баъд аз Қуръон, аз Наҳҷулбалоға таъсир пазируфтаанд.[6] Ҳамчунин ба гуфта Муҳаддиси Нурӣ дар китоби Мустадрак-ул-васоил бисёре аз уламои пешин, ки мехостанд ба шогирдонашон иҷозаномаеро барои нақли Наҳҷулбалоға бидиҳанд, Наҳҷулбалоғаро бо унвон «Аху-л-Қуръон» (бародари Қуръон) муаррифӣ кардаанд.[7]

Гирдоваранда

Мақолаи аслӣ: Сайид Разӣ

Сайид Разӣ (359 - 406ҳ.қ.), Наҳҷулбалоғаро дар соли 400ҳ.қ. ҷамъоварӣ кардааст.[8] Сайид Разӣ аз Оли Абитолиб[9] ва аз фақиҳон, мутакаллимон, муфассирон ва адибон шиа аст.[10]

Номгузорӣ

Сайид Разӣ муҳимтарин ангезаи худ аз гирдоварии Наҳҷулбалоғаро, посух ба дархости дӯстонаш барои ҷамъоварии суханони фасеҳу балиғи Имом Алӣ (а), донистааст.[11] Ӯ дар Наҳҷулбалоға, танҳо бахше аз суханону номаҳои Имом Алӣ (а)-ро ҷамъ кардааст, ки дараҷаи болое аз фасоҳату балоғатро доранд.[12] Ба ҳамин далел, вай ин асарро Наҳҷулбалоға (ба маънои «роҳу тариқи ошкори балоғат») номида[13] ки ба гуфтаи Муҳаммад Абдуҳ, аз уламои аҳли тасаннун, беҳтарин тавсиф барои ин китоб аст.[14]

Арзиши адабӣ

Фасоҳату балоғати Наҳҷулбалоғаро аз муҳимтарин далелҳои ҷозибаву мондагории ин китоб медонанд.[15] Каломи Наҳҷулбалоғаро дар мартабае поинтар аз каломи холиқ ва болотар аз каломи махлуқ қарор додаанд.[16] Дар мавриди аҳамияту арзиши адабӣ ва балоғати Наҳҷулбалоға суханони бисёре аз андешмандони забони арабӣ нақл шудааст,[17] аз ҷумла ин ки:

  • Ибни Абилҳадид аз олимони аҳли суннат ва шореҳи Наҳҷулбалоға дар қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ, як сатр аз Наҳҷулбалоға аз 1000 сатр аз суханони Ибни Набота (хатиби маъруфи қарни чоруми ҳиҷрӣ) бартар медонад.[18]
  • Ҷурҷ Ҷурдоқ - нависандаи масеҳӣ, муътақид аст Наҳҷулбалоға пас аз Қуръон дар болотарин сатҳи балоғат қарор дорад.[19]
  • Шайх Носиф ал-Ёзиҷӣ адиб ва шоири лубнонӣ, ҳифзи Қуръон ва Наҳҷулбалоғаро барои саромад шудан дар фасоҳату балоғати забони арабӣ суфориш кардааст.[20]
  • Муҳйиддин Абдулҳамид, яке аз донишмандони забони арабӣ, Наҳҷулбалоғаро чашмаи ҷӯшони балоғату фасоҳати забони арабӣ муаррифӣ карда, муътақид аст каломи Наҳҷулбалоға, фасеҳтарин калом баъд аз каломи Худованд ва Расулаш аст.[21]

Бархе шореҳони Наҳҷулбалоға, Имом Алӣ (а)-ро мубтакири фанни иншои тамсилот (фанне ҳамонанди романнависӣ) донистаанд, ки гӯянда бо халқи як достон, ҳадафи омӯзишӣ ё интиқодиро дунбол мекунад.[22] Ба бовари онон, Имом (а) зайли ҳикмати 289 Наҳҷулбалоға, аз ин фан истифода кардааст; чунонки Имом (а) барои бародари динии худ вижагиҳои мумтозиро бармешуморад, дар ҳоле ки он шахс вуҷуди хориҷӣ надорад ва Имом барои ин ки дар муаррифии инсонҳои бофазилат, улгӯеро ироа диҳад, шахсияти фарзиро халқ кардааст.[23]

Ҷаззобияти Наҳҷулбалоға барои ғайримусулмонон

Наҳҷулбалоға ба далели фасоҳату балоғате ки дорад, на танҳо барои шиаён, балки барои ғайришиаён ва низ барои ғайримусулмонон ҷаззобият дорад;[24] чунонки Ҷурҷ Самъон Ҷурдоқи масеҳӣ, китоби Равоеъу Наҳҷулбалоғаро дар баррасии адабиёту ҳикматҳои Наҳҷулбалоға навиштааст.[25] Ҳамчунин бархе ғайримусулмонҳо бо хондани он мусулмон шудаанд;[26] чунонки Муҳаммад Легенҳоузен - файласуфи амрикоӣ бо хондани Наҳҷулбалоға мусулмон ва шиа шуд.[27]

Муҳтавои Наҳҷулбалоға

Муҳаммад Абдуҳ аз олимони аҳли суннат

Дар ин китоб [Наҳҷулбалоға] гоҳе инсон худро дар уфуқҳои баланди маъонӣ ва зеботарину беҳтарин иборатҳо ва гоҳе дар майдони ҷанг мебинад; чунонки гоҳе ақли нӯронӣ дар ин калом мушоҳида мешавад, ки талош мекунад инсонро аз зулматҳо ба сӯи малакут бибарад ва дар олами қудс ҷой диҳад ва гоҳе низ инсон худро дар миёни мудироне мебинад, ки Алӣ (а), онҳоро ба масоили сиёсат, иршод ва ба роҳ ва равиш киёст, ҳидоят мекунад.

Абдуҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Матбаат-ул-истиқома, саҳ.10

Носир Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлид ва шореҳи Наҳҷулбалоға, ҷомеъият ва гуногунмуҳтавоии Наҳҷулбалоғаро аз имтиёзоти фавқулъодаи он донистааст; муҳтавое ки гуфторҳои ширин ва дақиқе дар мавзуоти мухталиф ва гоҳ мутазод дорад.[28] Ба гуфтаи Ибни Абилҳадид Имом Алӣ (а) дар Наҳҷулбалоға гоҳе ба сони ҷангҷӯёни маъруфе чун Бастом ибни Қайс ва Утайба ибни Ҳорис (ду тан аз қаҳрамонони номии араб) сухан мегӯяд ва гоҳе монанди роҳибону зоҳидоне чун Исо ибни Марям (а) ва Юҳанно мавъиза мекунад.[29]

Тасвири нусхае хаттӣ аз Шарҳи Ибни Абилҳадид бар Наҳҷулбалоға, нигаҳдоришуда дар музеи Малики Теҳрон.[30]

Аббос Маҳмуд Аққод аз адибони мисрӣ, Наҳҷулбалоғаро чашмаи ҷӯшоне аз оёти тавҳид ва ҳикмати илоҳӣ муаррифӣ кардааст.[31] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, мутолиаи Наҳҷулбалоға хонандаро бо дидгоҳи ҷомеъи Имом Алӣ (а) дар бораи Худо, инсон, ҷаҳон, мабдаъ ва маъод ошно месозад.[32]Дар ин китоб сифоти ахлоқӣ, ки вижагии шахсияти инсони комил аст, баён шудааст.[33] Мабоҳисе дар бораи рисолати паёмбарон, имомат, ҳукумат ва раҳбарӣ, ҳуқуқи шахс ва ҷомеа, тавсифи зебоиҳои табиат, рӯҳияи мунофиқону кофарон ва ҳамчунин порае аз рухдодҳои садри Ислом ва муаррифии нокисин, мориқин ва қоситин аз дигар матолиби ин китоб аст.[34] Ба бовари Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа, Сайид Разӣ муҳтавои Наҳҷулбалоғаро ба сурати ҳӯшмандонае баргузида, то на танҳо заминаи ихтилофи шиаву суннӣ фароҳам нашавад, балки қавитарин шарҳҳо бар онро аҳли суннат бинависанд.[35]

Муҳтавои Наҳҷулбалоға ба тартиб дар се бахши хутбаҳо, номаҳоу ҳикматҳо танзим шудааст.

Хутбаҳо

Имом Алӣ (а):
وَ إِنَّمَا يَنْبَغِي لِأَهْلِ الْعِصْمَةِ وَ الْمَصْنُوعِ إِلَيْهِمْ فِي السَّلَامَةِ أَنْ يَرْحَمُوا أَهْلَ الذُّنُوبِ وَ الْمَعْصِيَةِ وَ يَكُونَ الشُّكْرُ هُوَ الْغَالِبَ عَلَيْهِمْ وَ الْحَاجِزَ لَهُمْ عَنْهُم
Бар касоне ки гуноҳ надоранд ва аз саломати дин бархӯрдоранд, шоистааст ки бар гуноҳкорону нофармонон раҳмат оранд ва шукри ин неъмат бигузоранд, чандон ки ин шукргузорӣ ононро машғул дорад ва ба гуфтани айби мардумон вонагузорад.
[36]

Бахши аввали Наҳҷулбалоға, баргузидае аз хутбаҳои Имом Алист ва 241 хутба дорад.[37] Сайид Ҷаъфар Шаҳидӣ аз шореҳони Наҳҷулбалоға, ин бахшро доиратулмаорифе аз фарҳанги исломӣ ва шомили мавзуоте чун худошиносӣ, шинохти ҷаҳон, пайдоиши олам, табиати инсон, умматҳо ва ҳукуматҳои некӯкору ситамкор донистааст.[38] Ба бовари ӯ, ҳадафи аслии Имом (а) аз баёни умури табиӣ ё нуктаҳои фалсафӣ ё таърихӣ, табйини масоили муҳими исломӣ ва худошиносӣ будааст.[39] Сайид Разӣ аз миёни тамоми хутбаҳо, фақат чор хутбаи Шиқшиқия (шумораи 3), Ғарро (шумораи 83), Ашбоҳ (шумораи 91) ва Қосиа (шумораи 192)-ро номгузорӣ кардааст.[40]

Ҳамчунин бубинед: Феҳристи хутбаҳои Наҳҷулбалоға

Муҳтавои бархе аз хутбаҳои машҳури Наҳҷулбалоға

Хутбаи Шиқшиқия

Мақолаи аслӣ: Хутбаи Шиқшиқия

Хутбаи Шиқшиқия, аз хутбаҳои баҳсбарангези Наҳҷулбалоға аст.[41] Имом (а) дар ин хутба масоили марбут ба имоматро баён карда, амалкарди хулафои қабл аз худро нақд мекунад ва асли хилофати ононро носаҳеҳ медонад.[42] Ҳамчунин дар ин хутба, моҷарои ҳуҷуми мардум барои байъат бо имом ва низ далели пазириши ҳукумат аз сӯи ӯ баён шудааст.[43]

Хутбаи Ғарро

Мақолаи аслӣ: Хутбаи Ғарро

Имом Алӣ (а) дар хутбаи Ғарро, ба риояти тақвои Илоҳӣ суфориш карда, неъматҳои Худо, озмоишӣ будани дунё, қиёмат ва маргро ёдоварӣ мекунад.[44] Мутобиқи нақли Сайид Разӣ, балоғати ин хутба чунон буд, ки мардум баъд аз шунидани он, ба худ ларзиданду ашки чашмонашон ҷорӣ шуд.[45] Ин хутба ба далели вуҷуди орояҳои адабӣ, монанди ҷинос, саҷъ, истиора ва киноя, «Ғарро» номгузорӣ шудааст.[46]

Хутбаи муттақин

Мақолаи аслӣ: Хутбаи муттақин

Хутбаи муттақин аз хутбаҳои ирфонӣ ва тарбиятии Наҳҷулбалоға аст.[47] Имом Алӣ (а) ин хутбаро ба дархости яке аз ёронаш ба номи Ҳаммом дар тавсифи муттақин баён кард.[48] Имом Алӣ (а) дар ин хутба ҳудуди сад сифат барои парҳезкорон баршумурдааст.[49] Ҳаммом пас аз шунидани ин хутба беҳуш шуд ва даргузашт.[50]

Номаҳо

Имом Алӣ (а):
وَ لَا تُخَاطِرْ بِشَيْ‏ءٍ رَجَاءَ أَكْثَرَ مِنْهُ‏‏
Чандонки замона роми туст онро осон гир ва ба умеди бештар, хатарро бар худ мапазир.
[51]

Бахши номаҳои Наҳҷулбалоға 79 қисмат дорад, ки аз 63 нома, 12 васиятнома, суфориш ва бахшнома, ду фармон, як дуо ва як паймоннома ташкил шудааст.[52] Дар бахши номаҳои Наҳҷулбалоға, ки мухотабони онҳо умуман коргузорони ҳукуматӣ, фармондеҳони низомӣ ва маъмурони молиётӣ буданд, бештар ба масоили ҳукуматдорӣ ва чигунагии таъомули масъулон бо мардум пардохта шудааст.[53] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, ин номаҳо сираи сиёсии Имом Алӣ (а)-ро равшан мекунад.[54] Ба бовари Сайид Ҷаъфар Шаҳидӣ, агарчи ин номаҳо аз тарафи ҳоким ба ҳукмронону масъулони ҳукуматӣ навишта шуда, аммо лаҳни онҳо омирона нест ва гӯӣ падаре меҳрбону дилсӯз барои фарзандони худ нома навиштааст.[55]

Номаи Имом Алӣ ба Имом Ҳасан, фармони Молики Аштар барои фармондории Миср ва номаи Имом Алӣ (а) ба Усмон ибни Ҳунайф ва номаи Имом Алӣ ба Ашъас аз маъруфтарин номаҳои Наҳҷулбалоға ҳастанд.

Ҳамчунин бубинед: Феҳристи номаҳои Наҳҷулбалоға

Калимоти қисор

Имом Алӣ (а):
إِذَا أَرْذَلَ اللَّهُ عَبْداً حَظَرَ عَلَيْهِ الْعِلْم‏‏‏‏
Ҳар гоҳ Худо бандаеро хор дорад, ӯро аз (омӯхтани) илм барканор дорад.
[56]

Бахши сеюми Наҳҷулбалоға, калимот қисор аст ва 480 калимаи қисор (кӯтоҳ) дорад.[57] Дар ин бахш гузидаи суханони ҳикматомези Имом Алӣ (а), пандҳо ва низ посухи пурсишҳо ва гуфторҳои кӯтоҳи вай омадааст.[58] Сайид Разӣ дар миёнаи калимоти қисори Наҳҷулбалоға фаслеро бо унвони «Фаслун фи ғароиби каломиҳ» (яъне: фасле дар бораи суханони шигифти Имом) зикр карда ки ба эътиқодаш фаҳмидани онҳо душвор ва ниёзманди тафсир аст.[59] Ин фасл 9 ҳадис дорад ки нахустини онҳо дар бораи зуҳури Имоми Замон (а) аст.[60]

Ҳамчунин бубинед: Феҳристи калимоти қисори Наҳҷулбалоға

Манобеи Наҳҷулбалоға

Бархе манобеъе, ки Сайид Разӣ, дар ҷамъоварии суханони Имом Алӣ, ба номи онҳо ишора карда, иборатанд аз: ал-Баёну ва-т-табйин навиштаи Ҷоҳиз, ал-Муқтазаб таълифи Мубаррад, ал-Мағозӣ асари Саид ибни Яҳёи Умавӣ, ал-Ҷамал навиштаи Воқидӣ, ал-Мақомот асари Абиҷаъфар Искофӣ ва Таърихи Ибни Ҷарири Табарӣ.[61] Дар бархе таҳқиқҳо теъдоди манобеи зикршуда дар Наҳҷулбалоғаро ба ҳабдаҳто расондаанд.[62] Бархе муҳаққиқон бар ин боваранд, манобеи таҳқиқотии Сайид Разӣ барои гирдоварии суханони ҳазрати Алӣ (а) бисёр ғанӣ ва густарда буд; чароки ӯ барои ҷамъоварии ин китоб аз ду китобхонаи бузурги Бағдод (китобхонаи 80 ҳазорҷилдии бародараши Сайид Муртазо ва китобхонаи 10 ҳазорҷилдии «Китобхонаи байт-ул-ҳикмаҳ» барои Абунасри Шопур, аз вазирони Оли Буя) баҳра бурдааст.[63]

Баъзе олимон зимни таҳсини он чи Сайид Разӣ дар мавриди Наҳҷулбалоға анҷом додааст, нақдҳое низ ба ин китоб ворид кардаанд.[64] Муҳаммадтақии Шуштарӣ дар китоби «Баҳҷ-ус-сабоғати фи шарҳи Наҳҷулбалоға» муътақид аст аз он ҷо ки Сайид Разӣ талош дошта то ҳар сухани фасеҳеро, ки ба Имом Алӣ (а) нисбат дода шуда, ҷамъоварӣ кунад ва барои ин кор танҳо ба китобҳои аҳли тасаннун муроҷиа карда, эродҳои зайл падид омадааст:

  • Нисбат додани бархе суханон ба Имом Алӣ ки душманон онҳоро сохтаанд;
  • Бурида шудани бархе ҷумалот ба гунае ки дар мавориде ба маънои мақсуди Имом халал ворид мешавад;
  • Нисбат додани бархе суханон ба Имом Алӣ (а) ки ривоёти шиа онро носаҳеҳ медонад;
  • Нисбат додани бархе ривоёт аз имомони дигар ба Имом Алӣ (а);
  • Нақли бархе суханоне ки дар хоб аз Имом шунида шудааст;
  • Нақли носаҳеҳи воқеаҳои дахлдор бо сухани Имом Алӣ (а).[65]

Санади хутбаҳо, номаҳоу ҳикматҳо

Китоби «Наҳҷ-ус-саодати фи мустадрики Наҳҷулбалоға» таълифи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ ки дар он санади хутбаҳо, номаҳо ва ҳикматҳои Наҳҷулбалоға ҷамъоварӣ шудааст.

Зикр накардани санади суханони Имом Алӣ (а) дар Наҳҷулбалоға, яке аз чолишҳои Наҳҷулбалоға аст; аз ин рӯ бархе, ривоятҳои ин китобро мурсал донистаанд ва муътақиданд ин ривоятҳо дар мабоҳиси фиқҳӣ қобили истинод нестанд.[66] Дар тавҷеҳи равиши Сайид Разӣ дар зикр накардани санадҳо, гуфта шуда манобеи ин суханони Имом, дар замони Сайид Разӣ машҳур буд ва ба ҳамин далел ӯ зикр кардани манобеи худро лозим намедонистааст; илова бар ин ки ӯ дар садади навиштани китоби ҳадисӣ дар мавзуи фиқҳ ё таърих набудааст, ки лозимаи он зикр кардани санад бошад, балки ӯ мехост зеботарин суханони Имом Алӣ (а)-ро ҷамъоварӣ кунад, то равиши балоғатро ба суханварон биомӯзад ва ин кори ӯ ба зикр кардани санади аҳодис ниёзе надошт.[67] Бо ин ҳол пажӯҳишгарони зиёде барои исботи дурустии нисбат додани Наҳҷулбалоға ба ҳазрати Алӣ (а), санади ривоёт ва суханони дар ин китоб омадаро аз манобеи куҳан дар қолаби аснод ва мадорики Наҳҷулбалоға ҷамъоварӣ кардаанд.[68] Аз ҷумлаи ин осор метавон ба мавориди зайл ишора кард:

Тарҷумаҳо

Ҷилди тарҷумаи комили китоби Наҳҷулбалоға ба забони тоҷикӣ

Наҳҷулбалоға ба забонҳои мухталиф аз ҷумлаи форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ, италиянӣ, туркии истанбулӣ, урдӯ, молоӣ, албанияӣ, буснияӣ, гуҷуротӣ, ошӯрӣ, арманӣ, савоҳилӣ, ҳавсаӣ, ҷопонӣ, чинӣ, рӯсӣ, испанияӣ ва тоҷикӣ тарҷума шудааст.[77] Шумори тарҷумаҳои Наҳҷулбалоға беш аз 100 унвон донистаанд,[78] ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба наздик ба 40 тарҷума ба забони форсӣ,[79] ҳудуди 10 тарҷума ба забони англисӣ ва 13 тарҷума ба забони урду ишора кард.[80]

Ҷилди тарҷумаи калимоти қисори Наҳҷулбалоға ба шакли китоби ҷудогона ба забони тоҷикӣ таҳти унвони «Суханони ҳикматомез»

Тарҷумаҳои манзум

Шоирони мухталифе низ Наҳҷулбалоғаро дар қолаби шеър ба забонҳои мухталиф тарҷума кардаанд.[81] Аз ҷумлаи ин шоирон метавон дар забони форсӣ ба Муҳаммадалии Ансории Қумӣ, Маҳдии Шафиъӣ ва Носири Бориконӣ, дар забони синдӣ ба Ҳофиз Мир Муҳаммадҳасан Алихон Ҳайдарӣ ва дар забони туркӣ ба Ҳасан Муллоии Аламдорӣ ишора кард.[82] Бархе адибон дар Бамбайи Ҳинд низ Наҳҷулбалоғаро ба забони ҳиндӣ ба назм даровардаанд.[83]

Ҳамчунин бубинед: Феҳристи тарҷумаҳои Наҳҷулбалоға

Шарҳҳо

Шарҳнависӣ бар Наҳҷулбалоға чанд сол пас аз таълифи он шурӯъ шуд ва ҳамчунон идома дорад.[84] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, дар таърихи Ислом пас аз Қуръон, тақрибан ҳеҷ китобе нест, ки ба андозаи Наҳҷулбалоға шарҳу тафсир дошта бошад.[85] Теъдоди фаровони шарҳҳои навишташуда бар Наҳҷулбалоға, шумориши дақиқи ҳамаи онҳоро мушкил кардааст; аз ин рӯи мақолоту рисолаҳои мухталифе барои ин ҳадаф навишта шудааст.[86] Бархе аз шарҳҳои Наҳҷулбалоға ба қарор зайл аст:

Шарҳҳои арабӣ

Шарҳҳо форсӣ

Мустадракҳо

Бисёре аз уламо талош кардаанд то суханони дигари Имом Алӣ (а)-ро аз китобҳои дигар, ки дар Наҳҷулбалоға наёмада, ҷамъоварӣ ва бо унвони мустадрак мунташир кунанд;[97] чунонки Сайид Разӣ низ бархе сафаҳоти Наҳҷулбалоғаро сифед гузошта буд, то агар дар оянда суханони ҷадиде аз Имом Алӣ (а) пайдо кард, ба Наҳҷулбалоға изофа кунад.[98] Бархе аз ин мустадракот иборатанд аз:

Тавҷҷуҳи хос ба Наҳҷулбалоға пас аз инқилоби исломӣ дар Эрон

Тамбри ҳазораи Наҳҷулбалоға рӯнамоишуда дар 25 меҳри 1360ҳ.ш./17 октябри 1981 дар Эрон. Дар ин тамбр бахше аз номаи ҳазрати Алӣ (а) дар Наҳҷулбалоға навишта шудааст.[104]

Наҳҷулбалоға дар давраи Ҷумҳурии исломии Эрон бо кумаки расонаву фарҳанг, ба навъе дар фарҳанги умумӣ ҳузур пайдо кард,[105] ба гунае ки Наҳҷулбалоға яке аз китобҳоест, ки дар канори Қуръон дар бисёре аз хонаҳои эрониёни мусулмон вуҷуд дорад.[106] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ дар асри вай тавваҷуҳи бештарӣ ба маорифи Наҳҷулбалоға сурат гирифт, дар ҳоле ки Наҳҷулбалоға дар қуруни гузашта дар фарҳанги исломӣ ва шиъии ғариб буд ва ин китоб ҳатто дар миёни донишпажӯҳони ҳавзаи илмия ҷойгоҳи дархуре надошт.[107]

Бо ташкили ҳукумати Ҷумҳурии исломӣ дар Эрон, ҳамоишҳову мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалии бисёре дар хусуси Наҳҷулбалоға баргузор шуд. Муассисаҳо ва марказҳое бо меҳварияти Наҳҷулбалоға шакл гирифт. Дар бархе аз ихтисосҳои улуми инсонӣ дарсе бо унвони Наҳҷулбалоға барои тадрис изофа шуд ва донишкадаи Наҳҷулбалоға ва пажӯҳишкадаи Наҳҷулбалоға таъсис гардид.[108] Ҳамчунин дар бархе донишкадаҳои Эрон риштаи тахассусии Наҳҷулбалоға дар мақтаи магистратура ва докторантура роҳандозӣ шуд.[109]

Ду нашрияи илмӣ-пажӯҳишӣ бо меҳварияти Наҳҷулбалоға бо унвонҳои «Пажӯҳишҳои Наҳҷулбалоға»[110] ва «Пажӯҳишномаи Наҳҷулбалоға»[111] мунташир мешавад. Ҳамчунин мақолаҳои бисёре дар мавриди Наҳҷулбалоға навишта шуда ва рисолаҳои илмии зиёде низ бо меҳварияти Наҳҷулбалоға таълиф шудааст.[112] Дар ҳавзаҳои илмия шахсиятҳои илмӣ ба тадриси Наҳҷулбалоға пардохтаанд.[113]

Нармафзорҳо

  • Донишномаи алавӣ ё Манҳаҷ-ун-нур: дар ин нармафзор 110 унвон китоб бо беш аз 280 ҷилд вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар ин нармафзор 33 шарҳу таълиқа дар 163 ҷилд ба забонҳои форсӣ ва арабӣ қарор дода шудааст. 26 тарҷума ба забонҳои форсӣ, англисӣ ва фаронса аз дигар вижагиҳои ин нармафзор аст. Ин нармафзорро Маркази таҳқиқоти компютерии улуми исломии нур таҳия кардааст.[114]
  • Донишномаи ҷомеъи Наҳҷулбалоға: ин нармафзор даҳҳо шарҳу тарҷума дар шаш забони дунё дорад. Дастрасӣ ба ҳазорон мавзуи гуногун ба сурати сохтори дарахтӣ ва қобилияти намоиши масодири Наҳҷулбалоға аз дигар хусусиятҳои ин нармафзор аст. Ин нармафзор ба ҳиммати Маркази таҳқиқоти роёнаии ҳавзаи илмияи Исфаҳон таҳия шудааст.[115]

Бунёди Наҳҷулбалоға

Мақолаи аслӣ: Бунёди Наҳҷулбалоға

Бунёди Наҳҷулбалоға дар соли 1353ҳ.ш./1974 бо ҳадафи тарвиҷу пажӯҳиши тахассусии Наҳҷулбалоға таъсис шуд.[116] Таъсиси китобхонаи тахассусӣ барои Наҳҷулбалоға, таҳияи нусхаҳои электронӣ аз нусхаҳои хаттии Наҳҷулбалоға, баргузории чанд конгресси илмӣ дар бораи Наҳҷулбалоға ва тадвини давраҳои омӯзишии Наҳҷулбалоға аз фаъолиятҳои ин муассиса аст.[117]

Шубҳа дар нисбат додани муҳтавои Наҳҷулбалоға ба Имом Алӣ (а)

Тасвирӣ аз нусхаи қадимии Наҳҷулбалоға нигошта шуда дар соли 544ҳ.қ.

Бархе суннимазҳабон дар мавриди китоби Наҳҷулбалоға ду шубҳа матраҳ кардаанд: 1.Равшан нест ин китобро Сайид Разӣ гирд оварда, ё бародари ӯ Сайид Муртазо; 2.Ин эҳтимол вуҷуд дорад ки ин суханон аз они Имом Алӣ (а) набошад ва Сайид Муртазо ё Сайид Разӣ онро ҷаъл карда бошанд.[118] Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ аз уламои аҳли суннат дар қарни нуҳум, Наҳҷулбалоғаро таълифи Сайид Муртазо дониста, муътақид аст суханони ин китоб ба дурӯғ ба Имом Алӣ (а) нисбат дода шудааст.[119]

Дар муқобил, уламои шиа ва олимони бисёре аз аҳл суннат муътақиданд, гирдоварандаи Наҳҷулбалоға, Сайид Разист ва ӯ ин китобро аз суханони Имом Алӣ (а) ҷамъоварӣ кардааст.[120] Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, тардид дар ҷамъоварандаи ин асар, аз муроҷиа накардан ба асли китоб ҳикоят дорад; чароки муаллифи ин асар, дар мавориди мутаъаддиде ки калимоти душвори Имом Алиро тавзеҳ медиҳад, аз таъбири «Қола-р-Разӣ:...» (Сайид Разӣ мегӯяд:...) истифода мекунад, ки нишон медиҳад гирдоварандаи асар, Сайид Разӣ будааст.[121] Ба гуфтаи муҳаққиқон, иҷозаҳое ки уламо барои нақли ин китоб дода ва силсилаи онро ба Сайид Разӣ рисондаанд, мутавотир аст ва ин амр ҳар гуна шаккеро дар мавриди нависандаи китоб аз байн мебарад.[122] Наҷҷошӣ аз риҷолиён ва ҳамъасри Сайид Разӣ низ ин китобро ба Сайид Разӣ нисбат додааст.[123]

Ибни Абилҳадид аз олимони аҳли суннат, шубҳаи аз они Имом Алӣ (а) будани муҳтавои Наҳҷулбалоғаро аз рӯи ҳавопарастӣ ва таассуби кӯркӯрона донистааст.[124] Истидлоле, ки Ибни Абилҳадид бар радди ин иддао баён карда ин аст ки аз тарафе бахше аз Наҳҷулбалоға қатъан аз суханони Имом Алӣ (а) аст, чароки бо нақлҳои мутавотир, дурустии он собит шудааст; ва аз тарафе дигар ҳар завқи салиме бар якдаст будани Наҳҷулбалоға ҳукм мекунад.[125] Ибни Таймия низ, бар асоси он чи шогирдаш Салоҳуддин Сафадӣ нақл мекунад, Наҳҷулбалоғаро каломи Имом Алӣ (а) медонистааст.[126] Аллома Баҳрулъулум аз мароҷеъи тақлиди шиа дар қарни дувоздаҳум, низ эҳтимоли ҷаълӣ будан ин китобро аз бузургтарин тӯҳматҳо донистааст.[127]

Гирдоварии суханони Имом Алӣ қабл аз Сайид Разӣ

Сайид Ҳибатуддини Шаҳристонӣ дар радди ҷаълӣ будани Наҳҷулбалоға муътақид аст Сайид Разӣ нахустин касе нест, ки хутбаҳо ва суханони Имом Алӣ (а)-ро гирдоварӣ кардааст, балки ашхоси зиёде пеш аз ӯ хутбаҳо ва суханони Имомро ҳифз мекарданд.[128] Яъқубӣ таърихнигори қарни сеюми қамарӣ, дар китобаш аз чорсад хутбаи барҷоймонда аз Алӣ (а) сухан ба миён овардааст,[129] Чунонки ба гуфтаи Масъудӣ - муаллифи китоби Муруҷ-уз-заҳаб, мардум беш аз 480 хутба аз Имомро азбар будаанд.[130] Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, муаллифи китоби Туҳаф-ул-уқул муътақид аст, агар танҳо хутбаҳои Имом Алӣ (а) дар бораи тавҳид ҷамъоварӣ шавад, ҳаҷми он ба андозаи китоби Туҳаф-ул-уқул мешавад.[131]

Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, нахустин фарде, ки хутбаҳои Имом Алӣ (а)-ро дар китобе навишт, Зайд ибни Ваҳб, аз ёрони Имом Алӣ (а) буд ки «Китоб-ул-хутаб»-ро таълиф кард ва китобаш то қарни панҷум вуҷуд дошт.[132] «Хутабу Амиралмуъминин» таълифи Масъада ибни Садақа, «Хутабу Алӣ (а)» навиштаи Иброҳим ибни Ҳаками Фазорӣ, «Хутабу Амиралмуъминин» таълифи Абдулазими Ҳасанӣ ва «Хутабу Алӣ ва кутубиҳи ило уммолиҳ» ба қалами Алӣ ибни Муҳаммади Мадоинӣ, аз китобҳои нахустин дар ҷамъоварии хутбаҳои Имом Алӣ (а) ба шумор омадаанд, ки қабл аз Сайид Разӣ таълиф шудаанд.[133]

Китобат ва чопи Наҳҷулбалоға

Нусхаи дастнавис аз Наҳҷулбалоға ки тавассути Ҳусайн ибни Муҳаммад Ҳасании Шерозӣ дар рабиулаввали 693 ҳиҷрӣ дар Бағдод навишта шудааст ва дар музеии Малики Теҳрон нигаҳдорӣ мешавад.[134]

Наҳҷулбалоға аз ҷумла китобҳоест, ки то қабл аз санъати чоп, садҳо нусха аз он дастнавис шудааст.[135] Мутобиқи бархе гузоришҳо, танҳо дар китобхонаҳои шахсӣ ва умумии Эрон, 300 нусха дастнавису хаттӣ аз Наҳҷулбалоғаро шиносоӣ кардаанд.[136] Сайид Абдулазиз Таботабоии Яздӣ китобшиносу нусхашиноси шиа, дар таҳқиқоти худ, вижагиҳои 160 нусхаи қадимии Наҳҷулбалоға (мутаъаллиқ ба қарнҳои панҷум то даҳуми ҳиҷрӣ)-ро зикр кардааст.[137] мавориди зайл аз муҳимтарин нусхаҳои хаттии Наҳҷулбалоға ба шумор омадаанд:

  • Нусхаи хаттии мутаъаллиқ ба соли 469ҳ.қ. ки ба қалами ҳусайн ибни Ҳасани мؤдби китобат шуда ва дар Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ нигаҳдорӣ мешавад;
  • Нусхаи хаттӣ ба соли 485ҳ.қ. ба хатти Аднон ибни Иброҳим, ки дар китобхонаи Сайид Муҳаммадалии Равзотӣ дар Исфаҳон қарор дорад;
  • Нусхаи хаттӣ ба соли 494ҳ.қ. ба хати Фазлуллоҳ ибни Тоҳири Ҳусайнӣ ки чопи акси ин нусхаро китобхонаи масҷиди ҷомеъи Теҳрон дар соли 1402ҳ.қ. мунташир кардааст;
  • Нусхаҳои хаттии мутаъаддид, мутаъаллиқ ба қарни 5ҳ.қ. ки дар китобхонаи Ҳусайналӣ Маҳфуз, китобхонаи Сайид Ҳибатуддини Шаҳристонӣ, китобхонаи мадрасаи олии Сипаҳсолори Теҳрон ва маркази эҳёи мероси исломӣ дар Қум нигаҳдорӣ мешаванд.[138]

Чоп

Наҳҷулбалоға дар кишварҳои Эрон, Миср, Лубнон, Сурия ва Қатар, ҳамроҳ бо шарҳҳову тарҷумаҳои мухталиф, садҳо бор чоп шудааст.[139] Дар бархе таҳқиқҳо қадимитарин чопи китоби Наҳҷулбалоға барои соли 1247ҳ.қ./1831 муаррифӣ шуда ки дар шаҳри Табрез интишор ёфтааст.[140] Аз муҳимтарин чопҳои Наҳҷулбалоға метавон ба мавориди зайл ишора кард:

Такнигориҳо

Китоби Сайре дар Наҳҷулбалоға, ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ.

Дар мавзуи Наҳҷулбалоға китобҳои мухталифе навишта шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба мавориди зайл ишора кард:

  • «Сайре дар Наҳҷулбалоға»; ин китоб матни бознависишудаи маҷмуамақолоте аст, ки Муртазо Мутаҳҳарӣ дар солҳои 1351 ва 1352ҳ.ш. дар нашрияи Дарсҳое аз Ислом мунташир мекард.[142] Илоҳиёт ва мовароуттабиа, сулуку ибодат, ҳукумату адолат, аҳли байту хилофат ва дунёву дунёпарастӣ аз ҷумла унвонҳои бахшҳои китоб аст.[143] Ин китоб ба забонҳои мухталифе аз ҷумла арабӣ ва англисӣ тарҷума шудааст.[144]
  • «Шинохти вижагиҳои Наҳҷулбалоға»; дар ин китоб ба баҳсҳое ҳамчун зарурати бозгашт ба Наҳҷулбалоға, ҷомеъияти Наҳҷулбалоға, арзиши асноду мадорики Наҳҷулбалоға, сабабҳои саломату асолати Наҳҷулбалоға ва ҷозибаҳои он пардохта шудааст.[145] Ин китобро Муҳаммади Даштӣ таълиф ва Муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Амиралмуъминин (а) мунташир кардааст.[146]
  • «Амиралмуъминин ва Наҳҷулбалоға»; дар ин китоб шахсияти Имом Алӣ (а), шахсияти Сайид Разӣ ва хутбаҳои Наҳҷулбалоға муаррифӣ ва ба бархе шубаҳот дар бораи ин китоб посух дода шудааст. Ҳамчунин дар ин китоб феҳристе аз шореҳону мутарҷимони Наҳҷулбалоға ироа шудааст.[147] Ин китоб бо ҳимояти Бунёди Наҳҷулбалоға ва ба кӯшиши Азизуллоҳи Уторидӣ таълиф ва дар соли 1379ҳ.ш. мунташир шудааст.[148]
  • «Ковише дар Наҳҷулбалоға»; маҷмуае аз мақолоти нависандагони мухталиф (монанди Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ, Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва Абулқосими Хазъалӣ) дар бораи Наҳҷулбалоға аст, ки Бунёди Наҳҷулбалоға онро дар се ҷилд мунташир кардааст.[149] Китоби дигаре бо ҳамин ном ба қалами Сайид Ҷалил Муртазавӣ бо меҳварияти вижагиҳои ҳукумати исломӣ дар 224 сафҳа мунташир шудааст.[150]
  • «Омӯзиши Наҳҷулбалоға»; ин китобро Сайид Муҳаммадмаҳдии Ҷаъфарӣ таълиф ва Вазорати фарҳангу иршоди исломии Эрон дар соли 1380ҳ.ш. мунташир кардааст.[151]

Эзоҳ

  1. Мустафавӣ, «Муаррифии Наҳҷулбалоға», саҳ.23
  2. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.11
  3. Мустафавӣ, Робитаи Наҳҷулбалоға ва Қуръон, 1386ҳ.ш., саҳ.32
  4. Устодӣ, Китобномаи Наҳҷулбалоға, 1359ҳ.ш., кули китоб
  5. Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.218
  6. Рафиъӣ, «Асолати алавии Наҳҷулбалоға», саҳ.131
  7. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил (хотимаи Мустадрак-ул-васоил), 1408ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.204
  8. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.559
  9. Ҷаъфарӣ, Сайид Разӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.22
  10. Амин, Аъён-уш-шиа, 1406ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.218
  11. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., муқаддама, саҳ.34
  12. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., муқаддама, саҳ.35
  13. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., муқаддама, саҳ.36
  14. Абдуҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Матбаат-ул-истиқома, саҳ.10
  15. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.32
  16. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.24
  17. Ниг.: ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Масодиру Наҳҷулбалоғати ва асонидиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105 - 119
  18. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.214
  19. Ҷурдоқ, ал-Имом Алӣ (а) савт-ул-адолат-ил-инсония, 2010м, саҳ.282
  20. ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Масодиру Наҳҷулбалоғати ва асонидиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.108 - 109
  21. Муҳйиддин, «Муқаддима», дар китоби Шарҳи Наҳҷулбалоға таълифи Муҳаммад Абдуҳ, ҷ.1, сафҳа б
  22. Ҳошимии Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1400ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.379
  23. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.184; Ҳошимии Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1400ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.379; Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1375ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.395
  24. Ниг.: Ҷурдоқ, ал-Имом Алӣ (а) савт-ул-адолат-ил-инсония, 2010м, саҳ.282; «نهج البلاغه از نگاه آنتوان بارا نویسنده مسیحی», дар сайти Муассисаи таҳқиқоту нашри маорифи Аҳли Байт (а)
  25. Ҷурдоқ, Равоеъу Наҳҷулбалоға, 1417ҳ.қ., сафҳаи шиносномаи китоб
  26. Барои намуна ниг.: «ماجرای مسلمان شدن یک آمریکایی به برکت نهج البلاغه», дар хабаргузории Ҳавза; «اظهارات خواندنی جوان اروپایی که شیعه شد», дар сайти Бунёди байналмилалии Истибсор; «مسلمان شدن ۸۰ سرخپوست با نهج البلاغه», дар пойгоҳи хабарии Соҳиб-ниюс; «پدر و مادرم از طریق نهج البلاغه مسلمان شدند», дар хабаргузории ИСНА; «آشنایی با آموزه‌های متعالی نهج البلاغه زمینه‌ساز تشرف یک جوان اهل کوزوو به تشیع بود», дар Хабаргузории байналмилалии Қуръон
  27. Ниг.: «مسلمان شدن پروفسور لگنهاوزن با مطالعه نهج البلاغه», дар сайти Апарат; «پروفسور محمد لگنهاوزن چگونه مسلمان و شیعه شد؟», дар сайти Ютюб
  28. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.39
  29. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.153
  30. «بندی از شرح نهج البلاغه ابن ابی‌الحدید», вебгоҳи Китобхона ва музеи миллии Малик.
  31. Аққод, Абқарият-ул-Имом Алӣ, 1431ҳ.қ., саҳ.127
  32. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.44
  33. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.45
  34. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.44
  35. Ҷаводии Омулӣ, «تفسیر سوره جمعه جلسه ۱۰»
  36. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 140, саҳ.197
  37. Ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.39 - 359
  38. Шаҳидӣ, «Муқаддима», дар Наҳҷулбалоға, 1378ҳ.ш., саҳ.
  39. Шаҳидӣ, «Муқаддима», дар Наҳҷулбалоға, 1378ҳ.ш., саҳ.
  40. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.19
  41. Ибни Майсами Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251
  42. Ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 3, саҳ.48 - 49
  43. Ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 3, саҳ.49 - 50
  44. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 83, саҳ.107 - 114
  45. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., зайли хутбаи 83, саҳ.114
  46. Ҳошимии Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, 1400ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.70
  47. Ҳӯшёр; Ҷалили Таҷлил, «Баррасии татбиқии симои инсони комил дар хутбаи муттақини Наҳҷулбалоға ва осори Азизуддини Насафӣ», саҳ.20
  48. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 193, саҳ.303
  49. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осори шаҳиди Мутаҳҳарӣ, 1372ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.360
  50. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 193, саҳ.306
  51. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., номаи 31, саҳ.403
  52. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.19
  53. Шаҳидӣ, «Муқаддима», дар Наҳҷулбалоға, 1378ҳ.ш., саҳ.
  54. Биҳиштӣ; Садрия, «Ахлоқи сиёсӣ дар номаҳои Наҳҷулбалоға», саҳ.12
  55. Шаҳидӣ, «Муқаддима», дар Наҳҷулбалоға, 1378ҳ.ш., саҳ.
  56. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., ҳикмати 288, саҳ.526
  57. Ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.469 - 559
  58. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.469
  59. Ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.515
  60. Ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., саҳ.517 - 520
  61. Иброҳим, «Муқаддима», дар шарҳи Наҳҷулбалоға, таълифи ибни Абилҳадид, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7
  62. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.24 - 25
  63. Мустафавӣ, «Муаррифии Наҳҷулбалоға», саҳ.35 - 36
  64. Шӯштарӣ, Баҳҷ-ус-сабоғати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.20
  65. Шӯштарӣ, Баҳҷ-ус-сабоғати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.20 - 22
  66. Меҳризӣ, Ошноӣ бо мутуни ҳадис ва Наҳҷулбалоға, 1377ҳ.ш., 159
  67. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.22
  68. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.25
  69. Маҳмудӣ, Наҳҷ-ус-саода, 1418ҳ.қ., кули китоб
  70. Кошифулғито, Мустадраку Наҳҷулбалоға, Мактабат-ул-Андалус, бахши Мадорику Наҳҷулбалоғати ва дафъ-уш-шубаҳоти анҳу, саҳ.193 - 269
  71. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.26
  72. Наъма, Масодиру Наҳҷулбалоға, 1392ҳ.қ., кули китоб
  73. Даштӣ, Асноду мадорики Наҳҷулбалоға, 1378ҳ.ш., кули китоб
  74. Даштӣ, Рувот ва муҳаддисин Наҳҷулбалоға, 1378ҳ.ш., кули китоб
  75. Устодӣ, Баҳсе кӯтоҳи перомуни мадорики Наҳҷулбалоға, 1396ҳ.қ., кули китоб
  76. ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Масодири Наҳҷулбалоғати ва асонидиҳ, 1409ҳ.қ., кули китоб
  77. Динпарвар, «Наҳҷулбалоға, маншури ҷовдон», саҳ.60 ва 64
  78. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.77
  79. Ниг.: Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.78
  80. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.77
  81. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.78
  82. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.78 - 79
  83. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.78
  84. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.73
  85. Буруҷердӣ; Садроии Хуӣ, «Шарҳҳои Наҳҷулбалоға», саҳ.119
  86. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.73
  87. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., кули китоб
  88. Буруҷердӣ; Садроии Хуӣ, «Шарҳҳои Наҳҷулбалоға», саҳ.124
  89. Ибни Майсами Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., кули китоб
  90. Ҳошимии Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, 1400ҳ.қ., кули китоб
  91. Қутби Ровандӣ, Минҳоҷ-ул-бароъати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, 1406ҳ.қ., кули китоб
  92. Қутбиддин Кейдарӣ, Ҳадоиқ-ул-ҳақоиқи фи шарҳи Наҳҷулбалоға, 1416ҳ.қ., кули китоб
  93. Ҷаъфарӣ, Тарҷума ва тафсири Наҳҷулбалоға, 1376ҳ.ш., кули китоб
  94. Файзулислом, Тарҷума ва шарҳи Наҳҷулбалоға, 1379ҳ.ш., кули китоб
  95. Наввоби Лоҳиҷӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1379ҳ.ш., кули китоб
  96. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), 1375ҳ.ш., кули китоб
  97. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.28
  98. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.28
  99. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.28
  100. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.28
  101. Кошифулғито, Мустадрику Наҳҷулбалоға, Мактабат-ул-Андалус, саҳ.16 - 192
  102. Мӯсавӣ, Тамому Наҳҷулбалоға, 1426ҳ.қ., кули китоб
  103. Маҳмудӣ, Наҳҷ-ус-саода, 1418ҳ.қ., кули китоб
  104. Тамбрҳои Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.19
  105. Динпарвар, «Наҳҷулбалоға, маншури ҷовдон», саҳ.61
  106. «Наҳҷулбалоғаи порсӣ дар бутаи нақд», саҳ.98
  107. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осори Шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1372ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.347 - 351
  108. Динпарвар, «Наҳҷулбалоға, маншури ҷовдон», саҳ.61 - 62
  109. «مروری بر شناسنامه رشته علوم و معارف نهج البلاغه در کشور», дар сайти Анҷумани илмии мутолиоти Наҳҷулбалоғаи Эрон
  110. Ниг.: сайти фаслнома: www.nahjmagz.ir
  111. Ниг.: сайти پژوهشنامه نهج البلاغه
  112. Динпарвар, «Наҳҷулбалоға, маншури ҷовдон», саҳ.62
  113. Ниг.: Мутаҳҳарӣ, Адли Илоҳӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.212; Мунтазирӣ, Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.63
  114. «Манҳаҷ-ун-нур (Донишномаи алавӣ)», саҳ.164
  115. Саҷҷодӣ, «Муаррифии CD Наҳҷулбалоға ҳавзаи илмияи Исфаҳон», саҳ.226 - 227
  116. Замонӣ, «Ошноӣ бо ниҳодҳои илмӣ ва фарҳангӣ, Бунёди Наҳҷулбалоға», саҳ.34
  117. Рабиъӣ, «Бунёди Наҳҷулбалоға», саҳ.439
  118. Ибни Хуллакон, Вафаёт-ул-аъён, 1900м, ҷ.3, саҳ.313; Ёфъӣ, Миръот-ул-ҷинон, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.43
  119. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.223
  120. Ниг.: Даввонӣ, «Сайид Разӣ муаллифи Наҳҷулбалоға», саҳ.117 - 125
  121. Уторидӣ, «Муқаддима», дар китоби шарҳи Наҳҷулбалоға, 1375ҳ.ш., саҳ.14
  122. Шаҳристонӣ, Мо ҳува Наҳҷулбалоға, 1961м, саҳ.13
  123. Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.398
  124. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.127
  125. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.128
  126. Сафадӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.277
  127. Баҳрулъулум, ал-Фавоид-ур-риҷолия, 1363ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.118
  128. Шаҳристонӣ, Мо ҳува Наҳҷулбалоға, 1961м, саҳ.21
  129. Яъқубӣ, Машокилат-ун-носи лизамониҳим, 1980м, саҳ.15
  130. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.419
  131. Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.61
  132. Мустафавӣ, «Муаррифии Наҳҷулбалоға», саҳ.33
  133. Мустафавӣ, «Муаррифии Наҳҷулбалоға», саҳ.33 - 35
  134. «نهج‌البلاغه ایلخانان», Китобхона ва музеии миллии Малик
  135. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.83
  136. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.83
  137. Ниг.: Таботабоӣ, «ал-Мутабаққо мин махтутоти Наҳҷилбалоға ҳатто ниҳоят-ил-қарн-ис-сомин», кули мақола; Таботабоӣ, «Мо табқо мин махтутоти Наҳҷилбалоға», кули мақола; Таботабоӣ, «Фи риҳоби Наҳҷилбалоға», кули мақола
  138. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.84 - 85
  139. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.80
  140. Ниг.: Таботабоӣ, «Фи риҳоби Наҳҷилбалоға», саҳ.24
  141. Ҳофизиён Бобулӣ, «Наҳҷулбалоға», саҳ.80
  142. Мутаҳҳарӣ, Сайре дар Наҳҷулбалоға, 1379ҳ.ш., саҳ.17–18
  143. Мутаҳҳарӣ, Сайре дар Наҳҷулбалоға, 1379ҳ.ш., феҳристи китоб
  144. Ниг.: Мутаҳҳарӣ, Фи риҳоби Наҳҷулбалоға, тарҷумаи ад-Дор-ул-исломия, 1413ҳ.қ., шиносномаи китоб; Мутаҳҳарӣ, Glimpses of the Nahj al - Balaghah, тарҷумаи Сайид Алиқулӣ Қироӣ, 1392ҳ.ш., шиносномаи китоб
  145. Даштӣ, Шинохт ва вижагиҳои Наҳҷулбалоға, 1392ҳ.ш., феҳристи китоб
  146. Даштӣ, Шинохт ва вижагиҳои Наҳҷулбалоға, 1392ҳ.ш., шиносномаи китоб
  147. Уторидӣ, Амиралмуъминин (а) ва Наҳҷулбалоға, 1379ҳ.ш., феҳристи китоб
  148. Уторидӣ, Амиралмуъминин (а) ва Наҳҷулбалоға, 1379ҳ.ш., феҳристи китоб
  149. Гурӯҳе аз муаллифон, Ковише дар Наҳҷулбалоға, 1401ҳ.ш., шиносномаи китоб
  150. Муртазавӣ, Ковишӣ дар Наҳҷулбалоға, 1400ҳ.ш., шиносномаи китоб
  151. Ҷаъфарӣ, Омӯзиши Наҳҷулбалоға, 1380ҳ.ш., шиносномаи китоб

Сарчашма

  • «بندی از شرح نهج البلاغه ابن ابی‌الحدید», вебгоҳи китобхонау музеи миллии Малик, санаи боздид: 21 фарвардини 1400ҳ.ш.
  • «نهج البلاغه پارسی در بوته نقد», фаслномаи пажӯҳишҳои Наҳҷулбалоға, №1, поизи 1380ҳ.ш.
  • «صفارزاده نهج البلاغه را به سه زبان ترجمه کرد», дар пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, санаи дарҷ: 6 шаҳривари 1387ҳ.ш., санаи боздид: 18 тири 1403ҳ.ш.
  • «مروری بر شناسنامه رشته علوم و معارف نهج البلاغه در کشور», дар сайти Анҷумани илмии мутолиоти Наҳҷулбалоғаи Эрон, санаи боздид: 18 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • «مسلمان شدن پروفسور لگنهاوزن با مطالعه نهج البلاغه», дар сайти Апарат, санаи боздид: 25 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • «آشنایی با مشاهیر و نخبگان فرهنگی پاکستان», хабаргузории ИРНА, санаи дарҷи матлаб: 21 баҳмани 1388ҳ.ш., санаи боздид: 3 меҳри 1403ҳ.ш.
  • «گذری بر نهج البلاغه،‌ در گفت‌وگو با آیت‌الله جعفر سبحانی», дар маҷаллаи Қабасот, №19, баҳори 1380ҳ.ш.
  • «منهج النور (دانشنامه علوی)», дар фаслномаи Пажӯҳиш ва ҳавза, №15, поизи 1382ҳ.ш.
  • «پروفسور محمد لگنهاوزن چگونه مسلمان و شیعه شد؟», дар сайти Ютюб, санаи боздид: 25 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • «نهج البلاغه از نگاه آنتوان بارا نویسنده مسیحی», дар сайти Муассисаи таҳқиқоту нашри маорифи Аҳли Байт (а), санаи дарҷ: 19 озари 1396ҳ.ш., санаи боздид: 25 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • «اظهارات خواندنی جوان اروپایی که شیعه شد», дар сайти Бунёди байналмилалии Истибсор, санаи боздид: 25 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • «آشنایی با آموزه‌های متعالی نهج البلاغه زمینه‌ساز تشرف یک جوان اهل کوزوو به تشیع بود», дар хабаргузории байналмилалии Қуръон, санаи дарҷ: 5 мурдоди 1392ҳ.ш., санаи боздид: 25 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • «مسلمان شدن ۸۰ سرخپوست با نهج البلاغه», дар пойгоҳи хабарии Соҳиб-ниюс, санаи дарҷ: 17 шаҳривари 1393ҳ.ш., санаи боздид: 25 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • «ماجرای مسلمان شدن یک آمریکایی به برکت نهج البلاغه», дар хабаргузории Ҳавза, санаи дарҷ: 19 фарвардини 1391ҳ.ш., санаи боздид: 25 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • «پدر و مادرم از طریق نهج البلاغه مسلمان شدند», дар хабаргузории ИСНА, санаи дарҷ: 28 меҳри 1393ҳ.ш., санаи боздид: 25 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • Ёфъӣ, Абдуллоҳ ибни Асъад, Миръот-ул-ҷинони ва ибрат-ул-яқазони фи маърифати мо муътабарун мин ҳаводис-из-замон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1417ҳ.қ.
  • Абдуҳ, Муҳаммад, Шарҳи Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Муҳаммадмҳиии аддини Абдулҳамид, Қоҳира, Матбаат-ул-истиқома, бе то.
  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиа, Бейрут, Дор-ут-таоруфи ли-л-матбуот, 1406ҳ.қ.
  • Аққод, Аббос Маҳмуд, Абқарият-ул-Имом Алӣ, Бейрут, ал-Мактабат-ул-асрия, 1431ҳ.қ.
  • Баҳрулъулум, Муҳаммадмаҳди ибни Муртазо, ал-Фавоид-ур-риҷолия, Теҳрон, 1363ҳ.ш.
  • Биҳиштӣ, Аҳмад; Паём, Садрия, «Ахлоқи сиёсӣ дар номаҳои Наҳҷулбалоға», дар фаслномаи Пажӯҳишҳои Наҳҷулбалоға, №30, поизи 1389ҳ.ш.
  • Буруҷердӣ, Мустафо; Алӣ Садроии Хуӣ, «Шарҳҳои Наҳҷулбалоға», дар ҷилди 12 аз Донишномаи Имом Алӣ (а), Теҳрон, маркази нашри осори пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Гурӯҳе аз муаллифон, Ковише дар Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Бунёди Наҳҷулбалоға, 1401ҳ.ш.
  • Даштӣ, Муҳаммад, Асноду мадорики Наҳҷулбалоға, Қум, Муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Амиралмуъминин (а), 1378ҳ.ш.
  • Даштӣ, Муҳаммад, Рувот ва муҳаддисини Наҳҷулбалоға, Қум, Муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Амиралмуъминин (а), 1378ҳ.ш.
  • Даштӣ, Муҳаммад, Шинохт ва вижагиҳои Наҳҷулбалоға, Қум, Муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Амиралмуъминин (а), 1392ҳ.ш.
  • Динпарвар, Сайид Ҷамолиддин, «Наҳҷулбалоға, маншури ҷовдон», пажӯҳишҳои Наҳҷулбалоға, №№2 ва 3, зимистони 1380ҳ.ш.
  • Дуоне, Алӣ, «Сайид Разӣ муаллифи Наҳҷулбалоға», дар китоби мақолоте перомуни Наҳҷулбалоға ва гирдоварандаи он, Теҳрон, Бунёди Наҳҷулбалоға, 1373ҳ.ш.
  • Замонӣ, Карим, «Ошноӣ бо ниҳодҳои илмӣ ва фарҳангӣ, Бунёди Наҳҷулбалоға», дар маҷаллаи Кайҳони фарҳангӣ, №31, меҳри моҳи 1365ҳ.ш.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳу Наҳҷилбалоғати либни Абилҳадид, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Майсами Баҳронӣ, Майсам ибни Алӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Дафтари нашри китоб, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Хуллакон, Аҳмад ибни Муҳаммад, Вафаёт-ул-аъёни ва анбо-уз-замон, Бейрут, Дору содир, 1900.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, Бейрут, Муассисаи ал-аълмии ли-л-матбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Кошифулғито, Ҳодӣ, Мустадрику Наҳҷилбалоға, Бейрут, Мактабат-ул-Андалус, бе то.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амиралмуъминин (а), Теҳрон, Дор-ул-китоб-ил-исломия, 1375ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни ал-Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб, Қум, Дор-ул-ҳиҷра, 1409ҳ.қ.
  • Маҳмудӣ, Муҳаммадбоқир, Наҳҷ-ус-саодаи фи мустадрики Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ, 1418ҳ.қ.
  • Меҳризӣ, Маҳдӣ, Ошноӣ бо мутуни ҳадис ва Наҳҷулбалоға, Қум, Маркази ҷаҳонии улуми исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Моҳномаи раҳоваради нур, «Лавҳи фишурдаи мавсуъаи Наҳҷулбалоға», Моҳномаи раҳоваради нур, №13, шаҳривари 1379ҳ.ш.
  • Муаййидӣ, Абулҳасан, «Роҳнамои пажӯҳиш ва таҳқиқ дар Наҳҷулбалоға», фаслномаи Мутолиоти тафсирӣ, №1, баҳори 1389ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға, Теҳрон, интишороти Сароӣ, 1383ҳ.ш.
  • Муртазавӣ, Сайид Ҷалил, Ковише дар Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Дор-ул-ирфон, 1400ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Сайид Ҷавод, «Муаррифии Наҳҷулбалоға», маҷаллаи Мишкот, №1, поизи 1361ҳ.ш.
  • Мустафавӣ, Сайид Ҷавод, Робитаи Наҳҷулбалоға ва Қуръон, Теҳрон, Бунёди Наҳҷулбалоға, 1386ҳ.ш.,
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Glimpses of the Nahj al - Balaghah, тарҷумаи Сайид Алӣ қулии қроӣӣ, Теҳрон, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), 1392ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осори шаҳиди Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, интишороти Садро, 1372ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Сайре дар Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Садро, 1379ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Фи рҳоби Наҳҷулбалоға, Бейрут, ад-Дор-ул-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, адли илоҳӣ, Теҳрон, Садро, 1376ҳ.ш.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоили ва мустанбат-ил-масоил, Бейрут, Муассисату Оли-л-Байти ли-эҳё-ит-турос, 1408ҳ.қ.
  • Муҳиддин, Муҳаммад, «Муқаддима», дар китоби Шарҳи Наҳҷулбалоға таълифи Муҳаммад Абдуҳ, Қоҳира, ал-Истиқома, бе то.
  • Мӯсавӣ, Сайид Содиқ, Тамоми Наҳҷулбалоға, Бейрут, Муассисаи ал-аълмии ли-л-матбуъот, 1426ҳ.қ.
  • Наввоби Лоҳиҷӣ, Мирзо Муҳаммадбоқир, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Маркази пажӯҳишии мероси мактуб, 1379ҳ.ш.
  • Наъма, Абдуллоҳ, Масодири Наҳҷулбалоға, Наҷаф, Мактабат-ур-равзат-ул-ҳайдария, 1392ҳ.қ.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, таҳқиқи Сайид Мӯсои Шубайрии Занҷонӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Рабиъӣ, Манижа, «Бунёди Наҳҷулбалоға», дар ҷилди 4 Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доирутулмаорифи исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Рафиъӣ, Беҳруз, «Асолати алавии Наҳҷулбалоға», дар маҷаллаи Равишшиносии улуми инсонӣ, №26, баҳори 1380ҳ.ш.
  • Рафиъӣ, Беҳруз, «Асолати алавии Наҳҷулбалоға», фаслномаи равиши шиносии улуми инсонӣ, №26, баҳори 1380ҳ.ш.
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фўлодўнд, Теҳрон, Соиб, 1380ҳ.ш.
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тарҷумаи Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Сайти Пажӯҳишномаҳи Наҳҷулбалоға, санаи боздид: 18 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • Сафадӣ, Салоҳуддин, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос, 1420ҳ.қ.
  • Саҷҷодӣ, Сайид Аҳмад, «معرفی CD نهج البلاغه حوزه علمیه اصفهان», маҷаллаи Пажӯҳиш ва ҳавза, №3, поизи 1379ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, «Мо табқо мин махтутоти Наҳҷилбалоға», Туросуно, №№7 ва 8, рабиъуссонӣ - рамазон 1406ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, «ал-Мутабаққо мин махтутоти Наҳҷилбалоға ҳатто ниҳоят-ил-қарн-ис-сомин», Туросуно, №5, шавол - зулҳиҷҷаи 1406ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Абдулазиз, «Фи риҳоби Наҳҷилбалоға», Туросуно, №29, шавол - зулҳиҷҷаи 1412ҳ.қ.
  • Тамбрҳои Эрон, Қум, Муассисаи фарҳангӣ ва иттилоърасонии Тибён, 1387ҳ.ш.
  • Устодӣ, Ризо, Баҳсе кӯтоҳ перомуни мадорики Наҳҷулбалоға, Қум, 1396ҳ.қ.
  • Устодӣ, Ризо, Китобномаи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Бунёди Наҳҷулбалоға, 1359ҳ.ш.
  • Уторидӣ, Азизуллоҳ, «Муқаддима», дар китоби шарҳи Наҳҷулбалоға таълифи яке аз уламои қарни ҳаштум, Қум, Уторид, 1375ҳ.ш.
  • Уторидӣ, Азизуллоҳ, Амиралмуъминин (а) ва Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Уторид, 1379ҳ.ш.
  • Файзулислом, Сайид Алӣ нақӣ, тарҷума ва шарҳи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Муассисаи чопу нашр, 1379ҳ.ш.
  • Шаҳидӣ, Сайид Ҷаъфар, «Муқаддима», дар Наҳҷулбалоға, таълифи Сайид Разӣ, Теҳрон, ширкати интишороти Теҳрон, илмӣ ва фарҳангӣ, 1378ҳ.ш.
  • Шаҳристонӣ, Сайид Ҳибатуддин, Мо ҳува Наҳҷулбалоға, Дор-ус-сақофа, 1961м.
  • Шӯштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Баҳҷ-ус-сабоғати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Амиркабир, 1376ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Машокилат-ун-носи лизамониҳим, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-ҷадид, 1980.
  • ал-Ҳусайнӣ ал-Хатиб, Сайид Абдуззаҳро, Масодиру Наҳҷилбалоға ва асонидиҳ, Бейрут, Дор-уз-Заҳро, 1409ҳ.қ.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароъати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, китобхонаи оятуллоҳи Маръашии Наҷафӣ, 1406ҳ.қ.
  • Қутбиддини Кейдарӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Ҳадоиқ-ул-ҳақоиқи фи шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, Бунёди Наҳҷулбалоға, 1416ҳ.қ.
  • Ҳарронӣ, Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқули ан оли-р-Расул, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Интишороти исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ҳофизиён Бобулӣ, Абулфазл, «Наҳҷулбалоға», дар ҷилди 12 аз донишномаи Имом Алӣ (а), Теҳрон, Маркази нашри осори пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Ҳошимии Хуӣ, Мирзо Ҳабибуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароъати фи шарҳи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Мактабат-ул-исломия, 1400ҳ.қ.
  • Ҳӯшёр, Ёсир; Ҷалили Таҷлил, «بررسی تطبیقی سیمانی انسان کامل در خطبۀ متقین نهج البلاغه و آثار عزیز‌الدین نسفی», дар маҷаллаи Пажӯҳишҳои Наҳҷулбалоға, №46, поизи 1394ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, «تفسیر سوره جمعه جلسه ۱۰», дар сайти дафтари марҷаъияти Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, санаи дарҷ: 27 фарвардини 1397ҳ.ш., санаи боздид: 18 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Муҳаммадтақӣ, Тарҷума ва тафсири Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Сайид Муҳаммадмаҳдӣ, Омӯзиши Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Сайид Муҳаммадмаҳдӣ, Сайид Разӣ, Теҳрон, Тарҳи нав, 1375ҳ.ш.
  • Ҷурдоқ, Ҷурҷ, Равоеъу Наҳҷулбалоға, Бейрут, Марказу ал-Ғадири ли-д-диросот-ил-исломия, 1417ҳ.қ.
  • Ҷурдоқ, Ҷурҷ, ал-Имом Алӣ (а) савт-ул-адолат-ил-инсония, Бейрут, Дору мактабат-ул-ҳаёт, 2010.