Исмати ҳазрати Фотима (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Исмати Фотимаи Зуҳро)

Исмати ҳазрати Фотима (с) (форсӣ: عصمت حضرت فاطمه(س)) покӣ ва масунияти Фотима духтари Пайғамбар (с) аз гуноҳ ва хато аст. Ба гуфтаи Шайхи Муфид исмати ҳазрати Фотима (с) мавриди иҷмоъи мусулмонон ва ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ мавриди иттифоқи шиаён аст. Лозимаи маъсум будани ҳазрати Фотима (с) он аст, ки аз бархе шаънҳои паёмбарон ва имомон (а), монанди ҳуҷҷияти гуфтор, рафтор, тақрир ва марҷаияти динӣ ва салоҳияти тафсир ва баёни дин бархӯрдор буда ва сираи амалӣ ва мавзеъгирҳои ӯ меъёри ташхиси ҳақ аз ботил бошад. Ҳамчунин ӯ улгуи комил дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ ба шумор равад.

Аз ҷумлаи далелҳое, ки бар исмати ҳазрати Заҳро (с) ироа шудааст иборатанд аз: ояти татҳир, ҳадиси базъат ва аҳодисе, ки бар исмати Аҳли Байт (а) далолат дорад; монанди ҳадиси сиқлайн ва сафина. Фахри Розӣ - аз муфассирони аҳли суннат, низ ки ба имомулмушаккикин шинохта мешавад ба исмати ҳазрати Фотима бовар дорад.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Аз назари шиа, Фотима духтари Паёмбар дорои мақоми исмат[1] ва масун аз гуноҳу иштибоҳ[2]аст. Шайхи Муфид[3] иҷмоъи мусулмонон ва Аллома Маҷлисӣ,[4] иҷмоъи қатъии шиаён бар исмати ӯро зикр карданд.

Муҳаққиқон барои исботи исмати ҳазрати Заҳро (с), натиҷаҳое баён кардаанд; аз ҷумла:

  • Бархӯрдорӣ аз бархе шуун ва мақомоти паёмбарон ва имомон: дар сурати исботи исмати Фотима (с), ӯ аз бархе шууни паёмбарону имомон (а) монанди ҳуҷҷияти гуфтор, рафтор, тақрир, марҷаияти динӣ ва салоҳияти тафсиру табйини дин бархӯрдор хоҳад буд.[5]
  • Меъёри ташхиси ҳақ аз ботил: бар асоси исмати Фотима (с), сираи амалӣ ва мавзегириҳои ӯ дар масоили мухталиф, ҳамчун эътироз ба ғасби хилофати Имом Алӣ (а) ва мусодираи Фадак, меъёр ва мадори ташхиси ҳақ аз ботил ба шумор хоҳад омад.[6]
  • Улгӯ қарор гирифтан: дар сурати пазириши исмати ҳазрати Заҳро (с), ӯ метавонад улгӯи комиле дар тамоми арсаҳои зиндагӣ ба шумор ояд; чунонки дар бархе оёти Қуръон[7] дар бораи паёмбарон (а) ба ин матлаб тасреҳ шудааст.[8]

Исмати Фотима (с) дар китобҳои тафсирӣ ва зайли бархе аз оёти Қуръон матраҳ шуда ва аз он ҷо ба мабоҳису манобеи каломӣ ва усули фиқҳ роҳ ёфтааст.[9] Гуфта шуда ки пешинаи тарҳи исмати ҳазрати Фотима ба замони Расули Худо (с) ва бархе суханони ӯ ва низ бархе оёти Қуръон ҳамчун ояти мубоҳала ва ояти татҳир бозмегардад.[10] Нахустин гузоришҳои торихӣ дар бораи исмати Фотима (с) низ ба замони пас аз реҳлати Пайғамбар (с) ва ба моҷарои мусодираи Фадак бармегардад, ки дар он Имом Алӣ (а)[11] бар асоси ояти татҳир ба маъсум будани ҳазрати Заҳро истинод кардааст.[12]

Истинод ба ояти татҳир барои исботи исмати ҳазрати Фотима

Мақолаи аслӣ: Ояти татҳир

Уламои шиа барои исботи исмати Фотима (с) ба ояти татҳир истинод кардаанд.[13] Бар асоси ривоёти манқул аз шиа[14] ва аҳли суннат[15] ин оят дар шаъни асҳоби Кисо нозил шудааст. Аз ин рӯ, манзур аз аҳли байт дар ояти мазкур панҷтан (Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а), ҳазрати Заҳро (с), Ҳасан (а) ва Ҳусайн (а)) ҳастанд.[16] Бар асоси бархе ривоёт, Пайғамбар (с) дар ҳар намози субҳ ва бар пояи ривоёти дигар, дар ҳар намоз бар дари хонаи Фотима (с) меомад ва салом медод ва мефармуд: Эй аҳли байт! Намоз, намоз! Ва сипас ояти татҳирро тиловат мекард.[17] Фахри Розӣ ривоятеро, ки дар шаъни нузули ояти татҳири нақл шуда ва аҳли байтро асҳоби Кисо муаррифӣ карда, мавриди иттифоқи аҳли ҳадис ва тафсир донистааст.[18] Дар ин оят аз иродаи Худованд ба аз байн бурдани риҷс (нопокӣ) аз Аҳли Байт (а) хабар дода ва аз байн бурдани риҷсу палидӣ аз Аҳли Байт (а), ба маънои исмати онҳост.[19]

Дар ривояте аз Пайғамбар (с) нақл шудааст касоне, ки ояти татҳир дар шаъни онҳо нозил шуд, маъсум ҳастанд ва онҳо иборатанд аз: ман, Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн.[20] Ҳазрати Алӣ (а) дар моҷарои Фадак бо истинод ба ояти татҳир покии ҳазрати Заҳро (с) аз ҳар гуноҳро исбот кардааст.[21] Гуфта шуда ояти мубоҳала низ бар исмати Фотима (с) далолат дорад.[22]

Исботи исмати ҳазрати Фотима бо истифода аз ҳадиси базъат

Мақолаи аслӣ: Ҳадиси базъат

Ҳадиси базъатро аз ҷумла далоили исмати ҳазрати Заҳро (с) шумурдаанд.[23] Дар ин ҳадис, ки Аллома Маҷлисӣ онро мутавотир шимурда,[24] озору хашми Фотима, азияту хашми Расули Худо (с) ва хушнудии ӯ, хушнудии Расули Худо (с) шумурда шудааст. Бар ин асос, агар ҳазрати Заҳро (с) муртакиби гуноҳ мешуд, ба сурати мутлақ ва дар ҳар ҳол, азияту озору хашми ӯ, азияту хашми Пайғамбар (с) маҳсуб намешуд; зеро масалан агар касе бо манъ кардани Фотима (с) аз гуноҳ мӯҷиби нороҳатии ӯ мешуд, нороҳатии ӯ беҷо буд ва ба ҳамин далел мӯҷиби нороҳатии Пайғамбар (с) намешуд.[25] Аз он ҷо ки Худованд ҷуз ба аъмоли солеҳ хушнуд намешавад ва ба гуноҳу нофармонӣ аз дастуроташ ризоят намедиҳад, агар ҳазрати Заҳро (с) гуноҳе муртакиб мешуд, дар ин сурат ба чизе хушнуд шуда буд, ки Худо аз он нохушнуд аст.[26] Бархе аз олимон аз ин ҳадис, исмат аз гуноҳ ва бархе ҳамчун Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ исмати мутлақ(исмат аз гуноҳу хато)-ро бардошт кардаанд.[27]

Ҳадиси базъат дар манобеи аҳли суннат монанди Саҳеҳи Бухорӣ[28] ва Саҳеҳи Муслим[29] нақл шудааст.[30] Дар бархе ривоёт, хушнудӣ ва нохушнудии Фотима, хушнудӣ ва нохушнудии Худованд дониста шудааст.[31]

Исботи исмати Фотима бо истифода аз аҳодиси сиқлайн ва сафина

Аҳодисе ки исмати Аҳли Байт (а)-ро исбот мекунанд монанди ҳадиси сиқлайн ва ҳадиси сафина низ аз ҷумла далоили исмати Фотима (с) шумурда шудаанд.[32] Зеро Фотима (с) ба таври мусаллам аз Аҳли Байт (а) аст.[33] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, аҳодисе ки бар вуҷуби тамассук ба Аҳли Байт (а) далолат доранд монанди ҳадиси сиқлайн ва ҳадиси сафина, бар исмати ҳазрати Фотима (с) низ далолат доранд; зеро вуҷуби тамассук фақат барои маъсумон собит аст. Шахсе ки дучори гуноҳ мешавад, на танҳо тамассуку пайравӣ аз ӯ воҷиб нест, балки аз боби наҳй аз мункар, манъу инкори ӯ воҷиб аст.[34]

Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбар (с) дар шаби меъроҷ, нури Фотима ва имомони шиаро мушоҳида кард ва аз Худованд пурсид инон каёнанд? Нидо омад, ки инон Алӣ, Фотима, Ҳасан, Ҳусайн ва фарзандони Ҳусайн ҳастанд, ки пок ва маъсуманд.[35]

Дидгоҳи аҳли суннат дар бораи исмати Фотима

Бархе аз аҳли суннат ҳамчун Шаҳобуддини Олусӣ (ваф.1270ҳ.қ.), муфассири Қуръон, бар асоси ояти «وَإِذْ قَالَتِ الْمَلَائِكَةُ يَا مَرْيَمُ إِنَّ اللهَ اصْطَفَاكِ وَطَهَّرَكِ وَاصْطَفَاكِ عَلَىٰ نِسَاءِ الْعَالَمِينَ; Ва [ёд кун] ҳангомеро ки фариштагон гуфтанд: «Эй Марям, Худованд туро баргузида ва пок сохта ва туро бар занони ҷаҳон бартарӣ додааст»[36] ҳазрати Марямро аз гуноҳу олудагӣ пок дониста ва сипас Фотима (с)-ро бартар аз Марям (с) шумурдаанд.[37]

Ба гуфта Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ (ваф.1400ҳ.ш.) олими шиа, Фахри Розӣ - муфассири аҳли суннат, дар қарни шашуми қамарӣ, бо ин ки дар ҳама чиз шак мекард ва ба «имомулмушаккикин» маъруф буд, аммо дар исмати ҳазрати Заҳро (с) шакку тардиде надошт.[38]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.88; Сайид Муртазо, аш-Шофи фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.95; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.332; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.335
  2. Кофӣ ва Шафииён, «Исмати Фотима (с)», саҳ.69
  3. Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.88
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.335
  5. Кофӣ ва Шафииён, «Исмати Фотима (с)», саҳ.72
  6. Кофӣ ва Шафииён, «Исмати Фотима (с)», саҳ.72
  7. Ниг.: Сураи Аҳзоб, ояти 21; Сураи Мумтаҳана, ояти 4
  8. Кофӣ ва Шафииён, «Исмати Фотима (с)», саҳ.72
  9. Кофӣ ва Шафииён, «Исмати Фотима (с)», саҳ.72
  10. Кофӣ ва Шафииён, «Исмати Фотима (с)», саҳ.71
  11. Ниг.: Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.191 ва 192
  12. Кофӣ ва Шафииён, «Исмати Фотима (с)», саҳ.71
  13. Барои намуна ниг.: Сайид Муртазо, аш-Шофи фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.95; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.335
  14. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.287; Баҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.193 - 211
  15. Барои намуна ниг.: Муслими Нишобурӣ, Саҳеҳи Муслим, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.1883, ҳ61; Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.351, ҳадиси 3205 ва саҳ.352, ҳадиси 3206 ва саҳ.663, ҳадиси 3787; Ибни Ҳанбал, Муснад-ул-имоми Аҳмад ибни Ҳанбал, 1421ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.195, ҷ.44, саҳ.118 - 121
  16. Буҳронӣ, Ғоят-ул-маром, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.193; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.311; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.387 - 392
  17. Ниг.: Кӯфӣ, Тафсиру Фурот ал-Куфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.338 ва 339; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.318 ва 319; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1415ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.402
  18. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.247
  19. Фориёб, Исмати имом дар таърихи тафаккури имомия, 1390ҳ.ш., саҳ.335 ва 336
  20. Кӯфӣ, Тафсиру Фурот ал-Куфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.339 ва 340
  21. Ниг.: Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.191 ва 192
  22. Ниг.: Ансории Занҷонӣ, Мавсуат-ул-кубро, нашри Далелуно, ҷ.21, саҳ.132; «آیات مباهله،‌ تطهیر و روایات، عصمت حضرت فاطمه(س) را ثابت می‌کند», Хабаргузории Шабистон
  23. Барои намуна ниг.: Сайид Муртазо, аш-Шофи фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.95; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.333; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.335
  24. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.335
  25. Сайид Муртазо, аш-Шофи фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.95; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.333; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.337 ва 338
  26. Субҳонӣ, Пажӯҳише дар шинохт ва исмати имом, 1389ҳ.ш., саҳ.27
  27. Ниг.: Рӯҳӣ Барандақ, «Қаламрави исмати Фотимаи Заҳро (с) дар ҳадиси Фотимату базъату миннӣ», саҳ.83 - 85
  28. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.21 ва 29
  29. Муслими Нишобурӣ, Саҳеҳи Муслим, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.4, 1902 ва 1903
  30. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.336 ва 337; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1415ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.404 ва 405
  31. Ниг.: Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46 ва 47; Муфид, ал-Амолӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.95; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.108у ҷ.22, саҳ.401; Ибни Мағозлӣ, Маноқиб-ул-имом Алӣ ибни Абитолиб, Дор-ул-азво, 284 - 285
  32. Субҳонӣ, Пажӯҳише дар шинохт ва исмати имом, 1389ҳ.ш., саҳ.27; Муҳаққиқ, Исмат аз дидгоҳи шиа ва аҳли тасаннун, 1391ҳ.ш., саҳ.256
  33. Муҳаққиқ, Исмат аз дидгоҳи шиа ва аҳли тасаннун, 1391ҳ.ш., саҳ.256
  34. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.340
  35. Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.185 - 186
  36. Сураи Оли Имрон, ояти 42.
  37. Ниг.: Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.149 - 150; Мазҳарӣ, Тафсир-ул-мазҳарӣ, 1412ҳ.қ., ҷ.2, қисми 1, саҳ.47 ва 48
  38. Ҳасанзодаи Омулӣ, Ҳазору як нукта, 1365ҳ.ш., саҳ.603, нуктаи 748

Сарчашма

  • «آیات مباهله،‌ تطهیر و روایات، عصمت حضرت فاطمه(س) را ثابت می‌کند»، خبرگزاری شبستان،, Хабаргузории Шабистон, санаи дарҷи матлаб: 19 исфанди 1396ҳ.ш., санаи боздид: 11 шаҳривари 1400ҳ.ш.
  • Ансории Занҷонӣ, Исмоил, Мавсуат-ул-кубро ан Фотимат-из-Заҳро (а), Қум, нашри Далелуно, бе то.
  • Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, Ғоят-ул-мароми ва ҳуҷҷат-ул-хисоми фи таъйин-ил-имом, Бейрут, Муассисаи таърихи исломӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир, Бейрут, Дору тавқ-ин-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Мағозилӣ, Маноқиб-ул-имом Алӣ ибни Абитолиб, Дор-ул-азво, бе то.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбал, Муснад-ул-имоми Аҳмад ибни Ҳанбал, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, чопи аввал, 1421ҳ.қ.,
  • Кофӣ, Абдулҳусайн; Ҷаводи Шафииён, «Исмати Фотима (с)», дар Донишномаи фотимӣ (ҷ.2), Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Кӯфӣ, Фурот ибни иброҳим, Тафсиру Фурот ал-Куфӣ, таҳқиқу тасҳеҳи Муҳаммади козим, Теҳрон, Вазорати фарҳангу иршоди исломӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.и
  • Мазҳарӣ, Муҳаммад Саноуллоҳ, Тафсир-ул-Мазҳарӣ, Покистон - Кувайта, Мактабату рушдия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Муслими Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳи Муслим, таҳқиқи Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Амолӣ, таҳқиқи Ҳусайн Устодвалӣ ва Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Фусул-ул-мухтора, Қум, Конгресси ҷаҳонии Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Муҳаққиқ, Фотима, Исмат аз дидгоҳи шиа ва аҳли тасаннун, таҳқиқу баррасии Халили Бахшизода, Қум, Ошиёнаи меҳр, чопи аввал, 1391ҳ.ш.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Рӯҳ-ул-маонии фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азими ва-с-сабъ-ил-масони‏, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Рӯҳӣ Барандақ, Ковус, «Қаламрави исмати Фотимаи Заҳро (с) дар ҳадиси Фотимату базъату миннӣ», фаслномаи Пажӯҳишҳои эътиқодии каломӣ, №22, тобистони 1395ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аш-Шофи фи-л-имомат, Теҳрон, Муассисат-ус-Содиқ (а), чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Пажӯҳишӣ дар шинохт ва исмати эмом, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, Қоҳира, Мактабату Ибни Таймия, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунани Тирмизӣ, таҳқиқу таълиқи Аҳмад Муҳаммад Шокир, Муҳаммад Фуод Абдубоқӣ, Миср, чопи дувум, 1395ҳ.қ. - 1975м.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Фориёб, Муҳаммадҳусайн, Исмати имом дар таърихи тафаккури имомия то поёни қарни панҷуми ҳиҷрӣ, Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1390ҳ.ш.
  • Хаззози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асари фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исна ашар, таҳқиқи Абдуллатиф Ҳасании Кӯҳкамарӣ, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Ҳасанзодаи Омулӣ, Ҳасан, Ҳазору як нукта, Теҳрон, Раҷо, чопи панҷум, 1365ҳ.ш.