Иннамо буисту ли утаммима макорим-ал-ахлоқ

Аз wikishia
Иннамо буисту ли утаммима макорим-ал-ахлоқ
Номҳои дигарҲадиси Макоримулахлоқ, ҳадиси Татмим
МавзуъБа камол расидани макорими ахлоқ бо беъсати Пайғамбари Ислом (с)
Содиршуда азПайғамбари Ислом (с)
Эътибори санадмутавотир
Сарчашмаи шиаал-Амолӣ (Шайхи Тӯсӣ), ар-Рисолат-ул-алавия ва Маҷмаъ-ул-баён
Сарчашмаи суннӣСунани кубро (Байҳақӣ), Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, Саҳеҳи Бухорӣ ва ал-Муваттаъи Молик ибни Анас


Макорим-ул-ахлоқ

Иннамо буисту ли утаммима макорим-ал-ахлоқ (арабӣ: إِنَّمَا بُعِثْتُ لِأُتَمِّمَ مَکَارِمَ الْأَخْلَاق) ҳадисест аз Паёмбари Ислом (с) ки дар он ҳадаф аз беъсаташ комил кардани фазоили ахлоқӣ баён шудааст. Дар ин ҳадис омадааст: «Ман аз он ҷиҳат барангехта шудам ки шарофатҳои ахлоқиро комил кунам.» Ин ривоят ба «ҳадиси макорим-ул-ахлоқ» шӯҳрат дорад. Бо истинод ба ин ҳадис, ахлоқро аз масоили муҳимми дини Ислом дониста ва такмилу таълими макорими ахлоқиро аз аҳдофи аслии беъсати Паёмбар (с) шумурдаанд.

Ин ҳадис дар манобеи шиа ва суннӣ нақл шудааст. Ривоёте бо ҳамин мазмун, вале бо иборатҳои каме гуногун ҳам дар манобеи ҳадисӣ омадааст. Бархе пажӯҳишгарон бо тавваҷуҳ ба касрати нақли мазмуни ин ҳадис, онро мутавотири маънавӣ донистаанд.

Мегӯянд макорими ахлоқ бо дигари фазоили ахлоқӣ тафовут доранд ва аз онҳо бартаранд. Дар аҳодис, хислатҳое ҳамчун сабр, шукр, ғайрат, қаноат, шуҷоат, силаи раҳим, ҳаё ва ахлоқи некӯ аз намунаҳои макорими ахлоқ шумурда шудааст.

Ҷойгоҳ

Ҳадиси «Иннамо буисту ли утаммима макорим-ал-ахлоқ» ба ин маъност, ки «Ман аз он ҷиҳат барангехта шудам ки шарофатҳои ахлоқиро комил кунам [ва онҳоро таълим диҳам])».[1] Ин ҳадис ба ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ[2] ё ҳадиси Татмим[3] шуҳрат дорад ва аз Паёмбари Ислом (с) нақл шудааст.[4] Бо истинод ба ин ҳадис, яке аз аҳдофи аслии беъсати Паёмбар (с)-ро такмилу таълими макорими ахлоқӣ дониста[5] ва онро баёнкунандаи аҳамияти масоили ахлоқӣ дар дини Ислом қаламдод намудаанд.[6]

Бардоштҳои мухталиф аз ҳадис

Бардоштҳои мухталифе аз ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ шудааст:

Муртазо Мутаҳҳарӣ – исломпажӯҳ ва нависандаи шиа навиштааст, аз ин ҳадис фаҳмида мешавад беъсати Паёмбар нозир ба соҳати рӯҳия ва ахлоқу тарбияти афрод асту ҷанбаи отифӣ, эҳсосотӣ ва таҳрикӣ дорад, на ҷанбаҳои илмӣ, фаннӣ ва ғайра; бар хилофи ахлоқи суқротӣ ки бар асоси фазилату ҳукми ақл аст ва фақат ба буъди ақлонӣ назар дорад. Ба ҳамин ҷиҳат, хушку ҷомид ва сокин аст.[7]

Ба гуфта Ибни Арабӣ – ориф ва муфассир қарни 6-7 ҳиҷрӣ (560 - 638ҳ.қ.), дар байни паёмбарон, ҳар кадом зарфияти бештаре дар пазириши фазоил дошта[8] ва нисбат ба дигарон мутааххир буда, аз ҳамаи сифоту камолоти паёмбарони гузашта бархӯрдор будааст. Из ин рӯ Паёмбари Ислом (с) шоистагии тамом намудани макорими ахлоқиро ёфтааст.[9]

Бархе пажӯҳишгарон ҳам муътақиданд мурод аз ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ, расидан ба макорими ахлоқӣ ба унвон танҳо ҳадафи беъсат нест;[10] зеро барои беъсати Паёмбар, аҳдофе ҳамчун сиёсату раҳбарии ҷомеъа ва итмоми ҳуҷҷат бо мардум низ баён шудааст.[11] Бо тавваҷуҳ ба ин масаъла, дар табйини мафҳуми ин ривоят, эҳтимолоте баён кардаанд; аз ҷумла:

  • Ин ҳадис тамом кардани макорими ахлоқро мунҳасир ба Паёмбари Ислом кардааст; яъне аз байни паёмбарон, танҳо ӯ барои тамом кардани макорими ахлоқи мабъус шудааст.[12]
  • Манзури мунҳасир кардани макорим аз дигар фазоили ахлоқӣ аст; яъне Паёмбар барои тамом кардани макорими ахлоқ, ки волотарин вижагиҳои ахлоқӣ ҳастанд, мабъус шудааст.[13]
  • Иллату ҳадафи аслии беъсат, ҳамон такмили макорими ахлоқӣ аст ва ин иллат, поя ва асоси соири иллатҳо ва ҷанбаҳои динӣ беъсат аст.[14]

Санади ривоят

Ҳадиси Макорим-ул-ахлоқи ҳам дар манобеи шиа ва ҳам дар манобеи аҳли суннат ривоят шудааст:

Аз манобеи шиа, ар-Рисолат-ул-алавия[15] навиштаи Муҳаммад ибни Алӣ Кароҷакӣ (ваф. 449ҳ.қ.) ва тафсири Маҷмаъ-ул-баён[16] навиштаи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ (ваф. 548ҳ.қ.) қадимитарин манобеъ шумурда шудаанд ки ҳадиси Макорим-ул-ахлоқро нақл кардаанд.[17] Ҳамчунин Ҳасан ибни Фазли Табарсӣ дар муқаддамаи китоби Макорим-ул-ахлоқ ин ривоятро бидуни зикри санад баён кардааст.[18]

Албата ин ҳадис бо ибороту нақлҳои мутафовит, дар манобеи дигар низ омадааст: дар китоби Фиқҳ-ур-Ризо бо иборати «буисту бимакорим-ил-ахлоқ»[19] ва дар китоби Амолӣ, навиштаи Шайхи Тӯсӣ (385 - 460ҳ.қ.) бо иборати «буисту бимакорим-ил-ахлоқи ва маҳосиниҳо» аз Паёмбар (с) нақл шудааст.[20]

Дар байни манобеи аҳли суннат, Байҳақӣ (ваф. 458ҳ.қ.) ин ривоятро дар китоби Сунани кубро бо зикри силсила санад, аз Абуҳурира, аз Паёмбар (с) нақл кардааст.[21] Ҳамчунин Молик ибни Анас (93 - 179ҳ.қ.),[22] Аҳмад ибни Ҳанбал (164 - 241ҳ.қ.)[23] ва Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ (194 - 256ҳ.қ.),[24] ин ҳадисро бо алфози мушобеҳ дар китобҳои худ овардаанд. Бархе пажӯҳишгарон, бо тавваҷуҳ ба касрати нақли мазмуни ин ҳадис бо алфозу асноди мухталиф дар манобеи шиа ва суннӣ, онро мутавотири маънавӣ ва ё дастикам дорои истифозаи маънавӣ шумурда ва назди уламо пазируфта донистаанд.[25]

Намунаҳои макорими ахлоқ

Макорим ҷамъи «макрама» ба маънои бузургӣ ва бузургворӣ аст[26] ва макорими ахлоқро ба ахлоқи бузургворона маъно кардаанд.[27] Дар манобеи ҳадисӣ, ривоёти мутаъаддиде аз маъсумон (а) дар бораи макорими ахлоқ нақл шудааст[28] ва дар баъзе аз онҳо хислатҳое ба унвони намунаҳои макорими ахлоқӣ баён шудааст. Кулайнӣ дар китоби Кофӣ ҳадисе аз Имом Содиқ (а) оварда ки макорими ахлоқро зинати паёмбарон муаррифӣ ва ба доштани онҳо тарғиб мекунад. Сипас даҳ вижагиро аз намунаҳои макорими ахлоқӣ мешумурад: яқин, қаноат, сабр, шукр, хештандорӣ, хулқи некӯ, саховат, ғайрат, шуҷоат ва мурувват.[29] Дар ҳадиси дигар дар ҳамин китоб, хислатҳои дигаре намунаҳои макорими ахлоқ баён шудааст: ноумедӣ (аз он чи назди мардум аст), ростгӯӣ, адои амонат, силаи раҳим, пазироӣ аз меҳмон, ғизо додан ба ниёзманд, ҷуброни некиҳо, мурооти ҳаққи ҳамсоя, мурооти ҳаққи рафиқ. Сипас гуфта шуда асли ҳамаи макорим ҳаё ва шарм аст.[30]

Тафовути макорим ва маҳосини ахлоқӣ

Дар бархе нақлҳои ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ, аз ҷумлаи нақли Шайхи Тӯсӣ, дар канори макорим, ба маҳосини ахлоқӣ низ ишора шудааст.[31] Ба гуфтаи Муҳаммадтақии Фалсафӣ (1286 - 1377ҳ.ш.) – аз суханронони мазҳабӣ, дар байни ривоёт, меъёре барои фарқи маҳосин ва макорими ахлоқӣ аз ҳам баён нашудааст;[32] вале бо тавваҷуҳ ба намунаҳое ки дар аҳодис барои ин ду унвон зикр шуда, метавон гуфт он даста аз сифоти ахлоқӣ монанди хушрӯӣ бо мардум ки аз назари шореъ, писандида аст, вале бо тамоюлоти нафсонӣ ҳам қобили ҷамъ аст[33] ва бештар ба равобити иҷтимоӣ ва чигунагии муошират бо дигарон рабт дорад[34] маҳосини ахлоқӣ аст ва ахлоқиёте ҳамчун фуру бурдани хашм ки агар касе бихоҳад риоят кунад, бояд бо ҳавои нафсаш мубориза кунад, ё дастикам ба он беэътино бошад, дар зумраи макорими ахлоқ қарор мегирад.[35]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҳакимӣ ва дигарон, ал-Ҳаёт, тарҷумаи Аҳмади Ором, 1380ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.675
  2. Орифиниё ва Муҳаммадӣ, «Баррасии далолии ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ», саҳ.138
  3. Ҳодӣ, «Макорим-ул-ахлоқ; пажӯҳише перомуни ривояти татмими макорими ахлоқ», саҳ.314
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.500
  5. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саодат, 1378ҳ.ш., саҳ.107; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.379
  6. Алинажод, «Тафовути макорими ахлоқ бо маҳосини ахлоқ», саҳ.6
  7. Мутаҳҳарӣ, Ёддоштҳои Устод, 1385ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.478
  8. Ибни Арабӣ, Тафсири Ибни Арабӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84
  9. Ибни Арабӣ, Тафсири Ибни Арабӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.395
  10. Орифиниё ва Муҳаммадӣ, «Баррасии далолии ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ», саҳ.141
  11. Ҳодӣ, « Макорим-ул-ахлоқ; пажӯҳише перомуни ривояти татмими макорими ахлоқ», саҳ.322; Орифиниё ва Муҳаммадӣ, «Баррасии далолии ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ», саҳ.141
  12. Орифиниё ва Муҳаммадӣ, «Баррасии далолии ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ», саҳ.141
  13. Ҳодӣ, « Макорим-ул-ахлоқ; пажӯҳише перомуни ривояти татмими макорими ахлоқ», саҳ.333
  14. Орифиниё ва Муҳаммадӣ, «Баррасии далолии ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ», саҳ.143
  15. Кароҷакӣ, ар-Рисолат-ул-алавия, 1427ҳ.қ., саҳ.11
  16. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.500
  17. Орифиниё ва Муҳаммадӣ, «Баррасии санадии ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ», саҳ.105
  18. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.8
  19. Мансуб ба Имом Ризо, Фиқҳ-ур-Ризо (а), 1406ҳ.қ., саҳ.353
  20. Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.596
  21. Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1424ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.323
  22. Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, 2004м, ҷ.5, саҳ.1330
  23. Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, 2001м, ҷ.14, саҳ.512 - 513
  24. Ал-Бухорӣ, ал-Адаб-ул-муфрад, 1409ҳ.қ., саҳ.104
  25. Орифиниё ва Муҳаммадӣ, «Баррасии санадии ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ», саҳ.120
  26. Бастонӣ, Фарҳанги абҷадӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.855
  27. Ҳодӣ, «Макорим-ул-ахлоқ; пажӯҳише перомуни ривояти татмими макорими ахлоқ», саҳ.327
  28. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.55; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.67, саҳ.367 - 375
  29. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.56
  30. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.55
  31. Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.596
  32. Фалсафӣ, Шарҳи дуои Макорим-ул-ахлоқ, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.197
  33. Фалсафӣ, Шарҳи дуои Макорим-ул-ахлоқ, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.198
  34. Алинажод, «Тафовути макорими ахлоқ бо маҳосини ахлоқ», саҳ.8
  35. Фалсафӣ, Шарҳи дуои Макорим-ул-ахлоқ, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.198

Сарчашма

  • Ал-Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, ал-Адаб-ул-муфрад, Бейрут, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
  • Алинажод, Муҳаммадҷавод, «Тафовути макорими ахлоқ бо маҳосини ахлоқ», дар нашрияи Муассисаи таблиғи Ҳавзаи илмияи Қум, 1397ҳ.ш.
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Абуабдуллоҳ, Муснад-ул-Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, Муассисат-ур-рисола, чопи аввал, 2001м.
  • Байҳақӣ, Абубакр Аҳмад ибни Ҳусайн, ас-Сунан-ул-кубро, Бейрут, 1424ҳ.қ.
  • Бастонӣ, Фуоди Афром, Фарҳанги абҷадии арабӣ-форсӣ, мутарҷим, Маҳёр, Ризо, Теҳрон, Интишороти исломӣ, чопи дувум, 1375ҳ.ш.
  • Ибни Арабӣ, Абуабдуллоҳ Муҳйиддин Муҳаммад, Тафсири Ибни Арабӣ, Бейрут, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Кароҷакӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ар-Рисолат-ул-алавия, Қум, Далели мо, чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқу мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар; Охундӣ, Муҳаммад, Теҳрон, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мансуб ба Имом Ризо, Алӣ ибни Мӯсо алайҳиссалом, Фиқҳ-ур-Ризо (а), Машҳад, Муассисаи Ол-ул-байт (а), 1406ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, Иморот, 2004м.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ёддоштҳои Устод, Садро, 1385ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Мулло Аҳмад, Меъроҷ-ус-саодат, Қум, Ҳиҷрат, чопи шашум, 1378ҳ.ш.
  • Орифиниё, Ҳусайн ва Муҳаммадӣ, Муслим, «Баррасии далолии ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ бо тамаркуз бар сохтор ва адабиёти он», дар фаслномаи Пажӯҳишномаи ахлоқ, давраи 14, №53, поизи 1400ҳ.ш.
  • Орифиниё, Ҳусайн ва Муҳаммадӣ, Муслим, «Баррасии санадии ҳадиси Макорим-ул-ахлоқ», дар нашрияи Ҳадис ва андеша, №30, поизу зимистони 1399ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддама: Балоғӣ, Муҳаммадҷавод, Теҳрон, Носири хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, чопи чаҳорум, 1412ҳ.қ.
  • Фалсафӣ, Муҳаммадтақӣ, Шарҳи дуои Макорим-ул-ахлоқ, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, чопи дувоздаҳум, 1386ҳ.ш.
  • Ҳакимӣ, Муҳаммадризо ва дигарон, ал-Ҳаёт, тарҷума: Аҳмади Ором, Теҳрон, дафтари нашри фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1380ҳ.ш.
  • Ҳодӣ, Асғар, «Макорим-ул-ахлоқ; пажӯҳише перомуни ривояти татмими макорими ахлоқ», дар фаслномаи Ахлоқ, №5 - 6, Дафтари таблиғоти исломии Исфаҳон, поиз ва зимистони 1385ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, чопи аввал, 1414ҳ.қ.