Афсонаи ғарониқ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ғарониқ)

Афсонаи ғарониқ (форсӣ: افسانه غرانیق) достонест, ки дар он иддао шуда Паёмбари Ислом (с) ҳангоми таловати сураи Наҷм, таҳти таъсири Шайтон ду иборати ғайриқуръониро байни оёти ин сура хонда ва тасаввур шуда, ки ин ду низ, оёти ваҳй аст. Аммо Ҷабраил Пайғамбарро аз ин иттифоқ огоҳ сохтааст. Ин достон иддао мекунад ки ин масаъла ҳудуди ду моҳ пас аз ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша рӯй додааст.

Теъдоде аз китобҳои таърихӣ ва тафсирии аҳли суннат, аз ҷумла Сираи Ибни Исҳоқ, ат-Табақот-ул-кубро ва Тафсири Табарӣ ба зикри ривоёти марбут ба моҷарои ғарониқ пардохтаанд; дар муқобил, бисёре аз олимони аҳли суннат ва шиа бо истидлолҳое, вуқуъи моҷарои ғарониқро зери суол бурдаанд. Муҳаммадҳодии Маърифат аз муфассирони шиа, санади ривоёти ғарониқро хадшадор медонад; чироки ба бовари ӯ, ҳеҷ кадом аз ровиёни аслӣ, Пайғамбар (с)-ро дарак накарда ва аз саҳоба набудаанд.

Ибни Ҳайёни Андалусӣ, таъсирпазирии Пайғамбар аз ҳавои нафас ва илқооти шайтониро рад карда ва тасреҳ карда моҷарои мазкур дар манобеи ҳадисии муътабари аҳли суннат зикр нашудааст. Ҳамчунин Фахри Розӣ, мутакаллим ва муфассири аҳли суннат, моҷарои ғарониқро ривояте мутаъаллиқ ба муфассирони зоҳиргарои Қуръон хонда ва муътақид аст дар баробари ин гурӯҳ, аҳли таҳқиқ бо истинод ба Қуръон, суннат ва ақл, онро ҷаълӣ ва ботил медонанд.

Бархе аз мусташриқон, бо такя бар нақли моҷарои ғарониқ дар манобеи исломӣ, аз имкони дахолати шайтон дар ваҳй сухан гуфтаанд. Ҳамчунин ин мавзуъ дар китоби Оёти шайтонӣ, навиштаи Салмони Рушдӣ мавриди истинод қарор гирифтааст.

Хулосаи достон

Бинобар он чи Сайид Ҷаъфари Муртазо Омилӣ дар бораи афсонаи ғарониқ дар китоби ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам шарҳ додааст, манобеъе, аз ҷумла тафсири ад-Дурр-ул-мансур,[1] ас-Сират-ул-ҳалабия,[2] Тафсири Табарӣ[3] ва Фатҳ-ул-борӣ,[4] аз манобеи тафсирии аҳли суннат, ривоёте дар ин бора зикр кардаанд ки бар ин асос, Пайғамбар ҳудуди ду моҳ пас аз ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша дар ҷамъи мушрикон буд ки сураи Наҷм бар вай нозил шуд. Ҳазрати Муҳаммад (с) ин сураро тиловат кард то ба ояти нӯздаҳум ва бистум расид (أَفَرَأَيْتُمُ اللَّاتَ وَالْعُزَّىٰ وَمَنَاةَ الثَّالِثَةَ الْأُخْرَىٰ) ва дар ин ҳангом таҳти таъсири шайтон қарор гирифт ва гумон кард ки ин иборати машҳур дар миёни мушрикон ва мавриди қабули онҳо низ ҷузви сураи Наҷм аст: «تِلْکَ الْغَرانیقُ الْعُلی وَإنّ شَفاعَتَهُنَّ لَتُرْتَجی; онҳо (бутҳои Лоту Уззо ва Манот) парандагони зебои баландмақомеянд ва аз онҳо умеди шафоат меравад».[5]

Бар ин асос ҳазрати Муҳаммад (с) ибороти мазкурро низ ба гумони ваҳй бар забон оварад, аммо шабҳангом ки Ҷабраил назд Пайғамбар (с) рафту вай сураи Наҷмро қироат кард ва ду ҷумлаи мазбурро ҳам зикр кард, Ҷабраил ибороти «تِلْکَ الْغَرانیقُ الْعُلی وَإنّ شَفاعَتَهُنَّ لَتُرْتَجی»-ро инкор карду Пайғамбар (с) гуфт: «чизе ба Худо нисбат додам ки нафармудааст?» Пас аз ин Худованд оёти 73 то 75 сураи Исроро ба Пайғамбар ваҳй кард ки тарҷумаи он чунин аст: «Ӯ наздик буд ки туро аз он чи ба сӯи ту ваҳй кардаем гумроҳ кунанд то ғайр аз онро бар мо бибандӣ ва сипас туро ба дӯстии худ гиранд; ва агар туро устувор намедоштем, қатъани наздик буд каме ба сӯи онони майл кунӣ; дар он сурат, ҳатман туро (азобе) ду баробар (дар) зиндагӣ ва ду баробар (пас аз) марг мечшонидем, онгоҳ дар баробари мо барои худ ёваре намеёфтӣ.»[6]

Афсонаи ғарониқ дар осори мусулмонон

Достони ғарониқ дар порае аз осори таърихӣ, тафсирӣ ва ҳадисии аҳли суннат зикр шудааст; аз ҷумла Сираи ибни Исҳоқ,[7] аввалин асари мусулмонон дар бораи сираи Пайғамбар,[8], ат-Табақот-ул-кубро,[9] ҳовии иттилооте дар бораи беш аз чор ҳазор ровии ҳадис то миёнаҳои қарни сеюми ҳиҷрӣ,[10] Таърих-ул-Ислом,[11] мутаъаллиқ ба қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ,[12] ва Тафсири Табарӣ[13] аз қадимитарин ва ҷомеътарин тафсирҳои Қуръон ки бар мабнои аҳодиси тафсирӣ тадвин шудааст.[14] Ин манобеъ, моҷарои ғарониқро дар хилоли баёни ҳиҷрати гурӯҳе аз мусулмонон ба Ҳабаша зикр кардаанд.[15]

Пас аз онон низ афроде чун Алӣ ибни Аҳмади Воҳидӣ (ваф.468ҳ.қ.),[16] Муҳаммад ибни Умари Замахшарӣ (ваф.538ҳ.қ.),[17] Абдуллоҳ ибни Умари Байзовӣ (ваф.791ҳ.қ.)[18] ва Ҷалолуддини Суютӣ (ваф.911ҳ.қ.)[19] ин достонро нақл кардаанд.

Мухолифон

Гарчи достони ғарониқ дар порае манобеи аҳли суннат зикр шудааст, аммо бо ин ҳол, гурӯҳе аз олимони аҳли суннат ва шиа ба радду тарди гузоришҳои мазкур пардохтаанд; аз ин миёни Сайид Муртазо дар китоби Танзиҳ-ул-анбиё, ривоёти ғарониқро заъифу тардшуда аз сӯи асҳоби ҳадис хондааст.[20] Бархе аз далоили алайҳи моҷарои ғарониқ иборатанд аз:

  • Эрод дар санади ривоят: ба гуфтаи Муҳаммадҳодии Маърифат, ҳеч кадом аз ривоёте ки ба нақли достони ғарониқ пардохтаанд, ба саҳобаи Пайғамбар намерасанд ва наздиктарини ровиён ба давраи Пайғамбар, тобеъон ҳастанд ки ҳеч кадом Пайғамбарро дарак накарда ва дар ҳайни рух додани моҷарои мазкури ҳозир набудаанд.[21] Маърифат ҳамчунин дар бораи Ибни Аббос ҳам ки яке аз ровиёни ин моҷарост, гуфтааст ки ӯ дар соли сеюм қабл аз ҳиҷрат мутаваллид шуда ва наметавониста худ шоҳиди моҷаро бошад ва бар ин асос бо фарзи пазириши асли рӯйдод, ҳеч кадом аз ровиён ба таври мустақим шоҳиди он набудаанд.[22]

Бархе аз муфассирони мусулмон ки ба нақду радди моҷарои ғарониқ пардохтаанд, иборатанд аз:

  • Ибни Ҳайёни Андалусӣ бо такя бар оёте аз Қуръони Карим, аз ҷумла оёти 1 - 4 сураи Наҷм ва ояти 15 сураи Юнус, таъсирпазирии Пайғамбар аз ҳавои нафасу илқооти шайтониро рад кардааст.[23] Вай ҳамчунин бо ишора ба назари Аҳмад ибни Ҳусайн Байҳақӣ, муҳаддиси шофеъии қарни панҷуми ҳиҷрӣ, ровиёни моҷарои ғарониқро радшуда хонда ва таъкид кардааст ки моҷарои мазкур дар китобҳои муътабари ҳадисии аҳли суннат - ки бо унвони сиҳоҳ шинохта мешаванд - ва манобеи ривоии мутақаддим зикр нашудааст.[24]
  • Абулфутуҳи Розӣ, муфассир ва муҳаддиси шиа дар қарни шашум, дар тафсири Равз-ул-ҷинон, моҷарои ғарониқро аз ҷиҳоти бисёре ботил донистааст. Вай дар бораи иборати «فینسخ الله ما یلقی الشیطان» (яъне Худованд ончиро шайтон илқо мекунад маҳв ва нобуд месозад) ки ба бовари гурӯҳе аз муфассирон, ба маънои таъсирпазирии Пайғамбар аз шайтони дониста шуда, нукотеро мабнӣ бар иштибоҳ будани ин талаққӣ баён кардааст;[25] аз ҷумла ин ки яке аз одоти мушрикон он буд ки дар ҳангоми қироати ваҳй аз сӯи Пайғамбар, шеър мехонданд то Пайғамбарро ба иштибоҳ андозанд ва ин бахш аз оят бад-ин маъност ки Худованд монеъ аз таъсири васвасаҳои шайтонӣ онон мешавад, ё он ки касе аз мушрикон он иборатро дар ҳини қироати Қуръон тавассути Пайғамбар бар забон ҷорӣ карда ва иддае гумон кардаанд он иборат низ аз Пайғамбар будааст.[26] Аз манзари дигар, Абулфутуҳи Розӣ ҳамчунин аз Ҳасани Басрӣ нақл кардааст ки баён «تلک الغرانیق العلی منها الشفاعة ترتجی» аз сӯи Пайғамбар, на ба маънои таъйид, балки аз рӯй таъна ба мушрикон будааст.[27]
  • Фахри Розӣ, мутакаллим ва муфассири аҳли суннат, моҷарои ғарониқро ривояти муфассирони зоҳиргаро хонда ва афзудааст, ки дар баробари ин гурӯҳ, аҳли таҳқиқ бо истинод ба Қуръон, суннат ва ақл, ба радди моҷаро пардохтаанд ва онро ҷаълӣ ва ботил медонанд.[28] Вай илова бар зикри ҳафт оят аз Қуръони Карим дар бораи покӣ ва таҳорати Пайғамбар, ба Саҳеҳи Бухорӣ ишора кардааст ки гарчи дар он қироати сураи Наҷм тавассути Пайғамбар, ва низ саҷдаи мусулмонону мушрикону инсу ҷин омадааст, аммо ҳеҷ ишорае ба ривояти ғарониқ нашудааст.[29] Фахри Розӣ сипас бо баёни ин ки ҳамаи талоши Пайғамбар нафйи бутҳо буда, қоилон ба тамҷиди Пайғамбар аз бутҳоро кофар хондааст.[30]

Пайомадҳо

Баъзе аз мусташриқон, бо такя бар нақли моҷарои ғарониқ дар бархе манобеи исломӣ, аз имкони дахолати шайтон дар ваҳй сухан гуфтаанд.[31] Юсуф Дурратулҳаддод (1913 - 1970) нависанда ва усқуфи масеҳии лубнонӣ, ҳамчунин бо такя бар ояти 98 сураи Наҳл ки аз Пайғамбар хостааст дар ҳангоми қироати Қуръон, аз шарри васвасаи шайтон ба Худо паноҳ барад, бар он шудааст ки шайтон дахолатҳое дар ҷараёни ваҳй доштааст.[32]

Чунонки Муртазо Кариминиё, қуръонпажӯҳи муосир гузориш кардааст, бархе мусташриқон, аз ҷумла Артур Ҷефрӣ, Монтгомери Ватт ва Ҷозеф Ҳоровитс, мазмуни ривоёти моҷарои ғарониқро пазируфтаанд.[33] Моҷарои ғарониқ ҳамчунин дастмояи бахше аз романи Оёти шайтонӣ, навиштаи Салмони Рушдӣ қарор гирифт[34] ва Имом Хумайнӣ, нависанда ва ноширони огоҳ аз муҳтавои онро маҳкум ба эъдом хонд.[35]

Манобеи мутолиотӣ

Мақолоти бисёре бо ҳадафи баёни ишколот ва радди афсонаи ғарониқ навишта шудааст; аз ҷумла:

Эзоҳ

  1. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.194 ва 366 - 368
  2. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, Бейрут, ҷ.1, саҳ.325 - 326
  3. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.131 - 134
  4. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.439 - 440
  5. Омилӣ, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.137 - 138
  6. Омилӣ, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.137 - 138
  7. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1424ҳ.қ., саҳ.217 - 218
  8. Таваккулии Туруқӣ, «Ибни Исҳоқ: муаллифи аввалин сираи Пайғамбар», Кайҳони фарҳангӣ, саҳ.53
  9. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160 - 161
  10. «الطبقات الکبری», сайти дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
  11. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.186 - 187
  12. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.1, Муқаддамаи таҳқиқ, саҳ.Алиф
  13. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.131
  14. Хуррамшоҳӣ, «Саҳми эрониён дар тафсири Қуръон», саҳ.5
  15. Ибни Исҳоқ, Сираи Ибни Исҳоқ, 1424ҳ.қ., саҳ.217 - 218; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160 - 161; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, [1406ҳ.қ.], ҷ.1, саҳ.186 - 187; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.131
  16. Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.320
  17. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.164
  18. Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.75
  19. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.366
  20. Аламалҳудо, Танзиҳ-ул-анбиё, аш-Шариф-ур-Разӣ, саҳ.107
  21. Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.121
  22. Маърифат, ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.121
  23. Абуҳайён, ал-Баҳр-ул-муҳити фи-т-тафсир, 1420ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.526
  24. Абуҳайён, ал-Баҳр-ул-муҳити фи-т-тафсир, 1420ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.526
  25. Ниг.: Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.345 - 349
  26. Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.346
  27. Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1371ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.347
  28. Фахри Розӣ, Тафсири кабир, 1411ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.237
  29. Фахри Розӣ, Тафсири кабир, 1411ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.237
  30. Фахри Розӣ, Тафсири кабир, 1411ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.237
  31. Конгресси бузургдошти Оятуллоҳ Маърифат, Маърифати қуръонӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.236
  32. Конгресси бузургдошти Оятуллоҳ Маърифат, Маърифати қуръонӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.236
  33. Кариминиё, «Сайре иҷмолӣ дар сиранигории Пайғамбари Ислом дар Ғарб», саҳ.24
  34. Субҳонӣ, «Нависандагон иртиботи худро бо уламои ҳавза ҳифз кунанд», саҳ.27; «Таҳоҷуми шайтонӣ: нақде бар Оятҳои шайтонӣ (1)», саҳ.35
  35. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.262
  36. نقد توطئه آیات شیطانی», сайти Китобхонаи миллӣ
  37. نقد توطئه آیات شیطانی», сайти Китобхонаи миллӣ

Сарчашма

  • «تهاجم شیطانی: نقدی بر آیه‌های شیطانی (۱)», дар маҷаллаи Рушди омӯзиши Қуръон, №8, баҳори 1384ҳ.ш.
  • «الطبقات الکبری», сайти Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи дарҷи матлаб: 11 урдибиҳишти 1400ҳ.ш., санаи боздид: 11 урдибиҳишти 1400ҳ.ш.
  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинони ва равҳ-ул-ҷанони фи тафсир-ил-Қуръон, ба кӯшишу тасҳеҳи Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ ва Муҳаммадмаҳдии Носеҳ, Машҳад, Остони қудси разавӣ, 1371ҳ.ш.
  • Абуҳайён, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-муҳити фи-т-тафсир, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1420ҳ.қ.
  • Аламалҳудо, Алӣ ибни Ҳусайн, Танзиҳ-ул-анбиё, Қум, аш-Шариф-ур-Разӣ, бе то.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзилу асрори ат-Таъвил, Бейрут, нашри Дор-ул-фикр, 1416ҳ.қ.
  • Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, Бейрут, нашри Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшофу ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, нашри Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Исломи ва вафаёт-ил-машоҳир-ил-аълом, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Исломи ва вафаёт-ил-машоҳир-ил-аълом, таҳқиқи Умар Абдусалом Тадаммурӣ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Исҳоқ, Муҳаммад, Сираи Ибни Исҳоқ: ас-Сират-ун-набавийяти ли Ибни Исҳоқ, таҳқиқи Аҳмад Фарид ал-Мазидӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1424ҳ.қ./2004м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-борӣ бишарҳи Саҳиҳ-ил-Бухорӣ, тасҳеҳи Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ ва Муҳиббуддин ал-Хатиб ва таълиқаи Абдулазиз ибни Абдуллоҳ бен Боз, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1379ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом: Маҷмуаи осори Имом Хумайнӣ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи панҷум, 1389ҳ.ш.
  • Кариминиё, Муртазо, «Сайре иҷмолӣ дар сиранигории Пайғамбари Ислом дар Ғарб», дар китоби Сирапажӯҳӣ дар ғарб: гузидаи мутун ва манобеъ, Теҳрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, 1386ҳ.ш.
  • Конгресси бузургдошти Оятуллоҳ Маърифат, Маърифати қуръонӣ, Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, зери назари гурӯҳи қуръонпажӯҳӣ Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, ба кӯшиши Алӣ Насирӣ, 1387ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон, Қум, Муассисаи фарҳангӣ-интишоротии ат-Тамҳид, 1386ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайид Ҷаъфари Муртазо, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, Бейрут, Дор-ул-ҳодӣ, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Нависандагон иртиботи худро бо уламои ҳавза ҳифз кунанд: номаи ҳазрати Оятуллоҳ Субҳонӣ ба доктор Сурӯш», дар мутолиъоти қуръонии Номаи ҷомеъа, №15, озари 1384ҳ.ш.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансури фи-т-тафсири би-л-маъсур, Қум, Маншуроту мактабати Оятиллаҳ-ил-узмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон: Тафсир-ут-Табарӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Таваккулии Туруқӣ, Абдулҳусайн, ابن‌اسحاق: مؤلف اولین سیره پیامبر, Кайҳони фарҳангӣ, №290 - 291, баҳман ва исфанди 1389ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Тафсири кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, нашри Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ.
  • Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, «Саҳми эрониён дар тафсири Қуръон», Маҷмуъаи мақолоти Конгресси Шайхи Муфид, №37.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабия: инсон-ул-ъуюни фи сират-ил-амин-ил-маъмун, бо ҳошияи Сайид Аҳмад Зайнӣ Дуҳлон, Бейрут, ал-Мактабат-ул-исломия, бе то.