Ояти Истиъоза

Аз wikishia
Акс:آیه 98 سوره نحل.jpg
Ояти 98 сураи Наҳл
Ин мақола дар бораи ояти Истиъоза аст. Барои ошноӣ бо истилоҳе ба ҳамин ном, мадхали Истиъозаро бибинед.

Ояти Истиъоза (ояти 98 сураи Наҳл), баёнгари он аст, ки ҳангоми тиловати Қуръон бояд аз васвасаҳои шайтон ба Худо паноҳ бурд, то аз лағзишу иштибоҳ маҳфуз монд.

Истиъоза, яъне талаби паноҳандагӣ. Ва ин паноҳандагиро паноҳандагии қалбӣ донистаанд; яъне инсон бояд дар дил эҳсос кунад, ки ба Худо паноҳ бурдааст. «Раҷим» ба маънои рондашуда, ёдовари ин матлаб аст, ки шайтон ба хотири таассубу ғурураш аз даргоҳи Худо ронда шуд.

Фақеҳон, бо истинод ба ин оят, гуфтани «аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим/اَعوذُ بِاللَّهِ مِنَ الشَّیْطَانِ الرَّجِیمِ»-ро ҳангоми тиловати Қуръон ва шурӯи қироати намоз мустаҳаб медонанд. Дар бархе ривоёт калимаҳои дигаре барои истиъоза ҳамчун «аъузу биллоҳи-с-самиъил-алим минаш-шайтонир-раҷим/أَعُوذُ بِاللَّهِ السَّمِیعِ الْعَلِیمِ مِنَ الشَّیْطَانِ الرَّجِیم‏» низ нақл шудааст.

Матн ва тарҷума

Ояти 98 сураи Наҳл, ки аз он бо унвони ояти Истиъоза ёд мешавад,[1] баёнгари он аст, ки ҳангоми тиловати Қуръон бояд аз шайтон ба Худо паноҳ бурд. Мусулмонон бо истинод ба ин оят, тиловати Қуръон ва бархеи дигар аз корҳои худро бо истиъоза шурӯъ мекунанд.

«فَإِذَا قَرَأْتَ الْقُرْآنَ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ مِنَ الشَّیْطَانِ الرَّجِیمِ»

Ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, аз шарри шайтони рондашуда ба Худо паноҳ бар![2]

Тафсир

Ба гуфтаи Шайх Табарсӣ (ваф. 548ҳ.қ.), истиъоза; яъне талаби паноҳандагии мақоми поёнтар аз мақоми болотар ба таври хозиъона аст.

Мақсуд аз истиъоза дар ин оят он аст, ки ҳангоми қироати Қуръон бояд аз васвасаҳои шайтон ба Худо паноҳ бурд, то аз лағзишу иштибоҳ масун монд.[3] Аллома Таботабоӣ (1281 - 1360ҳ.ш.) ин паноҳандагиро паноҳандагии қалбӣ медонад;[4] яъне инсон бояд дар дил эҳсос кунад, ки ба Худо паноҳ бурда ва аз ҳавову ҳавасе ки монеъи фаҳм ва дарки саҳеҳ аст, ҷудо мегардад, на инки фақат онро ба забон бигӯяд.[5] Албатта истиъозаи забониро муқаддимае барои эҷоди он ҳолати қалбӣ донистаанд.[6]

Баъзе муфассирон сабаби овардани сифати «раҷим» барои шайтонро ба ёд овардани истикбор ва тахаллуфи ӯ аз фармони Худо донистаанд; яъне ҳангоми тиловати Қуръон, истикбор, ғурур ва таассубро аз худ дур кунед, то сарнавиште ҳамчун шайтони раҷим пайдо накунед!.[7]

Истиъоза фарз аст ё мустаҳаб?

Олимони исломӣ, амри «истаъиз/اِستعذْ» дар ин ояро ҳамл бар истиҳбоб карда ва аз ин рӯ, гуфтани «аъузу биллоҳ...» барои тиловати Қуръонро мустаҳаб донистаанд.[8] Муқаддаси Ардабилӣ (ваф.993ҳ.қ.) - фақеҳи қарни даҳум, назари аксари уламо бар адами вуҷуб ва холӣ будани ривоёт аз ҳукми вуҷуби истиъозаро, қарина бар фаҳми истиҳбоб аз ин оят донистааст.[9] Бо ин ҳол, баъзеҳо бо истинод ба зоҳири феъли амри (истаъиз) муътақид ба вуҷуби истиъоза, ҳангоми тиловати Қуръон ҳастанд.[10]

Ба гуфтаи Шайхи Тусӣ[11] (385 - 460ҳ.қ.) ва Аллома Ҳиллӣ[12] (648 - 726ҳ.қ.), фақеҳони шиа ва аҳли суннат бо истинод ба ин оят, гуфтани «аъузу биллоҳ...» дар ракъати аввали намоз (баъд аз такбиратул-эҳром ва пеш аз қироат)-ро мустаҳаб медонанд. Нақл шудааст, ки аз фуқаҳои имомия танҳо Абуали - фарзанди Шайхи Тусӣ, эътиқод ба фарз будани истиъоза доштааст[13] ва пешвои моликиён онро фақат дар намози нофила ҷоиз медонад.[14] Риояти ихфот (овози паст) дар гуфтани истиъозаи намоз, мустаҳаб шуморида шудааст.[15]

Лафзҳои истиъоза

Ибороти мухталифе барои истиъоза зикр намудаанд;[16] Аллома Маҷлисӣ (1037 - 1110ҳ.қ.) машҳуртарини онҳоро «аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим/اَعوذُ بِاللَّهِ مِنَ الشَّیْطَانِ الرَّجِیمِ» ва «аъузу биллоҳис-самиъил-алим минаш-шайтонир-раҷим/أَعُوذُ بِاللَّهِ السَّمِیعِ الْعَلِیمِ مِنَ الشَّیْطَانِ الرَّجِیم» медонад.[17] Дар бархе ривоёт, ибороти дигаре низ барои истиъоза нақл шудааст; аз ҷумла: «астаъизу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим/أَسْتَعِیذُ بِاللَّهِ مِنَ الشَّیْطَانِ الرَّجِیم»,[18] «аъузу биллоҳис-самиъил-алим минаш-шайтонир-раҷим, ва аъузу биллоҳ ан яҳзурун/أَعُوذُ بِاللَّهِ السَّمِیعِ الْعَلِیمِ مِنَ الشَّیْطَانِ الرَّجِیمِ‏، وَ أَعُوذُ بِاللَّهِ أَنْ یَحْضُرُونِ"[19] ва «аъузу биллоҳ минаш-шайтонир-раҷим, инналлоҳа ҳува-л-фаттоҳул-алим/أعوذ بِالله مِن الشیطان الرجیم إن الله هُوَ الْفَتّٰاحُ الْعَلِیمُ».[20]

Гарчи дар ояти Истиъоза, иборати «إِذَا قَرَأْتَ الْقُرْآنَ فَاستَعِذ بِالله..» (вақте Қуръон хондӣ ба Худо паноҳ бар) омадааст, вале манзур аз онро чунин донистаанд, ки вақте ирода кардӣ Қуръон бихонӣ «аъузу биллоҳ.. » бигӯ;[21] монанди ояти «إِذا قُمْتُمْ إِلَی الصَّلاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَکُمْ» (вақте намоз хондед, рӯятонро [барои вузӯъ] бишӯед) яъне вақте иродаи хондани намоз доштед, таҳорат кунед.[22]

Эзоҳ

  1. Ибни Ошур, ат-Таҳриру ва-т-танвир, муассисатут-таърих‏, ҷ.13, саҳ.222.
  2. Сураи Наҳл, ояти 98, тарҷумаи Макорими Шерозӣ.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.593.
  4. Таботабоӣ‏, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.343 - 344.
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.397.
  6. Таботабоӣ‏, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.343 - 344.
  7. Наҷафии Хумайнӣ, Тафсири Осон, 1398ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.292.
  8. Барои намуна нигоҳ кунед: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.593; Суютӣ, 1394ҳ.қ., ал-Итқон, ҷ.1, саҳ.364; Абд, ал-Мизон фи аҳкоми таҷвид-ил-Қуръон, 2005м., саҳ.37.
  9. Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабатул-Ҷаъфария, саҳ.92 - 93.
  10. Суютӣ, ал-Итқон, 1394ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364; Абд, ал-Мизон фи аҳкоми таҷвид-ил-Қуръон, 2005м, саҳ.37.
  11. Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.324.
  12. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.307.
  13. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.174.
  14. Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.324; Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.399.
  15. Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.7, саҳ.235.
  16. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.82, саҳ.5.
  17. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.82, саҳ.5.
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.8, саҳ.175.
  19. Ҳумайрӣ, Қурб-ул-аснод, 1413ҳ.қ., саҳ.124.
  20. Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.1156.
  21. Ҷаъфарӣ, Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.213.
  22. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.593.

Сарчашма

  • Абд, Фарёл Закариё, ал-Мизон фи аҳкоми таҷвид-ил-Қуръон, Қоҳира, Дорул-имон, 2005м.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Қум, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Зубдат-ул-баён фи аҳком-ил-Қуръон, тасҳеҳ: Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Теҳрон, ал-Мактабатул-Ҷаъфарияи ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, чопи аввал, бе то.
  • Ибни Ошур, Муҳаммад ибни Тоҳир, ат-Таҳриру ва-т-танвир, Бейрут, муассисатут-Таърих‏, чопи аввал, бе то.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисаи ал-табъ ван-нашр, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Наҷафии Хумайнӣ, Муҳаммадҷавод, Тафсири Осон, интишороти Исломийя, Теҳрон, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қоҳира, ал-Ҳайъатул-мисрийятул-оммати лил-китоб, 1394ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷавод Балоғӣ, Теҳрон, Носир Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, ал-Вофӣ, Исфаҳон, китобхонаи Имом Амирулмуъминин Алӣ (а), чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Ҳумайрӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Қум, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Омилӣ, Сайидҷавод, Мифтоҳ-ул-каромат фи шарҳи қавоид-ил-аломат, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи аввал, бе то.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Кавсар, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, тасҳеҳи Алии Хуросонӣ, Алӣ, Сайидҷаводи Шаҳристонӣ, Маҳдӣ Тоҳо Наҷаф, Муҷтабо Ироқӣ, Дафтари интишороти исломӣ, Қум, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръийя фи фиқҳ-ил-имомийя, Дафтари интишороти исломӣ, Қум, чопи дувум, 1417ҳ.қ.