Тавҳид

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ягонагии Худованд)
АЛЛОҲ
Ин мақола дар бораи яке аз эътиқодоти Ислом аст, агар ба дунболи сурае бо ҳамин ном ҳастед, ба мақолаи сураи Тавҳид муроҷиа кунед.

Тавҳид (ар. توحید) бунёдитарин асли эътиқодӣ дар Ислом, ба маънои якто ва бемонанд донистани Худованд, ва ҳамчунин бешарик будани Ӯ дар халқи ҷаҳон. Нахустин ҷумалоти ҳазрати Муҳаммад (с) дар оғози даъвати мардум ба Ислом, ҳовии шаҳодат бар яктоии Худо ва дурӣ аз ширк будааст. Тавҳид ҳамчунин дар Қуръони Карим ва ривоёти маъсумин, мавриди тавваҷуҳ қарор гирифта ва сураи Тавҳид дар ҳамин мавзуъ аст.

Тавҳид дар фарҳанги Исломӣ дар муқобили ширк дониста шуда ва мутакаллимони мусулмон, маротибе барои он баршумурдаанд. Ин маротиб иборатанд аз:

Бароҳин ва истидлолҳои мутафовите барои исботи тавҳид, дар оёти Қуръони Карим, аҳодиси маъсумон ва ҳамчунин осори файласуфон ва мутакаллимони мусулмон вуҷуд дорад. Бурҳони тамонуъ, бурҳони беъсати анбиё, бурҳони таайюн, намунаҳое аз ин далоил ҳастанд.

Гуруҳе аз аҳли суннат аз ҷумла Ибни Таймия, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва Абдулазиз Бенбоз, эътиқод ба шафоат ва тавассул ба Пайғамбарон ва авлиёи Илоҳӣ пас аз марги ононро аз нишонаҳои ширк ва адами бовар ба тавҳиди ибодӣ донистаанд. Шиаён бо иттико ба оёти Қуръони Карим, ин иддаоро нодуруст мехонанд; бо ин истидлол, ки шиаён бар хилофи бутпарастон, Пайғамбарро раб ва зимомдори ҳастӣ намедонанд ва қасдашон аз такрими Пайғамбарон ва авлиёи Илоҳӣ, тақарруб ҷустан ба Парвардигор аз тариқи онҳост.

Олимони шиа дар осори фаровоне ба тавҳид пардохтаанд; бархе аз ин китобҳо ба таври мустақил дар бораи тавҳид аст ва бархе дигар, бахше дар бораи тавҳид доранд. Китоби ат-Тавҳид таълифи Шайх Садуқ, Гавҳари мурод навиштаи Абдурразоқи Лоҳиҷӣ, ар-Расоил-ут-тавҳидияи Аллома Таботабоӣ ва Тавҳиди Муртазо Мутаҳҳарӣ, аз ин маворид аст.

Маъношиносӣ

Хушнависӣ аз машҳуртарин шиори тавҳид: «Ло илоҳа иллаллоҳ»

Тавҳид ба маънои якто донистани Худо, аслитарин омӯзаи эътиқодӣ дар Ислом аст.[1] Ба эътиқоди мусулмонон, Худованд, ягона холиқи ҷаҳон аст ва шарик надорад.[2] Тавҳид дар аҳодиси нақлшуда аз Пайғамбар (с) ва имомони шиа аз ҷумла, Имом Алӣ (а) ва Имом Содиқ (а), ба маънои шаҳодат додан ба мазмуни «ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ!» ва монанди он ба кор рафтааст.[3]

Калимаи тавҳид барои ишора ба мабоҳиси каломии марбут бо ягонагии Худо, сифот ва афъоли Ӯ ҳам ба кор рафтааст. Имом Содиқ (а) ва Имом Ризо (а) дар посух ба суолоте дар бораи маънои тавҳид, ба бархе мабоҳиси каломӣ аз ҷумла, нафйи сифоти инсонӣ аз Худованд ишора кардаанд.[4]

Дар се рӯйкарди гуногуни каломӣ, ирфонӣ ва фалсафӣ, се нигариши мутафовит ба тавҳид вуҷуд дорад: тавҳиди каломӣ, қоил ба пазириши яке будани Худованд аст; тавҳиди фалсафӣ ба маънои имони бархоста аз бовари ақлӣ ба яке будани Худованд аст ва тавҳиди ирфонӣ, поягузорӣ шуда бар асоси шуҳуд ва вусул ба ягонагии Худованд.[5] Тавҳид дар фалсафа, дар бораи ваҳдати воҷиб-ул-вуҷуд ба унвони як мафҳум аст, аммо дар ирфон, сухане аз мафҳум нест, балки сухан аз мисдоқи тавҳид, яъне Худо аст, ки як вуҷуди воҳид аст ва дигар мавҷудот, аз Ӯ баҳра мебаранд.[6] Талоши файласуф, исботи тавҳиди воҷибалвуҷуд аст, аммо талоши ориф, шуҳуд ва расидани дарунӣ ба тавҳид аст. Бо ин ҳол, ҳикмати мутаолия, ки мансуб ба Муллосадрои Шерозӣ аст, ҷамъи байни Қуръон, ирфон ва бурҳон дониста шуда ва шуҳуди ирфонӣ дар он, ҳамроҳ бо мабоҳиси истидлолӣ баён шудааст.[7]

Ҷойгоҳи тавҳид дар Ислом

Тавҳид муҳимтарин категория дар таълимоти исломӣ ва нуқтаи тамоюзи Ислом аз дигар адён дониста шудааст.[8] Ба тасреҳи Қуръон, паёми ҳамаи пайғамбарон, эътиқод ба тавҳид будааст.[9] Бо он ки калимаи тавҳид дар Қуръони Карим наёмада, аммо оёти фаровоне аз он дар бораи исботи тавҳид ва нафйи ширк аст;[10] то он ҷо ки Муллосадро дар китоби тафсири худ, ҳадафи аслии Қуръони Каримро исботи тавҳиди Худованд донистааст.[11]

Шаҳодат бар яктоии Худо ва дурӣ аз ширк, аввалин гузораҳоеанд, ки Пайғамбари Ислом дар оғози даъвати ошкори худ, хитоб ба мардуми Макка баён кардааст.[12] Намояндагони Пайғамбар аз ҷумла, Маоз ибни Ҷабал, ки барои таблиғи Ислом ба сарзаминҳои мухталифи мерафтанд, ҳамвора мардумро ба пазириши яктоии Худованд даъват мекарданд.[13] Бархе аз олимони мусулмон бо такя бар ҷойгоҳи вижа ва муҳимми омӯзаи тавҳид дар Ислом, мусулмононро «аҳл-ут-тавҳид» хондаанд[14] ва тавҳидро нишонаи мусулмонӣ қаламдод кардаанд.[15] Имом Алӣ (а), эътиқод ба тавҳид ва ягонагии Худовандро асоси шинохти Худо дониста аст.[16]

Тавҳид ва ягонагии Худованд, бо таъбирҳо ва ибороти мухталиф, борҳо дар Қуръони Карим мавриди таъкид қарор гирифтааст, аз ҷумла, дар сураи Тавҳид, ки Худованд «аҳад» яъне ягона хонда шудааст.[17] Нафй Худоёни дигар, яке будани Худо, як Худо барои ҳамагон, Худои ҳамаи олам, мазаммати муътақидон ба вуҷуди Худоён, таъкид бар нафйи эътиқод ба чанд Худо, радди иддаои қоилон ба таслис ва сегонабоварӣ, ва ҳамчунин нафйи ҳар гуна мислу монанд барои Худо, аз ҷумлаи мафоҳими муртабит бо тавҳид аст, ки дар Қуръони Карим омадааст.[18] Оёте аз Қуръони Карим, ки мустақим ба тавҳид далолат доранд, иборатанд аз:

  • Бигӯ Ӯ Худои якто аст: قُل هُوَ اللهُ أحَد[19]
  • Ҳеч худое ҷуз Аллоҳ нест: لا إلٰه إلّا الله.[20]
  • Ҳеч худое ҷуз Ӯ нест: لا إلٰه إلّا هو.[21]
  • Ҳамоно худои шумо Худои якто аст: إلٰهُکُم إلٰهٌ واحِد.[22]
  • Ҳеч худое ҷуз Аллоҳ нест: ما مِن إلٰهٍ إلّا الله.[23]

Маротиби тавҳид

Бисёре аз мутакаллимон, орифон ва файласуфони мусулмон, бо такя бар Қуръони Карим ва ривоёти Пайғамбари Ислом ва имомони шиа, маротиб ва дараҷоте барои тавҳид баршумурдаанд, ки аввалин мартабаи он тавҳиди зотӣ, сипас тавҳиди сифотӣ ва афъолӣ, ва болотарин мартаба, тавҳид дар ибодат аст.[24]

Тавҳид дар Қуръони Карим ва фарҳанги исломӣ, дар муқобили ширк дониста мешавад ва мубориза бо ширк, яке аз мавзуоти аслӣ дар Қуръони Карим аст.[25] Мусулмонон ҳамонтавр ки ба маротиб ва дараҷоте барои тавҳид муътақиданд, барои ширк ҳам дараҷоте баршумурдаанд.[26] Бар ин асос, бовар ба чандхудоӣ ширки дар зот хонда мешавад,[27] ва бовар ба ин ки ҷаҳон беш аз як сазандаи мустақил дорад, ширк дар феъл ё ширки фоилӣ аст.[28] Ҳамчунин бовар ба ҷудоии сифоти Худованд аз зоти Ӯ, ширки сифотӣ[29] ва парастиши худое ҷуз Худои якто, ширк дар ибодат хонда мешавад.[30]

Тавҳиди зотӣ

Навиштори аслӣ: Тавҳиди зотӣ

Тавҳиди зотӣ нахустин мартаба аз маротиби тавҳид аст[31] ва яке аз маъонии он, эътиқод ба ягона ва беҳамто будани Худо ва мислу монанд ва ҷойгузин надоштани Ӯст. Ояти чаҳоруми сураи Тавҳид (وَلَمْ یکُنْ لَه کُفُواً أحَدٌ), ба ҳамин маъно дониста шудааст.[32] Маънои дигари тавҳиди зотӣ, ин аст, ки зоти Худованд тааддуд ва дугонагӣ барнаметобад ва мислу монанде надорад; [33] чунонки дар ояти аввали сураи Тавҳид (قُل هُو الله أحَدٌ) омадааст.[34]

Тавҳиди сифотӣ

Навиштори аслӣ: Тавҳиди сифотӣ

Тавҳиди сифотӣ ба маънои яке будани зоти Илоҳӣ бо сифоти Ӯст. Тавҳиди сифотӣ яъне дарк ва шиносоии зоти Ҳаққ ба ягонагии айнӣ бо сифот ва ягонагии сифоти Илоҳӣ бо якдигар.[35] Ба таври мисол, Худо олим аст, на ба ин маъно ки илми Худо ба зоташ изофа шудааст, балки ба ин маъно, ки Худо айни илм аст; бар хилофи инсон, ки илму қудрат, хориҷ аз зоти ӯст ва ба тадриҷ ба ӯ изофа мешавад.[36] Сифоти Худо, илова бар он ки ҷудо аз Худо нестанд, аз якдигар ҳам ҷудо нестанд, яъне илми Худо ҳамон қудрати Ӯст ва ҳамаи вуҷуди Худо, ҳамон илму қудрат ва дигари сифоти зотии Ӯст.[37] Аз назари Мисбоҳи Яздӣ тавҳиди сифотӣ дар истилоҳи файласуфон ва мутакаллимон он аст, ки сифоте монанди илм, ҳаёт ва қудрат ки ба Худои мутаол нисбат медиҳем, дар воқеъ чизе ғайр аз зоти Худо нестанд; ҳамаи онҳо айни зот ва айн якдигаранд. Ихтилофашон бо зот ва бо якдигар танҳо дар мафҳум аст.[38]

Қуръони Карим, Худовандро аз сифоте ки ба Ӯ нисбат дода мешавад, муназзаҳ донистааст.[39] Имом Содиқ (а), дар сухане ки Абубасир онро нақл карда, илм, шунавоӣ, биноӣ ва қудрати Худоро зоти Ӯ дониста ва тасреҳ карда, ки Худованд, пеш аз он ки чизе барои шунидан ва дидан вуҷуд дошта бошад, шунаво ва бино будааст.[40]

Тавҳиди афъолӣ

Навиштори аслӣ: Тавҳиди афъолӣ

Тавҳиди афъолӣ, яъне Худованд ҳамонтавр, ки дар зоти Худ ягона аст, дар афъоли Худ аз ҷумла холиқят, рубубият, моликият ва ҳокимияти таквинӣ ҳам шарик надорад.[41] Лозимаи эътиқод ба тавҳиди афъолӣ, ҳамчунин ин аст, ки саросари ҷаҳон, феъли Худост ва маншаи аслии ҳамаи корҳои бандагону махлуқот Худост.[42] Мавҷудоти олам ҳамчунон ки дар зот, истиқлол надоранд ва ҳама қоим ба Ӯ ҳастанд, ва Ӯ ба таъбири Қуръон «қайюм»-и ҳамаи олам аст, дар мақоми таъсир ва иллийят низ истиқлол надоранд. Дар натиҷа Худованд ҳамчунон ки дар зот шарик надорад, дар фоилият низ шарик надорад.[43]

Қуръони Карим Худовандро офаринандаи ҳамаи чиз ва Ӯро ягонаи қоҳир хондааст.[44] Имом Содиқ (а) Худовандро танҳо касе дониста, ки чизеро аз нестӣ халқ кунад ва танҳо касе ки мавҷудотро аз ҳастӣ ба нестӣ мунтақил мекунад.[45]

Тавҳиди ибодӣ

Навиштори аслӣ: Тавҳиди ибодӣ

Тавҳиди ибодӣ, яъне эътиқод ба ин ки ҷуз Аллоҳ ҳеҷ касе сазовори парастиш нест ва парастиш танҳо мухтасси Худованд аст.[46] Даъват ба парастиши Худои ягона, бар асоси Қуръони Карим, барномаи аслии тамоми фиристодагони Илоҳӣ будааст.[47]

Тавҳиди ибодиро метавон дар бархе аз оёти Қуръон Карим дид; аз ҷумла дар сураи Наҳл, ки ҳокӣ аз фиристодани пайғамбаре дар миёни ҳар уммате аст, то онҳоро даъват ба парастиши Худои ягона ва иҷтиноб аз тоғут кунад.[48] Дар ояти дигаре аз Қуръони Карим, пайғамбар аз парастиши касоне ки ба сӯи ғайри Худо даъват мекунанд, наҳй шуда ва ба парастиши офаридагори оламиён амр шудааст.[49]

Пайғамбари Акрам дар суханоне хитоб ба мушрикон, аз онҳо пурсида вақте шумо аз махлуқоти Илоҳӣ муҷассама месозед ва онҳоро парастиш мекунед ва барои ӯ саҷда мекунед, ё намоз ба ҷой меовареду пешониҳоятонро бар хок мегузоред, чӣ чизе барои Парвардгори оламиён боқӣ гузоштаед?[50] Ба тасреҳи Пайғамбар, аз ҳуқуқи касе ки таъзим ва ибодат мешавад, ин аст, ки бо бандагонаш яксон қарор дода нашавад.[51]

Далелҳои тавҳид

Навиштори аслӣ: Бурҳонҳои тавҳид

Дар Қуръони Карим, ривоёти маъсумон ва осори файласуфон ва мутакаллимони исломӣ, далелҳое барои исботи тавҳиди Худованд зикр шудааст. Бархе аз ин бурҳонҳо иборатанд аз:

  • Бурҳони тамонуъ, ки аз ояти «لَوْ کانَ فیهِما آلِهَةٌ إِلاَّ اللَّهُ لَفَسَدَتا»[52] гирифта шуда, дар пайи исботи тавҳид аз роҳи радди ширк аст.[53] Дар тавзеҳи ин бурҳон, гуфта шудааст, ки агар ду Худо фарз шавад ва яке иродаи кореро дошта бошад ва дигарӣ коре бар хилофи онро ирода кунад, се фарз мумкин аст:

1- Ирода ҳар ду таҳаққуқ ёбад; дар ин сурати иҷтимои зиддайн пеш меояд, ки номумкин аст.

2- Иродаи ҳеҷ кадом таҳаққуқ наёбад; ин фарз нишондиҳандаи аҷз ва нотавонии ҳар ду Худо аст.

3- Иродаи яке аз он ду таҳаққуқ ёбад; дар ин сурат, равшан мешавад ки яке аз он ду оҷизу нотавон ҳастанд ва дигарӣ Худои ҳақиқӣ аст.[54]

  • Бурҳони таркиб; аз бурҳонҳои фалсафаи исломӣ, бар пояи исботи тавҳид аз роҳи радди мураккаб будани Худост. Бар ин асос, лозимаи эътиқод ба ду Худо, бовар ба мураккаб будан ва ташкили воҷибалвуҷуд аз ду воҷиб аст, ва чун ҳар мавҷуди мураккабе ниёзманди омиле аст, ки он таркибро падид оварда, пас вуҷуди мураккаб наметавонад воҷибалвуҷд бошад ва бояд басит бошад, то битавонад воҷибалвуҷуд бошад; бинобар ин мураккаб будан зидди воҷибалвуҷд будан аст ва дар натиҷа, воҷибалвуҷуд фақат метавонад воҳид бошад.[55]

Илова бар далелҳои мазкур, бурҳонҳое аз ҷумла: бурҳони сиддиқин (бо тақрири Муллосадро), бурҳони таайюн, бурҳони имтиноъи касрат, бурҳони мақдурот ва бурҳони беъсати анбиё, дар фалсафа ва каломи исломӣ барои исботи тавҳид зикр шудааст.[56] Имом Алӣ (а) дар номае ба Имом Ҳасан (а), яке аз далелҳои исботи яке будани Худовандро баён карда ва тасреҳ карда, ки агар Худованд шарике дошт, расулони Ӯ ба сӯи бандагон меомаданд.[57] Мутакаллимони мусулмон, ин бурҳонро бо унвони бурҳони беъсати анбиё дар осори худ зикр кардаанд.[58]

Иттиҳоми ширк ба шиаён

Ваҳҳобиён, эътиқоди шиаён ба шафоат, тавассул ба пайғамбарон ва авлиёи Илоҳӣ ва ҳамчунин табаррук ҷустани шиаён ба қабрҳо ва осори барҷоймонда аз пайғамбарон ва авлиёи Илоҳиро ширк донистаанд.[59] Аммо шиаён ин иттиҳомро нодуруст медонанд ва муътақиданд мусулмононе, ки ин аъмолро анҷом медиҳанд, ҳаргиз қасди парастиши пайғамбарон ва авлиёи Илоҳиро надоранд ва барои онон мақоми улуҳийят қоил нестанд ва қасдашон танҳо такрими пайғамбарон ва авлиёи Илоҳӣ, ва ҳамчунин тақарруб ҷустан ба Худованд аз тариқи онҳост.[60]

Ба эътиқоди Ибни Таймия, ҳар кас ба Имом Алӣ (а) тавассул ҷӯяд, кофир аст ва ҳар ки дар куфри чунин касе шак кунад, ӯ ҳам кофир аст[61] ва ҳар касе канори қабри Пайғамбар ё яке аз афроди солеҳ биравад ва аз онҳо ҳоҷат бихоҳад, мушрик аст ва лозим аст водор ба тавба шавад ва агар тавба накард, бояд кушта шавад.[62] Абдулазиз Бенбоз, муфтии ваҳобӣ ҳам дар осори худ, дуо ва истиғоса назди қубур, талаби шифо ва пирӯзӣ бар душманонро аз мазоҳири ширки акбар донистааст.[63]

Шиаён бо такя ба оёти Қуръони Карим, шафоатро танҳо дар сурате мардуд медонанд, ки ба сурати мустақил ва бидуни ниёз ба изни Худованд дархост шавад; чароки дар ин сурат ширк дар рубубият ва тадбири Илоҳӣ аст.[64] Олимони шиа дар посухи истиноди Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва Абдулазиз Бенбоз ба оёте аз Қуръони Карим, ки дар онҳо шафоат хостан аз бутҳо нафй шудааст, ба тафовути асосии шафоат хостан аз Пайғамбар бо шафоат хостани бутпарастон аз бутҳо иттико карда ва муътақиданд мусулмонон бархилофи бутпарастон дар Қуръони Карим, ҳаргиз Пайғамбарро илоҳ, раб ва ё зимомдори ҳастӣ намедонанд.[65]

Китобшиносӣ

Мутакаллимон ва муҳаддисони мусулмон ба хусус имомия, гоҳ китобҳои мустақилле дар боби тавҳид таълиф кардаанду гоҳ дар зимни баёни ақоиди шиа, ба тавҳид ҳам пардохтаанд. Бархе манобеъ 22 асар дар бораи тавҳидро дар миёни шиаён баршумурдаанд; [66] бархе аз ин маворид иборатанд аз:

  • Китоби ат-Тавҳид, асари Шайх Садуқ, ҳовии мавзуоте аз қабили ягонагии зоти Илоҳӣ, сифоти субутӣ ва салбии Худованд ва ҳамчин қазову қадар ва ҷабру ихтиёр, бо истифода аз оёти Қуръон ва ривоёти маъсумон.[67] Ин китоб бо номҳои мухталиф, ба забони форсӣ тарҷума шудааст.[68]
  • ар-Расоил-ут-тавҳидия, асари Аллома Таботабоӣ, шомили чаҳор мақола дар бораи тавҳиди зотӣ, асмоъ ва афъоли Илоҳӣ ва ҳамчунин воситаҳои миёни Худо ва олами табиат аст.[71] Ин китоб ҳамчунин се мақола дар бораи инсон қабл аз дунё, дар дунё ва баъд аз дунё дорад.[72] ар-Расоил-ут-тавҳидия дар соли 1361ҳ.қ., ба забони арабӣ навишта шуда[73] ва дар соли 1370ҳ.ш., бо тарҷума ва таҳқиқи Алии Шервонӣ дар Эрон чоп шудааст.[74]
  • Тавҳид, шомили матни омода шуда аз 17 суханронии Муртазо Мутаҳҳарӣ аст, ки дар солҳои 1346 - 47 шамсӣ эрод шудааст.[75] Бахши умдае аз ин китоб посух ба шубаҳоте дар бораи робитаи тавҳид бо назарияи такомул ва ҳамчунин масъалаи шар аст.[76] Китоб 346 саҳифа дорад.
  • Тавҳид ва ширк дар нигоҳи шиа ва ваҳҳобият, навиштаи Аҳмади Обидӣ. Ба гуфтаи нависанда, ин китоб посухест ба иддаоҳои китоби “Усулу мазҳаб-иш-шиат-ил-имомият-ил-исноашарийя”, навиштаи Носир Алқифорӣ, донишомӯхтаи Донишгоҳи исломии Муҳаммад ибни Сауди Арабистон.[79] Аҳмади Обидӣ дар ин китоб, тавҳид дар улуҳият, тавҳид дар рубубият, тавҳид дар асмо ва сифот, ва саранҷом имон ва аркони онро аз дидгоҳи шиа тавзеҳ медиҳад ва зимни талош барои нишон додани бартарии ақоиди шиа бар ақоиди ваҳҳобиён дар бораи тавҳид, ба нақди рӯйкарди Носир Алқифорӣ дар китобаш пардохтааст.[80] Тарҷумаи ин китоб дар соли 1434ҳ.қ., ба забони арабӣ ва бо унвон “ат-Тавҳид ва-ш-ширк инд-аш-шиати ва-л-ваҳҳобийя” мунташир шудааст.[81]
  • Аллоҳшиносӣ, маҷмуаест сеҷилдӣ навиштаи Алломаи Теҳронӣ ки ба масоили марбут бо тавҳид пардохта ва бо истифода аз оёту ривоёт, дидгоҳҳои мухталифи фалсафӣ ва ирфониро дар бораи тавҳид ташреҳ кардааст.[82]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи оёт ва ривоёт (2), 1379ҳ.ш., саҳ.19 - 20
  2. Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи оёт ва ривоёт (2), 1379ҳ.ш., саҳ.19 - 20
  3. Шайх Садуқ, ат-Тавҳид, 1389ҳ.ш., боби 1, ҳадиси 8, саҳ.10; боби 2, ҳадиси 26, саҳ.64; боби 1, ҳадиси 35, саҳ.24
  4. Шайх Садуқ, ат-Тавҳид, 1389ҳ.ш., боби 2, ҳадиси 14 ва 15, саҳ.48 - 51
  5. Таботабоӣ, «Тавҳиди шуҳудӣ аз манзари имом Хумайнӣ», саҳ.104
  6. Закӣ Ифшогар, «Тавҳиди афъолӣ ва омӯзаҳои муртабит аз назари Ибни Арабӣ ва Муллосадро», саҳ.136
  7. Закӣ Ифшогар, «Тавҳиди афъолӣ ва омӯзаҳои муртабит аз назари Ибни Арабӣ ва Муллосадро», саҳ.136
  8. Яҳё, «Сайри масъалаи тавҳид дар олами Ислом то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ», саҳ.196; Софӣ, Таҷаллии тавҳид дар низоми имомат, 1392ҳ.ш., саҳ.21
  9. Яҳё, «Сайри масъалаи тавҳид дар олами Ислом то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ», саҳ.196
  10. Рамазонӣ, «Тавҳид»
  11. Муллосадро, Тафсир-ул-Қуръонил карим, 1366ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.54
  12. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, дорусодир, ҷ.2, саҳ.24
  13. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, дорусодир, ҷ.2, саҳ.76 ва 81
  14. Торамии Род, «Тавҳид», саҳ.406
  15. Мисбоҳи Яздӣ, Худошиносӣ (маҷмуъаи кутуби омӯзишии маорифи Қуръон 1), 1394ҳ.ш., саҳ.180
  16. Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳии Солеҳ, хутбаи аввал, саҳ.39
  17. Шариатмадорӣ, «Тавҳид аз дидгоҳи Қуръон ва Наҳҷ-ул-балоға (1) », саҳ.48
  18. Торамии Род, «Тавҳид », саҳ.406 ва 407
  19. Сураи ихлос, ояти 1
  20. Сураи Соффот, ояти 35; сураи Муҳаммад, ояти 19
  21. Сураи Бақара, ояти 163
  22. Сураи Каҳф, ояти 110; сураи Анбиё ояти 108; сураи Фуссилат ояти 6
  23. Сураи Сод, ояти 65
  24. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Қуръон ва ҳадис, 1391ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.419
  25. Субҳонӣ, Симои инсони комил дар Қуръон, 1377ҳ.ш., саҳ.291
  26. Субҳонӣ, Симои инсони комил дар Қуръон, 1377ҳ.ш., саҳ.291
  27. Субҳонӣ, Симои инсони комил дар Қуръон, 1377ҳ.ш., саҳ.292
  28. Субҳонӣ, Симои инсони комил дар Қуръон, 1377ҳ.ш., саҳ.294
  29. Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи оёт ва ривоёт (2), 1379ҳ.ш., саҳ.54
  30. Субҳонӣ, Симои инсони комил дар Қуръон, 1377ҳ.ш., саҳ.296
  31. Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи ақл ва нақл, 1379ҳ.ш., саҳ.79
  32. Субҳонӣ, Гузидаи симои ақоиди шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.34
  33. Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи ақл ва нақл, 1379ҳ.ш., саҳ.79
  34. Субҳонӣ, Гузидаи симои ақоиди шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.34
  35. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш., саҳ.101
  36. Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи ақл ва нақл, 1379ҳ.ш., саҳ.87
  37. Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи ақл ва нақл, 1379ҳ.ш., саҳ.87
  38. Дарси нӯҳум - Ақсоми тавҳид
  39. Сураи Соффот, ояти 180
  40. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107
  41. Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи ақл ва нақл, 1379ҳ.ш., саҳ.93
  42. Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи ақл ва нақл, 1379ш, саҳ.93
  43. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1377ҳ.ш., саҳ.103
  44. Сураи Раъд, ояти 16
  45. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.148
  46. Каримӣ, Мабдаъшиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.43
  47. Каримӣ, Тавҳид аз дидгоҳи ақл ва нақл, 1379ҳ.ш., саҳ.114
  48. Сураи Наҳл, ояти 36
  49. Сураи Ғофир, ояти 66
  50. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1392ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.985
  51. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1392ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.985
  52. Сураи Анбиё, ояти 22
  53. Ясрибӣ, Таърихи таҳлилӣ интиқодии фалсафаи исломӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.503 - 504
  54. Ясрибӣ, Таърихи таҳлилӣ интиқодии фалсафаи исломӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.504
  55. Ясрибӣ, Таърихи таҳлилӣ интиқодии фалсафаи исломӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.508 - 509
  56. Ясрибӣ, Таърихи таҳлилӣ интиқодии фалсафаи исломӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.506 - 515
  57. Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳии Солеҳ, номаи 31, саҳ.396
  58. Ясрибӣ, Таърихи таҳлилӣ интиқодии фалсафаи исломӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.513 - 514
  59. Устодӣ, Шиа ва посух ба чанд пурсиш, 1385ҳ.ш., саҳ.84
  60. Устодӣ, Шиа ва посух ба чанд пурсиш, 1385ҳ.ш., саҳ.84
  61. «وقال شیخ الإسلام ابن تیمیة رحمه‌الله: من دعا علی بن أبی‌طالب، فقد کفر، ومن شک فی کفره، فقد کفر.» (الدّرر السّنیة فی الأجوبة النّجدیة، ۱۴۱۷ق، ج۹، ص۲۹۲.)
  62. Ибни Таймия, Зиёрат-ул-қубури ва ал-истинҷод бил-мақбур, 1412ҳ.қ., саҳ.19
  63. Бенбоз, “Баъз-ул-муморисот-иш-ширкия инд-ал-қубур»
  64. Устодӣ, Шиа ва посух ба чанд пурсиш, 1385ҳ.ш., саҳ.84 - 85
  65. Субҳонии Табрезӣ, Марзҳои тавҳид ва ширк дар Қуръон, 1380ҳ.ш., саҳ.159
  66. Рӯҳонӣ, «ат-Тавҳид», саҳ.134 - 135
  67. Ҳушангӣ, «ат-Тавҳид», саҳ.401 - 404
  68. Барои намуна ниг.: Шайх Садуқ, Асрори тавҳид, тарҷумаи Муҳаммадалии Ардаконӣ, Теҳрон, нашри илмияи исломия; Шайх Садуқ, Тавҳид, тарҷумаи Алиакбари Мирзоӣ, Қум, алавийун, 1388ҳ.ш.
  69. Ризонажод, «Тавҳид дар мазоҳиби каломӣ», саҳ.59
  70. Ризонажод, «Тавҳид дар мазоҳиби каломӣ», саҳ.59
  71. Ниг.: Таботабоӣ, ар-Расоил ат-тавҳидия, 1419ҳ.қ.
  72. Ниг.: Таботабоӣ, ар-Расоил ат-тавҳидия, 1419ҳ.қ.
  73. Ниг.: Таботабоӣ, ар-Расоил ат-тавҳидия, 1419ҳ.қ., саҳ.19
  74. Ниг.: Таботабоӣ, Расоили тавҳидӣ, 1370ҳ.ш., саҳ.9 - 11
  75. Мутаҳҳарӣ, Тавҳид, 1387ҳ.ш., саҳ.9
  76. Ниг.: Мутаҳҳарӣ, Тавҳид, 1387ҳ.ш., саҳ.211 - 250
  77. Субҳонии Табрезӣ, Марзҳои тавҳид ва ширк, 1380ҳ.ш., саҳ.8
  78. “Марзҳои тавҳид ва ширк дар Қуръони Карим”, Китобхонаи тахассусии ҳаҷ
  79. Обидӣ, Тавҳид ва ширк дар нигоҳи шиа ва ваҳҳобият, нашри Машъар, саҳ.15 - 16
  80. Обидӣ, Тавҳид ва ширк дар нигоҳи шиа ва ваҳҳобият, нашри Машъар, саҳ.15 - 16
  81. Ниг.: Обидӣ, ат-Тавҳид ва-ш-ширк инд-аш-шиати ва-л-ваҳҳобийя, 1434ҳ.қ.
  82. "Аллоҳшиносӣ" - Сомонаи Пойгоҳи улум ва маорифи исломӣ

Сарчашма

  • Қуръони Карим
  • ад-Дурар-ус-сунния фи ал-аҷвибат ан-Наҷдия, таҳқиқи Абдурраҳмон ибн Муҳаммад ибни Қосим, бе ҷо, бе но, 1417ҳ.қ./1996 м.
  • Бенбоз, Абдулазиз, “Баъз-ул-муморисот-иш-ширкия индал-қубур”, дар сайти расмии Бенбоз, таърихи боздид: 9 мурдоди 1396ҳ.ш.
  • Закӣ Ифшогар, Аҳмад ва Ҳасан Муаллимӣ, «Тавҳиди афъолӣ ва омӯзаҳои муртабит аз назари Ибни Арабӣ ва Муллосадро», дар пажуҳишномаи ҳикмат ва фалсафаи исломӣ, №33, пойизи 1389ҳ.ш.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Зиёрат-ул-қубури ва ал-истинҷод бил-мақбур, Дорус саҳоба литтурос, Танто (Миср), 1412ҳ.қ.
  • Каримӣ, Ҷаъфар, Мабдашиносӣ, Теҳрон, сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Каримӣ, Ҷаъфар, Тавҳид аз дидгоҳи ақл ва нақл, Теҳрон, сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, 1379ҳ.ш.
  • Каримӣ, Ҷаъфар, Тавҳид аз дидгоҳи оёт ва ривоёт (2), Теҳрон, сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, 1379ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ ва таълиқа аз Алӣ Акбари Ғаффорӣ, Теҳрон, дорулкутуби исломия, 1388ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисат алвафо, 1403ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Худошиносӣ (маҷмуъаи кутуби омузишии маорифи Қуръони 1), таҳқиқ ва бознигории Амирризо Ашрафӣ, Қум, интишороти муассисаи омузишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни Иброҳим, Тафсир-ул-қуръонил карим, Қум, нашри бедор, 1366ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуъаи осор, ҷ.2, Теҳрон, интишороти садро, чопи ҳафтум, 1377ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Тавҳид, Теҳрон, интишороти садро, 1387ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Қуръон ва ҳадис, ҷ.5, Қум, муассисаи илмӣ фарҳангии дорулҳадис, 1391ҳ.ш.
  • Обидӣ, Аҳмад, ат-Тавҳиду ва аш-ширку инда ашшити ва алваҳобия, Теҳрон, Машъар, 1434ҳ.қ.
  • Обидӣ, Аҳмад, Тавҳид ва ширк дар нигоҳи шиа ва ваҳобият, Теҳрон, машъар, бе то.
  • Рамазонӣ, Ҳасан, «Тавҳид», сайти донишномаи мавзӯии Қуръон, таърихи боздид: 11 мурдоди 1396ҳ.ш.
  • Ризонажод, Иззуддин, «Тавҳид дар мазоҳиби каломӣ», дар маҷаллаи андешаи тақриб, №4, пойизи 1384ҳ.ш.
  • Рӯҳонӣ, Муҳаммадҳусайн, «ат-Тавҳид», дар доират-ул-маъорифи ташайюъ, ҷ.5, 1380ш.
  • Сайиди Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Субҳии Солеҳ, Бейрут, дорулкутубил лубнонӣ ва мактабатулмадраса, [1387ҳ.қ.]
  • Софӣ, Лутфуллоҳ, Таҷаллии тавҳид дар низоми имомат, Қум, дафтари танзим ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Софии Гулпойгонӣ, 1392ҳ.ш.
  • Субҳонии Табрезӣ, Симои инсони комил дар Қуръон, Қум, дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1377ҳ.ш.
  • Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, Гузидаи симои ақоиди шиа, тарҷумаи Ҷаводи Муҳаддисӣ, машъар, 1387ҳ.ш.
  • Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, Марзҳои тавҳид ва ширк дар Қуръон, тарҷумаи Маҳдии Азизон, Теҳрон, Машъар, 1380ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ар-Расоил-ут-тавҳидия, Бейрут, муассисат ан-Нуъмон, 1419ҳ.қ./1999 м.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Расоили тавҳидӣ, тарҷума ва таҳқиқи Алӣ Ширвонӣ, Теҳрон, Аззаҳро, 1370ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Фотима ва Марзия Шариатӣ, «Тавҳиди шуҳудӣ аз манзари имом Хумайнӣ», дар пажуҳишномаи Матин, №57, зимистони 1391ҳ.ш.
  • Торамии Род, Ҳасан, «Тавҳид», дар донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.8, 1383ҳ.ш.
  • Устодӣ, Ризо, Шиа ва посух ба чанд пурсиш, Теҳрон, Машъар, 1385ҳ.ш.
  • Ҳоирӣ, Сайидмаҳдӣ, “Тавҳиди Муфаззал”, дар доират-ул-маъорифи ташайюъ, ҷ.5, 1380ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиати ило таҳсили масоил-иш-шариъа, тасҳеҳи Абдураҳим Раббонии Шерозӣ, ҷ.4, Теҳрон, исломия, 1392ҳ.ш.
  • Ҳушангӣ, Ҳусайн, «ат-Тавҳид», дар донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, бунёди доират-ул-маъорифи исломӣ, 1383ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Асрори тавҳид, тарҷумаи Маҳмадалии Ардаконӣ, Теҳрон, нашри илмияи исломия, бе то.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, тарҷумаи Яъқуб Ҷаъфарӣ, Қум, Насими кавсар, 1389ҳ.ш.
  • Шариатмадорӣ, Муҳаммадтақӣ, «Тавҳид аз дидгоҳи Қуръон ва Наҳҷ-ул-балоға (1)», дар маҷаллаи Сафина, №4, пойизи 1383ҳ.ш.
  • Ясрибӣ, Яҳё, Таърихи таҳлилӣ интиқодии фалсафаи исломӣ, Қум, пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1388ҳ.ш.
  • Яҳё, Усмон ибни Исмоил, «Сайри масъалаи тавҳид дар олами Ислом то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ», тарҷумаи Алиризо Заковатии Қарогизлу, дар маҷаллаи Маориф, №16 ва 17, фарвардин ва обони 1368ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, дорусодир, бе то.