Шаҳодати ҳазрати Фотима (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шаҳодати ҳазрати Заҳро (с))

Ин мақола дар бораи шаҳодати ҳазрати Фотима (с) аст. Барои маълумот дар бораи рӯйдодҳои марбута, ба мадхали Воқеаи ҳамла ба хонаи ҳазрати Фотима (с) ва Ташйиъ ва тадфини ҳазрати Фотима (с) нигаред.

Шаҳодати Ҳазрати Фотима (с)
Хаттотии фарозе аз зиёратномаи ҳазрати Фотима (с), ки дар он Фотимаи шаҳид гуфта шудааст.
Хаттотии фарозе аз зиёратномаи ҳазрати Фотима (с), ки дар он Фотимаи шаҳид гуфта шудааст.
Замон3 ҷамодиюссонӣ, соли 11ҳ.қ.
МаконМадина, хонаи ҳазрати Фотима (с)
СабабОсебҳои воридшуда
ОмилҳоУмар ибни Хаттоб, Қунфуз
ПаёмадҳоШаҳодати ҳазрати Муҳсин ибни Алӣ (а)
ДахлдорҲуҷум ба хонаи Фотима (с)


Шаҳодати ҳазрати Фотима (с) (форсӣ: شهادت حضرت فاطمه (س)) байни шиаҳо аз эътиқидоти ғолиб ва деринае аст, ки бар асоси он, ҳазрати Фотима (с) духтари Пайғамбари Ислом (с) на бо марги табиӣ, балки бар асари ҷароҳатҳои воридшуда аз сӯи баъзе аз саҳобагони Пайғамбар ба шаҳодат расидааст. Аҳли суннат марги ӯро аз ғамгинии марги Пайғамбар (с) донистаанд, аммо шиаён Умар ибни Хаттобро сабаби аслии шаҳодати ӯ медонанд ва дар айёми Фотимия барои ҳазрати Фотима (с) мотам гирифта сӯгворӣ мекунанд.

Шиаён барои шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) ба далелҳое истинод кардаанд; аз ҷумла он ки, тибқи ривояте аз Имом Козим (а), унвони Сиддиқаи Шаҳида (صِدّیقه شهیده) барои Фотима (с) истифода шудааст. Ҳамчунин Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ - мутакаллими имомии садаи севвуми ҳиҷрӣ, дар китоби «Далоил-ул-имомат» ривояте аз Имом Содиқ (а) овардааст, ки дар он сабаби шаҳодати Фотима (с) сиқти ҷанин дар асари зарба дониста шудааст.

Манобеи шиа ва аҳли суннат ҷузъиёте аз ҳодисаҳои анҷомшуда ба марги ҳазрати Фотима (с)-ро зикр кардаанд; аз ҷумла, ҳамла ба хонаи ҳазрати Фотима ва Имом Алӣ (с), сиқт шудани ҷанини ӯ (Муҳсин) ва ҳамчунин тозиёна задан ба ӯ. Қадимтарин сарчашмае, ки шиаён дар ин маврид истинод кардаанд китоби Сулайм ибни Қайси Ҳилолӣ аст, ки дар садаи аввали ҳиҷрӣ таълиф шудааст. Шиаҳо ҳамчунин шаҳодати Фотима (с)-ро мустанад дар ривоятҳое медонанд, ки дар манобеи аҳли суннат низ мавҷуданд. Дар ин хусус дар китоби «ал-Ҳуҷум ала байти Фотима» аз 84 ровӣ дар манобеи аҳли суннат ривоят нақл шудааст.

Эътиқод ба шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) бо шубҳаҳо рӯ ба рӯ, ва ба онҳо ҷавобҳое низ дода шудааст; аз ҷумла, дар ҷавоб ба ин ки хонаҳои Мадина дар он замон дар надоштаанд, Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ (ваф. 1441ҳ.қ.) - муаррихи шиа, ба ривоятҳое истинод кардааст, ки дар доштани хонаҳои Мадина, масъалаи роиҷе будааст.

Ҳамчунин дар ҷавоб ба ин суол, ки агар ба Фотима (с) ҳамла карданд, чаро ҳазрати Алӣ (а) ва дигарон сукут карда аз ӯ дифоъ накардаанд, илова бар баёни он ки Алӣ (а) бо амри Пайғамбари Ислом (с) ва барои ҳифзи манофеъи мусулмонон маъмур ба сабру сукут будааст, гуфта мешавад, тибқи ривояте, ки дар китоби Сулайм вуҷуд дорад, баъд аз иқдоми Умар ибни Хаттоб, Алӣ (а) ба ӯ ҳамла карда, ӯро ба замин зад, аммо Умар (р) аз дигарон мадад хост ва онҳо Алӣ (а)-ро бастанд. Нависандагони аҳли суннат мавориде аз муносибатҳои мусбати байни Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Заҳро (с) бо халифаҳои сегонаро далели радди шаҳодати ӯ донистаанд, аммо ба эътиқоди нависандагони шиа, машварати халифаҳо бо Алӣ (а) далели ҳамкорӣ ва ҳамдилии ӯ бо онҳо нест; чароки роҳнамоӣ дар бораи аҳкоми дин барои ҳар олиме фарз аст. Ҳамчунин хулафо, Алӣ (а)-ро дар инзиво қарор дода, дар баъзе ҷойҳо аз рӯи ночорӣ бо ӯ машварат мекарданд, на ин ки ӯ мушовири онҳо будааст.

Ҳамчунин шиаён дар бораи издивоҷи Умми Кулсум - духтари Имом Алӣ, бо Умар ибни Хаттоб гуфтаанд, ки ин издивоҷ маҷбурӣ буд ва наметавонад нишонаи равобити наздик байни ҳазрати Алӣ (а) ва халифаҳои сегона бошад.

Аҳамияти мавзуъ

Манзур аз шаҳодати Фотимаи Заҳро (с), даргузашти Фотима духтари Пайғамбари Ислом (с) на ба марги табиӣ, балки дар асари осебҳои воридшуда аз сӯи бархе саҳобаи Пайғамбар (с) аст. Мавзуи шаҳодат ё марги табиъии Фотима (с) ҷузви мавзуоти ихтилофии байни шиа ва аҳли суннат аст.[1] Шиаён бо вуҷуди бархе ихтилофоте, ки дар нақли ҳодисаҳои баъд аз реҳлати Пайғамбари Ислом доранд, ғолибан муътақиданд, Фотимаи Заҳро (с) ба шаҳодат расида ва ин рухдодро ба сабаби зарба ба паҳлу ва сиқти ҷанини ӯ медонанд. Дар муқобил, аҳли суннат муътақиданд, ки вай ба марги табиӣ ва дар асари беморӣ ва нороҳатӣ аз реҳлати Расули Худо (с) даргузаштааст.[2]

Шиаён ҳамасола дар рӯзҳое ба номи айёми Фотимия, барои шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) азодорӣ мекунанд.[3] Ба ҳамин муносибат, рӯзи сеюми ҷамодиюссонӣ, ки бино ба нақли машҳуртар рӯзи шаҳодати Фотима буда[4] дар Эрон таътили расмӣ аст[5] ва ҳайатҳои азодорӣ дар хиёбонҳо ҳузур пайдо мекунанд.[6] Аз он ҷо ки шиаён, сабаби аслии шаҳодати Фотима (с)-ро Умар ибни Хаттоб медонанд, дар бисёре аз маҷолиси азодорӣ суханоне дар мазаммати ӯ гуфта мешавад[7] ва иддае низ ӯро лаън мекунанд. Ҳамин нукта яке аз заминаҳои ихтилоф байни шиаён ва аҳли суннат аст.[8] Мавзуи шаҳодати Фотима (с) ҳатто боис шудааст, ки бархе аз шиаён, рӯзи нуҳуми рабиулаввалро, ки бинобар нақле рӯзи кушта шудани Умар ибни Хаттоб ба ҳисоб омада, Ид-уз-Заҳро (с) бихонанд ва дар он шодӣ кунанд.[9]

Таърихча

ШАҲОДАТИ ҲАЗРАТИ ФОТИМА (с)
Нақш
  • Маъсум
  • Асҳоби касо
Лақабҳо
Зодрӯз20 ҷамодиюссонии соли 5 беъсат.
ЗодгоҳМакка
Маҳалли зиндагӣ
Шаҳодат3 ҷамодиюссонии соли 11ҳ.қ.
Тӯли умр18 сол
пайвандон
ПадарПайғамбари Ислом (с)
МодарХадиҷа (с)
ҲамсарИмом Алӣ (а)
Фарзандон


Ихтилоф бар сари мавзуи шаҳодат ё марги табиъии Фотимаи Заҳро (с) як ихтилофи дурударозе аст. Бинобар нақли бархе аз пажӯҳишгарон, дар китоби «ат-Таҳриш» навиштаи Зирор ибни Амр, ки дар қарни дувум мезиста аст, навишта шудааст, ки шиаён мӯътақиданд, Фотима (с) дар асари зарбати Умар ибни Хаттоб аз дунё рафтааст.[10] Ҳамчунин Абдуллоҳ ибни Язиди Фазорӣ - мутакаллими қарни дуввум, дар «Китоб-ур-рудуд» ба эътиқоди шиаён ба осеб дидани Фотима аз сӯи бархе саҳоба ва сиқт шудани ҷанини ӯ ишора кардааст.[11] Ба гуфтаи Муҳаммадҳусайн Кошифулғито (ваф. 1373ҳ.қ.), шоирони шиаи қарни дуввум ва сеюми қамарӣ монанди Кумайти Асадӣ, Сайид Ҳимярӣ ва Диъбили Хузоъӣ, ситамҳое, ки бар Фотимаи шудаастро ба назм даровардаанд.[12]

Ба гуфтаи Абдукарими Шаҳристонӣ (ваф. 548ҳ.қ.) - фирқашиноси маъруфи аҳли суннат, Иброҳим ибни Сайёр маъруф ба Низоми Муътазилӣ (ваф. 221ҳ.қ.) муътақид буд, ҷанин дар раҳими Фотима (с) дар асари зарбаи Умар сиқт шудааст.[13] Ба гуфтаи Шаҳристонӣ ин ақида ва бархеи дигар аз боварҳои Низоми Муътазилӣ боис шуд, ки ӯ аз ҳамрадифони худ фосила бигирад.[14] Қозӣ Абдулҷаббори Муътазилӣ (ваф. 415ҳ.қ.) дар китоби «Тасбиту далоил-ин-нубувват» бо ишора ба эътиқоди шиаён ба осеб дидани Фотима ва сиқт шудани ҷанини ӯ, аз бархе уламои шиаи муосири худ дар Миср, Бағдод ва бархе манотиқи Шом ном бурдааст, ки барои Фотима ва фарзандаш Муҳсин сӯгворӣ мекунанд ва мегирянд.[15] Дар китобҳои аҳли суннат касоне ки муътақид ба шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) будаанд, рофизӣ хонда шудаанд.[16]

Решаи ихтилоф

Решаи ихтилоф дар мавзуи шаҳодати Фотима он аст, ки даргузашти Фотима муддати кӯтоҳе баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) ва дар кашокаши ҷанҷолҳо бар сари ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с) рух додааст. Пас аз он ки гурӯҳе аз муҳоҷирон ва ансор дар сақифаи Банӣ Соида бо Абубакр байъат карданд, гурӯҳе аз саҳоба бо тавваҷуҳ ба супоришҳои Пайғамбар ба хилофат ва ҷонишинии Алӣ ибни Абитолиб, аз байъат бо Абубакр имтиноъ карданд. Ба ҳамин ҷиҳат ба дастури Абубакр, Умар ибни Хаттоб ба ҳамроҳи иддае дигар барои байъат гирифтан аз Алӣ, ба дари хонаи ӯ рафтанду Умар таҳдид кард, ки дар сурати байъат накардан, хонаро бо сокинонаш ба оташ мекашад.[17] Дар ҳамин даврон, Фотима (с) барои эътироз ба мусодираи Фадак тавассути коргарони Абубакр, бо вай дидор ва Фадакро аз ӯ мутолиба кардааст[18] ва баъд аз сарпечии дастгоҳи хилофат аз бозгардондани Фадак, дар масҷиди Мадинаи хутбаи эътирозие хондааст.[19]

Манобеи шиа тақрибан иттифоқи назар доранд, ки Муҳсин, ҷанини Фотима дар асари ҳамла ба хонаи ӯ сиқт шудааст[20] ва бинобар баъзе манобеи аҳли суннат ӯ зинда ба дунё омадааст ва дар кудакӣ аз дунё рафтааст.[21] Бо ин ҳол, Ибни Абилҳадиди муътазилӣ (ваф. 656ҳ.қ.) - шореҳи Наҳҷ-ул-балоға, дар мунозира бо устодаш Абуҷаъфари Нақиб ба сиқти Муҳсин дар ҷараёни байъат гирифтан аз Алӣ (а) ишора кардааст.[22] Ҳамчунин ин эътиқод ба Иброҳим ибни Сайёр маъруф ба Низоми Муътазилӣ (ваф. 221ҳ.қ.) низ нисбат дода шудааст.[23]

Бар асоси нақлҳои гуногун, Фотима шабона дафн шудааст.[24] Ба гуфтаи Юсуфии Ғаравӣ - таърихпажӯҳи қарни понздаҳум, ин дафни шабона бино бар васияти Фотимаи Заҳро будааст;[25] зеро чунонки дар чанд ривоят омадааст,[26] Фотима дӯст намедошт касоне ки бар ӯ ситам карда буданд, дар ҷаноза ва тадфини ӯ ҳозир шаванд.

Манобеъ ва далоили шиаён барои исботи шаҳодат

Шиаён бо истинод ба ривояте аз Имом Козим (а) ки дар он Фотимаи Заҳро (с) сиддиқаи шаҳида хонда шудааст, ӯро шаҳид мехонанд.[27] Табарӣ дар Далоил-ул-имомат низ ривояте аз Имом Содиқ (а) овардааст, ки иллати шаҳодати Фотимаи Заҳро (с)-ро сиқти ҷанини ӯ дар асари зарба донистааст.[28] Бинобар ин ривоят, ин зарбаро Қунфуз ғуломи Умар ба фармони ӯ ворид кардааст.[29] Бинобар ривояти дигаре, ки дар Наҳҷ-ул-балоға нақл шудааст, Имом Алӣ (а) аз ҷамъ шудани уммат барои ситам бар Фотима сухан гуфтааст.[30]

Мирзоҷаводи Табрезӣ - аз мароҷеъи тақлиди шиа дар қарни понздаҳуми қамарӣ, суханони Имом Алӣ (а) ҳангоми дафни Фотима (с), ривояти Имом Козим (а), ривояти Имом Содиқ (а) дар Далоил-ул-имомат, махфӣ будани қабри Фотима (с) ва васияти ӯ ба дафни шабонаро ҷузви далоили исботи шаҳодат ба шумор овардааст.[31]

Манобеи шиа

Дар китоби ал-Ҳуҷум, навиштаи Абдуззаҳро Маҳдӣ - нависандаи қарни понздаҳум, 260 ривоят ва нақли таърихӣ аз беш аз 150 ровӣ ва нависандаи шиа гирдоварӣ шудааст, ки дар ҳар як аз онҳо бахше аз сабабҳои шаҳодати Фотимаи Заҳро (с) зикр шудааст; мисли ҳуҷум ба хонаи Фотима, исқоти ҷанин ӯ, силӣ ва тозиёна задан ба ӯ.[32] Қадимитарин манбаи мавриди истиноди нависандагони шиа, китоби Сулайм ибни Қайс аст, ки дар соли 90 қамарӣ даргузаштааст.[33] Бинобар гуфтаи Шайхи Тусӣ (ваф. 460ҳ.қ.) дар китоби Талхис-уш-шофӣ, шиаён ихтилофе надоранд, ки Умар зарбае ба шиками Фотима (с) зада ки боис шуда фарзандаш сиқт шавад[34] ва ривоёти шиа дар ин бора мустафиз аст.[35]

Истиноди шиаён ба манобеи аҳли суннат

Шиаён барои исботи бархе аз ҳодисаҳои хатмшуда ба шаҳодати Фотимаи Заҳро (с) ба манобеи мутааддиде аз китобҳои ҳадисӣ ва таърихӣ ва ҳатто фиқҳии аҳли суннат истинод кардаанд; ба унвони намуна китоби ал-Ҳуҷум ала байти Фотима бо феҳрист кардани 84 ровӣ ва нависанда талош кардааст, маҷмуаи гузоришҳои воридшуда дар китобҳои аҳли суннат дар бораи ҳамла ба хонаи Фотимаро гирдоварӣ кунад.[36] Қадимитарин манбаъ дар ин феҳрист, китобе ба номи ал-Мағозӣ навиштаи Мусо ибни Уқба (ваф. 141ҳ.қ.) аст.[37]

Ҳусайни Ғайбғуломӣ (тав. 1338ҳ.ш.) низ дар китоби «Эҳроқу байти Фотима фи-л-кутуб-ил-муътабара инда аҳли-с-суннат» беш аз 20 ривоят аз китобҳо ва ровиёни аҳли суннатро гирдоварӣ кардааст.[38] Нахустин ривояти ӯ аз китоби ал-Мусаннафи Ибни Абишайба (ваф. 235ҳ.қ.)[39] ва охирин ривоят дар ин китоб, нақле аз китоби Канз-ул-уммол навиштаи Муттақии Ҳиндӣ (ваф. 977ҳ.қ.) аст.[40] Ҳамчунин дар китобе бо унвони «Шаҳодати модарам Заҳро афсона нест», моҷарои ҳамла ба хонаи Фотима аз 18 китоби аҳли суннат нақл шудааст.[41] Ин манобеъ, моҷарои талош барои байъат гирифтан аз Имом Алӣ ва таҳдид ба оташ задани хонаи ӯ дар рӯзи байъатро бо иборатҳои мухталиф ва аз ровиёни мутааддид нақл кардаанд.[42]

Баъзе суолҳо дар бораи воқеа

Теъдоде аз нависандагону пажӯҳишгарон, бо тарҳи саволот ва ишколоти таърихӣ, дар дурустии ривоёти оташ задани хонаи Имом Алӣ (а) ва Фотима (с) хадша ворид кардаанд. Аз ҷумла он ки хонаҳои Мадина дар он даврон дар надоштааст, ё он ки дифоъ накардани Алӣ (а) ва дигарон аз Фотима (с)-ро мавриди суол қарор додаанд ва ё дар сиқти ҷанини Фотимаи Заҳро шак кардаанд. Дар баробари ин ишколот, ҷавобҳое низ аз сӯи таърихнигорону пажӯҳишгароне аз ҷумла Сайид Ҷаъфар Муртазои Омилӣ (ваф. 1441ҳ.қ.) баён шудааст.[43]

Дар надоштани хонаҳои Мадина

Бархе гуфтаанд, ки дар Мадинаи он рӯзгор, хонаҳо дар надоштаанд[44] ва натиҷа гирифтаанд, ки бинобар ин ҳодисаи оташ задани дари хонаи Фотима наметавонад дуруст бошад. Дар муқобил, Ҷаъфари Муртазо дар китоби Маъсот-уз-Заҳро манобеъеро зикр кардааст, ки бар асоси онҳо дар доштани хонаҳо амре роиҷ буда ва хонаи Фотима низ дар доштааст.[45]

Дифоъ накардани Алӣ ва дигарон

Яке аз суолҳо дар бораи моҷарои ҳамла ба хонаи Фотима (с) ва шаҳодати ӯ он аст, ки чаро Алӣ (а), ки ба шуҷоат маъруф аст ва низ дигар саҳоба дар бораи ин ҳаракат сукут карданд ва аз Фотима дифоъ накарданд?[46] Афзун бар аҳли суннат, Муҳаммадҳусайни Кошифулғито - марҷаъи тақлиди шиа дар қарни чаҳордаҳум, низ чунин суолеро матраҳ кардааст.[47] Ҷавоби аслии шиаён ба ин нукта он аст, ки Алӣ (а) ба фармони Пайғамбари Ислом (с) ва барои ҳифзи масолеҳи Ислом маъмур ба сабру сукут буд.[48] [Ёддошт 1] Дар ашъори шоирон низ ба аҳди ҳазрат бо Пайғамбар ва маъмурияташ ба сабри баъд аз ӯ ишора шудааст. Сайид Ризо Ҳиндӣ дар байтҳое аз қасидаи маъруфаш (қасидаи Роия) гуфтааст:

لو لم تُؤمَر بالصبر و کظم
الغیظ ولَیْتَک لم تؤمر
ما نال الامرَ اخوتیم
و لا تناوله منه حبتر

(Тарҷума: Чунончи ту маъмур ба сабру шакибоӣ ва фурӯ нишондани хашму ғазаб набудӣ! Ва эй кош ки маъмур набудӣ! Ба амри вилоят бар мардуму хилофат, Абутайм (Абубакр) ноил намешуд ва сипас ҳабтар (Умар) аз тарафи ӯ ба вилоят намерасид.)[49]

Ғайр аз ин ки бинобар нақли Салмони Форсӣ дар китоби Сулайм (ки Юсуфии Ғаравӣ онро қавитарин ва қадимитарин нақли моҷаро медонад), пас аз ҳамлаи Умар ба Фотима (с), Алӣ (а) ба Умар ҳамла кард ва ӯро ба замин зад; чунонки гӯё қасди куштани ӯро дорад ва сипас ба ӯ гуфт, агар аҳди Расули Худо бо ман набуд, он гоҳ медонистӣ, ки ту наметавонӣ ба хонаи ман дароӣ. Дар ин ҳангом, Умар аз дигарон кумак хост ва ҳамроҳони ӯ ҳуҷум оварда, Алӣ (а)-ро аз ӯ ҷудо карда, дастонашро бастанд.[50]

Шубҳа дар сиқти Муҳсин

Гурӯҳе аз нависандагони аҳли суннат бо эҷоди шак дар моҷарои сиқти Муҳсин ибни Алӣ (а) дар моҷарои рӯзи байъат муътақиданд, ӯ қабл аз ин рӯз ба дунё омада ва дар кудакӣ аз дунё рафтааст.[51] Аммо ғолиби шиаён муътақиданд, ӯ дар моҷарои ҳуҷум ба хонаи Алӣ (а) ва бар асари зарба сиқт шудааст.[52] Чунонки теъдоди маъдуде аз манобеи аҳли суннат низ бар сиқт ё исқоти Муҳсин тасреҳ кардаанд.[53] Нависандаи китоби «ал-Муҳсину ас-сибту мавлудун ам сиқтун» дар боби сеюми китоб, бо мутолиаи татбиқии матнҳои таърихӣ натиҷа гирифтааст, ки сиқти Муҳсин ибни Алӣ дар рӯзи ҳуҷум ба хонаи Алӣ ва дар асари зарба ва фишоре будааст, ки ба Фотима (с) ворид шудааст.[54]

Ишора нашудани оташ задани хона дар манобеи таърихӣ

Яке аз пурсишҳо ва ибҳомоти моҷарои шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) он аст, ки он чи дар бисёре аз китобҳои таърихӣ ва ҳадисии аҳли суннат зикр шудааст, фақат таҳдид ба оташ задани хона буда ва тасреҳ нашудааст, ки дар амал ҳам ин иттифоқ афтодааст.[55] Бо ин ҳол, муҳаққиқони чандин маҷмӯа, манобеи исботкунандаи асли моҷарои ҳуҷумро гирдоварӣ кардаанд; аз ҷумла китоби ал-Ҳуҷум ала байти Фотима,[56] ва китоби Эҳроқу байти Фотима.[57] Дар бархе аз ин манобеъ ба сароҳат дар бораи зарба задан ба Фотима (с) ва вуруд ба хона ва сиқти ҷанин сухан гуфта шудааст.[58]

Гурӯҳе аз нависандагони аҳли суннат дар бораи асолати санади ин нақлҳои таърихӣ шак эҷод кардаанд.[59] Вале дар мавориде низ ишколи онҳо ҷанбаи санадӣ надорад; масалан ал-Мудайҳиш нависандаи суннӣ (ваҳҳобӣ) китоби Фотима бинт-ун-Набӣ барои рад кардани моҷарои ҳуҷуму сиқт, нақли Таърихи Яъқубиро бо ин тавҷеҳ, ки нависандаи он рофизӣ аст ва китобаш арзиши илмӣ надорад, канор мегузорад[60] ва низ нақли Ибни Абдураббиҳ дар китоби ал-Иқд-ул-фаридро низ бидуни ишколи санадӣ, нақле мункар тавсиф мекунаду мегӯяд, шояд ӯ ҳам шиа бошад ва ин нуктаро бояд таҳқиқ кард.[61] Ӯ ҳамчунин нақли китоби ал-Имомату ва-с-сиёсатро ба ин далел канор мегузорад, ки нависандаи он Ибни Қутайбаи Динаварӣ нест.[62] Мудайҳиш ҳатто барои нафйи истинод ба калимоти Имом Алӣ (а), интисоби Наҳҷ-ул-балоға ба ӯро инкор мекунад.[63] Бо ин ҳама, нависандагони аҳли суннат ба далели ривоёти фаровоне, ки дар бораи таҳдид нақл шудааст, асли таҳдид ва иҷтимоъ дар муқобили хонаи Алӣ (а) ва Фотима (с)-ро инкор накардаанд.[64]

Таъбири вафот дар манобеи куҳан

Яке аз далоили мухолифони шаҳодати Фотимаи Заҳро (с) он аст, ки дар манобеи куҳани шиа барои даргузашти ӯ аз таъбири вафот истифода шудааст, на таъбири шаҳодат. Гурӯҳе аз нависандагони шиа ҷавоб додаанд, ки таъбири вафот дар забони арабӣ, як мафҳуми ом аст, ки ҳам шомили марги табиъӣ мешавад ва ҳам, марг дар асари авомили дигаре монанди заҳролуд шудан тавассути дигарон. Ба унвони намуна дар мақолаи «Шаҳодат ё вафоти ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо» мавориде аз ин корбурдҳо нақл шудааст; монанди он ки бархе манобеи таърихии аҳли суннат барои ишора ба даргузашти Умар ва Усмон аз таъбири вафот истифода кардаанд, дар ҳоле ки ҳар дуи инҳо ба қатл расидаанд.[65] Чунонки Табарсӣ дар ҷое барои ишора ба шаҳодати Имом Ҳусайн (а) низ аз таъбири вафот истифода кардааст.[66]

Робитаи хуби Имом Алӣ (а) бо хулафо

Яке аз далоили аҳли суннат барои инкори шаҳодати Фотимаи Заҳро (с) такя бар робитаи самимонаи байни хулафо ва Имом Алӣ (а) ва оилаи ӯст. Дар китоби муфассали «Фотима бинт-ун-Набӣ», нависанда талош кардааст, нишон диҳад, ки халифаи аввалу дуввум ба Фотимаи Заҳро (с) муҳаббати фаровон доштаанд,[67] аммо бо ин ҳама, нависанда дар ҷамъбандӣ тасреҳ мекунад, ки Фотима баъд аз моҷарои Фадак бо Абубакр қатъи иртибот карда бо ӯ байъат ҳам накард.[68] Муҳаммад Нофеъ аз нависандагони аҳли суннат китобе бо номи «Руҳамоу байнаҳум» навишта ва дар он талош кардааст нишон диҳад, ки хулафои сегона робитаи хубе бо Алӣ доштаанд.[69] Ҳамчунин дар мақолае дар фаслномаи Нидои Ислом, нависанда бо нақли мавориде аз робитаи байни хулафо ва Имом Алӣ (а) ва низ робитаи занон ва духтарони эшон бо Фотима (с) талош кардааст, ки нишон диҳад, ин робита бо тавҳин ба Фотима ва задани ӯ созгорӣ надорад.[70] Ба гуфтаи Сайиди Муртазо (ваф. 436ҳ.қ.) - мутакаллими шиа, аз ин ки Имом Алӣ (а) ба хулафо машварат медодааст, наметавон ҳамкории ӯ бо онҳоро истифода кард; чароки роҳнамоӣ дар бораи аҳкоми Илоҳӣ ва дифоъ аз мусулмонон бар ҳар олиме фарз аст.[71] Ҳамчунин нависандаи китоби «Донишномаи равобити сиёсии ҳазрати Алӣ (а) бо хулафо» баъд аз баррасии 107 маврид аз мушовираҳои Имом Алӣ (а) бо хулафои сегона ба ин натиҷа расидааст, ки машварати хулафо бо Имом Алӣ (а), нишонаи ҳамдилӣ ва мувофиқати ӯ бо хулафо нест; чароки аксари ин мушовираҳо дар назархоҳии умумӣ сурат гирифтааст, на ин ки хулафо Алӣ (а)-ро вазир ва мушовири худ қарор дода бошанд, балки Алӣ дар инзивои сиёсӣ ба кишоварзӣ ва чоҳканӣ машғул буд. Ҳамчунин агар дар мавориде хулафо бо Алӣ (а) машварат мекарданд, аз сари ночорӣ ва боз шудани гиреҳҳо будааст.[72]

Издивоҷи Уммукулсум духтари Имом Алӣ бо халифаи дуввум аз дигар мисолҳое аст, ки барои исботи дӯстӣ ва муҳаббати Умар ба Аҳли Байт истифода мешавад, ки бо дахолати ӯ дар шаҳодати Фотима (с) зиддият дорад.[73] Баъзе аз нависандагон вуқуи ин издивоҷро нафй мекунанд.[74] Сайиди Муртазо онро таҳти иҷбору таҳдид медонад,[75] ки дар ин сурат наметавонад нишонгари робитаи самимии байни ду нафар бошад.[76] Ривояте аз Имом Содиқ (а) низ барои таъйиди иҷбор дар ин издивоҷ бо таъбири «ғасб» нақл шудааст.[77] [Ёддошт 2]

Номгузории фарзандони Аҳли Байт ба номи хулафо

Гурӯҳе аз аҳли суннат бар ин нукта таъкид мекунанд, ки чун Имом Алӣ (а) номи хулафоро бар фарзандони худ гузоштааст, пас ба хулафо муҳаббат доштааст[78] ва ин бо иддаои шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) созгорӣ надорад. Ин матлаб дар рисолае ба номи «Асъилатун қодат шабоб-аш-шиъа ило-л-ҳақ» (Пурсишҳое, ки ҷавонони шиаро ба ҳақиқат роҳнамоӣ мекунад) низ омадааст.[79]

Сайид Алии Шаҳристонӣ (тав. 1337ҳ.ш.) дар китобе бо номи ат-Тасмиёт байна-т-тасомуҳ-ил-Алавӣ ва-т-тавзиф-ил-умавӣ, таҳлили муфассале аз номгузориҳо дар садри Ислом то қарнҳои баъдӣ ироа дода ва зимни баёни 29 нуктаи аслӣ натиҷа гирифтааст, ки ин навъ номгузориҳо наметавонад нишонгари робитаи хуби байни афрод бошад, чунонки адами номгузорӣ ҳам наметавонад нишонаи душманӣ бошад;[80] чароки ин номҳо, қабл ва баъд аз хулафо низ роиҷ будааст.[81] Аз сӯи дигар бинобар ривояте аз халифаи дуввум, Имом Алӣ (а) ӯро дурӯғгӯ ва хоин медонистааст,[82] ё ин ки Абубакр усулан номи шахси хоссе нест ва куния аст ва касе кунияро ба унвони ном барои фарзандаш интихоб намекунад.[83]

Ибни Таймияи Ҳарронӣ (ваф. 728ҳ.қ.) - олими номдори аҳли суннат, низ муътақид аст, ки номгузорӣ ба номи касе далел бар муҳаббат ба ӯ нест; чунонки Пайғамбар (с) ва саҳоба аз номҳои кофирон истифода мекарданд.[84] Ба гуфтаи Сайид Алии Шаҳристонӣ ду рисолаи дигар низ дар бораи номгузории фарзандони аимма бо номи хулафо навишта шудааст, ки яке навиштаи Ваҳиди Беҳбаҳонӣ (ваф. 1205ҳ.қ.) ва дигаре навиштаи Туникобунӣ (ваф. 1302ҳ.қ.), нависандаи Қасас-ул-уламо аст.[85]

Китобҳо дар бораи ин мавзуъ

Дар бораи шаҳодати ҳазрати Фотима китобҳое ба сурати мустақил навишта шудааст, бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Байт-ул-аҳзон фи масоиби Сайидат-ун-нисвон (навишташудаи 1330ҳ.қ.) асари Шайх Аббоси Қумӣ ба забони арабӣ. Дар бахше аз китоб ҳаводиси марбут ба зиндагии Фотима (с) баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) ва шаҳодати ӯ гузориш шудааст.[86] Ин китоб бо унвони «Ранҷҳо ва фарёдҳои Фотима саломуллоҳи алайҳо» ба форсӣ тарҷума шудааст.
  • Маъсот-уз-Заҳро (с), шубаҳот ва рудуд, асари Ҷаъфар Муртазо Омилӣ (ваф. 1441ҳ.қ.) ба забони арабӣ. Нависанда дар ин китоб талош кардааст ба шубаҳоте, ки дар бораи ҳаводиси авохири зиндагии Фотимаи Заҳро (с) ва шаҳодати ӯ матраҳ шуда посух диҳад. Ин китоб бо унвони «Ранҷҳои ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо» ба форсӣ тарҷума шудааст.
  • Китоби ал-Ҳуҷум, навиштаи Абдуззаҳро Маҳдӣ - нависандаи қарни понздаҳум, 260 ривоят ва нақли таърихӣ аз беш аз 150 ровӣ ва нависандаи шиа гирдоварӣ шудааст, ки дар ҳар як аз онҳо бахше аз илали шаҳодати Фотимаи Заҳро (с) зикр шудааст.[87]

Ҳамчунин нависандагони аҳли суннат, китобҳое бо ҳадафи хуб нишон додани равобити хулафо бо Аҳли Байт ва инкори шаҳодати ҳазрати Фотима навиштаанд. Аз ҷумла:

  • «Фотимат-уз-Заҳро бинту Расулиллоҳ ва Уммулҳасанайн» навиштаи Абдусаттор аш-Шайх. Ин китоб ки яке аз шумораҳои як маҷмӯаи бузург аз муаррифии шахсиятҳои мусулмон аст, ба зиндагии ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) бахшида шудааст. Нависанда дар ин китоб ишорае ба моҷароҳои рӯзи байъат ва оташ задани хонаи Фотима накардааст. Дар ин китоб фақат таҳти унвони Мирос-ун-Набӣ (а) ба ихтилоф дар бораи моҷарои Фадак ишора шуда ва натиҷагирии нависанда он аст, ки ҳеҷ ихтилофе байни Фотима ва Абубакр дар бораи Фадак вуҷуд надоштааст[88] ва ҳатто далеле бар ин ки Фотимаи Заҳро (с) аз халифаи аввалу дуввум нороҳат будааст, вуҷуд надорад ва ин ки Фотима дар рӯзи аёдат бо он ду суҳбат накардааст, сохтаи зеҳнияти як ровӣ аст.[89] Ба иддаои нависанда, ин моҷаро сохта ва пардохтаи уламои шиа аст.[90]
  • «Байн-уз-Заҳро ва-с-сиддиқ ҳақиқатун ва таҳқиқун» навиштаи Бадр ал-Имронӣ. Ин китоб дар соли 2014 мелодӣ мунташир шуда ва мавзуи он муносибати Абубакр - халифаи аввал, бо Фотима (с) аст.[91]
  • «Дифоан ан-ил-Оли ва-л-асҳоб», ин китоб нависандаи мушаххасе надорад ва дар беш аз ҳазор саҳифа тавассути Ҷамъият-ул-Оли вал-асҳоб дар соли 1431 ҳиҷрии қамарӣ дар Баҳрайн мунташир шудааст.[92] Мавзуи ин китоб ба таври куллӣ посух ба нақдҳо ва шубаҳоте аст, ки нозир ба боварҳои аҳли суннат аст. Бахшҳое аз ин китоб ба моҷарои шаҳодати ҳазрати Заҳро (с) бахшида шудааст.[93]

Эзоҳ

  1. Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.14.
  2. Ниг.: ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.431 - 550.
  3. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.365.
  4. Шубайрӣ, «Шаҳодати Фотима (с)», ҷ.1, саҳ.347.
  5. «Моҷарои таътил шудани рӯзи шаҳодати ҳазрати Заҳро», сайти Офтобнюз.
  6. Барои намуна ниг.: «Ҳаракати дастаи азодории Фотимияи муқаддасаи Занҷон», сайти хабаргузории Форс; «Маросими бузурги азодории Фотимия бо ҳузури... », сайти хабаргузории Шафақно.
  7. Мазоҳирӣ, Фарҳанги сӯги шиъӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.366.
  8. «Назари мароҷеъи тақлид дар бораи тавҳин ба муқаддасоти аҳли суннат», сайти хабаргузории Меҳр.
  9. Масоилӣ, нуҳуми рабиъ, ҷаҳолатҳо, хасоратҳо, 1387ҳ.ш., саҳ.117 - 119.
  10. «Оё эътиқод ба шаҳодат ва мазлумияти ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо дорои собиқаи таърихӣ мебошад?», сайти таҳқиқотии Валии Аср (аҷ).
  11. Салимӣ, Early Ibadi Theology: New Material on Rational Thought in Islam from the Pen of al-Fazārī, саҳ.33.
  12. Кошифулғито, Ҷаннат-ул-маъво, 1429ҳ.қ., саҳ.62.
  13. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.71.
  14. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.71.
  15. Қозӣ Абдулҷаббор, Тасбиту далоил-ин-нубувват, 2006м., ҷ.2, саҳ.595.
  16. Ниг.: Сафдӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.15; Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1405ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.578; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, 2002м., ҷ.1, саҳ.609.
  17. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.202; Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.13.
  18. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., саҳ.40 ва 41.
  19. Шаҳидӣ, Зиндагонии Фотимаи Заҳро алайҳоссалом, 1362ҳ.ш., саҳ.126 - 135.
  20. Аллоҳакбарӣ, «Муҳсин ибни Алӣ», саҳ.68 - 72. Барои намуна ниг.: Муқаддаси Ардабилӣ, Усули дин, 1387ҳ.ш., саҳ.113 - 114; Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.185.
  21. Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Маъориф, 1960м., саҳ.211.
  22. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.192–193.
  23. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.71.
  24. Юсуфии Ғаравӣ, Мавсуъат-ут-таърих-ил-исломӣ, 1438ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.157 - 162.
  25. Юсуфии Ғаравӣ, Мавсуъат-ут-таърих-ил-исломӣ, 1438ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.144 - 147.
  26. Барои намуна ниг.: Фатоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.151.
  27. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.458.
  28. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.134.
  29. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.134.
  30. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, саҳ.319, хутбаи 202.
  31. Табрезӣ, Сирот-ун-наҷот, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.440 - 441.
  32. Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.221 - 356.
  33. Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.221.
  34. Тусӣ, Талхис-уш-шофӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.156.
  35. Тусӣ, Талхис-уш-шофӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.156.
  36. Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.154 - 217.
  37. Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.154 - 155.
  38. Ғайбғуломӣ, Эҳроқу байти Фотима, 1375ҳ.ш.
  39. Ғайбғуломӣ, Эҳроқу байти Фотима, 1375ҳ.ш., саҳ.79.
  40. Ғайбғуломӣ, Эҳроқу байти Фотима, 1375ҳ.ш., саҳ.192.
  41. Ҷамъе аз нависандагон, Шаҳодати модарам Заҳро афсона нест, 1388ҳ.ш., саҳ.25 - 32.
  42. Ҷамъе аз нависандагон, Шаҳодати модарам Заҳро афсона нест, 1388ҳ.ш., саҳ.25 - 32.
  43. Барои намуна ниг.: Омилӣ, Маъсот-уз-Заҳро, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.266 - 277, ҷ.2, саҳ.229 - 321.
  44. Табасӣ, Ҳаёт-ус-Сиддиқати Фотима, 1381ҳ.ш., саҳ.197. Нависандаи китоб, ин иддаоро ба касоне нисбат медиҳад, ки бо таърих ошно нестанд.
  45. Омилӣ, Маъсот-уз-Заҳро, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.229 - 321.
  46. Ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.68 - 70 ва 83.
  47. Кошифулғито, Ҷаннат-ул-маъво, 1429ҳ.қ., саҳ.64; Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.446.
  48. Ниг.: Омилӣ, Маъсот-уз-Заҳро, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.266 - 277; Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.446 - 449 ва 452 - 458; Кавсаронӣ, 12 Шубҳатун ҳавла-з-Заҳро, саҳ.15 - 26.
  49. Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, мактуботи хаттӣ, Ҷунги 16, саҳ.109.
  50. Юсуфии Ғаравӣ, Мавсуъат-ут-таърих-ил-исломӣ, 1438ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.112.
  51. Барои гузориши комил аз манобеи аҳли суннат дар бораи Муҳсин нигоҳ кунед ба: ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.411 - 414; ал-Мусавӣ ал-Хирсон, ал-Муҳсин-ус-сибт мавлуд ам сиқт, 1430ҳ.қ., саҳ.105 - 111.
  52. Тусӣ, Талхис-уш-шофӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.156.
  53. Ал-Мусавӣ ал-Хирсон, ал-Муҳсин-ус-сибт мавлуд ам сиқт, 1430ҳ.қ., саҳ.119 - 128.
  54. Ал-Мусавӣ ал-Хирсон, ал-Муҳсину ас-сибту мавлудун ам сиқтун, 1430ҳ.қ., саҳ.207.
  55. Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.467; Фазлуллоҳ, аз-Заҳро-ул-қудва, 1421ҳ.қ., саҳ.109 - 110.
  56. Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.154 - 217.
  57. Ғайбғуломӣ, Эҳроқу байти Фотима, 1375ҳ.ш.
  58. Сулайм ибни Қайс, Китоби Сулайм ибни Қайс, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150; Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.146; Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.134; Айёшӣ, Тафсир ал-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.67.
  59. Ба унвони намуна ниг.: ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.21 - 35.
  60. Ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.80.
  61. Ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.63.
  62. Ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.79 - 80.
  63. Ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.81.
  64. Ба унвони намуна ниг.: ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.21 - 35.
  65. Ниг.: Муҳсинӣ, «Шаҳодат ё вафоти ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо», сайти Росихун.
  66. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.2, саҳ.373, ба нақл аз Муҳсинӣ, «Шаҳодат ё вафоти ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо», сайти Росихун.
  67. Ниг.: ба ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.357, то охир ва ҷ.5 аз ибтидо то саҳ.89.
  68. Ниг.: ба ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.521 - 523.
  69. «Руҳамоу байнаҳум», сайти Нил ва Фурот.
  70. Марҷонӣ, «Иртибот ва муҳаббати хулафои салоса бо Алӣ ва Фотима разияллоҳу анҳумо», сайти Суннионлайн.
  71. Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.251.
  72. Лабоф, Донишномаи равобити сиёсии ҳазрати Алӣ (а) бо хулафо, 1388ҳ.ш., саҳ.73 - 76.
  73. Ал-Мудайҳиш, Фотима бинт-ун-Набӣ, 1440ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.54.
  74. Ниг.: Аллоҳакбарӣ, «Издивоҷи Уммукулсум бо Умар аз нигоҳи фариқайн», саҳ.11 - 12.
  75. Ниг.: Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.272 - 273.
  76. Аллоҳакбарӣ, “Издивоҷи Уммукулсум бо Умар аз нигоҳи фариқайн”, саҳ.11 - 12.
  77. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407, ҷ.5, саҳ.346, ҳадиси 1.
  78. Ҳусайнӣ, «Муқаддимаи мутарҷим», Номи хулафо бар фарзандони имомон, саҳ.11.
  79. Шаҳристонӣ, ат-Тасмиёт, 1431ҳ.қ., саҳ.12.
  80. Шаҳристонӣ, ат-Тасмиёт, 1431ҳ.қ., саҳ.477 - 488.
  81. Шаҳристонӣ, ат-Тасмиёт, 1431ҳ.қ., саҳ.98 - 99.
  82. Нишобурӣ, ал-Муснад-ус-саҳиҳ, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.1377.
  83. Шаҳристонӣ, ат-Тасмиёт, 1431ҳ.қ., саҳ.427 - 472.
  84. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41 - 42.
  85. Шаҳристонӣ, ат-Тасмиёт, 1431ҳ.қ., саҳ.14.
  86. Нигоҳ кунед ба «Байт-ул-аҳзон фи зикри аҳволи Сайидати нисо-ил-оламин», саҳ.60 - 62.
  87. Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.221 - 356.
  88. Аш-Шайх, Фотимат-уз-Заҳро, Дор-ул-қалам, саҳ.299 - 318.
  89. Аш-Шайх, Фотимат-уз-Заҳро, Дор-ул-қалам, саҳ.319 - 326.
  90. Аш-Шайх, Фотимат-уз-Заҳро, Дор-ул-қалам, саҳ.327.
  91. «Байн-аз-Заҳро ва-с-Сиддиқ», сайти ал-Кутуби
  92. «Иттилооти китоби Дифоан ан-ил-Оли ва-л-асҳоб», сайти Арабик букшоп
  93. «Китоби Дифоан ан-ил-Оли ва-р-Расул», сайти Файсал Нур

Ёддошт


Сарчашма

  • Al - Salimi, Abdulrahman, Early Ibadi Theology: New Material on Rational Thought in Islam from the Pen of al-Fazārī, BRILL, 2021.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир ал-Айёшӣ, таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, алматбаъатулъилмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Аллоҳакбарӣ, Муҳаммад, «Муҳсин ибни Алӣ», дар маҷаллаи Тулӯъ, шумораи 29, поизи 1388ҳ.ш.
  • Аллоҳакбарӣ, Муҳаммад, Издивоҷи Уммукулсум ва Умар аз нигоҳи фариқайн, дар маҷаллаи Тулӯъ, №23, поизи 1386ҳ.ш.
  • Ал-Мудайҳиш, Иброҳим ибни Абдуллоҳ, Фотима бинт-ун-Набӣ сиратуҳо, фазоилуҳо, маснадуҳо, Риёз, Дор-ул-оли ва-с-саҳаб, 1440ҳ.қ.
  • «Байт-ул-аҳзон фи зикри аҳволи Сайидати нисо-ил-оламин», Бақиятуллоҳ, №85, рабиъуссонӣ, 1419ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Далоил-ун-нубувват ва маърифату аҳволи соҳиб-иш-шариъат, таҳқиқи Абдулмуътӣ Қалъаҷӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1405ҳ.қ./1985м.
  • Ғайбғуломӣ, Ҳусайн, Эҳроқу байти Фотима фи-л-кутуб-ил-муътабара инда аҳли-с-суннат, нашри муаллиф, 1375ҳ.ш.
  • Дифоъан ан-ил-Оли ва-л-асҳоб, Баҳрайн, ҷамъиятул-Оли вал-асҳоб, 1431ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Абдураббиҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Иқд-ул-фарид, таҳқиқи Муфид Муҳаммад Қамиҳа ва Абдулмаҷид Тарҳинӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1407ҳ.қ./1987м.
  • Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қоҳира, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабия, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқи Сарват Акоша, Қоҳира, ал-Ҳайъат-ул-мисрият-ул-омату ли-л-китоб, 1960м.
  • Ибни Таймия, Муҳаммад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, таҳқиқи Муҳаммадрашод Солим, Риёз, Ҷомеъат-ул-имом Муҳаммад ибни Саъуд ал-исломия, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, Бейрут, Дор-ул-башоир-ил-исломия, 2002м.
  • Кошифулғито, Муҳаммадҳусайн, Ҷаннат-ул-маъво, таҳқиқи Сайид Муҳаммадалии Қозӣ Таботабоӣ, Қум, интишороти Далели мо, 1429ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қозӣ Абдулҷаббор ибни Аҳмад, Тасбиту далоил-ин-нубувват, таҳқиқи Абдукарим Усмон, Қоҳира, Дор-ул-Мустафо, 2006м.
  • ЛабоФ, Алӣ, Донишномаи равобити сиёсии ҳазрати Алӣ алайҳиссалом, Теҳрон, Мунир, 1388ҳ.ш.
  • Мазоҳирӣ, Муҳсин Ҳисом, Фарҳанги сӯги шиъӣ, верости якум, Теҳрон, нашри Хайма, 1395ҳ.ш.
  • «Маросими бузурги азодории Фотимия бо ҳузури ҳазрати Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ ва дастаҳои азодорӣ баргузор шуд», сайти хабаргузории Шафақно, санаи дарҷи матлаб: 28 дейи 1399ҳ.ш., санаи боздид: 29 обони 1400ҳ.ш.
  • Марҷонӣ, Ҳабибуллоҳ, «Иртибот ва муҳаббати байни хулафои салоса ва ҳазрати Алӣ ва Фотима разияллоҳу анҳумо», дар фаслномаи Нидои Ислом, №54, Зоҳидӣ, Дор-ул-улум, 1396ҳ.ш.
  • Масоилӣ, Маҳдӣ, Нуҳуми рабиъ: ҷаҳолатҳо, хисоратҳо, чопи дуввум, Қум, интишороти вусуқ, 1387ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият, Қум, Ансориён, 1384ҳ.ш.
  • Маҳдӣ, Абдулзаҳро, ал-Ҳуҷум ала байти Фотима, Теҳрон, интишороти барги Ризвон, 1425ҳ.қ.
  • Моҷарои таътил шудани рӯзи шаҳодати ҳазрати Заҳро», сайти Офтобнюз, санаи дарҷи матлаб: 17 урдибиҳишти 1390ҳ.ш., санаи боздид: 29 обони 1400ҳ.ш.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Усули дин, таҳқиқи Муҳсини Содиқӣ, Қум, муассисаи Бустони китоб, 1387ҳ.ш.
  • Мусавии Хирсон, Сайид Муҳаммадмаҳдӣ, ал-Муҳсин-ус-сибт мавлуд ам сиқт, Наҷаф, маншуроти рофид, 1430ҳ.қ.
  • Муҳсинӣ, Мустафо, «Шаҳодат ё вафоти ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо», сайти Росихун.
  • «Назари мароҷеъи тақлид дар бораи тавҳин ба муқаддасоти аҳли суннат», сайти хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 15 обони 1398ҳ.ш., санаи боздид: 29 обони 1400ҳ.ш.
  • Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, ал-Муснад-ус-саҳиҳ, таҳқиқи Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, Маъсот-уз-Заҳро, Бейрут, Дор-ус-сира, 1418ҳ.қ./1997м.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аш-Шофӣ фи-л-имомат, таҳқиқи Сайид Абдуззаҳро Ҳусайнӣ, Теҳрон, муассисатул-Содиқ (а), чопи дуввум, 1410ҳ.қ.
  • Сайиди Разӣ, Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Дорулҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Сафдӣ, Халил ибни Айбак, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, Бейрут, Дору эҳёилтурос, 1420ҳ.қ.
  • Сулайм ибни Қайс, китоби Сулайм ибни Қайс, Қум, Алҳодӣ, 1420ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Далоил-ул-имомат, Қум, муассисаи беъсат, 1413ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Маноқиб-ут-тоҳирин, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, Теҳрон, Ройзан, 1379ҳ.ш.
  • Табасӣ, Муҳаммадҷавод, Ҳаёт-ус-Сиддиқати Фотима, Қум, Бустони китоб, 1381ҳ.ш.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Сирот-ун-наҷот, Қум, мактабу ҳазрат Оятуллоҳилъузмо ат-Табрезӣ, 1418ҳ.қ., ин китоб дар асл Сирот-ун-наҷоти Оятуллоҳ Хуӣ аст, ки бо таълиқоти Оятуллоҳ Табрезӣ чоп шудааст.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Талхис-уш-шофӣ, таҳқиқи Ҳусайн Баҳрулъулум, Қум, интишороти Муҳиббин, 1382ҳ.ш.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, аз-Заҳро-ул-қудва, гирдоварии Ҳусайн Аҳмад ал-Хашан, Бейрут, Дорулмилок, 1421ҳ.қ.
  • Фатоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, интишороти Разӣ, чопи аввал, 1375ҳ.ш.
  • «Ҳаракати дастаи азодории Фотимияи муқаддасаи Занҷон», сайти хабаргузории Форс, санаи дарҷи матлаб: 30 дейи 1397ҳ.ш., санаи боздид: 29 обони 1400ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Сайидҳодӣ, «Муқаддимаи мутарҷим», дар китоби Номи хулафо бар фарзандони Имомон, навиштаи Сайидалии Шаҳристонӣ, Қум, интишороти Далели мо, 1390ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Шаҳодати модарам Заҳро афсона нест, беҷо, интишороти Амири калом, 1388ҳ.ш.
  • Шайх, Абдусаттор, Фотимат-уз-Заҳро бинту Расулиллоҳ ва Уммулҳасанайн, Димишқ, Дор-ул-қалам, 1436ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуд Муҳаррамии Зарандӣ, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ ли алфият аш-Шайх ал-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқи Муҳаммад Бадрон, Қум, интишороти Шарифи Разӣ, 1364ҳ.ш.
  • Шаҳристонӣ, Сайид Алӣ, ат-Тасмиёт байна-т-тасомуҳ-ил-Алавӣ ва ат-тавзиф-ил-умавӣ, Машҳад, муассисатур-рофид, 1431ҳ.қ.
  • Шубайрӣ, Сайид Муҳаммадҷавод, «Шаҳодати Фотима (с)», Донишномаи Фотимӣ (с), Теҳрон, пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Юсуфии Ғаравӣ, Муҳаммадҳодӣ, Мавсуъат-ут-таърих-ил-исломӣ, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, чопи панҷум, 1438ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found