Шаҳидони ҷанги Рамазон
Шаҳидони ҷанги Рамазон (форсӣ: شهیدان جنگ رمضان) ба шахсоне ишора дорад, ки бар асари ҳамлаҳои Амрико ва Исроил дар ҷанги Рамазон ҷони худро аз даст дода ва шаҳид шуданд. Ба гузориши раиси Созмони тибби қонунии Эрон, то 10 апрели 2026, 3375 нафар аз мардуми Эрон ба шаҳодат расиданд.[1] Раиси қароргоҳи ҷанги Рамазони Бунёди шаҳид, шумораи шуҳадоро 3468 нафар эълом кардааст.[2] Ба гуфтаи раиси қароргоҳи ҷанги Рамазон, аз миёни шуҳадо, 2008 нафар шаҳиди низомӣ ва 1460 нафар шаҳиди ғайринизомӣ[3] мебошанд. Ҳамчунин 496 нафар аз онҳо зан,[4] 255 нафар кӯдаки аз 12 сол хурдтар[5] ва 279 нафар хонандаи мактаб[6] буданд. Беш аз 34 ҳазор эронӣ низ маҷрӯҳ шуданд.[7]
Дар миёни шаҳидони ҷанги Рамазон, шахсоне бо шаҳрвандии Афғонистон, Сурия, Туркия, Чин, Ироқ ва Лубнон низ вуҷуд дорад.[8] Ҳамчунин беш аз 2000 ҳазор нафар аз мардуми Лубнон низ дар ин ҷанг ба шаҳодат расиданд. Баъзе аз шаҳидони ҷанги Рамазон иборатанд аз:
- Сайид Алӣ Хоманаӣ, Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон
- Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ, фармондеҳи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон
- Муҳаммади Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
- Азизи Насирзода, вазири дифои Ҷумҳурии исломии Эрон
- Алии Шамхонӣ, котиби Шӯрои олии дифои Ҷумҳурии исломии Эрон
- Алии Лориҷонӣ, котиби Шӯрои олии амнияти миллии Эрон
- Сайид Исмоили Хатиб, вазири иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон
- Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
- Ғуломризо Сулаймонӣ, раиси Созмони Басиҷи мустазъафин
- Муҳаммади Шерозӣ, раиси дафтари низомии Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон
- Алӣ Муҳаммади Ноинӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
- Заҳро Ҳадоди Одил, ҳамсари Сайид Муҷтабо Хоманаӣ
- Ҷамшеди Исҳоқӣ, мушовири раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон
- Сайид Маҷиди Ходимӣ, раиси Созмони иттилооти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
- Муҳаммадалии Фатҳализода, фармондеҳи ягонаи вижаи Фотеҳин
- Ғуломризо Ризоиён, раиси Созмони иттилооти ФАРОҶО (فراجا)
- Беҳном Ризоӣ, раиси иттилооти нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
- Исмоил Аҳмадӣ, масъули иттилооти Басиҷи мустазъафин
- Муҳаммадсолеҳ Асадӣ, муовини иттилоот ва амнияти ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва қароргоҳи марказии Хотимуланбиё
- Ҳусайн Ҷабаломилиён, дастёр ва муовини ҳавзаи пажӯҳиши Вазорати дифоъ ва раиси Созмони навоварӣ ва таҳқиқоти дифоӣ
- Сайид Яздони Мир маъруф ба Ҳоҷасғари Боқирӣ, аз фармондеҳони нерӯи Қудси Сипоҳи посдорон
- Сайид Камоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон
- Муҳсин Даррабоғӣ, муовини пуштибонии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон
- Баҳром Ҳусайнии Мутлақ, муовини амалиёти Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон
- Маҳдии Қурайшӣ, фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи Исфаҳон
- Абулқосим Бобоиён, раиси дафтари низомии Байти Раҳбарӣ
- Ризо Музаффариниё, муовини омӯзиши Вазорати дифоъ
- Муҳаммади Босирӣ, аз масъулони аршади Вазорати иттилоот
- Асадуллоҳ Бодфар, раиси идораи умури басиҷи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон [9]
Маҷрӯҳон
Лубнон
Ба гузориши Вазорати беҳдошти Лубнон, дар фосилаи 2 март то 28 апрели 2026, 2534 нафар шаҳид ва 7863 нафар маҷрӯҳ шуданд.[10] Аз ҷумлаи шаҳидони лубнонӣ иборатанд аз:
- Содиқ ан-Ноблисӣ, рӯҳонии шиа ва аз аъзои Ҳизбуллоҳи Лубнон.[11]
- Абумустафо Сабурӣ, аз фармондеҳони Ҳизбуллоҳ
Ироқ
Дастакам 118 нафар аз нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ кушта ва даҳҳо нафар низ маҷруҳ шуданд.[12]
Баҳрайн
Сайид Муҳаммад ал-Мусавӣ, шаҳрванди баҳрайнӣ, ки дар моҳи марти 2026 ба иттиҳоми ҳимоят аз Эрон дар боздошти нерӯҳои амниятии Баҳрайн ба шаҳодат расид.[13]
Эзоҳ
- ↑ «۳۳۷۵ نفر در جنگ تحمیلی آمریکا و اسرائیل به شهادت رسیدند», Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ
- ↑ «اولاد قباد: قریب ۵۰۰ شهید جنگ رمضان دختران و زنان هستند / بیش از ۶۸۰۰ دیدار با خانواده شهدای جنگ رمضان», Хабаргузории Дифои муқаддас
- ↑ «اولاد قباد: قریب ۵۰۰ شهید جنگ رمضان دختران و زنان هستند / بیش از ۶۸۰۰ دیدار با خانواده شهدای جنگ رمضان», Хабаргузории Дифои муқаддас
- ↑ «۳۳۷۵ نفر در جنگ تحمیلی آمریکا و اسرائیل به شهادت رسیدند», Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ; «آمار شهدای شناساییشده جنگ رمضان اعلام شد + جزئیات», Хабаргузории Шарқ
- ↑ «۳۳۷۵ نفر در جنگ تحمیلی آمریکا و اسرائیل به شهادت رسیدند», Хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ; «آمار شهدای شناساییشده جنگ رمضان اعلام شد + جزئیات», Хабаргузории Шарқ
- ↑ «آخرین آمار شهدای دانشآموز جنگ رمضان», Асри Эрон
- ↑ «تعداد مجروحین جنگ تحمیلی رمضان اعلام شد (۶ اردیبهشت ۱۴۰۵)», Хабаргузории Шаҳроронюс
- ↑ «آمار شهدای شناساییشده جنگ رمضان اعلام شد + جزئیات», Хабаргузории Шарқ
- ↑ Нигаред ба: «جنگ رمضان (۹ اسفند ۱۴۰۴- ۱۸ فروردین ۱۴۰۵)», Хабаргузории Тобнок
- ↑ «تحديث الحصيلة الإجمالية للعدوان: 2534 شهيدا و 7863 جريحا»,Сайти Вазорати беҳдошти умумии Ҷумҳурии Лубнон
- ↑ ارتقاء الشيخ صادق النابلسي بغارة إسرائيلية استهدفت مجمع الزهراء (ع) في صيدا, Сайти ал-Манор
- ↑ «US-Israel attacks on Iran: Death toll and injuries live tracker», Сайти ал-Ҷазира.
- ↑ رقابت منامه و ابوظبی در رویکرد ضدایرانی و ضد شیعی, Хабаргузории Форс.
Сарчашма
- رقابت منامه و ابوظبی در رویکرد ضدایرانی و ضد شیعی («Рақобати Манама ва Абузабӣ дар рӯйкарди зиддиэронӣ ва зиддишиӣ», Хабаргузории Форс, санаи дарҷи матлаб: 10 майи 2026, санаи боздид: 20 июли 2026.
- «اولاد قباد: قریب ۵۰۰ شهید جنگ رمضان دختران و زنان هستند / بیش از ۶۸۰۰ دیدار با خانواده شهدای جنگ رمضان» («Авлоди Қубод: Қариб 500 шаҳиди ҷанги Рамазон духтарон ва занон ҳастанд / Беш аз 6800 дидор бо оилаҳои шаҳидони ҷанги Рамазон»), Хабаргузории Дифои муқаддас, санаи дарҷи матлаб: 26 апрели 2026, санаи боздид: 27 апрели 2026.
- «تعداد مجروحین جنگ تحمیلی رمضان اعلام شد (۶ اردیبهشت ۱۴۰۵)» («Теъдоди маҷруҳини ҷанги таҳмилии Рамазон эълом шуд»), Хабаргузории Шаҳроронюс, санаи дарҷи матлаб: 26 апрели 2026, санаи боздид: 27 апрели 2026.
- «آخرین آمار شهدای دانشآموز جنگ رمضان» («Охирин омори шуҳадои донишомӯзи ҷанги Рамазон»), Сайти Асри Эрон, санаи дарҷи матлаб: 15 апрели 2026, санаи боздид: 25 апрели 2026.
- «۳۳۷۵ نفر در جنگ تحمیلی آمریکا و اسرائیل به شهادت رسیدند» («3375 нафар дар ҷанги таҳмилии Амрико ва Исроил ба шаҳодат расиданд»), Хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ, санаи дарҷи матлаб: 20 апрели 2026, санаи боздид: 27 апрели 2026.
- «تحديث الحصيلة الإجمالية للعدوان: 2534 شهيدا و 7863 جريحا» («Таҳдис-ул-ҳасилат-ил-иҷмолияти ли-л-удвон: 2534 шаҳидан ва 7863 ҷариҳан»), Вазорати беҳдошти умумии Ҷумҳурии Лубнон, санаи дарҷи матлаб: 28 апрели 2026, санаи боздид: 29 апрели 2026.
- «آمار شهدای شناساییشده جنگ رمضان اعلام شد + جزئیات» («Омори шуҳадои шиносоиишудаи ҷанги Рамазон эълом шуд + ҷузъиёт»), Хабаргузории Шарқ, санаи дарҷи матлаб: 12 апрели 2026, санаи боздид: 22 апрели 2026.
- «جنگ رمضان (۹ اسفند ۱۴۰۴- ۱۸ فروردین ۱۴۰۵)» («Ҷанги Рамазон (9 исфанди 1404 - 18 фарвардини 1405 [28 феврали 2026 - 7 апрели 2026]»), Хабаргузории Тобнок, санаи боздид: 23 апрели 2026.