Забҳи шаръӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шароити забҳ)

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рисолаи амалия

Забҳи шаръӣ (форсӣ: ) буридани сари ҳайвонон бо равиши шаръӣ аст. Ҳайвоноти ҳалолгӯште, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд (ба ҷуз шутуру малах) ва ҳайвоноти дарёие, ки хуни ҷаҳанда доранд, бо забҳ кардан, тазкия шуда ва хӯрдани гӯшти онҳо ҳалол мешавад.

Шароити таҳаққуқи забҳи шаръӣ дар дини Ислом иборатанд аз: василаи забҳ аз ҷинси оҳан бошад, рӯ ба қибла будани ҳайвон, зинда будани ҳайвон қабл аз забҳ, мусулмон будани забҳкунанда, бар забон овардани номи Худо ҳангоми буридани сари ҳайвон ва буридан чаҳор раги гардан ба таври комил аз зери гулӯ. Дар дини яҳуд низ шароите барои забҳи ҳайвонот зикр шуда аст.

Дар дини Ислом барои забҳи ҳайвонот одобе зикр шудааст, то ҳайвон дарди камтаре эҳсос кунад, бо ин ҳол дар бархе аз кишварҳои ғайри исломӣ забҳ ба равиши исломӣ мамнуъ шуда аст. Бар асоси бархе аз таҳқиқот забҳ ба шеваи шаръӣ мунҷар ба кайфияти беҳтари гӯшт ва мондагории бештари он мегардад.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Дар фиқҳи исломӣ, забҳ аз роҳҳои тазкияи ҳайвонот аст, ки бо буридани авдоҷи арбаъа (рагҳои чаҳоргонаи гардани ҳайвон), таҳаққуқ пайдо мекунад.[1] Ҳайвоноти ҳалолгӯште, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд (ғайр аз шутуру малах) [ёддошти 1] ва ҳайвоноти дарёие, ки хуни ҷаҳанда доранд, бо забҳ кардан, тазкия мешаванд.[2] Ба ҳайвоне, ки забҳи шаръӣ шуда бошад, музакко мегӯянд, ки дар баробари мурдор аст.[3]

Ба фарде, ки ҳайвонро забҳ кунад «зобеҳ» ва ба ҳайвони забҳшуда «забиҳа» ва «мазбуҳ» мегӯянд.[4]

Қуръони Карим, мусулмононро аз хӯрдани гӯшти ҳайвоноте, ки забҳи шаръӣ нашуда, [ ёддошти 2 ] манъ карда аст.[5] Дар китобҳои фиқҳӣ, мавзӯъи забҳи ҳайвонот, дар боби сайд ва забоҳат матраҳ мегардад.[6]

Шароит

Дар дини Ислом барои таҳаққуқи забҳи шаръӣ, шароите таъйин шудааст, ки иборатанд аз:

  • Чаҳор раги бузурги гардани ҳайвон, аз зери гулӯ бурида шавад.[7]
  • Зобеҳ ҳангоми забҳ, номи Худоро бар забон биоварад. Ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир, ҳамаи фуқаҳо ин шартро лозим медонанд.[8]
  • Ҳангоми забҳ, ҳайвон рӯ ба қибла бошад.[9] Ба фатвои фақеҳони шиа агар касе ки ҳайвонро забҳ мекунад ва ин масъаларо бидонад бо ин ҳол амдан ҳайвонро рӯ ба қибла забҳ накунад, хӯрдани гӯшти он ҳайвон ҳаром аст.[10]
  • Василаи забҳ, аз ҷинси оҳан бошад; албатта дар сурати зарурат ва тарс аз талаф шудани ҳайвон, метавон аз санг ё василаи тези дигаре барои забҳ истифода кард.[11]
  • Забҳкунанда мусулмон бошад.[12] Ба гуфтаи Шаҳиди Сонӣ, фақеҳи шиа дар қарни даҳуми қамарӣ ба фатвои ҳамаи фақеҳони мусулмон, забҳкунанда наметавонад кофири ғайрикитобӣ, муртад ва ғолӣ бошад[13] албатта дар бораи забеҳаи аҳли китоб, ду назария вуҷуд дорад; бештари фақеҳони шиа забеҳаи ононро ҳаром ва наҷас медонанд.[14] Фақеҳони шиа забеҳаи навосибро низ наҷас ва ҳаром медонанд.[15]
  • Ҳайвон қабл аз забҳ, зинда бошад. Гуруҳе аз фақеҳон мегӯянд, ҳайвон бояд пас аз забҳ, бадан ё дасту пои худро ҳаракат бидиҳад, то мушаххас шавад, ки қабл аз забҳ, зинда буда аст.[16]

Бино бар фатвои фақеҳони мусулмон, забҳи ҳайвонот бо дастгоҳҳои ҷадид дуруст аст, вале бояд номи Худо дар ҳангоми забҳ бар забон оварда шавад ва дигар шароити забҳ монанди буридани авдоҷи арбаъа низ риоят гардад.[17] Ҳамчунин гӯштҳое, ки намедонем забҳи шаръӣ шудаанд, мегӯянд, агар аз мусулмон ё аз бозори мусулмонон харида шаванд, ҳалол ҳастанд.[18]

Одоб

Дар рисолаҳои амалия, одобе барои забҳи ҳайвонот зикр шудааст:

Мустаҳаббот

  • Забҳкунанда рӯ ба қибла бошад.[19]
  • Василаи забҳ, тез бошад ва забҳ сариъ сурат бигирад.
  • Қабл аз забҳ, пеши ҳайвон об гузошта шавад.
  • Бо мулоимат ҳайвонро барои забҳ омода кунанд.
  • Дар забҳи гӯсфанд, ду дасту як пои он, баста шавад ва пои дигари он раҳо бошад.
  • Дар забҳи гов, чаҳор дасту пои он баста шавад ва думи он раҳо бошад.
  • Пас аз забҳи мурғ, онро раҳо кунанд, то болупар бизанад.[20]

Макруҳот

  • Буридани нухоъ қабл аз ҷон додани ҳайвон
  • Забҳи ҳайвон дар манзари ҳайвоноти дигар
  • Забҳи ҳайвони парваришёфта
  • Забҳи ҳайвон дар шаб
  • Забҳ қабл аз заволи рӯзи ҷумъа
  • Фурӯ бурдани корд дар пушти ҳулқум ва кашидани он ба самти пеш, ба гунае, ки ҳулқум аз пушт бурида шавад.[21]

Осор

Бино бар назари фақеҳони мусулмон, пас аз забҳи ҳайвоноти ҳалолгӯшт, хӯрдани гӯшти онҳо ҳалол мешавад ва аҷзои бадани онҳо низ пок боқӣ мемонад, аммо агар ҳайвоноти ҳаромгӯшт, забҳ шаванд, танҳо аҷзои бадани онҳо пок мегардад ва ба фатвои бархе аз фуқаҳо, метавон дар ғайри намоз, аз чарм ва пӯсти онҳо истифода кард.[22] Ҳамчунин агар ҳайвоне забҳи шаръӣ нашавад, мурдор ва наҷас аст.[23]

Бар асоси бархе таҳқиқот, забҳ ба равиши шаръӣ бар кайфияти гӯшт таъсири мусбат дорад; чароки ба хотири камбуди хун дар гӯшти забҳшуда, ин гӯшт аз кайфият ва мондагории бештаре нисбат ба бақияи равишҳои забҳи ҳайвон бархӯрдор аст.[24]

Забҳ дар яҳуд ва масеҳият

Дар дини яҳуд дастуроте дар бораи равиши забҳи ҳайвонот дар назар гирифта шуда аст, аз ҷумла инки дар Талмуд омада аст, ки ҳайвон набояд қабл аз забҳ беҳуш ё нотавон аз истодан бошад.[25] Ҳамчунин забҳро бояд шахсе, ки назди олимони яҳуд (хохомҳо) таълим гирифта аст, бо як зарбаи дақиқу сареъ анҷом диҳад.[26] Равиши забҳи чорво дар яҳуд, шеҳита (Shechita) ном дорад.[27] Аммо дар масеҳият аҳкоми хоссе дар бораи забҳ вуҷуд надорад.[28]

Мамнуъияти забҳи шаръӣ дар бархе аз кишварҳо

Дар бархе аз кишварҳо ҳамчун Ҳоланд,[29] Дания[30] ва Белгия[31] забҳи ҳайвонот ба шеваи исломӣ ва яҳудӣ мамнуъ шудааст. Далели ин қонун пешгирӣ аз дарду ранҷи ҳайвонот ҳангоми забҳ зикр шудааст.[32] Албатта фалсафаи бархе аз одоби исломӣ дар забҳ ҳамчун тезии корд ва суръати амал дар забҳро коҳиши дарди ҳайвон медонанд.[33] Дар бархе аз кишварҳои масеҳӣ, беҳуш кардани ҳайвон қабл аз забҳ қонун шуда аст.[34] Аз назари фуқаҳои шиа низ агар беҳуш кардани ҳайвон қабл аз забҳ мунҷар ба марги он нашавад, ишколе надорад.[35]

Китобшиносӣ

Дар бораи забҳи шаръӣ ва аҳкоми он осоре навишта шудааст, аз ҷумла:

  • Баррасии татбиқии забҳи шаръӣ дар Ислом: дар ин китоб дидгоҳи фақеҳони шиаи исноъашарӣ бо мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат муқоиса шуда аст.[36]
  • Забҳ дар Ислом, осор ва аҳком мутобиқ бо мазоҳиби Исломӣ: асари Бинёмин Ширхонӣ ба забони форсӣ. Интишороти Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ин китобро дар соли 1398ҳ.ш./2019мелодӣ мунташир карда аст.[37]
  • Пажӯҳиши татбиқӣ дар аҳкоми фиқҳии забҳ: асари Муҳаммад Раҳмонӣ аст. Маркази мутолиъот ва таҳқиқоти ҳавзаи намояндагии валийи фақиҳи вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ ин китобро дар соли 1377ҳ.ш., чоп карда аст.[38]
  • Китоби равишҳои мухталифи забҳ ва асари он бар кайфияти гӯшт: асари Сайидсаиди Фараҳӣ аст, ки дар соли 1394/2015 ба забони форсӣ мунташир шуда аст.[39]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., саҳ.742.
  2. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.702.
  3. Саромӣ, «Тазкия», саҳ.795.
  4. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.701.
  5. Сураи Моида, ояти 3.
  6. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.701.
  7. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.473.
  8. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.113.
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.110.
  10. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.111/ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (алмаҳшӣ), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.315.
  11. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.470.
  12. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.451.
  13. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.451.
  14. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.451/ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.80.
  15. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.95.
  16. Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.745.
  17. Нигоҳ кунед ба Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, бе то, ҷ.2, саҳ.579-582.
  18. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.427.
  19. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (ал-Муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.312.
  20. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, бе то, ҷ.2, саҳ.580.
  21. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, бе то, ҷ.2, саҳ.580 - 583.
  22. Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил (Муҳашшои соҳиби Ҷавоҳир), 1415ҳ.қ., саҳ.77.
  23. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (ал-Муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.125.
  24. Хизрлув ва дигарон, “Усули забҳи исломӣ ва нақши он дар иртиқои кайфияти гӯшт», саҳ.80 – 84/ Сатторӣ ва дигарон, “Таъсири забҳи ҳалол бар кайфияти гӯшт ва муқоисаи он бо соири кушторҳо», саҳ.36 - 38.
  25. Куҳан, Ганҷинае аз Талмуд, 1350ҳ.ш., саҳ.257.
  26. Куҳан, Ганҷинае аз Талмуд, 1350ҳ.ш., саҳ.257.
  27. Шайх Баҳоӣ, Ҳурмату забоиҳи аҳл-ил-китоб, 1410ҳ.қ., саҳ.50.
  28. Саҷҷодӣ, “Забҳ ва наҳр дар фиқҳи исломӣ», саҳ.164 - 165.
  29. «Забҳи исломӣ ва яҳудӣ дар Ҳоланд ғайриқонунӣ шуд», сайти Бибисии форсӣ.
  30. Withnall, «Denmark bans kosher and halal slaughter as minister says ‘animalи rights come before religion », independent.
  31. «Belgium Bans Religious Slaughtering Practices, Drawing Praise and Protest », The New York Times.
  32. «Забҳи исломӣ ва яҳудӣ дар Ҳоланд ғайриқонунӣ шуд», сайти Бибисии форсӣ.
  33. Хизрлув ва дигарон, “Усули забҳи исломӣ ва нақши он дар иртиқои кайфияти гӯшт», саҳ.80.
  34. Саҷҷодӣ, “Забҳ ва наҳр дар фиқҳи исломӣ», саҳ.150.
  35. Саҷҷодӣ, “Забҳ ва наҳр дар фиқҳи исломӣ», саҳ.164 - 165.
  36. «Баррасии татбиқии забҳи шаръӣ дар Ислом», шабакаи ҷомеъи китоби Гисум.
  37. «Забҳ дар Ислом, осор ва аҳкоми мутобиқ бо мазоҳиби исломӣ», шабакаи ҷомеъи китоби Гисуам.
  38. Фотимӣ, «Пажӯҳиши татбиқӣ дар аҳкоми забҳ», саҳ.15.
  39. «Муаррифӣ ва донлуди китоби равишҳои мухталифи забҳ ва асари он бар кайфияти гӯшт», китоби Роҳ.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ (р), 1391ҳ.ш.
  • «بررسی تطبیقی ذبح شرعی در اسلام», шабакаи ҷомеъи китоби гесуам, мушоҳида 4 обони 1401ҳ.ш.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1392ҳ.ш.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, бе то.
  • Хизрлув, Орзӯ, Ҳошими Андешманд ва Алии Эҳсонӣ, «اصول ذبح اسلامی و نقش آن در ارتقاء کیفیت گوشت», нашрияи Пажуҳишномаи ҳалол, №4, 1399ҳ.ш.
  • «ذبح اسلامی و یهودی در هلند غیرقانونی شد», сайти ВВС форсӣ, сагаи дарҷи матлаб: 7 тири 1390ҳ.ш., санаи боздид: 4 обони 1401ҳ.ш.
  • «ذبح در اسلام، آثار و احکام مطابق با مذاهب اسلامی», шабакаи ҷомеъи китоби гесуам, мушоҳидаи 4 обони 1401ҳ.ш.
  • Сатторӣ, Руқия, Элнози Ҳусайнӣ, Лайло Футуҳӣ, Шуҳра Ориёинажод, Алии Хатибӣ, Алиакбари Мусавии Муваҳҳидӣ, «تأثیر ذبح حلال بر کیفیت گوشت و مقایسه آن با سایر کشتارها», маҷаллаи Нашои илм, №2, хурдоди 1394ҳ.ш.
  • Саҷҷодӣ, Марзиясодот, “Забҳ ва наҳр дар фиқҳи исломӣ», дар маҷаллаи мутолиоти исломӣ, шумораи 43, баҳор ва тобистони 1378ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ил-Ислом, Қум, муассисат-ул-маъориф-ил-исломийя, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Ҳурмату забоиҳи аҳл-ил-китоб, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1410ҳ.қ.
  • Саромӣ, Сайфуллоҳ, «Тазкия», дар донишномаи бузурги ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доират-ул-маъорифи исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (ал-Муҳашшо), тасҳеҳи Аҳмад Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Фотимӣ, Сайидҳасан, «Пажӯҳиши татбиқӣ дар аҳкоми забҳ», китоби моҳи дин, шумораи 28, баҳмани 1378ҳ.ш.
  • Куҳан, Оброҳом, Ганҷинае аз Талмуд, тарҷумаи Амир Фаридуни Гургонӣ, Теҳрон, нашри Яҳудо, 1350ҳ.ш.
  • «معرفی و دانلود کتاب روش‌های مختلف ذبح و اثر آن بر کیفیت گوشت», сайти Китоброҳ, мушоҳида: 4 обони 1401ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, таҳқиқи Маҳмуди Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Маҷмаъ-ур-расоил (Муҳашшои соҳиби Ҷавоҳир), Муассисаи Соҳиб-аз-замон, Машҳад, 1415ҳ.қ.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Қум, Маркази доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Withnall, Adam, «Denmark bans kosher and halal slaughter as minister says ‘animal rights come before religion», independent.
  • «Belgium Bans Religious Slaughtering Practices, Drawing Praise and Protest», The New York Times.