Ғолиён

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ғолӣ)

Ин мақола дар бораи ғолиён аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми ғулув, мадхали Ғулувро бубинед.

Ғолиён (форсӣ: غالیان) ё ғулот (арабӣ: الغلاة) касоне ки ба Имом Алӣ (а) ва фарзандонаш, нисбати худоӣ ё набувват медиҳанд ва дар тавсифи онон ифрот мекунанд.

Китобҳои фирқашиносӣ дар зикри теъдоди фирқаҳои ғолӣ ихтилофи назар доранд, ба тавре ки камтарин теъдоди фирқаҳои ғолиро нуҳ маврид ва бештарин теъдоди онҳоро сад маврид гузориш кардаанд.

Баъзе аз маъруфтарин фирқаҳои ғолие, ки дар китобҳои фирқашиносӣ ба шиа нисбат додаанд, иборатанд аз: сабоия (пайравони Абдуллоҳ ибни Сабаъ), кайсония, баёния, хаттобия, баширия ва муфаввиза.

Эътиқод ба илоҳияти имомони шиа (а) ва набуввати онҳо ва ҳамчунин иддаои имомат ё набувват барои бунёдгузорони ин фирқаҳо, аз ақидаҳои муштараки ин фирқаҳо ба шумор мераванд.

Дар замони Ғайбати суғро низ бархе аз ёрони имомон (а) бо иддаои ҷонишинии Имом Маҳдӣ (а), иддаоҳои ғулувомезе матраҳ карда, пайравоне пайдо карданд.

Ба нақл аз таърихнигорон, шахсоне ҳамчун Аҳсани Шариъӣ, Муҳаммад ибни Алии Шалмағонӣ, Аҳмад ибни Ҳилоли Абартоӣ ва Муҳаммад ибни Насири Нумайрӣ - ёрони Имом Ҳасани Аскарӣ, аз ин гурӯҳ будаанд.

Ба бовари муҳаққиқон, ғолиён бо машғул кардани зеҳни имомони шиа ба худ, ҷазби шиаёни соддадил ба сӯи худ ва эҷоди тафриқа дар сафҳои шиаён, нерӯи шиаро барбод дода, ба мазҳаби шиъа зарбаҳо ва хисороти ҷуброннопазир расондаанд.

Муаррифӣ ва ҷойгоҳ

Ғолиён, ҷамъи ғолӣ, касоне ҳастанд ки ба Имом Алӣ (а) ва фарзандони он ҳазрат (имомони шиа), нисбати худоӣ ё набувват медиҳанд ва дар тавсифи онон, аз ҷиҳати бартарӣ дар дину дунё, аз ҳадду андоза гузашта ва тариқи ифрот паймудаанд.[1]

Дар осори марбут ба фирқашиносӣ, дар бораи таърихчаи пайдоиши фирқаҳои ғолӣ ва эътиқодоти онон баҳс шудааст.[2] Дар бархе манобеи ривоии шиа, номи бархе аз ғолиён омада ва мавриди лаън ва мазаммати имомони шиа воқеъ шудаанд.[3] Мегӯянд, бахше аз ақоиди ғолиён марбут ба сифот ва фазоили имомони маъсум (а) аст ва бахшеи дигар марбут ба зоти онон аст, ки ғолиён онҳоро то ҳади худоӣ мерасонанд. Барои ҳамин, дар илми калом, аз ақоиди ғолиён сухан рафтааст.[4] Риҷолшиносон низ дар илми риҷол, ба бархе аз ровиён нисбати ғулув додаанд.[5] Аз назари онон, ғолӣ будани як ровӣ, нишонаи тазъиф ва боваринок набудани он ровӣ аст.[6] Дар илми фиқҳ низ аҳкоми марбут ба ғолиён баён шудааст.[7]

Ғулув

Мақолаи аслӣ: Ғулув

Ғулув дар истилоҳ иборат аст аз: инки шахси диндоре, фаротар аз ончи дин барояш муайян кардааст, изҳор кунад.[8] Бархе аз масодиқи ғулувро инҳо баршумурдаанд: Худо донистани яке аз паёмбарон ё имомон, шарик донистани онон бо Худованд дар умури ҷаҳон, эътиқод ба инки касе фарзанди Худованд аст,[9] эътиқод ба шарик будани касе бо Пайғамбар (с) дар амри набувват, эътиқод ба набуввати Имом Алӣ (а) ё яке аз имомони шиа ва эътиқод ба маҳдавияти касоне ғайр аз Маҳдии Мавъуд.[10] Ба иҷмоъи фуқаҳои шиа, эътиқод ба Худо будани Имом Алӣ ё ҳаркадом аз имомони маъсум, аз онҷо ки ба инкори Худо меанҷомад, куфр аст ва касоне ки ба он бовар доранд, кофир дониста мешаванд.[11] Аз назари бархе фақеҳон низ, чунончи ақоиди ғолиён мунҷар ба инкори яке аз заруриёти дин шавад, маҳкум ба куфр аст.[12]

Фирқаҳои ғолӣ

Китобҳои фирқашиносӣ дар зикри теъдоди фирқаҳои ғолӣ, ихтилофи назар доранд.[13] Неъматуллоҳ Сафарии Фурӯшонӣ - пажӯҳишгари таърих, бо таҳқиқ дар бархе китобҳое, ки дар мавзӯи фирқашиносӣ тадвин шудааст, камтарин теъдоди фирқаҳои ғолиро нуҳ фирқа ва бештарин теъдоди онҳоро сад фирқа гузориш кардааст.[14] Бархе аз фирқаҳои машҳури ғолии шиа иборатанд аз:

Сабоия (сабаия)

Ҳамчунин бибинед: Абдуллоҳ ибни Сабаъ

Сабоия, пайравони Абдуллоҳ ибни Сабаъ буданд.[15] Бархе фирқанависон ононро аввалин ғолиёни мунтасаб ба шиа ба шумор овардаанд.[16] Ба гуфтаи Ашъарӣ - мутакаллими қарни сеюм ва чаҳоруми қамарӣ дар мақолоти ал-Исломийин, онон бар ин бовар буданд, ки Имом Алӣ (а) вафот наёфта ва пеш аз қиёмат ба дунё бармегардад ва заминро дар ҳоле ки саршор аз зулму ҷавр аст, аз адлу дод пур мекунад.[17] Дар Риҷоли Кашшӣ, дар ривояте аз Имом Содиқ (а) чунин нақл шудааст, ки Абдуллоҳ ибни Сабаъ - муассиси фирқаи сабоия, иддаои набувват кард ва Имом Алӣ (а)-ро Худо донист.[18]

Кайсония

Мақолаи аслӣ: Кайсония

Гуруҳе аз шиаён буданд, ки ба имомати Муҳаммад ибни Ҳанафия эътиқод доштанд.[19] Шаҳристонӣ дар ал-Милал ва-н-ниҳал гуфтааст, пас аз Муҳаммад ибни Ҳанафия байни пайравонаш ихтилоф пеш омад.[20] Бархе бар ин бовар буданд, ки Муҳаммад ибни Ҳанафия вафот наёфтааст ва дубора бармегардаду дар замини адлу дод мегустаронад.[21] Бархеи дигар мегуфтанд, ӯ вафот ёфта ва имомат аз вай ба фарзандаш - Абуҳошим мунтақил шудааст.[22] Ба гузориши Муҳаммадҷаводи Машкур (ваф.1374ҳ.ш.) – муаррих ва устоди донишгоҳи Теҳрон, дар «Фарҳанги фирақи исломӣ», фирқаи кисония баъд аз Муҳаммад ибни Ҳанафия ба дувоздаҳ гуруҳ иншиоб ёфт,[23] ки ҳамагӣ дар эътиқод ба имомати Муҳаммад ибни Ҳанафия иштирок доштаанд.[24] Бархе аз фирқаҳои кайсония иборатанд аз: ҳошимия,[25] карубия,[26] ҳамзия,[27] баёния,[28] ҳарбия.[29]

Хаттобия

Мақолаи аслӣ: Хаттобия

Хаттобия аз пайравони Абулхаттоб Муҳаммад ибни Абузайнаб ба шумор мераванд.[30] Ба гуфтаи Шаҳристонӣ, Абулхаттоб имомонро нахуст пайғамбар ва сипас Худо мепиндошт ва ба улуҳийяти Имом Содиқ (а) ва падарони ӯ қоил буду мегуфт, Имом Содиқ Худои рӯзгори хеш аст ва ӯ он касе нест, ки вайро ҳис мекунанд ва аз вай ривоят мекунанд ва чун аз олами боло ба ин ҷаҳон нузул кардааст, сурати одамӣ пазируфтааст.[31] Дар Риҷоли Кашшӣ ривоёте нақл шудааст, ки Имом Содиқ, Абулхаттобро такзиб намуд ва ӯро дурӯғгӯ номид ва аз вай безорӣ ҷусту бар ӯ лаънат фиристод.[32] Хаттобия, худ, ба фирқаҳои сершуморе тақсим шуд, ки бархе аз онҳо ба ин шарҳанд: мухаммаса,[33] базиъия,[34] умайрия,[35] муъаммария.[36]

Муғайрия

Мақолаи аслӣ: Муғайрия

Пайравони Муғайра ибни Саиди Иҷлӣ ба шумор мераванд.[37] Ба гузориши Навбахтӣ дар китоби Фирақ-уш-шиъа, бархе аз асҳоби Муғайра ибни Саид ӯро имом мепиндоштанд ва бар ин бовар буданд, ки Имом Ҳусайн (а), Имом Саҷҷод (а) ва Имом Боқир (а) дар бораи вай васият карда ва ӯро ба ҷонишинии худ интихоб кардаанд.[38] Онон ҳамчунин имомати Имом Содиқ (а)-ро мункир буданд ва бар ин эътиқод буданд, ки баъд аз Имом Боқир, аз хонадон ва фарзандони Имом Алӣ, имоме ба вуҷуд наомад ва то зуҳури Маҳдӣ, Муғайра ибни Саид имом аст.[39]

Муғайрия ҳамчунин бар ин ақида буданд, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан, маъруф ба Нафси Закия, ҳамон Маҳдии Мавъуд аст ва вақте ӯ кушта шуд, гуфтанд, ӯ намурда, ва зинда аст ва дар кӯҳе дар Макка, ки ба он «Аламия» мегӯянд, зиндагӣ мекунад то замони зуҳураш бирасад.[40] Дар ривоёте нақл шудааст, ки Имом Содиқ ва Имом Ризо (а) ӯро ба хотири онки ба Имом Боқир нисбати дурӯғ медод, нафрину лаънат кардаанд.[41]

Мансурия

Мақолаи аслӣ: Мансурия

Мансурия, пайравони Абумансури Иҷлӣ буданд.[42] Ба гузориши Шаҳристонӣ, ӯ дар ибтидо худашро ба Имом Боқир (а) наздик кард, вале пас аз онки ба сабаби ақоиди ботилаш, Имом Боқир аз ӯ безорӣ ҷуста ӯро тард намуд, иддаои имомат кард ва мардумро ба сӯи худ даъват намуд.[43] Ба нақл аз Навбахтӣ, Абумансур иддао кард, ки Худо ӯро ба осмон бурда бо ӯ сухан гуфтааст, бо дасти худаш вайро навозиш намуда ва ба забони сурёнӣ ӯро писари худ хондааст.[44] Навбахтӣ ҳамчунин гуфтааст, Абумансур баъд аз вафоти Имом Боқир иддао кард, ки Имом Боқир ӯро ҷонишини худ кардааст.[45] Ҳамчунин гуфтаанд, ки ӯ панҷ имоми аввали шиаёнро паёмбар медонист ва бар ин бовар буд, ки худаш ва шаш насл аз фарзандонаш то зуҳури Қоим, паёмбар будаанд.[46] Дар ривояте ба нақл аз Риҷоли Кашшӣ, Имом Содиқ (а) Абумансурро лаън намуда, ӯро фиристодаи шайтон тавсиф кардааст.[47]

Баширия

Мақолаи аслӣ: Баширия

Баширия, пайравони Муҳаммад ибни Башири Куфӣ буданд.[48] Онҳо эътиқод доштанд, ки Имом Мусои Козим (а) маҳбус набуда ва вафот наёфтааст, балки ҳамон Маҳдии Қоим аст, ки ғоиб аст ва дар замони ғайбаташ, Муҳаммад ибни Башир (муассиси ин фирқа)-ро ба унвони васӣ ва ҷонишини худ мансуб карда ва ангуштари худ ва илми худ ва ҳамаи ончи мардум дар умури динӣ ва дунёӣ ба он эҳтиёҷ дорандро ба ӯ бахшидааст.[49] Онҳо ҳамчунин бар ин эътиқод буданд, ки баъд аз Муҳаммад ибни Башир, фарзандаш - Самиъ, васӣ ва имом буд ва ҳаркас ки Самиъ ибни Муҳаммад дар бораи ӯ васият кунад, ҳамон имоми воҷибул-тоъат аст то замоне, ки Имом Мусои Козим зуҳур кунад.[50] Дар ривояте аз Имом Мусои Козим нақл шудааст, ки ӯ се бор Муҳаммад ибни Баширро лаън кардааст.[51]

Саррия

Саррия, ба пайравони шахсе ба номи «Саррӣ Ақсам» гуфта мешавад.[52] Онҳо муътақид буданд, Саррӣ паёмбаре аст, ки Имом Содиқ (а) ӯро фиристода ва ба монанди ҳазрати Мусо нерӯманду амин аст ва ҳамон рӯҳ дар ӯ ҳам ҳаст.[53] Онҳо ҳамчунин бар ин бовар буданд, ки Имом Содиқ ҳамон Ислом аст ва Ислом, салом аст ва ӯ Худованд аст ва мо писарони Ислом ҳастем.[54] Пайравони Саррӣ мардумро ба паёмбарии ӯ даъват менамуданд ва барои Имом Содиқ намоз мехонданд, ҳаҷҷу рӯзаро низ барои вай ба ҷо меоварданд.[55] Имом Содиқ дар ривояте, Сарриро каззоб хонда ва ӯро лаън кардааст.[56]

Фирқаҳои маъруф ба номи ақоиди худ

Дар китобҳои милал ва ниҳал, теъдоде аз фирқаҳои ғолӣ бо истифода аз эътиқоди аслиашон, номгузорӣ ва муаррифӣ шудаанд.[57] Бархе аз ин фирқаҳо ба шарҳи зеранд:

  • Иснайния: гуруҳе аз ғолиён буданд, ки Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а), ҳардуро Худо медонистанд.[58] Дастае аз онон, ки Худои паёмбарро муқаддам медонистанд, ба «мимийя» ва гуруҳи дигаре, ки худои Имом Алиро муқаддам медонистанд, ба «айнийя» маъруф буданд.[59]
  • Аздария: гуруҳе ки ба улуҳийяти Имом Алӣ (а) эътиқод доштанд ва бар ин бовар буданд, ки он Алие, ки падари Ҳасанайн (а) буд ва дар ин дунё зиндагӣ кард, шахсе ба номи «Алии Аздарӣ» буд ва он Алие, ки имом аст, аз онҷо ки сонеъ аст, фарзанд надорад.[60]
  • Муфаввиза: гуруҳе аз шиаён, ки ба тафвиз қоиланд.[61] Тафвиз ба як маъно иборат аст аз ин бовар, ки Худованд, Пайғамбар ва Имом Алиро офарид ва сипас корҳое ҳамчун халқ кардан, маргу зиндагӣ ва ризқу рӯзии бандагонро ба онон вогузор намуд.[62]
  • Зубобия ва ғаромия ва зимомия: гуруҳҳои аз ғолиён ба шумор мераванд, ки ҳамагӣ дар ин бовар муштараканд, ки набувват ҳаққи Имом Алӣ аст. Онон бар ин эътиқод буданд, ки Ҷабраил ба воситаи монандии фаровони Имом Алӣ ва Пайғамбар (с), ҳангоми нузули ваҳй хато кард ва ваҳйро бар Пайғамбар фуруд овард.[63] Сайидмуҳсини Амин нисбати ин фирқаҳо ба шиаро иддаои бедалел дониста ва муддаӣ шудааст, номи чунин фирқаҳоеро дар ҳеҷ як аз осори шиъӣ ки дар фирқашиносӣ тадвин шуда бошад, наёфтааст.[64] Ӯ бар ин бовар аст, ки номи ин фирқаҳо ба қасд ва ангезаи зишт ҷилва додану бад гуфтн аз фирқаи шиа ҷаъл гардида аст.[65]
  • Шарикия: гуруҳе ки муътақид буданд, ҳамон гуна ки Ҳорун дар набувват бо ҳазрати Мусо шарик буд, Имом Алӣ (а) низ дар амри набувват бо Пайғамбар (с) шарик буд.[66]

Муддаиёни ниёбати Имоми Ғоиб дар давраи Ғайбати суғро

Гуфта мешавад, дар тӯли замони Ғайбати суғро, баъзе аз афроди саршиноси шиа роҳи ғулув дар пеш гирифтанд ва иддаоҳои газофе дар бораи худ ва гоҳ дар бораи аимма (а) матраҳ карданд ва ба дурӯғ муддаии ниёбати хосса аз сӯи Имом Маҳдӣ (а) шуданд.[67] Онҳо пайравоне низ пайдо карданд ва гуруҳҳое бар асоси суханонашон шакл гирифт.[68] Бархе аз ин гуруҳҳо ба ин шарҳанд:

  • Шариъия: пайравони Ҳасани Шариъӣ аз асҳоби Имом Ҳодӣ (а) ва асҳоби Имом Ҳасани Аскарӣ (а).[69] Ӯро нахустин касе донистаанд, ки баъд аз вафоти Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва дар давраи Ғайбати суғро, ба дурӯғ иддао кард, ки ноиб ва ҷонишини Имом Маҳдӣ (а) аст.[70] Баъд аз он, тавқиъе аз сӯи Имом Маҳдӣ (а) дар радди ӯ содир шуд[71] ва шиаён аз вай безорӣ ҷуста ӯро лаън карданд.[72]
  • Нумайрия: пайравони Муҳаммад ибни насири Нумайрӣ.[73] Шайх Тусӣ дар ал-Ғайбат гуфтааст, ӯ аз асҳоби Имом Ҳасани Аскарӣ (а) буд, ки баъд аз вафоти вай, муддаии ваколат ва ниёбат аз сӯи Имом Маҳдӣ (а) шуд.[74] Ба гузориши Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарӣ дар ал-Мақолот ва-л-фирақ, Муҳаммад ибни Насир ба улуҳияти Имом Ҳодӣ (а) қоил буд ва худашро набӣ ва фиристода вай медонист.[75] Ҳамчунин гуфтаанд, ӯ ливот ва соири муҳаррамоти Илоҳиро ҷоиз медонист.[76]
  • Шалмағония: пайравони Муҳаммад ибни Алии Шалмағонӣ – яке аз асҳоби Имом Ҳасани Аскарӣ (а) буд.[77] Гуфта мешавад, ӯ дар ибтидо аз фуқаҳои шиа буд ва пас аз вафоти Имом Ҳасани Аскарӣ (а), интизори ниёбати ҳазрати Маҳдӣ (а)-ро дошт, ки ин мақом ба Ҳусайн ибни Рӯҳ вогузор шуд, барои ҳамин, бар алайҳи Ҳусайн ибни Рӯҳ тавтеъачинӣ кард ва гуфторҳои сохтагиеро ба вай ва соири нуввоб нисбат дод.[78] Эътиқод ба ҳулул ва таносухро ба Шалмағонӣ нисбат додаанду гуфтаанд, вай эътиқод доштааст, рӯҳи Худованд дар ҳазрати Одам ҳулул кард ва баъд аз ӯ дар соири анбиё ва авсиё ҳулул кард, то ба Имом Ҳасани Аскарӣ расид ва пас аз вай дар бадани худаш ҳулул кардааст.[79] Дар тавқиъе аз Имом Маҳдӣ (а) нақл шудааст, ки вай Шалмағониро лаънат карда, аз ӯ безорӣ ҷуста ва ба иртидодаш ҳукм намудааст.[80]
  • Ҳилолия: пайравони шахсе ба номи Аҳмад ибни Ҳилоли Абартоӣ,[81] аз асҳоби Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а).[82] Ба гузориши Шайх Тусӣ дар ал-Ғайбат, Аҳмад ибни Ҳилол, баъд аз вафоти Имом Ҳасани Аскарӣ (а), ваколат ва ниёбати Муҳаммад ибни Усмонро инкор кард ва пас аз чанде, дар тавқиъе аз ноҳияи Имом Маҳдӣ (а) мавриди лаън воқеъ шуд.[83]
  • Билолия: гуруҳе мунтасаб ба Муҳаммад ибни Алӣ ибни Билол.[84] Гуфтаанд, ӯ дар ибтидо аз асҳоби Имом Ҳасани Аскарӣ (а)[85] ва вакили Имоми Аср (а) дар гирифтани вуҷуҳот буд,[86] аммо баъд аз онки Муҳаммад ибни Усмон ба ниёбат аз ноҳияи Имоми Аср интихоб шуд, амволе, ки наздаш будро аз вай мутолиба кард ва ӯ бо инкори ниёбати Муҳаммад ибни Усмон, аз пас додани амвол имтиноъ кард ва худашро ноиб донист.[87]

Таъсироти ғолиён бар шиа

Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, аимма (а) ва олимони шиа, дар роҳи мубориза бо ғолиён, ҳамаи талоши худро барои нобудии андешаи ғулув ва пешгирӣ аз ихтилоти шиаён бо ғолиён ва ҳамчунин пешгирӣ аз сирояти андешаи онон ба кор гирифтаанд; бо ин ҳол, ғолиён, таъсироти мухаррибе бар шиа доштаанд.[88] Онҳо бо дурӯғ бастан ба имомони шиа ва мунтасаб кардани худ ва ақоиди инҳирофиашон ба имомон, илова бар тахриби виҷҳаи онон, мӯҷиби эҷоди душманӣ ва кинаи мардум нисбат ба имомони шиа ва инзивои шиа дар ҷомеъаи исломӣ мешуданд.[89] Ғолиён ҳамчунин бо сохтан ва ҷаъли бархе ақоиди хурофию инҳирофӣ ва нисбат додани ин ақоид ба асҳоби наздики имомони шиа, мӯҷиби тахриби асҳоб ва дар натиҷа, тахриби виҷҳаи имомони шиа мешуданд.[90]

Ғолиён дар тахриб ва бадном кардани қиёмҳои шиъӣ низ нақши муассире доштаанд.[91] Ба гуфтаи Неъматуллоҳ Сафарии Фурӯшонӣ - пажӯҳишгари таърих, ғолиён ба таври мустақим нақши чандоне дар қиёмҳои шиъӣ надоштанд, аммо душманони шиа барои бадном кардани чеҳраи қиём, ба раҳбарони қиём, нисбати ғулув медоданд ва фирқае ба номи онон месохтанд.[92] Бархе ғолиён низ бо интисоби худ ба раҳбарони қиём, мӯҷиби бадномии онон ва ба инҳироф кашондани қиём мешуданд. Барои намуна, гуруҳе аз ғолиёни фирқаи муғайрия, бо иддаои тарафдорӣ аз Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан, даст ба террори мухолифони худ заданд; ба тавре, ки Мансур - халифаи аббосӣ ин гуна аъмолро ба Муҳаммад ибни Абдуллоҳ нисбат медод.[93] Ба таври куллӣ, ғолиён ва боварҳои ғулуввомезашон дастовезе шуд, то душманони шиа бо матраҳ кардани ин ақоид барои мардум ва интисоби он ба шиа, чеҳрае ғулувомезу инҳирофӣ аз шиа ҷилва диҳанд; ба гунае, ки иддае аз ваҳҳобиён ва низ бархе мусташриқон, ҳамчунон дастае аз ақоиди ғулуввомези гуруҳе аз ғолиён, ки имомон ва олимони шиа ононро ибтол карда ва аз соҳибони он боварҳо безорӣ ҷустаандро ба шиаи имомия нисбат медиҳанд.[94]

Аз назари Сафарии Фурӯшонӣ, ғолиён бо машғул сохтани зеҳнҳои имомони шиа ба худ, ҷазби шиаёни соддадил ба сӯи худ ва эҷоди тафриқа дар сафҳои шиаён, мӯҷиби ҳадар додани неруҳои шиа шуданд ва заработи ҷуброннопазире бар мазҳаби шиа ворид сохтанд.[95]

Эзоҳ

  1. Шайх Муфид, Тасҳиҳ-ул-эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.131.
  2. Барои намуна ниг.: Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.203 ва 220.
  3. Барои намуна ниг.: Шайх Тусӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.304.
  4. Сафарии Фурӯшонӣ, “Ҷараёншиносии ғулув”, саҳ.114.
  5. Барои намуна ниг.: Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.156; Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1409ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.149 - 150.
  6. Барои намуна ниг.: Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.156; Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1409ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.149 - 150.
  7. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.80 ва ҷ.30, саҳ.102.
  8. Ибни Ошур, ат-Таҳрир ва-т-танвир, 1420ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.330.
  9. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.346; Садр, Буҳусун фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.306.
  10. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.346; Мақризӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.184.
  11. Ҳаким, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, 1391ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.386.
  12. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.150; Ҳаким, Мустамсак фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, 1391ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.386.
  13. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (човуше дар ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.61.
  14. Барои намуна ниг.: Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (човуше дар ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.61 - 62.
  15. Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломиин, 1400ҳ.қ., саҳ.15; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.204.
  16. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.22; Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.20.
  17. Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломиин, 1400ҳ.қ., саҳ.15.
  18. Шайх Тусӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107.
  19. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.23.
  20. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.37.
  21. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.37.
  22. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.37.
  23. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.375.
  24. Бағдодӣ, ал-Фарқ байна-л-фирақ, 1977м., саҳ.27.
  25. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.30 - 31; Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломиин, 1400ҳ.қ., саҳ.20.
  26. Хоразмӣ, Мафотиҳ-ул-улум, Дорул-матобил-арабӣ, саҳ.49; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.27.
  27. Ашъарии Қумӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.56.
  28. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.34; Бағдодӣ, ал-Фарқ байна-л-фирақ, 1977м., саҳ.28; Мақризӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.182.
  29. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.28; Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломиин, 1400ҳ.қ., саҳ.22.
  30. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.69; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.210.
  31. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.210.
  32. Барои намуна ниг.: Шайх Тусӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.275.
  33. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.56.
  34. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.107.
  35. Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломиин, 1400ҳ.қ., саҳ.12.
  36. Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломиин, 1400ҳ.қ., саҳ.11.
  37. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.63; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.207.
  38. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.63.
  39. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.63.
  40. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.62 - 63; Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.7, саҳ.15.
  41. Шайх Тусӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.223.
  42. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.209; Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.187.
  43. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.209.
  44. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.38.
  45. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.38.
  46. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.38.
  47. Шайх Тусӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.30.
  48. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.83; Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.191.
  49. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.83; Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.191.
  50. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.83; Шайх Тусӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.478.
  51. Шайх Тусӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.482 - 483.
  52. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.43; Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.228.
  53. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.43 - 44; Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.228 - 229.
  54. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.43 - 44; Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.228 - 229.
  55. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, интишороти Дорул-азвоъ, саҳ.43 - 44; Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.228 - 229.
  56. Шайх Тусӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.127.
  57. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.142.
  58. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.143.
  59. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.143.
  60. Абулмаъолӣ, Баён-ул-адён, 1376ҳ.ш., саҳ.52.
  61. Бешбишӣ, ал-Фирақ-ул-исломия, саҳ.29.
  62. Шайх Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.100 - 101.
  63. Барои намуна ниг.: Туъайма, ал-Ғулув ва-л-фирақ-ул-ғолия байна-л-исломийин, 2009м., саҳ.241; Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.145 - 148.
  64. Амин, Аъён-уш-шиъа, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, ҷ.1, саҳ.23.
  65. Амин, Аъён-уш-шиъа, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, ҷ.1, саҳ.23.
  66. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.255.
  67. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.131 - 132.
  68. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.132.
  69. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.255.
  70. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.255; Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.131 - 132.
  71. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.474 - 475.
  72. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.133.
  73. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.133.
  74. Шайх Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.398.
  75. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.100.
  76. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.100.
  77. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.136.
  78. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.136.
  79. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.136.
  80. Шайх Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.410 - 411.
  81. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.467.
  82. Шайх Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.410 ва 428.
  83. Шайх Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.399.
  84. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.138.
  85. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1409ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.335.
  86. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.138.
  87. Шайх Тусӣ, Китоб-ул-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.400.
  88. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.309.
  89. Ризозода Асгарӣ, “Нақши ғулот дар тахриби чеҳраи шиа”, саҳ.169.
  90. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.313 - 315.
  91. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.315.
  92. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.315.
  93. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.315 - 316.
  94. Барои намуна ниг.: Қамисӣ, ас-Сироъ байна-л-Исломи ва-л-васанийя, 1402ҳ.қ., ҷ.1, муқаддима, саҳ.«ҳ»; Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.323 - 325.
  95. Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.325 - 326.

Сарчашма

  • Абулмаъолӣ, Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ, Баён-ул-адён, Теҳрон, интишороти Равзана, 1376ҳ.ш.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисатул-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, бе то.
  • Ашъарӣ, Абулҳасан, Мақолот-ул-исломийин ва ихтилоф-ул-мусаллин, Олмон, Фаронтс Штайнер, 1400ҳ.қ.
  • Ашъарии Қумӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, таҳқиқи Муҳаммадҷаводи Машкур, Теҳрон, Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1360ҳ.ш.
  • Бағдодӣ, Абдуқодир ибни Тоҳир, ал-Фарқ байна-л-фирақ, Миср, Мактаба ва матбаъаи Муҳаммадалӣ Сабиҳ ва авлодуҳ, 1977м.
  • Бешбишӣ, Маҳмуд, ал-Фирақ-ул-исломия, Қоҳира, Мактабатул-сақофатид-диния, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Ошур, Муҳаммадтоҳир, тафсири ат-Таҳрир ва-т-танвир, Бейрут, муассисаи ал-Таърихул-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Қамисӣ, Абдуллоҳ, ас-Сироъ байна-л-Исломи ва-л-васанийя, Қоҳира, бено, чопи дувум, 1402ҳ.қ.
  • Мақризӣ, Тақиюддин, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор фи зикри-л-хутати ва-л-осор, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1418ҳ.қ.
  • Машкур, Муҳаммадҷавод, Таърихи шиа ва фирқаҳои исломӣ то қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ, Теҳрон, интишороти Шарқӣ, 1379ҳ.ш.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, интишороти Дорул-азвоъ, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Наҷошӣ, Абулъаббос Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, таҳқиқи Сайидмусо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ризозода Асгарӣ, Заҳро, “Нақши ғулот дар тахриби чеҳраи шиа”, Таърихи фарҳанг ва тамаддуни исломӣ, № 1, зимистони 1389ҳ.ш.
  • Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, Буҳусун фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, Қум, Маҷмаъул-шаҳид Оятуллоҳ ас-Садр ал-илмӣ, 1408ҳ.қ.
  • Сафарии Фурӯшонӣ, Неъматуллоҳ, “Ҷараёншиносии ғулув”, Улуми ҳадис, № 1, поизи 1375ҳ.ш.
  • Сафарии Фурӯшонӣ, Неъматуллоҳ, Ғолиён (ковише дар ҷараёнҳо ва барояндҳо), Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1378ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, бе то.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳли-л-лаҷоҷ, Машҳад, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Туъайма, Собир Абдурраҳмон, ал-Ғулув ва-л-фирақ-ул-ғолия байна-л-исломийин, Қоҳира, Мактабаи Медбулӣ, 2009м.
  • Хоразмӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Мафотиҳ-ул-улум, Бейрут, Дорул-матобил-арабӣ, бе то.
  • Хуӣ, Сайидабулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Қум, Дафтари Оятуллоҳилъузмо ал-Хуӣ, 1409ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, Қум, Дорул-тафсир, 1391ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ут-таҳорат, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти шайхи Аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тасҳиҳ-ул-эътиқодот, Қум, Конгресси Шайх Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Китоб-ул-Ғайбат, тасҳеҳи Ибодуллоҳ Теҳронӣ ва Алӣ Аҳмад Носеҳ, Қум, Дорул-маъорифил-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, Конгресси Шайх Муфид, 1414ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, чопи сеюм, 1364ҳ.ш.