Асирони Карбало

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Усарои Карбало)
Шоми Ошуро

Асирони Карбало (форсӣ: اسیران کربلا) бозмондагони воқеаи Карбало ҳамчун Имом Саҷҷод (а), имоми чоруми шиаён ва ҳазрати Зайнаб (с) ки ба асорати лашкари Умар ибни Саъд даромаданд. Асирон ба дастури Умар ибни Саъд, шаби ёздаҳуми муҳаррам дар Карбало нигаҳ дошта шуданду баъд аз зуҳри рӯзи ёздаҳум, ба Кӯфа назди Убайдуллоҳ ибни Зиёд бурда шуданд. Ибни Зиёд, асиронро бар рӯи маҳмилҳои бепарда, бепӯшиш ва бо ҳамроҳии гурӯҳе аз ҷумла; Шимр ва Ториқ бен Муҳаффиз ба дарбори Язид ибни Муовия дар Шом фиристод. Ӯ дасту пои бархе ҳамчун Имом Саҷҷод (а)-ро ғиллу занҷир кард.

Имом Саҷҷод (а) ва ҳазрати Зайнаб (с) бо суханони худ дар ҳангоми асорат, сабаби таҳаввули рӯҳӣ ва пушаймонии бархе аз мардум ва бинобар нақле пушаймонии Язид (ҳарчанд ба сурати зоҳирӣ) аз ҷиноёт ва иқдомоташ шуданд.

Уламое ҳамчун Шайх Муфид, Шайх Тусӣ ва Муҳаддиси Нурӣ бар ин ақидаанд, ки асирони Карбало баъд аз озодӣ, ба Мадина бозгаштаанд, на Карбало, аммо бинобар нақли Сайид ибни Товус дар Луҳуф, корвони асирон ба Карбало бозгаштанд.

Оғози асорат

Суханони ҳазрати Зайнаб (с) ҳангоми убур аз канори бадани Имом Ҳусайн (а)

«Ё Муҳаммадоҳ, ё Муҳаммадоҳ! Салло алайка малоикатус само, ҳозал Ҳусайну билъаро, мураммалун биддимоъ, муқаттаул аъзоъ! Ё Муҳаммадоҳ! Ва банотука сабоё, ва зурриятука муқтала, тусқо алайҳас сабо қол: фаабкат валлоҳ куллу адувин ва садиқ!»
Эй Муҳаммад, эй Муҳаммад, фариштагони осмон бар ту салавот гӯянд, ин Ҳусайн аст дар дашт афтода, оғишта ба хуни аъзои бурида! Ё Муҳаммад, духтаронат асиранд, зуррияат кушта шудаанд, ки бод бар онҳо мевазад. Ровӣ мегуяд валлоҳ дӯсту душман гиря мекарданд.

Пас аз воқеаи Ошуро, бозмондагони лашкари Умар ибни Саъд, куштаҳои худро рӯзи 11 муҳаррам, дафн карданд ва аҳли байти Имом Ҳусайн (а) ва бозмондагони шуҳадои Карбалоро ба сӯи Кӯфа бурданд.[2]

Маъмурони Умар ибни Саъд, занони Аҳли Байтро аз канори ҷасадҳои шуҳадо убур доданд. Занони хонаводаи Имом Ҳусайн (а) дар он ҳол нола карда ва бар рӯйҳояшон мезаданд. Чунонки аз Қаррат ибни Қайс нақл шуда, ҳазрати Зайнаб (с), вақте аз канори бадани бародараш Имом Ҳусайн (а) мегузашт, аз шиддати ғам суханоне гуфт, ки дӯсту душман гиря карданд.[3]

Теъдод ва номи асирон

Ҳамчунин бубинед: Воқеаи Ошӯро (аз нигоҳи омор)

Гузоришҳои муваррихон дар бораи теъдод ва номи асирони Карбало ва бозмондагони асҳоби Имом Ҳусайн (а) мухталиф аст. Теъдоди асирони мард чаҳор, панҷ, даҳ ва дувоздаҳ нафар гузориш шудааст. Шумори асирони зан низ чаҳор, шаш ва бист нафар нақл шудааст.[4] Бархе теъдоди усароро то 25 нафар зикр кардаанд.[5] Бар ин асос гуфта шуда дар бораи теъдоди асирони Карбало изҳори назари қатъӣ мумкин нест.[6]

Номи бархе аз асирони мард,ки дар манобеъ зикр шуда, иборат аст аз: Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а), Муҳаммад ва Умар ду писари Имом Ҳусайн (а), Зайд писар ва Муҳаммад набераи Имом Ҳасан (а),[7] Ҳасани Мусанно, ки бар асари ҷароҳот дар ҷанг беҳуш шуда буд,[8] Қосим ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қосим ибни Муҳаммад ибни Ҷаъфар, Муҳаммад ибни Ақил.[9] Дар китоби «Таърихи қиём ва мақтали ҷомеъи Сайидуш шуҳадо» номи ҳабдаҳ нафар мард ба унвони асирон ва бозмондагони Карбало зикр шудааст.[10]

Рӯзшумори воқеаҳои пас аз Ошуро
Соли 61 ҳиҷрии қамарӣ
10 муҳаррам
  • Ҳаракати асирон ба самти Кӯфа
11 муҳаррам
11 муҳаррам
  • Дафни шаҳидон бинобар нақли дигар
12 муҳаррам
  • Вуруди корвони асирони Карбало ба Кӯфа
12 муҳаррам
  • Ҳаракати корвони асирон аз Кӯфа ба Шом
19 муҳаррам
1 сафар
20 сафар
20 сафар
20 сафар

Номи асирони зан дар Карбало низ иборатанд аз: ҳазрати Зайнаб, Фотима, Уммукулсум,[11] Руқайя[12] аз духтарони Имом Алӣ (а), Рубоб ҳамсари Имом Ҳусайн (а)[13] ва Фотима духтари Имом Ҳасан (а),[14] чаҳор духтари Имом Ҳусайн (а) ба номҳои Сакина, Фотима, Руқайя ва Зайнаб.[15]

Номи бозмондагон аз ғайри Банӣ Ҳошим дар Карбало низ аз ин қарор аст: Мураққаъ ибни Сумома Асадӣ, Саввор ибни Умейр Ҷобирӣ, Амр ибни Абдуллоҳ Ҷундаӣ, Уқْба ибни Самъон ғуломи Рубоб, Заҳҳок ибни Абдуллоҳ Машриқӣ, Муслим ибни Рабоҳ ва ғуломи Абдурраҳмон ибни Абдурабиҳ Ансорӣ.[16] Аз байни бозмондагони ғайри Банӣ Ҳошим, Саввор ибни Умейр, Уқба, Муслим ибни Рабоҳ ва ғуломи Абдурраҳмон ибни Абдурабиҳ ҷузви усарои Карбало ба шумор мераванд.[17]

Масири ҳаракати асирон

Вуруд ба Кӯфа

Бинобар он чи Ибни Абилҳадид дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға навиштааст, асирони Карбало, савор бар маркабҳое бе ҷиҳоз, ба Кӯфа бурда шуда ва мардум ба тамошои онҳо пардохтанд ва дар ҳамин ҳол занони кӯфӣ аз дидани усаро гиря мекардаанд.[18]

Гуфта шуда дар бораи замони вуруди усаро ба Кӯфа,гузориши сареҳе дар манобеи куҳан наёмадааст,[19] аммо бинобар иборате аз Шайх Муфид,[20] метавон вуруди усарои Карбало ба Кӯфаро дувоздаҳуми муҳаррам донист.[21]

Маъмурони Умари Саъд, пас аз гузар додани асирон аз кӯчаҳои Кӯфа, ононро вориди қасри Убайдуллоҳ ибни Зиёд карданд. Гуфтугӯҳои тунде байни ҳазрати Зайнаб ва Убайдуллоҳ гузориш шудааст.[22] Ҷумлаи маъруфи «ما رَأیْتُ اِلّا جَمیلاً»; «Ҷуз зебоӣ чизе надидам», ҳазрати Зайнаб (с) марбут ба ҳамин маҷлис аст. Ҳамчунин Убайдуллоҳ дастури куштани Имом Саҷҷод (а)-ро содир кард, аммо пас аз эътирози ҳазрати Зайнаб (с) ва низ суханони тунди Имом Саҷҷод (а), Ибни Зиёд аз куштани ӯ сарфи назар кард.[23]

Нақшаи масири корвони усарои Карбало

Масири Шом

Убайдуллоҳ ибни Зиёд, гурӯҳе аз ҷумла, Шимр ва Ториқ ибни Муҳаффизро ҳамроҳи асирони Карбало ба Шом фиристод.[24] Тибқи баъзе гузоришҳо Заҳр бен Қайс низ бо онҳо будааст.[25]

Масири дақиқи ҳаракати асирон аз Кӯфа то Шом мушаххас нест,бархе бар ин ақидаанд, ки бо тавваҷуҳ ба амокини мансуб ба Имом Ҳусайн (а), метавон масири ҳаракати асирони Карбалоро мушаххас сохт; аз ҷумла, мақоми Раъсулҳусайн ва Имом Зайнулъобидин дар Димишқ,[26] мақомҳои Ҳимс,[27] Ҳамо,[28] Баълабак,[29] Ҳаҷар[30] ва Турҳ.[31]

Дар Донишномаи Имом Ҳусайн (а) омадааст, ки миёни Кӯфа ва Шом дар он рӯзгор, се масири аслӣ (роҳи бодия, роҳи канораи Фурот ва роҳи канораи Диҷла) буд, ки ҳар як аз онҳо роҳҳои фаръии мутааддиде доштаанд.[32]

Нависандагони ин донишнома муътақиданд ба далели набуди далоили равшану қатъӣ наметавон дар ин бора изҳори назари қатъӣ кард, аммо бо баррасии нишонаҳову қароин, ба эҳтимоли зиёд масири асирон аз Кӯфа ба Шом аз роҳи бодия будааст.[33]

Тибқи бархе гузоришҳо ҳамчун гузориши Таърихи Табарӣ, Шайх Муфид ва Таърихи Дамишқ, ибтидо сари Имом Ҳусайн (а) ва сарҳои шуҳадо ба Шом фиристода шуд ва пас аз он асиронро эъзом карданд, аммо бар пояи гузоришҳои дигар, сарҳои шуҳадо ҳамроҳ бо асирон ба Шом фиристода шуданд.[34]

Рафтори маъмурон

Бинобар нақли Ибни Аъсам ва Хоразмӣ, маъмурони Убайдуллоҳ ибни Зиёд, асирони Карбалоро аз Кӯфа то Шом, бар маҳмилҳои бепардаву бепӯшиш, шаҳр ба шаҳру манзил ба манзил бурданд, он гуна ки асирони (кофари) турку дейламро мебурдаанд.[35] Шайх Муфид, ривоятеро нақл карда, ки бар асоси он, Имом Саҷҷод (а) бо ғуллу занҷир дар миёни усаро дида шудааст.[36]

Дар ривоёте мансуб ба Имом Саҷҷод (а), шеваи рафтори маъмурони Ибни Зиёд ин гуна нақл шудааст: Алӣ ибни Ҳусайн (а)-ро бар шутуре лоғару ланг, ки ҷиҳози он чӯбе ва безерандоз буда, савор кардаанд, дар ҳоле, ки сари Имом Ҳусайн (а) бар найза, занон пушти сар ва найзаҳо гирдогирди онҳо буданд. Агар ашке аз чашми яке аз онҳо ҷорӣ мешуд, бо найза бар сараш мезаданд, то замоне ки вориди Шом шуданд.[37]

Ҳузури усаро дар Шом

Дар бораи рухдодҳои вуруди усаро ба Шом, чигунагии бархӯрд бо онҳо, маҳалли иқомат ва хутбахонии бархе аз асирон, гузоришҳое дар манобеи таърихӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин гузоришҳо, вуруди сарҳои шаҳидон ба Шом дар рӯзи аввали моҳи сафар будааст.[38]

Дар ин рӯз асиронро аз дарвозаи «Тумо» ё «Соот» вориди шаҳр карда ва бино ба нақли Саҳл ибни Саъд, шаҳрро ба дастури Язид, озинбандии беназире карда буданд.[39] Ва панҷсад ҳазор нафар аз мардум дар ҳоле ки ҷомаи нав пӯшидаву даф, табл, буқ ва дуҳул мезаданд ба тамошои асирон омада буданд.[40] Бар асоси гузориши бархе манобеъ се рӯз асиронро беруни шаҳр ва пушти дарвоза нигоҳ доштанд, то шаҳрро озин банданд.[41]

Пас аз вуруди асирон ба шаҳр, онҳоро дар вурудии Масҷиди Ҷомеи Умавӣ, бар саккуе ҷой доданд.[42] Имрӯза дар ин масҷид, дар муқобили меҳробу минбари аслии масҷид, маҳалле аз санг ва бо нардаҳои чӯбӣ вуҷуд дорад, ки маъруф ба маҳали истиқрори асирони Карбалост.[43]

Ҳузури Аҳли Байти Имом Ҳусайн (а) дар Шомро бархе манобеъ ду рӯз,[44] ва дар вайронае бесақф, маъруф ба “Харобаи Шом” донистаанд.[45] Шайх Муфид, маҳалли истиқрори асиронро хонае наздики қасри Язид муаррифӣ кардааст.[46]

Қавли машҳур дар бораи муддати иқомати асирон дар Шом, се рӯз дониста шуда,[47] аммо ҳафт рӯз[48] ва як моҳ низ нақл шудааст.[49]

Бархе аз гузоришҳои таърихӣ дар бораи асирони Карбало дар Шом, иборат аст аз:

Тасвири маҳали истиқрори усарои Карбало дар масҷиди Умавии Дамишқ.
  • Вуруди усаро ба кохи Язид:

Пас аз вуруди асирони Карбало ба Шом, Заҳр ибни Қайс ва ё Шимр ибни Зилҷавшан[50] ҷузъиёти воқеаи Карбалоро ба Язид гузориш кард.[51] Язид пас аз шунидани гузориш, дастур дод кохро тазйин карда, бузургони Шомро даъват ва асиронро ба қаср ворид кунанд.[52] Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки асиронро дар ҳоле вориди маҷлиси Язид карданд, ки бо таноб ба ҳам баста буданд.[53] Дар ин ҳангом Фотима духтари Имом Ҳусайн (а) гуфт: эй Язид! Шоиста аст духтарони Расули Худо (с) асир бошанд? Дар ин ҳангом ҳозирон ва аҳли хонаи Язид гиристанд.[54]

  • Бархӯрди Язид бо сари муқаддаси Имом (а) дар ҳузури асирон:

Язид дар ҳузури асирон, сари Имом Ҳусайн (а)-ро дар зарфи тилло гузошта[55] ва бо чӯбдасте ба он мезад.[56] Ба гузориши Ибни Асир вақте Сакина ва Фотима, духтарони Имом Ҳусайн (а), ин саҳнаро диданд, чунон фарёд заданд, ки занони Язид ва духтарони Муовия ибни Абӯсуфён ба гиря афтоданд.[57]

Бинобар ривояте аз Имом Ризо (а), ки Шайх Садуқ нақл карда, Язид сари Имом Ҳусайн (а)-ро дар таште гузошт ва бар рӯи он мизи ғизо ниҳод. Сипас бо ёронаш саргарми ғизо хӯрдан шуд ва пас аз он, мизи бозии шатранҷро рӯи он ташт гузошт ва бо ёронаш ба бозии шатранҷ машғул шуд. Гуфтаанд ӯ ҳангоме, ки дар бозӣ мебурд, ҷоми обиҷавро гирифта менӯшиду таҳмондаи онро дар канори ташт, ки сари буридаи Имом дар он буд, бар замин мерехт.[58]

Сакина (с) дар бораи Язид гуфтааст: ба Худо савганд! Ҳаргиз касеро сахтдилтар, кофиртару ҷафокортар аз Язид надидам, ки ба сари падарам дар маҷлисе, ки барпо карда буд менигаристу шеър мехонд.[59]

  • Эътирози ҳозирон:

Иддае аз ҳозирон, ба рафтори Язид дар маҷлис эътироз карданд, аз ҷумла, Яҳё ибни Ҳакам, бародари Марвон ибни Ҳакам, ки Язид бо мушт ба синаи ӯ зад.[60] Абубарза Асламӣ низ эътироз кард ва ба дастури Язид аз маҷлис ихроҷ шуд.[61]

Хутбахонии асирон

Пас аз вуруди асирони Карбало ба Кӯфа, Имом Саҷҷод (а)[62] ва ҳазрати Зайнаб (с) бо мардум сухан гуфта ва бинобар нақли манобеи таърихӣ, кӯфиёнро ба сабаби кӯтоҳӣ дар ёрии Имом Ҳусайн (а) дар моҷарои Ошӯро сарзаниш кардаанд.[63]

Сайид Ҷаъфари Шаҳидӣ, муваррихи муосир, бо такя бар сахтгирии маъмурони ҳукумат ва бими кӯфиён аз онон, пазириши инчунин суханону хутбаҳоеро дар Кӯфа душвор донистааст.[64]

Хутбаҳое низ ба Фотимаи Суғро духтари Имом Ҳусайн (а)[65] ва Уммукулсум духтари Имом Алӣ (а) нисбат дода шудааст.[66]

Имом Саҷҷод (а) ва ҳазрати Зайнаб (с), дар Шом низ ба хутбахонӣ пардохтанд. Муҳтавои ин хутбаҳо, сарзаниши Язид дар бораи ситам бар Аҳли Байти Имом Ҳусайн (а) ва гардондани онҳо дар шаҳрҳо,[67] ва ҳамчунин баёни фазоили Аҳли Байти Пайғамбар (а) ва Алӣ (а) гузориш шудааст.[68] Ин суханон, ба хутбаи Имом Саҷҷод (а) ва хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Шом маъруф аст.[69]

Бозгашт аз Шом

Барои иттилооти бештар, инҳоро ҳам бубинед: Арбаини Ҳусайнӣ
Тасвири ҳаракати намодини корвони асирони Карбало дар шаҳри Қум.

Дар бораи бозгашти асирони Карбало аз Шом ба Мадина ё Карбало ва бар фарзи бозгашти онон ба Карбало, дар замони дақиқи он (ин ки арбаини аввал буд ё арбаини дувум ё замони дигар) ихтилофи назар вуҷуд дорад.[70]

Шайх Муфид,[71] Шайх Тусӣ[72] ва Кафъамӣ[73] тасреҳ кардаанд, ки корвони Аҳли Байт (а), пас аз баргашт аз Шом, ба Мадина рафтаанд, на Карбало. Муҳаддиси Нурӣ,[74] Шайх Аббоси Қумӣ[75] ва Муртазо Мутаҳҳарӣ[76] низ бо бозгашти асирон ба Карбало дар аввалин арбаин мухолифат кардаанд.

Сайид ибни Товус дар китоби “ал-Иқбол” бозгашти асирон ба Карбало ва Мадина дар рӯзи арбаин, ҳар дуро баид шумурдааст; зеро бозгашти онҳо ба Карбало ё Мадина бештар аз чиҳил рӯз тӯл кашидааст. Аз назари ӯ, гарчи мумкин аст усаро ба Карбало рафта бошанд, аммо дар рӯзи арбаин набудааст.[77]

Бо ин ҳол, Сайид ибни Товус дар Луҳуф нақл кардааст ҳангоме, ки асирони Карбало дар роҳи бозгашт аз Шом, ба Ироқ расиданд, ба роҳнамояшон гуфтанд «моро аз роҳи Карбало бибар». Пас ҳангоме, ки онҳо ба қатлгоҳ расиданд, Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ ва бархе аз Банӣ Ҳошимро диданд ва бо гиряву андӯҳ маҷлиси азое барпо карданд ва пас аз чанд рӯз ба Мадина бозгаштанд.[78] Сайид ибни Товус таърихи вуруд ба Карбалоро зикр накардааст. Сайид Муҳаммадалӣ Қозии Таботабоӣ (1293 – 1385 ҳ.ш.) низ дар китоби Таҳқиқ дар бораи аввалин арбаини ҳазрати Сайидушшуҳадо (а), бозгашти усаро ба Карбалоро исбот кардааст. Ба гуфтаи Мутаҳҳарӣ дар китоби Ҳамосаи Ҳусайнӣ, бозгашти асирон ба Карбало танҳо дар Луҳуфи Сайид ибни Товус омадааст ва дар ҳеҷ китоби дигаре нест.[79]

Бинобар нақли Сайид ибни Товус, ҳангоме, ки корвони Аҳли Байт (а) ба наздикии Мадина расид ва дар беруни шаҳр чодарҳоро барафроштанд, Башир ибни Ҷазлам ба дастури Имом Саҷҷод (а), ба Мадина рафт ва дар канори Масҷидуннабӣ, ашъореро бо гиря хонду мардумро аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) бохабар сохт ва вуруди Имом Саҷҷод ва Аҳли Байти Имом Ҳусайн (а) ба Мадинаро эълом кард.[80] Сайид ибни Товус, он рӯзро талхтарин рӯз барои мусулмонон пас аз реҳлати Пайғамбар (с) дониста, нақл кардааст, ки ҳамаи занони Мадина аз хонаҳо берун рехта, фарёд сар доданд ва ҳеҷ рӯзе монанди он рӯз, занону мардон, гирён дида намешуданд.[81]

Тибқи гуфтаи нависандагони донишномаи Имом Ҳусайн (а), ҳаракати хонаводаи Имом Ҳусайн (а) аз Мадина шурӯъ ва ба Мадина хатм шуд ва ҳадди ақалли масире, ки онҳо дар ин муддат тай карданд (бо фарзи рафтан аз кӯтоҳтарин масир ва адами бозгашт ба Карбало) ҳудуди 4100 километр буд: 431 километр аз Мадина ба Макка, 1447 километр аз Макка ба Карбало, 70 километр аз Карбало ба Кӯфа, 932 километр аз Кӯфа ба Дамишқ ва 1229 километр аз Димишқ ба Мадина.[82]

Эзоҳ

  1. Абумихнаф, Вақъат-ут-таф, 1417 ҳ.қ., саҳ.259/ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.456.
  2. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.455 - 456.
  3. Муфид, ал-Иршод, 1413 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.114/ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.456.
  4. Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.204.
  5. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417 ҳ.қ., саҳ.49.
  6. Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.204.
  7. Қозӣ Нуъмон, Шарҳ-ул-ахбор, муассисаи Нашр-ул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.198 – 199/ Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1385 ҳ.қ., саҳ.79/ Ибни Саъд, Тарҷумат-ул-Ҳусайн ва мақталуҳ, 1408 ҳ.қ., саҳ.187.
  8. Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.205.
  9. Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.206.
  10. Ниг: гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеъи Сайидушшуҳадо, 1391 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.497 ва 498.
  11. Байзун, Мавсуату Карбало, Бейрут, ҷ.1, саҳ.528.
  12. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариа, 1373 ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255.
  13. Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.283.
  14. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415 ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.261.
  15. Ибни Шаддод, ал-Аълоқ-ул-хатира, 2006 м, саҳ.48 - 50.
  16. Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.214 - 217.
  17. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеъи Сайидушшуҳадо, 1391 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.498/ Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.214 - 217.
  18. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404 ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.236.
  19. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеъи Сайидушшуҳадо, 1391 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.39.
  20. Шайх Муфид, Иршод, 1413 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.114.
  21. Гуруҳе аз таърихпажӯҳон, Таърихи қиём ва мақтали ҷомеъи Сайидушшуҳадо, 1391 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.39.
  22. Ниг: Муфид, Иршод, 1413 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.115 - 116 / Табарӣ, Таърих, 1387 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.457.
  23. Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1411 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.123/ Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1367 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43.
  24. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.416.
  25. Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1421 ҳ.қ., саҳ.384 - 385.
  26. Ибни Асокир, Таъриху Мадинату Дамишқ, 1421 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.304/ Наимӣ, ад-Дорису фи таърихи мадорис, 1367 ҳ.қ., феҳристи ҷойҳо.
  27. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.82.
  28. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.82.
  29. Муҳоҷир, Корвони ғам, 1390 ҳ.ш., саҳ.36 - 38.
  30. Ибни Шаддод, ал-Аълоқ-ул-хатира, 2006 м, саҳ.178.
  31. Муҳоҷир, Корвони ғам, 1390 ҳ.ш., саҳ.30.
  32. Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.226 - 228.
  33. Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.234.
  34. Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388 ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.225.
  35. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.127/ Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1367 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.55 - 56.
  36. Шайх Муфид, Амолӣ, 1403 ҳ.қ., саҳ.321.
  37. Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376 ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.89.
  38. Абурайҳони Берунӣ, Осор-ул-боқия, 1386 ҳ.ш., саҳ.527.
  39. Шайх Садуқ, Амолӣ, 1417 ҳ.қ., маҷлиси 31, саҳ.230.
  40. Шаъронӣ, Дамъ-ус-суҷум, 1374 ҳ.қ., саҳ.242.
  41. Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, ал-Мактбат-ул-ҳайдарийя, саҳ.394.
  42. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.129 - 130.
  43. «محل حضور اسرای کربلا در مسجد اموی»، “Маҳали ҳузури усарои Карбало дар масҷиди умавӣ”, хабаргузории байналмилалии Қуръон.
  44. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404 ҳ.қ., саҳ.339.
  45. Шайх Садуқ, Амолӣ, 1417 ҳ.қ., маҷлиси 31, саҳ.231, ҳадиси 4.
  46. Шайх Муфид, Иршод, 1413 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.122.
  47. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.462/ Хоразмӣ, Мақтал, 1367 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.74.
  48. Табарӣ, Комили баҳоӣ, 1334 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.302.
  49. Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376 ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.101.
  50. Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, алмактбатул ҳайдария, с.396.
  51. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.460.
  52. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.461.
  53. Ибни Товус, ал-Малҳуф, 1417 ҳ.қ., саҳ.213.
  54. Ибни Намо, Мусир-ул-аҳзон, 1406 ҳ.қ., саҳ.99.
  55. Хоразмӣ, Мақтал, 1367 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.64.
  56. Яъқубӣ, Таърих, Дору содир, ҷ.2, саҳ.64.
  57. Ибни Асир, ал-Комил, 1405 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.577.
  58. Садуқ, Уюуну ахбор-ир-Ризо, 1404 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25, ҳадиси 50.
  59. Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, ал-Мактабат-ул-ҳайдарийя, саҳ.396.
  60. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.465.
  61. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.416.
  62. Ибни Намо, Мусир-ул-аҳзон, 1406 ҳ.қ., саҳ.89 - 90.
  63. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1378 ҳ.ш., саҳ.26.
  64. Шаҳидӣ, Зиндагонии Алӣ ибни-л-Ҳусайн (а), 1385 ҳ.ш., саҳ.57.
  65. Табарсӣ, Эҳтиҷоҷ, 1416 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.140 - 108.
  66. Ибни Товус, ал-Малҳуф, 1417 ҳ.қ., саҳ.198.
  67. Ибни Товус, ал-Малҳуф, 1417 ҳ.қ., саҳ.213 - 218.
  68. Раббонии Гулпойгонӣ, «Ифшогарии Имом Саҷҷод дар қиёми Карбало (2)», саҳ.119.
  69. Ибни Намо, Мусир-ул-аҳзон, 1406 ҳ.қ., саҳ.89 – 90/ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1378 ҳ.ш., саҳ.26.
  70. Ниг.: Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388, ҷ.8, саҳ.393.
  71. Шайх Муфид, Мусор-уш-шиа, 1413 ҳ.қ., саҳ.46.
  72. Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.787.
  73. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳу ли-л-Кафъамӣ, 1405 ҳ.қ., саҳ.510.
  74. Муҳаддиси Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1420 ҳ.қ., саҳ.208-209.
  75. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1372 ҳ.ш., саҳ.524 - 525.
  76. Мутаҳҳарӣ, Ҳамосаи Ҳусайнӣ, Садро, ҷ.1, саҳ.71.
  77. Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376 ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.100 ва 101.
  78. Сайид ибни Товус, Луҳуф, 1415 ҳ.қ., саҳ.225 ва 226.
  79. Мутаҳҳарӣ, Ҳамосаи Ҳусайнӣ, Садро, ҷ.1, саҳ.71.
  80. Сайид ибни Товус, Луҳуф, 1417 ҳ.қ., саҳ.226 - 227.
  81. Сайид ибни Товус, Луҳуф, 1415 ҳ.қ., саҳ.227.
  82. Муҳммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн (а), 1388, ҷ.8, саҳ.235.

Сарчашма

  • محل حضور اسرای کربلا در مسجد اموی، در خبرگزاری بین المللی قرآن، تاریخ درج مطلب : ۲۴ اردیبهشت ۱۳۹۳، تاریخ بازدید ۲۴ مرداد ۱۳۹۷. Маҳалли ҳузури усарои Карбало дар масҷиди умавӣ, дар хабаргузории байналмилалии Қуръон, санаи дарҷи матлаб: 24 урдибиҳишти 1393, санаи боздид 24 мурдоди 1397.
  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Қум, муассисаи дор-ул-китоб, 1385 ҳ.қ.
  • Абумихнаф, Лут ибни Яҳё, Вақъат-ут-таф, Қум, нашри Ҷомеъаи мударрисин, чоп: сеюм, 1417 ҳ.қ.
  • Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Осор-ул-боқия, мутарҷим: Доносиришт, Акбар, Теҳрон, Амири Кабир, 1386 ҳ.ш.
  • Байзун, Лабиб, Мавсуъату Карбало, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, бе то.
  • Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1417 ҳ.қ.
  • Динаварӣ, Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд, ал-Ахбор-ут-тивол, таҳқиқи Исом Муҳаммад Алҳоҷҷ Алӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1421 ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Иззуддин Абдулҳамид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, чопи 2, Қум, маншуроти китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404 ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дор-ут-турос-ил-арабӣ, 1405 ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ Ибни Ҳасан ибни Ҳибатуллоҳ, Таъриху Мадинати Дамишқ, Бейрут, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Дор-ул-фикр, 1415 ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ Ибни Ҳасан ибни Ҳибатуллоҳ, Таъриху Мадинати Дамишқ, таҳқиқи Алӣ Ошур, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1421 ҳ.қ.
  • Ибни Аъсами Кӯфӣ, Аҳмад ибни Аъсам, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-авзоъ, 1411 ҳ.қ.
  • Ибни Намо, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Мусир-ул-аҳзон, Қум, мадрасаи Имом ал-Маҳдӣ (аҷ), 1406 ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, «Тарҷимат-ул-Ҳусайн ва мақталуҳ», таҳқиқи Сайид Абдулазиз Таботабоӣ, фаслномаи Туросуно, соли сеюм, шумораи 10, 1408 ҳ.қ.
  • Ибни Тайфур, Абулфазл ибни Абитоҳир, Балоғот-ун-нисоъ, Қум, Мактабат-ул-ҳайдарийя, 1378 ҳ.ш.
  • Ибни Шаддод, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Аълоқ-ул-хатира фи зикри умароъ-ил-ҷазира, Димишқ, бе но, 2006 м.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алии Мозандаронӣ, Маноқибу Оли Абитолиб алайҳимус салом, Аллома, Қум, 1379 ҳ.қ.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алии Омилӣ, ал-Мисбоҳу ли-л-Кафъамӣ (ҷуннат-ул-амон-ил-воқия ва ҷаннат-ул-имон-ил-боқия), Қум, Дор-ур-Разӣ, чопи дувум, 1405 ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Амолӣ, таҳқиқи Ҳусайни Устодвалӣ ва Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1403 ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Мусор-уш-шиъа, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413 ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, таҳқиқи Муассисаи Ол-ул-байт, Қум, алмуътамар-ул-олам-ил-алфийят-иш-Шайх-ил-Муфид, 1413 ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, таҳқиқ: Доритӣ, Мустафо, Қум, конгресси динпажӯҳони кишвар, 1420 ҳ.қ.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошӯро, Қум, нашри Маъруф, чопи дувум, 1417 ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Ҳусайн (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, мутарҷим: Масъудӣ, Абдулҳодӣ, Қум, ношир: муассисаи Дор-ул-ҳадис, 1388 ҳ.ш.
  • Муҳоҷир, Ҷаъфар, Корвони ғам, Сайидҳусайни Маръашӣ, Теҳрон, интишороти Мусофир, 1390 ҳ.ш.
  • Нодиалиён, Аҳмад ва Меҳрони Ҳушёр, «Нақшҳои ошӯроӣ», дар маҷаллаи Раҳпуяи ҳунар, шумораи 5, баҳори 1387 ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, «Ифшогарии Имом Саҷҷод дар қиёми Карбало (2)», дар маҷаллаи Нури илм, шумораи 46, мурдод ва шаҳривари 1371 ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, Муассисат-ул-беъсат, 1417 ҳ.қ.
  • Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, тасҳеҳи Ҳусайн Аъламӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1404 ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ Ибни Мусо, ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, таҳқиқи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376 ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ Ибни Мусо, ал-Малҳуф ала қатла-т-туфуф, таҳқиқи Форис Табрезиён, Қум, Дор-ул-усва, 1417 ҳ.қ.
  • Саффори Қумӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот, тасҳеҳи Муҳсини Кӯчабоғӣ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404 ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, таҳқиқи Иброҳими Баҳодурӣ ва Муҳаммадҳодӣ, ч 2, Қум, Усва, 1416 ҳ.қ.
  • Табарӣ, Имодуддин Ҳасан ибни Алӣ, Комили баҳоӣ, Қум, муассисаи табъу нашр, 1334 ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммади Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Равоеъ-ут-турос-ил-арабӣ, 1387 ҳ.қ.
  • Тамимӣ Мағрибӣ, Абуҳанифа Нуъмон ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-ахбор фи фазоил-ил-аиммат-ил-атҳор, таҳқиқи Сайид Муҳаммад Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, Муассисат-ун-наншр-ил-исломӣ, бе то.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Бейрут, Муассисату фиқҳ-иш-шиъа, чопи аввал, 1411 ҳ.қ.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмади Маккӣ, Мақтал-ул-Ҳусай, таҳқиқи Муҳаммади Самовӣ, Наҷаф, матбаат-уз-Заҳро, 1367 ҳ.қ.
  • Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Зиндагонии Алӣ Ибни-л-Ҳусайн (а), Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, чопи сездаҳум, 1385 ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир, бе то.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳа-л-омол, Теҳрон, матбуотии Ҳусайнӣ, 1372 ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Нафас-ул-маҳмум фи мусибати саййидино-л-Ҳусайн-ил-мазлум, Қум, Мактабат-ул-ҳайдарийя, бе то.
  • Ҳаравӣ, Алӣ Ибни Абибакр, ал-Ишороту ило маърифат-из-зиёрот, Димишқ, ба кӯшиши Ҷонин Сурдил, 1953 м.