Амр ибни Абдуллоҳи Ҷундуъӣ
Номи комил | Амр ибни Абдуллоҳи Ҷундуъӣ |
---|---|
Аз ëрони | Имом Ҳусайн (а) |
Фаолиятҳо | Ҳузур дар воқеаи Карбало |
Амр ибни Абдуллоҳи Ҷундуъӣ (арабӣ: عَمرو بن عبد اللّه الجُنْدُعي) аз шуҳадои воқеаи Карбало. Вай аз қабилаи Ҳамдон буд [1] ва пас аз вуруди Имом Ҳусайн (а) ба Карбало пеш аз рӯзи Ошуро ба сипоҳи Имом (а) пайваст.[2]
Дар бораи чигунагии шаҳодати Амр ду қавл вуҷуд дорад:
- Дар ҳамлаи аввали лашкари Умар ибни Саъд ба ёрони Имом Ҳусайн (а) ба шаҳодат расид.[3]
- Муҳаммади Самовӣ (ваф. 1370ҳ.қ.) дар китоби Ибсор-ул-ъайн аз ал-Ҳадоиқ-ул-вардия - асари Ҳумайд ибни Аҳмади Муҳаллӣ аз шарҳиҳолнигорони зайдия, (ваф. 652ҳ.қ.) нақл кардааст, ки Амр ба воситаи ҷароҳоти фаровон ва зарбае, ки ба сараш хӯрд, беҳуш шуд, қабилааш ӯро аз майдони набард хориҷ карданд ва пас аз як сол, вафот ёфт.[4] Дар зиёрати шуҳадо омадааст «Ассалому алал мураттаси маъаҳу Амр ибни Абдуллоҳи Ҷундуъӣ:[Ёддошт 1] Салом бар ҳамроҳи ӯ [Саввор], маҷрӯҳе ки дар берун аз маъракаи ҷанг фавт шуд».[5]
Эзоҳ
- ↑ Қурайшӣ, ал-Болғун-ул-фатҳи фи Карбло, 1429ҳ.қ, саҳ. 405
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-ъайн, 1419ҳ.қ., саҳ 136
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, нашри Аллома, ҷ. 4, саҳ. 113
- ↑ Маҳаллӣ, ал-Ҳадоиқ-ул-вардия, саҳ. 122 ба нақл аз Самовӣ, Ибсор-ул-ъайн, 1419ҳ.қ., саҳ 136
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ. 495; Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ. 3, саҳ. 80
Ёддошт
- ↑ Мураттас ба касе мегӯянд, ки дар майдони ҷанг маҷруҳ мешавад ва ӯро ба берун мебаранд ва сипас мемирад (Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.212)
Сарчашма
- Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб, тасҳеҳи Ҳошими Расулӣ ва Муҳаммадҳусайни Оштиёнӣ, Қум, нашри Аллома, бе то
- Ибни Товус, Алии ибни Мӯсо, ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, тасҳеҳи Ҷаводи Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1376ҳ.ш.
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар, тасҳеҳи Ҷаводи Қаюмии Исфаҳонӣ, Нашр-ул-Қаюм, 1419ҳ.қ.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, ба тасҳеҳу таҳқиқи Ҷамолиддини Мирдомодӣ, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
- Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-ъайни фи Ансор-ул- ҳусайн (а), таҳқиқи Муҳаммади Ҷаъфари ал-табасӣ, Қум, маркази ал-даросот ал-исломия ли ҳарс-ис-савра, 1419ҳ.қ.
- Қурайшӣ, Абдулломир, ал-Болиғун-ал-фатҳи фи Карбало, Бейрут, байт-ул-илми ли-н-нобиҳин, 1429ҳ.қ.\ 2008 м