Таҳорат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Тоҳир)
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Бо татҳир иштибоҳ нашавад.

Таҳорат (арабӣ: الطهارة), як истилоҳи фиқҳие аст, ба маънои пок будан аз чизҳои наҷас ва ҳамчунин аз ҳадаси акбар ва асғар. Манзур аз ҳадаси асғар чизҳое монанди идрор ва мадфуъ ва боди меъда аст, ки вузӯъро ботил мекунад. Ҳадаси акбар ҳам ба ҷанобату омезиш ва монанди он гуфта мешавад.

Таҳорат аз наҷосат дар мавориде монанди вузӯъ ва намоз лозим мешавад. Обе, ки инсон бо он мехоҳад вузӯъ бигирад ва ҳамчунин бадан ва либоси намозхон бояд аз наҷосот пок бошад. Наҷосат ба василаи чизҳое монанди об бартараф мешавад, ки мутаҳҳарот номида мешаванд.

Таҳорат аз ҳадас ҳам ба худии худ воҷиб нест, аммо барои анҷоми бархе фароизи динӣ монанди намоз, тавофи воҷиб ва ҳамчунин барои ламси оёти Қуръон воҷиб мешавад. Таҳорат аз ҳадаси асғар ба василаи вузӯъ ва таҳорат аз ҳадаси акбар бо ғусл сурат мегирад. Агар имкони вузӯъ ва ғусл набуд, ме тавон ба ҷои онҳо таяммум кард.

Таърифи фиқҳии таҳорат

Дар фиқҳ, манзур аз таҳорат, ғолибан пок будани бадан аз чизҳои наҷас ва ҳамчунин пок будан аз ҳадаси акбар ва ҳадаси асғар аст.[1] Манзур аз ҳадаси асғар чизҳое монанди идрор, мадфуъ ва бодаи меъда ва хоб аст, ки вузӯъро ботил мекунад.[2] Манзур аз ҳадаси акбар ҳам чизҳое монанди ҷанобат ва ҳамхобагӣ ва ҳайз аст, ки мӯҷиби ғусл мешавад.[3]

Дар китобҳои фиқҳӣ бахше ба номи таҳорат вуҷуд дорад, ки дар он аз анвоъи чизҳои наҷас, мутаҳҳарот, вузӯъ, ғусл ва таяммум баҳс мешавад.[4]

Таҳорат аз наҷосот

Ҳамчунин бибинед: Айни наҷас ва мутаҳҳарот

Дар аҳкоми исломӣ, ҳамаи чиз пок аст, ҷуз наҷосоти даҳгона, монанди идрор ва мадфуъи инсон ва ҳайвоноти ҳаромгӯшт ва хуни инсон ва ҳайвоне, ки хуни ҷаҳанда дорад ва хуку саг.[5] Ҳар чизе, ки бо яке аз наҷосот бархӯрд дошта бошад, наҷас мешавад ва истилоҳан мутанаҷҷис номида мешавад.[6] Наҷосати чизҳои наҷасро метавон ба василаи чизҳое монанди об рафъ кард, ки мутаҳҳирот хонда мешаванд.[7]

Ҳукми таҳорат аз наҷосот

Тибқи фатвои фақеҳон, таҳорат аз наҷосат, дар мавориди зер воҷиб мешавад: Аъзои вузӯъ, ҳангоми вузӯъ гирифтан, Оби вузӯъ ва ғусл Аъзои таяммум дар сурати имкон, Хок ва чизҳое монанди он ки бо онҳо таяммум мешавад, Маҳалли саҷда, Либос ва бадани намозгузор ва тавофкунанда.[8]

Таҳорат аз ҳадас

Ҳадас чизе аст, ки сабаби аз байн рафтани таҳорат мешавад.[9] Фақеҳон, ҳадасро ба ҳадаси акбар ва ҳадаси асғар тақсим мекунанд.[10] Масодиқи ҳадаси асғар иборатанд аз: хуруҷи идрор, мадфуъ, боди меъда, хоб, чизҳое, ки ақлро аз байн мебарад (монанди девонагӣ, мастӣ ва беҳушӣ ) ва истиҳозаи қалила.[11]

Ақсоми ҳадаси акбар ҳам инҳо ҳастанд: ҷанобат, наздикӣ, ҳайз, нифос, истиҳозаиٔ мутавассита ва касира, ва тамос бо бадани маййит.[12]

Таҳорат аз ҳадаси асғар ба василаи вузӯъ ва таҳорат аз ҳадаси акбар ба василаи ғусл сурат мегирад.[13] Дар сурати зарурат, метавон ба ҷои вузӯъ ё ғусл, таяммум кард.[14]

Ҳукми таҳорат аз ҳадас

Таҳорат аз ҳадас ба худии худ воҷиб нест, аммо барои ба ҷо овардани аъмоли зер воҷиб мешавад: Намозҳои воҷиб, ба ҷуз намози маййит Тавофи воҷиб, Ламс кардани навиштаҳои Қуръон, Ламс кардани номҳои Худо, Паёмбар ва бино ба фатвои машҳур ламс кардани номи Аҳли Байт Рӯза бино бар фатвои машҳур, Қироати сураҳои Азоим, Мондан дар масҷид Ворид шудан ба Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ, ҳатто бидуни макс.[15] Дар чаҳор мавриди нахуст, таҳорат аз ҳадаси асғару акбар, ҳар ду воҷиб аст, вале дар чаҳор мавриди охир, танҳо таҳорат аз ҳадаси акбар воҷиб аст.[16]

Таҳорат аз ҳадас, яъне вузӯъ ва ғуслу таяммум, бояд ба қасди қурбат анҷом шавад.[17]

Таҳорат дар мавориди бисёре мустаҳаб аст, ки бархе ба ин шарҳ аст: талаби ҳоҷат аз Худованд, ҳамроҳ доштани Қуръон, намози маййит, зиёрати аҳли қубур, тиловати Қуръон, ворид шудан ба масҷид.[18]

Эзоҳ

  1. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.379.
  2. Файзи Кошонӣ, Расоил, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.22.
  3. Файзи Кошонӣ, Расоил, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.22.
  4. Барои намуна, нигоҳ кунед ба Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.11, 21, 38, 106, 119, 132; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3, 8, 29, 55.
  5. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.43 - 45; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.273, 290, 294, 354, 366, ҷ.6, саҳ.2, 38, 41.
  6. Сарвар, ал-Муъҷам-уш-шомил ли-л-мусталаҳот-ил-илмияти ва-д-диния, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229.
  7. Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.132.
  8. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.239.
  9. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246 - 248.
  10. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246 - 248.
  11. Файзи Кошонӣ, Расоил, 1429ҳ.қ., ҷ.2, рисолаи 4, саҳ.22.
  12. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9; Файзи Кошонӣ, Расоил, 1429ҳ.қ., саҳ.22.
  13. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9, 17.
  14. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.38 - 39.
  15. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.237 - 238.
  16. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.238.
  17. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12, 19, 40.
  18. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.238.

Сарчашма

  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрирулвасила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
  • Сарвар, Иброҳим Ҳусайн, ал-Муъҷам-уш-шомилу ли-л-мусталаҳот-ил-илмияти ва-д-диния, Бейрут, Дорулҳодӣ, 1429ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, Расоили Файзи Кошонӣ, таҳқиқи Беҳзоди Ҷаъфарӣ, Теҳрон, мадрасаи олии шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1429ҳ.қ.
  • Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқ бо мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт 1387ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалӣ Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Мишкинии Ардабилӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дорулҳадис, 1392ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.