Талоқ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Талок)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Талоқ (арабӣ: الطلاق) барҳам задани ақд ва пайванди никоҳ бо сиғаи махсус аст. Талоқ агарчи дар Ислом амале машруъ ва ҷоиз қаламдод шуда, аммо тибқи ривоёт манфуртарин ҳалол назди Худованд ба шумор меравад.

Дар Қуръон тавсия шудааст ҳангоми бурузи ихтилоф байни зану шавҳар, хешовандони онҳо талош кунанд, байнашон оштӣ барқарор кунанд, то дар сурати имкон аз талоқ ҷилавгирӣ шавад.

Дар Қуръон бархе аз аҳкоми талоқ ва панду андарзҳое дар бораи он баён шудааст. Дар Қуръон сурае ба номи талоқ вуҷуд дорад.

Талоқ ҷузъи иқоъот аст; яъне бархилофи издивоҷ, яктарафа аст ва фақат аз тарафи мард анҷом мешавад.

Талоқ аҳкоме дорад; аз ҷумла занеро, ки баъд аз ақди издивоҷ бо ӯ омезиш шуда, наметавон дар ҳоли ҳайзу нифос талоқ дод, магар онки зан бордор бошад; ҳамчунин ду марди одил, бояд шоҳиди хондани сиғаи талоқ бошанд.

Талоқ ба ду қисми раҷъӣ ва боин тақсим мешавад.

Дар талоқи раҷъӣ мард метавонад дар замони иддаи зан, руҷуъ кунад; яъне бе хондани ақд, аз талоқ баргардад ва ӯро дубора ҳамсари худ интихоб кунад, аммо дар талоқи боин мард наметавонад руҷуъ кунад.

Таъриф

Талоқро ба маънои зоил кардани қайд ва пайванди никоҳ (барҳам задани пайванди заношӯӣ) бо сиғаи махсус, ё инҳилоли ақди никоҳи доим бо сиғаи махсус донистаанд. Талоқ монанди издивоҷ бо хондани сиға, сурат мегирад, аммо бархилофи издивоҷ, ҷузъи иқоъот аст; яъне яктарафа аст ва танҳо аз тарафи мард анҷом мешавад.

Ҷойгоҳи талоқ дар Ислом

Дар дини Ислом, агарчи талоқ амре машруъу ҷоиз аст, аммо тибқи ривоёт, манфуртарин ҳалол назди Худованд аст, ки арши Илоҳиро меларзонад.

Дар Миръот-ул-уқул, ба нақл аз Имом Содиқ (а) омадааст: Худованд хонаеро, ки дар он издивоҷ бошад, дӯст медорад ва аз хонае, ки дар он талоқ бошад, безор аст ва назди Худованд чизе манфуртар аз талоқ нест.

Дар Қуръон ҳам талоқ, амри писандидае нест; Қуръон тавсия кардааст, ки дар сурати шаклгирии ҷанҷоли байни зану шавҳар, хешовандони онҳо дар ин замина подармиёнӣ кунанд ва дар сурати имкон равобити онҳоро ислоҳ кунанд: «Ва агар аз ҷудоии миёни он ду [зану шавҳар] бим доред, пас як доваре аз хонаводаи он [шавҳар] ва як доваре аз хониводаи он [зан] таъйин кунед. Агар сари созгорӣ доранд, Худо байни он ду оштӣ хоҳад дод. Оре! Худо донои огоҳ аст!».

Гуфта шуда талоқ дар яҳудият ҷоиз ва дар масеҳият мамнуъ аст. Мамнуияти талоқ дар Инҷили Матто ба худи ҳазрати Исо (а) нисбат дода шудааст.

Иллати машруияти талоқ

Уламои мусулмон иллати ҷоиз будани талоқ бо вуҷуди манфур буданаш дар Исломро ин медонанд, ки издивоҷ сирфан амри эътиборӣ ва қарордодӣ нест, балки пайванде, табиъӣ аст, ки бар пояи алоқаву муҳаббати тарафайни издивоҷ устувор мешавад. Аз ин рӯ, илзомбардор нест; яъне наметавон ду нафарро маҷбур кард, ки якдигарро дӯст дошта бошанд ва дар канори ҳам зиндагӣ кунанд.

Ҳаққи талоқ

Навиштори аслӣ: Ҳаққи талоқ

Дар Ислом, талоқ дар ихтиёри мард аст ва зан ҷуз дар мавриде, ки ваколати талоқ аз шавҳараш дорад, наметавонад шавҳари худро талоқ диҳад.

Ба назари Муртазо Мутаҳҳарӣ иллати ин масъала ба тафовути равоншинохтии зану мард бармегардад. Алоқаю муҳаббати асилу воқеии зан ба мард, ба сурати вокунишӣ аст; яъне табиати зан ба гунае аст, ки замоне ба марде алоқаманд мешавад, ки мард ба ӯ алоқа нишон дода бошад. Бинобар ин, алоқаи зан ба мард, маълули алоқаи мард ба зан аст.

Ӯ аз ин сухан натиҷа мегирад, ки вақте марде нисбат ба ҳамсараш беалоқа мешавад, зиндагии заношӯӣ аз назари табиъӣ мурда аст ва аз ин рӯ, далеле барои идомаи он вуҷуд надорад, аммо замоне, ки зане, нисбат ба шавҳараш беалоқа мешавад, шавҳар метавонад бо ибрози муҳаббат ба зан, ӯро ба худ алоқаманд кунад.

Аҳкоми Қуръон дар бораи талоқ

Бархе аз аҳкоми Қуръон дар бораи талоқ ба шарҳи зер аст:

  • Риояти ҳуқуқи зан

«Пас, чун иддаи онон ба сар расид, [ё] ба шоистагӣ нигоҳашон доред, ё ба шоистагӣ аз онон ҷудо шавед...!»[1]

Ояти фавқ, дар бораи талоқи раҷъӣ аст, ки дар он, мард метавонад дар замони идда, ба зане, ки талоқ додааст, руҷуъ кунад; яъне дубора ӯро ҳамсари худ кунад. Оят ба мардон дастур медиҳад, ки дар замони идда, агар хостанд руҷуъ кунанд, ё аз ӯ ҷудо шаванд, дар ҳар сурат, бояд бо зан ба некӣ рафтор кунанд ва ҳуқуқи ӯро риоят кунанд.

  • Монеи издивоҷи дубора нашудан

«Ва чун занонро талоқ гуфтед, ва иддаи худро ба поён расонданд, ононро аз издивоҷ бо ҳамсарони [собиқи] худ, чунончи ба хубӣ бо якдигар рағбат намоянд, ҷилавгирӣ макунед..!»[2]

Ин оят дастур медиҳад, ки агар зану шавҳаре, ки талоқ гирифтаанд, дубора хостанд бо ҳам издивоҷ кунанд, хешовандони зан набояд аз ин кор ҷилавгирӣ кунанд.

  • Ҳадя додан

«Ва фарз аст бар мардони парҳезгор, ки занони талоқдодашударо ба шоистагӣ чизе диҳанд»[3]

Олимони шиа муътақиданд, ки ин оят дар хусуси заноне аст, ки барои онҳо меҳрияе муайян нашуда ва баъд аз издивоҷ бо онҳо омезиш нашудааст. Тибқи ин ҳукм, воҷиб аст, ки ҳангоми талоқ, ба ин занон ҳадяе тааллуқ гирад.

Сураи Талоқ

Навиштори аслӣ: Сураи Талоқ

Дар Қуръон сурае дар бораи талоқ вуҷуд дорад, ки бештари оёти он аз талоқ сухан гуфтааст. Ин сура, ки дувоздаҳ оят дорад, бархе аз аҳкоми талоқ ва панду андарзҳоеро дар бораи он баён кардааст.

Аҳком

Бархе аз аҳкоми талоқ иборат аст аз:

  • Зан бояд дар ҳангоми талоқ, аз ҳайзу нифос пок бошад. Ин шарт дар бораи зане, ки баъд аз издивоҷ бо ӯ наздикӣ нашудааст ва ҳамчунин зани бордор, вуҷуд надорад;
  • Мард набояд дар давраи покӣ (туҳр), ҳангоми талоқ ва дар ҳайз ё нифоси пеш аз он, бо ҳамсараш наздикӣ карда бошад; бинобар ин, агар дар давраи покӣ, бо зан наздикӣ карда бошад, барои талоқ бояд сабр кунад, то зан дубора ҳайз бибинаду пок шавад, сипас ӯро талоқ диҳад. Ин шарт дар хусуси зане, ки камтар аз нуҳ сол син дорад, зани бордор ва зани ёиса вуҷуд надорад;
  • Сиғаи талоқ бояд ба забони арабии саҳеҳ хонда шавад;
  • Ду марди одил, бояд шоҳиди талоқ бошанд.

Ақсом

Талоқ бо тавваҷуҳ ба ҳаққи руҷуъи мард, ба ду қисми раҷъӣ ва боин тақсим мешавад. Талоқи боин ҳам худ панҷ қисм дорад. Ҳар як аз ақсоми талоқ, аҳкоми марбут ба худро дорад.

Талоқи раҷъӣ

Навиштори аслӣ: Талоқи раҷъӣ

Талоқи раҷъӣ талоқе аст, ки дар он, дар замони идда, мард метавонад ба ҳамсараш руҷуъ кунад; яъне метавонад бе ақди издивоҷ, ӯро дубора ҳамсари худ кунад. Дар талоқи раҷъӣ, то замоне, ки зан дар иддаи талоқ аст, ҳамаи аҳкоми завҷият, ба ҷуз чанд истиснои байни завҷайн ҷорӣ аст.

Талоқи боин

Навиштори аслӣ: Талоқи боин

Талоқи боин, талоқе аст, ки дар он мард ҳаққи руҷуъ ба занро надорад. Дар талоқи боин зан чи идда дошта бошад ва чи надошта бошад, руҷуъи мард ба ӯ ҷоиз нест. Талоқҳои зер, боин маҳсуб мешаванд:

  • Талоқи духтаре, ки нуҳ солаш тамом нашудааст;

Иддаи талоқ

Навиштори аслӣ: Идда

Маҳдудаи замонии хоссеро, ки дар он издивоҷ барои зан ҷоиз нест, идда гӯянд. Идда дорои ақсоме, чун иддаи талоқ, иддаи вафот ва иддаи издивоҷи муваққат аст, ки аз назари муддат, бо ҳам фарқ доранд.

Иддаи талоқ, барои зане, ки хуни ҳайз мебинад, то шуруи сеюмин давраи ҳайз ва барои зане, ки ҳайз намебинад, се моҳ аст.

Эзоҳ

  1. Сураи Талоқ, ояти 2.
  2. Сураи Бақара, ояти 232.
  3. Сураи Бақара, ояти 242.

Сарчашма