Воқеаи ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Фотима (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рӯйдоди хонаи Фотима(а))
Маҳали кунунии хонаи Фотима (с) дар канори сутуни мураббаъатулқабр (шумораи 7 дар тасвир)
Ин мақола дар бораи воқеаҳои тахрихии ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Фотима (с) аст. Барои итилоъ аз воқеаҳои муртабит, мадхали шаҳодати ҳазрати Фотима (с)-ро бибинед.

Воқеаи ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Фотима (с) ба ҳузури Умар ибни Хаттоб ва ҳамроҳонаш ҷилави хонаи Фотима, духтари Пайғамбар барои фарохондани Алӣ ибни Абутолиб ва дигар ҳозирон дар хона барои байъат бо Абубакр ишора дорад. Бино бар нақли манобеи шиаву суннӣ, дар ин воқеа, ки пас аз реҳлати Пайғамбар (с) (28 сафари 11ҳ.қ.) рух дод, Умар ибни Хаттоб таҳдид кард, ки агар аҳли хона берун набароянд, хонаро оташ хоҳад зад.

Дар китоби Салим ибни Қайс, Исбот-ул-васият ва тафсири Айёшӣ аз манобеи нахустини шиа омадааст, ки дар ин воқеа, ки ба шикастан ва оташ задани дари хона анҷомид, (Муҳсин) ҷанини Фотима (с), сиқт шуд ва пас аз муддате, Фотима (с) ба шаҳодат расид. Манобеи аҳли суннат, оташ задани дар ва осеб дидани Фотимаро инкор карда, ровиёни онро ба рофизӣ будан муттаҳам кардаанд.

Дар бораи авомили бурузи ин воқеа гуфта шудааст, ки Абубакр ниёзманди байъати Имом Алӣ (а) буд то ҷойгоҳи хилофати худро мустаҳкам созад. Ба гуфтаи Муҳамадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ (зодаи 1327ҳ.ш.), пажӯҳишгари таърихи Ислом, ин воқеа ҳудуди 50 рӯз баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) рух додааст.

Бино бар нақли китоби Салим ва китоби ал-Имомату ва-с-сиёсат, Фотима (с) дар мулоқоте, ки Абубакру Умар бо ӯ доштанд, бо ёдоварии ҳадиси Базъат Худоро гувоҳ гирифт, ки он ду нафар ӯро озурда, хашмгин кардаанд. Дар манобеи аҳли суннат аз Абубакр нақл шудааст, ки дар охирин лаҳазоти умраш гуфт: кош дастури вуруд ба хонаи Фотимаро намедод.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Моҷарои ҳуҷум ба хонаи Фотима, баъд аз воқеаи Сақифа ва бо ҳадафи байъат гирифтан аз Имом Алӣ (а) барои хилофати Абубакр рух дод,[1] ки ба шаҳодати Фотима (с) анҷомид,[2] ва аз масоили таъсиргузор бар равобити шиаён ва аҳли суннат будааст. Бархе аз манобеи нахустини шиа ҳамчун китоби Салим, Исбот-ул-васият, тафсири Айёшӣ ва Далоил-ул-имомат, воқеаи ҳуҷум ва паёмадҳои онро гузориш кардаанд[3] ва дар муқобил, манобеи аҳли суннат, оташ задани дар ва сиқт шудани Муҳсинро инкор карда, ровиёни онро рофизӣ ва ғайримувассақ хондаанд.[4]

Азодории шиаён дар айёми Фотимия

Шиаён дар солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотима (с) ки айёми Фотимия номида мешавад, азодорӣ мекунанд.[5]

Ҷойгоҳи хонаи Фотима ва аҳолии он

Мақолаи аслӣ: Аҳли Байт

Дар ривояте аз шиаву суннӣ омадааст, ки Пайғамбар (с) хонаи Фотима ва Алиро аз беҳтарин масодиқи хонаҳое муаррифӣ мекард, ки дар ин оят омадааст: «فِی بُیوتٍ أَذِنَ اللهُ أَن تُرْ‌فَعَ وَیذْکرَ فِیهَا اسْمُهُ یسَبِّحُ لَهُ فِیهَا بِالْغُدُوِّ وَالْآصَالِ؛»; дар хонаҳое, ки Худо рухсат додааст, ки [қадр ва манзалати] онҳо рафъат ёбад ва номаш дар онҳо ёд шавад. Дар он хонаҳо ҳар бомдоду шомгоҳ Ӯро тасбеҳ мегӯянд».[6]

Дар манобеи шиа ва аҳли суннат, шаъни нузули оёте аз Қуръон муртабит бо аҳолии хонаи ҳазрати Фотима (Имом Алӣ (а), Фотима (с), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а)) дониста шудааст, аз ҷумла ояти Итъом[7] ва ояти Татҳир.[8]

Омилҳо ва заминаҳо

Мақолаҳои аслӣ: Воқеаи Ғадир ва воқеаи Сақифаи Банӣ Соида

Пас аз реҳлати Пайғамбар (с), иддае аз муҳоҷирону ансор дар иҷтимоъе, ки дар Сақифаи Банӣ Соида ташкил шуд, бар хилофати Абубакр тавофуқ ва бо ӯ байъат карданд.[9] Ба гуфтаи Ибни Касир, байъат бо Абубакр пеш аз тадфин Пайғамбар анҷом шуд;[10] дар соъоте, ки Имом Алӣ (а) машғули омода сохтани пайкари Пайғамбар барои дафн буд.[11]

Пайғамбар (с) дар 18 зилҳиҷҷаи соли даҳуми ҳиҷрӣ дар бозгашт аз ҳаҷҷатулвадоъ, Алӣ ибни Абитолиб (а)-ро ба унвони ҷонишини худ муаррифӣ карда буд[12] ва Умар ибни Хаттоб аз касоне буд, ки дар он рӯз ба ӯ табрик гуфт.[13]

Ба гуфтаи Ҳусайн Муҳаммад Ҷаъфарӣ, муаллифи китоби Ташайюъ дар масири таърих, Абубакр ва Умар аз тарси вокуниши ҷиддии Имом Алӣ (а) ё тарафдоронаш, ононро ба байъат фарохонданд ва вақте бо худдории онон рӯбарӯ шуданд, аз зур истифода карданд.[14]

Шарҳи воқеа

Бино бар нақли Яъқубӣ, муаррихи қарни сеюм, дар воқеаи Сақифаи Банӣ Соида бархе саҳоба ҳамчун Аббос ибни Абдулмуталлиб, Фазл ибни Аббос, Салмони Форсӣ, Абузари Ғифорӣ, Аммори Ёсир ва Бароъ ибни Озиб аз байъат бо Абубакр худдорӣ карданд.[15] Ба гуфтаи Сайидмуртазои Аскарӣ, таърихпажӯҳи қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ, ҳамон касоне, ки бо Абубакр байъат накарданд, ҳамроҳ бо Имом Алӣ (а) дар хонаи Фотима (с) таҳассун карданд.[16] Табарӣ Талҳа ва Зубайрро низ ҷузви таҳассункунандагон ном бурдааст.[17]

Дастури Абубакр ба байъат гирифтан аз Алӣ (а) ва ҳамроҳонаш

Абубакр пас аз поёни байъат суроғи бархе аз саҳобаро гирифт, ки бо ӯ байъат накарда буданд.[18] Бино бар нақли китоби ал-Имомату ва-с-сиёсат, мансуб ба Ибни Қутайба, Абубакр дар чаҳор навбат Умар ва Қунфузро ба хонаи Фотима фиристод, то Алӣ (а) ва мутаҳассинон дар хонаи ӯро барои байъат фарохонанд.[19] Бар асоси ин нақл, дар навбати аввал, мардоне, ки дар хона буданд, баъд аз таҳдиди Умар берун баромада, байъат карданд, ғайр аз Имом Алӣ (а) ки гуфт, савганд хӯрдааст, то замоне, ки Қуръонро ҷамъоварӣ накунад, аз хона берун намебарояд. Абубакр дар навбати дувум ва сеюм Қунфузро ба хонаи Фотима фиристод, ки ӯ низ посухи манфӣ шунид. Дар навбати чаҳорум, Умар бо ҳамроҳии иддае ба хонаи Фотима рафт, Алӣ (а)-ро берун бароварда, назди Абубакр барад.[20] Ба гуфтаи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, пажӯҳишгари таърихи Ислом ва ташайюъ, Абубакр се бор афродеро ба хонаи Имом Алӣ (а) фиристод ва дархости байъат кард; дар навбати аввалу дувум, Имом Алӣ онҳоро бозгардонд, бори сеюм халифа ва тарафдоронаш шиддати амал ба харҷ доданд.[21]

{{Имом Алӣ (а) дар бораи ҳаводиси пас аз реҳлати Пайғамбар (с) фармуд:

Ва чун Худо фиристодаи худро назди хеш бурд, гурӯҳе ба гузашта баргаштанд ва бо паймудани роҳҳои гуногун ба гумроҳӣ расиданд ва ба дӯстоне, ки худ гузиданд, пайвастанд ва аз хешованд гусастанд. Аз василате, ки ба дӯстии он маъмур буданд, ҷудо афтоданд ва бунёнро аз бун барафканданд ва дар ҷои дигар бино ниҳоданд.

Наҳҷулбалоға, хутбаи 150, тарҷумаи Шаҳидӣ.}}

Дар китоби ал-Ихтисоси мансуб ба Шайхи Муфид омадааст, ки вақте Алӣ (а)-ро ба самти масҷид мебурданд, Зубайр, ки ҷузви ҳозирон дар хонаи Фотима (с) буд шамшер кашида, гуфт: эй фарзандони Абдулмуталлиб! Оё шумо зиндаеду бо Алӣ ингуна бархӯрд мешавад?! Ӯ ба самти Умар ҳамла кард, вале Холид ибни Валид ба самти ӯ санге партоб кард, шамшер аз дасти ӯ афтод. Умар шамшерро бардошту бар санге кӯбид, шамшер шикаст.[22] Бино бар нақли Табарӣ, муаррихи қарни сеюм, Зубайр ҳангоми берун омадан аз хонаи Фотима пояш лағзид, шамшер аз дасташ афтод.[23]

Пас аз он Алӣ (а)-ро назди Абубакр бурданд ва ӯро таҳдид карданд, ки агар байъат накунад, гарданаш зада хоҳад шуд.[24] Дар китоби Салим омадааст, ки Алӣ (а) дар он ҷамъ ба эҳтиҷоҷ пардохт ва суханони Пайғамбар (с) дар рӯзи Ғадир ва мавориди дигар дар бораи ҷонишинии худро барои ҳозирон ёдоварӣ кард, вале Абубакр гуфт аз Пайғамбар шунидааст, ки набуввату хилофат дар Аҳли Байти ӯ ҷамъ намешавад.[25]

Ба гуфтаи Шайхи Муфид, Имом Алӣ рӯзи Сақифа бо Абубакр байъат накард, вале дар бораи инки оё баъдҳо байъат карда, ё на, нақлҳои мухталифе вуҷуд дорад; аз ҷумла инки пас аз чиҳил рӯз ё шаш моҳ ё пас аз шаҳодати Фотима (с) байъат кард. Шайхи Муфид мӯътақид аст, ки Алӣ (а) ҳеҷгоҳ байъат накард.[26]

Бино бар ривояте, вақте Алӣ (а)-ро таҳдид карданд, ки агар байъат накунад гарданаш зада хоҳад шуд, Аббос амаки Пайғамбар барои наҷоти Алӣ (а) дасти ӯро гирифта, бар дасти Абубакр кашид ва онон низ Алӣ (а)-ро раҳо карданд,[27] вале бино бар нақли «ал-Имомату ва-с-сиёсат» Абубакр гуфт Алиро то замоне, ки Фотима дар канори ӯст, маҷбур ба байъат намекунад.[28]

Вокуниши Фотима (с)

Баъд аз онки фиристодагони Абубакр дар навбати аввал барои бурдани Алӣ (а) ва ҳамроҳонаш ба хонаи Фотима рафтанд, Фотима (с) канори дар рафту гуфт: «ҳеҷ қавме суроғ надорам, ки ҳузурашон бадтар аз шумо бошад; шумо ҷанозаи Расули Худо (с)-ро дар муқобили мо раҳо кардед ва тасмими худ [дар бораи хилофат]-ро гирифтед ва назари моро напурсидед ва ҳаққи моро ба мо вогузор накардед!».[29]

Дар навбати чаҳорум, ки Умар барои бурдани Имом Алӣ рафт, Фотима (с) фарёд зад: «эй падар! Эй Расули Худо! Мо баъд аз Ту аз писари Хаттоб ва писари Абуқаҳофа чиҳо кашидем!» иддае аз ҳамроҳони Умар бо шунидани ин сухан мутаассир шуданду баргаштанд.[30]

Ба гуфтаи Яъқубӣ, Фотима хитоб ба касоне, ки зурӣ карда вориди хонааш шуда буданд, гуфт: «ба Худо савганд, агар берун наравед, ба сӯи Худои фарёди додхоҳӣ сар хоҳам дод!», бо ин сухани Фотима, ҳамаи касоне, ки дар хона буданд, берун баромаданд.[31] Абубакри Ҷавҳарӣ (даргузашт 323ҳ.қ.) дар китоби «ас-Сақифату ва Фадак» овардааст, ки вақте Умар Алӣ (а)-ро бо зурӣ аз хона берун бурд, Фотима канори дар хона рафту хитоб ба Абубакр гуфт: «чӣ зуд бар Аҳли Байти Расули Аллоҳ ҳамлавар шудед! Ба Худо савганд, бо Умар сухан нахоҳам гуфт, то Худоро мулоқот кунам!».[32] [Ёддошт 1] Бино бар ҳамин ривоят, Абубакр баъдҳо назди Фотима (с) рафта, барои Умар шафоат кард ва Фотима аз ӯ розӣ шуд.[33] Бо ин ҳол, бар пояи ривояте, ки дар Саҳеҳ Бухорӣ омадааст, Фотима аз Абубакр ба хотири мусодираи Фадак низ хашмгин буд ва то зинда буд аз ӯ розӣ нашуд ва бо ӯ сухан нагуфт.[34]

Дар тафсири Айёшӣ низ омадааст, вақте Алӣ (а)-ро аз хонаи берун бароварданд, Фотима (с) назди Абубакр рафту гуфт, агар Алиро раҳо накунед, назди қабри Пайғамбар хоҳам рафт ва бо мӯи парешон ба Худо шикоят хоҳам кард. Имом Алӣ (а) Салмонро назди Фотима (с) фиристод, то ӯро аз ин кор боздорад. Фотима чун паёми Алӣ (а)-ро шунид, ба хона бозгашт.[35]

Таҳдид ба оташ задани хона

Бино бар ончӣ дар бархе манобеи аҳли суннат, аз ҷумла ал-Иқд-ул-фарид,[36] Таърихи Табарӣ,[37] Ансоб-ул-ашроф,[38] ал-Мусаннаф,[39] ва ал-Имомату ва-с-сиёсат[40] зикр шудааст, Умар ибни Хаттоб ба фармони Абубакр ба хонаи Фотима рафт, то Алӣ (а) ва ҳамроҳонашро барои байъат бибарад, ва вақте бо худдории аҳолии хона рӯбарӯ шуд, дастури ҷамъоварии ҳезум дода, таҳдид кард, ки хонаро бо аҳлаш ба оташ хоҳад кашид. Ба гуфтаи Ибни Абдураббиҳ, адиб ва муаррихи қарни сеюм ва чаҳоруми ҳиҷрӣ, Абубакр ба Умар гуфт, агар аҳли хона аз берун баромадан худдорӣ карданд, бо онон биҷанг. Умар, дар ҳоле ки машъали оташе дар даст дошт, таҳдид кард агар аҳли хона байъат накунанд, хонаро оташ хоҳад зад.[41] Бино бар нақли ал-Имомату ва-с-сиёсат вақте Умар чунин таҳдиде кард, ба ӯ гуфтанд, Фотима дар ин хона аст, Умар дар посух гуфт: «агарчӣ ӯ дар хона бошад!»[42]

Дар манобеи торихӣ, номи бархе касоне, ки Умарро дар ин ҳуҷум ҳамроҳӣ мекардаанд, омадааст; аз ҷумла Усайд ибни Ҳузайр, Салама ибни Салома ибни Вақш, [Ёддошт 2] Собит ибни Қайс ибни Шаммоси Хазраҷӣ,[43] Абдураҳмон ибни Авф, Муҳаммад ибни Мусаллама[44] ва Зайд ибни Аслам.[45]

Сайидҷаъфари Шаҳидӣ мӯътақид аст, таҳдиди Умар ба оташ задани хонаи Фотима, ки дар Ансоб-ул-ашроф[46] ва ал-Иқд-ул-фарид[47] аз манобеи аҳли суннат нақл шудааст, наметавонад ҷаълӣ ва сохтаи ҳавохоҳони шиа, ё дастаҳои сиёсии мувофиқи онон бошад; чароки онон дар садаҳои нахуст қудрате надоштанд ва дар ақаллият буданд. Ба илова, ин гузориш дар манобеи мағриби исломие, ки шиаён дар он ҳузур надоштанд, низ сабт шудааст.[48] Шаҳидӣ бар ин бовар аст, ки ҳозиршудагони дар Сақифа бештар дағдағаи ҳукумат доштаанд, то дағдағаи дин.[49]

Оташ задани дар, осеб дидани Фотима (с) ва сиқт шудани Муҳсин

Дар бархе манобеи қадимии шиа нақл шудааст, ки дар воқеаи ҳуҷум ба хонаи Фотима, дари хонаро оташ заданд, Фотима (с) осеб дид ва ҷанинаш сиқт шуд. Дар китоби Сулайм ибни Қайс омадааст, ки Умар ибни Хаттоб, таҳдиди худро амалӣ кард ва дари хонаи Фотима (с)-ро оташ зада, вориди хона шуд ва вақте бо муқовимати Фотима (с) рӯбарӯ шуд, бо ғилофи шамшер ба паҳлуи ӯ зад.[50] Ҳамчунин дар китоби Исбот-ул-васияти мансуб ба Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ, муаррихи қарни чаҳорум омадааст: «ба хона ҳуҷум карда, дари онро оташ заданд, ва Алӣ (а)-ро бо зӯр берун бароварданд ва сарвари занонро пушти дар фишор доданд, ба тавре, ки Муҳсин сиқт шуд!».[51] Дар нақли Далоил-ул-имомат омадааст, ки Умар ба Қунфуз дастур дод Фотима (с)-ро бизанад.[52]

Айёшӣ, муҳаддиси шиа дар асри Ғайбати суғро низ гуфтааст, ки Умар бо лагад ба дари хона, ки аз шохаҳои нахл дуруст шуда буд, кӯбида, онро шикаст ва ба даруни хона даромада, Алӣ (а)-ро китфбаста берун баровард.[53]

Замони воқеа

Ҳамчунин бибинед: Айёми Муҳсиния

Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, пажӯҳишгари таърихи Ислому ташайюъ, бар асоси шавоҳиде мӯътақид аст, замони ҳуҷум ба хонаи Фотима (с) билофосила баъд аз воқеаи Сақифа ва байъат бо Абубакр набуда, балки ҳудуди 50 рӯз ё бештар баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) рух додааст.[54] Яке аз шавоҳиди ӯ он аст, ки фарде ба номи Бурайда ибни Ҳусайби Асламӣ, ки ҳамроҳи сипоҳи Усома ба сӯи Мута рафта буд, баъд аз бозгашт ба Мадина ва хабардор шудан аз моҷарои Сақифа, ҳамроҳ бо иддае аз афроди қабилаи худ ба тарафдории Имом Алӣ (а) пардохтанду гуфтанд, то Алӣ байъат накунад, мо байъат намекунем. Баъд аз ин моҷаро буд, ки халифа ва атрофиёнаш ба фикри байъат гирифтан аз Имом Алӣ (а) афтоданд. Ба гуфтаи Юсуфии Ғаравӣ бо тавваҷуҳ ба замони рафту баргашти сипоҳ ва ҳаводиси қабл ва баъд аз он, моҷарои ҳуҷум ҳудуди 50 рӯз баъд аз реҳлати Пайғамбар рух додааст.[55]

Паёмадҳо

Паёмадҳое барои ҳуҷум ба хонаи Фотима зикр шудааст; аз ҷумла:

Нохушнудии Фотима (с) аз Абубакру Умар

Ҳамчунин бибинед: Ҳадиси Базъат

Дар китоби Сулайм ибни Қайс ва ал-Имомату ва-с-сиёсат ва Далоил-ул-имомат омадааст, ки пас аз воқеаи ҳуҷум ба хонаи Фотима, Абубакр ва Умар дар садади узрхоҳӣ ва ҷалби ризояти Фотима баромаданд ва ба мулоқоти ӯ рафтанд. Фотима (с) онҳоро напазируфт, вале он ду Имом Алӣ (а)-ро восита қарор доданд ва бо Фотима дидор карданд. Дар ин дидор, Фотима (с) аз он ду рӯйгардонд ва ин сухани Пайғамбар (с) ки «Фотима, пораи тани ман аст, ҳар кас ӯро биёзорад, маро озурдааст» ба онҳо ёдоварӣ кард, сипас гуфт, ман Худоро гувоҳ мегирам, ки шумо ду нафар маро озурда, хашмгин кардед!.[56] [Ёддошт 3]

Сиқт шудани Муҳсин ва шаҳодати Фотима (с)

Мақолаҳои аслӣ: Муҳсин ибни Алӣ (а), шаҳодати ҳазрати Фотима (с) ва айёми Муҳсиния

Қадимитарин манбаъе, ки сиқт шудани Муҳсин (а) дар моҷарои ҳуҷум ба хонаро нақл кардааст, китоби Сулайм ибни Қайс аз манобеи қарни аввали ҳиҷрӣ аст ва бештари манобеи баъдии шиа ҳамчун ал-Эҳтиҷоҷ, таълифи Аҳмад ибни Алии Табарсӣ, Ғоят-ул-маром, таълифи Сайидҳошими Баҳронӣ ва Биҳор-ул-анвор, таълифи Аллома Маҷлисӣ ин хабарро ба нақл аз он овардаанд.[57]

Пушаймонии Абубакр

Дар бархе манобеи аҳли суннат ҳамчун Таъриху мадинати Димишқ[58] таълифи Ибни Асокир, ал-Муъҷам-ул-кабир[59] таълифи Табаронӣ ва Таърих-ул-Ислом[60] таълифи Заҳабӣ омадааст, ки Абубакр дар охирин лаҳзаҳои умри худ аз анҷоми се кор ибрози таассуф ва пушаймонӣ карда аз ҷумла гуфт, ки кош дастури вуруд ба хонаи Фотимаро намедод.

Дидгоҳи аҳли суннат

Гузоришҳои марбут ба таҳдиди Умар ибни Хаттоб ба оташ задани хонаи Фотима (с), дар манобеи аҳли суннат ҳамчун Ансоб-ул-ашроф,[61] Таърихи Табарӣ,[62] ал-Иқд-ул-фарид,[63] ал-Мусаннаф,[64] ва ал-Имомату ва-с-сиёсат[65] омадааст, вале оташ задани дар хона ва осеб дидани Фотима (с) дар асари фишори дар ва сиқт шудани Муҳсин аз сӯи онҳо инкор шуда ва ровиёни ин гузориши муттаҳам ба рофизӣ будан шудаанд.

Муҳаммад ибни Абдукарими Шаҳристонӣ, фирқашиноси ашъаримазҳаб (даргузашти 548ҳ.қ.) дар муаррифии ороъи Абуҳузайл (поягузори фирқаи ҳузайлия аз фирқаҳои мӯътазила) мегӯяд, ки онҳо мӯътақиданд Умар дар рӯзи байъат гирифтан, ба Фотима осеб расонда ва сабаб шуд ҷанини ӯ сиқт шавад. Шаҳристонӣ ин гузоришро дурӯғ мехонад.[66]

Халил ибни Айбаки Сафдӣ (даргузашти 746ҳ.қ.) дар ал-Вофӣ би-л-вафаёт дар муаррифии Иброҳим ибни Сайёр маъруф ба Низом аз бузургони мӯътазила, ӯро мутамойил ба рофиза медонад ва аз қавли ӯ нақл мекунад, ки Умар ба Фотима осеб расонда, сабаби сиқт шудани Муҳсин шудааст.[67]

Такнигорӣ

Дар бораи воқеаи ҳуҷум, китобҳои мустақиле нигориш шудааст; аз ҷумла:

  • Ал-Ҳуҷум ала байти Фотима алайҳоссалом, навиштаи Маҳдӣ Абдуззаҳро ба забони арабӣ. Ҳадафи китоб, ироаи тасвири возеҳ аз моҷарои ҳуҷум аз манобеи мӯътабари шиа ва аҳли суннат баён шудааст. Гузидаи ин китоб бо унвони «Нигарише ба аснод ва мадорики ҳуҷум ба хонаи Сиддиқаи Тоҳира (с) аз қарни аввали ҳиҷрӣ то кунун» тарҷума ва тавассути ноширони мухталиф чоп ва мунташир шудааст.[68]
  • Ҳақиқати ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) аз манобеи омма, асари Ҷаъфари Табрезӣ ба забони форсӣ. Ба гуфтаи нависанда, ин китоб дар бораи маҷмӯи воқеаҳо ва ситамҳое аст, ки баъд аз реҳлати Пайғамбар (с) дар ҳаққи ҳазрати Фотима (с) иттифоқ афтодааст. Ин китоб дар садад аст, ки воқеаи ҳуҷумро аз манобеи аҳли суннат истихроҷ ва нақл карда ва ба шубаҳоти он посух диҳад.[69] Ин китоб бо унвони «ал-Ҳуҷум ала байт ас-Сайида Фотимат аз-Заҳро (а) мин-ал-эътидо ило-л-эътироф (билисони масодири аҳлис-суннати ва-л-ҷамоъа)» ба забони арабӣ тарҷума шудааст.[70]

Дар адабиёт

Дар шеърҳои шоирон намунаҳое аз ташреҳи ҳаводиси муртабит бо зиндагонии ҳазрати Заҳро (с) мушоҳида мешавад. Ашъори Муҳаммадҳусайн Ғаравии Исфаҳонӣ машҳур ба Компанӣ яке аз ин намунаҳо аст:

То дари Байтулҳаром аз оташи бегона сӯхт

Каъба вайрон шуд, ҳарам аз сӯзи соҳибхона сӯхт

Шамъи базми офариниш бо ҳазорон ашку оҳ

Шуд чунон к-аз дуди оҳаш синаи кошона сӯхт

Оташе дар Байти маъмури вилоят шуъла зад

То абад зон шуъла ҳар маъмуру ҳар вайрона сӯхт

Оҳ аз он паймоншикан к-аз кинаи Хуми Ғадир

Оташе афрухт, то ҳам Хуму ҳам паймона сӯхт

Лайлии ҳусни қидам чун сӯхт аз сар то қадам

Ҳамчу Маҷнун, ақли раҳбарро дили девона сӯхт

Гулшани Фаррух фари тавҳид ондам шуд табоҳ

К-аз сумуми ширки он шохи гули фарзона сӯхт

Ганҷи илму маърифат шуд туъмаи афъисифат

То ки аз бедоди дунон, гавҳари якдона сӯхт

Ҳосили боғи набувват рафт бар боди фано

Хирмане дар орзӯи хоми обу дона сӯхт

Каркаси дун панҷа зад бар рӯи товуси азал

Оламе аз ҳасрати он ҷилваи мастона сӯхт

Оташе оташпарасте дар ҷаҳон афрӯхта

Хирмани Ислому динро то қиёмат сӯхта[71]

Ҷусторҳои вобаста

Воқеаи Сақифа

Воқеаи Фадак

Эзоҳ

  1. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31.
  2. Табарии Имомӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.134.
  3. Салим ибни Қайс, китоби Салим ибни Қайс, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150; Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.146; Айёшӣ, тафсири ал-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.67.
  4. Сафдӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.15; Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1405ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.578; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, 2002м., ҷ.1, саҳ.609.
  5. «Айёми шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар Покистон», хабаргузории Эрно; «маросими сӯгвории шаҳодати ҳазрати Фотима (с) дар Ҷумҳурии Озарбойҷону Тоҷикистон», радиои Эрони тоҷик; сӯгвории айёми Фотимия дар маркази исломии маркази Исломии Ҳамбург», хабаргузории Меҳр.
  6. Сураи Нур, ояти 36; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Дорулфикр, ҷ.6, саҳ.203; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.313.
  7. Ба унвони намуна нигоҳ кунед ба: Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.10, саҳ.211; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, Дорулмаърифат, ҷ.10, саҳ.611 ва 612; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.403 - 408; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.746.
  8. Нигоҳ кунед ба: Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.699; Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.403; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1420ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.264 - 267; Ибни Абиҳотам, тафсири ал-Қуръон-ил-азим, мактабат Назор Мустафо Албоз, ҷ.9, саҳ.341 - 343.
  9. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.206; Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.327.
  10. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорулфикр, ҷ.5, саҳ.248.
  11. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.212.
  12. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорулфикр, ҷ.5, саҳ.209 - 210; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.233; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  13. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.284; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  14. Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, 1386ҳ.ш., саҳ.67 - 68.
  15. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.124.
  16. Аскарӣ, Сақифа: баррасии наҳваи шаклгирии ҳукумат пас аз Пайғамбар, 1387ҳ.ш., саҳ.99.
  17. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.202.
  18. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31.
  19. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31.
  20. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31.
  21. Юсуфии Ғаравӣ, “Таърихи ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Заҳро», саҳ.14.
  22. Мансуб ба Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.186.
  23. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.202.
  24. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31.
  25. Салим ибни Қайс, китоби Салим ибни Қайс, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153 - 155.
  26. Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.56 - 57.
  27. Айёшӣ, тафсири ал-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.68.
  28. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31.
  29. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.33, саҳ.360.
  30. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.33, саҳ.360.
  31. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.126.
  32. Ҷавҳарӣ, ас-Сақифату ва Фадак, 1401ҳ.қ., саҳ.53 ва Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, ношир: мактабат Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ (раҳ), ҷ.2, саҳ.57.
  33. Ҷавҳарӣ, ас-Сақифату ва Фадак, 1401ҳ.қ., саҳ.53.
  34. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.149, ҳадиси 6726.
  35. Айёшӣ, тафсири ал-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.67.
  36. Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, Дорулкутубилъилмия, ҷ.5, саҳ.13.
  37. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.202.
  38. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.586.
  39. Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1425ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.469.
  40. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30.
  41. Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, Дорулкутубилъилмия, ҷ.5, саҳ.13.
  42. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31.
  43. Шайбонии Бағдодӣ, ас-Суннат, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.553; Диёрбакрӣ, Таърих-ул-хамис, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.169.
  44. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорулфикр, ҷ.5, саҳ.250.
  45. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷулҳақ, 1982м., саҳ.271.
  46. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.586.
  47. Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.13.
  48. Шаҳидӣ, Зиндагонии Фотимаи Заҳро, 1363ҳ.ш., саҳ.109.
  49. Шаҳидӣ, Зиндагонии Фотимаи Заҳро, 1363ҳ.ш., саҳ.111 - 112.
  50. Сулайм ибни Қайс, китоби Сулайм ибни Қайс, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150.
  51. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.146.
  52. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.134.
  53. Айёшӣ, тафсири ал-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.67.
  54. Юсуфии Ғаравӣ, «Таърихи ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Заҳро», саҳ.9 - 14.
  55. Юсуфии Ғаравӣ, «Таърихи ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Заҳро», саҳ.9 - 14.
  56. Сулайм ибни Қайс, китоби Сулайм ибни Қайс, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.869; Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.31; Табарии Имомӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.134 - 135.
  57. Аллоҳакбарӣ, «Муҳсин ибни Алӣ (а)», саҳ.69.
  58. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.422.
  59. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, Қоҳира, ҷ.1, саҳ.62.
  60. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.118.
  61. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.586.
  62. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.202.
  63. Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, Дорулкутубилъилмия, ҷ.5, саҳ.13.
  64. Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1425ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.469.
  65. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30.
  66. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, Дорулмаърифат, ҷ.1, саҳ.57.
  67. Сафдӣ, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.15.
  68. Абдуззаҳро, Нигарише ба аснод ва мадорики ҳуҷум ба хонаи Сиддиқаи Тоҳира (с), 1391ҳ.ш., саҳ.10.
  69. Табрезӣ, Ҳақиқати ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) аз манобеи омма, 1397ҳ.ш., саҳ.10 ва 11.
  70. «Ал-Ҳуҷум ала байт ас-Сайида Фотимат аз-Заҳро (а) мин-ал-эътидо ило-л-эътироф (билисони масодири аҳлис-суннати ва-л-ҷамоъа)» шабакаи ҷомеъи китоби гесуам.
  71. Ғаравии Исфаҳонӣ, Девони шеър, нашри дорулкутубил-исломия, саҳ.42.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ибни Абиҳотам, Абдураҳмон ибни Муҳаммад, тафсири ал-Қуръон-ил-азим, таҳқиқ: Асъад Муҳаммад ат-Тайиб, Макка, мактабат Назор Мустафо Албоз, бе то.
  • Ибни Абишайба, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Мусаннаф, таҳқиқи Муҳаммад Лаҳидон, Риёз, мактабат алрушд, 1425ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, Бейрут, Дорулбашоирил-исломия, 2002м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, алтабъатул уло, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Абдураббиҳ, Аҳмад, ал-Иқд-ул-фарид, бе ҷо, Дорулкутубилъилмия, бе то.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дорулфикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, Қум, Сайиди Разӣ, 1413ҳ.қ.
  • Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, бе то.
  • Ибни Ҳишом, Ҳишом ибни Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, Миср, ширкат мактабат ва матбаъат Мустафо Албобӣ Алҳалабӣ ва авлодуҳ, дувум, 1375ҳ.қ.
  • Абуҳаён Тавҳидӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Басоир ва ал-захоир, Бейрут, Дорусодир, 1408ҳ.қ.
  • Абунаими Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Маърифат-ус-саҳоба, Риёз, Дорулватан лин-нашр, 1419ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Қум, Разӣ, 1421ҳ.қ.
  • Аллоҳакбарӣ, Муҳаммад, «Муҳсин ибни Алӣ (а)», маҷаллаи Тулӯъ, соли ҳаштум, шумораи 29, 1388ҳ.ш.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорултаъоруф, 1403ҳ.қ.
  • «Айёми шаҳодати ҳазрати Фотима Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар Покистон», хабаргузории Эрно, интишор 18 фарвардини 1399ҳ.ш., мушоҳида 2 хурдоди 1400ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, муассисаи Беъсат, бе то.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир Алносир, Дорутавқин-наҷот, алтабъатул уло, 1422ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Дорулфикр, 1417ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҳақиқати ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) аз манобеи омма, Дорус-Сиддиқатуш-шаҳида, 1397ҳ.ш.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулваҳҳоб Абдуллатиф, Бейрут, Дорулфикр, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Ҳусайни Муҳаммад, Ташайюъ дар масири таърих, Теҳрон, тарҷумаи Муҳаммадтақии Оятуллоҳӣ, дафтари нашри фарҳанги Исломӣ, чаҳордаҳум, 1386ҳ.ш.
  • Ҷавҳарии Басрӣ, Абубакр Аҳмад ибни Абдулъазиз, ас-Сақифату ва Фадак, Бейрут, ширкат алкутубӣ лилтабоъати ван-нашр, дувум, 1401ҳ.қ.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршоди Исломӣ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Диёрбакрӣ, Ҳусайн, Таърих-ул-хамис, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, 1413ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, Бейрут, муассисат алрисолат, 1405ҳ.қ.
  • Сулайм ибни Қайс, китоби Сулайм ибни Қайс, Қум, Алҳодӣ, 1420ҳ.қ.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Вафоъ-ул-вафоъ биахбори дор-ил-Мустафо, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 2006м.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дорулфикр, бе то.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
  • Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Зиндагонии Фотимаи Заҳро, Теҳрон, дафтари нашри фарҳанги Исломӣ, 1363ҳ.ш.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, мактабат Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ал-Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Шайбонии Бағдодӣ, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ас-Суннат, Димом (Саъудӣ), Дору Ибни-л-Қайим, 1406ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, интишороти Исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Сафдӣ, Халил ибни Айбак, ал-Вофӣ би-л-вафаёт, Бейрут, Дору эҳёилтурос, 1420ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, Қоҳира, мактабат Ибни Таймия, 1415ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
  • Табарии Имомӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, ал-Мустаршид фи-л-имомат, Қум, Кушонпур, 1415ҳ.қ.
  • Табарии Имомӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Далоил-ул-имомат, Қум, Беъсат, 1413ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, муассисат алаъламӣ, Бейрут, чаҳорум, 1403ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи таъвил-ил-Қуръон, Бейрут, муассисат алрисолат, 1420ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Абдуззаҳро, Маҳдӣ, Нигарише ба аснод ва мадорики ҳуҷум ба хонаи Сиддиқаи Тоҳира (с) аз қарни аввали ҳиҷрӣ то кунун, Теҳрон, нашри так, чопи панҷум, 1391ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, Бейрут, Дорулкитобил лубнонӣ, 1982м.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, тафсири ал-Айёшӣ, таҳқиқи Сайидҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, алматбаъатулъилмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёилтурос, 1420ҳ.қ.
  • Ганҷии Шофеӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Кифоят-ут-толиб фи маноқиби Алӣ ибни Абитолиб, Теҳрон, Дору эҳёи туроси Аҳлилбайт‏, дувум, 1404ҳ.қ.
  • «Маросими сӯгвории айёми Фотимия дар маркази Исломии маркази Исломии Ҳамбург», хабаргузории Меҳр, интишор 14 исфанди 1395ҳ.ш., мушоҳида 2 хурдоди 1400ҳ.ш.
  • «Маросими сӯгвории шаҳодати ҳазрати Фотима (с) дар Ҷумҳурии Озарбойҷону Тоҷикистон», радиои Эрони тоҷик, интишор 25 фарвардини 1392ҳ.ш., мушоҳида 2 хурдоди 1400ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият, Қум, Ансориён, 1384ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқ: Асъад Доғир, Қум, Дорулҳиҷрат, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, тасҳеҳи Алӣ Миршарифӣ, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуд Муҳаррамии Зарандӣ, Қум, ал-муътамарул-оламӣ лиалфият аш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, 1413ҳ.қ.
  • Мунтазирии Муқаддам, Ҳомид, «Рашк бар Амиримӯъминон (а) даромаде бар равоншиносии муносибот дар таърихи Ислом», маҷаллаи таърих дар оинаи пажӯҳиш, соли 1383ҳ.ш., шумораи 3.
  • Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абибакр, Маҷмаъ-уз-завоид, Қоҳира, мактабат алқудсӣ, 1414ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, бе то.
  • Юсуфии Ғаравӣ, Муҳаммадҳодӣ, «Таърихи ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Заҳро (алайҳоссалом)», Оинаи пажӯҳиш, шумораи 27, поизи 1379ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found