18 зилҳиҷҷа
18 зилҳиҷҷа дар тақвими ҳиҷрии қамарии қарордодӣ сесаду чилу сеюмин рӯзи сол аст.
- Поёни тӯфони Нӯҳ (а)
- Гулистон шудани оташи Намруд бар ҳазрати Иброҳим (а) (бинобари ривоёт)
- 10ҳ.қ. Нузули ояти таблиғ дар мавриди хилофат ва васояти Имом Алӣ (а)
- 10ҳ.қ. Иди Ғадир бузургтарин иди шиаён; дар ин рӯз Пайғамбари Акрам (с) ба дастури Худо Имом Алӣ (а)-ро ба мақоми хилофат ва имомат мансуб кард.
- 10ҳ.қ. Нузули ояти икмол дар бораи воқеаи Ғадири Хум ва вилояти Имом Алӣ (а)
- 35ҳ.қ. Кушта шудани Усмон ибни Аффон сеюмин халифа аз хулафои рошидин назди аҳли суннат
- 35ҳ.қ. Байъати мардум бо Амиралмуъминин барои хилофат
- 672ҳ.қ. Даргузашти Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ҳаким, мутакаллим, файласуф, мунаҷҷим ва риёзидон
- 940ҳ.қ. Даргузашти Муҳаққиқи Каракӣ маъруф ба Муҳаққиқи Сонӣ, аз фуқаҳои шиа ва нависандаи Ҷомеъ-ул-мақосиди фи шарҳ-ил-қавоид аз муҳимтарин китобҳои шиа дар фиқҳ
- 1144ҳ.қ. Даргузашти Муҳаммад ибни Абдулфаттоҳи Туникобунӣ ҳаким, фақиҳ ва муҳаддиси шиъӣ
- 1214ҳ.қ. Вилодати Шайх Муртазо Ансорӣ аз фуқаҳоии шиа ва машҳуртарин асотиди фиқҳу усул дар Ҳавзаи илмияи Наҷаф ва нависандаи Фароид-ул-усул ва Макосиб
- 1216ҳ.қ. Ҳамлаи ваҳҳобиён ба Карбало, куштори шиаён, тахрибу ғорати ҳарами Имом Ҳусайн (а) (1 урдибиҳишти 1181ҳ.ш.)
- 1216ҳ.қ. Шаҳодати Абдуссамади Ҳамадонӣ ориф, фақиҳ, мутакаллим дар ҳамлаи ваҳҳобиҳо ба Карбало (1 урдибиҳишти 1181ҳ.ш.)
- 1274ҳ.қ. Даргузашти Оқомуҷтаҳид фақиҳ ва ориф дар Исфаҳон
- 1328ҳ.қ. Вилодати Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ марҷаъи тақлид, муфассир ва нависандаи Мавоҳиб-ур-раҳмони фи тафсир-ил-Қуръон
- 1338ҳ.қ. Тасарруфи Бухоро ва суқути ҳукумати он тавассути сарбозони давлати болшевик ва коммунисти Русия (11 шаҳривари 1299ҳ.ш.)
- 1396ҳ.қ. Даргузашти Ҳоҷоқо Раҳими Арбоб фақиҳ, файласуф, мутакаллим, ориф ва риёзидон (19 озари 1355ҳ.ш.)
- 1427ҳ.қ. Даргузашти Алии Давонӣ, рӯҳонии шиъӣ, нависанда, муарриху пажӯҳишгари таърихи Ислом (18 дайи 1385ҳ.ш.)
- 1415ҳ.қ. Гирдиҳамоии ҷаҳонии бонувони пайрави Аҳли Байт (а) аз сӯи Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) дар Қум (28 урдибиҳишти 1374ҳ.ш.)
- 1431ҳ.қ. Даргузашти Муҳаммадризо Ҷаъфарии Ашкиварӣ пажӯҳишгари таърих, каломи исломӣ ва нусхашинос (4 озари 1389ҳ.ш.)
- 1442ҳ.қ. Даргузашти Муҳаммадсарвари Раҷоӣ, нависанда ва пажӯҳишгари шиии афғонистонӣ (7 мурдоди 1400ҳ.ш.)
Аъмоли рӯз (иди Ғадир)
- Ғусл кардан
- Рӯза гирифтан
- Зиёрати Ҳазрати Алӣ (а)
- Ду ракаат намоз хонда шавад ва пас аз он ба саҷда рафта ва сад мартаба шукри Худо гуфта шавад, сипас сар аз саҷда бардошта ва бигӯяд: اللهم انی اسئلک بانّ لک الحمد وحدَکَ لا شریک لک ва дар поёни дуо, сар ба саҷда ниҳодаву сад мартаба алҳмдулиллоҳ ва сад мартаба шукран лиллоҳ гуфта мешавад.
- Ғусл кардан ва хондани ду ракаат намоз пеш аз пешин, ки дар ҳар ракаат баъд аз сураи Ҳамд сураи Тавҳид, Ояталкурсӣ ва сураи Қадрро даҳ мартаба бихонад.
- Хондани дуои Нудба
- Табрик гуфтан бо ин зикр ҳангоми дидор бо ҳар муъмин: «الحمدلله الذی جعلنا من المتمسکین بولایة امیرالمومنین و الائمة علیهم السلام»
- Хондани ин дуо: «الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِی أَکْرَمَنَا بِهَذَا الْیَوْمِ وَ جَعَلَنَا مِنَ الْمُوفِینَ بِعَهْدِهِ إِلَیْنَا وَ مِیثَاقِهِ الَّذِی وَاثَقَنَا بِهِ مِنْ وِلاَیَهِ وُلاَةِ أَمْرِهِ وَ الْقُوَّامِ بِقِسْطِهِ وَ لَمْ یَجْعَلْنَا مِنَ الْجَاحِدِینَ وَ الْمُکَذِّبِینَ بِیَوْمِ الدِّینِ»
- Гуфтани сад мартаба зикри «الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي جَعَلَ كَمَالَ دِينِهِ وَ تَمَامَ نِعْمَتِهِ بِوِلاَيَةِ أَمِيرِ الْمُؤْمِنِينَ عَلِيِّ بْنِ أَبِي طَالِبٍ عَلَيْهِ السَّلاَمُ»
- Ақди ухувват