Ташайюъ дар масири таърих (китоб)
Ташайюъ дар масири таърих (унвони англисӣ «The Origins and Early Development of Shi'a Islam) китобе аст дар бораи раванди шаклгирии шиа то давраи Имом Содиқ (а) асари Сайидҳусайн Муҳаммад Ҷаъфарӣ ба забони англисӣ.
Бинобар ончи дар китоб омада аст, моҷарои Сақифа сабаби ҷудоии мусулмонон буда ва нахустин ҳастаи шиаёни Алӣ (а)-ро касоне ташкил доданд, ки ба ҳамроҳи ӯ аз байъат бо Абубакр худдорӣ мекарданд.
Нависанда, фосилаи замонии рӯйдоди Сақифа (11ҳ.қ) то интихоби Усмон ибни Аффон ба хилофат (24ҳ.қ)-ро нахустин давраи шаклгирии ташайюъ медонад ва муътақид аст, марҳалаи дувуми таквини ташайюъ бо шаҳодати Имом Ҳусайн (а) оғоз шудааст.
Ӯ ҳамчунин даврони хилофати Усмон то шаҳодати ҳазрати Алӣ (а)-ро нуқтаи атфи таърихи ташайюъ медонад ва бар он аст, сулҳи Имом Ҳасан (а) низ натоиҷи дарозмуддате дар таквини мактаби ташайюъ доштааст.
Ба бовари нависанда, мактаби фиқҳии ташайюъ аз замони Имом Муҳаммади Боқир (а) шакл гирифт ва шиаён то пеш аз он дар масоили фиқҳӣ бо аҳли суннат фарқи чандоне надоштанд.
Ин китоб ба забонҳои урду ва форсӣ тарҷума шудааст.
Нависанда
Сайидҳусайн Муҳаммад Ҷаъфарӣ (2019) - нависандаи шиаи аҳли Карочии Покистон аст.[1] Ӯ аз донишгоҳи Лакнаҳуи Ҳиндустон ва мадрасаи мутолиъоти машриқзамину Африқо дар донишгоҳи Лондон (SOAS) мадраки докторӣ дарёфт кард.[2] Ва дар донишгоҳи «Молезиё» дар Кувалалампур ва донишгоҳи Бейрут, дар риштаи мутолиоти исломӣ тадрис мекард.[3] Ҳамчунин дар нигориши фарҳанги луғати ал-Мунҷид бо нависандаи он ҳамкорӣ мекард ва сардабирии фаслномаи исломии «Ҳамдарди исломикус» дар Покистонро бар уҳда дошт.[4] Гуфта шудааст, ӯ дар садади таҳқиқе дар бораи аснод ва мадорики Наҳҷ-ул-балоға ва низ дар ҳоли нигориши шарҳ ва тарҷумаи ин китоб ба забони англисӣ будааст.[5] Ҳамчунин ӯ дар Наҷаф бо Оқобузурги Теҳронӣ дидор кардааст ва ба забонҳои англисию арабӣ тасаллут дорад.[6] Ҷаъфарӣ дар 19-уми январи 2019 дар Карочӣ дори фониро видоъ гуфт.[7]
Ангезаи таълиф
Ангезаи Сайидҳусайн Муҳаммад Ҷаъфарӣ аз нигориши китоби Ташайюъ дар масири таърих, арзишёбии илали шаклгирии шиа ва раванди таквин ва тавсеаи он бо истифода аз мадорики мавҷуд ва ба вижаи мутуни таърихӣ аст. Ӯ бар ин бовар аст, ки агарчӣ дар бораи зуҳури дини Ислом, мутолиоти зиёде анҷом шудааст, аммо илатҳои шаклгирии ташайюъ, рушд ва таквини аввалияи шиа мавриди тавваҷуҳи кофӣ қарор нагирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, осоре, ки то замони таълифи китоб дар ин замина навишта шудааст, таҳти таъсири осори Милал ва ниҳали Абдулқоҳири Бағдодӣ, Ибни Ҳазми Анделусӣ ва Абдукарими Шаҳристонӣ будааст, ки рӯйкарди ғайривоқеъгароёна ва хусуматомезе нисбат ба шиа доранд.[8]
Дидгоҳи нависанда дар бораи шаклгирии ташайюъ
Нависандаи китоби Ташайюъ дар масири таърих, моҷарои Сақифаро омили ҷудоии мусулмонон медонад.[9] Ба гуфтаи ӯ, ғафлат аз ин моҷаро дар баррасии таърихи ташайюъ мунҷар ба натоиҷи нодурусте мешавад.[10] Ӯ бар ин бовар аст, ки ҳастаи аввалини шиаи Алӣ (а)-ро касоне ташкил доданд, ки то қабл аз байъати Алӣ (а) бо халифаи аввал, аз байъат бо халифа худдорӣ мекарданд.[11] Аз назари нависанда, фосилаи замонии моҷарои Сақифа (11ҳ.қ.) то шӯрои шашнафара (24ҳ.қ.), ки мунҷар ба интихоби Усмон ба хилофат шуд аз давраҳои таквини ташайюъ аз лиҳози таърихӣ аст.[12] Аз ин рӯ, аз мавзеъгирии Алӣ (а) ва шайхайн (Абубакру Умар) дар баробари якдигар ба даврон наҳуфтагии нисбии таърихи таквини ташайюъ ёд мекунад.[13]
Ҷаъфарӣ ҳамчунин аз оғози хилофати Усмон (24ҳ.қ.) то шаҳодати Имом Алӣ (а) (40ҳ.қ.)-ро аз ҷиҳатҳои мухталиф дар шаклгирӣ ва густариши ташайюъ нуқтаи атф медонад.[14] Ва муътақид аст, ки сулҳи Имом Ҳасан (а) натоиҷи дарозмуддате барои шаклгирии мактаби ташайюъ дар пай доштааст.[15] Аз назари ӯ, марҳалаи дувуми таърихи ташайюъ бо шаҳодати Имом Ҳусайн (а) оғоз шуд ва иншиъоб дар ташайюъ низ аз ҳамин замон оғоз гардид.[16]
Ҳусайн Муҳаммад Ҷаъфарӣ муътақид аст, ки шиаён то замони Имом Боқир (а) дар масоили фиқҳӣ бо аҳли суннат фарқи чандоне надоштанд ва аз замони Имом Боқир (а) мактаби фиқҳии шиа шакл гирифт.[17] Ҳарчанд ки аз назари ӯ, радди тақозои Абдурраҳмон ибни Авф аз сӯи Алӣ (а) мабнӣ бар пазируфтани хилофат ба шарти амал ба сираи шайхайн заминаҳои шаклгирии ду мактаби фиқҳии шиаю сунниро фароҳам оварда буд.[18]
Мазмун
Китоби Ташайюъ дар масири таърих дар ёздаҳ фасли танзим шудааст:
- Мафоҳими асосӣ: нависанда дар ин фасл ба решаи тақсимбандии ҷомеъаи исломӣ ба ду фирқаи шиа ва суннӣ пардохтааст.[19]
- Сақифа, оғози дасисаҳо: дар ин фасл бо истифода аз манобеи шиаю суннӣ ба шарҳи моҷарои Сақифа пардохтааст.[20] Нависанда вуҷуди рақобатҳои тоифаии байни муҳоҷирон, бими муҳоҷирон аз тасаллути ансор бар онон дар сурати вуқуъи даргирӣ ва ҷанг, рақобати қабилаи Авсу Хазраҷ ва имтиёзоти Абубакр ҳамчун куҳулати син, робитаи наздик бо Пайғамбар ва ғ.-ро аз илали заминасози интихоби Абубакр зикр кардааст.[21]
- Имом Алӣ (а) ва шайхайн: нависанда дар ин фасл, мавзеъгирии Имом Алӣ (а) ва шайхайн (Абубакру Умар)-ро дар баробари якдигар ба унвони «давраи наҳуфтагии нисбӣ дар таърихи таквини ташайюъ»[22] арзёбӣ мекунад.[23] Ӯ дар ин фасл, шаҳодати ҳазрати Фотима (с) ва ҳамзамонии хилофати Абубакр бо туғёни қабоилро дар байъати Алӣ (а) бо Абубакр дахил медонад. Ҳамчунин мусодираи Фадак ва интихоби Умар ибни Хаттоб ба унвони халифа аз сӯи Абубакрро аз иқдомоти шайхайн барои аз байн бурдани вижагиҳо ва имтиёзоти Имом Алӣ (а) донистааст.[24]
- Навшукуфоии наҳзати ташайюъ: дар ин фасл авомили заминасози шукуфоии наҳзати ташайюъро зикр кардааст. Ҳамчунин шеваи расидани Усмон ба хилофат, моҷароҳои давраи хилофати ӯ, мавзеъгирии Имом Алӣ (а) ба ҳангоми қатли Усмон, ҳуҷуми мардум ба Имом Алӣ (а) барои пазириши хилофат, далоили имтиноъи ӯ ва илали шаклгирии ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравонро дар ин фасл баён кардааст.[25]
- Кӯфа пойгоҳи фаъолиятҳои шиаён: нависанда дар ин фасл ба таърихча, таркиби ҷамъиятӣ ва гароишҳои мардуми Кӯфа пардохтааст. Ӯ вазъияти Кӯфа дар замони Имом Алӣ (а)-ро гузориш карда, гароиши онон ба ташайюъро аз сӯи яманиҳо ва форсҳо медонад, ки аксари ҷамъияти онро ташкил медоданд. Ҳамчунин аҳолии ин шаҳрро нахустин касоне медонад, ки бо роҳнамоии Молики Аштар бо Имом Алӣ (а) байъат карданд.[26] Бо ин ҳол, мардуми Кӯфаро ба се даста тақсим кардааст: пайравони муъмини Алӣ (а) ки таслими фармони ӯ буданд, раҳбарони қабилае ки ба Муовия тамоюл доштанд ва тудаҳои мардумӣ, ки ба Алӣ (а) тамоюл доштанд, аммо аз мувоҷеҳа бо хатар гурезон буданд.[27]
- Сулҳи Имом Ҳасан (а): дар ин бахш ба муаррифии шахсияти Имом Ҳасан (а) мепардозад ва ба заминасозиҳои Муовия барои ворид кардани ӯ ба сулҳ ишора мекунад ва сукути шиаёнро ношӣ аз хафақоне медонад, ки Муовия эҷод карда буд.[28] Ӯ муборизаи Имом Ҳасан бо Муовияро аз бахшҳои торики таърихи Ислом медонад, аз ин рӯ, ба муаррифӣ ва нақди манобеи ин моҷаро мепардозад.[29]
- Шаҳодати Имом Ҳусайн (а): дар ин фасл ба таҳлили вақоеъи баъд аз хилофати Язид то шаҳодати Имом Ҳусайн (а) пардохта шудааст.
- «Бозтоби воқеаи Карбало»: дар ин фасл таъсири воқеаи Карбало дар таърихи ташайюъ ва шаклгирии қиёми таввобин ва Мухтори Сақафӣ баррасӣ шудааст.[30]
- Талош дар роҳи ҳаққоният: ин фасл ба масоили дохилӣ ва иншиъоботи шиаён дар замони Имом Саҷҷод (а) ва Имом Боқир (а) ихтисос дода шудааст.[31]
- Имом Ҷаъфари Содиқ (а): дар ин ду фасл шарҳи ҳоли Имом Содиқ (а) ва шароити замонии ӯ баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи нависанда, шиаён дар ин давра ба се гуруҳ тақсим мешуданд: гуруҳе ки аз кайсония реша мегирифтанд, гуруҳе ки пайрави Зайд ибни Алӣ буданд ва касоне ки таҳти нуфузи Имом Содиқ (а) буданд.[32]
- Оини имомат: ба гуфтаи нависанда, дар ин фасл Имом Содиқ (а) бар ду асли насс ва илми ладуннӣ барои имомат таъкид карда, ба тадвини мактаби фиқҳӣ пардохтааст.[33]
Тарҷума ва интишор
Китоби Ташайюъ дар масири таърих ба забони англисӣ бо номи (The Origins and Early Development of Shi'a Islam) дар соли 1976м таълиф шудааст. Интишороти (Longman Group Ltd) дар Ню-Йорк дар соли 1979[34] ва интишороти донишгоҳи Оксфорд (Oxford University Press) ва (Longman Group United Kingdom) дар Лондон ин китобро мунташир кардаанд.
Сайид Муҳаммадтақӣ Оятуллоҳӣ дар соли 1980 ин китобро ба форсӣ тарҷума[35] ва интишороти Дафтари нашри фарҳанги исломӣ онро дар 292 саҳифа дар қатъи вазирӣ чоп кардааст. [Ниёзманди манбаъ] Чопи сеюми ин китоб бо таҷдиди назар ва изофат дар соли 1985 дар 396 саҳифа мунташир шуд[36] ва дар соли 2013 низ барои ҳаждаҳумин бор таҷдиди чоп шуд. Ҳамчунин ин китоб бо унвони Таърихи ташайюъ ба забони урдӯ низ тарҷума шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Journal of OBITUARY: DR. SYED HUSAIN MOHAMMAD JAFRI, p235 - 236.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, муқаддимаи тарҷумаи китоб, 1380ҳ.ш., саҳ.7.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, муқаддимаи тарҷумаи китоб, 1380ҳ.ш., саҳ.7.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, тарҷумаи муқаддамаи китоб, 1380ҳ.ш., саҳ.7.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, муқаддимаи тарҷумаи китоб, 1380ҳ.ш., саҳ.7.
- ↑ Ҷаъфарӣ, “Мафҳуми амали солеҳ дар низоми ахлоқии Қуръон”, саҳ.76.
- ↑ Obituary: DR. Syed Husain Mohammad Jafri, Hamdard Islamicus, Vol. 43, 229 - 230
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, пешгуфтори китоб, 1380ҳ.ш., саҳ.11 - 12.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, 1380ҳ.ш., саҳ.41.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, 1380ҳ.ш., саҳ.41 - 41.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.51.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.51.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, 1380ҳ.ш., саҳ.76.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, 1380ҳ.ш., саҳ.101.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, 1380ҳ.ш., саҳ.187.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.55.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.52.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.50.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.51.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.51.
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, 1380ҳ.ш., саҳ.76.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.51.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.51 - 52.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.52.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.53.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.53.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.53.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.53.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.54.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.55.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.56.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.56.
- ↑ http://jcs.oxfordjournals.org/content/23/1/132.extract#
- ↑ Ҷаъфарӣ, Ташайюъ дар масири таърих, 1380ҳ.ш., саҳ.9.
- ↑ Чеҳрозӣ, “Ташайюъ дар масири таърих: таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквинии он дар Ислом”, саҳ.49.
Сарчашма
- Journal of OBITUARY: DR. SYED HUSAIN MOHAMMAD JAFRI, Journal of the Pakistan Historical Society; Karachi Vol. 67, Iss. 1/2, (Jan - Jun 2019).
- Ҷаъфарӣ, Сайидҳусайн Муҳаммад, “Мафҳуми амали солеҳ дар низоми ахлоқии Қуръон” тарҷумаи Минои Ускуӣ, Сафина, № 25, зимистони 1388ҳ.ш.
- Ҷаъфарӣ, Сайидҳусайн Муҳаммад, Ташайюъ дар масири таърих, тарҷумаи Муҳаммадтақӣ Оятуллоҳӣ, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1380ҳ.ш.
- Чеҳрозӣ, Мансур, «Ташайюъ дар масири таърих; таҳлил ва баррасии илали пайдоиши ташайюъ ва сайри таквини он дар Ислом», китоби моҳи таърих ва ҷуғрофиё, № 41, исфанди 1379ҳ.ш.