Сувайд ибни Амр

Аз wikishia
Сувайд ибни Амр
Номи комилСувайд ибни Амр ибни Абимутоъи Хасъамӣ
Санаи шаҳодатСоли 61ҳ.қ.
Маҳалли шаҳодатКарбало
Маҳалли дафнҲарами Имом Ҳусайн (а)
Аз ëрониИмом Ҳусайн (а)


Сувайд ибни Амр ибни Абимутоъи Хасъамӣ (арабӣ: سُوَیْد بن عَمْرو بن اَبی‌مُطاع خَثْعَمی), охирин шаҳиди воқеаи Карбало, ки андаке баъд аз Имом Ҳусайн (а) ба шаҳодат расид.

Сувайд ибни Амр ибни Абимутоъ Хасъамӣ аз қабилаи Хасъам буд. Ба гуфтаи Самовӣ (даргузашти 1370ҳ.қ.) дар Ибсор-ул-айн, ӯ марди шариф, обид, шуҷоъ ва корозмуда дар ҷанг будааст.[1]

Ба гузориши Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (даргузашти 310ҳ.қ.) дар китоби Таърихи Табарӣ, Сувайд охирин нафар аз шуҳадои Карбало буд, ки ба майдон рафт[2] ва ҷангид, то инки захмӣ шуду берамақ дар байни дигар куштагон афтод. Ҳама гумон карданд ӯ кушта шудааст. Баъд аз муддате Сувайд шунид, ки мегӯянд: Ҳусайн кушта шуд. Ба худ омаду бархост ва чун шамшерашро бурда буданд, бо ханҷаре, ки ҳамроҳаш дошт ҷангид, то ба шаҳодат расид.

Ба гузориши Табарӣ[3] ва Балозурӣ[4] Урва ибни Батони Саълабӣ ва Зайд ибни Руқоди Ҷуннабӣ ӯро куштанд. Аммо дар китоби Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн (таълифи қарни 2ҳ.қ.), қотили ӯ Ҳонӣ ибни Субайти Ҳазрамӣ муаррифӣ шудааст.[5]

Раҷази мансуб ба Сувайд ибни Амр дар рӯзи Ошуро

اقْدِمَ حسینُ الیومَ تَلْقَی احمدا
وشیخکَ الخیر عَلیاً ذا النِدی‌
وحسناً کالبدرٍ لاقی الأسْعُدا
وعمّکَ القَرْمَ الهُمامَ الَارْشَدا
حمزةَ لیث اللَّه یُدْعی اسدا
وذا الجناحین تَبَوَّا مَقْعَدا

[6]

فی جَنّةِ الفردوسِ یَغلُو صُعُدا

Пеш биё эй Ҳусайн, ки имрӯз дар боғи биҳишт, Пайғамбар (с) ва падари некӯкору бахшандаатро мулоқот мекунӣ ва Ҳасани моҳсимо, ки некбахтонро мулоқот кард ва амаки бузургвори шуҷоъу босаховатат Ҳамза, ки дар роҳи ҳақиқат гом бардошту шери Худо номида мешавад ва Ҷаъфари Тайёр, ки мақомаш боло меравад.

Эзоҳ

  1. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.169.
  2. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.446.
  3. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.453.
  4. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.204.
  5. Фузайл ибни Зубайр, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн, 1405ҳ.қ., саҳ.28.
  6. Амин, Аъён-уш-шиъа, бе то, ҷ.7, саҳ.325.

Сарчашма

  • Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан Амин, бе то.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.3), таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1977м./1397ҳ.қ.
  • Самовӣ, Муҳаммад, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн, Қум, Замзами ҳидоят, 1384ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1403ҳ.қ.
  • Фузайл ибни Зубайр, Тасмияту ман қутила маъа-л-Ҳусайн алайҳис-салом мин вулдиҳи ва ихватиҳи ва аҳли байтиҳи ва шиъатиҳ, таҳқиқи Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, 1405ҳ.қ.