Амр ибни Холиди Сайдовӣ
Номи комил | Амр ибни Холид Асадӣ Сайдовӣ |
---|---|
Лақаб | Абухолид |
Маҳалли зиндагӣ | Кӯфа |
Санаи шаҳодат | Соли 61ҳ.қ. |
Маҳалли шаҳодат | Карбало |
Маҳалли дафн | Ҳарами Имом Ҳусайн (а) |
Хешовандон | Саъд (ғулом) |
Дигар | Дар ҳамлаи нахусти рӯзи Ошӯро ба шаҳодат расид. |
Аз ëрони | Имом Ҳусайн (а) |
Фаолиятҳо | Ҳамроҳии Муслим ибни Ақил дар Кӯфа |
Амр ибни Холиди Сайдовӣ (арабӣ: عمرو بن خالد الصيداوي) (шаҳодат: Ошурои 61ҳ.қ.) аз шаҳидони Карбало буд. Амр аз ашрофи Кӯфа буд, ки дар воқеаи Карбало бо Муслим ибни Ақил байъат кард ва пас аз шаҳодати Муслим, ҳамроҳи ғуломаш - Саъд, дар Узайб-ул-ҳиҷонот ба корвони Имом Ҳусайн (а) пайваст ва рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.
Зиндагӣ
Абухолид Амр ибни Холид ибни Ҳаким ибни Ҳизом Асадии Сайдовӣ, аз ашрофи Кӯфа ва аз иродатмандони хонадони Пайғамбар буд.[1] Ба гузориши Муҳаммади Самовӣ дар китоби Ибсор-ул-айн, ӯ дар Кӯфа бо Муслим ибни Ақил байъат кард. Пас аз шаҳодати Муслим, маҷбур шуд пинҳон шавад.[2] Албатта Муҳаммадтақии Шуштарӣ - нависандаи китоби Қомус-ур-риҷол дар ин ҳамроҳӣ тардид кардааст.[3]
Амр, ҳамроҳи ғуломи худ - Саъд, Муҷаммиъ ибни Абдуллоҳи Оизӣ ва Нофеъ ибни Ҳилол аз Кӯфа баромаданд ва бо роҳнамоии Тириммоҳ дар манзилгоҳи Узайб-ул-ҳиҷонот ба корвони Имом Ҳусайн (а) пайвастанд. Ҳурр ибни Язид қасди дастгир кардан ё бозгардондани ононро дошт, аммо Имом Ҳусайн монеъ шуд.[4] Дар бархе манобеъ ба ҷои Нофеъ ибни Ҳилол аз Ҷобир ибни Ҳориси Салмонӣ ёд шудааст.[5]
Амр ва ҳамроҳонаш рӯзи Ошуро дар ҳамлаи нахуст ба шаҳодат расиданд.[6] Онҳо дар рӯзи Ошуро ба лашкари Умар ибни Саъд ҳамла карданд, сипоҳиёни Умари Саъд онҳоро муҳосира карданд. Аббос ибни Алӣ бар сипоҳи Умари Саъд ҳамла карда ононро наҷот дод, онон бори дигар ҳамла карданду ҷангиданд то ҳамаашон дар як макон ба шаҳодат расиданд.[7] Ӯ дар мақбараи ҷамъии шуҳадои Карбало дар ҳарами Имом Ҳусайн (а) мадфун аст.
Эзоҳ
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.117; Тустарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.94.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.117, саҳ.114 - 115.
- ↑ Тустарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.94.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.172.
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Таф, 1417ҳ.қ., саҳ.238; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м., ҷ.5, саҳ.446.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м., ҷ.5, саҳ.446.
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Таф, 1417ҳ.қ., саҳ.239 - 238; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м., ҷ.5, саҳ.446.
Сарчашма
- Абумихнаф, Лут ибни Яҳё, Вақъат-ут-Таф, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмия, чопи сеюм, 1417ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1977ҳ.қ./1397м.
- Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн, Қум, донишгоҳи Шаҳид Маҳаллотӣ, 1419ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
- Тустарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмия, чопи дувум, 1417ҳ.қ.