Китобати ҳадис

Аз wikishia

Китобати ҳадис (форсӣ:کِتابت حدیث) ё навиштани ҳадисҳои Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а) аз омилҳои муҳимми ҳифз ва интиқоли он ба наслҳои оянда аст.

Дар ҳадисҳо ба аҳамияти навиштани ҳадис таъкид шуда ва дар ҳадисе аз Фотима (а) арзиши ҳадиси навишташуда бо Ҳасанайн баробар дониста шудааст.

Шаҳиди Сонӣ (ваф. 955 ё 965ҳ.қ.) дар даврони худ навиштани ҳадисро ба хотири набуди китобҳои ҳадисӣ фарз медонист.

Дар даврони зиндагии Пайғамбар (с), саҳобагон ҳадисҳоро менавиштанд ва гаҳгоҳе ҳам Пайғамбар (с) аҳодисро бар Имом Алӣ (а) имло мекард. Аммо баъд аз вафоти Пайғамбар ва дар даврони хилофати Абубакр ва Умар ибни Хаттоб, навиштани ҳадис манъ шуд.

Аҳли суннат, пешгирӣ аз пахш шудани ҳадисҳои номуътабар ва хавфи аз ба вуҷуд омадани китобе дар канори Қуръонро аз иллатҳои манъ кардани навиштани ҳадис донистаанд; дар муқобил ба назари шиаён, манъи ҳадис ба хотири пешгирӣ аз нашри фазоили Имом Алӣ (а) анҷом шудааст.

Баъд аз лағви мамнуияти навиштани ҳадис ба дасти Умар ибни Абдулазиз (63 - 101ҳ.қ.), китобҳои ҳадисии фаровоне навишта шуд.

Дар асри аввали қамарӣ, ки сиёсати ҳоким бар ҷомеъа, манъи навиштани ҳадис буд, навиштани ҳадисҳои Аҳли Байт низ маҳдуд шуд ва бисёре аз ҳадисҳои чаҳор имоми аввали шиа аз байн рафт.

Аммо дар асри дувуми ҳиҷрӣ бо иҷозат шудани навиштани ҳадис, шиаён китобҳои ҳадисии фаровоне навиштанд.

Китобҳои ҳадисии шиа дар ин давра «Расоил», «Асл» ва «Мусаннаф» номида мешуданд. Дар муддати кӯтоҳе садҳо асли ҳадисие, ки муҳимтарини онҳо усули арбаъамиа буд, навишта шуд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Китобати ҳадис ё навиштани ривоятҳои Пайғамбари Акрам (с) ва Аҳли Байт (а) нақши муҳимме дар ҳифзи ривоёти исломӣ доштааст.[1] Нуриддин Итр - ҳадисдони аҳли тасаннун, китобати ҳадисро аслитарин васила барои ҳифзи ҳадис ва интиқоли он ба наслҳои оянда муаррифӣ мекунад.[2] Ба гуфтаи Сайидмуҳсини Амин - муаллифи китоби Аъён-уш-шиъа, шиаён аз замони Имом Алӣ (а) то давраи Имом Аскарӣ (а) 6600 китоби ҳадисӣ таълиф карданд.[3]

Аз онҷо ки аҳодиси маъсумон (а) дуюмин манбаъ барои шинохти маорифи динӣ дониста шудааст, китобати ҳадис дар даврони Пайғамбар ва имомон боаҳамият будааст.[4] Дар аҳодиси мутааддидии маъсумон (а) ба китобати аҳодис ташвиқ намудаанд.[5] Алиакбари Ғаффорӣ - ҳадисшиноси шиа, ҳадисе аз китоби Далоил-ул-имоматро барои аҳамияти китобат ва навиштани ҳадис унвон кардааст,[6] ки бар асоси он, Фотима (с) як ҳадиси навишташуда аз Пайғамбар (с)-ро ба андозаи Ҳасанайн дӯст медошт.[7]

Гирдоварии аҳодис дар давраҳои мухталиф, вижагиҳои мутафовите доштааст; аз ин рӯ, ҳадисшиносон аз давраҳои ҳадис сухан гуфта, хусусиятҳои мутамойизеро барои ҳар давра зикр кардаанд.[8] Ба гуфтаи Шаҳиди Сонӣ - фақеҳи шиаи қарни даҳум, навиштани ҳадис аз назари мавзӯъ ва аҳамияти он, мумкин аст фарз ва ё мустаҳаб бошад.[9] Дар даврони зиндагии Шаҳиди Сонӣ, ба хотири набудани китобҳои динӣ ба миқдори кофӣ, ӯ навиштани ҳадисро фарзи айн медонист.[10]

Китобати аҳодиси Пайғамбар (с)

Бар асоси ривоёти мутааддиде аз шиаю суннӣ, Пайғамбар (с) бар навиштани аҳодисаш тавсия мекард.[11] Нуриддин Итр, муътақид аст, ривоёте, ки навиштан ва китобати ҳадис дар даврони ҳаёти Пайғамбарро исбот мекунанд, мутавотир ҳастанд.[12] Агарчӣ дар манобеи аҳли тасаннун ривоёте низ дар манъи китобати ҳадис ворид шудааст, аммо Муҳаммад Мустафо ал-Аъзамӣ – яке аз муҳаққиқони аҳли суннат ҳеҷкадомашонро саҳеҳ намедонад.[13]

Дар замони ҳаёти Пайғамбар баъзе саҳоба маҷмӯаҳои ҳадисиро бо унвони саҳифа ҷамъоварӣ мекарданд, ки натанҳо бо наҳйи Пайғамбар мувоҷеҳ нашуд, балки бархе аз онҳо бо иҷозати ӯ анҷом гирифт;[14] аз ҷумлаи онҳо метавон ба Саҳифаи Абурофеъ ишора кард.[15]

Тибқи ривояте аз китоби Риҷоли Наҷҷошӣ, Пайғамбар (с) худ аҳодисро бар Имом Алӣ (а) имло мекард ва ӯ менавишт.[16] Алиакбари Ғаффорӣ - нусхашиноси шиа, аввалин китоби тадвиншуда дар Исломро Китоби Алӣ (а) медонад.[17] Ин китоб, куҳантарин маҷмӯаи ҳадисии ҷаҳони Ислом дониста шудааст.[18] Ба гуфтаи Сайидҳасан Садр, дар миёни асҳоби Пайғамбар (с) ва имомон (а), Абурофеъ (ғуломи Пайғамбар) нахустин касе аст, ки аҳодисро навишт.[19] Ҳамчунин Салмони Форсӣ, Абузари Ғифорӣ ва Асбағ ибни Набота аз нахустин ҳадиснигорони шиа ном бурда шудаанд.[20] Маҳдавии Род – яке аз муҳаққиқони ҳавзаи илмия, дар мақолаи «Саҳоба ва китобати ҳадис» номи 48 нафар аз саҳобаи Пайғамбарро, ки дар навиштани ҳадис фаъолият доштанд, зикр кардааст.[21] Ба гуфтаи Маҳдавии Род, дар китобҳои куҳан, навиштаҳои саҳоба бо унвони «Саҳифа» ё «Нусха» зикр шудаанд.[22]

Манъи навиштани ҳадис

Мақолаи аслӣ: Манъи ҳадис

Китобат ва навиштани аҳодиси Пайғамбар, дар давраи хилофати Абубакр ва Умар ибни Хаттоб манъ шуд ва то замони хилофати Умар ибни Абдулазиз; яъне ҳудуди 100 сол идома ёфт.[23]

Умар ибни Хаттоб илова бар навиштани аҳодис, нақли ривоёти Пайғамбарро низ мамнуъ кард ва Абудардо ва Ибни Масъудро ба ҳамин далел ба зиндон андохт.[24] Аз нигоҳи аҳли тасаннун, хаф аз махлут шудани аҳодис бо Қуръон, пешгирӣ аз ихтилофи мусулмонон[25], пешгирӣ аз нашри аҳодиси ғайримуътабар[26] ва нигаронӣ аз ба вуҷуд омадани китобе дар канори Қуръон аз иллатҳои манъи ҳадис будааст.[27] Аммо ба гуфтаи нависандаи китоби «Манъу тадвин-ил-ҳадис», бештари нависандагони шиа муътақиданд, яке аз авомили манъи ҳадис пешгирӣ аз нашри фазоили Имом Алӣ (а) будааст.[28]

Барои пешгирӣ аз навиштани ҳадис, паёмадҳое зикр шудааст, ки нобудии нахустин мутуни ҳадисӣ, ҷаъли ҳадис, тағйири суннати Пайғамбар ва падид омадани мазҳабҳо аз ҷумлаи онҳост.[29] Бо ин ҳол, бархе нависандагон муътақиданд, мамониат аз навиштани ҳадис назди аҳли суннат, ба ҳавзаи ҳадисии шиа осебе ворид накард.[30]

Рафъи мамнуъият

Мамнуъияти навиштани ҳадис дар замони Умар ибни Абдулазиз (63 - 101ҳ.қ.) лағв шуд.[31] Ба гуфтаи Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ - олими илми ҳадиси аҳли суннат, дар миёни аҳли тасаннун Ибни Шаҳоби Зуҳрӣ нахустин касе аст, ки ба фармони Умар ибни Абдулазиз дар соли 100 ҳиҷрии қамарӣ, ба ҷамъоварӣ аҳодис рӯй овард.[32]

Ҳамчунин Суютӣ – яке аз нависандагони аҳли тасаннун, афроде чун Молик ибни Анас (93 - 179ҳ.қ.), Суфёни Саврӣ (97 - 161ҳ.қ.) ва Ибни Ҷурайҷ (80 - 150)-ро аз нахустин ҳадиснигорон аҳли суннат донистааст, ки аҳодисро дар бобҳои мухталифе ҷамъоварӣ карданд.[33]

Ба гуфтаи Расул Ҷаъфариён - таърихпажуҳи шиа, агарчӣ бархе аз аҳодиси аҳли суннат дар қарни дувуми ҳиҷрӣ навишта шуд, вале то авоили қарни сеюми ҳиҷрӣ, навиштани ҳадис шоеъ набуд ва баъзе аз олимони аҳли суннат бо икроҳ ва танҳо барои бақои маҳфузоти худ, ривоётро менавиштанд.[34]

Китобати аҳодиси Аҳли Байт (а)

Ба гуфтаи Сайидҳасан Садр - ҳадисшиноси қарни чаҳордаҳум, шиаён ки аҳодиси аимма (а)-ро ҳамчун аҳодиси Пайғамбар (с) ҳуҷҷат медонанд, ба пайравӣ аз имомони худ аз ҳамон ибтидо, ба навиштани аҳодис иҳтимом доштанд.[35] Аз онҷо ки пеш аз асри Содиқайْн (а) сиёсати ҳоким бар ҷомеъа, бар манъи китобати ҳадис буд, навиштани ҳадисҳои шиаён низ маҳдуд шуда буд; аз ин рӯ, Маҷиди Маориф - пажуҳишгари шиа, муътақид аст, бисёре аз аҳодиси чаҳор имоми аввали шиаён, аз байн рафтааст.[36] Бо ин ҳол, Имом Алӣ (а) дар даврони хилофати худ, котибоне дошт, ки номаҳо ва дастуроти эшонро менавиштанд, ки бархе аз он номаҳо ва дастурот дар Наҳҷ-ул-балоға ҷамъоварӣ шудааст.[37]

Бо рафъи мамнуъияти китобати ҳадис назди аҳли суннат, имомони шиа асҳоби худро ба навиштани аҳодис ташвиқ карданд ва гоҳе дарсҳои худро ба шогирдон имло карда, гоҳе ба саволоти шиаён ҷавоби мактуб медоданд.[38] Ба гуфтаи Расул Ҷаъфариён, аз замони Имом Содиқ (а) ба баъд, китобҳои ҳадисии фаровоне навишта шудааст.[39] Бахше аз ривоёти шиа дар ин даврон бо унвони «Расоил»[40], «Асл» ва «Мусаннаф» тадвин шудааст.[41] Аслҳо китобҳои ҳадисие буданд, ки муаллифони он, аҳодисашро мустақиман ва ё танҳо бо як восита аз Имом (а) шунида буданд.[42] Аслҳо баъд аз муддате, худ манбаи китобҳои дигар қарор гирифтанд.[43] Бо тавсияи имомон ба китобат ва иштиёқи асҳоб ба нигориши он, дар муддати кӯтоҳе садҳо асли ҳадисӣ таълиф гардид,[44] ки муҳимтарини онҳо чаҳорсад асл буд, ки ба усули арбаъамиа маъруф шуданд.[45] Мусаннафҳо низ китобҳои ҳадисие буданд, ки нависанда ба аҳодиси бевосита иктифо накарда, илова бар нақли ҳадис, дидгоҳҳои худро дар бораи санад ва мазмуни он баён менамуд.[46]

Эзоҳ

  1. Маориф, “Баррасии сайри таърихии китобати ҳадис дар шиа”, саҳ.74.
  2. Итр, Манҳаҷ-ун-нақд фи улум-ил-ҳадис, 1418ҳ.қ., саҳ.39 - 40.
  3. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403, ҷ.1, саҳ.140.
  4. Тавҳидӣ, “Баррасии китобати ҳадис дар давраи саҳоба”, саҳ.87.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.39; Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.52, ҳадиси 8, 9 ва 10; Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.36.
  6. Ғаффорӣ, Талхису миқбос-ил-ҳидоя, 1369ҳ.ш., саҳ.225.
  7. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.65 - 66.
  8. Маориф, “Тадвини ҳадис”, саҳ.750.
  9. Шаҳиди Сонӣ, Мунят-ул-мурид, 1409ҳ.қ., саҳ.339.
  10. Шаҳиди Сонӣ, Мунят-ул-мурид, 1409ҳ.қ., саҳ.339.
  11. Барои намуна, нигоҳ кунед ба: Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.167; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.401; Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.36; Абидовуд, Сунани Абидовуд, ал-Мактабатул-асрийя, ҷ.3, саҳ.318; Хатиби Бағдодӣ, Тақйид-ул-илм, Эҳё-ус-суннат-ин-набавийя, саҳ.66 - 81.
  12. Итр, Манҳаҷ-ун-нақд фи улум-ил-ҳадис, 1418ҳ.қ., саҳ.40.
  13. Ал-Аъзамӣ, Диросотун фи-л-ҳадис-ин-набавийя ва таъриху тадвиниҳ, 1400ҳ.қ., саҳ.80.
  14. Ибни Ҳиббон, Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265.
  15. Мусавии Бирҷандӣ, “Манъи китобат ва интишори ҳадис ва суннати набавӣ”, саҳ.76.
  16. Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.360.
  17. Ғаффорӣ, Талхису миқбос-ил-ҳидоя, 1369ҳ.ш., саҳ.227.
  18. Ноҷии Исфаҳонӣ, “Бозҷусти китоби Алӣ”, саҳ.7.
  19. Садр, Таъсис-уш-шиъа, 1375ҳ.ш., саҳ.280.
  20. Садр, Таъсис-уш-шиъа, 1375ҳ.ш., саҳ.280 - 281.
  21. Маҳдавии Род, “Тадвини ҳадис (3), саҳоба ва китобати ҳадис”, саҳ.10 - 40.
  22. Маҳдавии Род, “Тадвини ҳадис (3), саҳоба ва китобати ҳадис”, саҳ.10.
  23. Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.208.
  24. Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
  25. Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.9.
  26. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.285.
  27. Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.291 - 292.
  28. Шаҳристонӣ, Манъу тадвин-ил-ҳадис, 1430ҳ.қ., саҳ.67.
  29. Субҳонӣ, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.91 - 96; Ҳусайнӣ, “Паёмадҳои манъи нақли ҳадис”, саҳ.60 - 69.
  30. Таботабоӣ, Таърихи ҳадиси шиа, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.5.
  31. Суютӣ, Тадриб-ур-ровӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.94.
  32. Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.208.
  33. Суютӣ, Тадриб-ур-ровӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.93.
  34. Ҷаъфариён, “Таърихи тадвини ҳадис”, саҳ.93.
  35. Садр, Таъсис-уш-шиъа, 1375ҳ.ш., саҳ.279.
  36. Маориф, “Баррасии сайри таърихии китобати ҳадис дар шиа”, саҳ.79.
  37. Маориф, “Баррасии сайри таърихии китобати ҳадис дар шиа”, саҳ.81.
  38. Маориф, “Баррасии сайри таърихии китобати ҳадис дар шиа”, саҳ.82.
  39. Ҷаъфариён, “Таърихи тадвини ҳадис”, саҳ.99.
  40. Маориф, “Баррасии сайри таърихии китобати ҳадис дар шиа”, саҳ.82.
  41. Ошурии Талукӣ, “Пажуҳише перомуни усули арбаъамиа”, саҳ.49.
  42. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.125.
  43. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.125.
  44. Маориф, “Баррасии сайри таърихии китобати ҳадис дар шиа”, саҳ.84.
  45. Ошурии Талукӣ, “Пажуҳише перомуни усули арбаъамиа”, саҳ.58.
  46. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.65.

Сарчашма

  • Абидовуд, Сулаймон ибни Ашъас, Сунани Абидовуд, Бейрут, ал-Мактабатул-асрийя, бе то.
  • Ал-Аъзамӣ, Муҳаммад Мустафо, Диросотун фи-л-ҳадис-ин-набавийя ва таъриху тадвиниҳ, Бейрут, ал-Мактабул-исломӣ, 1400ҳ.қ.
  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Асқалонӣ, ибни Ҳаҷар, Фатҳ-ул-борӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, 1379ҳ.қ.
  • Ғаффорӣ, Алиакбар, Талхису миқбос-ил-ҳидоя, Теҳрон, донишгоҳи Имом Содиқ (а), 1369ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Тазкират-ул-ҳуффоз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Ҳиббон, Муҳаммад, Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, Бейрут, муассисатур-Рисолат, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, Қум, Дафтари интишороти Исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Итр, Нуриддин, Манҳаҷ-ун-нақд фи улум-ил-ҳадис, Димишқ, Дорул-фикр, 1418ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Маориф, “Тадвини ҳадис”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1381ҳ.ш.
  • Маориф, Маҷид, “Баррасии сайри таърихии китобати ҳадис дар шиа”, дар маҷаллаи Улуми ҳадис, № 37 ва 38, поиз ва зимистони 1384ҳ.ш.
  • Маҳдавии Род, Муҳаммадалӣ, «Тадвини ҳадис (3), саҳоба ва китобати ҳадис», дар маҷаллаи Улуми ҳадис, № 3, 1376ҳ.ш.
  • Мусавии Бирҷандӣ, Сайидҳусайн, “Манъи китобат ва интишори ҳадис ва суннати набавӣ”, дар маҷаллаи Маърифат, № 52, фарвардини 1381ҳ.ш.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, Бейрут, Муассисатур-рисолат, 1401ҳ.қ.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Ноҷии Исфаҳонӣ, Ҳомид, “Бозҷусти китоби Алӣ”, дар маҷаллаи Ахлоқ, № 4 ва 5, зимистони 1379 ва баҳори 1380ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Ошурии Талукӣ, “Пажуҳише перомуни усули арбаъамиа”.
  • Садр, Сайидҳасан, Таъсис-уш-шиъа ли улуми-л-Ислом, беҷо, бено, 1375ҳ.ш.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили оли Муҳаммад, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фарҳанги ақоид ва мазоҳиби исломӣ, Қум, Тавҳид, 1371ҳ.ш.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, Тадриб-ур-ровӣ фи шарҳи тақриб-ин-навовӣ, Риёз, мактабатул-Кавсар, 1415ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, Қум, Беъсат, 1413ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадкозим, Таърихи ҳадиси шиа, Теҳрон, самт, 1388ҳ.ш.
  • Тавҳидӣ, Амир, “Баррасии китобати ҳадис дар давраи саҳоба”, дар маҷаллаи Саҳифаи мубин, № 38, соли 1385ҳ.ш.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, Миср, Ширкат мактабат ва матбаъа Мустафо ал-Бобил-Ҳалабӣ, 1395ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Тақйид-ул-илм, Бейрут, Эҳё-ус-суннат-ин-набавийя, бе то.
  • Ҳусайнӣ, Сайидҷавод, “Паёмадҳои манъи нақли ҳадис”, дар маҷаллаи Фарҳанги кавсар, № 75, 1387ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, “Таърихи тадвини ҳадис”, дар маҷаллаи Нури илм, № 21, хурдоди 1366ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин, Мунят-ул-мурид, Қум, Мактабул-эъломил-исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Сайидалӣ, Манъу тадвин-ил-ҳадис, Қум, Муассисатул-рофид, 1430ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1410ҳ.қ.