Қиёми Имом Ҳусайн (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Иллати қиёми имом Ҳусайн)
Қиёми Имом Ҳусайн (а)
Сӯгвории муҳаррам
Номҳои дигарНаҳзати Имом Ҳусайн (а)
Шарҳи моҷароҲаракати эътирозии Имом Ҳусайн (а) бар зидди Язид ибни Муовия
ТарафайнИмом Ҳусайн / Язид ибни Муовия
Замонсоли 60-61ҳ.қ.
ДавраУмавиён
Маконаз Мадина то Карбало
ҲадафБозгардондани ҷомеаи исломӣ ба роҳи дурусте ки Пайғамбар (с) нишон дода буд ва мубориза бо каҷравиҳо
НатиҷаШаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва асорати хонадон
ПаёмадҳоҚиёми МухторҚиёми таввобинҶанги ХозирҚиёми Зайд ибни Алӣ
ДахлдорСӯгвории муҳаррамВоқеаи Карбало


Ин мақола дар бораи таҳлили қиёми Имом Ҳусайн (а) аст. Барои иттилоъ аз ҷанбаи таърихии ин қиём мақолаҳои воқеаи Карбало ва вақоеъи рӯзи Ошуроро бубинед.

Қиёми Имом Ҳусайн (а) (форсӣ: قیام امام حسین(ع)) ҳаракати эътирозии Имом Ҳусайн (а) алайҳи ҳукумати Язид ибни Муовия буд, ки ба шаҳодати ӯ ва ёронаш дар даҳуми муҳаррами соли 61ҳ.қ., ва асорати хонаводааш анҷомид. Ин ҳаракат бо худдории Имом Ҳусайн (а) аз байъат бо ҳокими Мадина ба унвони намояндаи Язид ва хуруҷ аз Мадина дар раҷаби соли 60ҳ.қ., оғоз шуд ва бо баргашти Асирон ба Мадина поён ёфт.

Қиёми Имом Ҳусайн (а) сабаби шаклгирии қиёмҳое алайҳи ҳукумати Банӣ Умайя шуд ва дар суқути он нақш дошт. Шиаён ҳар сола дар солгарди ин воқеа, маросимҳои мухталифе баргузор мекунанд. Ривоҷи оинҳои азодорӣ, шаклгирии адабиёти ошуроӣ, сохти биноҳо ва амокини мазҳабӣ, тавлиди осори ҳунарӣ ва тақвияти рӯҳияи зулмситезӣ аз таъсироти ин воқеа бар ҷомеъа ва фарҳанги шиъӣ ба шумор меояд.

Ҳадафи аслии Имом Ҳусайн (а) аз қиём, чунонки дар васияташ ба Муҳаммад ибни Ҳанафия омадааст, бозгардондани ҷомеаи Исломӣ ба мАсири саҳиҳ ва мубориза бо инҳирофот будааст. Бо ин ҳол ташкили ҳукумат, шаҳодат, ҳифзи ҷон ва худдорӣ аз байъат бо Язид аз дигар аҳдофи ӯ шуморида шудааст. Пас аз нигориши китоби Шаҳиди ҷовид ва матраҳ кардани ташкили ҳукумат ба унвони ҳадафи аслии Имом Ҳусайн (а) ва нақди он тавассути нависандагони шиа, баҳси ҳадафшиносии қиёми Имом Ҳусайн (а) вориди мутолиоти ошуропажӯҳӣ шуд ва назариёти мухталифе дар ин замина ба вуҷуд омад, ки шаҳодатталабӣ ва ташкили ҳукумат аз муҳимтарини онҳо аст.

Воқеаи Ошуро

Навиштори аслӣ: Воқеаи Карбало

Воқеаи Карбало ба набарди Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш бо сипоҳи Кӯфа дар муҳаррами соли 61ҳ.қ., ишора дорад. Ин воқеа, ки дар пайи байъат накардани Имом Ҳусайн (а) бо Язид ибни Муовия рух дод ба шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш, ва низ асорати аҳли байташ мунҷар шуд. Имом Ҳусайн (а) дар раҷаби соли 60ҳ.қ., барои байъат накардан бо ҳокими Мадина ба ҳамроҳи хонивода ва теъдоде аз Банӣ Ҳошим аз Мадина хориҷ шуд ва ба Макка рафт[1] ва ҳудуди чаҳор моҳ дар Макка буд. Дар ин муддат номаҳои даъвати аҳолии Кӯфа ба дасти ӯ расид.[2] Аз ин рӯ, дар 8-уми зилҳиҷҷа роҳии Кӯфа шуд.[3] Ӯ пеш аз расидан ба Кӯфа, аз паймоншикании кӯфиён бохабар шуд[4] ва пас аз бархӯрд бо сипоҳи Ҳурр ибни Язиди Риёҳӣ ба самти Карбало рафт ва дар он ҷо бо лашкаре рӯ ба рӯ шуд, ки Убайдуллоҳ ибни Зиёд, онро ба сӯи ӯ фиристода буд.[5] Ду сипоҳ дар 10-уми муҳаррам бо ҳам ҷангиданд. Пас аз он ки Имом Ҳусайн ва ёронаш шаҳид шуданд, бозмондагони ӯро ба асорат бурданд.[6]

Заминаи қиём

Бархе аз пажӯҳишгарон омили аслии қиёми Имом Ҳусайн (а)-ро инҳирофи ҷомеаи Исломӣ аз боварҳои динӣ ва ахлоқии Ислом донистаанд;[7] чароки дар давраи умавиён, арзишҳои ҷоҳилӣ ва қабилаӣ дар касби қудрат[8] ва низ ихтилофоти қабилаӣ ба хусус ихтилофи Банӣ Ҳошим ва Банӣ Умайя[9] дубора қувват гирифта буд.

Ҳамчунин муаррифии Язид аз суи Муовия ба унвони халифа ва исрори Язид барои байъат гирифтан аз Имом Ҳусайн (а) аз дигар илал ва заминаҳои ин қиём буд. Имом Ҳусайн (а) Язидро шоистаи хилофат намедонист ва муаррифии ӯ ба унвони халифаро бар хилофи сулҳномаи Имом Ҳасан бо Муовия медонист; чароки дар сулҳнома омада буд, ки Муовия ҳақ надорад барои худ ҷонишине таъйин кунад.[10]

Аҳдоф ва барномаҳои қиём

Имом Ҳусайн (а)
«إنّي لَم أخرُجْ أَشِراً و لا بَطِراً و لا مُفسِداً و لا ظالِماً و إنَّما خَرَجْتُ لِطَلَبِ الْإصلاحِ في اُمَّةِ جَدّي اُرِيدُ أن آمُرَ بِالْمَعرُوفِ و أنهي عَنِ الْمُنكَرِ و أسِيرَ بِسيرَةِ جَدّي وَ أبي عَليِّ بنِ أبي طالِبٍ عليه السّلام»
Ва ман аз рӯи туғён, фасодангезӣ ва ситамкорӣ қиём накардам, танҳо барои ислоҳ дар уммати ҷаддам ба по хостам. Мехоҳам амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кунам ва ба равиши ҷаддам ва падарам Алӣ ибни Абутолиб рафтор намоям.

Ба гуфтаи Муҳаммади Исфандиёрӣ, таърихпажӯҳ (зодаи 1338ҳ.ш.) дар китоби “Ошурошиносӣ”, ҳадафи аслии Имом Ҳусайн (а) аз қиёми Ошуро эҳқоқи ҳақ, амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, эҳёи суннат ва аз байни бурдани бидъат буд.[12] Ҳамчунин Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳадафи Имом Ҳусайн (а)-ро бозгардондани ҷомеаи исломӣ ба мАсири саҳиҳи худ ва мубориза бо инҳирофоти бузург донистааст.[13] Ба эътиқоди ӯ байни ҳадаф ва натиҷа халт шудааст; чароки натиҷаи ин ҳадаф ташкили ҳукумат ё шаҳодат буд, дар ҳоле ки бархе ин дуро ҳадафи Имом Ҳусайн медонанд.[14]

Ба гуфтаи Исфандиёрӣ баҳс дар бораи ҳадафи Имом Ҳусайн (а) ба сурати ҷиддӣ бо нигориши китоби Шаҳиди ҷовид мутадовил шуд.[15] Ӯ муътақид аст байни ҳадаф ва барномаи Имом Ҳусайн халт шудааст. Аз ин рӯ, аз барномаи Имом Ҳусайн (а) барои расидан ба ҳадафаш бо унвони аҳдофи дараҷаи дуввум ёд карда ва дар ин бора ҳафт назарияро гирдоварӣ кардааст:[16]

Худдорӣ аз байъат ва ҳифзи ҷон

Бинобар ин дидгоҳ, ҳаракати Имом Ҳусайн (а) аз Мадина ба Макка ва аз он ҷо ба тарафи Кӯфа, ба қасди қиёми набуда, балки барои дифоъ ва эътироз будааст; чароки ӯ аз байъат бо Язид худдорӣ мекард аз ин рӯи ҷонаш дар хатар буд ва барои ҳифзи ҷони худ аз Мадина ва сипас аз Макка хориҷ шуд.[17] Алипаноҳи Иштиҳордӣ[18] ва Муҳаммади Сиҳҳатии Сардрудӣ[19] аз мудофеони ин дидгоҳ ҳастанд. Лозимаи пазириши ин дидгоҳ, ҳамосакушӣ ва поён овардани шахсият ва мақоми Имом Ҳусайн (а) дониста шудааст.[20]

Ташкили ҳукумат

Бар асоси ин дидгоҳ Имом Ҳусайн (а) барои ташкили ҳукумат қиём кард. Неъматуллоҳ Солеҳии Наҷафободӣ (1302 – 1385ҳ.ш.) дар китоби Шаҳиди ҷовид, нахустин ҳадафи Имом Ҳусайн (а) аз қиёмашро ташкили ҳукумат донистааст.[21] Ӯ муътақид аст, ки Сайид Муртазо аз мутакаллимони шиа низ ҳамин дидгоҳро доштааст. Ба гуфта Сайид Муртазо Имом Ҳусайн (а) пас аз исрори мардуми Кӯфа ва мушоҳидаи тавоноии онон ва заъфи ҳукумати Кӯфа, даъвати онҳоро пазируфт.[22] Ӯ муътақид аст, ки асбоби пирӯзии Имом Ҳусайн (а) фароҳам буд, аммо ҳаводиси баъдӣ, моҷароро хилофи он чи интизор мерафт, рақам зад. Ҳангоме, ки аҳдшикании кӯфиён ошкор шуд, Имом Ҳусайн (а) тасмим ба бозгашт ва муторикаи даргирӣ гирифт ҳамон гуна, ки Имом Ҳасан (а) чунин кард. Аммо муторикаи ҷанг аз ӯ пазируфта нашуд.[23] Гуфта шуда ин дидгоҳ бо илми ғайби Имом созгор нест; чароки лозимаи он ин аст, ки Имом Ҳусайн намедонист, ки пирӯз намешавад. Дар посух гуфта шуда, ки Имом Ҳусайн ба шаҳодат ва адами пирӯзии худ илм дошт, аммо маъмур буд бар асоси илми оддӣ амал кунад.[24]

Шаҳодат

Бархе муътақиданд, ки ҳадафи Имом Ҳусайн (а) аз қиём шаҳодат будааст. Албатта аз шаҳодат тафсирҳои мухталифе шудааст:

  • Шаҳодати фидяӣ: Бархе бар ин боваранд, ки Имом Ҳусайн (а) ба шаҳодат расид, то гуноҳкоронро шафоат кунад ва онҳоро ба дараҷоти маънавӣ бирасонад.[29] Чунонки дар масеҳият нисбат ба кушта шудани Исо (а) бархе чунин дидгоҳе доранд.[30] Шарифи Таботабоӣ, Мулломаҳдии Нароқӣ, Муллоабдураҳими Исфаҳонӣ аз муътақидини ин назарияанд.[31] Ҳамчунин аз назари бархе, Имом Ҳусайн кушта шуд, то мардум барои ӯ гиря кунанд ва ба ин васила ба роҳи рост ҳидоят шаванд.[32]
  • Шаҳодати ирфонӣ: Бар асоси ин дидгоҳ Имом Ҳусайн (а) қиём кард, то ба неъмати шаҳодат бирасад[33] ва дигарон(ёронаш)-ро низ ба ин неъмат бирасонад.[34] Дар ин тафсир сухане аз мубориза нест, балки як тафсири сиёсатзудоёна аз қиём арзёбӣ шудааст.[35] Сайид ибни Товус, Фозили Дарбандӣ, Сафиалӣ Шоҳ, Уммони Сомонӣ ва Найири Табрезӣ, тафсири ирфоние аз қиёми Имом Ҳусайн (а) ироа кардаанд.[36]
  • Шаҳодати таклифӣ: Бархе қиёми Имом Ҳусайн (а)-ро рамзолуд муаррифӣ мекунанд, ки аз ҷониби Худо маъмур ба шаҳодат буд, аммо ҳадафи он барои башар равшан нест ва сирри онро фақат Худо медонад.[37]

Дар нақди назарияи шаҳодат гуфта шуда, ки ин назария бо гузоришҳои таърихие, ки Имом Ҳусайн (а) аз ҷони худ дифоъ мекард ва намехост худро ба куштан диҳад, созгор нест.[38]

Ҳукумат ва шаҳодат

Бархе муътақиданд, ки ҳадафи Имом Ҳусайн (а) аз қиём таркибе аз ҳукумат ва шаҳодат буд. Аз назари ин гурӯҳ Имом Ҳусайн бо ҳадафи ташкили ҳукумат қиём кард. Аммо ҳангоме, ки аз набуди ёру ёвар маъюс шуд ҳадафи худро ба шаҳодат тағйир дод.[39]

Бархе низ муътақиданд, ки ҳадафи сиёсӣ, тарҳи чаҳормарҳалаӣ буд. Марҳалаи аввал аз замони ҳаракат аз Мадина ба сӯи Макка аст, ки вижагии он эътироз ба ҳокимияти Язид аст. Марҳалаи дувум аз ҳангоми тасмимгирӣ барои рафтан ба сӯи Кӯфа то бархӯрд бо сипоҳи Ҳур аст, ки қасди тасарруфи Кӯфа ва Ироқро дорад. Марҳалаи сеюм аз ҳангоми бархӯрд бо сипоҳи Ҳур то мувоҷиҳа бо сипоҳи Кӯфа аст, ки ба гурез аз дасти Ибни Зиёд меандешад ва марҳалаи чаҳорум ҳангоми мувоҷиҳа бо сипоҳи Кӯфа аст, ки шаҳодатро бармегузинад.[40]

Осор ва пайомадҳо

Қиёми Имом Ҳусайн боиси осоре шуд, бархе аз онҳо иборатанд аз:

Эҳёи дини Ислом ва суннати Пайғамбар

Бархе аз нависандагон муҳимтарин асари қиёми Имом Ҳусайн (а) ва шаҳодати ӯро эҳёи дини Ислом донистаанд.[41] Ба гуфта имом Хумайнӣ агар воқеаи Карбало рух намедод, Язид ибни Муовия дини Ислом ва суннати Пайғамбар(с)-ро воруна ҷилва медод.[42]

Шаклгирии ҳаракатҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Банӣ Умайя

Баъд аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ҳаракатҳои эътирозие алайҳи умавиён шакл гирифт. Ба гузориши Таърихи Табарӣ, оғози қиём алайҳи Банӣ Умайя марбут ба соли 61ҳ.қ. аст, ки пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ҳамвора гурӯҳе аз мардум барои гирифтани интиқоми ӯ иқдомоте анҷом медоданд.[43] Нахустин эътироз, бархӯрди Абдуллоҳ ибни Афифи Аздӣ бо Ибни Зиёд буд. Ӯ дар масҷиди Кӯфа ба суханронии Ибни Зиёд, ки Имом Ҳусайн (а)-ро каззоб (дурӯғгӯ) хонда буд эътироз кард ва ӯ ва падарашро дурӯғгӯ хонд.[44] Ҳамчунин бар асоси гузорише дар Таърихи Систон, мардуми Систон бо шунидани хабари шаҳодати Имом Ҳусайн (а) алайҳи ҳокими Систон, ки бародари Убайдуллоҳ ибни Зиёд буд шӯриш карданд.[45] Мардуми Мадина низ дар соли 63ҳ.қ. ба раҳбарии Абдуллоҳ ибни Ҳанзала ибни Абиомир алайҳи ҳукумати Язид ибни Муовия шӯриш карданд.[46] Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ, таърихнигори қарни чаҳорум, қатли Имом Ҳусайн (а)-ро аз авомили шӯриши мардуми Мадина медонад.[47]

Қиёми таввобин

Навиштори аслӣ: Қиёми таввобин

Қиёми таввобин пас аз воқеаи Ошуро бо ҳадафи хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) ва шуҳадои Карбало, дар соли 65ҳ.қ. ба раҳбарии Сулаймон ибни Суради Хузоӣ ба вуқуъ пайваст.[48] Ҳангоме, ки лашкари таввобин ба Карбало расид, аз асбҳо пиёда шуданд ва гирён худро ба қабри Имом (а) расонда, иҷтимои пуршӯреро ташкил доданд.[49] Сулаймон дар миёни онон гуфт: Худоё, Ту шоҳид бош, ки мо бар дин ва роҳи Ҳусайн (а) ва душмани қотилони ӯ ҳастем![50]

Қиёми Мухтор

Навиштори аслӣ: Қиёми Мухтор

Мухтори Сақафӣ дар соли 66ҳ.қ. ба хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) қиём кард ва шиаёни Кӯфа бо ӯ ҳамроҳ шуданд.[51] Ӯ дар қиёмаш аз ду шиори “ё ласорот-ил-Ҳусайн” ва “ё мансуру амит” истифода кард.[52] Дар ин қиём бисёре аз омилони воқеаи Карбало аз ҷумла, Убайдуллоҳ ибни Зиёд, Умар ибни Саъд, Шимр ибни Зилҷавшан ва Хулӣ кушта шуданд.[53]

Қиёми Зайд ибни Алӣ

Навиштори аслӣ: қиёми Зайд ибни Алӣ

Қиёми Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн алайҳи ҳукумати умавиён шакл гирифт. Зайд бо такя бар байъати понздаҳ ҳазор нафар аз аҳолии Кӯфа дар соли 122ҳ.қ. алайҳи Ҳишом ибни Абдулмалик - халифаи умавӣ, қиём кард. Шайх Муфид - аз уламои шиа, ангезаи аслии Зайд ибни Алиро аз қиём бар зидди ҳукумати Банӣ Умайя, хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) донистааст.[54]

Таъсири қиёми Карбало дар суқути умавиён

Қиёми Карбало дар суқути умавиён таъсир дошт. Чароки мардум умавиёнро омили воқеаи Карбало медонистанд. Имом Ҳусайн (а) низ қиёмашро алайҳи ҳокимияти Язид унвон карда буд; ӯ бо таъбирҳое монанди “ва ала-л-Ислом-ис-салом”-ро матраҳ кардани сагбозӣ ва шаробхории Язид, ҳокимияти ӯ ва Банӣ Умайяро зери суол бурд.[55]

Аббосиён низ яке аз далоили аслии қиём алайҳи умавиёнро хунхоҳии Имом Ҳусайн (а) унвон карда буданд.[56]

Таъсири қиёми Карбало бар ҷомеаи шиа

Қиёми Имом Ҳусайн бар ҷомеаи шиа таъсироте доштааст[57] аз ҷумла:

Ривоҷи оинҳои азодорӣ

Навиштори аслӣ: Сӯгвории муҳаррам

Азодорӣ ва сӯгворӣ барои Имом Ҳусайн (а) ва шаҳидони Карбало аз аносири шаклдиҳандаи ҷомеа ва ҳувияти шиъӣ аст.[58] Бино бар гузоришҳои таърихӣ, азодорӣ бо фосилаи кӯтоҳе аз воқеаи Карбало ва бо таъкиди имомони шиа дар байни шиаён роиҷ шуд, аммо табдили он аз амали фардию маҳдуд ба маносики иҷтимоӣ ва умумӣ натиҷаи даврони ҳукумати Оли Бӯя аст.[59] Ба гузориши Ибни КАсир, шиаён дар соли 359ҳ.қ. дар рӯзи Ошуро бозорҳоро таътил карданд ва ба азодорӣ машғул шуданд.[60] Азодорӣ барои Имом Ҳусайн (а) ба хусус дар айёми даҳаи муҳаррам миёни шиаён дар кишварҳои мухталиф ба ҳамроҳи итъому нузурот роиҷ аст.[61]

Шаклгирии адабиёти Ошуроӣ

Навиштори аслӣ: Адабиёти ошуроӣ

Воқеаи Ошуро сабаб шуд, ки бахше аз адабиёти араб ба шеъри ошуроӣ ва марсиясароӣ махсус гардад. Нахустин шоири арабзабоне, ки дар бораи воқеаи Ошуро шеър сурудааст Уқба ибни Амри Саҳмӣ аст.[62] Абдулҷалили Розӣ шеърҳои шоирони ҳанафӣ ва шофеъӣ барои Имом Ҳусайн (а)-ро ғайриқобили шумориш тавсиф кардааст.[63] Ба навиштаи Донишномаи шеъри ошуроӣ сурудани шеъри форсӣ дар азои Имом Ҳусайн (а) ва воқеаи Карбало аз қарни чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ оғоз шуда ва нахустин сӯг сурудаи асари Касоии Марвазӣ (ваф. 390ҳ.қ.) аст.[64]

Дар давраи Сафавия дар Эрон бахши муҳимме аз шеъри форсӣ ба воқеаи Ошуро равона шудааст.[65] Нависандаи китоби Донишномаи шеъри ошуроӣ номи 345 шоирро ба ҳамроҳи чанд байт аз ашъори онон барои Имом Ҳусайн ҷамъоварӣ кардааст.[66]

Ривоҷи мақталнигорӣ

Навиштори аслӣ: Мақталнигорӣ

Мақталнигорӣ, навъе таърихнигорӣ аст, ки ба чигунагии қатл ё шаҳодати шахсиятҳои муҳим мепардозад. Китобҳои мақтал, ки моҷарои шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронашро шарҳ медиҳанд, ҷузви мероси адабӣ ва таърихии шиа маҳсуб мешаванд, ки нигориши онҳо дар пайи воқеаи Ошуро густариш ёфтааст. Мақталнигорӣ байни шиаён барои шарҳи шаҳодати имомони маъсум (а) ва шахсиятҳои барҷастаи шиа будааст, аммо ба ҷиҳати ривоҷи мақталнависӣ дар бораи воқеаи Карбало, истифода аз ин истилоҳ ба нақли рӯйдодҳои марбут ба шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш ихтисос пайдо кардааст.

Тақвияти рӯҳияи зулмситезӣ

Маҳатма Гандӣ - раҳбари истиқлоли Ҳинд:

«Ман зиндагии Имом Ҳусайн (а), он шаҳиди бузурги Исломро ба диққат хондаам ва тавваҷуҳи кофӣ ба сафаҳоти Карбало намудаам ва бар ман равшан аст, ки агар Ҳиндустон бихоҳад як кишвари пирӯз гардад, боястӣ аз сармашқи Имом Ҳусайн (а) пайравӣ кунад!»

Қиёми Имом Ҳусайн (а) дар шаклгирии рӯҳияи зулмситезӣ ва муборизаи шиаён бо ҳукуматҳои золим дар давраҳои мухталиф нақш доштааст. Бархе аз нависандагони ҳаракатҳои ислоҳӣ ва инқилобҳои мардумие ҳамчун инқилоби исломии Эронро илҳомгирифта аз ин қиём медонанд.[68]

Имом Хумайнӣ муътақид буд, ки ҷумлаи “Куллу явмин Ошуро” баёнгари лузуми муборизаи ҳамешагӣ бо зулм аст.[69]

Сохти маконҳои махсус

Шиаён барои азодории Имом Ҳусайн (а) биноҳои хоссе монанди ҳусайния, такя ва имомбора бино мекунанд. Дар ин маконҳо маросими азодорӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин дар бархе манотиқи Ҳинд зиёратгоҳҳое ба унвони намоди қабри шуҳадои Карбало ва ҳарами Имом Ҳусайн (а) ё ҳазрати Абaлфазл (а) месозанд ва дар он зиёратнома мехонанд.[70]

Осори ҳунарӣ

Қиёми Имом Ҳусайн (а) бар ҳунари мазҳабии шиаён таъсир гузоштааст ва осори мутааддиде шомили наққошӣ, шамоилнигорӣ, хушнависӣ, филм ва ғайра дар бораи воқеаи Ошуро тавлид шудааст.[71]

Дидгоҳи аҳли суннат

Нависандагони аҳли суннат рӯйкарди воҳиде нисбат ба ҳаракати Имом Ҳусайн (а) надоранд. Бархе, ҳамонанди Абубакр ибни Арабӣ, онро ҳаракати номашруъ дар муқобили ҳокимияти машруъ донистаанд.[72] Ибни Таймия дар бораи қиёми Имом Ҳусайн (а) муътақид аст: агарчи Имом мазлумона шаҳид шуд, вале кори Имом маслиҳати дунявӣ ва ухравӣ надошт. Ва қиёми Ошуроро омили эҷоди фитнаҳои зиёде дар уммати Ислом ва хилофи сираи Пайғамбари Ислом (с) муаррифӣ мекунад.[73] Ба гуфтаи Ҳамиди Иноят дар сад соли ахир ва ба хусус пас аз даврони Сайидҷамолиддини Асадободӣ, нигоҳи нависандагони аҳли суннат ба воқеаи Ошуро тағйир карда ва бисёре аз нависандагони онҳо ҳаракати Имом Ҳусайнро таъйид мекунанд.[74] Ба гуфтаи Абдулҷалили Розӣ дар китоби Нақз бархе аз олимони аҳли суннат ҳамчун Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ дар бораи Имом Ҳусайн (а) ва шуҳадои Карбало марсия сурудаанд.[75] Аз ҷумла марсияе ба Шофиӣ мансуб аст, ки бо байти зер шурӯъ мешавад[76]:

ابکی الحسین و ارثی حجاحا - من اهل بیت رسول الله مصباحا

Китобшиносӣ

Дар бораи қиёми Имом Ҳусайн осори мухталифе навишта шудааст, бархе аз осоре, ки бо рӯйкарди таҳлили чароӣ ва аҳдофи қиёми Имом Ҳусайн навишта шудааст, иборатанд аз:

  • Китоби “Ошурошиносӣ (пажӯҳише дар бораи ҳадафи Имом Ҳусайн (а))”, шомили се фасли “Ҳадафшиносии қиём”, “Кӯфа, интихоби дурусти Имом” ва “Дидгоҳи гузаштагон” аст. Нависанда дар бахши дуввуми китоб дар бораи аҳдофи Имом Ҳусайн ҳафт назарияро матраҳ кардааст.[77] Ӯ муътақид аст, ки Имом Ҳусайн ба қасди ташкили ҳукумат қиём кардааст, аз ин рӯ, бахши сеюм ба назари уламои шиа дар бораи ҳадафи Имом Ҳусайн, ки бо назари нависанда мувофиқ аст, ихтисос додааст.
  • Тааммуле дар наҳзати Ошуро, асари Расули Ҷаъфариён. Дар ин китоб бархе аз манобеи марбут ба воқеаи Карбало муаррифӣ шудааст, ҳамчунин ба заминаҳои қиём, шарҳи воқеа, ҳикмати шаҳодати Имом Ҳусайн, осори қиём, абъоди шиорӣ ва шаклии он, таҳрифоти воқеаи Карбало ва таърихчаи азодории аҳли суннат барои Имом Ҳусайн пардохта шудааст.[78]
  • Қиёми Ошуро дар калом ва паёми Имом Хумайнӣ. Бахши аввали ин китоби шомили се суханронӣ перомуни муҳаррам ва Ошуро аст. Бахши дуввуми он асбоб ва авомили қиёми Ошуро, фалсафаи азодорӣ ва равзахониро дарбар дорад ва дар хотима низ гузидае аз суханони ӯ дар бораи муҳаррам ва қиёми Карбало баён шудааст.[79]

Эзоҳ

  1. Табарӣ, Торих-ул-умами вал-мулук, 1967, ҷ.5, саҳ.341/ Муфид, ал-Иршод, 1399ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.34.
  2. Табарӣ, Тарих-ул-умами ва-л-мулук, 1967, ҷ.5, саҳ.352/ Муфид, ал-Иршод, 1399ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.38.
  3. Табарӣ, Торих-ул-умами вал-мулук, 1967, ҷ.5, саҳ.381/ Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.81.
  4. Табарӣ, Торих-ул-умами вал-мулук, 1967, ҷ.5, саҳ.398.
  5. Динаварӣ, Ахбор-ут-тивол, 1368ҳ.ш., саҳ.23/ Табарӣ, Торих-ул-умами вал-мулук, 1967, ҷ.5, саҳ.409.
  6. Табарӣ, Торих-ул-умами вал-мулук, 1967, ҷ.5, саҳ.456.
  7. Н.К ба Шаҳидӣ, Пас аз панҷоҳ сол, 1380ҳ.қ., саҳ.112-133.
  8. Заминаҳои қиёми Имом Ҳусайн (а), 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.18.
  9. Шаҳидӣ, Пас аз панҷоҳ сол, 1380ҳ.қ., саҳ.69-78.
  10. Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.290-291.
  11. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-имомил-Ҳусайн, 1975 ҷ.2, саҳ.264.
  12. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.33
  13. Хоманаӣ, Инсони 250 сола, 1394ҳ.ш., саҳ.179.
  14. Хоманаӣ, Инсони 250 сола, 1394ҳ.ш., саҳ.172.
  15. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.25
  16. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.59
  17. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.60.
  18. Иштиҳордӣ, Ҳафтсола чаро садо даровард?, саҳ.154.
  19. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажӯҳӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.441.
  20. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.68.
  21. Солеҳии Наҷафободӣ, Шаҳиди ҷовид, саҳ.159.
  22. Сайид Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, саҳ.176.
  23. Сайид Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё, саҳ.176-178.
  24. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.21.
  25. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.156-157.
  26. Ҷаъфариён, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, 1386ҳ.ш., саҳ.243.
  27. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., с.157
  28. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.93.
  29. Маҳризӣ, "Таҳлиле дар бораи аҳдофи қиёми Имом Ҳусайн (а), саҳ.13.
  30. Маҳризӣ, "Таҳлиле дар бораи аҳдофи қиёми Имом Ҳусайн (а), саҳ.13.
  31. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.84.
  32. Ниг.: Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.328.
  33. Ниг.: Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, ал-Олам, саҳ.3 ва 28.
  34. Фозил Дарбандӣ, Иксир-ул-ибодот, ал-Олам, ҷ.1, саҳ.56.
  35. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.70.
  36. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.70-74.
  37. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., с.77 - 78.
  38. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., с.157.
  39. Нигоҳ кунед ба Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., с.68 - 69.
  40. Ҷаъфариён, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, 1386ҳ.ш., с.242.
  41. Кадивар, «Нақши наҳзати Ошуро дар шаклгирӣ ва тадовуми инқилоби исломии Эрон», саҳ.12.
  42. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.52.
  43. Табарӣ, Таърих-ул-умами вал-мулук, 1967 ҷ.5, саҳ.558.
  44. Табарӣ, Таърих-ул-умами вал-мулук, 1967 ҷ.5, саҳ.459.
  45. Таърихи Систон, 1366ҳ.ш., саҳ.100.
  46. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва ас-сийсату, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.230.
  47. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.68 - 69.
  48. Ибни КАсир, ал-Бидояту ва ан-ниҳояту, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.251.
  49. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-торих, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.264.
  50. Табарӣ, Таърих-ул-умами вал-мулук, 1967 ҷ.5, саҳ.589.
  51. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ. 4, саҳ.347.
  52. Ниг.: Табарӣ, Таърих-ул-умами вал-мулук, 1967 ҷ.6, саҳ.20.
  53. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.347.
  54. Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.172 - 171.
  55. Ҷаъфариён, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, 1386ҳ.ш., саҳ.245.
  56. Рафиъӣ, “Нақши Ошуро ва азодориҳои асри аимма (а) дар суқути Умавиён ва пирӯзии Аббосиён”, саҳ.72.
  57. Ҷаъфариён, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, 1386ҳ.ш., саҳ.251.
  58. Раҳмонӣ, Оин ва устура дар Эрони шиъӣ, саҳ.10.
  59. Раҳмонӣ, Оин ва устура дар Эрони шиъӣ, саҳ.58
  60. Ибни КАсир, ал-Бидоя ва ан-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.267.
  61. Ниг.: Муассисаи шиашиносӣ, Суннати азодорӣ ва манқабатхонӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.156.
  62. Меҳмондор, «Имом Ҳусайн дар оинаи шеъру адаб», саҳ.53.
  63. Розии Қазвинӣ, Нақз, анҷумани осори миллӣ, саҳ.371.
  64. Муҳаммадзода, Донишномаи шеъри ошуроӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.717.
  65. Муҳаммадзода, Донишномаи шеъри ошуроӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.719.
  66. Ниг.: Муҳаммадзода, Донишномаи шеъри ошуроӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.2.
  67. Ҳошиминажод, Дарсе, ки Ҳусайн алайҳиссалом ба инсонҳо омӯхт, 1382ҳ.ш., саҳ.289.
  68. Гулӣ Заввора Қумшаӣ, «Ҳамосаи Ҳусайнӣ ва инқилоби исломӣ», саҳ.105 - 106.
  69. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.445.
  70. Муассисаи шиашиносӣ, Суннати азодорӣ ва манқабатхонӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.158.
  71. «کربلا؛ خاستگاه تجلی هنر» «Карбало, хостгоҳи таҷаллии ҳунар», хабаргузории ИМНО.
  72. Хазъалӣ, «Қиёми Имом Ҳусайн аз дидгоҳи уламои аҳли суннат», саҳ.58 - 59.
  73. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, 1406ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.530.
  74. Иноят, Андешаи сиёсӣ дар Исломи муосир, 1365ҳ.ш., саҳ.314.
  75. Розӣ, Нақз, анҷумани осори миллӣ, саҳ.370 - 371.
  76. Розӣ, Нақз, анҷумани осори миллӣ, саҳ.370.
  77. Исфандиёрӣ, Ошурошиносӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.59.
  78. Ҷаъфариён, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, 1386ҳ.ш., саҳ.12.
  79. «قیام عاشورا در کلام و پیام امام خمینی(س)» «Қиёми Ошуро дар калом ва паёми Имом Хумайнӣ (а)», Портали имом Хумайнӣ.

Сарчашма

  • Овинӣ, Сайид Муртазо, Фатҳи хун, Воҳа, 1390ҳ.ш.
  • Абумихнаф, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), таҳқиқ ва таълиқи Ҳусайни Ғаффорӣ, Қум, Матбаат-ул-илмия, бе то.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғобати фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ./ 1989 м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-ъарабӣ, 1417ҳ.қ./1997м., бе то.
  • Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Шерӣ, Бейрут: Дор-ул-азво, 1411ҳ.қ./ 1991 м.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавияти фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадария, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, Ҷомеъату ал-Имом Муҳаммад ибни Сауд ал-исломийя, 1406ҳ.қ./1986
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имомату ва ас-сиёсат, тасҳеҳи Алии Шерӣ, Дор-ул-азво, Бейрут, 1410ҳ.қ./1990
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва ан-ниҳоят, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986
  • Исфандиёрӣ, Муҳаммад, Ошурошиносӣ - пажӯҳише дар бораи ҳадафи Имом Ҳусайн (а), Қум, Саҳифаи хирад, 1387ҳ.ш./1430ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, Теҳрон, 1389ҳ.ш.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Эҳсони Аббос, Абдулазизи Даврӣ, Муҳаммади Ҳамидуллоҳ, Бейрут, Муассисаи ал-олами ли-л-матбуъот, бе то.
  • Таърихи Сиистон, тасҳеҳи Муҳаммадтақии Баҳор, Теҳрон, Падедаи ховар, 1366ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Ҳусайни Муҳаммад, Ташайюъ дар масири таърих, тарҷумаи Муҳаммадтақии Оятуллоҳӣ, дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Тааммуле дар наҳзати Ошуро, Қум, нашри муаррих, 1386ҳ.ш.
  • Ҷамъӣ аз нависандагон, Заминаҳои қиёми Имом Ҳусайн, Қум, Замзами ҳидоят, 1383ҳ.ш.
  • Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Инсони 250-сола, Теҳрон, Саҳбо, чопи панҷоҳум, 1394ҳ.ш.
  • Хазъалӣ, Инсия, Қиёми Имом Ҳусайн аз дидгоҳи уламои аҳли суннат, мундараҷ дар: маҷмӯъаи мақолоти ҳамоиши Имом Ҳусайн, ҷ.11, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), Теҳрон, 1381ҳ.ш.
  • Розии Қазвинӣ, Абдолҷалил, Нақз, Теҳрон, Анҷумани осори миллӣ, бе то.
  • Раҳмонӣ, Ҷаббор, Ойин ва устура дар Эрони шиъӣ, интишороти Хайма, Теҳрон, 1394ҳ.ш.
  • Рафиъӣ, Муҳаммадтоҳир, «Нақши ошуро ва азодориҳои асри аъимма (а) дар суқути умавиён ва пирӯзии аббосиён», Маърифат, №11, баҳмани 1390ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Мӯсо, ал-Луҳуфу ало қатл-ат-туфуф, Алъолам, бе то.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танзиҳ-ул-анбиё, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, бе то.
  • Шаҳидӣ, Сайид Ҷаъфар, Пас аз панҷоҳ сол; пажӯҳише тоза перомуни қиёми Ҳусайн (а), Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, Муҳаммад, Ошуропажуҳӣ бо рӯйкарде ба таҳрифшиносии таърихи Имом Ҳусайн (а), Қум, интишороти Ходим-ур-Ризо, чопи аввал, 1384ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1967/1387ҳ.қ.
  • Иноят, Ҳамид, Андешаи сиёсӣ дар исломи муосир, тарҷума: Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, интишороти Хоразмӣ, Теҳрон, 1365ҳ.ш.
  • Фозили Дарбандӣ, оғо ибни обид, эксири алъбодот, Карбало, алътбаҳи алҳсиниаҳ, бе то.
  • Қршӣ, боқршриФ, ҳаёаи аломоми алҳусайн, Наҷаф, матбааи алодоб, 1975ҳ.қ./1395ҳ.қ.
  • «قیام عاشورا در کلام و پیام امام خمینی(س)», Пуртоли Имом Хумайнӣ, мушоҳидаи 29 мурдоди 1401ҳ.ш.
  • Кдиўр, Ҷамила, «Нақши наҳзати ошуро дар шаклгирӣ ва тадовуми инқилоби исломии Эрон», Роҳбурд, №6, баҳори 1374ҳ.ш.
  • «کربلا؛ خاستگاه تجلی هنر», хабаргузории ИМНА, дарҷи матлаби 24 мурдоди 1400ҳ.ш., мушоҳидаи 29 мурдоди 1401ҳ.ш.
  • Гулизаввораи Қумшаӣ, «Ҳамосаи ҳусайнӣ ва инқилоби исломӣ», Фарҳанги кавсар, №73, 1387ҳ.ш.
  • Муассисаи шиъашиносӣ, Суннати азодорӣ ва манқибатхонӣ дар таърихи шиъаи имомия, Муассисаи шиъашиносӣ, Қум, 1386ҳ.ш.
  • Муҳаммадзода, Марзия, Донишномаи шеъри ошӯроӣ, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, чопи дувум, Теҳрон, 1386ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқ: Асъад Доғир, Дор-ул-ҳиҷра, Қум, 1409ҳ.қ..
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ҳамосаи ҳусайнӣ, Теҳрон, интишороти Садро, чопи панҷоҳу нуҳуми 1387ҳ.ш.
  • Меҳризӣ, Маҳдӣ, «تحلیلی درباره اهداف قیام امام حسین(ع)», Ҳадис-нет, мушоҳидаи 27 мурдоди 1401ҳ.ш.
  • Меҳмондор, Маҳдӣ, Имом Ҳусайн дар ойинаи шеъру адаб, мундараҷ дар: Маҷмуъаи мақолоти ҳамоиши Имом Ҳусайн, ҷ.12, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а), Теҳрон, 1381ҳ.ш.
  • Носирии Довудӣ, Абдулмаҷид, Шаҳодати Имом Ҳусайн аз манзари аҳли суннат, мундараҷ дар: Нигоҳе нав ба ҷараёни ошуро, зери назари Сайид Алиризои Восеъӣ, Бустони китоб, Қум, 1390ҳ.ш.
  • Ҳошиминажод, Абдукарим, Дарсе ки Ҳусайн алайҳиссалом ба инсонҳо омӯхт, Машҳад, Остони қудси разавӣ, 1382ҳ.ш.