Зиёрат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Зиёрот)
Мусулмонон дар ҳоли зиёрати қабри Пайғамбар (с)

Зиёрат (арабӣ: الزيارة) ба маънои рафтан назд қабри пайғамбарон, имомон ва имомзодагон ва муъминон аст. Зиёрат аз аъмоли писандида исломӣ буда ва дар тӯли таърих, мусулмонон ба он аҳаммият додаанд. Ин амал, назди шиаён ҷойгоҳи вижа дорад; ба ҳадде ки он аз намодҳои шиа медонанд.

Ибни Таймия ва ваҳҳобиён, бар хилофи дигар фирқаҳои мусулмон, зиёрати қабри пайғамбарону пешвоёни динӣ ба қасди шафоату истиҷобати дуоро бидъат ва амалии ширкомез талаққӣ мекунанд.

Аммо олимони шиа ва бештари олимони аҳли суннат ин дидгоҳро намепазиранд ва бо истинод ба суннати Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а) ва сираи саҳоба ва тобеин, иҷмоъ ва сираи амалии мусулмонон, зиёратро машруъ ва дорои фазилат мешуморанд.

Дар боби машруияти зиёрат, фазилат ва истиҳбоби он дар Ислом ва ҳамчунин дар радди дидгоҳи Ибни Таймия дар бораи зиёрат, осоре аз сӯи олимони мусулмон ба риштаи таҳрир даромадааст. Китоби «Шифо-ус-сиқоми фи зиёрати хайр-ил-аном» асари Тақиюддини Субкӣ ва «Тӯҳфат-уз-зуввори ило қабр-ин-набий-ил-мухтор» навиштаи Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ аз ҷумла ин осоранд. Китоби ал-Мазору фи кайфияти зиёрот-ин-набийи ва-л-аиммат-ил-атҳор, таълифи Шаҳиди Аввал низ аз ҷумлаи осоре аст, ки дар бораи фазилат ва истеҳбоби зиёрати қабри Пайғамбар (с) ва имомони шиа (а) ва одоби зиёрати қабри онон навишта шудааст.

Ҷойгоҳи зиёрат дар фарҳанги исломӣ

Зиёрат истилоҳи динӣ, ба маънои ҳозир шудан канори қабри амвот, муъминон, инсонҳои солеҳ ва ба вижаи қабри пайғамбарон, имомон ва имомзодагон аст, ки бо маносикии махсус сурат мегирад.[1] Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, зиёрати қабри Пайғамбар (с), Аҳли Байти ӯ ва қабри муъминон аз усули фарҳанги исломӣ аст.[2]

Олимони аҳли суннат ҳамчун Ибни Зиёи Маккӣ (ваф.854ҳ.қ.), Шавконӣ, Шамсуддини Заҳабӣ (ваф.748ҳ.қ.), Абдурраҳмони Ҷузайрӣ низ зиёрати қабри Пайғамбар (с)-ро дорои фазилати бисёр медониста[3] ва гузориш кардаанд вақте ҳоҷиён аъмоли ҳаҷро тамом мекарданд, ба зиёрати қабри Пайғамбар (с) мерафтанд.[4]

Ҷойгоҳи вижаи зиёрат назди шиаён

Зиёратро намоди шиа, омили ҳаёту ҳувияти он ба шумор меоваранд. Шиаён ба пайравӣ аз ривоёте ки аз имомони маъсум (а) дар бораи савобу фазилати зиёрат нақл шуда, таваҷҷуҳи хоссе ба сафар рафтан барои зиёрати мазори имомон (а) ва имомзодагон доранд.[5] Солона шиаёни зиёде аз нуқоти мухталифи ҷаҳон ба манзури зиёрати қабри имомон (а) ва бархе имомзодагон сафар мекунанд. Барои намуна, тавлияти Остони қудси разавӣ, дар мурдоди 1397ҳ.ш. гузориш кард, ки солона 28 миллион нафар, аз шаҳрҳои мухталифи Эрон ва бархе кишварҳои дигар, барои зиёрати марқади Имом Ризо (а) ба Машҳад мусофират мекунанд.[6] Ҳамчунин ба нақл аз маркази омори ҳарами Ҳазрати Аббос (а), теъдоди зоирони атабот дар пиёдаравии арбаин дар соли 2023, беш аз 22 миллион нафар баровард шудааст.[7]

Зиёратнома

Мақолаи аслӣ: Зиёратнома

Зиёратнома, матне аст, ки ҳангоми зиёрати қабри имомони шиа (а) хонда мешавад ва мӯҳтавои он дорои мазмуни дуруд фиристодан ва адои эҳтиром ба соҳибони ин қабрҳост.[8] Агарчи ҳар зоире метавонад аз пеши худ ва ба забони худаш, барои эҳтирому мутавассил шудан ба соҳиби ин қабр чизе бигӯяд; аммо ба хондани ин зиёратномаҳо, ки санади онҳо ба худ имомони маъсум мерасад ва дар истилоҳ, ба онҳо «зиёратномаҳои маъсур» гуфта мешавад, суфориш шудааст.[9] Ин зиёратномаҳо мазмунан дорои бархе масоили эътиқодӣ ҳамчун тавҳид, нубувват, сифоти Худо ва мазмунҳое аз қабили шинохти имомони маъсум ва фазоилу мақомоти онон, таваллӣ ва табаррӣ, шафоат ва тавассул аст.[10]

Зиёрат аз роҳи дур

Зиёрат аз роҳи дур гунае аз зиёрат шумурда мешавад, ки дар ривоёти шиа, барои касоне ки зиёрати ҳузурӣ (аз наздик) барояшон мақдур нест тавсия шудааст.[11] Барои намуна, дар ривояте ба нақл аз Имом Содиқ (а) чунин омадааст: касе ки қодир ба зиёрат аз наздик нест, дар ҷои баланде қарор гирад ва ду ракаат намоз бихонад, сипас ба сӯи қабри мо рӯ кунад ва салом диҳад. Саломи ӯ ба мо хоҳад расид.[12] Дар ривояти дигаре аз вай нақл шуда агар касе дар фазои боз қарор гирад ва ба росту чап нигоҳ кунад, сипас сари худро ба сӯи осмон баланд кунад ва ба сӯи қабри Имом Ҳусайн (а) тавваҷуҳ намояд ва бигӯяд: «Ассалому алайка ё Абоабдиллоҳ, ассолому алайка ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ», савоби зиёрати Имом Ҳусайн (а) барои ӯ навишта мешавад.[13]

Зиёрати қабри имомони шиа назд аҳли суннат

Таърихнигорон маворидеро гузориш кардаанд, ки дар он бархе олимони аҳли суннат низ ба зиёрати қабри бархе имомони шиа рафтаанд.[14] Барои намунаи Ибни Ҳиббон, муҳаддиси аҳли суннат дар қарни сеюм ва чоруми қамарӣ, гуфтааст борҳо ба зиёрати қабри Имом Ризо (а) дар Машҳад мерафтам ва бо тавассул ба ӯ мушкилотам бартараф мешуд.[15] Ҳамчунин Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ нақл карда, ки Абубакр Муҳаммад ибни Хузайма, фақиҳ, муфассир ва муҳаддиси аҳли суннат дар қарни сеюм ва чоруми қамарӣ ва Абӯалӣ Сақафӣ, аз олимони Нишобур, ба ҳамроҳи дигароне аз аҳли суннат ба зиёрати қабри Имом Ризо рафтаанд.[16] Самъонӣ, таърихнигор, муҳаддис ва фақиҳи шофеии қарни шашуми қамарӣ низ ба зиёрати қабри Имом Козим (а) мерафта ва ба ӯ мутавассил мешудааст.[17] Аз Шофеӣ, ки аз фуқаҳоии чоргонаи аҳли суннат аст низ нақл шуда ки қабри Имом Козимро «доруи шифобахш» тавсиф кардааст.[18]

Далели раво будани зиёрат

Олимони мусулмон барои исботи машруияти зиёрат ба далелҳои зер истинод кардаанд:

Суннати Пайғамбар (с)

Зиёрати қабр аз ҳамон садри Ислом кори раво ва роиҷ будааст. Ба гузориши Ибни Шаббаҳ дар китоби «Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара», Пайғамбар (с) замоне ки аз фатҳи Макка ба самти Мадина бозмегашт, ба зиёрати қабри модараш Омина рафту гуфт: «Ин қабри модари ман аст. Аз Худованд зиёрати ӯро хоста будам ва ӯ иҷозати ин корро ба ман дод.»[19] Ҳамчунин нақл шуда ки вай ба зиёрати қабри шаҳидони ҷанги Уҳуд[20] ва зиёрати қабри муъминон ба қабристон Бақиъ мерафт.[21] Дар бархе манобеи ривоии аҳли суннат низ барои фазилати зиёрат ва тавсия ба анҷоми он, ривоёте аз Пайғамбар (с) нақл шудааст. Барои намуна ривояте аз вай нақл шуда ки: «مَنْ زَارَ قَبْرِي وَجَبَتْ لَهُ شَفَاعَتِی; Ҳар кас қабри маро зиёрат кунад, шафоатам дар қиёмат насиби ӯ мешавад.»[22]

Ривоёт ва сираи имомони маъсум (а)

Дар манобеи ривоии шиа, аҳодиси фаровоне дар фазилату истиҳбоби зиёрати қабри Пайғамбар (с) ва имомони шиа (а) ва қабри муъминон ворид шудааст. Кулайнӣ дар китоби ал-Кофӣ боберо бо унвони «بَابُ فَضْلِ الزِّيَارَاتِ وَ ثَوَابِهَا; Боби фазилати зиёратҳо ва савоби он», танзим карда ва аҳодисе дар ин замина гирдоварӣ кардааст.[23] Ҳурри Омилӣ низ дар Васоил-уш-шиа боберо бо унвони «Абвоб-ул-мазори ва мо юносибуҳу» ба ривоёти зиёрат бахшида[24] ва дар зайли он ривоёте дар фазилат ва савоби зиёрати қабри Пайғамбар (с) ва имомони шиа (а) ва анбиёи илоҳӣ, зиёрати қабри имомзодаҳое ҳамчун ҳазрати Маъсума (с) ва ҳазрати Абдулазими Ҳасанӣ (а), зиёрати қабри шаҳидону муъминон, зиёрати бародари муъмин чи дар ҳоли сиҳҳат ва чи беморӣ ва ғайраро дар 106 боби мухталиф гирдоварӣ кардааст.[25]

Дар манобеи таърихӣ низ мавориде аз сираи имомони шиа дар зиёрати қабр нақл шудааст: Ҳокими Нишобурӣ дар «ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн» дар ривояте чунин нақл кардааст, ки ҳазрати Заҳро (с) ҳар ҷумъа ба зиёрати қабри Ҳамза ибни Абдулмутталиб мерафт ва дар он ҷо намоз мехонд ва гиря мекард.[26] Дар ривояте аз Имом Боқир (а) нақл шуда ки Имом Ҳусайн (а) ҳар шаби ҷумъа ба зиёрати қабри Имом Ҳасан (а) мерафт.[27] Дар Комил-уз-зиёрот ривояте аз Имом Ризо (а) нақл шудааст ки Имом Саҷҷод (а) ба зиёрати қабри Имом Алӣ (а) мерафт, канори қабр меистод, гиря мекард ва салом медод.[28]

Амали саҳоба, тобеин ва иҷмоъи олимон

Субкӣ олими аҳли суннат дар қарни ҳаштуми қамарӣ, дар китоби Шифо-ус-сиқом, ба чандин ривоят аз манобеи мухталифи ривоии аҳли суннат[29] истинод кардааст, ки бар асоси онҳо, бархе аз саҳоба ва тобеин ба зиёрати қабри Пайғамбар (с) ва муъминон мерафтанд ва ба аҳли қубур салом мефиристоданд.[30]

Ибни Таймия ва ваҳҳобиҳо мухолифони зиёрат

Ба нақл аз Муҳаммад Абдулҳай Лакнавӣ (ваф.1304ҳ.қ.), фақиҳ ва муҳаддиси ҳанафии аҳли Ҳинд, ҳеҷ як аз фақиҳони чоргонаи аҳли суннат ва олимони мусулмон, зиёрати қабри муъминон, ба вижаи қабри Пайғамбар (с) ва сафар рафтан барои анҷоми онро номашруъ намедонистанд.[31] Ба гуфтаи ӯ, Ибни Таймия (661 - 728ҳ.қ.) нахустин касе буд, ки ба мухолифат бо ин иҷмоъ пардохт ва дар машруияти зиёрати қубур шубҳа ворид кард.[32] Аз назари ӯ, салом фиристодан ва дуо барои соҳибони қубур машруъ аст; аммо талаби ҳоҷат аз онон ва восита қарор додани онон ва Худовандро ба онон қасам додан барои талаби ҳоҷат, амали номашруъ аст.[33] Ӯ ин навъи зиёратро бидъат ва ширк медонад.[34]

Чанд қарн пас аз Ибни Таймия, яъне дар қарни дувоздаҳум, мухолифат бо машруияти зиёрат аз сӯи ваҳҳобиҳо дубора матраҳ шуд ва онон то ба имрӯз (қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ) низ ин амалро ҳаром мепиндоранд ва мусулмононро аз анҷоми он боз медоранд.[35]

Нақди дидгоҳи Ибни Таймия ва ваҳҳобиҳо аз сӯии олимони мусулмон

Бештари олимони аҳли суннат ҳамчун Нававӣ[36] Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ,[37] Ғаззолӣ,[38] Мулло Алӣ Қории ҳанафӣ,[39] Шамсуддини Заҳабӣ,[40] Ҷассос,[41] Ибни Обидин фақиҳи ҳанафӣ,[42] Зарқонӣ фақиҳи моликӣ,[43] Ибни Қуддомаи ҳанбалӣ[44] ва бархе дигар бар ин боваранд, ки ҳадиси Шадду риҳол ки Ибни Таймия барои номашруъ будани зиёрат ба он истинода карда,[45] дар мақоми наҳй аз зиёрати қубур, ба вижаи қабри Пайғамбар (с) нест; балки дар мақоми баёни фазилати масҷидҳои сегонаи Масҷидулҳаром, Масҷидуннабӣ ва Масҷидулақсо аст.

Ҷаъфари Субҳонӣ гуфтааст зиёрати қубур ва тавассул ҷустан ба соҳибони онҳо бад-ин маъно нест, ки онон мустақил аз изну раҳмати Илоҳӣ, ҳоҷоти зиёраткунандагон ё тавассулкунандагонро бароварда мекунанд, то ширк пеш бияёд; балки бад-ин маъно аст, ки ба ҷиҳати мақому манзалате ки назди Худованд доранд, воситаи бандагон ва Худованд барои баровардани ҳоҷот қарор дода мешаванд.[46]

Одоби зиёрат

Шайх Аббоси Қумӣ дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон бар асоси ривоёти нақлшуда аз имомони шиа (а) барои зиёрат одобе зикр карда, ки бархе аз онҳо ба баёни зер аст:

  • Анҷоми ғусли зиёрат;
  • Пӯшидани либосҳои поку покиза;
  • Машғул сохтани забон ба зикри Худованд;
  • Вузу доштн ва таҳорати бадан;
  • Баҷо овардани намози зиёрат;
  • Таловати Қуръон назди қубур;
  • Тавба ва истиғфор кардан аз гуноҳон;
  • Тарки каломи беҳуда;
  • Баланд накардани садои худ дар ҳангоми зиёрат.[47]

Такнигорӣ

Бархе аз осоре ки дар бораи зиёрат ва фазилати он таълиф шуда ба баёни зер аст:

  • Китоби Комил-уз-зиёрот: асари ривоӣ аз Ибни Қулавайҳ аст, ки дар он ривоёте аз имомони маъсум (а) дар фазилат ва савоб, чигунагӣ ва одоби зиёрати қабри онон гирдоварӣ шудааст.[48]
  • Китоби ал-Мазору фи кайфияти зиёрот-ин-набийи ва-л-аиммат-ил-атҳор, маъруф ба «Китоб-ул-мазор» навиштаи Шаҳиди Аввал: ин китоб ду бахш дорад,[49] ки бахши аввали он дар бораи зиёратҳо ва шомили ҳашт фасл ва як хотима дар одоб ва фазилати зиёрати аиммаи маъсумин (а) аст.[50]
  • Туҳфат-уз-зуввори ило қабри набий-ил-мухтор, таълифи Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ олими суннӣ (909–974ҳ.қ.): ин китоб дар мавзӯи зиёрати қабри Пайғамбар (с), одоби зиёрат ва аъмоли пас аз он ва шомили як муқаддама ва чор фасл аст.[51]
  • Одоби зиёрат аз дидгоҳи маъсумин (а): тарҷумаи «Боб-ул-мазор»-и китоби Васоил-уш-шиа ба қалами Муҳсини Димаи Коргароб ва Абулфазли Козимӣ ба забони форсӣ аст.[52]

Эзоҳ

  1. Киёнӣ Фарид, «Зиёрат», саҳ.847
  2. Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, 1376ҳ.ш., саҳ.254
  3. Маккӣ, Таърих-ул-Маккат-ил-мушаррафати ва-л-Масҷидулҳаром, 1424ҳ.қ., саҳ.334; Шавконӣ, Найл-ул-автор, 1413ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.110; Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.484; Ҷузайрӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаа, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.946
  4. Маккӣ, Таърих-ул-Маккат-ил-мушаррафати ва-л-Масҷидулҳаром, 1424ҳ.қ., саҳ.334; Шавконӣ, Найл-ул-автор, 1413ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.110
  5. «زیارت، عامل حیات و هویت شیعه», сайти рӯзномаи Қудс.
  6. «سالانه ۲۸ میلیون نفر زائر حرم امام رضا(ع)», сайти хабаргузории Садову симо
  7. «تعداد نهایی زائران اربعین امسال ۲۲ میلیون نفر اعلام شد», сайти хабаргузории Меҳр
  8. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1376ҳ.ш., саҳ.211
  9. Аллома Маҷлисӣ, Туҳфат-уз-зоир, 1386ҳ.ш., саҳ.4 - 5; Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1376ҳ.ш., саҳ.211
  10. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1376ҳ.ш., саҳ.211 - 212
  11. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, Матбаат-ус-Садуқ саҳ.301 - 305
  12. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, Матбаат-ус-Садуқ саҳ.303
  13. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, Матбаат-ус-Садуқ саҳ.303
  14. Барои намуна ниг.: Ибни Ҳиббон, ас-Сиқот, 1402ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.457; Асқалонӣ, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Дору содир, ҷ.7, саҳ.388
  15. Ибни Ҳиббон, ас-Сиқот, 1402ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.457
  16. Асқалонӣ, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Дору содир, ҷ.7, саҳ.388
  17. Самъонӣ, ал-Ансоб, 1382ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.479
  18. Каъбӣ, ал-Имом Мусо ибни ал-Козим алайҳиссалом сиратун ва таърих, 1430ҳ.қ., саҳ.216
  19. Ибни Шаббаҳ, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.120
  20. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.112
  21. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.78
  22. Барои намуна ниг.: Дору Қутнӣ, Сунану ад-Дору Қутнӣ, 1424ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.334
  23. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.579
  24. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.319
  25. Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1419ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.319 - 600
  26. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.533
  27. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1419ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.408
  28. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, Мактабат-ус-Садуқ, саҳ.36 - 37
  29. Барои намуна ниг.: Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.166; Санъонӣ, Мусаннаф, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.570 - 576
  30. Тақиюддини Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, 1419ҳ.қ., саҳ.166 - 168
  31. Лакнавӣ, Иброз-ул-ғай-ил-воқеи фи шифо-ил-ъай, интишороти Чашмаи файз, саҳ.37
  32. Лакнавӣ, Иброз-ул-ғай-ил-воқеи фи шифо-ил-ъай, интишороти Чашмаи файз, саҳ.37
  33. Ибни Таймия, Қоидатун ҷалилати фи-т-тавассули ва-л-васила, 1422ҳ.қ., саҳ.151; Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.438 ва 444
  34. Ибни Таймия, Қоидатун ҷалилати фи-т-тавассули ва-л-васила, 1422ҳ.қ., саҳ.151; Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.438 ва 444
  35. Ризвонӣ, Силсилаи мабоҳиси ваҳҳобиятшиносӣ (зиёрати Пайғамбар ва авлиё), нашри Машъар, саҳ.8
  36. Нававӣ, Саҳеҳу Муслими маа шарҳ-ил-аллома ан-Нававӣ, 1392ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.167 - 168
  37. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.65
  38. Ғаззолӣ, Эҳёу улум-ид-дин, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.244
  39. Муҳаммади Қорӣ, Мирқот-ул-мафотиҳ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.589
  40. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.368
  41. Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1300ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.295
  42. Ибни Обидин, Радд-ул-мухтор, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.627
  43. Зарқонӣ, Шарҳи аз-Зарқонӣ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396 - 397
  44. Ибни Қуддома, ал-Муғнӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.195
  45. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.440
  46. Субҳонӣ, Оини ваҳҳобият, саҳ.299 - 300
  47. Қумӣ, Куллиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, интишороти Усва, саҳ.306 - 313
  48. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, Матбаат-ус-Садуқ саҳ.16
  49. Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.9
  50. Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.9
  51. Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, Туҳфат-уз-зуввори ило қабр-ин-набий-ил-мухтор, 1412ҳ.қ., саҳ.5
  52. Дима Коргароб, Козимӣ, Одоби зиёрат аз дидгоҳи маъсумин (а), 1394ҳ.ш., саҳ.12

Сарчашма

  • «سالانه ۲۸ میلیون نفر زائر حرم امام رضا(ع)», сайти хабаргузории Садоу симо, санаи дарҷи матлаб: 2 мурдоди 1397ҳ.ш., санаи боздид: 25 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • «تعداد نهایی زائران اربعین امسال ۲۲ میلیون نفر اعلام شد», сайти хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 16 шаҳривари 1402ҳ.ш., санаи боздид: 20 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • «زیارت، عامل حیات و هویت شیعه», сайти рӯзномаи Қудс, санаи дарҷи матлаб: 2 тири 1401ҳ.ш., санаи дарҷи матлаб: 4 хурдоди 1403ҳ.ш.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Туҳфат-уз-зоир, Қум, муассисаи Паёми Имом Ҳодӣ (а), 1386ҳ.ш.
  • Асқалонӣ, ибни Ҳаҷар, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Бейрут, Дору содир, бе то.
  • Даймаи коргроб, Муҳсину Абулфазли доимӣ, одоби зиёрат аз дидгоҳи маъсумин (тарҷумаи боби ал-Мазори китоби Васоил-уш-шиа), Машҳад, интишороти остони қудси разавӣ, 1394ҳ.ш.
  • Зарқонӣ, Муҳаммад ибни Абдулбоқӣ, Шарҳ-уз-Зарқонӣ ало Муваттаи ал-Имом Молик, Қоҳира, Мактабат-ус-сақофат-уд-диния, 1424ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Обидин, Маҳмадамин ибни умр, Радд-ул-мухтор, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, Арабистон, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Қоидатун ҷалилати фи-т-тавассули ва-л-васила, бе ҷо, Мактабат-ул-Фурқон, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Шаббаҳ, Абузайди умр, Таърих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, Қум, интишороти Дор-ул-фикр, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Қуддома, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ, Қоҳира, Мактабат-ул-Қоҳира, 1388ҳ.қ.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, Қум, Матбаат-ус-Садуқ, бе то.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-борӣ шарҳу Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Тӯҳфат-уз-зуввори ило қабр-ин-набий-ил-мухтор, Қоҳира, Дор-ус-саҳобати ли-т-турос, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Ҳиббон, Муҳаммад ибни ҳубон, ас-Сиқот, Ҳайдаробод, 1402ҳ.қ.
  • Каъбӣ, Алӣ Мӯсо, ал-Имом Мусо ибни ал-Козим алайҳиссалом сиратун ва таърих, беҷо, Муассисат-ур-рисола, 1430ҳ.қ.
  • Киёнии Фарид, Марям, «Зиёрат», дар Донишномаи ҷаҳони ислом, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маъорифи исломӣ, 1395ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, интишороти Дор-ул-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Лакнавӣ, Муҳаммади Абдулҳаи ибни Муҳаммади Абдулҳалим, Иброз-ул-ғай-ил-воқеи фи шифо-ил-ъай, беҷо, интишороти Чашмаи файз, бе то.
  • Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, 1406ҳ.қ.
  • Муттақеи Ҳиндӣ, Алоуддин Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1401ҳ.қ.
  • Муҳаддисӣ, ҷавод, Фарҳанги Ошуро, Қум, нашри Маъруф, 1376ҳ.ш.
  • Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, Саҳеҳу Муслими маа шарҳ-ил-аллома ан-Нававӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, 1392ҳ.қ.
  • Ризвонӣ, Алиасғар, Силсилаи мабоҳиси ваҳҳобиятшиносӣ (зиёрати Пайғамбар ва авлиё), Теҳрон, нашри Машъар, бе то.
  • Самъонӣ, Абдукарим ибни Муҳаммад, ал-Ансоб, таҳқиқ: Абдурраҳмон ибни Яҳё, Ҳайдаробод, Маҷлису доират-ил-маъориф-ил-усмония, 1382ҳ.қ.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Вафо-ул-вафои бхбори дори алмустафо, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1419ҳ.қ.
  • Санъонӣ, Абубакри Абдурразоқ ибни Ҳамом, ал-Мусаннаф, Ҳинд, ал-Маҷлис-ул-илмӣ, 1403ҳ.қ.
  • Субкӣ, Тақиюддин Алӣ ибни Абдулкофӣ, Шифо-ус-сиқоми фи зиёрати хайр-ил-аном, таҳқиқи Сайиди Муҳаммадризои ҷалолӣ, Қум, нашри Машъар, чопи чорум, 1419ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ақоиди имомия, Қум, Муассисаи Имом Садиқ (а), 1376ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Оини ваҳҳобият, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, бе то.
  • Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Найл-ул-автор, Миср, Дор-ул-ҳадис, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор, Қум, тасҳеҳи Муҳаммадбоқир Муваҳҳиди Абтаҳӣ, мадрисаи Имом Маҳдӣ (а), чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Ғаззолӣ, Абуҳомид, Эҳёу улум-ид-дин, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
  • Қорӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Мирқот-ул-мафотиҳи шарҳу Мишко-ил-масобиҳ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1422ҳ.қ.
  • Қумӣ, Шайхи Аббос, Куллиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, интишороти Усва, бе то.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1411ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни ҳасан, Васоил-уш-шиа, таҳқиқи Сайиди Муҳаммадризои ҷалолӣ, Қум, муассисаи оли албит (а), 1416ҳ.қ.
  • Ҷассос, Аҳмад ибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1415ҳ.қ.
  • Ҷузайрӣ, абдурраҳмон, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаа, Бейрут, доролсқлин, 1419ҳ.қ.