Зиёрати Имом Ҳусайн алайҳиссалом

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Зиёрати имом Ҳусейн)

Зиёрати Имом Ҳусайн (а), ҳузур дар ҳарами Имом Ҳусайн (а), салом додан ба Имом ва қироати зиёратномаи Имом Ҳусайн (а) аст.

Зиёрати Имом Ҳусайн (а) аз бофазилттарин аъмол назди шиаён аст ва дар ҷавомеъи ривоии шиа, фазилатҳо ва савобҳои бисёре барои ин кор зикр шудааст; аз ҷумла мубоҳоти Худованд ба зоирони Имом Ҳусайн (а) ва дуои Пайғамбар (с) ва имомон дар ҳаққи онон.

Зиёрати Имом Ҳусайн (а)-ро аз роҳи дур низ метавон анҷом дод ва салом додан ба ӯ ва зиёратнома хондан барои касоне ки ҳузур надоранд низ мустаҳаб аст ва савоби зиёрат аз наздикро дорад.

Шайх Ҳурри Омилӣ бо истинод ба ривоёте, зиёрати Имом Ҳусайн (а)-ро воҷиби кифоӣ донистааст.

Одоби бисёре барои зиёрати Имом Ҳусайн (а) дар ривоёт зикр шудааст; шинохти Имом Ҳусайн (а), ғусл, пушидани либоси покиза, иҷозат хостан аз Худованд барои вуруд ба ҳарам ва хондани зиёратнома аз ҷумлаи ин одоб аст.

Зиёрат бо пои пиёда, аз одоби зиёрати Имом Ҳусайн (а) аст, ки дар ривоёти шиа бар он таъкид шудааст. Олимоне чун Шайх Муртазо Ансорӣ ва Шайх Ҷаъфари Кошифулғито ба анҷоми он дар «Арбаини Ҳусайнӣ» пойбанд будаанд. Имрӯза пиёдаравии арбаин аз оинҳои муҳимми шиъаён аст ва миллионҳо нафар дар он иштирок мекунанд.

Дар манобеи ҳадисии шиа зиёратномаҳое ҳамчун зиёрати ворис, зиёрати ноҳияи муқаддаса ва зиёрати Ошӯро барои зиёрати Имом Ҳусайн (а) нақл шудааст. Зиёрати Имом Ҳусайн (а) дар рӯзҳое аз ҷумла Арафа, Ошӯро, нимаи Шаъбон ва рӯзҳои моҳи Раҷаб бештар тавсия шудааст.

Бар асоси гузориши манобеи торихӣ, аввалин касе ки ба зиёрати Имом Ҳусайн (а) рафт, Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ буд. Бархе хулафои Аббосӣ, аз ҷумла Ҳорун ва Мутаваккил талош карданд монеъи зиёрати Имом Ҳусайн (а) шаванд, дар муқобил, дар давраи ҳукуматҳои Олибӯя, Сафавия ва Қоҷория иқдомоте барои тавсеа ва бозсозии ҳарами Имом Ҳусайн (а) анҷом шуд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Зиёрати Имом Ҳусайн (а) ҳозир шудан дар ҳарами Имом Ҳусайн (а)[1], ва анҷоми аъмоле монанди салом додан ва хондани зиёратнома[2] аст. Албатта гоҳе зиёратномаи ӯро аз роҳи дур ҳам мехонанд.

Бар асоси ривоёти пуртеъдоде аз Пайғамбар[3] (с) ва имомони шиа[4], аз бартарину пурафзалтарини аъмол, зиёрати мазори Имом Ҳусайн (а) дар Карбало аст.[5]



Бархе аз фазоили зиёрати Имом Ҳусайн (а) ки дар ривоёт ба онҳо ишора шуда, иборатанд аз: муодили савоби зиёрати Худованд дар арш, мубоҳоти Худованд ба зоирони Имом Ҳусайн (а), ҳамҷаворӣ бо Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с), дуои хайри Пайғамбар ва имомон (а) барои зоир, оқибат ба хайр шудан, зиёд шудани ризқу рӯзӣ, ва тӯлонӣ шудани умри зоир.[6]

Дар бархе ҷавомеъи ҳадисӣ, фаслҳое бо унвони вуҷуби зиёрати Имом Ҳусайн (а) вуҷуд дорад, ки аз ҷумлаи онҳо китоби «ал-Мазор» навиштаи Шайх Муфид аст.[7] Шайх Ҳурри Омилӣ дар китоби «Васоил-уш-шиа» низ ривоёте дар заминаи вуҷуби кифоии зиёрати Имом Ҳусайн (а) зикр кардааст.[8]

Таърихча

Дар манобеи ривоии шиа, гузоришҳое дар бораи эҳтиром ба маҳалли шаҳодати Имом Ҳусайн (а), аз давраҳои пеш аз Ислом нақл шудааст.[9] Бар асоси ривояте, Имом Алӣ (а) ҳангоми бозгашт аз ҷанги Сиффайн, дар Карбало ҳодисаи Ошӯроро ёд карду гирист.[10]

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, аввалин касе ки пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а), дар Карбало ҳузур ёфт, Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ буд, ки ҳамроҳи Атияи Авфӣ дар арбаини шаҳодати Имом аз Мадина ба Карбало рафт.[11] Сайид ибни Товус дар китоби “ал-Луҳуф” муътақид аст ҳазрати Зайнаб (с) ва дигар асирони Карбало низ дар ин рӯз худро ба Карбало расонда буданд.[12] Бархе низ нахустин зоирро Абдуллоҳ ибни Ҳурри Ҷуъфӣ медонанд.[13]

Дар асри умавиён, бо вуҷуди сахтгириҳо, афроде ба зиёрати Имом Ҳусайн (а) мерафтанд.[14] Уқба ибни Амри Саҳмӣ, шоири арабзабон дар авохири қарни аввали қамарӣ барои зиёрат ворид Карбало шуд ва марсияе дар расои Имом Ҳусайн (а) суруд.[15] Бо вуҷуди сахтгириҳои Банӣ Умайя ҳоири Ҳусайнӣ тахриб нашуд, аммо бархе хулафои Аббосӣ, аз ҷумла Ҳорун ва Мутаваккил, иқдомотеро барои тахриби ҳарами Имом Ҳусайн (а) анҷом доданд; аз ҷумла, Мутаваккил барои маҳви асари қабр ва боздоштани мардум аз зиёрат, дастур дод замини ҳоирро побел кунанд ва бар мақбара об бибанданд.[16] Дар муқобил, дар замони ҳукуматҳои Олибӯя, Ҷалоириён,Сафавия ва Қоҷория, барои тавсеа, бозсозӣ ва тазйини ҳарами Ҳусайнӣ, иқдомоти асосӣ ва густардае сурат гирифт.[17]

Ибни Батута (ваф. 703ҳ.қ.) аз зиёрати марқади Имом Ҳусайн (а) ва ғизо додан ба зоирон дар гӯшае аз ҳарами ӯ сухан гуфтааст.[18] Ибни Саббоғ (ваф. 855ҳ.қ.) низ аз зиёрати густардаи мардум дар қарни нуҳуми қамарӣ хабар додааст.[19]

Одоби зиёрат

Дар ривоёт тавсияҳое дар бораи чигунагии зиёрати Имом Ҳусайн (а) вуҷуд дорад. Тибқи ин ривоёт шинохти ҳаққи Имом Ҳусайн (а), ихлос, ҳузури қалб ва ҳузн аз одоби ботинии зиёратанд ва ғусли зиёрат,[20] пушидани покизатарин либос,[21] истифода накардан аз бӯйи хуш ва зинат,[22] сукут,[23] ҳамчунин дар китоби «Комил-ул-зиёрот» бобе аст бо унвони он чи ҳамроҳ доштанаш дар роҳи зиёрати Имом Ҳусайн (а) макруҳ аст, монанди ғизоҳои гуногун, шириниҷот ва ҳалвоҳо. Бар асоси ривояте ки аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст бо ғизоҳои гуногуну ҳархела ба зиёрати Имом Ҳусейн (а) наравед, балки жулидаю ғуборолуд ба зиёрати ӯ биравед.[24] Иҷозат хостан аз Худованд, Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва Аҳли Байт (а) барои вуруд ба ҳарам[25] ва ҳамчунин хондани зиёратномаҳое монанди зиёрати ҷомеъаи кабира аз одоби зоҳирии зиёрат аст.[26]

Бинобар ривояте аз китоби «Комил-уз-зиёрот», Имом Содиқ (а) ба адои ду ракъат намоз дар канори сари Имом Ҳусайн (а) суфориш кардааст, ки дар ракъати аввали он сураи Ҳамду Ёсин ва дар ракъати дуввумаш сураи Ҳамду Арраҳмон хонда мешавад.[27]

Замонҳои хосси зиёрат

Дар ривоёти шиа ба зиёрати Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Арафа,[28] рӯзи Ошӯро,[29] нимаи Шаъбон[30] ва рӯзҳои моҳи Раҷаб,[31] бештар тавсия шудааст.

Зиёратномаҳо

Дар манобеи ҳадисии шиа, зиёратномаҳои бисёре барои зиёрати Имом Ҳусайн (а) зикр шудааст.[32] Ҳамчунин зиёратномаҳое барои зиёрати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар манобеи ҳадисӣ вуҷуд дорад.[33] Зиёрати ворис,[34] зиёрати ноҳияи муқаддаса,[35] зиёрати Ошӯро[36] ва зиёрати раҷабийя,[37] зиёрати шабҳои Қадр аз ҷумлаи ин зёртномаҳо ҳастанд.[38]

Зиёрат бо пои пиёда

Навиштори аслӣ: Зиёрати пиёдаи Имом Ҳусайн (а)

Ривоёти мухталифе аз Аҳли Байт (а) дар бораи зиёрати Имом Ҳусайн (а) бо пои пиёда зикр шудааст.[39]

Ривоёти шиа, савоби пиёда ба зиёрати Имом Ҳусайн (а) рафтанро бахшида шудани гуноҳон донистаанд. Аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст касе ки пиёда аз хонааш ба нияти зиёрати Имом (а) берун ояд, барои ҳар як қадамаш, ҳасанае менависанд.[40] Шайх Тусӣ дар китоби «Таҳзиб-ул- аҳком» овардааст, ки ҳангоми бозгашти зоири пиёдаи имом, фариштае аз қавли Худованд ба ӯ мегуяд: амали худро аз сари нав шуруъ кун, ки гуноҳони гузаштаат бахшида шуд.[41]

Имрӯза пиёдаравии арбаин аз оинҳои шиъаён аст, ки ҳар сол дар айёми арбаини Ҳусайнӣ анҷом мешавад. Ин оинро ки миллионҳо нафар дар он иштирок мекунанд, бузургтарин роҳпаймоӣ ё иҷтимои мазҳабии солона дар ҷаҳон медонанд.[42]

Зиёрат аз роҳи дур

Зиёрати Имом Ҳусайн (а) аз роҳи дур низ тавсия шуда ва мустаҳаб дониста шудааст.[43] Дар ин навъ зиёрат, анҷом додани ғусли зиёрат, пӯшидани либоси покиза ва ҳамчунин анҷоми зиёрат дар ҷоҳое монанди пушти бом ё биёбон мустаҳаб аст.[44] Ҳамчунин хондани намози зиёрат, қабл ё баъд аз он, ҷоиз аст.[45] Бинобар ривояте мансуб ба Имом Содиқ (а), касе ки дар хонааш ғусл кунад, ба баландие биравад ва ба Имом Ҳусайн (а) салом кунад, гӯё он Имомро зиёрат кардааст.[46]

Эзоҳ

  1. Дебочае бар зиёрат, 1394 ҳ.ш., саҳ.9-11, Коргар, Ҳақиқати зиёрат, 1391 ҳ.ш., саҳ.7.
  2. Дебочае бар зиёрат, 1394 ҳ.ш., саҳ.9-11, Коргар, Ҳақиқати зиёрат, 1391 ҳ.ш., саҳ.7.
  3. Нигоҳ кунед ба ҷомеъи зиёрот-ул-маъсумин, 1389ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.36 - 39.
  4. Нигоҳ кунед ба ҷомеъи зиёрот-ул-маъсумин, 1389 ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.39 - 69.
  5. Ҳурри Омилӣ, Тафсили Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.414
  6. Наҷафии Яздӣ, Асрори Ошуро, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.103 - 105.
  7. Шайх Муфид, ал-Мазор, 1413ҳ.қ., саҳ.26, боби ҳадду вуҷубиҳо физ-замонил ағниёи вал фуқаро, саҳ.28.
  8. Ҳурри Омилӣ, Тафсилу васоил-иш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.14 саҳ.443 - 445.
  9. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.243 - 244.
  10. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.255 - 256, ҳ.4.
  11. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, гузидаи шаҳодатномаи Имом Ҳусайн, 1390 ҳ.ш., саҳ.839.
  12. Сайид ибни Товус, ал-Луҳуфу фи қатл-ит-туфуф, 1417ҳ.қ., саҳ.114.
  13. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1967ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.470.
  14. Ниг.: Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1424ҳ.қ., саҳ.245-246.
  15. Алҳодӣ, «Аҳамият ва фалсафаи зиёрати марқади Ҳусайнӣ», саҳ.28 - 29.
  16. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419ҳ.қ., саҳ.478 – 479/ Шайх Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.325-329.
  17. Калидор, Таърихи Карбало ва ҳоири Ҳусайнӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.188.
  18. Алҳодӣ, «Аҳамият ва фалсафаи зиёрати марқади Ҳусайнӣ», саҳ.28.
  19. Алҳодӣ, «Аҳамият ва фалсафаи зиёрати марқади Ҳусайнӣ», саҳ.28.
  20. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, 1430ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.435.
  21. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, 1430ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.435.
  22. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, 1430ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.435.
  23. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, 1430ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.435.
  24. Ибни Қулавайҳи Қумӣ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш, ҷ.1, саҳ.130.
  25. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, 1430ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.436.
  26. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, 1430ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.437.
  27. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, 1430ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.169.
  28. Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1424ҳ.қ., саҳ.316.
  29. Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1424ҳ.қ., саҳ.323.
  30. Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1424ҳ.қ., саҳ.333.
  31. Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1424ҳ.қ., саҳ.338.
  32. Нигоҳ кунед ба : Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, 1430 ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.257.
  33. Нигоҳ кунед ба : Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, 1430 ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.281.
  34. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1374ҳ.ш., саҳ.213.
  35. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1374ҳ.ш., саҳ.210.
  36. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1374 ҳ.ш., саҳ.207.
  37. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1374ҳ.ш., саҳ.206.
  38. Қумӣ, Шайх Аббос, Зиёрати Имом Ҳусайни алайҳиссалом дар шабҳои Қадр
  39. Барои намуна, ниг.: Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1424 ҳ.қ., саҳ.134/ Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1424ҳ.қ., саҳ.187 / Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1424ҳ.ш., саҳ.132.
  40. Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.133.
  41. Шайх Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.43.
  42. Гузориши рӯзномаи фаронсавии Лумунд аз маросими арбаин дар Карбало
  43. Фарҳанги фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.329.
  44. Фарҳанги фиқҳ, 1389 ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.329.
  45. Фарҳанги фиқҳ, 1389ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.329.
  46. Ибни Қуливайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1424ҳ.қ., саҳ.482.

Сарчашма