Сураи Ёсин

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ёсин)
Сураи Ёсин
Сураи Ёсин
Рақами сура36
Ҷузъ22 ва 23
Нузул
Тартиби нузул41
Маккӣ/МаданӣМаккӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо83
Теъдоди калимаҳо733
Теъдоди ҳарфҳо3068


Сураи Ёсин (арабӣ: سورة يس), сию шашумин сура ва яке аз сураҳои маккии Қуръон аст, ки дар пораҳои 22 ва 23-юми Қуръон ҷой гирифтааст. Ин сура чун бо ҳарфҳои муқаттаъаи ё/ یاء ва син/سین оғоз шудааст, ба номи ёсин машҳур аст. Тибқи ривоятҳо, сураи Ёсин яке аз бофазилаттарин сураҳои Қуръон ба шумор меравад, ки онро қалби Қуръон мегӯянд. Сураи Ёсин ба се асли дин, яъне тавҳид, нубувват ва маод мепардозад ва дар бораи зинда шудани мурдагон ва сухан гуфтани аъзои бадан дар қиёмат сухан мегӯяд. Инчунин дар ин сура достони Асҳоби қаря ва муъмини Оли Ёсин зикр шудааст.

Дар ҳадисҳо, фазилатҳои зиёде барои хондани сураи Ёсин баён шудааст; аз ҷумла, аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ҳар кас ки онро пеш аз хоб ва ё пеш аз ғуруби офтоб бихонад, тамоми рӯз дар амният буда ва ризқу рӯзии бобаракат хоҳад дошт ва ҳар кас ки онро шаб пеш аз хоб бихонад, Худованд ҳазор фариштаро таъин мекунад, то ӯро аз ҳар шайтони рондашуда ва ҳар балою мусибате нигаҳдорӣ кунанд.

Муаррифӣ

  • Номгузорӣ

Ин сураро Ёсин номидаанд, ба ин муносибат, ки бо ҳарфҳои муқаттаъаи ё ва син оғоз мешавад. Ин сураро сураи Ҳабиби Наҷҷор низ номидаанд; зеро достони ӯ дар оёти 13 то 30 омадааст. Сураи Ёсин тибқи ривоёт яке аз бофазилаттарин сураҳои Қуръон ба шумор меравад, то он ҷо ки «қалби Қуръон» лақаб ёфтааст.[1] Аз дигар номҳои ин сураи Муъамма [Ёддошт 1] ва ал-Мудофиат-ул-қозия аст; зеро хайри дунёву охиратро барои ӯ мехоҳад ва бадиҳою зиштиҳоро аз тиловаткунандаи он дафъ мекунад ва ҳар ҳоҷатеро барояш бароварда месозад.[2] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) сураи Ёсин ба унвони Райҳонат-ул-Қуръон муаррифӣ шудааст.[3]

  • Тартиб ва макони нузул

Сураи Ёсин ҷузви сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул, чиҳилу якумин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф, сию шашумин сура аст[4] ва дар ҷузъи 22 ва 23 Қуръон ҷой дорад.

  • Теъдоди оёт ва дигар вижагиҳо

Сураи Ёсин 83 оят, 733 калима ва 3068 ҳарф дорад. Ин сура аз ҷиҳати ҳаҷмӣ ҷузви сураҳои масонӣ ва дар ҳудуди як ҳизби Қуръон аст. Ин сура ҳамчунин ҷузви сураҳое аст, ки бо ҳарфҳои муқаттаъа оғоз мешаванд ва аввалин сурае аст, ки бо савганд шурӯъ мешавад.[5]

Мазмун

Дар ин сура ба се асли дин; тавҳид, набувват ва маод ишора шудааст. Оёти оғозин ба масъалаи набувват ва фалсафаи он ва бархӯрди мардум бо даъвати пайғамбарон мепардозад. Сипас оёте дар бораи тавҳид омадааст, ки нишонаҳое аз ваҳдонияти Худоро баршумурдаанд. Пас аз он, масъалаи маод ва зинда шудани мурдагон дар қиёмат барои гирифтани ҷазо ва ҷудо шудани муҷримон аз парҳезкорон омада ва гуфта шудааст, аъзо ва ҷавореҳ дар он рӯз гап мезананд. Саранҷом оёти поёнии сура, ҳоли муҷримону парҳезкорон дар он рӯзро тавсиф мекунанд. Дар охири сура ҳам хулосае аз усули сегона омада ва бар онҳо истидлол шудааст.[6] Амин-ул-ислом Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён мегӯяд, чун мушрикон дар оёти поёнии сураи қабл (сураи Фотир) савганд ёд карданд, ки агар бимдиҳандае биёяд ба ӯ имон меоваранд (وَأَقْسَمُوا بِاللَّهِ جَهْدَ أَيْمَانِهِمْ لَئِنْ جَاءَهُمْ نَذِيرٌ لَيَكُونُنَّ أَهْدَىٰ مِنْ إِحْدَى الْأُمَمِ) дар оёти оғозини сураи Ёсин мегӯяд бо ин ки бимдиҳанда барояшон омад, вале онҳо имон наёварданд: (لَقَدْ حَقَّ الْقَوْلُ عَلَىٰ أَكْثَرِهِمْ فَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ).[7]

Оёти машҳур

  • وَجَعَلْنَا مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ سَدًّا وَمِنْ خَلْفِهِمْ سَدًّا فَأَغْشَيْنَاهُمْ فَهُمْ لَا يُبْصِرُونَ

Тарҷума: "Ва [мо] пешашон садде ва пушти сарашон садде ниҳода, пардае бар [чашмони] онон фурӯ густардаем, дар натиҷа наметавонанд бибинанд." (ояти 9)

Имом Боқир дар шаъни нузули оят фармудааст, ки Пайғамбар дар ҳоли хондани намоз буд ва Абуҷаҳл, ки лаънати Худо бар ӯ бод, аҳд карда буд, ҳаргоҳ ки Пайғамбарро дар ҳоли намоз бубинад, сари ӯро бишиканад. Пас дар ҳоле, ки санге дар даст дошт, омаду дид, ки Пайғамбар истодаасту намоз мехонад. Пас омад то ӯро бизанд, аммо ҳар бор, ки мехост сангро боло барад ва бар сари ҳазрат бизанад, Худованд дасти ӯро ба гарданаш гиреҳ мезад ва санг дар дасташ намечархид ва ҳангоме, ки назди асҳобаш бармегашт, санг аз дасташ меафтод.[8] Дар ривоят аст, ки чун Пайғамбар дар Лайлат-ул-мабит хост аз Макка хориҷ шавад, Ҷабраил дасти ӯро гирифт ва дар ҳоле ки ин оятро мехонд, ӯро аз миёни куффори Қурайши берун бурд.[9] Шайхи Тусӣ дар китоби Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид нақл кардааст, ки Амиралмуъминин (а) дар Лайлат-ул-мабит ин оятро ба унвони дуо қироат кардааст.[10] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ояти 9 сураи Ёсин барои махфӣ мондан аз диди душман бисёр таҷриба шудааст.[11]

  • وَکلَّ شَیءٍ أَحْصَینَاهُ فِی إِمَامٍ مُّبِینٍ

Тарҷума: "Ва ҳар чизеро дар корномае равшан баршумурдаем." (ояти 12)

Бештари муфассирон «имоми мубин»-ро дар ин ҷо ба лавҳи маҳфуз ё ҳамон китобе тафсир кардаанд, ки ҳамаи аъмол ва ҳамаи мавҷудот ва ҳодисаҳои ин ҷаҳон дар он сабт ва маҳфуз аст. Бархе гуфтаанд, мумкин аст истифода аз калимаи «имом» ба ин далел бошад, ки ин китоб дар қиёмат раҳбар ва пешво барои ҳамаи маъмурони савобу азоб ва меъёре барои санҷиши арзиши аъмоли инсонҳо ва подош ва кайфари онон аст.[12] Аз ин лавҳе, ки дарбардорндаи тамоми ҷузиёти қазои Илоҳӣ дар бораи халқ аст, дар Қуръон бо таъбирҳое чун: лавҳи маҳфуз, уммулкитоб, имоми мубин ва китоби мубин ёд шудааст ва ҳар таъбире дорои нуктае аст, чунончи имоми мубин ба ин ҷиҳат номгузорӣ шудааст, ки дарбардорндаи тамоми қазоҳое аст, ки халқ аз онҳо табаъият мекунад, монанди имом, ки аз ӯ табаъият мекунанд.[13] Дар манобеи ҳадисии шиа гуфта шудааст, манзур аз имоми мубин, Имом Алӣ (а) аст; аз ҷумла дар ҳадисе аз Имом Боқир (а) нақл шудааст: ҳангоме ки ин оят нозил шуд, Пайғамбар (с) рӯ ба Имом Алӣ (а) карду чунин гуфт: «Имоми мубин ин мард аст! Ӯст имоме, ки Худованди Мутаъол илми ҳар чизеро ба ӯ додааст».[14] Ҳамчунин дар тафсири Нур-ус-сақалайн аз Ибни Аббос нақл шудааст, Имом Алӣ (а) чунин мегуфт: Ба Худо савганд, манам имоми мубин, ки ҳақро аз ботил ошкор месозам, ин илмро аз Расули Худо ба ирс бурда ва омӯхтаам.[15]

  • قَالُوا طَائِرُكُمْ مَعَكُمْ ۚ أَئِنْ ذُكِّرْتُمْ ۚ بَلْ أَنْتُمْ قَوْمٌ مُسْرِفُونَ

Тарҷума: Расулон гуфтанд: он фоли бад, ки мегӯед, агар бифаҳмед ва мутазаккир шавед (он ҷаҳле аст, ки) бо худи шумост, балки шумо мардуми мусриф (ва пурҳавову ҳавас) ҳастед. (ояти 19)

Фоли бад (татайюр) яке аз хурофоте аст, ки дар қадим буда ва имрӯза низ дар шарқу ғарб ҳаст ва ҳар минтақаву қавме ба чизе фоли бад мезананд. Ислом онро ширк дониста ва бо ҷумлаи «ат-тайрату ширк/الطيرة شرك »[16] бар он хати бутлон кашида ва каффораи онро таваккул бар Худованд донистааст. «Каффорат-ут-тайра ат-таваккул/كفارة الطيرة التوكل»[17]

Ҳамчунин бубинед: Тафаъул ва Татайюр
  • إِنَمَا أَمرهُ إِذا أَرادَ شَیئًا أَن یقولَ لَه کن فیکونُ

Тарҷума: Фармони Ӯ чунин аст, ки ҳаргоҳ чизеро ирода кунад, танҳо ба он мегӯяд: «мавҷуд бош», он низ бедаранг мавҷуд мешавад. (ояти 82)

Ин оят дар бораи чигунагии офариниш сухан мегӯяд. Аллома Таботабоӣ дар тафсири ин оят менависад, мақсуди оят ин аст, ки Худованд барои халқ кардан ниёз ба ҳеҷ чизе надорад; пас ин ки гуфтааст «танҳо ба он мегӯяд мавҷуд бош» дар воқеъ тамсилест, на ин ки воқеан Худованд ба сухан дарояду дастур диҳад.[18] Дар нақле аз Имом Алӣ (а) ҳам омадааст, каломи Худо (кун - мавҷуд бош) ҳамон феъли Ӯст, ки он чизро эҷод кардааст.[19]

Ҳамчунин бубинед: Кунфаякун

Достони асҳоби қаря ва муъмини Оли Ёсин

Қабри Ҳабиби Наҷҷор ё Муъмини Оли Ёсин дар Антокияи Туркия
Мақолаи аслӣ: Ҳабиби Наҷҷор

Оёти сездаҳум то сию дуввуми сураи Ёсин ба достони се расуле мепардозад, ки ба шаҳре барои даъват ба Худопарастӣ ворид шуданд, аммо мардуми он ҷо даъвати ин се расулро напазируфтанд. Дар манобеъ омадааст, ин расулон, фиристодагони Худо ё фиристодагони ҳазрати Исо буданд. Дар ин байн марде, ки дар аҳодис ба муъмини Оли Ёсин лақаб дода шудааст, ба он расулон имон оварда, мардумро ба табаият аз он фиристодагон даъват кард, аммо мардуми шаҳр ӯро куштанд ва пас аз ин моҷаро, гирифтори азоби Илоҳӣ шуданд. Номи ин шахс дар Қуръон зикр нашудааст, аммо дар манобеи ҳадисӣ ва тафсирӣ номи ӯро Ҳабиби Наҷҷор гуфтаанд ва аз вай ва имонаш таҷлил шудааст. Макони дафни ӯ дар бозори Антокия дар кишвари Туркия аст.[20]

Фазилат ва хавос

Мақолаи аслӣ: Фазоили сураҳо

Дар фазилати тиловати сураи Ёсин аз Пайғамбар (с) ривоят шудааст, ҳар кас сураи Ёсинро қироат кунад монанди он аст, ки даҳ бор Қуръонро хатм кардааст.[21] Ҳамчунин ҳар кас сураи Ёсинро барои ризои Худо бихонад, Худованд ӯро хоҳад бахшид ва подоше ҳамонанди дувоздаҳ хатми Қуръон ба ӯ хоҳад дод ва агар барои маризи дар ҳоли марг хонда шавад, ба теъдоди ҳарфҳои ин сура даҳ фаришта назди ӯ саф кашида барои ӯ истиғфор мекунанд ва шоҳиди қабзи рӯҳаш мешаванд ва ҷанозаашро ташйиъ мекунанд ва бар ӯ намоз мехонанд ва шоҳиди дафнаш хоҳанд буд.[22]

Абубасир низ аз Имом Содиқ (а) ривоят мекунад, ҳар кас онро қабл аз хоб ё пеш аз ғуруб бихонад, дар тамоми тӯли рӯз маҳфузу серризқу рӯзӣ хоҳад буд, то ин ки ғуруб шавад ва ҳар кас онро дар шаб пеш аз хуфтан бихонад, Худованд ҳазор фариштаро бар ӯ маъмур мекунад, ки вайро аз ҳар шайтони рондашуда ва ҳар балое ҳифз кунанд.[23] Ҷобири Ҷуъфӣ аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, ҳар кас сураи Ёсинро як бор дар умраш бихонад, Худованд ба шумораи тамоми офаридаҳояш дар ин ҷаҳон ва он ҷаҳон ва он чи дар осмон аст ба адади ҳар як, ду ҳазор ҳасана дар номаи амалаш сабт мекунад ва ба ҳамин миқдор аз гуноҳони ӯ маҳв мекунад ва дучори тангдастӣ, зиён, қарздорӣ ва хонахаробӣ намешавад ва бадбахтию девонагӣ намебинад ва мубтало ба ҷузом, васвос ва беморие, ки ба ӯ зиён бирасонад ва Худованд сахтию душвории маргро бар ӯ осон мекунад ва худи [Худо] ӯро қабзи рӯҳ мекунад ва аз ҷумла касоне хоҳад буд, ки Худованд кушоиш дар зиндагӣ ва шодмонӣ ба ҳангоми марг ва хушнудӣ аз подоши охиратро барои ӯ замонат мекунад, ва ба ҳамаи фариштагони осмону замин мегӯяд, ман аз ин банда розиям; пас барои ӯ мағфират талаб кунед.[24]

Тибқи нақле аз Пайғамбар, барои қироати ин сура хосиятҳое зикр шудааст: 1. Шахс агар гурусна бошад сер мешавад; 2. Агар ташна бошад, сероб мегардад; 3. Агар урён бошад, пӯшонида мешавад; 4. Агар муҷаррад бошад, издивоҷ мекунад; 5. Агар тарсон бошад, амният меёбад; 6. Агар бемор бошад, саломатӣ меёбад; 7. Агар мусофир бошад, дар сафараш ёрӣ мешавад; 8. Назди маййит хонда намешавад, магар ин ки Худо бар ӯ осон мегирад; 9. Агар гумшуда дошта бошад, гумшудаашро пайдо мекунад.[25]

Аз Имом Содиқ (а) ҳам ривоят шудааст, агар мехоҳед як қалби нерӯманд ва зеҳни қудратманде дошта бошед дар нуҳуми шаъбон сураи Ёсинро бо гулобу заъфарон навишта, бинӯшад.[26] Дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон омадааст, дар намози зиёрат беҳтар аст дар ракъати аввал сураи ар-Раҳмон ва дар ракъати дуввум сураи Ёсин хонда шавад.[27]

Фарҳангнигорӣ

Сураи Ёсину ар-Раҳмон ду сурае ҳастанд, ки байни умуми мардуми форсу тоҷик ҷойгоҳи вижае доранд ва мардум ин ду сураро дар замонҳои мухталиф мехонанд, масалан сураи Ёсинро бар болини шахси муҳтазар ё шахси аз дунё рафта ё ҳангоми хондани хутбаи ақд, тиловат мекунанд. Ин сура дар зарбулмасалҳо ва ҷумлаҳои киноӣ низ ба кор рафтааст, мисли «Ёсин дар гӯши касе хондан» ки ба маънои такрору талқин аст ё «ба Ёсин афтодан» ки киноя аз дар ҳоли марг будан аст.[28] Хондани ин ду сура дар намози зиёрат (намози ду ракъатии зиёрати маъсумин алайҳимуссалом) мустаҳаб аст.[29]

Такнигориҳо

Илова бар ин ки шарҳ ва тафсири сураи Ёсин дар китобҳои тафсирии ҷомеъ омадааст, бархе аз китобҳо ба сурати мустақил ба тафсир ва тавзеҳи ин сура пардохтаанд:

  • Тафсири сураи Ёсин, навиштаи Сайид Муҳаммадризо Сафавӣ, дафтари нашри маориф, 1394ҳ.ш., (нависанда мегӯяд дар тадвини китоб аз равиши тафсири Қуръон ба Қуръон истифода кардааст).
  • Қалби Қуръон, навиштаи Оятуллоҳ Сайид Абдулҳусайни Дастғайб, нашри Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1387ҳ.ш.
  • Ёсин мушкилкушои мушкилот, навиштаи Муҳсин Шукрӣ, нашри илҳоми нур. (Ин китоб ба хосиятҳои сураи Ёсин ишора кардааст).

Эзоҳ

  1. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, саҳ.1247.
  2. Маҷмаъ-ул-баён, 1390ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.254.
  3. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.89, саҳ.291.
  4. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.166.
  5. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, саҳ.1247.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1370ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.90.
  7. Табарсӣ, Тафсири Маҷмаъ-ул-баён, алношир: Дорулмаърифат, ҷ.8, саҳ.647.
  8. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.52.
  9. Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.149.
  10. Шайхи Тусӣ, ал-Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.92.
  11. Дафтари таблиғоти исломӣ, Фарҳангномаи улуми Қуръон, саҳ.2293.
  12. Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., Дору эҳёалтуросилъарабӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.264.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.67.
  14. « هُوَ هذا اِنَّهُ الاِمامُ الَّذِی اَحْصَی اللهُ تَبارَکَ وَ تَعالی فَیهِ عِلْمَ کُلِّ شَیء» (Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, боби маъно-л-имомил-мубин, 1379ҳ.қ., саҳ.95).
  15. Арусии Ҳувайзӣ, Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.379.
  16. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.58, саҳ.322.
  17. Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, 1383ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.529. Биҳор-ул-анвор, ҷ.58, саҳ.322
  18. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.114.
  19. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, ҷ.13, саҳ.82, хутбаи 232.
  20. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.355.
  21. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.256.
  22. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1390ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.254.
  23. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.886.
  24. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.886.
  25. Кафъамӣ, Мисбоҳи Кафъамӣ, 1403ҳ.қ., саҳ.182.
  26. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.313.
  27. Мафотиҳ-ул-ҷинон, Одоби зиёрат, адаби ҳафдаҳум, чопи машъар, саҳ.447
  28. ниг.: «Қуръон дар адаби форсӣ: Ёсин ва ар-Раҳмон дар фарҳанги омиёна»; сайти маркази миллии посухгуӣ.
  29. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Одоби зиёрат

Ёддошт


Сарчашма

  • Арусии Ҳувайзӣ, Абдуъалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, ба тасҳеҳи Ҳошими Расулӣ, Қум, нашри Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил, Бейрут, Дору эҳёалтуросилъарабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон: дӯстон - Ноҳид, 1377.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, Мисбоҳ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1403ҳ.қ.
  • Қуръон дар адаби форсӣ: Ёсин ва ар-Раҳмон дар фарҳанги омиёна», маҷаллаи Башорат, шумораи 56, озар ва дейи 1385ҳ.ш.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дорул-Қуръонил-карим, 1418ҳ.қ./1376ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкитобил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръон, [беҷо], маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, ҷ.1, 1371ҳ.ш.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Бейрут, муассисаи Олулбайт ли эҳёилтурос, 1408ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, Қум, ҷомеъаи мударрисин, 1379ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фӣ тафсир-ил-маъсур, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, Қум, 1404ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, тарҷумаи Бесутунӣ, Машҳад, остони қудси Разавӣ, 1390ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фӣ тафсир-ил-Қуръон, тарҷумаи Сайидмуҳаммадбоқири Мусавии Ҳамадонӣ, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, ҷ.5, 1374ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, Олулбайт, 1414ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found