Зино

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Зинокор)
Рисолаи амалия

Ин мақола дар бораи яке аз масодиқи фаҳшо аст. Барои ошноӣ бо ин мафҳум, мадхали фаҳшоро бибинед.

Зино (арабӣ: الزنا) робитаи ҷинсии байни марду зан аст, бе он ки байни он ду ақди никоҳ хонда шуда бошад. Зиноро аз гуноҳони кабира ва ҳаром буданашро аз бадеҳиёт медонанд. Ҷазои зино бо тавваҷуҳ ба шароити он фарқ мекунад. Ҷазои зинои шахси муҷаррад сад тозиёна, ҷазои зинои муҳсана сангсор ва ҷазои зино бо маҳорими насабӣ ва зинои ба унф қатл аст.

Тибқи фатвои фақеҳон, исботи зино танҳо аз тариқи иқрори шахси зинокор ва байина мумкин аст ва бо ташхиси тиббӣ зино собит намешавад. Аҳкоми фиқҳии мухталифе бар зино бор мешавад. Аз ҷумлаи онҳо ин аст, ки зино бо зани шавҳардор ё зане, ки дар иддаи раҷъӣ аст, сабаби ҳароми абадӣ мешавад; яъне он ду ҳеҷ гоҳ наметавонанд бо якдигар издивоҷ кунанд.

Мафҳумшиносӣ

Зино дар таърифи фақеҳон, омезиши ҷинсии байни марду зан аст, бе он ки байнашон издивоҷе воқеъ шуда бошад, ё мард молики зан бошад, ё шубҳаи ақд ё молик будан вуҷуд дошта бошад.[1] Дар сурате ин навъ робита зино маҳсуб мешавад, ки олати таносулии мард ба андозаи хатнагоҳ дар маҷрои таносулӣ ё мақъади зан фурӯ равад.[2]

Зино - гуноҳе кабира

Олимони мусулмон зиноро аз гуноҳони кабира шуморида[3] ва ҳаром будани он аз бадеҳиёти динӣ[4] дониста шудааст. Ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир - фақеҳи шиъии қарни сездаҳум, ҳамаи адён бар ҳаром будани зино муттафиқулқавл ҳастанд.[5] Тибқи китоби Муқаддас, наҳй аз амали зино яке аз даҳ фармони Мусо аст[6] ва дар мавориде ҷазои сангсор дорад.[7]

Ҳафт оят аз Қуръон дар бораи зино ва аҳкоми он аст.[8] Бахше аз китобҳои ҳадисиро ривоёти марбут ба он ташкил додаанд.[9] Дар ривоёт, зино дар радифи куштани пайғамбар ва вайрон кардани Каъба муаррифӣ шуда[10] ва барои он паёмадҳои дунявӣ ва ухравӣ зикр шудааст. Бебаракатӣ дар зиндагӣ,[11] аз байн рафтани нуронияти зоҳир, кӯтоҳии умр, фақр[12] ва марги ногаҳонӣ[13] аз паёмадҳои дунявии зино аст. Сахтии ҳисоб, ғазаби Илоҳӣ ва хулуд дар ҷаҳаннам аз паёмадҳои ухравии он аст.[14]

Фалсафаи ҳаром будани зиноро мавориде ҳамчун пешгирӣ аз ихтилоти насабҳо, ҳифзи насл, пешгирӣ аз шуюъи беморӣ ва эҷоди оромишу амният дар ҷомеъа медонанд.[15]

Ҷазо

Дар матнҳои фиқҳӣ се ҷазо барои зино баён шудааст, ки ҳар як аз онҳо дар хусуси қисм ё қисмҳое аз зино иҷро мешавад: тозиёна, қатл ва сангсор.

  • Тозиёна: ҳадди мард ё зани зинокори болиғ, оқил, озод ва ғайримуҳсан сад зарбаи тозиёна аст.[16] Ин ҳукм дар ояти 2 сураи Нур омадааст. Тибқи ин оят гурӯҳе аз муъминон бояд ҳангоми иҷрои ҳад ҳузур дошта бошанд.[17]
  • Қатл: ҷазои зино бо маҳрамҳои насабӣ (монанди модар, хоҳар ва духтар), зинои ба унф,[18] зинои марди ғайримусулмон бо зани мусулмон ва такрори чандбораи зино баъд аз тозиёна хурдан, қатл аст.[19]
  • Сангсор: ҳади зинои муҳсана сангсор аст.[20] Зинои мард ё зани шавҳардор ва озод бо фарди болиғу оқилро зинои муҳсана мегӯянд.[21] Касе ки ба сангсор маҳкум шудааст, бояд ғусл кунад. Сипас мардро то камар ва занро то сина дар хок дафн карда, ба ӯ санг мезананд, то кушта шавад.[22] Ҷазои пирамард ва пиразани озоду муҳсане, ки зино кардаанд, сад зарба тозиёна ва пас аз он сангсор аст.[23]

Зино дар макон ё замони муқаддас ҳамчун масҷид, ҳарами бузургони динӣ ва моҳи Рамазон муҷиби ташдиди муҷозот мешавад ва илова бар ҳад, таъзир ҳам дорад. Ҳамчунин аст ҳукми зинои мард бо зани мурда.[24]

Муҷозоти исломии зино, дар қонуни муҷозоти кишварҳои исломие монанди Эрон, Арабистон ва Покистон инъикос ёфтааст.[25]

Роҳҳои исбот

Ба фатвои фақеҳон ду роҳ барои исботи зино вуҷуд дорад, ки иборатанд аз: иқрори шахси зинокор ва баййина.

  • Иқрор: субути зино ба василаи иқрор, илова бар шароити умумии таклиф (булуғ, ақл, ихтиёр ва озод будан), машрут ба чаҳор бор иқрори зинокор аст.[26]
  • Баййина: исботи зино бо баййина машрут ба шаҳодати чаҳор мард ё агар чаҳор мард мавҷуд набошад, бино ба қавли машҳур, се марду ду зан аст.[27] Бо шаҳодати ду марду чаҳор зан танҳо тозиёна собит мешавад, на раҷм (сангсор).[28] Шаҳодат додани шоҳидон дар сурате собит мешавад, ки амали зиноро дар як макону як замон ошкоро мушоҳида карда бошад. Дар ғайри ин сурат бар гувоҳон ба сабаби нисбати нораво ҳадди қазф ҷорӣ мешавад.[29]

Тибқи фатвоҳои фиқҳӣ, мустаҳаб аст шоҳидон аз шаҳодат ба зино худдорӣ кунанд. Ҳамчунин мустаҳаб аст қозӣ бо ишораю киноя ононро ба тарки шаҳодат тарғиб кунад.[30]

Бархе аз аҳкоми фиқҳии зино

Бархе аз аҳкоми фиқҳии зино иборатанд аз:

  • Бинобар назари машҳур, бо зино насаб (иртиботи хешовандӣ) шакл намегирад. Аз ин рӯ, аз назари шаръӣ кӯдаки таваллудшуда аз зино на ба мард мансуб мешавад, на ба зан.[31] Албатта бархе аз фақеҳони муосире ҳамчун Имом Хумайнӣ ва Оятуллоҳ Хуӣ дидгоҳи дигаре доранд.[32]
  • Агар зани шавҳардор пеш аз талоқ зино кунад, бар асоси фатвои машҳури фақеҳон бар марде, ки бо ӯ зино карда, ҳароми абадӣ мешавад.[33] Албатта, бархе мароҷеъ ҳамчун Сайид Мӯсо Шубайрии Занҷонӣ муътақиданд, он зан бар марди зинокор ҳароми абадӣ намешавад.[34]
  • Бинобар дидгоҳи машҳури байни фақеҳон, зино кардан бо модар ё духтари як зан, сабаби ҳаром шудани издивоҷ бо ӯ мешавад; ба шарти он ки зино қабл аз издивоҷ сурат гирифта бошад.[35]
  • Зани муҷарраде, ки зино кардааст, бинобар дидгоҳи машҳур идда надорад,[36] аммо зани шавҳардоре, ки аз зино бордор шуда, сипас аз шавҳараш талоқ гирифта, метавонад баъд аз гузашти идда издивоҷ кунад, ҳарчанд зоймон накарда бошад.[37]
  • Агар марде ба ҳамсари худ нисбати зино бидиҳад, дар сурате, ки байни он ду лион [Ёддошт 1] воқеъ шавад, зан бар мард ҳароми абадӣ мешавад.[38]
  • Агар зинокор ҳангоми иҷрои ҳад фирор кунад, дар сурате, ки муҷозоташ сангсор бошад ва бо иқрор исбот шуда бошад, бинобар дидгоҳи машҳур дигар муҷозот намешавад, аммо агар муҷозоташ тозиёна ё сангсоре бошад, ки бо байина собит шуда, барои муҷозот бозгардонда мешавад.[39]
  • Тозиёна ва сангсор замоне собит мешавад, ки зинокор ҳангоми зино ба ҳаром будани он огоҳӣ дошта бошад.[40]
  • Муҷозоти зино дар ин маворид соқит мешавад: зино кардан бо шубҳа (яъне масалан зинокор гумон кунад бо зани худ омезиш мекунад), иддаои завҷият, икроҳ (маҷбур шудан ба зино)[41] ва тавбаи зинокор қабл аз ин ки зино назди ҳоким исбот шавад.[42]
  • Ҳадди зино, ҳақуллоҳ аст. Аз ин рӯ, иҷрои он вобаста ба мутолибаи касе нест ва қозӣ метавонад бо илми худаш ҳам онро иҷро кунад.[43] Ҳамчунин шаҳодати табарруъӣ (бидуни дархости қозӣ) барои он пазируфта мешавад.[44]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.136; Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.6, саҳ.475.
  2. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.136.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.258; Тӯсӣ, ат-Тибён, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.6, саҳ.475; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.274.
  4. Садр, ал-Фатово-л-возеҳа, матбаъат-ул-одоб, саҳ.19.
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.258.
  6. Китоби Муқаддас, сифри Хуруҷ, боби 20, ояти 1 то 18.
  7. Китоби Муқаддас, сифри Тасния, 22: 23 - 24; Китоби Муқаддас, сифри Ловиён, 20: 11 - 12.
  8. Сураи Нисо, оёти 15 ва 16; сураи Исро, ояти 32; сураи Нур, оёти 2 ва 3; сураи Фурқон, ояти 68; сураи Мумтаҳана, ояти 12.
  9. Барои намуна ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.76, саҳ.17 ба баъд.
  10. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.76, саҳ.20.
  11. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.76, саҳ.19.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.76, саҳ.22.
  13. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.76, саҳ.23.
  14. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.76, саҳ.21.
  15. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.88; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.102 - 103.
  16. Шайхи Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.428.
  17. Сураи Нур, ояти 2.
  18. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.141.
  19. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.309-313; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.462-463.
  20. Шайхи Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.428.
  21. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.318-322.
  22. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.347 ва 358.
  23. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.85-86; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.318ـ320
  24. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.373-374 ва 644-645; Таҳрир-ул-васила, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.468
  25. Ҳайдарӣ, «Зино», саҳ.600.
  26. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.4, саҳ.138 - 139; Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.459.
  27. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.4, саҳ.139.
  28. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408, ҷ.4, саҳ.139.
  29. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.154-158 ва 296-302; Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.461; Хуӣ, Такмилату минҳоҷ-ис-солеҳин, 1407ҳ.қ., саҳ.25.
  30. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.307.
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.256-257 ва ҷ.31, саҳ.236; Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.264-265.
  32. Шариатӣ, «Насаби ношӣ аз зино ва осори мадании он бо рӯйкарде бар дидгоҳи Имом Хумайнӣ», поизи 1394ҳ.ш.
  33. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.446.
  34. Шубайрии Занҷонӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1388ҳ.ш., саҳ.517, масъалаи 2407.
  35. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.363-368; Таботабоии Яздӣ, ал-Урваат-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.549-550.
  36. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.504.
  37. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.9, саҳ.262-263; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.32, 263-264.
  38. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.3, 24- 25.
  39. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.349-351.
  40. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.136.
  41. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.137 - 138.
  42. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.293 ва 307-308
  43. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.366.
  44. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1369ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.106.

Ёддошт


Сарчашма

  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, тасҳеҳи Муҳаммадтақии Иравонӣ ва Сайид Абдурразоқ Муқаррам, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1409ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи сию дуввум, Теҳрон, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Дор-ул-кутуб-ил-исломия ва ал-мактабат-ул-исломия, Теҳрон, 1362, 1369ҳ.ш.
  • Садр, Сайидмуҳаммадбоқир, ал-Фатово-л-возеҳа, матбаъат-ул-одоб, Наҷаф, бето.
  • Таботабоии Яздӣ, Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ аттобеъа ли ҷамоъат-ил-мударрисин, Қум, 1417 1420ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмади Қусайр Омилӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Хуӣ, Абулқосим, Такмилату минҳоҷ-ис-солеҳин, нашри Мадинат-ул-илм, Қум, 1410ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Ҳайдарӣ, Аббосалӣ, «Зино», донишномаи ҷаҳони Ислом (ҷ.21), Теҳрон, 1395ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, Қум, муассисаи Имом Ҳодӣ алайҳиссалом, 1415ҳ.қ.
  • Шариатӣ, Илҳом, «Насаби ношӣ аз зино ва осори мадании он бо рӯйкарде бар дидгоҳи имом Хумайнӣ», маҷаллаи пажӯҳшномаи Матин, поизи 1394ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-Димишқия, интишороти Доварӣ, Қум, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ил-Ислом, муассисаи ал-маориф-ул-исломия, 1413, 1417ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мусо, Рисолаи тавзеҳулмасоил, Қум, салсабил, 1388ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found