Тавассул

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Васила қарор додан)

Ин мақола дар бораи мафҳуми тавассул аст. Барои ошноӣ бо тавассул ба амвот мадхали Тавассул ба мурдагонро бубинед.

Тавассул (арабӣ: التَّوسل) восита қарор додани шахс ё чизе назди Худованд, барои тақарруб ба Ӯ ва бароварда шудани ҳоҷот аст. Тавассул аз боварҳои муштараки мусулмонон аст ва барои машруияти он ба оёте аз Қуръон назири ояти васила ва низ суннати Пайғамбар (с) ва сираи мусулмонон, ривоёти имомони маъсум (а) ва далели ақлӣ истинод кардаанд. Тавассул дар миёни шиаён ҷойгоҳи вижае дорад ва онон ғайр аз тавассул ба Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а), ба афроде аз хонадони имомон (а) ҳамчун ҳамсарону модарони онон ва имомзодагон мутавассил мешаванд. Шиаён ба ҳангоми зиёрати қубури имомон (а) ва имомзодагон, зиёратнома мехонанд, ки дар онҳо ба шеваҳои гуногун ба соҳиби он зиёратгоҳҳо тавассул меҷӯянд.

Гуфта мешавад бовар ба тавассул то қарни ҳаштуми қамарӣ дар миёни ҳамаи фирқаҳои мусулмон роиҷ буд; дар ин қарн, бархе аз ақсоми он монанди тавассул ба зоти Пайғамбар (с) ва бандагони солеҳ, тавассул ба мақому манзалате ки онон назди Худованд доранд ва тавассул ба онон пас аз вафоташон, мавриди ташкики гурӯҳе аз олимони салафӣ ба вижаи Ибни Таймия қарор гирифт ва пас аз чанд қарн бо ривоҷи ҷараёни ваҳҳобигарӣ аз сӯи ваҳҳобиён, тавассул мавриди мухолифат воқеъ шуд.

Умда далеле ки олимони салафӣ ва ваҳҳобиён ба он истинод кардаанд ин аст, ки гузорише аз амал ба ин қабил тавассулҳо дар миёни саҳҳобаи Пайғамбар вуҷуд надорад. Дидгоҳи салафия ва ваҳҳобиён дар бораи тавассул аз сӯи олимони шиа ва аҳли суннат нақд шудааст. Онон ба бархе нақлҳо ва гузоришҳои таърихӣ истинод кардаанд, ки бар асоси онҳо саҳобаи Пайғамбар ба ин навъ тавассулҳо амал мекардаанд.

Ҷойгоҳи тавассул назд мусулмонон

Иттифоқи назари мусулмонон дар машруияти асли тавассул

Тавассул аз боварҳои муштараки мусулмонон аст.[1] Ибни Таймия машруияти асли онро мавриди иттифоқи ҳамаи мусулмонон донистааст.[2] Тақиюддини Субкӣ (ваф. 756ҳ.қ.), олими шофеимазҳаби аҳли Миср, дар китоби Шифо-ус-сиқом, муҷодалаву низоъ дар бораи онро муҷодала дар заруриёт донистааст.[3] Ҷаъфари Субҳонӣ, мутакаллими шиа, низ асли тавассул ба асбоб дар ҳаёти башариро фитрӣ донистааст.[4]

Мухолифати ваҳҳобиён бо машруияти бархе ақсоми тавассул

Гуфта мешавад тавассул дар миёни фирқаҳои исломӣ, ба вижа дар миёни имомия ва то андозае сӯфия роиҷ будааст ва аз қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ бархе олимони салафӣ, ба вижа Ибни Таймия, нисбат ба машруияти бархе ақсоми он ташкик карданд. Ҳамин масаъла сабаб гардид то миёни шиа ва аҳли суннат бо салафия мунозиъоте дар боби машруияти тавассул дар шаръи Ислом шакл гирифт ва осоре дар радди дидгоҳи онон таълиф гардид.[5] Аз ҷумлаи ин осор китоби Шифо-ус-сиқом навиштаи Тақиюддини Субкӣ буд, ки дар радди ороъи олимони салафӣ, ба вижа дар боби тавассул, нигошта шуд.[6]

Имрӯза (қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ) ваҳҳобиён низ ба пайравӣ аз салафия дар машруияти бархе анвоъи тавассул ташкик кардаанд; аз ин рӯ баҳс аз тавассул бори дигар мавриди тавваҷуҳи олимони шиа ва аҳли суннат қарор гирифт ва дар нақду баррасии дидгоҳи ваҳҳобиён, китобҳое нигошта шуд.[7]

Таваҷҷуҳи хосси шиаён ба тавассул

Тавассул дар миёни шиаён ҷойгоҳи вижае дорад ва онон ғайр аз тавассул ба Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а), ба афроде аз хонадони имомон (а) ҳамчун ҳамсарону модарони онон ва имомзодагон мутавассил мешаванд.[8] Шиаён ба ҳангоми зиёрати қабри имомон (а) ва имомзодагон, зиёратнома мехонанд ки дар онҳо ба шеваҳои мухталифе ба соҳиби он зиёратгоҳҳо тавассул меҷӯянд.[9]

Тавассул ҷӯстан ба ду сурати фардӣ ва гурӯҳӣ анҷом мешавад. Дуои тавассул аз ҷумлаи дуоҳое аст, ки дар миёни шиаён; ба вижа дар Эрон ба сурати гурӯҳӣ ҳар ҳафта ғолибан дар шабҳои чоршанбе ба сурати маҷлиси хонагӣ ва ё дар масҷидҳо, зиёратгоҳҳо ва ҳусайнияҳо хонда мешавад ва дар он ба чордаҳ маъсум (а) тавассул мешавад.[10] Гоҳе низ барои тавассул ҷӯстан дар ҷиҳати бароварда шудани бархе ҳоҷот маросиме барпо мешавад. Барои намуна дар Эрон бархе мардум барои шифо ёфтани бемор аз беморӣ ва ё бароварда шудани дигари ҳоҷот, ба номи Имом Зайнулъобидин (а) суфра меандозанд ва таом медиҳанд.[11]

Албата мавориде аз тавассул дар миёни аҳли суннат низ гузориш шудааст. Барои намунаи Самъонӣ, таърихнигор, муҳаддису фақиҳи шофеимазҳаби қарни шашуми ҳиҷрӣ, ба зиёрати қабри Имом Козим (а) мерафта ва ба ӯ мутавассил мешудааст.[12] Абӯалии Халлол, аз дигари олимони аҳли суннат дар қарни сеюми ҳиҷрӣ, гуфтааст ҳар гоҳ бароями мушкиле пеш меомад ба зиёрати қабри Мӯсо ибни Ҷаъфар мерафтам ва ба ӯ мутавассил мешудам мушкилам бартараф мешуд.[13] Аз Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ, аз фақеҳони чоргонаи аҳли суннат, низ нақл шуда ки қабри Мӯсо ибни Ҷаъфарро «доруи шифобахш» тавсиф кардааст.[14]

Мафҳумшиносии тавассул ва машруияти он

Тавассул ба ин маъност, ки шахс, шахсе ё чизе ки назд Худованд ҷойгоҳи хос дорадро восита ё василаи иҷобати дуои худ қарор диҳад.[15] Тавассул аз лиҳози луғавӣ бо вожаи васила ҳамреша аст.[16] «Васила» ҳар он чизе аст ки барои наздик шудан ба чизи дигар аз он истифода мешавад.[17]

Тавассул ва истиғоса аз сӯи бархе ҳаммаъно талаққӣ шудааст.[18] Бархе низ байни он ду фарқ донистаанд, бад-ин баён ки истиғоса фақат барои мавқеият ва ҳолати шиддату сахтӣ аст, аммо тавассул махусуси ҳолати сахтӣ нест ва осоишро низ шомил мешавад.[19]

Далоили машруияти тавассул

Барои машруияту ҷавози шаръии тавассул ба адиллаи зер истинод кардаанд:

  • Қуръон: Худо дар ояти васила ба муъминон дастур додааст, ки барои тақарруб ба Худованд василае биҷӯянд.[20] Ҳамчунин дар ояти 64 сураи Нисо ба гунаҳкорон тавсия шуда, ки назди Пайғамбар (с) бираванд ва аз ӯ дархост кунанд, ки дар бораи онҳо аз Худованд талаби мағфират кунад.[21] Аз дигар оёте ки бар машруияти тавассул далолат мекунад, ояти 97 сура Юсуф аст,[22] ки бар асоси он фарзандони ҳазрати Яъқуб аз падарашон дархост карданд, ки барои онҳо талаби мағфират кунад.[23]
  • Ривоёт: ривоёти фаровоне аз манобеи ривоии шиа ва аҳли суннати нақл шудааст,[24] ки бар машруият ва ҷоиз будани тавассул дар шаръи Ислом далолат мекунанд.[25]
  • Сираи мусулмонон: сираи мусулмонони садри Ислом ва саҳобаи Пайғамбар нишон медиҳад, ки тавассул ба Пайғамбар (с) амри мақбул ва писандида будааст.[26] Барои намуна дар китоби Саҳеҳи Бухорӣ бахше бо унвон «Абвоб-ул-истисқо» тадвин шуда ва зайли он ривоёти мухталифе аз мутавассил шудани саҳоба ба Пайғамбар (с) ҷиҳати дуо барои талаби борон нақл шудааст.[27]
  • Далели ақлӣ: тавассул ё васила қарор додан, мӯҷиби тақарруби бандагон ба Худованд аст ва тақарруб ба Худованд, мақсуду матлуби ниҳоии инсонҳо дар аъмоли ибодияшон аст; чароки бидуни тақарруб ба Худованд, саодату растгорӣ дар дунёву охират насиби инсон намешавад; аз тарафе ин тақарруб низ бидуни васила ҳосил намешавад, бинобар ин саодату растгорӣ дар дунёву охират, банди бар васила ва тавассул аст.[28]

Мухолифати ваҳҳобиён бо машруияти тавассул ба Пайғамбар (с) ва бандагони солеҳ

Тавассул ба Пайғамбар ва бандагони солеҳ бад-ин сурат аст, ки масалан тавассулкунанда мегӯяд: «اللهمَّ انّی أتوسلُ إلیک بنبیکَ محمد(ص) اَن تقضی حاجتی; Худоё ба воситаи Пайғамбарат Муҳаммад (с) ба ту тавассул меҷӯям ки ҳоҷатамро баровардаи соз».[29]

Бар асоси фатвои Дор-ул-ифтои Миср дар бораи тавассул:

«Тавассул ба анбиё, авлиё ва бандагони солеҳи Худованд ва табаррук ҷустану истимдод аз онон, ҷоиз ва мустаҳаб аст ва бар машруияту истиҳбоби он далелҳое аз Қуръон, суннат ва амали саҳобаи Пайғамбар вуҷуд дорад. Ҳамчунин ҳамонтавр ки тавассул ба худи онон машрӯъ аст, тавассул ба мақому манзалаташон низ амале ҷоиз ва машрӯъ аст ва мухолифати гурӯҳи андак дар ин масаъла эътибор надорад.»

Ба гуфтаи Исо ибни Абдуллоҳи Ҳимярӣ, муҳаққиқи моликимазҳаби аҳли Иморот, ин қисми тавассул аз қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ мавриди мухолифати гурӯҳе аз уламои салафӣ қарор гирифт ва дар ҳамон даврон бо истодагии олимони мусулмон ва посухи қотеъ ба мункирони ин навъ тавассул, низоъ аз байн рафт; вале баъдҳо дубора ин низоъ аз сӯи ваҳҳобиҳо матраҳ ва ин навъи тавассул, ботил шумурда шуд.[31] Барои намуна Муҳаммаднасиби Рифоъӣ (ваф. 1412ҳ.қ.), аз ваҳҳобиёни аҳли Сурия, тақарруб ба Худованд аз тариқи анбиёву авлиёи Илоҳӣ, яъне махлуқро ботил эълом карда ва ин амалро куфру бидъат пиндоштааст.[32] Рифоъӣ барои баёни бидъатомез будан ин навъ аз тавассул гуфтааст, ки ҳеҷ далеле аз Қуръон ва суннати Пайғамбар (с) бар машруияти он вуҷуд надорад.[33]

Нақди дидгоҳи ваҳҳобиён аз сӯи олимони мусулмон

Тақиюддини Субкӣ, олими шофеимазҳаб дар қарни ҳаштуми қамарӣ, гуфтааст ривоёти мутавотир ва фаровоне бар машруияти тавассулу истиғоса ҷустан ба Пайғамбар (с) ва инсонҳои солеҳ далолат доранд.[34] Алӣ ибни Абдуллоҳи Самҳудӣ (ваф. 911ҳ.қ.), олими шофеимазҳаби аҳли Миср, дар китоб «Вафо-ул-вафо» бар машруияти тавассул ба Пайғамбар (с) ва инсонҳои солеҳ, иддаои иҷмоъ кардааст.[35] Онон ба бархе ривоёти муътабари аҳли суннат, истинод кардаанд.[36] Аз ҷумла бар асоси ривояте, ки дар Саҳеҳи Бухорӣ нақл шуда Умар ибни Хаттоб барои талаби борон ба Аббос ибни Абдулмутталиб (амаки Пайғамбар) тавассул ҷустааст.[37]

Ривоёти зиёде низ аз имомони шиа дар машруияти тавассул ба Пайғамбар ва авлиёи Илоҳӣ нақл шудааст. Дар бархе аз ин ривоёт худи Аҳли Байт (а) ба унвони васила барои тақарруб ба Худованд муаррифӣ шудаанд.[38] Барои намуна дуои тавассул аз дуоҳое аст, ки дар он барои талаби ҳоҷат аз Худованд ба чордаҳ маъсум тавассул мешавад.[39]

Бидъат пиндории тавассул ба амвот аз сӯи Ибни Таймия ва ваҳҳобиён

Мақолаи аслӣ: Тавассул ба мурдагон

Аз назар Ибни Таймия тавассул ба анбиёву авлиёи Илоҳӣ пас аз вафоташон амале ғайримашруъ ва бидъат аст. Ба гуфтаи ӯ аз саҳоба ва фақиҳони гузашта касе чунин амале анҷом надода ва далеле бар машруият ва ҷоиз будани он вуҷуд надорад.[40] Ҳамчунин Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, поягузори фирқаи ваҳҳобият[41] ва ба пайравӣ аз ӯ олимони ваҳҳобӣ тавассул ба анбиёву авлиёи Илоҳӣ пас аз вафоташонро ширк ва бидъат пиндоштаанд.[42]

Машруияти тавассул ба амвот аз дидгоҳи уламои мусулмон

Ин дидгоҳ низ аз сӯи олимони шиа ва аҳли суннат нақд шудааст. Муҳаммад ибни Алии Шавконӣ (ваф. 1250ҳ.қ.), фақиҳи зайдимазҳаб, барои машруияти тавассул ба Пайғамбар (с) ҳам дар замони ҳаёт ва ҳам пас аз вафоти вай, ба иҷмоъи саҳоба истинод карда ва гуфтааст ҳеҷ як аз саҳобаи Пайғамбар машруияти ин навъи тавассулро инкор накардаанд.[43] Ҳамчунин Аҳмад ибни Муҳаммади Қасталонӣ (ваф. 923ҳ.қ.), муарриху муҳаддиси шофеимазҳаби аҳли Миср, гуфтааст ахбору осори тавассул ба Пайғамбар (с) пас аз ҳаёти вай, қобили шумориш нест.[44] Ба гуфта Самҳудӣ дар тавассул ба Пайғамбар (с), байни ин ки дар замони ҳаёт вай бошад ё пас аз он, фарқе нест.[45] Ӯ ба ривоёте аз манобеи ҳадисии аҳли суннат ишора кардааст, ки бар асоси онҳо саҳоба пас аз вафоти Пайғамбар (с) барои умури мухталиф ба вай мутавассил мешуданд.[46]

Ҷаъфари Субҳонӣ низ гуфтааст: сираи мусулмонон бар ин будааст, ки ҳамонтавр ки дар замони ҳаёти Пайғамбар (с) ба вай тавассул меҷустанд, пас аз вафот низ ба ӯ мутавассил мешуданд.[47] Муҳаммад ибни Зоҳиди Кавсарӣ (ваф. 1371ҳ.қ.), олими ҳанафимазҳаби аҳли Туркия, гуфтааст мункири тавассул ба пайғамбарону солеҳон пас аз вафоташон, ба фанои арвоҳ пас аз марг эътиқод дорад ва мункири маод ва ҳаёти ухравӣ аст.[48] Ӯ маҳдуд донистани ривоёти машруияти тавассул ба замони ҳаёти тавассулшудагонро таҳрифи ин ривоёт ва таъвили бидуни далели онҳо донистааст.[49]

Ширкомез донистани тавассул ба мақому манзалати Пайғамбар ва авлиёи Илоҳӣ

Тақиюддин Субкӣ:

«Тавассулу истиғоса ба Пайғамбар (с) амале ҷоиз ва некӯ аст ва ҳусни он барои ҳар диндоре маълум аст ва он феълу амали анбиёи мурсалин ва сираи солеҳони салаф ва олимону авоми мусулмон будааст. Дар ҳеҷ замон ва дар ҳеҷ дине касе онро инкор накард, то ин ки Ибни Таймия омад ва бо суханони худ ин масаъларо бар афроди нотавонандеш муштабаҳ сохт ва бидъатеро поягузорӣ кард, ки дар ҳеҷ асре собиқа надоштааст.»

Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, саҳ.293

Тавассул ба мақому манзалати Пайғамбар (с) ба ин сурат аст, ки тавассулкунанда бигӯяд: «اللهمَّ إنّی أتوسل إلیک بجاه محمدٍ(ص) و حُرمته أن تقضی حاجتی; Худоё ман мақому эҳтироме ки Пайғамбар (с) назд ту дорадро васила қарор медиҳам ки ҳоҷатамро бароварда кунӣ».[50] Муҳаммаднасиби Рифоъӣ, аз ваҳҳобиён, бар ин назар аст, ки далеле бар машруияти тақарруб ба Худованд ба василаи мақому эҳтироми Пайғамбар (с) ва авлиёи Илоҳӣ, вуҷуд надорад ва аз саҳобаи Пайғамбар касе чунин тавассуле накардааст.[51] Абдулазиз Бен Боз (ваф. 1420ҳ.қ.), муфтии ваҳобии аҳли Арабистон, низ ин навъи тавассулро бидъат ва ширкомез дониста ва ба ҳаром будани он фатво додааст.[52]

Нақди дидгоҳи ваҳҳобиён аз сӯии олимони мусулмон

Ин дидгоҳ аз сӯи олимони шиа ва аҳли суннат нақд шудааст. Аз назари Самҳудӣ тавассул ба мақоми Пайғамбар (с) ва баракати вуҷуди вай назди Худованд, сираи пайғамбарон ва салафи солеҳ буда ва дар ҳар замоне; чи пеш аз хилқат ва чи дар замони ҳаёт ва пас аз вафоти вай будааст.[53] Шаҳобиддини Олусӣ (ваф. 1270ҳ.қ.), муфассири шофеимазҳаб, низ тавассул ба ҷойгоҳу манзалати Пайғамбар (с) ва афроди солеҳе, ки назди Худованд дорои манзалат бошандро машруъ донистааст.[54]

Ҷаъфари Субҳонӣ аз уламои шиа мегуяд: тавассул ба ҳаққу манзалати пайғамбарону бандагони солеҳ бад-ин маъно нест, ки барои онон як ҳаққи зотӣ бар Худованд лозим аст, то ширк ба шумор ояд; балки ҳамаи ҳақ аз они Худованд аст ва Ӯ аз рӯи фазлу кароматаш ба бархе бандагон ва дар ҷиҳати такрими онон, мақому манзалате эъто кардааст.[55]

Дор-ул-ифтои Миср, дар посух ба ҳукми тавассул ба мақому манзалати Пайғамбар (с), бо истинод ба ояти 35 сураи Моида ва ояти 57 сураи Исро ва бархе ривоёт, чунин фатво додааст, ки фарқе байни тавассул ба манзалати Пайғамбар (с) ва тавассул ба худи вай нест ва тавассул ба мақому манзалати Пайғамбар (с) ва дигар анбиё, аз корҳо равост, ки машруияти он дар Қуръон ва суннати Пайғамбар исбот шудааст.[56]

Иттифоқи назари мусулмонон дар машруияти тавассул ба Қуръон ва асмои Илоҳӣ

Тавассул ба асмо ва сифоти Илоҳӣ

Тавассул ба асмо ва сифоти Илоҳӣ ба ин сурат аст, ки масалан тавассулкунанда бигӯяд: «اللّهُمَّ إِنِّی أَسْأَلُک بِاسْمِک یا اللّهُ، یا رَحْمنُ، یا رَحِیمُ...خَلِّصْنا مِنَ النَّارِ یا رَبِّ; Худоё, аз Ту мехоҳам ба номат, эй Худо, эй бахшанда, эй меҳрбон... Моро аз оташ раҳоӣ бахш эй Парвардигори ман».[57] Гуфта мешавад байни мусулмонон ҳеҷ ихтилофе дар машруияти ин қисм аз тавассул вуҷуд надорад.[58] Дар ояти 80 сураи Аъроф Худованд дастур дода, ки бо асмои ҳусно хонда шавад.[59] Ҳамчунин гуфта мешавад ривоёти зиёде аз Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а)[60] бар машруияти ин навъи тавассул далолат доранд.[61] Дуои Ҷавшани кабир дорои сад банд аст ва дар он ба 1001 исму сифат аз авсофи Илоҳӣ тавассул мешавад.[62] Ҳамчунин дар ривоёте ба хондани ин дуо дар шабҳои қадр тавсия шудааст.[63]

Тавассул ба Қуръон

Тавассул ба Қуръон ба ин сурат аст, ки масалан тавассулкунанда бигӯяд: «اللّٰهُمَّ إِنِّی أَسْأَلُکَ بِکِتابِکَ الْمُنْزَلِ وَمَا فِیهِ وَفِیهِ اسْمُکَ الْأَکْبَرُ وَأَسْماؤُکَ الْحُسْنیٰ...أَنْ تَجْعَلَنِی مِنْ عُتَقائِکَ مِنَ النّارِ; Худоё, аз Ту мехоҳам ба ҳаққи китоби нозилшудаат (Қуръон) ва он чи дар он аст ва дар он аст номи бузургат ва номҳои некуят... Ин ки маро аз озодшудагон аз оташи дӯзах қарори диҳӣ».[64] Дар бархе ривоёте, ки дар манобеи ривоии аҳли суннат ва шиа ворид шуда,[65] тавассул ҷӯстан ба Қуръон барои тақарруб ба Худованд ё хостани чизе аз ӯ, машрӯъ дониста шудааст.[66] Ҳамчунин дар ривоёте аз имомони маъсум (а), ба восита қарор додани Қуръон, зимни маросими Қуръон ба сар гирифтан дар шаби қадар, тавсия шудааст.[67]

Тавассул ба аъмоли солеҳро яке дигар аз ақсоми тавассул донистаанд.[68] Дар ривояте ба нақл аз Имом Алӣ (а) аъмоле ҳамчун имон ба Худо ва Пайғамбар (с), ҷиҳод дар роҳи Худо, ба пои доштани намоз ва пардохтани закот, рӯза гирифтан, ҳаҷ гузордан, силаи раҳим ва садақа додан аз беҳтарини василаҳои тақарруб ба Худованд муаррифӣ шудаанд.[69] Дархости дуо аз шахсе, ки ба баракати вуҷудаш, умеди истиҷобати дуо аз вай вуҷуд дорадро аз дигар ақсоми тавассул баршумурдаанд, ки олимони мусулмон бо тавваҷуҳ ба бархе оёти Қуръон ва ривоёт, ба машруияти он назар додаанд.[70]

Такнигорӣ

Осори фаровоне дар бораи масаълаи тавассул аз сӯи олимони мусулмон нигориш ёфта, ки бархе аз онҳо ба шарҳ зер аст:

  • ат-Тавассулу мафҳумуҳу ва ақсомуҳу ва аҳкомуҳу фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро: навиштаи Ҷаъфари Субҳонӣ. Нависанда дар ин китоб, адиллае аз Қуръон ва ривоёт дар машруияти ҳар як аз ақсоми тавассул зикр карда ва ба нақду баррасии дидгоҳи мухолифон пардохтааст.[71]
  • ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул: навиштаи Исо ибни Абдуллоҳи Ҳимярӣ. Ин китоб дорои ду боб аст. Нависанда дар ин китоб ба баррасӣ ва нақди адиллаи мухолифони тавассул ва баёни машруияти он бо тавваҷуҳ ба Қуръон ва ривоёте аз сарчашмаҳои ҳадисии аҳли суннат ва ҳамчунин дидгоҳи олимон пардохтааст.[72] Ин китоб тавассути Сайидмуртазо Ҳусайнии Фозил ба форсӣ тарҷума шуда ва бо унвон «Диранге дар ҳақиқати тавассул», аз сӯи нашри Машъар чоп гардидааст.[73]
  • Маҳқ-ут-тақаввули фи масъалат-ит-тавассул: навиштаи Муҳаммадзоҳиди Кавсарӣ (ваф. 1371ҳ.қ.), олими ҳанафӣ ва аз мунтақидон ва мухолифони Ибни Таймия ва андешаҳои салафӣ. Нависанда дар ин китоб дар 22 сафҳа ба исботи машруияти тавассулу истиғоса бо истинод ба Қуръону суннати Пайғамбар (с) ва саҳоба пардохтааст.[74]

Эзоҳ

  1. Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, 1419ҳ.қ., саҳ.293
  2. Ибни Таймия, Қоидатун ҷалилатун фи-т-тавассули ва-л-васила, 1422ҳ.қ., саҳ.16
  3. Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, 1419ҳ.қ., саҳ.318
  4. Субҳонӣ, ат-Тавассул..., 1374ҳ.ш., саҳ.18
  5. Ҳимярӣ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, 1428ҳ.қ., саҳ.48; Покатчӣ, "Тавассул", саҳ.362
  6. Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, 1419ҳ.қ., саҳ.59 - 61
  7. Маъмурӣ, «Нақди тавассул аз сӯи салафия», саҳ.367 - 368
  8. Ализода, «Тавассул дар таҳаққуқи таърихӣ», саҳ.368
  9. Ализода, «Тавассул дар таҳаққуқи таърихӣ», саҳ.369
  10. Ализода, «Тавассул дар таҳаққуқи таърихӣ», саҳ.369
  11. Ализода, «Тавассул дар таҳаққуқи таърихӣ», саҳ.369
  12. Самъонӣ, ал-Ансоб, 1382ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.479
  13. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133
  14. Каъбӣ, ал-Имому Мӯсо ибни ал-Козими алайҳиссаломи сиратун ва таърих, 1430ҳ.қ., саҳ.216
  15. Ҳимярӣ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, 1428ҳ.қ., саҳ.16
  16. Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳу тоҷ-ул-луғати ва сиҳоҳ-ул-арабияти, зайли вожа «васл»
  17. Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳу тоҷ-ул-луғати ва сиҳоҳ-ул-арабияти, зайли вожа «васл»
  18. Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, 1419ҳ.қ., саҳ.314
  19. Абдурраҳмон Абдулмунъим, Муъҷам-ул-мусталаҳоти ва-л-алфоз-ил-фиқҳийя, Дор-ул-фазила, саҳ.150
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.328; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.349
  21. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1390ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.412; сураи Нисо, ояти 64
  22. Макорими Шерозӣ, Оёт-ул-аҳкоми фи-л-Қуръон, 1425ҳ.қ., саҳ.201
  23. сураи Юсуф, ояти 97
  24. Барои намуна ниг.: Самҳудӣ, Вафо-ул-вафои биахбори дор-ил-Мустафо, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.196; Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.539; Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.416; Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., саҳ.177; Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.15 - 21
  25. Макорими Шерозӣ, Оёт-ул-аҳкоми фи-л-Қуръон, 1425ҳ.қ., саҳ.203
  26. Субҳонӣ, ат-Тавассул, саҳ.107
  27. Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.26 - 32
  28. Ҳимярӣ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, 1428ҳ.қ., саҳ.76
  29. Субҳонӣ, ат-Тавассул, саҳ.69
  30. «حكم التوسل بالأنبياء والأولياء والصالحين وطلب المدد منهم»، سایت دار الإفتاء المصریة.
  31. Ҳимярӣ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, 1428ҳ.қ., саҳ.48
  32. Рифоъӣ, ат-Тавассулу ило ҳақиқат-ит-тавассул, 1399ҳ.қ., саҳ.185
  33. Рифоъӣ, ат-Тавассулу ило ҳақиқат-ит-тавассул, 1399ҳ.қ., саҳ.186
  34. Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, 1419ҳ.қ., саҳ.305
  35. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.196
  36. Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, саҳ.305; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.196
  37. Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27
  38. Барои намуна ниг.: Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.168; Баҳронӣ, ал-Бурҳону фи тафсир-ил-Қуръон, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.292
  39. Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.102, саҳ.247 - 249
  40. Ибни Таймия, Маҷмуат-ур-расоили ва-л-масоил, Луҷнат-ут-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.22 - 23
  41. Абдулваҳҳоб, Кашф-уш-шубаҳот, 1418ҳ.қ., саҳ.51 - 52
  42. Барои намуна ниг.: Бен Боз, ат-Тавассул-ул-машруъи ва-т-тавассул-ил-мамнуъ, 1428ҳ.қ., саҳ.35 - 36
  43. Шавконӣ, ад-Дурр-ун-назид, Дору Ибни Ҳузайма, саҳ.20
  44. Қасталонӣ, ал-Мавоҳиб-ул-ладунния, 1425ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.606
  45. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.195
  46. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.195 - 196
  47. Субҳонӣ, ат-Тавассул..., 1374ҳ.ш., саҳ.52
  48. Кавсарӣ, Маҳқ-ут-тақаввули фи масъалат-ит-тавассул, ал-Мактабат-ул-азҳарийяту ли-т-турос, саҳ.4
  49. Кавсарӣ, Маҳқ-ут-тақаввули фи масъалат-ит-тавассул, ал-Мактабат-ул-азҳарийяту ли-т-турос, саҳ.5
  50. Субҳонӣ, Оини ваҳҳобият, 1375ҳ.ш., саҳ.146
  51. Рифоъӣ, ат-Тавассулу ило ҳақиқат-ит-тавассул, 1399ҳ.қ., саҳ.188 - 189
  52. Бен Боз, Маҷмуу фатово Бен Боз, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.322
  53. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.193
  54. Олусӣ, Тафсири рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.128
  55. Субҳонӣ, ат-Тавассулу мафҳумуҳу ва ақсомуҳу ва аҳкомуҳу фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, 1374ҳ.ш., саҳ.82
  56. «حكم التوسل بالأنبياء والأولياء والصالحين وطلب المدد منهم»، سایت دار الإفتاء المصریة.
  57. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1409ҳ.қ., саҳ.247; Ҳимярӣ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, 1428ҳ.қ., саҳ.44
  58. Субҳонӣ, ат-Тавассул..., 1374ҳ.ш., саҳ.24; Ҳимярӣ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, 1428ҳ.қ., саҳ.44
  59. Субҳонӣ, ат-Тавассул..., 1374ҳ.ш., саҳ.22; Албонӣ, ат-Тавассул, анвоъаҳу ва аҳкомаҳ, 1421ҳ.қ., саҳ.30
  60. Барои намуна ниг.: Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.539; Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.416; Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., саҳ.177
  61. Субҳонӣ, ат-Тавассул..., 1374ҳ.ш., саҳ.22; Ҳимярӣ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, 1428ҳ.қ., саҳ.44
  62. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1409ҳ.қ., саҳ.247
  63. Барои намуна ниг.: Алломаи Маҷлисӣ, зоди алмъод, 1423ҳ.қ., саҳ.27
  64. Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.346
  65. Барои намуна ниг.: Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.33, саҳ.146; Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.346
  66. Субҳонӣ, ат-Тавассул..., 1374ҳ.ш., саҳ.25 - 26
  67. Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.190
  68. Барои намуна ниг.: Субҳонӣ, ат-Тавассул..., 1374ҳ.ш., саҳ.27 - 32 ва 39; Ҳимярӣ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, 1428ҳ.қ., саҳ.45 - 48
  69. Барои намуна ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1374ҳ.ш., хутбаи 110, саҳ.163
  70. Барои намуна ниг.: Субҳонӣ, ат-Тавассул..., 1374ҳ.ш., саҳ.27 - 32 ва 39; Ҳимярӣ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, 1428ҳ.қ., саҳ.45 - 48
  71. Субҳонӣ, ат-Тавассул..., 1374ҳ.ш., саҳ.117
  72. Ҳимярӣ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, 1428ҳ.қ., саҳ.8 - 11
  73. Ҳимярӣ, дирангӣ дар ҳақиқати тавассул, 1392ҳ.ш., саҳ.13
  74. Кавсарӣ, Маҳқ-ут-тақаввули фи масъалат-ит-тавассул, ал-Мактабат-ул-азҳарийяту ли-т-турос, саҳ.4 - 11

Сарчашма

  • «حکم التوسل بالأنبیاء والأولیاء والصالحین وطلب المدد منهم», санаи дарҷи матлаб: 13 марти 2018м, санаи боздид: 25 фарвардини 1403ҳ.ш.
  • Абдулваҳҳоб, Муҳаммад, Кашф-уш-шубаҳот, Арабистон, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Абдулмунъим, Маҳмуд Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳоти ва-л-алфоз-ил-фиқҳийя, Қоҳира, Дор-ул-фазила, бето.
  • Албонӣ, Муҳаммади Носириддин, ат-Тавассул, анвоъаҳу ва аҳкомаҳ, Риёз, 1421ҳ.қ.
  • Алломаи Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, 1403ҳ.қ.
  • Алломаи Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, зоди алмъод, Бейрут, 1423ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, ҳошим ибни сулаймон, ал-Бурҳону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Бунёди беъсат, 1415ҳ.қ.
  • Бен Боз, Абдулазиз, Маҷмуу фатово Бен Боз, Риёз, 1420ҳ.қ.
  • Бен Боз, Абдулазиз, ат-Тавассул-ул-машруъи ва-т-тавассул-ил-мамнуъ, Риёз, бе но, 1428ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳи Бухорӣ, Димишқ, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Тақиюддин Абулаббос, маҷмӯъаи алрсоӣли волмсоӣл, беҷо, Луҷнат-ут-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Ибни Таймия, Тақиюддин Абулаббос, Қоидатун ҷалилатун фи-т-тавассули ва-л-васила, бе ҷо, Мактабаи-ул-фурқон, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснади Аҳмад, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1421ҳ.қ.
  • Кавсарӣ, Муҳаммадзоҳид, Маҳқ-ут-тақаввули фи масъалат-ит-тавассул, Қоҳира, ал-Мактабат-ул-азҳарийяту ли-т-турос, бето.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Мисбоҳ, ҷуннат-ул-амон-ил-воқияти ва ҷаннат-ул-имон-ил-боқия, Қум, 1405ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Оёт-ул-аҳкоми фи-л-Қуръон, Қум, мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1425ҳ.қ.,
  • Маъмурӣ, «Нақди тавассул аз сӯи салафия», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ,
  • Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, 1374ҳ.ш.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Тафсири рӯҳ-ул-маонӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Покатчӣ, Аҳмад, «Тавассул», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ,
  • Рифоъӣ, Муҳаммаднасиб, ат-Тавассулу ило ҳақиқат-ит-тавассул, Бейрут, чопи сеюм, 1399ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ал-Иқболу би-л-аъмол-ил-ҳасана, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Вафо-ул-вафои биахбори дор-ил-Мустафо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1419ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1390ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Оини ваҳҳобият, Теҳрон, нашри Машъар, 1375ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ат-Тавассул, Бейрут, ад-Дор-ул-исломия, бе то.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ат-Тавассулу мафҳумуҳу ва ақсомуҳу ва аҳкомуҳу фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, Қум, нашри Машъар, 1374ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фии тафсири алқуръон, Қум, нашри Исмоилён, 1363ҳ.ш.
  • Тақиюддини Субкӣ, Алӣ ибни Абдулкофӣ, Шифо-ус-сиқоми фи зиёрати хайр-ил-аном, таҳқиқи Сайиди Муҳаммадризои ҷалолӣ, Қум, нашри Машъар, чопи чаҳорум, 1419ҳ.қ.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунани Тирмизӣ, Миср, 1395ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни умр, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, 1420ҳ.қ.
  • Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ад-Дурр-ун-назиди фи ихлоси калимат-ит-тавҳид, беҷо, Дору Ибни Ҳузайма, бе то.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, Муассисату фиқҳ-иш-шиа, 1411ҳ.қ.
  • Қасталонӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Мавоҳиб-ул-ладуннияти би-л-минаҳ-ил-муҳаммадийя, Бейрут, 1425ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, Қум, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Ҳимярӣ, исо ибни Абдуллоҳ, ат-Тааммулу фи ҳақиқат-ит-тавассул, беҷо, бено, 1428ҳ.қ.
  • Ҷавҳарӣ, Абунаср Исмоил ибни Ҳаммод, ас-Сиҳоҳу тоҷ-ул-луғати ва сиҳоҳ-ул-арабияти, Бейрут, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.