Муҳориба

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷазои муҳориб)

Ин мақола дар бораи мафҳуми муҳориба аст. Барои ошноӣ бо ифсоди фил-арз (коррупсия дар ҷаҳон), мадхали Муфсиди фил-алрз (фасод дар ҷаҳон)-ро бубинед.

Рисолаи амалия

Муҳориба (форсӣ: مُحاربه) силоҳкашӣ бо ангезаи эҷоди тарс дар мардум аст.

Фақеҳон шахсеро, ки бо силоҳ ошкоро моли мардумро медуздад, ё ононро гаравгон мегирад, муҳориб медонанд ва инчунин бо истинод ба ояти 33-юми сураи Моида муътақиданд, ҷазои муҳориб иборат аст аз куштан, маслуб кардан (баста ба чизе монанди салиб), буридани дасту пои муқобил ва нафйи балад (бадарға).

Шайх Садуқ, Шайх Муфид ва гуруҳи дигар бар ин боваранд, ки қозӣ метавонад ҳар кадоме аз ин ҷазоҳоро бар муҳориб иҷро кунад, аммо гуруҳи дигар, аз ҷумла Шайх Тусӣ ва Соҳиби Ҷавоҳир мегӯянд, ки вобаста ба навъи ҷинояте, ки муҳориб анҷом додааст, як ё якчанд маврид аз чаҳор ҷазо иҷро карда мешавад.

Дар табйини мафҳуми муҳориба, фарқҳои он бо мафҳумҳои дигар, аз ҷумла фасод дар рӯи замин, бағй (фитна) ва нофармонии шаҳрвандӣ баён шудааст; аз ҷумла онки муҳориб бо мардум меҷангад, аммо боғӣ (фитнагар) мехоҳад бо ҳоким биҷангад.

Фақеҳони шиа бар ин назаранд, ки агар муҳориб пеш аз боздошт тавба кунад, ҷазои муҳориба бар ӯ иҷро намешавад, аммо агар ҳаққуннос бар гардани вай бошад, ҳамчунон побарҷо аст ва бояд ба он расидагӣ шавад.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Муҳориба дар фиқҳ ба маънои силоҳ кашидан ба рӯи мардум, ба қасди тарсондани онон аст.[1] Ба фатвои фақеҳон ҳар касеки ошкоро ва бо зурӣ, моли дигареро бигирад ё мардумро гаравгон гирад, муҳориб аст.[2] Мурод аз силоҳ ҳар абзоре аст, ки дар ҷанги байни инсонҳо истифода мешавад; монанди шамшер, камон ва ҳамчунин силоҳҳои имрӯзӣ.[3]

Ҷазои муҳориба, ҳамчун ҷазои иртидод, зино ва шаробхурӣ, ҷузви ҳудуд аст; яъне дар шаръ барои он ҷазои мушаххасе дар назар гирифта шудааст.[4] Бо ин ҳол, муҳориба ин фарқро бо дигар ҳудуд дорад, ки барои он чаҳор ҷазо таъйин шудааст, ки як ё чанд маврид аз онҳо эъмол мешавад.[5]

Муҳориба чист?

Дар китобҳои фиқҳӣ мабоҳиси муфассале дар хусуси шароити таҳаққуқи муҳориба матраҳ шудааст.[6] Фақеҳони шиа ва суннӣ муътақиданд, ки муҳориба бидуни кашидани силоҳ таҳаққуқ пайдо намекунад.[7] Аксари фақеҳони шиа, қасди тарсондани мардумро ҳам аз шартҳои таҳаққуқи муҳориба медонанд.[8] Саидабдулкарим Мусавии Ардабилӣ, марҷаъи тақлиди қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ, танҳо аз Шаҳиди Сонӣ сухане нақл карда гуфтааст, аз он бармеояд, ки ин шартро напазируфтааст.[9] Бо ин ҳол, ба гуфтаи Ардабилӣ, Шаҳиди Сонӣ низ дар китоби дигараш, ҳамчун дигар фақеҳон, қасди тарсонданро шарт донистааст.[10]

Аҳли фасод будани касе ки силоҳ кашидааст; яъне собиқадор будани ӯ ва тарсидани мардум, аз дигар шартҳои ихтилофӣ аст.[11] Дар заминаи шарти ахир баҳс он аст, ки барои таҳаққуқи муҳориба, оё лозим аст мардум битарсанд, ё ҳаминки касе қасди тарсондан дошта бошад, кифоят мекунад; ҳарчанд кори ӯ тарсе дар мардум эҷод накунад.[12] Шаҳиди Аввал, Шаҳиди Сонӣ ва Соҳиби Риёз бар ин боваранд, ки қасди тарсондани мардум кофӣ аст.[13] Аз сӯи дигар, муҳаққиқи Ардабилӣ, Фозили Исфаҳонӣ ва имом Хумайнӣ бар онанд, ки агар касе ба қасди тарсондани мардум силоҳ бикашад, аммо мардум натарсанд, муҳориб маҳсуб намешавад.[14]

Ҳамчунин агар касе сирфан ба иллати душманӣ бо шахсе ё шахсоне ба тарафи онҳо силоҳ бикашад, муҳориб шуморида намешавад.[15] Дар қонуни муҷозоти Ҷумҳурии Исломии Эрон низ омадааст, ки ҷурми муҳориба замоне муҳаққақ мешавад, ки ин аъмол ҷанбаи умумӣ дошта бошад ва шахс тавонои салби амниятро доро бошад.[16]

Мисдоқҳо ва намунаҳо

Фақеҳони мусулмон дар бораи мисдоқҳои муҳориб дар ояти Муҳориба, дидгоҳҳои мухталифе матраҳ кардаанд;[17] бархе гуфтаанд, мурод аз муҳориб, аҳли зимма аст, дар сурате ки агар паймоншиканӣ карда ва бо мусулмонон вориди ҷанг шаванд, гуруҳе бо тавваҷуҳ ба шаъни нузули оят, манзури онро афроди муртад донистаанд ва касоне ҳам роҳзанонро мисдоқи он шуморидаанд.[18] Ба гуфтаи Шайхи Тусӣ, назари фақеҳони шиа ин аст, ки ҳар касе силоҳ бикашад, то мардумро битарсонад, муҳориб аст.[19]

Фарқи муҳориб бо муфсиди фил-арз

Гуруҳе аз фуқаҳо бо истинод ба ояти Муҳориба, муфсиди фил-арзро ғайр аз муҳориб дониста ва гуруҳи дигаре ин ду унвонро як чиз донистаанд. Имом Хумайнӣ (1281 - 1368ҳ.ш.) муфсиди фил-арзро бо муҳориб як дониста ва муҳорибро касе медонад, ки силоҳашро барои тарсондани мардум ва ифсоди дар замин, ошкор ва таҷҳиз мекунад.[20]

Ба бовари Муҳаммад Муъмини Қумӣ (1316 - 1397ҳ.ш.) аз фуқаҳои шиа, муфсиди фил-арз дар оят мавзуият дорад ва муҳориба яке аз мисдоқҳои ифсоди фил-арз ба шумор меравад.[21]

Ба гуфтаи Муҳаммад Фозили Ланкаронӣ (1310ҳ.ш - 1386ҳ.ш.) нисбати байни муфсиди фил-арз ва муҳориб, умум ва хусуси мутлақ аст; яъне ҳар муҳорибе муфсиди фил-арз аст, аммо ҳар муфсиде муҳориб нест.[22]

Аз назари Носир Макорими Шерозӣ муфсид ва муҳориб ду мафҳуми ҷудогонаанд.[23] Дар фарҳанги фиқҳи форсӣ бо ёдоварии ин нукта, ки ифсод ё ба мол тааллуқ мегирад, ё ба амал ва инки гоҳе низ бар муҳориба ва салби амният ва осоиши ҷомеъа итлоқ мегардад; натиҷа гирифтааст, ки ба муҳориб, муфсиди фил-арз (ифсодкунанда дар замин) гуфта мешавад.[24]

Фарқи муҳориба бо бағй

Дар фиқҳ, муҳориба ва бағй ду масъалаи ҷудогона ҳастанд ва таъориф, аҳкоми шаръӣ ва масоили мутафовит бо якдигар доранд;[25] муҳориб бо мардум меҷангад, аммо боғӣ ба қасди ҷанг бо ҳоким силоҳ мекашад.[26] Чунонки фақеҳон ҳукми бағйро дар Китоб-ул-ҷиҳод баҳс кардаанд, вале ҳукми муҳорибаро дар Китоб-ул-ҳудуд.[27] Мустанади ҳар як аз ин ду ҳукм низ ҷудост ва албатта тарсидани мардум ва фасоду ноамнӣ ҳам дар бағй шарт нашудааст.[28]

Фарқи муҳориба бо нофармонии шаҳрвандӣ

Сайидҷавод Вараъӣ, пажӯҳишгари фиқҳи сиёсӣ муътақид аст, муқовимати маданӣ ва нофармонии маданӣ бо ҳадафи тағйири як қонун ё як сиёсат ё як мудир ва монанди он анҷом мешавад ва ҳадафи он барандозии низоми сиёсӣ ё эҷоди руъбу ваҳшат дар байни мардум нест. Бинобар ин, наметавон нофармони шаҳрвандиро муҳориб ё боғӣ донист чунонки набояд аз муҳориб бо унвони нофармонии шаҳрвандӣ дифоъ кард.[29]

Ҷазои муҳориб

Фақеҳон бо тавваҷуҳ ба ояти Муҳориба, ба иҷмоъ, ҷазо ва муҷозоти муҳорибаро чаҳор муҷозоти қатл, салб (бастани дасту пои муҷрим ба чизе монанди салиб)[30], буридани дасту пои мухолиф ва табъид (нафйи балад) медонанд,[31] аммо дар бораи чигунагии иҷрои ҷазо, ихтилофи назар доранд.[32] Ба навиштаи Саидабдулкарими Мусавии Ардабилӣ, байни фақеҳони аҳли суннат низ чунин ихтилофи назаре вуҷуд дорад.[33]

Назарияи тахйир

Шайхи Садуқ, Шайхи Муфид, Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Аллома Ҳиллӣ, Шаҳиди Аввал, Шаҳиди Сонӣ ва имом Хумайнӣ муътақиданд, ҳар як аз чаҳор ҷазои мавҷуд дар ояти Муҳорибаро метавон бар муҳориб эъмол кард.[34]

Назарияи тартиб

Ба гуфтаи Мусавии Ардабилӣ, фатвои гуруҳи дигаре монанди Шайхи Тусӣ, Ибни Зуҳра, Ибни Барроҷ, Абусалоҳ Ҳалабӣ, Соҳиби Риёз, Соҳиби Ҷавоҳир ва Сайид Абулқосим Хуӣ тартиб аст; яъне баста ба навъи ҷурм, як ё чанд ҷазо аз муҷозатҳои мавҷуд дар оят эъмол мешавад.[35] Хуӣ, ҷазои тартибии муҳорибаро ин гуна тавзеҳ додааст: касе ки танҳо силоҳ мекашаду мардумро метарсонад, ҷазояш нафйи балад (табъид) аст; касе ки илова бар кашидани силоҳ, садама ҳам ворид мекунад, ибтидо қисос ва сипас нафйи балад мешавад, ва касеки силоҳ кашида, моли мардумро медуздад, дасту пояш бурида мешавад; касе ки бо кашидан силоҳ, фард ё афродеро мекушад, аммо молашонро намедуздад, кушта мешавад. Касе ки илова бар куштан, молро ҳам мебарад, ибтидо дасти росташ бурида мешавад, сипас ба хонаводаи мақтул таҳвил дода мешавад, то амволашонро бигиранд ва ӯро бикушанд. Агар хонаводаи мақтул ӯро бахшиданд, худи ҳоким бояд ӯро бикушад.[36]

Дар қонуни муҷозоти исломии Эрон, муҷозоти муҳориб яке аз чаҳор муҷозоти эъдом, салб, буридани дасти росту пои чап ва табъид таъйин шудааст.[37]

Тавбаи муҳориб

Ба фатвои фақеҳони шиа, агар муҳориб пеш аз онки боздошт шавад, тавба кунад, ҷазои ҳаддии муҳорибаи ӯ соқит мешавад, аммо ҳаққуннос бар гардани ӯ мемонад; яъне агар касеро кушта ё ба касе садама зада ё молеро дуздидааст, дар сурати адами бахшиши соҳибони ҳақ қисос мешавад ё дия ё хасорат мепардозад, аммо агар пас аз боздошт тавба кард, ҷазои ӯ соқит намешавад.[38] Фақеҳони шиа бар ин масъала иҷмоъ доранд.[39]

Ин дидгоҳ, аз оят баъд аз ояти Муҳориба бардошт шудааст, ки дар он бо иборати «إِلَّا الَّذِینَ تٰابُوا مِنْ قَبْلِ أَنْ تَقْدِرُوا عَلَیهِمْ» (магар касоне ки пеш аз онки бар эшон даст ёбед, тавба карда бошанд)[40] касоне ки пеш аз боздошт тавба мекунанд, аз ҷазошавндагон истисно шудаанд.[41] Ривоёте низ дар таъйиди ин назар баён шудааст; аз ҷумла, ҳадисе аз Имом Содиқ (а) ки дар он омадааст: агар муҳориб пеш аз боздошт тавассути ҳоким тавба кунад, ҷазо дода намешавад.[42]

Ояти Муҳориба

Ояти 33 сураи Моида, ки дар он ҷазои муҳориба баён шудааст, ба хати куфӣ дар нусхаи қадимме аз Қуръон

Мақолаи аслӣ: Ояти Муҳориба Мустанади аслии фақеҳон барои ҳукми муҳориба, ояти 33 сураи Моида аст.[43] Дар ин оят омадааст: «إِنَّمَا جَزَاءُ الَّذِینَ یحَارِبُونَ اللهَ وَرَسُولَهُ وَیسْعَوْنَ فِی الْأَرْضِ فَسَادًا أَن یُقَتَّلُوا أَوْ یُصَلَّبُوا أَوْ تُقَطَّعَ أَیدِیهِمْ وَأَرْجُلُهُم مِّنْ خِلَافٍ أَوْ یُنفَوْا مِنَ الْأَرْضِ...»; сазои касоне ки бо [дӯстдорони] Худо ва Пайғамбари ӯ меҷанганд ва дар замин ба фасод мекӯшанд, ҷуз ин нест, ки кушта шаванд, ё бар дор овехта гарданд, ё дасту пояшон дар хилофи ҷиҳати якдигар бурида шавад, ё аз он сарзамин табъид гарданд.[44]

Бино бар ончӣ дар Тафсири Намуна омадааст, шаъни нузули оят, достони мусулмон шудани гуруҳе аз мушрикон будааст, ки ба ҷиҳати онки обу ҳавои Мадина барояшон муносиб набуд, ба фармони Пайғамбари Ислом (с) ба минтақаи хушобуҳавое нақли макон карданд. Аз онҷо ки он минтақа ҷои чарои шутурон буд, рузе ин афрод дасту пои чӯпонҳои мусулмонро бурида, шутуронро дуздиданад ва аз Ислом берун рафтанд. Оят дар бораи ин афрод нозил шуд ва ҷазои онҳоро баён кард.[45]

Дар китобҳои фиқҳӣ аз ин оят, ҳам дар заминаи навъи ҷазои муҳориб ва ҳам дар хусуси мисдоқҳои он сухан меравад.[46]

Ҷусторҳои вобаста

Муфсиди фил-арз

Ояти Муҳориба

Эзоҳ

  1. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.167.
  2. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.475.
  3. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.475; Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.515.
  4. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4.
  5. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.511 - 524.
  7. Нигоҳ кунед ба Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.511 то 516.
  8. Нигоҳ кунед ба Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.516 ва 517.
  9. Нигоҳ кунед ба Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.517.
  10. Нигоҳ кунед ба Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.518.
  11. Нигоҳ кунед ба Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.518 ва 521.
  12. Нигоҳ кунед ба Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.518.
  13. Нигоҳ кунед ба Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.519.
  14. Нигоҳ кунед ба Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.519.
  15. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.475.
  16. Қонуни муҷозоти исломӣ, мусавваби 1392ҳ.ш., модаи 279.
  17. Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.47.
  18. Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.47.
  19. Нигоҳ кунед ба Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.47.
  20. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.492.
  21. Муъмини Қумӣ, Калимотун садида, 1415ҳ.қ., саҳ.409.
  22. Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариъат, 1422ҳ.қ., саҳ.428.
  23. «Ваҷҳи тафовути ифсоди фил-арз ва муҳориба», сайти итилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  24. Фарҳанги фиқҳи форсӣ, муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, зери назари Оятуллоҳ Сайид Маҳмудҳошимии Шоҳрудӣ, ҷ.1, саҳ.62.
  25. Нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307 то 310; Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.389 ва 390.
  26. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, 1431ҳ.қ., саҳ.476.
  27. Вараъӣ, “Баррасии мафҳумии бағй, муҳориба ва нофармонии маданӣ”, саҳ.143.
  28. Вараъӣ, “Баррасии мафҳумии бағй, муҳориба ва нофармонии маданӣ”, саҳ.143.
  29. Вараъӣ, “Баррасии мафҳумии бағй, муҳориба ва нофармонии маданӣ”, саҳ.148.
  30. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.609.
  31. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.558.
  32. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.557.
  33. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.558.
  34. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.558 ва 559.
  35. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.562.
  36. Нигоҳ кунед ба Хуӣ, Такмилат-ул-минҳоҷ, 1410ҳ.қ., саҳ.51.
  37. Қонуни муҷозоти исломӣ, модаи 282.
  38. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.168.
  39. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.590.
  40. Сураи Моида, ояти 34, тарҷумаи Фулодванд.
  41. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.590.
  42. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.313.
  43. Барои намуна нигоҳ кунед ба Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.493.
  44. Тарҷумаи Фулодванд.
  45. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.358 ва 359.
  46. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.493.

Сарчашма

  • Вараъӣ, Сайидҷавод, “Баррасии мафҳумии бағй, муҳориба ва нофармонии маданӣ”, фаслномаи Сиёсати мутаъолия, шумораи 9, тобистони 1394ҳ.ш.
  • “Ваҷҳи тафовути ифсоди фил-арз ва муҳориба”, сайти итилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, таърихи боздид: 2 озари 1400ҳ.ш.
  • “Зургирӣ бо силоҳи сард муҷозоти муҳориба дорад”, иттилоот, 8 дейи 1392, дидашуда дар 20 исфанди 1396.
  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва истилоҳот-ул-усул, Бейрут, маншуротур-Ризо, чопи аввал, 1431ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • Мусавии Ардабилӣ, Сайидабдулкарим, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, Қум, муассисаи алнашр ли ҷомеъатил-Муфид раҳимаҳуллоҳ, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Муъмини Қумӣ, Муҳаммад, Калимотун садида, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариъат, Қум, маркази фиқҳ ал-Аимматул-атҳор, 1422ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайидабулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Мадинатул-илм, чопи бисту ҳаштум, 1410ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайидабулқосим, Такмилат-ул-минҳоҷ, Қум, Мадинатул-илм, чопи бисту ҳаштум, 1410ҳ.қ.
  • Хумайнӣ (имом), Сайидруҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Наҷафи Ашраф, Дорул-кутубил-илмия, 1390ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсили Васоил-уш-шиъа ила таҳсили масоил-иш-шариъат, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи-фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳ ва таҳқиқи Сайидмуҳаммадтақии Кашфӣ, Қум, алмактабатул-Разавия ли эҳёил-осорил-Ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.