Ҳадиси Ифтироқ
Ин мақола дар бораи ҳадиси ифтироқ аст. Барои ошноӣ ба фирқаи наҷотёфта мадхали фирқаи ноҷияро бубинед.
| Мавзуъ | Шоха-шоха шудани уммати исломӣ |
|---|---|
| Содиршуда аз | Пайғамбари Ислом (с) |
| Эътибори санад | Иддаои тавотур |
Ҳадиси Ифтироқ (форсӣ: حدیث افتراق) ҳадиси мансуб ба Пайғамбари Акрам (с) аст, ки дар бораи шоха-шоха шудани уммати исломӣ ба беш аз ҳафтод фирқа. Бар асоси ин ҳадис, уммати исломӣ пас аз Пайғамбари Акрам (с) ба беш аз ҳафтод фирқа тақсим мешавад, ки танҳо як фирқа аз онҳо наҷот меёбад. Дар бораи мисдоқи фирқаи ноҷия миёни уламои мазҳабҳои исломӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки фирқаи ноҷия, шиаёни Алӣ (а) ҳастанд.
Ҳадиси ифтироқ ва масоили марбут ба он дар баҳсҳои каломӣ, илми фирқашиносӣ ва кашмакашҳои фирқавӣ инъикос ёфтааст.
Мазмун ва шарҳи ҳадис
Ҳадиси ифтироқ ба ҳадисе аз Пайғамбар (с) ишора дорад, ки мазмуни муштараки ривоятҳои гуногуни он ин аст, ки «маҷус ба ҳафтод фирқа, яҳудият ба ҳафтоду як фирқа ва масеҳият ба ҳафтоду ду фирқа тақсим шуд ва уммати ман ба ҳафтоду се фирқа тақсим мешавад ва танҳо яке аз ин фирқаҳо фирқаи ноҷия аст.»[1] Албатта дар баъзе ривоятҳо омадааст, ки 72 фирқа наҷот меёбанд ва як фирқа аҳли ҷаҳаннам аст.[2]
Дар ривоятҳои гуногуни ин ҳадис, шумораи фирқаҳои исломӣ гоҳе ҳафтоду се фирқа,[3] гоҳе ҳафтоду ду фирқа[4] ва гоҳе ҳафтоду як фирқа[5] зикр шудааст.
Дар шарҳи ҳадиси ифтироқ омадааст, ки гумроҳии аксари фирқаҳои исломӣ ғайр аз фирқаи ноҷия, ба сабаби ихтилофоти эътиқодӣ аст, ки ба такфир ва душманӣ миёни онҳо меанҷомад ва марбут ба ихтилофоти фиқҳии фақеҳон, ки ҳамаи онҳо бо муроҷиат ба Қуръон ва суннат маъзур ва аҳли наҷот ҳастанд, намешавад.[6] Баъзеҳо эҳтимол додаанд, ки ин ҳадис, шомили ихтилофоти дунявии мусалмонон дар молу ҷон ва ҳукумат, ки ба душманӣ ва фирқа-фирқа шудан меанҷомад, низ мешавад.[7]
Эътибор
Ҳадиси ифтироқ дар Кутуби арбааи шиа ва Саҳеҳайни аҳли суннат нақл нашудааст ва фирқашиносоне чун Навбахтӣ дар китоби Фирақ-уш-шиа ва ҳамчунин Абулҳасани Ашъарӣ дар Мақолот-ул-исломийин ба он ишора ва истинод накардаанд. Ибни Ҳазми Андалусӣ (ваф.456ҳ.қ.), аз уламои аҳли суннат, онро ғайри қобили эътибор ва носаҳеҳ донистааст.[8] Ба назари Ибни Вазир, фақеҳи мазҳаби зайдӣ (ваф.840ҳ.қ.), низ бахши поёнии он (ҳама ғайр аз як фирқа аҳли ҷаҳаннам ҳастанд) сохта мебошад.[9]
Бо ин ҳол, баъзе аз китобҳои ҳадисии шиа[10] ва аҳли суннат[11] ва баъзе аз муаллифони китобҳои милал ва ниҳал[12] ҳадисро нақл карда ва пазируфтаанд ва баъзе аз фирқашиносон чун Абдулқоҳир ибни Тоҳир Бағдодӣ,[13] Шаҳфур ибни Тоҳир Исфароинӣ[14] ва Ибни Абдурраҳмон Малтии Шофеӣ[15] низ фирқаҳои исломиро бар асоси 73 фирқа гурӯҳбандӣ кардаанд. Аз ин рӯ, гуфта шудааст, ки ҳадиси ифтироқ на танҳо машҳур ва мустафиз[16] балки мутавотир[17] ё наздик ба мутавотир[18] аст.
Ба гуфтаи Оятуллоҳ Субҳонӣ, мустафиз будан ва ривоятҳои фаровони ин ҳадис дар китобҳои шиа ва суннӣ, заъфи санадии онро ҷуброн мекунад ва нақли он бо санадҳои гуногун дар ин манбаъҳо боиси итминон ва эътимод ба он мешавад.[19] Ҳамчунин Муҳаммад ибни Аҳмад Мақдисӣ (ваф. баъд аз 381ҳ.қ.), муаллифи китоби Аҳсан-ут-тақосим фи маърифат-ил-ақолим, ин ривоятро машҳуртар аз ривояти дигаре донистааст, ки шумораи наҷотёфтагонро 72 фирқа ва ҳалокшудагонро як фирқа медонад ва албатта муътақид аст, ки ривояти дуюм саҳеҳтар аст.[20]
Фирқаи ноҷия
Дар бораи таъйини мисдоқи фирқаи ноҷия миёни уламои мазҳабҳои гуногун ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ғолибан ҳар кадоме аз онҳо мазҳаби худро фирқаи ноҷия ва 72 фирқаи дигарро ҳалокшуда донистаанд:[21] Ҷамолуддин Розӣ - аз уламои имомия, дар китоби Табсират-ул-авом фи маърифати мақолот-ил-аном,[22] Ҷаъфар ибни Мансури Яманӣ - аз уламои исмоилия, дар китоби Сароиру ва асрор-ун-нутақо[23] ва Шаҳрастонӣ - аз уламои аҳли суннат, дар китоби ал-Милалу ва-н-ниҳал[24] мазҳаби худро мисдоқи фирқаи ноҷия донистаанд.
Шайх Садуқ, муҳаддиси машҳури шиа дар қарни чаҳорум, дар китоби Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъма бо истинод ба Ҳадиси Сақалайн, ҳар касеро, ки ба Қуръон ва Итрати Пайғамбар (с) тамассук кунад, аз ҷумлаи фирқаи ноҷия донистааст.[25] Ҳамчунин Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор аз Имом Алӣ (а) нақл кардааст, ки шиаёни ман аҳли наҷотанд.[26] Аллома Ҳиллӣ низ бо такя бар аҳодис, имомони дувоздаҳгона ва пайравони онҳоро мисдоқи фирқаи ноҷия муаррифӣ кардааст.[27] Сипас далелҳое дар исботи ҳаққонияти мазҳаби шиа зикр кардааст.[28]
Бо ин ҳол, аҳли суннат бо истинод ба аҳодиси дигар, фирқаи ноҷияро ҷамоат[29] ё аксарият[30] ва ё пайравони хулафои рошидин медонанд.[31] Гузорише низ аз ҳадиси ифтироқ вуҷуд дорад, ки бар асоси он ҳамаи фирқаҳои исломӣ ғайр аз зиндиқон, аҳли наҷотанд.[32]
Фирқаҳои ҳалокшуда
Уламои мазҳабҳои исломӣ 72 фирқаи дигар ғайр аз мазҳаби худро ҳалокшуда донистаанд:[33] Албатта ба гуфтаи Иброҳим ибни Мӯсо Шотибӣ (ваф.790ҳ.қ.) - аз уламои мазҳаби моликии аҳли суннат, маҳдуд кардани фирқаҳои ҳалокшуда ба шумораи 72 далели муътабар ақлӣ ва нақлӣ надорад.[34]
Ибни Ҳазм, олими аҳли суннат (ваф.456ҳ.қ.), дар китоби фиқҳии ал-Муҳалло би-л-осор, бо истинод ба ҳадисе ки «тафтариқ умматӣ ало бидъа ва сабъин фирқа, аъзамуҳум фитнан ало умматӣ қавмун юқайисунал-умур...» ки аз Пайғамбар (с) нақл шудааст,[35] аҳли қиёс дар фиқҳро аз фирқаҳои гумроҳ ва ҳалокшуда медонад.[36]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснад, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.145; Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, Дор-ул-фикр, ҷ.2, саҳ.364; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.4
- ↑ Ниг.: Мақдисӣ, Аҳсан-ут-тақосим, Дор содир, ҷ.1, саҳ.39
- ↑ Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.281; Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.26; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, Матбаъат-ул-умма, ҷ.18, саҳ.51; Ибни Ҳанбал, Муснад, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.102
- ↑ Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.260; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, Матбаъат-ул-умма, ҷ.17, саҳ.13
- ↑ Донӣ, ас-Сунан-ул-ворида, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.624
- ↑ Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1408ҳ.қ., саҳ.5–8; Шотибӣ, ал-Эътисом, 1420ҳ.қ., саҳ.442
- ↑ Шотибӣ, ал-Эътисом, 1420ҳ.қ., саҳ.460–461
- ↑ Ибни Ҳазм, ал-Фасл, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.292
- ↑ Ибни Вазир, ал-Авосиму ва-л-қавосим, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.170–172
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайх Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.584–585; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.13
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Ҳанбал, Муснад, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.569; Ибни Абиосим, ас-Сунна, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.75–80; Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, Матбаъат-ул-умма, ҷ.18, саҳ.51
- ↑ Барои намуна ниг.: Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1408ҳ.қ., саҳ.5–8; Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Муассисаи нашри исломӣ, ҷ.1, саҳ.25–26
- ↑ Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1408ҳ.қ., саҳ.11–21
- ↑ Исфароинӣ, ат-Табсиру фи-д-дин, 1408ҳ.қ., саҳ.23–25
- ↑ Малтии Шофеӣ, ат-Танбиҳу ва-р-радд, 1413ҳ.қ., саҳ.12
- ↑ Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Муассисаи нашри исломӣ, ҷ.1, саҳ.23; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.289
- ↑ Ибни Тавус, ат-Тароиф, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.287 ва ҷ.2, саҳ.74 ва саҳ.259; Мановӣ, Файз-ул-қадир, 1391ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.20
- ↑ Омидӣ, ал-Аҳком фи усул-ил-аҳком, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.1, саҳ.219
- ↑ Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Муассисаи нашри исломӣ, ҷ.1, саҳ.25
- ↑ Мақдисӣ, Аҳсан-ут-тақосим, Дор содир, саҳ.39
- ↑ Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1408ҳ.қ., саҳ.11–21; Исфароинӣ, ат-Табсиру фи-д-дин, 1408ҳ.қ., саҳ.23–25; Малти Шофеӣ, ат-Танбиҳу ва-р-радд, 1413ҳ.қ., саҳ.12
- ↑ Розӣ, Табсират-ул-авом, 1364ҳ.ш., саҳ.194–199
- ↑ Яманӣ, Сароиру ва асрор-ун-нутақо, 1404ҳ.қ., саҳ.243
- ↑ Шаҳрастонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.19–20
- ↑ Шайх Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.662
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.11
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-карома, 1379ҳ.ш., саҳ.50
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-карома, 1379ҳ.ш., саҳ.35–111
- ↑ Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, 1430ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.128–130
- ↑ Омидӣ, ал-Аҳком фи усул-ил-аҳком, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.1, саҳ.219
- ↑ Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28–29
- ↑ Дайламӣ, ал-Фирдавс бимаъсур-ил-хитоб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.63
- ↑ Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1408ҳ.қ., саҳ.11–21; Исфароинӣ, ат-Табсиру фи-д-дин, 1408ҳ.қ., саҳ.23–25; Малтии Шофеӣ, ат-Танбиҳу ва-р-радд, 1413ҳ.қ., саҳ.12
- ↑ Шотибӣ, ал-Эътисом, 1420ҳ.қ., саҳ.481
- ↑ Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, Матбаъат-ул-умма, ҷ.17, саҳ.13
- ↑ Ибни Ҳазм, ал-Муҳалло би-л-осор, Дор-ул-ҷил, ҷ.1, саҳ.62
Сарчашма
- Ибни Абиосим, Аҳмад ибни Амр, ас-Сунна, Риёз, нашри Басам ибни Файсал Ҷавобара, 1419ҳ.қ./1998 м.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Муснад, таҳқиқ: Абулмаъотӣ Нурӣ, Бейрут, Олами китоб, 1419ҳ.қ.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Фазоил-ус-саҳоба, таҳқиқ: Муҳаммад Аббос Васийуллоҳ, Бейрут, Муассисаи ар-Рисола, 1403ҳ.қ./1983 м.
- Ибни Моҷа, Муҳаммад ибни Язид, Сунани Ибни Моҷа, таҳқиқ: Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе таърих.
- Ибни Ҳазм, Абӯмуҳаммад, ал-Фасл фи-л-милал вал-аҳво ва-н-ниҳал, Бейрут, нашри Муҳаммад Иброҳим Наср ва Абдурраҳмон Умейра, 1405ҳ.қ./1985 м.
- Ибни Ҳазм, Абӯмуҳаммад, ал-Муҳалло би-л-осор, таҳқиқ: Аҳмад Шокир, Бейрут, Дор-ул-ҷил, бе таърих.
- Ибни Тавус, Сайид Алӣ, ат-Тароиф фи маърифати мазоҳиб-ит-тавоиф, Бейрут, нашри Алӣ Ошур, 1420ҳ.қ./1999 м.
- Ибни Вазир, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Авосиму ва-л-қавосим фи-з-забби ан суннати Абилқосим, Бейрут, нашри Шуайб Арнаут, 1415ҳ.қ./1994 м.
- Исфароинӣ, Шаҳфур ибни Тоҳир, ат-Табсир фи-д-дин ва тамйиз-ил-фирқат-ин-ноҷияти ан-ил-фирақ-ил-ҳоликин, Бейрут, нашри Муҳаммад Зоҳид Кавсарӣ, 1408ҳ.қ./1988 м.
- Омидӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Аҳком фи усул-ил-аҳком, ал-Мактаб-ул-исломӣ, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бе таърих.
- Яманӣ, Ҷаъфар ибни Мансур, Сароиру ва асрор-ун-нутақо, Бейрут, нашри Мустафо Ғолиб, 1404ҳ.қ.
- Бағдодӣ, Абдулқоҳир, ал-Фарқу байн-ал-фирақ ва баёну фирқат-ин-ноҷияти минҳум, Бейрут, Дор-ул-ҷил – Дор-ул-офоқ, 1408ҳ.қ.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунани Тирмизӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1403ҳ.қ.
- Ҳокими Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, таҳқиқ: Мустафо Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ.
- Донӣ, Усмон ибни Саид, ас-Сунан-ул-воридати фи-л-фитани ва ғавоилиҳо ва-с-соъати ва ашротиҳо, таҳқиқ: Ризоуллоҳ ибни Муҳаммад Идрис Муборакфурӣ, Риёз, Дор-ул-осима, 1416ҳ.қ.
- Дайламӣ, Ширвӯя ибни Шаҳрдор, ал-Фирдавс бимаъсур-ил-хитоб, таҳқиқ: Саид ибни Басюний Зағлул, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1406ҳ.қ./1986 м.
- Розӣ, Ҷамолуддин, Табсират-ул-авом фи маърифати мақолот-ул-аном, нашри Аббос Иқболи Оштиёнӣ, Теҳрон, Асотир, 1364ҳ.ш.
- Зайлаӣ, Абдуллоҳ ибни Юсуф, Тахриҷ-ул-аҳодис ва-л-осор-ул-воқеа фи тафсир-ил-Кашшоф ли Замахшарӣ, Риёз, нашри Султон ибни Фаҳд Табишӣ, 1414ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Баҳус фи-л-милал ван-ниҳал, Муассисаи нашри исломӣ, бе таърих.
- Шотибӣ, Иброҳим ибни Мӯсо, ал-Эътисом, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1420ҳ.қ.
- Шаҳрастонӣ, Муҳаммад ибни Абдулкарим, ал-Милалу ва-н-ниҳал, нашри аш-Шариф ар-Разӣ, 1364ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Китоб-ул-хисол, Қум, нашри Алиакбар Ғаффорӣ, 1362ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дини ва тамом-ун-неъма, тасҳеҳ: Алиакбар Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, нашри дуввум, 1395ҳ.қ.
- Табараний, Абулқосим, ал-Муъҷам-ул-кабир, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир (ҷ.18), Бағдод, Матбаъат-ул-умма, бе таърих.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Минҳоҷ-ул-карома фи маърифат-ил-имома, Муассисаи Ошӯро, 1379ҳ.ш.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисаи ал-Вафо, 1403ҳ.қ.
- Музаффар, Муҳаммадҳусайн, Далоил-ус-сидқ, Муассисаи Оли Байт (а), 1422ҳ.қ.
- Мақдисӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Аҳсан-ут-тақосим фи маърифат-ил-ақолим, Бейрут, Дор содир, бе таърих.
- Малтии Шофеӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ат-Танбиҳу ва-р-радд ала аҳл-ил-аҳво ва-л-бидъа, Қоҳира, Мактабату Мадбулӣ, 1413ҳ.қ.
- Мановӣ, Муҳаммад Абдуррауф, Файз-ул-қадир: Шарҳ-ул-Ҷомеъ-ус-сағир, Бейрут, 1391ҳ.қ./1972 м.
- Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абибакр, Маҷмаъ-уз-завоид ва манбаъ-ул-фавоид, Бейрут, Дор-ул-маъориф, 1406ҳ.қ.