Саҳеҳайн

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи истилоҳи "саҳеҳайн" аст. Барои ошноӣ бо китобҳои саҳеҳайн мақолаҳои Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслимро бубинед.

Саҳеҳайн (арабӣ: الصحيحان) ба ду китоби Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим ишора дорад, ки муътабартарин китобҳои ҳадисии аҳли суннатанд. Олимони аҳли суннат ин ду китобро баъд аз Қуръон, саҳеҳтарини китобҳо медонанд.

Саҳеҳайн дар канори чаҳор китоби дигар, сиҳоҳи ситта, яъне китобҳои саҳеҳи шашгона шинохта мешаванд.

Дар Саҳеҳайн, аҳодисе дар фазоили Аҳли Байт (а) омадааст. Бо ин ҳама, шиаён интиқодҳое ба ин ду китоб доранд, аз ҷумла: ривоят аз бархе ровиёни номутмаин ва душмани Аҳли Байт (а); тавваҷуҳи кофӣ надоштан ба фазоили Аҳли Байт (а); нақли ҳадиси бисёр кам аз Аҳли Байт; нақли бархе ривоёт, ки бо ақл ва дин созгорӣ надорад.

Истилоҳшиносӣ

«Саҳеҳ» ба китоби ҳадисие гуфта мешавад, ки дар он, нависанда танҳо аҳодисеро нақл карда, ки дорои санад ва саҳеҳ медонистааст. Истилоҳи «саҳеҳайн», ба ду китоби Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим ишора дорад.

Олимони аҳли суннат ин ду китобро муътабартарин китобҳои ҳадисиашон медонанд ва дар канори чаҳор маҷмуаи ҳадисии дигар, сиҳоҳи ситта (саҳеҳҳои шашгона) мехонанд.

Истилоҳи «саҳеҳайн» ба китобҳое низ гуфта мешавад, ки Саҳеҳ Муслим ва Бухориро дар як китоб ҷамъ кардаанд; монанди китоби Ҷамъун байн-ас-Саҳеҳайн аз Фарроъ Бағавӣ.

Саҳеҳи Бухорӣ

Навиштори аслӣ: Саҳеҳи Бухорӣ
Саҳеҳи Бухорӣ

Саҳеҳи Бухорӣ навиштаи Муҳамад ибни Исмоили Бухорӣ (194 - 256ҳ.қ.), муҳаддиси машҳури аҳли суннат аст. Олимони аҳли суннат, ба ҷуз андаке, ин китобро муътабартарин китоби ҳадисӣ ва саҳеҳтарин китоби баъд аз Қуръон медонанд.

Шумори аҳодиси ин китобро байни 7000 то 9200 донистаанд, ки албатта бахши умдае аз он, ҳадисҳои такрорӣ аст.

Аз Бухорӣ нақл шудааст, ки аҳодиси китобашро аз миёни 600,000 ҳадисе, ки ҷамъоварӣ карда буд, интихоб кардааст.

Саҳеҳи Муслим

Навиштори аслӣ: Саҳеҳи Муслим
Саҳеҳи Муслим

Саҳеҳи Муслим, навиштаи Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нишопурӣ (204 – 261ҳ.қ.), аз муҳаддисони номдори аҳли суннат аст. Олимони аҳли суннат ин китобро баъд аз Саҳеҳи Бухорӣ, муътабартарин манбаи ҳадисии аҳли суннат донистаанд. Бархе низ гуфтаанд эътибори он бештар аз Саҳеҳи Бухорӣ аст.

Саҳеҳи Муслимро дорои 7275 ҳадиси набавӣ донистаанд, ки бо ҳазфи аҳодиси такрорӣ, шумораашон ҳудуди 4 ҳазор ҳадис хоҳад шуд.

Аҳли Байт (а) дар саҳеҳайн

Дар Саҳеҳайн ривоёте дар фазоили Имом Алӣ (а), ҳазрати Фотима (с), Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн (а), Имом Саҷҷод (а) ва ҳазрати Маҳдӣ (аҷҷалаллоҳу фараҷаҳ) омадааст.

Дар Саҳеҳи Бухорӣ, бо ҳазфи аҳодиси такрорӣ, ду ё се ҳадис дар фазилати Имом Алӣ (а) ва чаҳор ҳадис дар фазилати ҳазрати Фотима (а) омадааст.

Ҳадиси Манзалат, ҳадиси Роят, ҳадиси Базъат («Фотима пораи тани ман аст») ва ҳадиси «Фотима, сарвари занони биҳишт аст» аз аҳодиси мавҷуд дар Саҳеҳи Бухорист.

Дар Саҳеҳи Муслим ҳам се ҳадис дар фазилати Имом Алӣ (а) ва се ҳадис дар фазилати ҳазрати Фотима (а) омадааст, аз ҷумла: ҳадиси Манзалат, ҳадиси Роят ва ҳадиси «Фотима, сарвари занони биҳишт аст».

Интиқодоти шиаён ба саҳеҳайн

Бархе аз интиқодоти шиаён ба саҳеҳайн ба шарҳи зер аст:

  • Бархе аз ровиёни саҳеҳайн, дурӯғгӯ, номутмаин ва мунҳариф будаанд, монанди Абуҳурайра, Абумусо Ашъарӣ, Амр ибни Ос. Ин афрод, душмани Имом Алӣ (а) ҳам буданд ва аз он ҷо ки бар пояи аҳодиси саҳеҳайн, душманӣ бо Имом Алӣ (а) нишондиҳандаи надоштани имон аст ва беимонӣ, ровиро аз эътибор соқит мекунад, эътибор надоранд.
  • Дар саҳеҳайн аз касоне беш аз 2400 нафар ҳадис нақл шудааст, ки бисёре, ё душмани Аҳли Байти Пайғамбар (с) буда, ё маҷҳул будаанд, аммо аҳодиси чандоне аз Аҳли Байт (а) наёмадааст.
  • Аҳодисе дар ин ду китоб ҳаст, ки бо ақл ё дин созгор нест. Аз ҷумлаи онҳо аҳодисе аст, ки далолат мекунад Худовандро бо чашми сар метавон дид.


Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

Сарчашма