Үндана:Гӯсолаи Сомирӣ
Ин мақола дар бораи гӯсолаи Сомирӣ аст. Барои ошноӣ бо гове, ки Банӣ Исроил ба дастури Худо забҳ карданд, мақолаи Гови Банӣ Исроилро бубинед.
Гӯсолаи Сомирӣ (форсӣ: گوساله سامِری) ё гӯсолаи тиллоӣ (форсӣ: گوساله طلایی) буте аз тилло буд, ки Сомирӣ дар давраи ғайбати Мусо дар миқот сохт ва Банӣ Исроилро ба парастиши он даъват кард. Ҳорун ки ҷонишини Мусо буд, мардумро аз ин кор манъ кард ва онро озмуни Илоҳӣ донист, аммо бештари Банӣ Исроил ба парастиши он рӯй оварданд.
Пас аз бозгашти Мусо аз миқот ва мушоҳидаи ин рӯйдод, лавҳаҳоро бар замин афканд ва қавми худро сарзаниш кард. Ӯ Ҳорунро ба сабаби пешгирӣ накарданаш аз инҳирофи қавми худ мавриди пурсиш қарор дод ва Сомириро бозхост кард. Бар асоси гузориши Қуръон, Мусо гӯсоларо сӯзонд ва хокистари онро дар об рехт.
Қуръон гӯсолапарастии Банӣ Исроилро озмуни Илоҳӣ муаррифӣ мекунад. Дар оёти вобаста ба ин мавзуъ, пас аз ин воқеа фармони «Тавба кунед ва якдигарро бикушед» омадааст. Бештари муфассирон ин ибораро ба маънои куштани гурӯҳе аз гуноҳкорон тавассути дигарон донистаанд ва баъзе онро киноя аз тавбаи сахт ва риёзати нафс тафсир кардаанд. Дар идомаи оёт, пазируфтани тавбаи онон зикр шудааст. Ин воқеа бо тафовутҳое дар Таврот низ нақл шудааст.
Дар сарчашмаҳои исломӣ омадааст, ки ин гӯсола садое шабеҳи гов дошт. Дар бораи маншаи садои он дидгоҳҳои гуногун матраҳ шудааст; аз ҷумла эҷоди садо бар асари вазиши бод дар муҷассама ё таъсири хоке, ки аз ҷои пои маркаби Ҷабраил гирифта шуда буд. Бештари муфассирон бар ин боваранд, ки Сомирӣ хоке аз ҷои пои маркаби Ҷабраил ҳангоми гузаштани Банӣ Исроил аз дарё гирифт ва дар гӯсола қарор дод.
Вижагиҳои гӯсола
Банӣ Исроил дар давраи чилрӯзаи ҳузури Мусо дар миқот, гӯсолае аз тилло сохтанд ва онро парастиданд.[1] Муқаддас будани гов дар фарҳанги Мисри бостон, ки рамзи зиндагии кишоварзӣ ба шумор мерафт, дар ин гароиш муассир дониста шудааст.[2] Қуръон созанда[3] ва тарғибгари ин корро Сомирӣ муаррифӣ мекунад.[4] Аммо Таврот, сохти гӯсоларо ба Ҳорун нисбат медиҳад.[5] Ин бут ба гӯсолаи тиллоӣ низ шинохта мешавад.[6]
«Ва он гоҳ, ки бо Мусо чил шаб ваъда гузоштем, он гоҳ дар ғайбати ӯ, шумо гӯсоларо парастиш кардед, дар ҳоле ки ситамкор будед.... ва Мусо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, шумо бо парастиши гӯсола, бар худатон ситам кардед, пас ба даргоҳи Офаридгоратон тавба кунед, ва худатонро бикушед, ки ин кор назди Офаридгоратон барои шумо беҳтар аст.» Пас Худо тавбаи шуморо пазируфт, ки Ӯ тавбапазири меҳрубон аст.»[7]
Қуръон аз гӯсола бо таъбири «Ҷасадан лаҳу хувор» (пайкаре бо садои гов)[8] ёд мекунад.[9] Дар бораи маншаи садо дидгоҳҳои гуногун матраҳ шудааст: баъзе муфассирон гуфтаанд, ки муҷассама дар масири бод қарор дода шуда буд ва садо бар асари вазиши бод эҷод мешуд;[10] баъзе онро ношӣ аз хоки ҷои пои Ҷабраил донистаанд, ки дар даруни муҷассама қарор дода шуда буд;[11] ва дар баъзе ривоёт, садо ҳамчун озмоиши Илоҳӣ муаррифӣ шудааст.[12]
Дар баъзе ривоёт вижагиҳое мисли доштани гӯшт ва пӯст низ барои ин гӯсола нақл шуда, аммо дар дурустии ин гузоришҳо тардид шудааст.[13]
Гӯсолапарастӣ
Мусо (а) дар пайи ваъдаи Илоҳӣ, си рӯз ба меодгоҳ рафт ва ба ин муддат даҳ рӯзи дигар илова шуд.[14] Бо тӯлонӣ шудани ғайбати ӯ, миёни Банӣ Исроил овоза шуд, ки Мусо (а) даргузаштааст.[15] Сомирӣ дар ин фурсат бо истифода аз тиллои мардум, гӯсолае сохт[16] ва ҳамроҳи пайравони худ[17] ононро ба парастиши он даъват кард.[18] Ҳорун (а) ки ҷонишини Мусо буд, мардумро аз ин кор манъ кард ва онро озмоиши Илоҳӣ донист;[19] аммо бештари Банӣ Исроил даъвати Сомириро пазируфтанд ва ба парастиши гӯсола рӯй оварданд.[20]
Мусо (а) дар миқот, аз гӯсолапарастии қавми худ огоҳ шуд.[21] Пас аз бозгашт, аз шиддати хашм, лавҳаҳоро андохт ва шикаст[22] ва қавми худро сарзаниш кард.[23] Ӯ ҳамчунин бо Ҳорун ба тундӣ бархӯрд кард, ки чаро пеши бероҳа рафтани қавмро нагирифтааст.[24] Сипас Сомириро бозхост ва ҷазо дод.[25] Сомирӣ дар посух ба Мусо (а) ки пурсид чаро чунин кардӣ? Гуфт: «Чизе дидам, ки онон надиданд. Ман қисмате аз осори Расулро гирифтам, сипас онро афкандам».[26] Бештари муфассирон эътиқод доранд, ки манзур аз Расул Ҷабраил аст, ки Сомирӣ ҳангоми гузаштани Банӣ Исроил аз дарё, хоки зери пои маркаби ӯро гирифт[27] ва дар гӯсола қарор дод.[28] Баъзе дигар эътиқод доранд, ки мақсуди Сомирӣ, имони пешини худ ба Мусо (а) буд, ки баъдҳо дар он тардид кард.[29]
Сӯзондани гӯсола
Бар асоси Қуръон, гӯсола тавассути Мусо ва пайравонаш сӯзонда шуд ва хокистари он ба дарё рехта шуд.[30] Дар Таврот низ омадааст, ки гӯсола дар оташ сӯзонда ва осиёб шуд, то гард шавад ва бар об пошида шуд ва ба Банӣ Исроил дода шуд.[31]

Ҷазои гӯсолапарастон
Гӯсолапарастии Банӣ Исроил пас аз мушоҳидаи муъҷизоти мутааддид масъалае муҳим талқӣ шудааст.[32] Бар асоси Қуръон, касоне, ки гӯсоларо парастиданд, бо ғазаби Илоҳӣ ва зиллат дар зиндагии дунё гирфтор шуданд.[33] Дар ояти 54 сураи Бақара ба ҷазои онон низ ишора шудааст, ки шомили куштани якдигар буд[34] ва шомили наздикон ва хонавода низ мешуд.[35] Баъзе сарчашмаҳо мегӯянд, ки афроде, ки гӯсолапараст нашуда буданд, гӯсолапарастонро куштанд.[36]
Пас аз кушта шудани якчанд ҳазор нафар[37] ё ҳамаи гуноҳкорон,[38] тавбаи онон пазируфта шуд ва қотилу мақтул бахшида шуданд.[39] Ин ҷазо дар Таврот низ омадааст, ки тақрибан се ҳазор нафар кушта шуданд.[40]
Баъзе муфассирон, аз ҷумла Носир Макорими Шерозӣ, эътиқод доранд, ки ин ҷазо монандие дар таърихи пайғамбарон надорад ва ҳадафи он пешгирӣ аз бозгашти Банӣ Исроил ба бутпарастӣ будааст.[41] Сайид Муртазо ва Ибни Арабӣ, ин фармонро ба маънои куштани воқеӣ надониста ва онро кинояе аз риёзати нафс ва тавбаи сахт тафсир кардаанд.[42]
Чароии гӯсолапарастӣ
Бо вуҷуди муъҷизоти мутааддиди ҳазрати Мусо (а) дар Миср ва пас аз хуруҷи Банӣ Исроил аз он сарзамин,[43] онон пас аз мушоҳидаи ақвоми бутпараст аз Мусо (а) хостанд, ки худое барояшон муайян кунад;[44] аз ин рӯ, Қуръон ононро ҷоҳил ва нодон муаррифӣ кардааст.[45] Пас аз ғайбати Мусо (а) низ бештари Банӣ Исроил ба парастиши гӯсола рӯй оварданд.[46] Қуръон ин воқеаро озмуни онон дониста[47] ва ба сабаби гӯсолапарастӣ, бо вуҷуди мушоҳидаи муъҷизоти Илоҳӣ, ононро ситамкор муаррифӣ кардааст.[48]
Сайид Муҳаммадтақии Мударрисӣ, дар тафсири Мин ҳуда-л-Қуръон, сабаби ин гароишро идомаи хислатҳои бутпарастӣ дар фарҳанги Банӣ Исроил донистааст; ба бовари ӯ, агарчи онон дар мубориза бо Фиръавн аз Мусо (а) пайравӣ карданд, осори фарҳанги бутпарастӣ дар миёни онон ҳамчунон боқӣ монда буд.[49] Баъзе пажӯҳишгарон низ бар ин боваранд, ки муъҷизоти ҳазрати Мусо (а) танҳо ба пазируфтани зоҳирии тавҳид дар миёни Банӣ Исроил анҷомида ва дар тағйири амиқи боварҳои онон таъсири кофӣ надоштааст.[50]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.371.
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, ҷ.3, саҳ.450.
- ↑ Қурашӣ, Қомус-ул-Қуръон, ҷ.6, саҳ.315.
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-мубин, Бунёди беъсат, ҷ.16, саҳ.260.
- ↑ Китоби Муқаддас, китоби Хуруҷ, боби 32, оятҳои 1-6.
- ↑ Тайиб, Атяб-ул-баён, ҷ.9, саҳ.82.
- ↑ Сураи Бақара, оятҳои 51 - 54.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.4, саҳ.544.
- ↑ Сураи Тоҳо, ояти 88.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.372.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, ҷ.2, саҳ.160.
- ↑ Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, ҷ.2, саҳ.62.
- ↑ Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.14, саҳ.201-203.
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 142.
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, ҷ.3, саҳ.450.
- ↑ Қурашӣ, Қомус-ул-Қуръон, ҷ.6, саҳ.315.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.14, саҳ.192.
- ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-мубин, Бунёди беъсат, ҷ.16, саҳ.260.
- ↑ Сураи Тоҳо, ояти 90.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.371.
- ↑ Сураи Тоҳо, ояти 85.
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 150.
- ↑ Сураи Тоҳо, ояти 86.
- ↑ Сураи Тоҳо, оятҳои 92-94.
- ↑ Сураи Тоҳо, ояти 97.
- ↑ Сураи Тоҳо, ояти 96.
- ↑ Барои намуна Ниг.: Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, ҷ.22, саҳ.95.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, ҷ.2, саҳ.160.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.13, саҳ.285 - 286.
- ↑ Сураи Тоҳо, ояти 97.
- ↑ Таврот, Хуруҷ, боби 32, ояти 20.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.1, саҳ.255.
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 152.
- ↑ Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, саҳ.18.
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тасним, ҷ.4, саҳ.455.
- ↑ Файзи Кошонӣ, Тафсири ас-Софӣ, ҷ.1, саҳ.132.
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.47.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.1, саҳ.189.
- ↑ Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, саҳ.18.
- ↑ Таврот, Хуруҷ, боби 32, оятҳои 27 - 28.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.1, саҳ.255-256.
- ↑ Сайид Муртазо, Амолӣ, Дор-ул-фикр-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.372; Ибни Арабӣ, Тафсири Ибни Арабӣ, ҷ.1, саҳ.54.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.1, саҳ.352.
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 138.
- ↑ Сураи Аъроф, ояти 138.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.6, саҳ.371.
- ↑ Сураи Тоҳо, ояти 85.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 92.
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, ҷ.3, саҳ.450.
- ↑ Иброҳимӣ, «Гӯсолаи Сомирӣ», саҳ.1043.
Сарчашма
- Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомизи-т-танзил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи севум, 1407ҳ.қ.
- Ибни Арабӣ, Муҳйиддин, Тафсири Ибни Арабӣ, тасҳеҳ: Аш-Шайх Абдулвориси Муҳаммадалӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1422ҳ.қ., 2001м.
- Иброҳимӣ, Муҳсин, «Гӯсолаи Сомирӣ», Донишномаи муосири Қуръони Карим, Қум, Салмони Озода, 1397ҳ.ш.
- Китоби Муқаддас, тарҷумаи Ҳазораи нав, Лондон, Интишороти Илом, 2014.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Мусавии Ҷазойирӣ, Сайид Тайиб, Қум, Дор-ул-китоб, чопи севум, 1404ҳ.қ.
- Қурашӣ, Сайид Алиакбар, Қомус-ул-Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-мубин, Қум, Бунёди беъсат, бетаърих.
- Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳибб-ил-Ҳусайн (а), чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Амолӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Иброҳим, Муҳаммад Абулфазл, Қоҳира, Дор-ул-фикр-ил-арабӣ, чопи аввал, 1998м.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Тайиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти ислом, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
- Файзи Кошонӣ, Муломуҳсин, Тафсири ас-Софӣ, таҳқиқ: Аъло, Ҳусайн, Теҳрон, Интишороти ас-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи севум, 1420ҳ.қ.
- Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Табйин-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-улум, чопи дувум, 1423ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Маркази нашри Исро, 1387ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмади Қасири Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.