Ҳарами ҳазрати Аббос (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳарами ҳазрати Аббос)
Ҳарами ҳазрати Аббос

Ҳарами ҳазрати Аббос (а) маҳалли дафни ҳазрати Аббос дар Карбало ва аз зиёратгоҳҳои шиаён аст. Ҳарами Аббос дар шимоли шарқии ҳарами Имом Ҳусайн (а) қарор дорад ва ҳадди фосили он дуро байнулҳарамайн меноманд. Ҳарам ҳудуди 10973 метри мураббаъ масоҳат дорад ва сохтмони он аз зариҳ, равоқ, саҳн, гунбад, гулдаста ва айвон бо меъмории исломӣ ташкил шуда аст. Пешинаи торихии он ба даврони Олибуя бармегардад, аммо дар давраҳои Сафавия ва Қоҷория тавсеа ёфта ё бозсозӣ шудааст. Ҷадидтарин зариҳи он дар соли 1395 шамсӣ насб шуд.

Ҳарами ҳазрати Аббос тавассути мутаваллиёни ҳарами Имом Ҳусайн (а) идора мешуда аст. Онон афродеро ба ниёбат аз худ бар идораи ҳарам мегумоштаанд. Ҳазрати Аббос, бародари Имом Ҳусайн (а) ва парчамдори сипоҳи ӯ дар Карбало буд, ки рӯзи Ошӯрои соли 61 қамарӣ дар ҷанг бо лашкариёни Умари Саъд ба шаҳодат расид.

Ҳазрати Аббос

Мақолаи аслӣ: Ҳазрати Аббос

Ҳазрати Аббос, фарзанди Имом Алӣ (а) ва Уммулбанин аст. Ӯ дар соли 61 қамарӣ дар Карбало дар рикоби бародараш Имом Ҳусайн (а) ба шаҳодат расид. Аббос дар воқеаи Карбало фармондеҳ ва парчамдори сипоҳи Имом Ҳусайн (а) буд.[1] Бинобар гузоришҳо ӯ дар рӯзи Ошӯро барои овардани об ба самти наҳри Алқама рафту лашкариёни Умари Саъд ӯро ба шаҳодат расонданд.[2] Ӯ дар ҳамон ҷое, ки шаҳид шуда буд, дафн шуд.[3] Баъдҳо бар мазораш боргоҳе сохта шуд, ки ба ҳарами ҳазрати Аббос машҳур аст. Ҳарами Аббос дар Карбало ва дар фосилаи ҳудуди 300 метрии шимоли шарқии ҳарами Имом Ҳусайн қарор дорад.[4] Ҳадди фосили он дуро Байнулҳарамайн меноманд.

Таърихча

Гоҳшумори ҳарами ҳазрати Аббос

Ҳарами Аббос

Қарни дувуми қамарӣ бинои аввалия ё соябон[5]

170 қамарӣ тахриб ба дасти Ҳоруни Аббосӣ[6]

371 қамарӣ таҷдиди бино ба дастури Азудуддувла

1032 қамарӣ тазйини гунбад ва насби зариҳ ба дастури шоҳ Таҳмосиб

1153 қамарӣ ирсоли ҳадоё аз сӯи Нодиршоҳ[7]

1172 қамарӣ бозсозии сандуқи қабр ва равоқ ба дастури вазири Нодиршоҳ[8]

1216 қамарӣ ҳамлаи ваҳҳобиҳо ба Карбало ва тахриби ҳарам. Таъмири гунбад ба дастури Фатҳъалишоҳи Қоҷор

1236 қамарӣ дастури Муҳаммадшоҳи Қоҷор бар сохти зариҳе аз нуқра

1259 қамарӣ таъмири буқъа ба дастури Муҳаммадалишоҳ, подшоҳи Авадуҳ

1263 қамарӣ эҳдои шамъдон аз сӯи Абдулҳамид Маҳмуди Усмонӣ[9]

1266 қамарӣ таъмири ҳарам ба дастури Абдулҳамидхон Маҳмуди Усмонӣ

1385 қамарӣ таъвизи зариҳ бо ҳимояти Сайидмуҳсини Ҳаким

1411қамарӣ осеб дидани ҳарам дар интифозаи шаъбония[10]

1389 шамсӣ тилокории нимаи поёни гулдастаҳо[11]

1395 шамсӣ таъвизи зариҳ[12]

Иттилооти торихӣ аз бинои аввалияи ҳарами ҳазрати Аббос бисёр кам аст.[13] Бархе аз нависандагон, бар ин боваранд, ки таърихи ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Аббос аз ҳам ҷудо нестанд ва ҳар рӯйдоде, ки барои ҳарами Имом Ҳусайн (а) монанди сохт, бозсозӣ, тахриб ва тавсеаи бино гузориш шудааст, ҳарами ҳазрати Аббосро низ дарбар мегирад.[14] Дар вебгоҳи вобаста ба ҳарами ҳазрати Аббос, таърихчаи ҳарами Имом Ҳусайн монанди нахустин бино дар даврони Мухтори Сақафӣ, тахриб дар даврони Ҳорун, таҷдиди бино дар ҳукумати Маъмун ва тахриби он ба дастури мутаваккили Аббосӣ, дар соли 236 қамарӣ[15] барои марқади ҳазрати Аббос низ зикр шудааст.[16]

Ба гуфтаи бархе нависандагон, пешинаи сохти нахустин бинои ҳарами ҳазрати Аббос ба қарни дувуми қамарӣ мерасад.[17] Ин бино дар соли 170 қамарӣ, ба дастури Ҳорун ар-Рашид тахриб шуд.[18] Онон ба ривояте аз Имом Содиқ (а) [ ёддошти 1 ] истинод кардаанд, ки дар он ба вуҷуди соябон бар қабри ҳазрати Аббос ишора шуда аст.[19]

Сохти бино дар давраи Олибуя

Дар соли 371ҳ.қ., ва дар даврони Олибуя, ба дастури Азудуддавлаи Дайламӣ биное бар марқади ҳазрати Аббос сохта шуд.[20]

Тавсеаи бино дар давраи Сафавия

Дар давраи Сафавия, ҳарами ҳазрати Аббос тавсеа ёфт. Шоҳ Таҳмосб дар соли 1032ҳ.қ., дастур дод, гунбади ҳарам, тазйин ва бар сандуқи қабр, зариҳе бино шавад. Ҳамчунин дар давраи ӯ саҳн ва равоқи ҳарам сохта шуд.[21]

Таъмир ва бозсозӣ дар давраҳои баъд

Дар давраҳои мухталиф, ҳарами ҳазрати Аббос ё бахшҳое аз он таъмир шудааст. Подшоҳоне, ки ҳарами Имом Ҳусайн (а)-ро бозсозӣ кардаанд, ба бозсозии ҳарами ҳазрати Аббос низ тавваҷуҳ доштаанд.[22] Дар ҳукумати Нодиршоҳ, сандуқи қабр ва равоқи ҳарам, дар давраи Абдулмаҷидхон Маҳмуди Усмонӣ, ҳарам ва дар давраи Қоҷор гунбади он таъмир шудааст.[23]

Ҳамлаи ваҳҳобиҳо ва тахриби ҳарам

Дар соли 1216 қамарӣ, Сауд бен Абдулъазиз ба Карбало ҳамла кард. Лашкариёни ӯ, ҳарами ҳазрати Аббосро хароб карданд ва амволи онро бурданд. Пас аз ҳамлаи ваҳҳобиҳо, ба дастури Фатҳъалишоҳи Қоҷор, таъмир шуд.[24] Дар интифозаи шаъбонияи соли 1411ҳ.қ., низ бо ҳамлаи неруҳои ҳизби Баъс ба Карбало, ҳарами ҳазрати Аббос (а) осеб дид.[25]

Меъморӣ

Акс:ضریح حضرت عباس-نصب ۱۳۹۵ش.jpg
Зариҳи ҳазрати Аббос, ки дар соли 1395 ҳиҷрии шамсӣ насб шуд.

Ҳарами ҳазрати Аббос, мустатилшакл аст ва қабри ҳазрати Аббос (а) дар мобайни он қарор дорад. Ҳарам аз зариҳ, равоқ, саҳн, айвон, гулдаста ва гунбад ташкил шуда аст.[26] Дар зери бинои ҳарам роҳраве аст, ки вурудии он аз яке аз равоқҳо боз мешавад ва ба мадфани ҳазрати Аббос (а) мерасад.[27] Дар вебгоҳи вобаста ба ҳарам, масоҳати он ҳудуди 10973 метри мураббаъ зикр шудааст.[28]

Зариҳ

Зариҳ, созае аз тиллову нуқра аст, ки бар рӯи сандуқи хотам (сандуқе, ки қабрро дарбар дорад) қарор гирифта аст. Аз давраи Сафавия бар қабри ҳазрати Аббос, зариҳ насб буда[29] ва дар давраҳои баъд таъмир ва таъвиз шудааст. Ба дастури Муҳаммадшоҳи Қоҷор дар соли 1236ҳ.қ., зариҳе аз нуқра бар марқади Аббос сохта шуд.[30] Дар соли 1385ҳ.қ., бо ҳимояти Сайидмуҳсини Ҳаким зариҳи ҳарам таъвиз шуд.[31] Ин зариҳ дар Эрон сохта шуда буд ва дар он 400 ҳазор мисқол (2 ҳазор кило) нуқра ва 800 мисқол тилло (40 кило) ба кор рафта буд.[32] Дар соли 1395 шамсӣ низ зариҳи ҳарам таъвиз шуд.[33] Зариҳи ҷадид аз тиллову нуқра сохта шудааст ва сохти он ҳудуди 5 сол дар Ироқ ба тӯл анҷомид.[34]

Равоқҳо

Ҳарами ҳазрати Аббос (а) дорои чаҳор равоқ дар чаҳор тарафи зариҳ аст, ки сақф ва деворҳои онҳо оинакорӣ шудааст. Равоқи шимолӣ ба зерзамин ва қабр роҳ дорад, дар равоқи шарқӣ панҷ мақбара вуҷуд дорад. Равоқи ҷанубӣ бо се дар ба айвони тиллоӣ муттасил мешавад.[35]

Айвони тилло

Айвони тилло 320 метри мураббаъ масоҳат дорад ва дар пеши гунбадхонаи ҳарам қарор дорад. Дар намои айвони тилло аз оҷурҳои миссирангу тиллокоришуда, истифода шуда аст.[36]

Гунбад

Гунбади ҳарами ҳазрати Аббос 12 метр қутр ва 39 метр иртифоъ дорад. Гунбади нимкуравию нӯктез аст ва аз он, панҷараҳое бо қавсҳои камонабрӯӣ ба берун кушода мешавад. Бар намои дохили гунбад, оёте аз Қуръон бо ранги сафед нақш баста аст. Ба рӯи гунбад таърихи 1305 қамарӣ дарҷ шудааст. Дар соли 1375 қамарӣ, давлати Ироқ онро тиллокорӣ кард. Гуфта шуда аст дар ин тиллокорӣ 6418 адад хишти тилло бар гунбад ба кор рафтааст. Дар қисмати поини гунбад, оёте аз Қуръон ҳамроҳ бо оинакорӣ нақш баста аст.[37]

Гулдастаҳо

Дар гӯшаи айвони тилло ва дар канори девори ҳарам, ду гулдаста вуҷуд дорад, ки иртифои онҳо ба 44 метр мерасад. Дар қисмати поини онҳо таърихи 1221 қамарӣ бар кошиҳо нақш баста буд. Нимаи болои ҳар як аз гулдастаҳо бо 2016 адад хишти тилло рӯкаш шуда ва нимаи поини онҳо аз оҷуру кошӣ буд.[38] Тувлияти ҳарам дар солҳои 1388 – 1389 шамсӣ гулдастаҳоро бозсозӣ ва нимаи поини онҳоро тиллокорӣ кард. Дар ин бозсозӣ аз 108 кило тилло истифода шуда аст.[39]

Саҳн

Саҳни ҳарами ҳазрати Аббос 9300 метри мураббаъ масоҳат ва чаҳор айвон дорад. Сақфи айвонҳо дорои муқарнаскорӣ ва тоқу қавсҳои ҳандасӣ аст ва дар ҳар кадом ҳуҷрае вуҷуд дорад, ки барои мубоҳиса ё тадриси улуми динӣ аз он истифода мешуда аст.[40]

Вурудиҳои саҳн

Дарбҳо ва вурудиҳои ҳарами ҳазрати Аббос(а)

Вурудиҳои саҳни ҳарам, дар соли 1394 қамарӣ (1974м.) сомон ёфта ва иборат аст аз:

  • Бобуллқибла, дар ҷануби саҳн.
  • Бобул-Имом-ил-Ҳасан, дар ғарби саҳн ва ба самти саҳни Имом Ҳусайн (а)
  • Бобул-Имом-ил-Ҳусайн, дар канори Бобул-Имом-ил-Ҳасан.
  • Боби Соҳибаззамон, дар канори Бобул-Имом-ил-Ҳусайн (а)
  • Бобул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, дар зовияи ғарбии саҳн
  • Бобул-Имом Муҳаммад ал-Ҷавод, дар шимоли саҳн
  • Бобул-Имом Алӣ ал-Ҳодӣ, дар зовияи шимоли шарқи саҳн
  • Бобулфурот, дар шарқи саҳн
  • Бобуламир, дар шарқи саҳн.[41]

Зилъҳои саҳн

Саҳн дорои чаҳор зилъ аст. Дар ҳар як аз ин зилъҳо ҳуҷраҳоест, ки шумори онҳо ба 57 адад мерасад. Дар пеши ҳар ҳуҷра низ айвони хӯрде вуҷуд дорад. Дар мобайни ҳар зилъ, аз самти берунӣ айвони бузургест бо иртифои афзун бар ду табақа аз табақаҳое, ки ҳуҷраҳо дар онҳо ҷой гирифтаанд. Ин айвонҳо дорои нақшунигорҳое аз гулу бута, шаклҳои ҳандасӣ ва оёти Қуръони Карим аст.[42]

Тавлият (мудирият)

Мегӯянд: аз қарни чаҳоруми қамарӣ, идораи марқади Имом Ҳусайн ва ҳазрати Аббос, аз сӯи ҳокимон, ба бузурги қабила ё олиме вогузор мешуда аст.[43] Ба гуфтаи Салмон Ҳодӣ Оли Туъма, бархе аз хонадонҳои сокини Карбало фармонҳое аз подшоҳони сафавӣ доранд, ки тавлият (мудирият)-и ҳарам ба онон вогузор шудааст. Номи бархе аз мутаваллиёни он дар давраи императории усмонӣ, дар авқофи Ироқ сабт шуда аст. Маъмулан тавлияти ҳарами ҳазрати Аббос ҷузъи вазоифи мутаваллиёни ҳарами Имом Ҳусайн (а) буда аст. Онон, афродеро ба ниёбат аз худ бар тавлияти ин ҳарам мегумоштаанд.[44] Маъмулан мутаваллиён аз алавиён интихоб мешудаанд. Дар китоби Таъриху марқад-ил-Ҳусайни ва-л-Аббос, номи 21 тан аз мутаваллиёни ҳарами ҳазрати Аббос зикр шудааст. Дар миёни онон афроде аз хонадонҳои Оли Зиёиддин, Оли Собит, Оли Туъма ва Оли Ваҳҳоб вуҷуд дорад.[45]

Ганҷинаи ҳарам

Дар ҳарами ҳазрати Аббос ашёи нафисе нигаҳдорӣ мешавад, ки баъзе аз онҳо иборатанд аз: қолиҳои бофташуда бо риштаҳои тиллоӣ ё нигинҳои қиматӣ, чиҳилчароғҳои тиллоӣ, шамшерҳои мурассаъ ва соатҳои девории тиллоӣ.[46] Ҳамчунин дар китобхонаи ҳарам, беш аз 109 Қуръон нигаҳдорӣ мешавад, ки яке аз онҳо мансуб ба Имом Алӣ (а) аст.[47]

Машоҳири мадфун дар ҳарам

Мақолаи аслӣ: феҳристи мадфунон дар ҳарами ҳазрати Аббос (а)

Бархе аз мадфунон дар ҳарами ҳазрати Аббос (а) иборатанд аз:

  • Алӣ ибни Зайнулъобидин Порчинии Яздӣ (даргузаштаи 1333ҳ.қ). Ӯ олимии шиъӣ ва нависандаи китоби Илзом-ун-носиб дар бораи Имоми Замон (аҷ) аст.
  • Муҳаммадрашид Ҷалбии Софӣ
  • Сайидкозими Беҳбаҳонӣ
  • Ҳусайни Ҳалловӣ[48]
  • Сайидмуҳсин Сайид Муҳаммадалӣ Олитуъма
  • Абдулҷаводи Калиддор
  • Сайидмуҳаммад ибни Муҳсини Занҷонӣ (мутаваффии соли 1355ҳ.қ.)
  • Шайх Алиакбари Яздии Бифрӯӣ аз шогирдони Аллома Ардаконӣ
  • Сайид Абдуллоҳи Кашмирӣ
  • Шайх Муллоъалии Яздӣ машҳур ба Сибавайҳ
  • Шайх Козим Алҳур.[49]

Нигорхона

Зариҳи ҳазрати Абулфазл

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.108.
  2. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.108/ Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом ал-Ҳусайн алайҳиссалом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.265 - 268.
  3. Маъруфи Ҳасанӣ, Сират-ул-аиммат-ил-исноашар алайҳимуссалом, 1382ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.97/ Зуҷоҷии Кошонӣ, Саққои Карбало, 1379ҳ.ш., саҳ.135.
  4. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.261.
  5. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.72/ Оли Шабиб, Марқад-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1421ҳ.қ., саҳ.120.
  6. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.74.
  7. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.263.
  8. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.263.
  9. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.264.
  10. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.263 - 267.
  11. Маҷаллаи ахбори шиаён шумораи 57, мурдоди 1389ҳ.ш., пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  12. Зариҳи ҷадиди ҳазрати Аббос (а) расман ифтитоҳ шуд, сайти Шафақно.
  13. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.261.
  14. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.261.
  15. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.185.
  16. Мароҳилу бинои ва аъмори ва татвир-ил-атабат-ил-аббосият-ил-муқаддаса, шабакат-ул-кафил-ил-оламия.
  17. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.72.
  18. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.74.
  19. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.72/ Оли Шабиб, Марқад-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1421ҳ.қ., саҳ.120.
  20. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.80, 263.
  21. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.263.
  22. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.261.
  23. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.263 - 264.
  24. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.263.
  25. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбония фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.47.
  26. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.262.
  27. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.303.
  28. Васф-ул-атабат-ил-муқаддаса, шабакат-ул-кафил-ил-оламия.
  29. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.263.
  30. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.263.
  31. Нигоҳ кунед ба: Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.263.
  32. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.265 - 267.
  33. Зариҳи ҷадиди ҳазрати Аббос (а) расман ифтитоҳ шуд, сайти Шафақно.
  34. Оғози марҳилаи қаламзании зариҳи ҷадиди ҳазрати Аббос (а), хабаргузории Форс.
  35. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.271 - 272.
  36. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.278.
  37. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.297 - 298.
  38. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.303.
  39. Ахбори сиёсии Ироқ, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  40. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.287 - 288.
  41. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.289 - 295.
  42. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.295 - 296.
  43. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.307.
  44. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.307.
  45. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.308 - 311.
  46. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.273 - 275.
  47. Муқаддас, Роҳнамои амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ, 1388ҳ.ш., саҳ.238.
  48. Оли Туъма, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, 1416ҳ.қ., саҳ.271.
  49. Муқаддас, Роҳнамои амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ, саҳ.239 – 238.

Сарчашма

Манобе

  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Оли Шабиб, Сайидтаҳсин, Марқад-ул-Имом-ил-Ҳусайн (а), Қум, Доруттабоъа, 1421ҳ.қ.
  • Оли Туъма, Салмон Ҳодӣ, ал-Интифозат-уш-шаъбония фи Карбало, Қум, Китобхонаи тахассусии таърихи ислому Эрон, 1433ҳ.қ.
  • Оли Туъма, Салмон Ҳодӣ, Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос, Бейрут, муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1416ҳ.қ./1996м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Доруттурос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Қарашӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом ал-Ҳусайн алайҳиссалом, Қум, мадрасаи илмияи Иравонӣ, 1413ҳ.қ.
  • Маъруф Ҳасанӣ, Ҳошим, Сират-ул-аиммат-ил-исноашар алайҳимуссалом, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-ҳайдария, 1382ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Китоб-ул-мазор, тасҳеҳ: Муҳаммадбоқири Абтаҳӣ, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муқаддас, Эҳсон, Роҳнамои амокини зиёратӣ ва саёҳатӣ дар Ироқ, Теҳрон, Машъар, 1388ҳ.ш.
  • Маҷаллаи ахбори шиаён, шумораи 57, мурдоди 1389ҳ.ш., пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, интишор: 19 озари 1392ҳ.ш., бозбинӣ: 2 мурдоди 1397ҳ.ш.
  • Шафақно; зариҳи ҷадиди ҳазрати Аббос (а) расман ифтитоҳ шуд, интишор: 31 фарвардини 1395ҳ.ш., бозбинӣ: 2 мурдоди 1397ҳ.ш.
  • Хабаргузории Форс; оғози марҳилаи қаламзании зариҳи ҷадиди ҳазрати Аббос (а), интишор: 1 обони 1393ҳ.ш., бозбинӣ: 2 мурдоди 1397ҳ.ш.
  • Шабакат-ул-кафил-ил-оламия; мароҳилу биноин ва аъморин ва татвир-ил-атабат-ил-абосия-алмуқаддаса, бозбинӣ: 31 тири 1397ҳ.ш.