Қиёми Зайд ибни Алӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қиёми Зайд ибни Алӣ (а))
Қиёми Зайд ибни Алӣ
Замон1 сафари 122ҳ.қ.
МаконКӯфа
СабабХунхоҳии Имом Ҳусайн (а) • Зулму ситами уммавиён • Даъвати кӯфиён
НатиҷаШикасти қиём
Фармондеҳ1Зайд ибни Алӣ
Фармондеҳ2Юсуф ибни Умар
Нерӯҳо1Ёрони Зайд ибни Алӣ
Нерӯҳо2Сипоҳи умавӣ


Қиёми Зайд ибни Алӣ (форсӣ: قیام زید بن علی) қиёме бар зидди ҳукумати Банӣ Умайя ба раҳбарии Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн ки дар моҳи сафари соли 122ҳ.қ. дар замони ҳукумати Ҳишом ибни Абдулмалик мусодиф бо давраи имомати Имом Содиқ (а) рух дод ва ба кушта шудани Зайд ва бисёре аз ёронаш анҷомид. Имом Содиқ (а) дар ин қиём бо Зайд ҳамроҳӣ накард. Дар таҳлили далелҳо ва тафсири рӯйкарди имоми шашуми шиаён дар бораи ин қиём ва ин ки мавзеи имом сиёсат ва тадбир буда ё аз боби адами таъйиди қиём буда ва ё далелҳои дигар дар миёни олимони шиа ихтилофоте вуҷуд дорад.

Дар ибтидо бисёре аз мардуми Кӯфа ва минтақаҳои дигар бо Зайд ибни Алӣ ва фиристодагони ӯ байъат карданд; аммо бо зиндонӣ шудани мардум дар масҷиди Кӯфа, танҳо 300 тан бо қиёми Зайд ҳамроҳӣ карданд. Қиёми Зайд, чунонки дар Таърихи Табарӣ омада, шаби чоршанбе аввали сафари 122 қамарӣ оғоз шуд ва дар рӯзи аввал бо пирӯзии сипоҳи Зайд ҳамроҳ буд, аммо дар рӯзи дувум ва пас аз изофа шудани тирандозон ба сипоҳи волии Кӯфа, сипоҳи Зайд шикаст хӯрд ва Зайд ибни Алӣ низ захмӣ шуд. Зайд дар сеюми моҳи сафари ҳамон сол ба шаҳодат расид.

Бино ба гузориши сарчашмаҳо, Зайд бо ангезаи хунхоҳии Имом Ҳусайн (а), амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва гирифтани хилофат аз даст Банӣ Умайя қиём кард. Бархӯрди номуносиби Ҳишом ибни Абдулмалик , халифаи умавӣ, бо Зайд дар ҳузури дарбориён низ аз ангезаҳои талоши Зайд барои қиём зикр шудааст. Қиёми ӯро аз заминаҳои фурӯпошии ҳукумати Банӣ Умайя донистаанд. Ҳамчунин ҳамроҳӣ накардани кӯфиён, қудрати низомии ҳукумати умавӣ ва омилҳои нуфузии умавиён, аз иллатҳои нофарҷомии қиёми Зайд дониста шудааст.

Раҳбари қиём

Мақолаи аслӣ: Зайд ибни Алӣ

Зайд фарзанди имоми чорум шиаён аст. Модари Зайд уммивалад буд ки Мухтори Сақафӣ ӯро 30 ҳазор дарҳам харид ва ӯро ба Имом Саҷҷод (а) ҳадя кард.[1] Санаи таваллуди Зайд аниқ мушаххас нест, аммо шаҳодаташ дар соли 120,[2] 121 ё 122ҳ.қ. зикр шудааст.[3]

Зайдиён, Зайд ибни Алиро панҷумин имоми худ медонанд ва фирқаи зайдия мансуб ба ӯст.[4] Зайд аз он рӯ имом дониста шуд, ки пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а), бархе аз алавиён, қиёми мусаллаҳонаро яке аз шартҳои имомат донистанд[5] ва пас аз шаҳодати Зайд, шиаёне, ки муътақид ба андешаи қиём ба сайф ва хуруҷ алайҳи ҳоким золим буданд, ӯро имом хонда ва ба зайдия маъруф шуданд.[6]

Оғози қиём ва тағйири замони он

Зайд, ба нақли Таърихи Табарӣ, шаби чоршанбеи аввали сафари соли 122ҳ.қ.-ро барои оғози қиём бо ёрони худ қарор дода буд.[7] Аммо қиём зудтар аз мавъиди муқарар рух дод. Ӯ ва ёронаш, шомгоҳи сешанбе аз шаҳр хориҷ шуданд ва худро барои ҷанг омода карданд;[8] чароки Юсуф ибни Умар, устондори Ироқ, аз рафту омадҳои Зайд ва ду тан аз ёронаш иттилоъ ёфта[9] ва ба маъмурон дастур дод онҳоро дастгир кунанд. Бо ин ҳол, маъмурон Зайдро наёфтанд,[10] аммо иттилоъи ҳокимон аз маҳалли иқомати Зайд ва дастгирии ду ёри наздики ӯ ва эҳтимоли ҳамлаи душман сабаб шуд, ки зайду ёронаш зудтар омодаи набард шаванд.[11]

Ҳамроҳӣ накардани байъаткунандагон

Вақте Зайд ибни Алӣ аз сафари Шом ба Кӯфа расид, бо истиқболи мардум ва дархостҳои қиём мувоҷеҳ шуд.[12] Бинобар нақли Шайхи Муфид, касоне ки ба дидори ӯ рафтанд, бо ӯ байъат карданд,[13] аммо як рӯз қабл аз хуруҷ ва оғози қиём, устондори Ироқ ба волии Кӯфа дастур дод мардуми Кӯфа дар масҷид ҷамъ шаванд. Волӣ пас аз эҳзори раҳбарони тоифаҳо ва бузургони қавм ба масҷид, дар шаҳр эълом кард, ки ҳар кас ба масҷид наёяд, хӯни ӯ мубоҳ хоҳад буд.[14] Дар натиҷа аз он ҳама, танҳо 300 нафар ва бинобар нақуле камтар аз он бо Зайд ибни Алӣ ҳамроҳӣ карданд.[15] Дар манобе омадааст, дар он шаб Зайд ибни Алӣ ва ёронаш, дар биёбон ба сар бурда ва шиори "Ё Мансуру амит" сар медодаанд.[16]

Ба нақли Табарӣ, рӯзи баъд, вақте Зайд бо теъдоди андаки ёрони худ мувоҷеҳ шуд ва аз зиндонӣ шудани бузургони қавм дар масҷиди Кӯфа иттилоъ ёфт, бо ибрози таъассуфу нороҳатӣ, байъаткунандагонро маъзур надонист[17] ва ононро аҳли эҳмолу найранг хонд.[18] Ҳарчанд бинобар нақли Табарӣ, бузургони Кӯфа, пеш аз он паймоншикании мардуми Кӯфа дар баробари Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а)-ро ба Зайд ибни Алӣ ёдовар шуда ва ӯро аз қиём боздошта буданд.[19]

Байъаткунандагон бо Зайд ибни Алӣ, ҳудуди понздаҳ ҳазор нафар аз кӯфиён дониста шуда[20] ки дар миёни онони афроде аз бузургони Кӯфа аз ҷумлаи Салама ибни Куҳайл, Наср ибни Хузаймаи Абасӣ ва Муъовия ибни Исҳоқ ибни Зайд ибни Ҳориса низ ҳузур доштаанд.[21] Илова бар ин, шуморе аз мардум дар Мадоин, Басра, Восит, Мӯсил, Рай ва Ҷурҷон низ бо фиристодагони Зайд ибни Алӣ байъат карда буданд.[22] Агар гуфтугӯи Зайд ибни Алӣ бо Салама ибни Куҳайл, аз бузургони Кӯфаро мабнои теъдоди байъаткунандагон қарор диҳем, 40 ҳазор тан бо ӯ паймон баста будаанд.[23] Дар гузориши дигаре аз Абулфараҷи Исфаҳонӣ, аз эъломи ҳимояти 100 ҳазор ҷангҷӯ низ сухан рафтааст.[24] Абулфараҷи Исфаҳонӣ ҳамчунин аз кумаки молии Абӯҳанифа, олими аҳли суннат ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ, ба Зайд ибни Алӣ хабар додааст.[25]

Пирӯзии аввалия, шикасти ниҳоӣ

Бино ба нақли Табарӣ, Зайд рӯзи аввали сафари соли 122 қамарӣ, ду нафар аз ёрони худро маъмур кард то ба Кӯфа бираванду оғози қиёмро ба иттилоъи мардум бирасонанд. Аммо ин ду тан дар наздикии Кӯфа ба дасти маъмурони ҳоким кушта шуданд.[26] Аз ҳамин рӯ Зайд шахси дигаре ба номи Саид ибни Хайсам, ки ба доштани садои расо машҳур буд, барои ин кор фиристод.[27] Сипоҳи Зайд ибни Алӣ гарчи дар ибтидои пешравии муваффақиятомезе дошт ва талош кард мардуми зиндонишуда дар масҷидро низ озод кунад[28] ва дар набард дар атрофи масҷиду бозор низ ба пирӯзӣ расид,[29] аммо дар рӯзи дувум, бо изофа шудани тирандозон ба сипоҳи Юсуф ибни Умар - ҳокими умавии Ироқ, бархе аз ёрони наздики Зайд аз по даромаданд[30] ва худи ӯ низ захмӣ шуд.[31]

Рӯзи аввал: пирӯзӣ

Даргирии миёни нерӯҳои Зайд ибни Алӣ ва сарбозони волии Кӯфа, аз аввали сафари соли 122 қамарӣ оғоз шуд. Зайд, сипоҳи худро ба сӯи шаҳр ҳаракат доду ононро ба ҷанг ташвиқ мекард. Нахустин бархӯрд дар атрофи Кӯфа дар минтақаи Сайёдин (Соидин) рӯй дод ва ба пирӯзии ёрони Зайд анҷомид ва сипас ҷанг ба Кӯфа кашида шуд.[32] Зайд бо мушоҳидаи ёрони андаки худ, нигаронӣ аз он ки кӯфиён ӯро низ монанди Имом Ҳусайн (а) танҳо бигузоранд, бо ёрони худ матраҳ карду Наср ибни Хузайма, аз ҷонфишонии худ дар рикоби Зайд ибни Алӣ гуфт.[33]

Зайд ибни Алӣ ба ҳамроҳи Наср ибни Хузайма, Муъовия ибни Исҳоқ ва чанд тан аз ёрони худ, ба масҷид рафт то мардуми гирифторшуда дар масҷидро аз муҳосираи сарбозони умавӣ наҷот диҳад. Онон гарчи тавонистанди худро ба масҷид бирасонанду парчамҳои худро дар масҷид ба эҳтизоз дароваранд,[34] аммо маъмурони умавӣ, монеи пешравии онон шуда ва бо расидани лашкари тозанафаси Юсуф ибни Умар, ҷанги шадиде дар атрофи масҷид ва бозор даргирифт. Саранҷом ҷангу даргирӣ ба маҳаллае ба номи Дорурризқ кашонда шуд ва ба пирӯзии Зайду ёронаш дар рӯзи аввали ҷанг расид.[35]

Рӯзи дувум: шикаст

Дар ибтидои дуюмин рӯзи ҷанг, Наср ибни Хузайма ба дасти Ноил ибни Фарва кушта шуд.[36] Кушта шудани ӯ Зайдро ба шиддат нигарон кард.[37] Бо ин ҳоли набарди сахти Зайду ёронаш дар субҳи ин рӯз, бо пирӯзӣ тамом шуд.[38] Юсуф ибни Умар лашкари дигаре тадорук дид, то ба ёрони Зайд ҳамлавар шавад, аммо Зайду ёронаш, сипоҳи Юсуф ибни Умарро дарҳам шикастанд. Аммо бо изофа шудани тирандозон ба сипоҳи Юсуф ибни Умар, кор бар сипоҳи Зайд душвор шуд ва дар ҳамин ҳол Муъовия ибни Исҳоқ, фармондеҳи дигари Зайд низ кушта шуд. Дар ғуруби ин рӯз, Зайд низ бар асари бархурди тире ба пешониаш ба шиддат маҷрӯҳ шуд[39] ва сипас дар рӯзи сеюми сафари соли 122ҳ.қ., ба шаҳодат расид.[40]

Мақбараи мансуб ба Зайд ибни Алӣ дар Кӯфа

Ёрони Зайд барои он ки ҷасади вай ба дасти маъмурони умавӣ науфтад, масири ҷӯи оберо тағйир дода, ҷасадро дафн карданд ва сипас дубора роҳи оби ҷӯйро ба ҷои худ бозгардонданад, аммо ғуломе ки ҳамроҳи онон буд, Ҳакам ибни Салтро бохабар кард.[41] Умавиён ҷасадро берун кашиданд ва ба дастури Юсуф ибни Умар, бадани Зайдро ба дор овехтанду сарашро барои Ҳишом ибни Абдулмалик - халифа умавӣ, фиристоданд.[42]

Мавзеи Имом Содиқ (а)

Қиёми Зайд ибни Алӣ, дар давраи имомати Имом Содиқ (а) - имоми шашуми шиаён, ба вуқуъи пайваст, аммо Имом Содиқ дар қиёми ӯ шарик нашуд.[43] Ривоёт ва изҳори назрҳои мухталифе дар бораи Зайду қиёми ӯ вуҷуд дорад, аммо аз Имом Содиқ (а) мавзеи ошкору рӯшане дар бораи қиёми ӯ гузориш нашудааст. Нависандаи китоби Кифоят-ул-асар гузориш карда, ки гурӯҳе аз шиаён ҳамроҳӣ накардани Имом Содиқ ба қиёми Зайдро аз боби мухолифат бо Зайд донистаанд, аммо ба бовари нависандаи китоби мазкӯр, мавзеи бетарафӣ гирифтани Имом Содиқ, худ навъе сиёсат ва тадбир будааст.[44]

Бархе аз олимони шиа аз ҷумлаи Шаҳиди Аввал,[45] Оятуллоҳ Хӯӣ,[46] ва Момақонӣ[47] муътақиданд, ки Зайд ибни Алӣ аз ҷониби Имом Содиқ изн доштааст. Ҳамчунин бархе аз муҳаққиқон илова бар гуфтаҳои се олими мазкур, ба ривояте аз Имом Ризо истинод карда қиёми Зайдро бо изни Имом Содиқ донистаанд.[48] Бар асоси ривояти мазкур, Зайд ибни Алӣ бо Имом Содиқ машварат карда ва имоми шашуми шиаён ба ӯ гуфта: «Агар мехоҳӣ ҳамон шахсе бошӣ, ки дар Куносаи Кӯфа ба дор овехта мешавад, роҳ ҳамин аст».[49] Аммо бархе дигар аз муҳаққиқон бо истинод ба ҳамин ривоят, гуфтаанд ки ҳарчанд Зайд дар қиёмаш содиқ буда ва агар пирӯз мешуд хилофатро ба аҳлаш вогузор мекард, аммо Имом Содиқ ӯро аз қиём наҳй кард.[50] Аллома Теҳронӣ низ бо истинод ба ривояти Абон ибни Усмон аз Муъмини Тоқ ки дар ал-Кофӣ нақл шуда[51] қиёми Зайдро бидуни изни Имом Содиқ донистааст.[52]

Бар асоси бархе ривоёти нақлшуда аз Имом Содиқ[53] ва низ Имом Ризо,[54] Зайд ибни Алӣ қасд дошта ки дар сурати пирӯзӣ, хилофатро ба Имом Содиқ (а) вогузор кунад. Бино ба гуфтаи Шайхи Муфид, Зайд ибни Алӣ ар-Ризо мин Оли Муҳаммадро шиори худ қарор дода буду бар хилофи бовари мардум, хилофатро барои худ намехоста, балки пас аз пирӯзии онро ба аҳлаш вогузор мекард.[55] Аллома Маҷлисӣ ин ақидаро ба бештари олимони шиа нисбат дода ва тасреҳ карда ки қавли дигаре аз онон суроғ надорад.[56] Ба ривояти Шайхи Муфид, ҳангоме ки Имом Содиқ аз шаҳодати Зайд бохабар шуд, ба шиддат мутаъассир гардид ва дастур дод амволеро миёни хонаводаи касоне ки дар қиёми ӯ ба шаҳодат расида буданд, тақсим кунанд.[57]

Ангеза ва заминаҳои қиём

Шайхи Муфид ангезаи аслии Зайд ибни Алиро қиём бар зидди ҳукумати Банӣ Умайя, хӯнхоҳии Имом Ҳусайн (а) донистааст.[58] Ӯ амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро низ аз ангезаҳои Зайд хонда ва тасреҳ карда ки рафтори номуносиби Ҳишом ибни Абдулмалик - халифаи умавӣ, бо вай дар ҳузури дарбориён низ ба ӯ ангезаи қиём додааст.[59]

Ҳамчунин бархе муҳаққиқон, сабби Имом Алӣ бар болои минбарҳо дар давраи Ҳишом ибни Абдулмалик,[60] зулму ситами умавиён ба хонадони Пайғамбар ва саранҷоми куфру илҳоди Банӣ Умайя аз назари Зайд ибни Алиро аз омилҳои қиёми Зайд донистаанд.[61] Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ аз ихтилоф дар сабаби қиёми ӯ сухан гуфтааст;[62] ӯ мавориде ҳамчун тӯҳмати молӣ, ихтилофи ӯ бо Абдуллоҳи Маҳз бар сари авқофи Имом Алӣ (а) дар Мадина ки сабаби ҳукмяти Холид ибни Абдулмалик шуд ва низ тӯҳматҳои молие, ки дар ҳукумати Юсуф ибни Умар ба Зайд зада мешуд ва низ даъвати мардуми Кӯфа аз ӯро аз омилҳои қиёми Зайд донистааст.[63] Бинобар ҳикояти сарчашмаҳо, дар байъате, ки Зайд аз мардум намегирифт, бар мубориза бо ситамгарон, дифоъ аз заъифон, тақсими баробари ғанимат, радди мазолим ва ёрии Аҳли Байт дар муқобили мухолифонишон, таъкид мешудааст.[64] Момақонӣ ҳадафи Зайд аз қиёмро гирифтани хилофат аз дасти Банӣ Умайя ва супурдани он ба Имом Содиқ (а) дониста ва муътақид аст Зайд ба ин далел ҳадафи худро ошкор намекард то ба Имом Содиқ (а) осебе нарасад.[65]

Натиҷаи қиём

Натиҷа ва паёмадҳое барои қиёми Зайд ибни Алӣ баён шудааст; аз он ҷумла ин ки қиёми Зайд ва пас аз он, қиёми Яҳё, заминаи суқути ҳукумати Банӣ Умайяро фароҳам оварад[66] ва доманаи қиёмҳои шиъиро ба Хуросон кашонад.[67] Чунонки дар Таърихи Яъқубӣ омада, кушта шудани Зайд ибни Алӣ, шиаёни Хуросонро ба ҷунбиши даровард ва сабаб шуд онҳо ситамҳои Банӣ Умайя бар хонадони Пайғамбар (с)-ро бозгу кунанд ва бар ин асос, ҷое набуд ки аз ҷиноёт Банӣ Умайя беихабар бошанд.[68] аз Имом Содиқ (а) низ нақл шудааст ки Ҳишом ибни Абдулмалик, Зайд ибни Алиро кушт, Худо ҳам дар иваз ҳукумат ӯро зоил кард.[69] Дар нақуле дигар аз имоми шашуми шиаён омадааст, ки ҳафт рӯз пас аз он ки Банӣ Умайя ҷасади Зайдро сӯзонданд, Худованд ирода кард ононро нобуд кунад.[70] Яке дигар аз натоиҷи қиёми Зайд ибни Алӣ, кам шудани ҳассосияти ҳукумат дар бораи Аҳли Байт ва дар натиҷа маҷол ёфтан Имом Содиқ (а) барои тарвиҷи мазҳаби шиа дониста шудааст.[71]

Илова бар таҳлили натоиҷ ва паёмадҳои қиёми Зайд ибни Алӣ, бархе муҳаққиқон, далелҳое барои нофарҷоми мондани қиёми Зайд низ баён кардаанд; қудрати низомии ҳукумати умавӣ,[72] вуҷуди ҷосусон ва омилҳои нуфузӣ ки замони қиёмро ифшо карданд, ҳимоят накардани ошкори Имом Содиқ (а) аз қиём ва саранҷом ҳамроҳӣ накардани кӯфиён, бархе аз ин далелҳост.[73]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ниг.: Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1419ҳ.қ., саҳ.124
  2. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.174
  3. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.160
  4. Субҳӣ, Фи илм-ил-калом, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.48
  5. Субҳӣ, Фи илм-ил-калом, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.48-52; Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.305
  6. Ниг.: Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.305
  7. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.181
  8. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.181 - 182; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1419ҳ.қ., саҳ.132
  9. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.180
  10. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.180
  11. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.180; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1419ҳ.қ., саҳ.132
  12. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.162 - 166
  13. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.173
  14. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.181
  15. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1977м, ҷ.3, саҳ.244
  16. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.182
  17. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.182
  18. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.182 - 183; Ибни Аъсами Кӯфӣ, ал-Футуҳ, 1991м, ҷ.8, саҳ.290
  19. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.166 - 168
  20. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.171
  21. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.167
  22. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1419ҳ.қ., саҳ.132
  23. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.168
  24. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1419ҳ.қ., саҳ.131
  25. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1419ҳ.қ., саҳ.141; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1977м, ҷ.3, саҳ.239
  26. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.182
  27. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1419ҳ.қ., саҳ.133
  28. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.184 - 185
  29. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.184
  30. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.185 - 186
  31. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.186
  32. Ибни Мускуя, таҷориби аломм, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.142 - 144
  33. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.184
  34. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.184 - 185
  35. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.184
  36. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.184 - 185
  37. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1419ҳ.қ., саҳ.136
  38. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1965м, ҷ.5, саҳ.135
  39. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.185 - 186
  40. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, 1419ҳ.қ., саҳ.139
  41. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.186 - 187
  42. Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.147
  43. Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.305
  44. Хаззози Қумӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.305
  45. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.207
  46. Хуӣ, Мӯъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.365
  47. Момақонӣ, Танқеҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.261
  48. Разавии Ардаконӣ, Шахсият ва қиёми Зайд ибни Алӣ, дафтари интишороти исломӣ, саҳ.122 - 123
  49. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо алайҳиссалом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2
  50. Раҷабӣ, «مواجهه امام صادق(ع) با نهضت ترجمه/ چرا امام از قیام زید حمایت نکرد», хабаргузории Меҳр
  51. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.174
  52. Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.204 - 205
  53. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.264
  54. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳиссалом, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.249
  55. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.173
  56. Маҷлисӣ, Миръот-ул-ъуқул, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.118
  57. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.173
  58. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.172 - 171
  59. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.173
  60. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.57
  61. Каримон, Сира ва қиёми Зайд ибни Алӣ, 1364ҳ.ш., саҳ.260 - 268
  62. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.160
  63. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.160 - 167
  64. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1977м, ҷ.3, саҳ.237 - 238; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1967м, ҷ.7, саҳ.172 - 173
  65. Момақонӣ, Танқеҳ-ул-мақол, 1431ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.233 - 234
  66. Разавии Ардаконӣ, Шахсият ва қиёми Зайд ибни Алӣ, дафтари интишороти исломӣ, саҳ.280 - 281; Каримон, Сира ва қиёми Зайд ибни Алӣ, 1364ҳ.ш., саҳ.361 - 362
  67. Козимӣ, «Қиёми Зайд ибни Алӣ ва Яҳё ибни Зайд ва асбоби шикасту таъсироти он дар муборизоти зиддиумавӣ», саҳ.199
  68. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору Содир, ҷ.2, саҳ.326
  69. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.309
  70. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407, ҷ.8, саҳ.161
  71. Каримон, Сира ва қиёми Зайд ибни Алӣ, 1364ҳ.ш., саҳ.361 - 362
  72. Нурӣ, Зайд ибни Алӣ ва машруъият-ис-саврати инда аҳл-ил-байт, 1416ҳ.қ., саҳ.313
  73. Разавии Ардаконӣ, Шахсият ва қиёми Зайд ибни Алӣ, дафтари интишороти исломӣ, саҳ.263 - 279

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибийин, таҳқиқи Аҳмади Сақр, Бейрут, Муассисат-ул-аълмии ли-л-матбуот, 1419ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, Дор-ут-таоруф, 1977м.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Иброҳим Муҳаммади Абулфазл, Қум, мактабаи Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Дору Содир, Бейрут, 1965м.
  • Ибни Мисквайҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Таҷориб-ул-умами ва таъоқуб-ил-ҳимам, таҳқиқи Абулқосими Имомӣ, Теҳрон, интишороти Сурӯш, 1379ҳ.ш.
  • Ибни аъсми кӯфӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Футуҳ, таҳқиқи алии ширӣ, Бейрут, Дор-ул-азво, 1991м.
  • Каримон, Ҳусайн, Сира ва қиёми Зайд ибни Алӣ (а), ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1364ҳ.ш.
  • Козимӣ, Муҳаммадҳусайн, «Қиёми Зайд ибни Алӣ ва Яҳё ибни Зайд ва асбоби шикасту таъсироти он дар муборизоти зиддиумавӣ», дар маҷаллаи таърихи нав, №12, пойизи 1394.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқули фи шарҳи ахбори оли-р-Расул, тасҳеҳи Сайид Ҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқеҳ-ул-мақоли фи илм-ир-риҷол, таҳқиқи Муҳйиддин ва Муҳаммадризо Момақонӣ, Қум, Муассисату Ол-ил-Байти ли эҳё-ит-турос, 1431ҳ.қ.
  • Нурӣ, ҳотам, Зайд ибни Алӣ ва машруъият-ис-саврати инда аҳл-ил-байт, маркази ал-Ғадиру ли-д-диросот-ил-исломия, 1416ҳ.қ./1995м.
  • Разавии Ардаконӣ, Сайид Абуфозил, Шахсият ва қиёми Зайд ибни Алӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, бе то.
  • Раҷабӣ, Муҳаммадҳусайн, «مواجهه امام صادق(ع) با نهضت ترجمه/ چرا امام از قیام زید حمایت نکرد», дар сайти хабаргузории Меҳр, санаи дарҷи матлаб: 24 шаҳривари 1391ҳ.ш., санаи боздид: 19 тири 1397ҳ.ш.
  • Субҳӣ, Аҳмади Маҳмуд, Фи илм-ил-каломи диросатун фалсафияти лиоро-ил-фирақ-ил-исломияти фи усул-ид-дин, Бейрут, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммади Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1967м.
  • Хаззози Қумӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар, таҳқиқи Сайид Абдуллатиф Ҳасанӣ, Қум, интишороти Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мӯъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Қум, Маркази нашри осори шиа, 1410ҳ.қ./1369ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршоду фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ъибод, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризои алайҳиссалом, тасҳеҳи Маҳдӣ Лоҷувардӣ, Теҳрон, интишороти ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммади бенмаккӣ, ал-Қавоиду алфўоид, тасҳеҳи Сайид Абдуллоҳодии ҳаким, Қум, Китобфурӯшии Муфид, (Офсет, Наҷаф, 1400ҳ.қ.).
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни исҳоқ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дору Содир, бе то.
  • Ҳусайнӣ Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, Машҳад, Аллома Таботабоӣ, 1426ҳ.қ.