Эҳтикор

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Эҳтикори хурокворӣ)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи мафҳуми фиқҳӣ буда, наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли ба дигар сарчашмаҳо муроҷиат кунед.

Эҳтикор (форсӣ:اِحتکار) нигоҳ доштани бори зарурӣ дар сурати камёб шудани он дар бозор бо ҳадафи қиматтар фурӯхтани он мебошад. Машҳури фақеҳони шиа эҳтикорро ҳаром ва марбут ба молҳои зарурӣ, ба хусус хӯрокворӣ донистаанд.

Албатта, баъзе аз фақеҳон доираи ҳукми эҳтикорро васеъ кардаанд ва бар ин назаранд, ки эҳтикор ҳамаи борҳои мавриди ниёзи ҷомеаро дарбар мегирад.

Сабаби ҳаром будани эҳтикор, пешгирӣ аз ихтилоли низом ва эҷоди нооромиҳо барои мардум зикр шудааст. Дар қавонини ҳуқуқии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои эҳтикоркунандагон ҷазоҳое монанди ҳабс, пардохти ҷарима ва маҳрум шудан аз хидматҳои давлатӣ дар назар гирифта шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Эҳтикор ба маънои захира ва нигаҳдории колои камёб дар бозор ва мавриди ниёзи мардум, ба интизори қимат шудани нархои он аст.[1] Баъзеҳо калима харидро дар таърифи эҳтикор афзуда, гуфтаанд, хариди коло ва худдорӣ аз арзаи он ба бозор, дар сурати камёб шудан ва ниёзи мардум ба он, эҳтикор аст, аммо бархеи дигар ҳабси колоро ба сурати мутлақ (аз ҳар роҳе ба даст омада бошад, монанди зироату тиҷорат) эҳтикор медонанд.[2] Ба касе ки эҳтикор мекунад, муҳтакир мегӯянд.[3]

Ҷойгоҳи эҳтикор

Аз эҳтикор ва аҳкоми муртабит бо он, дар фиқҳ (боби байъ),[4] ҳуқуқ ва иқтисод баҳс мешавад. Шайхи Ансорӣ онро бо унвони масъалаи эҳтикори таъом матраҳ кардааст.[5] Ҳамчунин дар ҷавомеъи ривоии шиа, бобе ба ривоёти эҳтикор ихтисос ёфтааст.[6] Дар ривояте, Пайғамбари Ислом (с) муҳтакирро малъун хондааст.[7]

Ҳукми фиқҳӣ

Дар бораи ҳаром будан ё кароҳати эҳтикор байни фуқаҳо ихтилоф аст.[8] Бино бар ончӣ ба машҳури фақеҳони шиа нисбат додаанд, дар сурате, ки колое ба андозаи кофӣ дар бозор вуҷуд надошта бошад ва нигаҳдории он мӯҷиби зарар ба бозори мусулмонон шавад, эҳтикори он ҳаром аст.[9]

Шаҳиди Аввал, эҳтикори таъомро зайли тиҷоратҳои макрӯҳ зикр кардааст,[10] аммо Шаҳиди Сонӣ дар шарҳи Лумъа ҳаром будани онро, дар сурати ниёзи мардум ба он, қавитар дониста ва ба Шаҳиди Аввал нисбат додааст, ки дар китоби Дурус, қоил ба ҳаром будани эҳтикор шудааст.[11] Бархе аз фақеҳон гуфтаанд, дар сурате, ки бори эҳтикоршуда, мавриди ниёзи мардум бошад ва дар бозор низ ёфт нашавад, ҳоким метавонад муҳтакирро маҷбур кунад борашро бифурӯшад,[12] аммо наметавонад колои ӯро ба истилоҳ, тасъир (нархгузорӣ) кунад.[13]

Иллати ҳаром будани эҳтикор, пешгирӣ аз ихтилоли низом ва эҷоди сахти нооромӣ барои мардум зикр шудааст.[14]

Фақеҳони шиа барои ҳаром будан ё макруҳ будани эҳтикор ба ривоёте аз Пайғамбар (с) ва Имом Содиқ (а),[15] ва фармони Имом Алӣ ба Молики Аштар мабнӣ бар пешгирӣ аз эҳтикор[16] истинод мекунанд.[17] Дар яке аз ин ривоёт, [Ёддошт 1] калимаи кароҳат ба кор рафтааст,[18] бархе аз фақеҳон, аз ин калима, ҳаром[19] ва бархеи дигар макруҳ буданро истинбот кардаанд.[20]

Эҳтикор чӣ чизҳоеро дарбар мегирад?

Дар ривоёт, аз эҳтикори гандум, ҷав, хурмо, кишмиш ва равған сухан ба миён омадааст.[21] Аз ин рӯ, ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, машҳури фақеҳони шиа, ба ҳаром будани эҳтикор дар мавориди ёдшуда иктифо карда ва ҳукми онро ба мавориди дигар таъмим надодаанд.[22] Бархе намакро низ ба онҳо афзудаанд.[23] Албатта дар бархе ривоёт, эҳтикори таъом, ба таври куллӣ мамнуъ шудааст[24] ва бархе аз фақеҳони имомия низ ҷараёни ҳукми онро дар ҳамаи мавориди ниёзи хӯрокворӣ баъид надониста[25] ва бархеи дигар онро ба ҳамаи ниёзмандиҳои умумие монанди хӯрок, пӯшок ва маскан таъмим додаанд. Мустанади гуруҳи ахир, бархе қавоиди фиқҳие чун қоидаи ло зарар ва қоидаи ло ҳараҷ ва низ иллати ҳаром будани эҳтикор аст, ки дар бархе ривоёт омадааст.[26]

Қисмате аз номаи Имом Алӣ ба Молики Аштар

Аз эҳтикор (ба шиддат) пешгирӣ кун; чароки Расули Худо (с) аз он манъ фармуд ва бояд муомилот бо шароити осон сурат гирад; бо мизонҳои адл ва нархҳое, ки на ба фурӯшанда зиён расонад ва на, ба харидор, ва ҳаргоҳ касе баъд аз наҳйи ту аз эҳтикор, даст ба чунин коре занад, ӯро ҷазо деҳ, вале (ҳаргиз) дар ҷазо додан зиёдаравӣ накун.

  • Манбаъ: Наҳҷулбалоға, нома ба Молики Аштар

Муҷозот ва қавонини ҳуқуқӣ

Дар оёту ривоёт ба муҷозоти муҳтакир тасреҳ нашудааст. Аз ин рӯ, бархе бо истинод ба номаи Имом Алӣ ба Молики Аштар, муҷозоти эҳтикоркунандаро таъзир донистаанд, ки миқдор ва чигунагии онро ҳокими шаръ мушаххас мекунад.[27] Аз назари ҳуқуқӣ низ, эҳтикор ҷурм маҳсуб мешавад ва дар қавонини ҳуқуқии Эрон, муҷозотҳое барои эҳтикоркунанда дар назар гирифта шудааст.[28] Дар қонуни мутаммими буҷети соли 1317 Эрон (мусавваби 29 исфанди 1316ҳ.ш.), муҷозотҳоӣ монанди ҳабс ва пардохти ғаромат дар назар гирифта шуда буд. Дар қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрони ҳам ҷазоҳое ҳамчун маҳрумият аз хадамоти давлатӣ барои муҳтакир зикр шудааст.[29]

Эзоҳ

  1. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., зайли модаи ҳакр.
  2. Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.611.
  3. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.208.
  4. Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.294; имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.611.
  5. Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.294.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.164 - 165; Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.7, саҳ.158 - 163.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.165.
  8. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.154.
  9. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.154 - 155.
  10. Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқия, 1410ҳ.қ., саҳ.104.
  11. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.218.
  12. Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, ал-Муҳаззаб, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.370.
  13. Қутби Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52.
  14. Муҳаққиқи Домод, «Эҳтикор», саҳ.642.
  15. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.164.
  16. Наҳҷ-ул-балоға, номаи 53.
  17. Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.107.
  18. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, ал-ношир муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом ли эҳёил-турос, ҷ.17, саҳ.424
  19. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.61; Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, ҷ.2, 1411ҳ.қ., саҳ.295.
  20. Нигоҳ кунед ба: Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.107.
  21. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.164.
  22. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.154 - 155.
  23. Қутби Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52.
  24. Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.7, саҳ.159 - 162.
  25. Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот, 1422ҳ.қ., саҳ.328 - 329.
  26. Муҳаққиқи Домод, Таҳлил ва баррасии эҳтикор аз назаргоҳи фиқҳи Ислом, 1362ҳ.ш., саҳ.55.
  27. Муҳаққиқи Домод, «Эҳтикор», саҳ.643 - 644.
  28. Нигоҳ кунед ба: Муҳаққиқи Домод, «Эҳтикор», саҳ.643.
  29. Муҳаққиқи Домод, «Эҳтикор», саҳ.643 - 644.

Ёддошт


Сарчашма

  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, тасҳеҳи Муҳаммадтақии Иравонӣ ва Сайид Абдурразоқ Мукаррам, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, тасҳеҳи Аҳмад Форис, Бейрут, Дорул-фикр, Дорусодир, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Муҳаззаб-ул-бориъ фи шарҳ-ил-мухтасар-ин-нофеъ, тасҳеҳи Муҷтабо Ироқӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1407ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1421ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Абулҳасан, Василат-ун-наҷот, шарҳи имом Хумайнӣ, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1422ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Абдуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон, тасҳеҳи Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Қум, интишороти китобхонаи оятуллоҳ Маръашӣ, 1405ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбор-ир-Расул, тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1404ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Домод, «Эҳтикор», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, ҷ.6, маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1373ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Домод, Мустафо, Таҳлил ва баррасии эҳтикор аз назаргоҳи фиқҳи Ислом, Теҳрон, 1362ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқи Ҳасан Мусавии Хирсон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, ал-ношмр, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом ли эҳёил-туроси Қум, алматбаъа: Ситора, бе то.
  • Ҳусайнии Омилӣ, Сайидҷавод ибни Муҳаммад, Мифтоҳ-ул-каромат фи шарҳ-ил-қавоъид-ил-аломат, тасҳеҳи Муҳаммадбоқир Ҳусайнии Шаҳидӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, ал-Макосиб-ул-муҳаррама ва ал-байъ ва-л-хиёрот, тасҳеҳи Муҳаммадҷаводи Раҳматӣ ва Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Қум, маншуроти Дорул-захоир, 1411ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Лумъат-уд-димишқия фи фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳи Муҳаммадтақии Марворид ва Алӣ Асғари Марворид, Бейрут, Дорул-турос, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ ал-Лумъат-ид-димишқия, шарҳи Сайид Муҳаммади Калонтар, Қум, Китобфурушии Доварӣ, 1410ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found