Муфсиди фил-арз

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Фасоди дар замин)

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед. Ин мақола дар бораи муфсиди фил-арз аст. Барои ошноӣ бо муҳориб, мадхали муҳорибаро бибинед.

Рисолаи амалия


Муфсиди фил-арз ба арабӣ: مُفسِد فِی الاَرض (ба форсӣ: фасодкунанда дар замин) касе аст, ки бо анҷоми бархе гуноҳон ва иқдомоти нобаҷо озодӣ, амният, адолат ва оромиши умумиро табоҳ карда, ҷомеъаро аз ҳолати эътидол хориҷ созад. Ин истилоҳ баргирифта аз Қуръон аст. Гурӯҳе аз фақеҳон бо истинод ба “ояти Муҳориба” унвони муфсиди фил-арзро аз муҳориба ҷудо дониста, ҷазои қатлро барои он дар назар гирифтаанд. Гурӯҳи дигар ин ду унвонро як дониста, ҳамон ҷазоҳои муҳорибаро барои он баршумурдаанд.

Фақеҳони шиа умуре аз қабили одамрабоӣ, одат доштан ба куштани аҳли зимма, одат доштан ба кафандуздӣ, сеҳр ва такрори муҳаррамотро аз масодиқи ифсоди фил-арз донистаанд. Мутобиқи модаи 286 қонуни ҷазои исломии Эрон мусавваби 1392 шамсӣ, ҷароими алайҳи амнияти дохилӣ ва хориҷии кишвар, нашри акозиб (дурӯғпароканӣ), ихтилол дар низоми иқтисодии кишвар ва доир кардани марокизи фасоду фаҳшо аз масодиқи ифсоди фил-арз аст ва барои он ҷазои эъдом дар назар гирифта шудааст.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Фасоди дар замин унвоне аст, баргирифта аз Қуръон, ки ба далели ҷазои шадиди он мавриди гуфтугӯҳои фаровон аст. Унвони муфсиди фил-арз[1] ва иборати фасоди фил-арз[2] дар оёти мутааддиде аз Қуръон ба кор рафтааст.

Дар манобеи ривоӣ ва фиқҳии шиа, бахши ҷудогонае бо унвони «муфсиди фил-арз» ё «ифсоди фил-арз» наёмадааст; ривоёти марбут ба ин мавзӯъ дар бобҳои мухталифе монанди боби қисос,[3] боби Ҳудуди муҳориб[4] ва боби диёт,[5] гирдоварӣ шудааст. Ҳамчунин аҳкоми он дар зимни мабоҳиси фиқҳии мутафарриқа, монанди ғасб, зимон, таъзирот, қисос, муҳориба, Ҳудуд ва диёт матраҳ шудааст.[6]

Фарқ бо муҳориб

Мақолаи аслӣ: Муҳориба

Гурӯҳе аз фуқаҳо бо истинод ба ояти Муҳориба, муфсиди фил-арзро ғайр аз муҳориб дониста ва гурӯҳи дигаре ин ду унвонро яке шуморидаанд. Бархе назароти фуқаҳо ба шарҳи зер аст:

Имом Хумайнӣ (1281 – 1368ҳ.ш.) фақеҳи шиа ва бунёнгузори низоми Ҷумҳурии Исломӣ, муфсиди фил-арзро бо муҳориб яке донистааст. Аз назари ӯ муҳориб касе аст, ки силоҳашро барои тарсондани мардум ва ифсоди дар замин, урён ва таҷҳиз мекунад.[7]

Ба бовари Муҳаммадмӯъмини Қумӣ (1316 - 1397ҳ.ш.) аз фуқаҳои шиа, муфсиди фил-арз дар оят мавзӯият дорад ва муҳориба яке аз масодиқи ифсоди фил-арз ба шумор меравад, бинобарин, ҳаргоҳ унвони «ифсоди фил-арз» муҳаққақ шавад, агарчӣ холӣ аз унвони муҳориба бошад, ҷазоҳои чаҳоргонаи мазкури дар оят (қатл, ба дор овехтан, қатъи дасту пои мухолифи ҳам, ё табъид) бар он мутараттиб мегардад.[8]

Ба гуфтаи Муҳаммад Фозили Ланкаронӣ (1310 - 1386ҳ.ш.) марҷаъи тақлид, нисбати байни муфсиди фил-арз ва муҳориб, умум ва хусуси мутлақ аст; яъне ҳар муҳорибе, муфсиди фил-арз аст, аммо ҳар муфсиде муҳориб нест ва бар ҳар муфсиде, ҷазои муҳориб ҷорӣ намешавад.[9]

Носир Макорими Шерозӣ (зодаи 1305ҳ.ш.) марҷаъи тақлид, мӯътақид аст, ки муфсиди фил-арз ва муҳориб ду мафҳуми ҷудогонаанд; масалан касе ки маводи мухаддирро дар сатҳи васеъ мунташир мекунад, муфсиди фил-арз аст, аммо муҳориб нест; чун силоҳе накашидааст, аммо касе ки ҳатто барои як бор мардумро бо силоҳ таҳдид кунад, муҳориб аст, вале муфсиди фил-арз нест, магар инки ин кор такрор шавад.[10]

Ихтилофи назари фуқаҳо дар нисбати байни ду унвони «муфсиди фил-арз» ва «муҳориб» дар қонуни ҷазои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон низ асар доштааст,[11] ба тавре, ки дар қонуни ҷазои исломии мусавваби 1392ҳ.ш., унвони ифсоди фил-арз ғайр аз муҳориба таъриф шудааст.[12]

Мисдоқҳо

Фақеҳон умуреро ба унвони мисдоқҳои ифсоди фил-арз баршумурдаанд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

Бархе фуқаҳо бо тавваҷӯҳ ба ҷазоҳое ки дар ривоёт барои баъзе ҷурмҳо дар назар гирифта шудааст, умуре монанди оташ задани хона ва амволи дигарон,[13] одамрабоӣ,[14] одат бар куштани аҳли зимма[15]-ро аз мисдоқҳои ифсоди фил-арз донистаанд.

Ба назари Муҳаммад Фозили Ланкаронӣ, ҳамаи ҷароими муставҷиби қатл, монанди зинои муҳассана, зинои бо маҳорим, ливот ва ғ. аз мисдоқҳои ифсоди фил-арз маҳсуб мешаванд.[16]

Модаи 286 қонуни ҷазои исломии Эрон, мусавваби 1392ҳ.ш., умуре монанди ҷиноят алайҳи тамомияти ҷисмонии афрод, ҷароими алайҳи амнияти дохилӣ ё хориҷии кишвар, дурӯғпароканӣ, ихлол дар низоми иқтисодии кишвар, эҳроқу тахриб, доир кардани марокизи фасоду фаҳшо ё муовинат дар онҳо, ба гунае, ки мӯҷиби ихлоли шадид дар назми умумии кишвар шавад, ноамнӣ ё хасорати умда ба тамомияти ҷисмонии афрод ё амволи умумию хусусӣ, ва ишоаи фасоду фаҳшоро аз мисдоқҳои ифсоди фил-арз донистааст.[17]

Бархе низ иқдомоте монанди ташкили бондҳои фаҳшо, мункир ва қочоқи маводи мухаддир ва монанди ин умурро, ки мӯҷиби хуруҷи бахше аз ҷомеа аз ҳолати эътидол мегардадро аз мисдоқҳои ифсоди фил-арз донистаанд.[18]

Дар қонуни ҷазои исломӣ дар Эрон, мусавваби 1392ҳ.ш., ифсоди фил-арз дар ҷароими иқтисодӣ ба расмият шинохта шуд[19] ва барои мубориза бо мафосиди иқтисодӣ, осори кайфарие чун адами имкони таълиқ ва таъвиқи ҷазо ва таъкид бар иҷрои он ва ҳамчунин ҷазои эъдом дар назар гирифта шуд.[20] Бархе аз пажӯҳишгарон таъйини ҷазои эъдом барои муфсидони иқтисодиро фоқиди пуштивонаи фиқҳӣ дониста ва бар ин назаранд, ки ин муҷозот, барои мубориза бо мафосиди иқтисодӣ, боздорандагӣ эҷод намекунад.[21]

Ҷазо ва муҷозот

Дар бораи муҷозоти муфсиди фил-арз ихтилофи назар вуҷуд дорад ва маншаи он, ихтилоф дар таъриф ва робитаи ду унвони «муфсиди фил-арз» ва «муҳориб» аст.[22] Касоне ки ин ду унвонро яке медонанд, фақат ба муҷозотҳое, ки барои муҳориба гуфта шудааст басанда кардаанд.[23] Фақеҳон, бо истинод ба ояти Муҳориба, ҷазои муҳорибаро чаҳор чиз: қатл, сулб (бастани дасту пои муҷрим ба чизе монанди салиб),[24] буридани дасту пои мухолифи ҳам ва нафйи балад (табъид) дониста ва бар он иҷмоъ доранд.[25] Фалсафаи ҷазо додани муҳориб, ҳифзи хунҳои афроди бегуноҳ ва ҷилавгирӣ аз таҷовузи афроди зургӯ ба ҷон, мол ва номуси мардум дониста шудааст.[26]

Бино ба назари бархе фуқаҳо, ҷазои муфсиди фил-арз (бо унвони ҷудо) қатл аст.[27] Ҳамчунин мутобиқи модаи 286 қонуни муҷозоти исломӣ, муҷозоти муфсиди фил-арз эъдом аст.[28]

Ихтилоф дар бораи муҷозоти эъдом

Ба гуфтаи Сайид Муҳаммад Мӯсавии Буҷнурдӣ, аз аъзои вақти шӯрои олии қазоӣ дар Эрон, аз назари имом Хумайнӣ муфсиди фил-арз ба худии худ унвони муҷримонае, ки мустаҳаққи муҷозоти эъдом бошад, нест, магар онки бо ҳамли силоҳ ҳамроҳ бошад,[29] аз ҳамин рӯ, дар посух ба номаи Абдукарим Мӯсавии Ардабилӣ, раиси вақти девони олии кишвар мабнӣ бар таъйини муҷозоти эъдом барои муфсидини фил-арз дар маҳокими қазоӣ, ба онҳо иҷоза дод, то тибқи назари Ҳусайнъалии Мунтазирӣ амал кунанд.[30] Мунтазирӣ эъдоми муфсиди фил-арзро ҷоиз дониста буд. [Ниёзманди манбаъ]

Ҷусторҳои вобаста

Муҳориба

Бағй

Ояти Муҳориба

Эзоҳ

  1. Сураи Бақара, ояти 60; сураи Аъроф, ояти 74; сураи Ҳуд, ояти 85, сураи Шуаро, ояти 183; сураи Анкабут, ояти 36; сураи Каҳф, ояти 94; сураи Сод, ояти 28.
  2. Сураи Моида, ояти 33; сураи Қасас, оёти 77 ва 83.
  3. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.9.
  4. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.307.
  5. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.277.
  6. Доиратулмаорифи ал-фиқҳул-исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳия, 1423ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.297.
  7. Имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.492.
  8. Муъмини Қумӣ, Калимоти садида, 1415ҳ.қ., саҳ.409.
  9. Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариъат, 1422ҳ.қ., саҳ.428.
  10. “Ваҷҳи тафовути ифсоди фил-арз ва муҳориба”, сайти итилоърасонии дафтари оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  11. Фараҳзодӣ ва Фатҳуллоҳӣ, “Муқоисаи муҳориба бо мафоҳими мушобеҳ”, саҳ.116.
  12. “Қонуни муҷозоти исломӣ мусавваби 1392ҳ.ш.”, модаи 286., сайти маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ.
  13. Аллома Ҳиллӣ, мухталаф-уш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.353.
  14. Аллома Ҳиллӣ, мухталаф-уш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.337.
  15. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.986; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1423ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.142.
  16. Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариъат: ал-ҳудуд, 1422ҳ.қ., саҳ.639.
  17. “Қонуни муҷозоти исломӣ мусавваби 1392ҳ.ш.”, сайти маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ.
  18. Фараҳзодӣ ва Фатҳуллоҳӣ, “Муқоисаи муҳориба бо мафоҳими мушобеҳ”, саҳ.114.
  19. Мирхалилӣ ва Ҳайдарӣ, “Баррасии мабонии фиқҳии эъдоми муҷримони иқтисодӣ”, саҳ.85.
  20. “Қонуни муҷозоти исломӣ, мусавваби 1392ҳ.ш., модаи 47 ва 286”, сайти маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ.
  21. Мирхалилӣ ва Ҳайдарӣ, “Баррасии мабонии фиқҳии эъдоми муҷримони иқтисодӣ”, саҳ.94.
  22. Шоҳрӯдӣ, “Муҳориба чист ва муҳориб кист?”, саҳ.187.
  23. Шоҳрӯдӣ, “Муҳориба чист ва муҳориб кист?”, саҳ.187.
  24. Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.609.
  25. Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.558.
  26. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, 361.
  27. Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариъат: ал-Ҳудуд, 1422ҳ.қ., саҳ.639.
  28. “Қонуни муҷозоти исломӣ мусавваби 1392ҳ.ш.”, сайти маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ.
  29. «Имом мухолифи эъдоми муфсиди фил-арз буд», портали имом Хумайнӣ.
  30. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш, ҷ.20, саҳ.397.

Сарчашма

  • “Ваҷҳи тафовути ифсоди фил-арз ва муҳориба”, сайти итилоърасонии дафтари оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, таърихи боздид: 2 озари 1400ҳ.ш.
  • “Қонуни муҷозоти исломӣ мусавваби 1392ҳ.ш.”, сайти маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ, таърихи боздид: 5 озари 1400ҳ.ш.
  • «Имом мухолифи эъдоми муфсиди фил-арз буд», сайти портали имом Хумайнӣ, таърихи дарҷи матлаб: 12 исфанди 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 22 озари 1400ҳ.ш.
  • «Лоиҳаи муҷозоти исломии мусавваби 1370ҳ.ш.», сайти маркази пажӯҳишҳои маҷлиси шӯрои исломӣ, таърихи боздид: 5 озари 1400ҳ.ш.
  • Абтаҳии Кошонӣ, Сайидмуҳаммад, «Баҳсе перомуни муфсиди фил-арз», дар фаслномаи Нури илм, шумораи 4, 1363ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа, Қум, муассисаи ан-нашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Бой, Ҳусайнъалӣ, «Ифсоди фил-арз чист? Ва муфсиди фил-арз кист?», Фиқҳ ва ҳуқуқ, шумораи 9, 1385ҳ.ш.
  • Доиратулмаорифи ал-фиқҳул-исломӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳия, Қум, Доиратулмаорифи ал-фиқҳул-исломӣ, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Ҷамолуддин, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, 1414ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрирулвасила, Наҷафи ашраф, Дорулкутубилъилмия, 1390ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дорулҳадис, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Рисолат-ул-ҳуқуқ фи-л-Ислом, Теҳрон, интишороти Сароӣ, чопи ҳафтум, 1394ҳ.ш.
  • Мӯсавии Ардабилӣ, Сайидабдулкарим, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, Қум, муассисаи ан-Нашр лиҷомеъатил-Муфид раҳимаҳуллоҳ, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом, Теҳрон, истиқлол, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Муъмини Қумӣ, Муҳаммад, Калимоти садида, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Абулқосим Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадот ан ғариб-ил-Қуръон, Димишқ, Дорулқалам, 1412ҳ.қ.
  • Фараҳзодӣ, Алиакбар ва Сайидкомрон Фатҳуллоҳӣ, “Муқоисаи муҳориба бо мафоҳими мушобеҳ”, дуфаслномаи фиқҳи муқоран, шумораи 2, поиз ва зимистони 1392ҳ.ш.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариъат, Қум, маркази фиқҳи ал-Аимматул-атҳор, 1422ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом ли эҳёилтурос, чопи сеюм, 1416ҳ.қ.
  • Шоҳрӯдӣ, Сайидмаҳмуд, «Муҳориба чист? Муҳориб кист?», маҷаллаи Фиқҳи Аҳли Байт, шумораи 11 ва 12, 1376ҳ.ш.